Хукми Анушервони Одил. драма

ХУКМИ АНЎШЕРВОНИ ОДИЛ

Новеллаи телевизиони.


1.
Дарбори Анўшевони Одил. Тахти шоњ. Анўшервони љавони 18-сола барсари тахт нишаста андеша мекунад. Яке аз вазирон дар назди ў бо табаќи зар истода дар њайрат мондааст.

2.
Дар долон вазирону бузургон ду-ду ва гурўњї сўњбаткунон ба назди тахти шоњ равонаанд.
Байни Сипањсолори Озарбодагон ва Вазири 1 чунин гуфтугўй давом дорад:

Вазири 1. Шоњаншоњи љавон бояд аз ман миннатдор бошад, ки њаќњои зиёд дорам.
Сипањсолор.—На. Нўширвони љавонро дар 18-солагиаш ман ба тахт шинондаам.
Вазири1. На, Сипањсолор. Падараш Кайќубод тахтро ба каси дигар васият карданї буд, вале бо маслињати ман Нўширавонро валиањд  кард.
Сипањсолор. Э, агар дар љанги аммон лашкари  ўро ман сарварї намекардам, куљо ў ѓолиб мешуд  ва куљо тољи  шоњї дар сараш баќо мемонд?  Нўши шоњаншоњ аз ман равон аст.
Вазири 1. Бо маслињату таљрибаи мо, бузургон љавони 18-сола давлатро идора мекунад.
Сипањсолор. Бо он лашкару ќудрате ки ман дорам, агар хоњам, Нўшервон шоњ бимонад, нахоњам, на..

3.
Њама  вазирону сарњангони даъватшуда омада дар љойњои худ ќарор мегиранд. Аз манзараи назди тахт ба тааљљуб меоянд, вале бо дили аз худашон пур ба шоњ менигаранд.

Анўшервон. Њазорон шукр ва њамду сипоси бењад, худованди азза ва љалл… Эй, бузургони мулк, бидонед, ки маро ин подшоњї худои азза ва љалл дод ва дигар аз мероси падар ёфтаам ва се дигар аммон бар ман ошўб кардаанд , бо эшон дар љанг шудам ва дигар бор мулкро ба шамшер гирифтам. Чун худои таъоло љањон ба ман дод, ман ба Шумо арзонї доштаму њар касро вилояте додам, ва њар киро дар ин давлат њаќе бар ман буд, бенасиб нагузоштам вайро. Ва бузургоне, ки бузургї ва вилоят аз падарам ёфтаанд, эшонро њам бад он мањал мартабат бидоштаам ва манзалату нонпораи эшон кам накардаам. Ман њурмати Шумо нигоњ дорам, вале Шумо сухани ман нашунаведу аз худои таъоло натарсед, ва аз халќ шарм надоред, ман аз бодофраи яздон метарсам. Набояд, ки бедодиву шумии кори нопоки Шумо дар рўзгори ман расад. Љањон аз мухолифон холї шуд, ва Шуморо кафофу осоиш доданд ба неъмате, ки эзидтаоло мову Шуморо додаст, машѓул гардед, савобтар бошад ки бедоду носипосї кардан мулкро завол орад ва неъматро бибарад. Бояд ки, ки пас аз ин бо халќи худой некўї кунед ва раият сабукбор дореду заифонро маёзоред ва маар уламоро њурмат доред ва бо сулањо сўњбат кунеду аз бадон бипарњезед. Худойро бар хештан гувоњ гирифтам, ки агар касе хилофи ин тариќа варзад, њељ иќбо накунам.
Њама. Фармонбардорем.
 Анўшервон. Акнун ба ин бузургвор нигаред. Табаќе зар овардааст, то дили шоњ шод кунад. Ту бигўй, ман туро бад ин вилоят њаволат кардам, ки мувофиќи ту ва њунари ту бошад. Ин табаќи зар аз мероси падар барнадоштаї. Пас аз кї ситондї? Донам, ки моли вилоят чанд аст, ќисме ба барот харљ кардї, ќисме ба Хазина супурдї. Ин зиёдатињо аз куљо овардї? Њама аз он аст, ки ба ноњаќ ситонидї аз раият  ва  адолат ба љо наовардї. Оќибати кори ту он бошад, ки дигар мансабдорони вилоят мисли ту дароздастї мекунанд ва пояи адолату њаќиќатро хароб кунанд моли вилоят бакуллї азхуд кунанд, хазинаро холї гардонанд ва ин зулму зиштномї ба шоњаншоњ афтад, ки беназорат гузошт. Эй бузургон, магар чунин нест?
Њама. Чунин аст, шоњи олам.
Анўшервон. Пас, бо ин падида чї мебояд кард?
Вазири 1. Шоњи љавонбахт, замоне ки падари бузургвори Шумо  њукм меронданд, ќоида чунин буд. Аз ин пас њама ба тартиби нав ќоим шавем ва дигар чунин густохї накунем. Бори аввал  гуноњи ин бубахшой, вале  ин њодиса ба мо дарси ибрат шавад.
Анўшервон. Нек бошад. Аммо аз ин пас бар он бузургоне, ки хилофи адл њукм мекунанд гузашт накунам ва љазои сазовор  фармоям.

