Марги сафед драма
(Фољиа)
Шакарбек – 40-сола, тољир.
Карим – 45-сола, хизматчї.
Мадина – 20-сола, духтари Карим.
Саид – 22-сола, шавњари Мадина
Воќеаи рўзњои мо
Хонаи Карим. Даре ба хонаи дарун мебараду даре ба айвон. Мадина дастурхонро бо њавсала оро медињад. Аз радио хабарњо мешунавонанд.
Овоз аз радио. Бино бар иттилои Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддар дирўз боз як ќочоќкунандаи нашъа ба даст афтод…
Занги телефон. Мадина радиоро хомўш карда гўшаки телефонро мегирад.
Мадина. Тавба, мардум дигар коре надоранд, ки бо ин офат омўхта шудааст. Дигар коре нест дар дунё? Алло! Мафтуна, туї? Чї њол дорї? Муборак шавад. Охир писарча! Зиќ нашав, амаки Шакарбек мегўянд, ки худо писарро ки дод, ризќу рўзиашро медињад. Њисоб кун, ки латта-путташ њал: ин тани ман… Мо њоло дар хизмат. Хизмати амаки Шакарбек. Он кас бизнесмен! Аз рўзе, ки он кас мењмони мо шуданд, зиндагї тамоман таѓйир ёфт. Њамаамон хурсанд. Ба Саидљони ман коре ёфта дод, ки њар рўз 15-20 сомонї ба хона меорад. Вай ба ман њам рўзе 5-6 сомонї пул медињад: барои хўрокпазї ва љомашўї. Мегўяд, ки њар як хизмат бояд ќадр карда шавад… Вай? – Аз шањр омадагї, кори калонњои шањра тафтиш мекунад. Воќеан, Саидљона дидї, гап зан, ки биёяд, аз зиёфат дер намонад. Охир вай дар рўбарўи хонаи ту, дар дукон. Чї? Нест? Чанд рўз боз… Хайр ягон супориши дигар гирифтааст. Вай њам охир бизнесмен шуда истодааст. Дар кўчаи мо њам офтоб мебарояд! Хайр, дугона. (Гўшакро монда.) Эњ, кошки амаки Шакарбек боз ягон моњи дигар мењмон мемонданду дар хонаи мо танњо шодию сурур, бахту саодат љой мегирифт!
Шакарбеки андешаманд ва Карими шод меоянд.
Карим. Имрўз љўраљон, як зиёфати шоњона тани ман! Биё, хуш омадї!
Шакарбек. Ташвиши зиёдатї чї лозим?
Карим. Охир имрўз ба шарофати ту дасти ман боло шуд! Охир ту барин дўст мушкилосонкунро худи худо ба мо фиристодааст. Аз боло гузар.
Шакарбек. Мадина, ин гўшвора ба шумо, соњибхонаи зебои мо.
Мадина. Э, не, амак, шарм надоронед. Бе ин њам мењрубонии шумо зиёд аст.
Шакарбек. Ин њаќи њалоли шумост: охир мо - ландањурњоро бонї мекунед.
Карим. Ваќте ки доданд, гир, духтарам. Шакарбека худи Хољаи Хизр назар кардагї. Ин кас одами табаррук. Тўњфаи ин кас хосияте доранд, ки худ аз худ зиёд мешавад, яки додаашон њазор мешавад! Худ аз худ зиёд мешавад!
Мадина. Ташаккур. «Сириус» тайёр шудааст. Кашам?
Шакарбек. Њоло не. Ягон соат баъд. Мо камтар сўњбат дорем.
Мадина. Хуб, халал намерасонам. (Меравад.)
Карим. Ин дафъа њам гузашт, љўра. Бе ягон мушкилот њамааш њал шуд. Ман аз ту миннатдор. Боз як бори дигар мадад мекардї, њама ќарзу ќаволаи мотамдории очаи бачањову падарам тамом мешуду якбора ба зиндагии осуда сар мекардам.
Шакарбек. Ба ман фарќ надорад. Аммо бовар бикун, Каримбой, ин кори хавфнок. Дар ноомади кор аз њамин рўзат њам мемонї. Њамчун дўст ба ту хотиррасон мекунам.
Карим. Бахт аз таваккал мегўянд. Як бори дигар.
Шакарбек. Аз оќибаташ андеша бикун.
Карим. Мехоњам, ки дар хонаи ман бахти њаќиќї бошад, аз бечорагї бароем, фаќат аз пешомади неку аз хушбахтї чаќ-чаќ кунем. Самеъ равон аст, билеташ тайёр, баъди як соат мепарад. Худаш хоњиш кард. Аз ин мавриди мувофиќтаре ёфтан мушкил. Якбора ду баробар карда те.
Шакарбек. Ба ман фарќ надорад: молам ба савдо равад, ба ман њарчї хубтар. Аммо ин ќарз аст, пули калон аст. Оќибаташро бояд худат андеша кунї.
Карим. Худат мегўї, ки њар рўз бояд дигар шавї, њар рўз бояд талош кунї. Шояд ки имрўз бахти мо омад кунад. Аз бекор, худо гуфта шиштан якат њељ ваќт ду намешавад. Як бори дигар мадад бикун, дўстам.
Шакарбек. Хуб. Ана ин созишнома. Маљбурам њамаашро бо мўњру имзо расмї кунонем. Мо њам њисобот дорем, љўра. Хонда бин.
Карим. Э, ба сад созишномаи ту нахонда имзояма мемонам. Ту молу пула те, имзои мо чї ќадр дорад? Худо ба ту ќувват дињад. (Имзо мекунад.)
Шакарбек. Меравем ба анбор ва њамроњ гусел мекунем.
Карим. Кушоиши кор. Омин. Оллоњ Акбар! Мадинаљон, мо баъди ягон соат меоем. Саидљон омада монад, њељ љой наравад.
Мераванд. Мадина меояд.
Мадина. Хуб, дадаљон. (Гўшвораашро ба гўшаш андохта худро дар ойина мебинад.) Зебидааст. Саид чї мегуфта бошад? Шукр, ба орзуям худо расонд. Чанд ваќт боз гўшам лучак буд… (Телефонро мегирад.) Алё, Шарифа? Созї? Хўљаини мо дар тарафњои шумо нест? Аљиб… Охир доим дар пеши дукони шумо савдо мекард… Чанд њафта боз наомадааст? Пас, ба куљо мерафта бошад? Не, ту ќаравул неву як хизмат мекунї-да, дугона. Њаќи кората медињам: як њафта хизмат мекунї, панљ сомонї мегирї. Хайр, савдо мекунем… Шўхї. Биё, гўшвори нави мана бин. Хайр. (Боз раќам мечинад.) Сабзагул, созї, очаат наѓз шуд? Духтурњо чї мегўянд? Пули бисёр? Хайр онњо фаќат аз пул чаќ-чаќ мекунанд. Салим-таѓо чї мегўянд? Њабс карданд?! Барої чї?! Ња, нашъафурўшї? Мебахшед? Хайр, худо осон мекунад. (Зуд раќами дигар мечинад.) Гулрафтор? Созї? Шўи ман дар тарафњои шумо пайдо нашудааст? Одатан ќишлоќи калон гуфта тарафи шумо бор мебурд… Не… Товба. Чї овозат гирифтагї? Њамон Шералии полвон? Э, не-е… Чї хел, худаш худаша ба дор кашидааст?! Барои ќарз доштанаш?! Худоё товба… Ин мардум девона шудааст. Наход барои нашъа бошад? Хонаву дари хуб дошт-ку? Мефурўхту медод… Ким-кай хонаро ба гарав монда будааст? Хайр, хоњарљон, њамдардии мана ќабул бикун, худо сабри љамил дињад. (Гўшакро мемонад.) Товба. Товба. Дилам тарс хўрд. (Гўшвораашро бо оњистагї аз гўшаш мегирад). Ба шодии осон боварам намеояд. Худо аз ин балои охирзамон паноњ дињад. Саидљон куљо шуда бошад? Боз пули зиёд кор карда, маст шуда, бероња шуда, пеши занњои бероња нарафта бошад?! Уф, бепулї бадбахтист, вале серпулї њам аз вай бењтар нест. Оќибаташ ба хайр шавад. (Меравад.)
Мусиќии ифодакунандаи хавфу хатар.
Шакарбек ва Карим меоянд. Табъи њарду хира.
Карим. Дилам бехуд шуд… Бовариам намеояд…
Шакарбек. Кори дунё њамин: гоњ барору бисёр гоњ нобарор аст. Ба ту сад бор гуфта будам. Акнун кори шудагї шуд, худата ба даст гир.
Карим. Чї хел? Охир ду дафъа омад кард, бемалол гузашт, рафта пула овард. Ин дафъа њам аз санљиш гузашт, рафта дар вагон шишт, ки ба даст афтод. Кошки мисли пешина саду дусад грамм медодам. Якбора ним кило бор рафт!