4.
Вазирон ба долон, ( ё боѓ) мебароянд. 
Сипањсолор бо ѓурур хулоса мекунад.

Вазир. Шоњаншоњ суханњои оќилона гуфт.
Сипањсолор. Љавон аст, њоло хунаш гарм аст, мехоњад худро машњури олам гардонад.
Вазир. Сипањсолор. Пешаи подшањон чунин аст.
Сипањсолор. Ту бояд фармони шањро баљо орї. Вале мо, бузургон њуќуќи хоса дорем. Дар вилояти Озарбодагон ман худ шоњам. Ним сол зарур аст, ки шоњ аз як кори мо огоњ шавад…
Вазир. Ман њам дар ќаламрави худ шоњам.
Сипахсолор. Шоњаншоњи мо як кўдак аст. Агар хоњем, Анўшервон шоњаншоњ бимонад ва  чун шоњи Одил маъруф шавад, ва агар мо нахоњем, вай умуман шоњї кардан натавонад…

Мераванд.

5.
Озарбодагон. Канори шањр, ё сањро. Сипањсолор  бо чанд тан сарбозонаш аз кўча гузар карда дар канори шањр як порча замини сарсабзро бо ду-се дарахти пурбор мебинанд. Аз ёвараш--сарњанги љавон мепурсад:

Сипањсолор. Чї дарахти зебоест. Моли кист?
Сарњанг. Аз як кампири бечора аст.
Сипањсолор. Шоиста набошад, ки як кампири бедандони бехирад соњиби чунин боѓи латиф бошаду дар замини мо чуниндарахтон нарўянд.
Сарњанг. Ин дарахт ба дањ сол  чунин зебову пурњосил шавад.
Сипањсолор. Ман дар як рўз  чунин дарахтро ба камол расонам.
Сарњанг. Он чи бузургвор медонанд, мо надонем.
Сипањсолор. Пас, бидон: бирав, њарчи аз моли дунё хоњад, ваъдааш дењу боѓашро бигир.
Сарњанг. Шумо воќеан њам хирадманд њастед, љаноби сипањмсолор.
Сипањсолор. Љањон доштану љањон хўрданро аз мо, бузургон омўз.

Мераванд.

6
Боѓ. Кулбаи кампир. Пиразан машѓули хушк кардани мева аст.
Сарњанг меояд.

Сарњанг. Дуруд.
Пиразан. Анўша будї, љавони некбахт.
Сарњанг. Сипањсолори мулк ба ту пайѓом мефиристад ва мехоњад ки туро аз машаќќати боѓдоривузањмати дењќонї озод  кунад.
Пиразан. Шукри бењад. Аммо бо кадом роњ?
Сарњанг. Ин пораи замини ба сарњанг бифурўш, ки барои осоиши давлат муњим бошад.
Пиразан. Эй љавони некбахт, бидон, ки ман як пиразани шикастарўзгорам. Ва ин дарахтон ќути ягонаи ман бошанд. Дахли њарсолаи ман аз ин дарахтон њамон аст, ки хирољи волї бидињам,  њаќи барзгари муздур бидињам  ва он ќадар насиби ман он ќадар бимонад, ки аз сол то сол  барои чањор то нон боќї монад. Як тоїба нонхуриш дињам, яктої ба чароѓ, як нон ба чошт хураму як нон ба шаб. Љомањое ки дар Тани ман мебинї, аз рўи рањм мардум ба ман дињанд. Чи тавр ман инзамин фурўшам, ки ки маро дар њама љањон ин ќадар замин аст  ва  ин ќути ман аст. Кас ќути худ нафрўшад.
Сарњанг. Бар ивази заминат Сипањсолор замини дигар дињад.
Пиразан. Замини ман њалол аст, обхўрааш наздик аст, аз падарам мерос ёфтаам. Њамсоягон муврфиќанду, маро озарм доранд. Он замине, ки ту маро дињї чандин хосият дар вай набошад.
Сарњанг. Ту донї. Аммо рўзе пушаймон шавию судат накунад.

Сарњанг ситеза карда меравад.

7.
Канори боѓи пиразан. Чанд сипоњї  гирди боѓро девори  похса мегиранд. Пиразан бечорањолона ба онњо монеъ мешавад, вале сипоњиён ба ў гўш гнамедињанд.