Шакарбек. Бояд шукр мекардї, ки аз ќарзу ќавола баромадї, нонат бутун шуд, ба кори дигар мегузаштї, бори дунё кам буд? Ин доруи сафед як шакарак дорад, ки каси як бор чашидагї дигар аз вай људо шуда наметавонад, људо шуда ки натавонист, оќибат ба љарї меравад: худаш бо дасти худаш таноби аљалашро мекашад, бо дасти худаш ба љисмаш оташ мезанад, худсўзї мекунад. Нашъафурўшию нашъамандї – бо майли худ ба чанголи аљал даромадан аст.
Карим. Уф… Бало аз љои чашмдор набудаам зад. Акнун чї маслињат медињї? Бо роњи дигар як бори дигар гираму худам барам?
Шакарбек. Ана ин девонагї. Ту дар як лањза ба даст меафтї, чашмонат туро мефурўшанд, рўњан тайёр нестї. Ту бењтараш, фикри додани пули ќарзи маро бикун.
Карим. Барои баргардонидани ќарзат боз камтар мол ќарз дењ, ки худам савдо карда ораму…
Шакарбек. Гуфтам-ку, ту наметавонї. Дигар мол њам намегирї. Кї медонад, ки одамњои ту моро дар куљо ва чї хел мефурўшанд? Ман њам бояд худи њамин шаб аз ин љо равам. Аллакай фармудам, ки бачањо аз ќишлоќ бору бандашонро кўчонанд. Ба ту њам дигар боварї нест. Дошта ду бор, ки кўфтанд, ба њамааш иќрор мешавї, пеш аз њама маро мефурўшї.
Мадина ќањва меорад.
Мадина. Марњамат, ќањва… Чаро табъатон гирифтагї?
Карим. Ња, андак ноомади кор шуд…
Шакарбек (ўро пешгирї карда). Њељ гап не, њамааш хуб мешавад.
Мадина. Чї шудааст? Бо Саидљон ягон гап шуд?
Карим. Ња, не… Не, Саида мо надидем…
Шакарбек (пойи Каримро зер карда). Саидљона ман бо як кор ба ноњияи дур фиристодам, пагоњ меояд, корњои вай наѓз. Як хеши дуратон гузашта будааст, аз њамон дадаи шумо зиќ.
Карим. Ња, Шералии Полвон худаша фалаќ кашидааст. Худо маѓфират гардонад. Омин.
Мадина. Ња, мусибати вазнин шудааст.
Карим. Ња. Худо паноњ дињад. Ту хўроката бин, Мадина.
Мадина. Хуб. Хўрок тайёр.
Шакарбек. Ягон ним соат баъд. Камтар сўњбат кунем.
Мадина. Хуб. (Меравад.)
Шакарбек. Дидї, чї хел беандешаву ноустуворї. Дар як лањза ќариб њама сирру асрората кушода медодї. Ба ту савдо умуман мумкин нест, љўра. Биё, якта коняк зану осуда шав. Бар сари мард њар кор меояд. Туро ман маљбур карда будам? Зорї карда будам? Фиреб карда будам?
Карим. Не, не. Ман худам. Хостам, ки рўзгорам обод шавад. Ба пулдории баъзењо њавасам рафту хостам як худамро санљам…
Шакарбек. Санљидан гир. Аммо ваќт кам. Бояд бо ман њисобатро баробар кунї. Баъди ним соат ман ба роњ мебароям. Пагоњ ба Дубай билет дорам.
Карим. Чї хел? Маслињат ин хел набуд-ку? Боз ду њафтаи дигар истоданї будї? Чаро саросема шудї?
Шакарбек. Мо одамњои озод, вале тиљорат ќонунњои худаша дорад, агар тобеъи ќонунњои тиљорат нашавї, аз ин шоњроњ бароварда мепартояд – “кидать мекунад”. Баъди ин њодиса дар ин љо истодани мо салоњ нест. Дигар ин ки барои бори хуб њарчї барваќттар ба Дубай равам, њамон ќадар бењтар. Зиндагии ман аз њисоби тиљорат, њалол. Ин доруфурўшї як машѓулият.
Карим. Ту аз вай гарданбуридаи ба даст афтода андеша накун…
Шакарбек. Ман аз вай парво надорам. Дар он љо њам одамони худї њастанд, вале ман обрўи худамро аз ин пурсишњои тањќиромез боло мегузорам. Хулоса, ба ман пуламро баргардон, дар Дубай даркор аст.
Карим. Охир медонї, ки ман њозир њељ чиз надорам, љўра, ин балои бад ногањонї ба сарам омад. Ё њазл мекунї?
Шакарбек. Ман пули худама мепурсам, љўраљон.
Карим. Ба ман андак ваќт дењ. Ман албатта бармегардонам.
Шакарбек. Не. Худи њозир. Охир ман пагоњ ба Дубай мепарам.
Карим. Шакарбек, маро масхара накун, љўра, бе ин њам дилам зиќ. Барои ту понздањ њазор доллар њељ гапе нест, вале ман бояд хеле зўр занам. Камаш як сол ба ман мўњлат те.
Шакарбек. Дар ин як сол фоизи ќарз моње дањ фоиз зиёд шуда, аз чил њазор мегузарад. Ва кї кафил мешавад, ки ту дар ин байн ба Россия дар паси юбкаи ягон Маруся ё Наташа пинњон шуда намегардї?
Карим. Ман духтарамро партофта куљо меравам? Њоло аз зиндагї умедњо дорам, љўра. Ин ќадар њаќир њисоб накун…
Шакарбек. Кошкї. Орзуманди онам, ки њамеша шукуфон бошї. Аммо кї ба ман кафолат медињад, ки то як сол ту ноумед шуда худатро намекушї?
Карим. Э, не-е. Шайтон ноумед.
Шакарбек. Ва бо ин њама гумон накун, ки аз дунё меравию ќарзи ман тамом мешавад. Ана њамон Шералї Полвона њамон ќарздодањояш гўручўб карданд, баъд зану фарзандонашро аз хона бароварда дар як оѓили вайрона љой доданд, хонашона пурра ба њисоби ќарз гузаронданд, буд нашуд. Ана баъд зану ду духтару се писари хурдаша ба ким-кадом як кори номуайян монда гуфтанд, ки ду соли дигар бепул кор мекунанд, то ки ќарзи падари рањматиашонро супоранд. (Ин ваќт Мадина меояд ва охири суханашро мешунавад.) Фањмидї?
Карим. Мадина, мо гапи мардона дорем! Як дам ист!
Мадина. Мебахшед, дада. Хостам ќањваи гарм биёрам.
Карим. Даркор шавад, худам љеѓ мезанам!
Шакарбек. Асабоният чї лозим, Каримбой? Њељ гап не, Мадина. Биёр, ќањваи гарм биёр. Бигузор фарзандон њамаашро сари ваќт донанд. Воќеан, гап-гап њаст, ки Шералї худкушї накардааст, балки барои ин ба вай дигарњо хеле кўмак расондаанд.
Мадина. Љиянаш њамин хел гуфт. Тафтиш сар шудааст, мегўянд.
Шакарбек. Бефоида. Ба онњо зўри хешони Шералї намерасад. Худи Шер њам барваќт инро медонист, вале худашро бо дасти худаш ба ѓуломї фурўхт, ва бо ин барваќт худкушї карда буд. Пули бедардимиён ана њамин хел оќибатњои нохуш дорад. Ќањва биёр, Мадина.
Мадина. Хуб. (Меравад.)
Шакарбек. Хуш, љўра. Пули маро тайёр карда мон. Як анљомњоямро хабар гирам. Гапи бисёр лозим нест: мо дўст, љўра, нону намаки њамдигарро хўрдаем, лекин пул – пул аст, аз они корхонаи ман аст, ман њам бояд њисобот дињам, дар ваќташ ки њисобї карда натавонистам, њоли ману њоли фарзандони ман аз Шералї Полвон њам бадтар мешавад. Ту охир инро ба ман орзу намекунї?
Карим. Не-е, худо нигањ дорад. Вале ман намедонам ки чих ел њисобї кунам. Њуљљатњои хона дар дастат. Мўњлат лозим.
Шакарбек. Каримбой, ман хонаатро ба Дубай бурда наметавонам, ин хоначаи ту бо тамоми дову даскаат аз њафт њазор зиёд намешавад. Барои њамин шарикони ман ба њоли мо механданд. Ва маро љазои сахт медињанд. Ба онњо кафолати љиддї даркор.
Карим. Њамаи мо аллакай гаравгону кафолати ту. Ману духтараму домодам шабурўз кор мекунем, ки ќарзи туро канем.
Шакарбек. Дар ин ноњияи дурдаст бо кадом кори сердаромад ќарзи маро меканед? Воќеан, ќарзи Саид њам ба ду њазор расид. Панљсадтаашро тани љўрагї бахшидам. Вале боќимондаашро бояд баргардонад. Вале чї хел? Бо ин кўтарасавдои шалѓаму турб вай нони хўрданиашро базўр меёбад. Инашро њам андеша бикун.
Карим. Њайронам чї кор кунам.
Шакарбек. Як роњи осон њаст: ба хотири љўрагї ва хотири нону намакатро хўрданам, як пешнињод мекунам: Дар Дубай њама халќи аз чор тараф омада кору ризќу рўзї меёбанд. Духтари ту хўрокњои наѓз мепазад. Дар ягон гўшаи шањр ошхонача ёфта медињем, бо ошпазї машѓул шуда, ќарзи туро меканад.