8.
Даромадгоњи ќасри Сипањсолор. Пиразан меояд, ки ба Сипањсолор арз намояд. Посбони ќадбаланду китфвасеъи баднамуд бо дуруштї ба ў мегўяд.

--Эй, пањлавон, маро ба назди Сипањсолор гузор.
--Эй кампир, Хољаи мо бо кори муњими давлат машѓул аст, ваќти шунидани арзи ту-- як кампири фартутро надорад. Њарчи арзе дорї, мо худ ба Сипањсолор мерасонем.
--Ду сол баромад, ки мегўї арзи туро мерасонам.
--Пагоњ расонам. Пасфардо биё.
--На. Пиндорам, ки оњани сард мекўбам.
--Ту донї. Њоло бирав. Ин љо истодани ту мумкин нест. Пасфардо биё. 

Об дар чашми Пиразан гардон шуд, дуртар рафт ва гба худ гуфт.

--Бале, бењуда умед мекашам. Вале эзидтаоло забардасти њар дасте даст офаридааст.Охир ин бо њама бузургї як чокари Анўшервон аст. Тадбири ман он аст, ки худро пеши Анўшервон афганам ва њоли худ ўро маълум кунам…

Пиразан рафт. Посбон ба њоли ў хандид.

9.
Пиразан ба роњи дур баромад.

10.
Ќасри шоњаншоњ Анўшервон.
 Дар пояи ќаср чанд посбони љавшанпўш бо табарзину шамшер истодаанд.
Пиразан ба онњо наздик меояд, вале аз њайбати эшон дар дилаш воњима меафтад.

--Эй, љавони некбахт, арзе дорам ба шоњаншоњ…
--Кори Шоњаншоњ зиёд аст. Ба мо бигўй, мо мерасонем… Фардо биё.
--Нек бошад.

Пиразан дуртар меравад ва ба худ мегўял:
--Волии мо њамагї чокари ўст, вале маро дар сарои ў нагузоштанд. Кай дар ин Сарой гузоранд, ки худованди љањон аст… Тадбири дигар љўям.


11.
Домани  кўњистони сердарахт. Шоњаншоњ бо муќаррабонаш ба шикор меояд. Њама ба чор тараф парешон мешаванд. Шоњ бо як ѓулом ва ходимаш танњо мемонад. Пиразан, ки паси ѓарами хошоке пинњон буд, мебарояд.

--Эй малик, доди ин заифа бидењ.

Ходим ва ѓулом пеши Пиразанро гирифтанд.

--Ту кистї?!
--Чї мељўї дар ин љойгоњ?!
--Арзе дорам ба шоњаншоњи олам…
--Бирав аз ин љо…

Анўшервон даррасид ва фармуд:

--Ин пиразанро озор надињед. Дуртар биравед.  Бигў, эй модар, чї арзе дорї?
--Шукри бењад эзидтаолоро…

Ходим ва ѓулом чанд ќадам дуртар рафта ба онњо назора кардаанд.
Пиразан ќиссаи худро ба ў њикоят кард. ( Ин сањна беовоз меравад.)

--Дил машѓул мадор, ки ки  о акнун кор туро афтода буд, акнун маро афтод. Муроди ту њосил кунам.

Сипас Шоњ бо ишора Ходимро даъват кард.

--Инро ба шутур нишону ба шањр бубар ва дар хонаи худат нигоњ дор. Њар рўз аз Хазина ду ман нону як  ман гўшт ва њар моњ панљ динори зар  ба ў мерасон, то ор рўз, ки аз ту талаб дорем.
--Ба чашм, шоњам.
 
Сипас Анўшервон ба ѓулом фармуд:

--Њар чї аз Хазина зарур аст, бигир ва ба вилояти ин пиразан бирав, бо њар гунна мардум нишасту хест бикун ва њаќиќати њол маълум намо. Ба ту бист рўз мўњлат.
--Ба чашм.

Мераванд.

12.

Ќасри шоњаншоњ. Вазирону бузургон њама љамъ омадаанд. Сипањсолор низ њамон љост.
Шоњ мепурсад ва донандагон љавоб медињанд.

--Эй бузургон, муаммое пеши ман омадааст. Маслињати Шуморо мепурсам:  мансабдори сарватманде њаст, ки сарвати бенињоят зиёде дорад ва як бенаво низ њаст, ки ў њам парастори яздон асту рўзе дуто нони хушк насиби ўст. Ва мансабдори сарватманд њамин насибаи уро њам ба зўрї ситонад, сазовори чист?