Карим. Чї хел? Барои корљўйї ба Дубай?
Шакарбек. Бале. Ман њар дафъа панљ-шаш касро мебарам. Кори савоб.
Карим. Шавњараш њам меравад?
Шакарбек. Њайати њамроњони мо таъин шудагї. Љой њам нест. Фаќат ба љойи як нафар зани њамроњамон Мадинаро мегузаронам.
Карим. Домод ба ин розї мешавад?
Шакарбек. Ба инаш ман кор надорам. Вай бењтараш, ќарзи худашро дињад.
Карим. Зани то сисоларо бе шавњар роњ намедињанд, мегўянд…
Шакарбек. Бо ман равад, ба њама љо роњ медињанд.
Карим. Мадина аз район ягон бор берун набаромадааст. Чї хел?
Шакарбек. Њама гўшањои олам мисли як райони дурдасти мо, хайр андак калонтар. Одат мекунад. Ман њамроњам њастам.
Карим. Чї хел мешавад, ки духтарамро ба як гўшаи дури дунё мефиристодаам? Танњо, дар ѓарибї азоб мекашад.
Шакарбек. Њамшањрињои мо зиёданд, фаќат пагоњ боз панљ нафари дигар мепаранд. Онњо дар шафати њамдигар зиндагї мекунанд. Гумон дорам, ки дар байни њафт-њашт моњ ќарзи туро меканад.
Карим. Уф… Дар бораи ба хориља рафтагињо ќиссањои зиёд наќл мекунанд. Гўё маљбур мешаванд, ки барои пул ба фањшу фосиќї рўй оваранд. Охир ту доим дар он љо нестї, меравию меойї. Вай он љо танњо, рафту ягон кас ранљонад, ё кораш номад кунад, бемор шавад, кї ба додаш мерасад? Охир вай гули нозпарварди ин хонадон, камиву костиро надидааст, ба рўзи сахт одат накардааст, ќаллобиву найрангу фиребро намедонад.
Шакарбек. Агар ин ќадар тарсї, ман доимо њамроњаш мешавам, ба куљое равам, њамроњам мебарам.
Карим. Чї хел?
Шакарбек. Ана њамту. Мушкилоти убури сарњад зиёд бошад, ба никоњам медарорам, дигар касе чизе гуфта наметавонад. Ин кафолати он, ки бо ягон гурўњи ифлос њамроњ намешавад.
Карим. Чї хел?!
Шакарбек. Пули ќарз, ки адо шуд, оварда мемонам. Медонї, ки барои ман зан проблема нест, дар њар шањр ду-тої зан дорам. Ба хотири љўрагї ин бори вазнинро ба гардан мегирам.
Карим. Ин зарбаи нољавонмардона аст, Шакарбек!
Шакарбек. Чї хел зарба? Худо нигањ дорад.
Карим. Мову ту аз даврони донишљўйї дўстї дорем, нону намаки бисёрро њамроњ хўрдем. Ва ту имрўз ин љабрро ба ман раво мебинї?
Шакарбек. Вазнин шав. Ба ман фарќ надорад. Пуламро баргардон, на ба духтарат кор дораму на ба хонаву дарат. Вале ту ин корро карда наметавонї. Агар ман асли воќеаро ба «бачањо» гўям, туро сахт озор медињанд, ба халосгар зор мешавї. Бо ин роњ њам аз љазо эмин мемонї, њам ќарзат адо мешавад.
Карим. Эй худо! Ман чї гуноњ кардам, ки ба чунин ѓазабат гирифтор кардї!? Ман ба мурдан розияму ба ин не!
Шакарбек. Уф… Боз такрор мекунам, худатро кушї њам чунин кор мешавад, накушї њам. Бењтараш, оќилона амал бикуну ба обрўи муњаммадї духтаратро ба мардикорї фирист. Њамааш хуб мешавад.
Карим. Њаќќу њамсояњо чї мегўянд? Хешу табор чї? Домод чї?!
Шакарбек. Ба њаќќу њамсояњо, хешу табор, домоди дўстдорат гўй, ки аз ман 15-та ќарз гирифтї, ба зорї гирифтї, ман туро маљбур накардаам. Ана њамон 15-таяка баъди ним соат аз кисаашон бароварда дињанд, ман рањмат гуфта баромада меравам. Медињанд?
Карим. Уф… Аз куљо?
Шакарбек. Набошад, гўй ки дамашона гирифта шинанд. Баъди ним соат духтаратро бо њама њуљљатњояш тайёр кун, ба роњ мебароем. Худат ба вай фањмон. Ман ба хонаи худам меравам. Анљомњоямро љамъ мекунам.
Ба хонаи дарун медарояд. Карим мегиряд.
Карим. Эњ худо, ин бало аз куљо ба сари ман омад? Бењтараш, ман худамро мекушам, ки набинаму насўзам.
Арѓамчинеро ёфта дар толори шифт устувор мекунад. Мадина меояд.
Мадина. Истед! Дадаљон! Шайтона пеш кунед… Ман њамаашро фањмидам. Аз паси дар истода гўш кардам. Њис кардам, ки дар ин ним соат бадбахтї рўй додаст. Барои њамин ба гапатон гўш додам. Шумо худатонро эњтиёт кунед. Ягон роњи дигар ёфт мешавад!
Карим. Духтарам… (Мегиряд.) Ман намедонам чї кор кунам. Хостам, ки аз ќарзу ќавола бароем, зиндагии шумо хуб шавад. Вале афсўс…
Мадина. Ягон кас аз нашъаљаллобї баракат наёфтааст, ки шумо ёбед. Њар рўз медидеду мешунидед, ки нашъафурўшон ба даст афтида, ќарздор шуда, хонасалот мешаванд, вале чаро дидаву дониста ба ин роњ рафтед? Дадаљон! Охир шуморо касе маљбур накарда буд, маоши андаке њам бошад, мегирифтед, андак ќарзро дар давоми ягон сол мекандем…
Карим. Маро шайтон барваќт зада буд… Вале ман ба ин гуфтаи Шакар розї шуда наметавонам. Намемонам, ки туро мисли гаравгон ба хориља барад.
Мадина. Дада, ман худам бо ў гап мезанам. Шумо ором шавед. Вай њам инсон аст, мефањмад.
Карим. Не, намефањмад. Вай аз гили дигар сиришта шудааст.
Шакарбек бармегардад.
Шакарбек. Ана њамин тавр, пул ки додаму баргардонданашро суроѓ накардам, ман одами бињиштиям, пуламро те, ки гуфтам, аллакай аз обу хоки дигар?! Ташаккур. Мадина, худат зани боаќл њастї, ман ба шумо ягон бадї накардаам? Накардаам. Пул гуфтем, додам. Њарчї аз дастам омад, мењрубонї кардам. Акнун ваќти ман тамом шуд, ќарзамро баргардондан лозим. Пуламро дињед, рањмат гуфта баромада меравам. Вале бо ин њоле, ки шумо доред, баргардонидани ќарз ба шумо амри мањол аст. Барои њамин, туро барои коркунї ба Дубай мебарам: њам ќарзатонро соф мекунї њам дунёро дида тамошо карда ба ман рањмат мегўї.
Мадина. Ман њозир ба хонаи хешу таборон, ба хонаи хешони шўям рафта гап мезанам, ки ќарз дињанд.
Шакарбек. Аввалаш ин, ки аз њамаи хешон сад доллар њам љамъ карда наметавонї, дигар ин, ки њељ кас аз савдои мо набояд огоњ шавад. Сеюм, ман дигар ваќт надорам. Баъди понздањ даќиќа бояд ба роњ бароем. Зуд тайёр шав, барои падару ањли оилаат хизмат мекунї. Барои осон шудани убури сарњадњо туро ба никоњам медарорам. Худи њамин шаб дар Душанбе.
Мадина. Худоё, тавба… Охир ман шавњар дорам. Монед, аќќалан вай ояд.
Шакарбек. Шавњар гуфтї? Ту шавњар доштї-я? Номаш Саид-а?
Мадина. Чаро бо ин оњанг гап мезанед? Ба вай чї шудааст?
Шакарбек. Њеч чиз нашудааст. Фаќат ранги аслиаш маълум гаштааст.
Мадина. Вай дар куљост? Ўро ба куљо равон кардед?
Шакарбек. Вай бадбахт аз ўњдаи ягон кор набаромад. Рўзи аввал кораш омад накарда ба даст афтид, дубора ќарз гирифта бор харид, корашро полиси андоз вайрон кард, дафъаи сеюм ба пули ёфтааш нашъа харида хўрд. Ту, албатта, аз нашъамандиаш хабар надоштї?
Мадина. Не. Ин дурўѓ аст.
Шакарбек. Афсўс. Ба фикри ту ду моњ пеш барои чї вай «банкрот» шуд? Бораш арзон рафт? – Не, ба тамоми пулаш нашъа харид. Зеро ки дигар хуни вай бе нашъа давр намезанад.
Мадина. Ў дар куљост?! Саидро худи њозир ёфта дињед!
Шакарбек. Хуб. Барои он, ки дар њар куљо саланг-саланг гашта ба дасти мољарољўйњо афтода, ба хона равуойи полисро зиёд накунаду кори мо бе љанљол тамом шавад, хоњиш кардам, ки аз хона набаромада дам гирифта шинад. Њамон фоидаи аз савдо мегирифтаашро худам медодам. (Механдад.) Барои њуљраи маро ќаровулї карданаш. Бинед. (Ба хонаи дарун даромада аз дасти Саид дошта ўро мебарорад.) Бузургвори миллат Саид Саидзода.
Њама. Саидљон!? Саидљон!?
Саид (дардмандона механдад). Мебахшед… Ман тамом шудам.
Карим. Эњ, домод, дар як гўшаи дилам, умед ба худат буд. Вале барваќт ба љои даркориат рафтаї.
Мадина. Ба ту чї шуд, Саид? Ин чї њол аст?
Саид. Ман тамом… Камтари дигар дору дињед. Тоќатам тамом шуд…
Мадина. Не, не! Туро ба духтур мебарем. Табобат мекунем.
Саид. Афсўс, ки кор аз кор гузашт. Њамааш айби худам. Дору дињед.
Шакарбек. Дору тамом.
Саид. Не, не, ман пеш аз ваќт мемурам… Илтиљо мекунам…
Шакарбек. Аввал њисобї кардан лозим. Бояд Мадина ба Дубпй равад…
Саид. Ман розї, сад бор розї, фаќат нашъа дињед… Илтимос… Баданам меларзад, дилам танг мешавад, њозир дилам мекафад… Илтимос…
Карим. Аблањ! Дигар заната намебинї! Мумкин шавњари дигар кунад, мумкин зани ин шавад! Ба худ ой, девона!
Саид. Ман мемурам… Умри ман кам мондааст. Дору дињед… Дору…
Нохост худро ба замин партофта печутоб мехўрад.
Мадина. Ўро ба духтур мебарем.
Карим. Њабс мекунанд. Баъд, ба фикрам, то ба духтур намерасад. Давои ин фаќат доруи сафед.
Шакарбек. Афсўс, ки њамин хел.
Саид. Ањ! Оњ! Ањ! Уњ! Мњ! (Печутоб мехурад.)
Шакарбек. Даступояшро доред. (Шприц бароварда укол мекунад.) Таммом. Ором шуд. Боз 7-8 соати дигар мегардад. Шўи Туву падари ту, Мадина, бо ана њамин кор машѓул шудаанд, ба њамшањрињову одамони бегуноњи гўшањои дунё ана њамин хел марги муфољоро бар ивази пули онњо бор мекунанд. Ва ман мехоњам, ки туро аз ин балохона халос кунам. Ту дар њаќиќат ба ман маъќул њастї. Мехоњам ки бонуи хонадони ман бошї. Бароят хонаву дари алоњида, мошин, бўстонсарой месозам. Роњати ин дунёро мебинї, фарзандони солим ба дунё меорї. Бо ин бечора умри хонадории шумо аллакай тамом шуд. Охир ќариб як соли охир шумо зиндагї надоштед! Пинњон накун. Росташро гўй. Оќибати нашъамандї њамин аст.
Мадина. Шумо моро фиреб додед. Ман боварї надорам.
Шакарбек. Ба ман? Ихтиёрат. Барои ман њам боварї-моварии ту зарур нест. Ту аз ду якеро интихоб карда метавонї: ё падарат худашро фалаќ мекашаду ќарзхоњон омада хонаву даратонро кашида гирифта туро маљбуран кор фармуда њаќи боќимондаи ќарзатонро мегиранд. Ё падарат зинда мемонаду ту ба обрўи муњаммадї хориља рафта пул кор карда ќарзатонро софї мекунї. Баъди њафт-њашт моњ, насиб бошад, бармегардї ва бо ин шўйи дўстдорат зиндагиро давом медињї, агар то он ваќт зинда монад. Ба ман, ки боварї надошта бошї, пешнињоди никоњро гашта мегирам. Ман занњои зиёд дорам. Њољат барои боз як зани никоњї надорам. Ба ту дањ даќиќа мўњлат. Ба як ќарор биёву анљомњоятро гир. Гумон намекунам, ки марги падаратро мехоста бошї.
Мадина. Не, намехоњам, ки бо падарам ягон кор шавад.
Шакарбек. Набошад, њуљљатњоро гир, дигар њама чизро сари роњ мегирем. Ту, Каримбой, барои дилпурї њамроњи мо меравї ва моро дар фурудгоњ бо тантана гусел мекунї. Барои аз сарњад гузаштан як њуљљати ќалбакї мегирем, ки Мадина гўё зани ќонунии яке аз њамсафарони мост. Љунбед. Ман љомадонамро мегирам. Њозир Љипи мо меояд.
Ба хонаи дарун медарояд.
Карим. Духтарам…
Мадина. Дигар ягон гап назанед, дада. Шумо дидаву дониста худро ба оташ задед. Оќибати кор њамин буданашро бояд барваќт медонистед. Марги Шералї, аљали ѓайриоддии љиянњоятон Њасану Шокир, хонасалот шудани њамсояњоямон Турдибой, Соќибой, Ашраф, Мавлон ва дигарон ба шумо сабаќ нашуд? Шумо ба њамдењотиён чизе савдо кардед, ки аљал меорад. Шумо тољири марг шудед, ба хуни чандин љавонњои бегуноњ зомин шудед. Оњи дили онњо шуморо гирифт. Вале осуда бошед, њоло њам дер нашудааст. Ман коре мекунам, ки ба ин кор аќаллан дар њамин дења хотима бахшем. Агар пурсад, гўед, ки либос иваз мекунам. (Мебарояд.)
Карим. Чї гуфтї? Нафањмидам… Чї хел хотима мебахшї? Ин номумкин аст! Ин соддагї аст. Ист… Решаи инњо чуќур аст… Духтари сода… Аз ин шўре, ки мехезад, аввал ман ба фано меравам… Туро њам ба мањбас кашиданашон мумкин аст… Ту рост мегўї: маро дуои љавонњои бегуноњ ба аљал расида, алами занњои љавони бевамонда, уќдаи дили модарони онњо гирифт. Гумон доштам, ки ин бало аз сари ману фарзандони ман дур мемонад, онњое гирифтор мешаванд, ки аввалан рангу рањмонашонро ман намешиносам. Аммо афсўс, ки тири ќазо аввал ба љигари худам зад, домод тамом шуд, духтарам бадбахт шуд, ман дигар ба рўйи одамон нигоњ карда наметавонам! Дигар тамом шуд дунё барои ман! Таммом… Таммом…
Худро ба дор мекашад. Шакарбек дар даст љомадон мебарояд.
Шакарбек. Тайёр шудед? Куљої! Эња… Фурсат наёфтам. То рафтани ман бояд сабр мекардї, аблањ. Кор дўлоб шуданаш мумкин. Намедонистам, ки ин ќадар бегурдаї. Парии ин љазира куљо шуд? Мадина!? Мадина! Хонањоро дида бармегардад.) Мадина… Наход, ки ба он љо рафта бошад? (Ба сумкачаи Мадина, ки дар як гўшаи диван меистад, маводеро меандозад.) Ана њамин тавр, худи Мадина њам нашъаљаллоб шуда мебарояд. Зудтар пая кандан даркор. Эњња, аз ин тараф аллакай дер шуд. (Аз берун садои одамон.)
Овози Мадина. Дароед. Дарвоза кушодагї. Вай танњост. Яроќ надорад…
Шакарбек. Роњи ягона – баромадан аз тирезаи хонаи дарун ба воситаи чархї. Хайрият, ки пешакї ѓамамро хўрда арѓамчини дароза баста монда будам. Эњ, љўра, љўра! Љўрагї карда натавонистї! Алвидоъ, Мадина.
Меравад. Пас аз лањзае шитобон Мадина меояд. Аввал љасади падарро надида хонањоро давр мезанад.
Мадина. Ман милисањоро хабар кардам, дада! Акнун аз њамааш халос мешавем, дадаљон! Шумо дар куљоед!? Њозир Шакарбекро дастгир мекунанд! Дењаи мо аз тољирони марг халос мешавад! Њамдењагони мо акнун осуда нафас мекашанд! Саидљонро њам табобат мекунем… Дада! Дадаљон… (Љасадро дида шах мешавад, лањзае хомуш мемонад.) Да-да… А-а-а!!! Не-е-е! Не-е-!
Бо нолаву фиѓон худро ба фарш мепартояд.
Мусиќии мотам.
Овози радио зимни мусиќиву нолаи Мадина садо медињад.
Овоз. Дар шањраки Чароѓчї боз як ќочоќкунандаи маводи мухаддир ба даст афтод, кормандони шўъбаи корњои дохилии ноњия аз хонаи Мадина Каримова 60 грамм маводи пуртаъсири героинро мусодир намуда, ўро ба њабс гирифтанд…
ПАРДА
Свидетельство о публикации №223032800200