Њозирин ба якдигар менигаранд ва хомўш мемонанд. Њама дар андешаи он, ки гап дар хусуси кї меравад. Сипањсолор луќма медињад:

--Бо он тартиби нави одилона, ки чанде пеш фармуда будї ва мо њама бар он ќоим шудем, ин кас мустављиби њама гуна уќубат аст. Ва њар љазое, ки ба ў дињанд сазовор аст.

Њозирин ба Сипањсолор бо маънии таънву  сарзаниш менигаранд.

--Эй бузургон, бигўед, ки воли Озарбодагонро чї миќдор дастгоњ бошад?
--Ду бор њазор њазор динор, ки ўро бад-он њољат нест.
Аз матоъ ва таљаммул?
--Сесад њазор зарринаю симина.
--Аз љавоњир?
--Понсад њазор њазор динор
--Мулку мустаѓалу зиёъ?
--Дар Хуросону Ироќ ва Озарбодагон, њељ  шањру ноњияте нест, ўро дар он љо  корвонсарову осиё, гармобаву мустаѓал нест.
--Чањорпой?
--Сї њазор.
--Бандаи дирњамхарида?
--Њазору њафтсад ѓуломи румї ва њабашии дирњамхарида. Ва чањорсад канизак дорад.

Сипас шоњ ба Сипањсолор мурољиат кард:

--Чунин аст, волии бузургвор?
--Бале, шоњам.
--Ана њамин одам  аз заифае, ки насибааш аз дахли боѓи меросии падараш рўзе дуто нони хушк аст,  боѓи уро ба зўрї кашида гирифтааст. Инак ин заифа ва инак он ходиме, ки ќиќати корро дар он вилоят ошкор намудааст. Чунин буд?


кнун бигўед, эй бузургон, касе бо чунин миќдор сарват аз заифи дигар, ки дар олам ўро насиб рўзе дуто нон бошаду њамон дуто нони хушк аз ў ба зўрї ситонад, бар ў чї вољиб бошад?

Лањзае хомўшї. Вазири 1 маслињат медињад:

--Бо он чи, дар сўњбати ќаблї гуфтем, ва худи Сипањсолор иќрор буданд, ин кас мустављиби њама гуна уќубат аст, њар љазое, ки ба ў дињанд,  сазовор аст.
--Пас, њам акнун бихоњам, ки пўсти ў бикананд ва гўшти ў ба сагон дињанд ва пўстро пури коњ кунанду бар дари Сарой биёвезанд ва њафт рўз мунодї кунанд, ки и Баъди ин ситам кунад, ва тубраи коње ё дастаи тарра  аз кассе ба зулм бмситонад,бо ў њамин кунањамин кунанд, ки бо ин карданд.
--Њукми шоњаншоњ вољиб аст.
--Баред ин ситамгари зулмпешаро, ки бар номи неки шоњони Оли Сосон иснод овардааст.

Ду сарбоз Сипањсолори забону њуш гумкардаро мебаранд..
Табассум ва фориѓболї аз чењраи њамагон дур шуда беихтиёр таъзим мекунанд ва аз тарс хомўш мемонанд. Анўшервон идома дод:

-- Баъд аз ин бо ситамгорон љуз ба шамшер сухан нахоњам гуфтва мешу бара аз гург нигоњ хоњам дошт ва дастњои дароз кўтоњ хоњам кардва муфсидонро аз рўи замин пок хоњам кард.Ва љањонро бо адлу дод ободон хоњам кард, ки худои таоло маро аз бањри ин кор фиристодааст.Шумо акнун љањд кунед, то коре накунед, ки бо Шумо њамин равад, ки бо ин золим рафт.
--Нек бошад.
--Эй модар, он, ки бар ту ситам кард, љавобаш додам ва он сарову боѓ, ки замини ту дар он аст, ба ту бахшидам. Ва сутуру нафаќа фармудам, то ту ба саломат  ба шањри хеш бозрасї ва маро ба дуо ёд орї.
--Эзид аз умр бархурдорат кунад. Њарки шоњї кардан омўзад, аз ту ибрат бигаирад.

Меравад.
Анўшервон ба вузаро мурољиат мекунад.

Чаро бояд, ки дари сарои мо бар ситамгарон кушода ва бар ситамрасидагон баста бошад? Раоё дињандаанд, лашкариён ситонанда. Пас вољиб чунон аст, ки бар дињанда ё
Дар кушодатар бувад аз он, ки бар ситонанда. Агар ин пиразан рањ биёфтї ба сарои мо, њаргиз ўро ба шикоргоњ рафтан њољат набудї.
--Нек бошад.
--Бигўед, ки дар ин дањ сол чизе ба новољиб аз кї ситтадаед!? Агар ба ноњаќ касеро биёзурдаед, бояд, ки мову Шумо бар он шавем, то эшонро хушнуд кунем пеш аз он, ки касе ба даргоњ раваду аз мо шикоят кунад.

Њама ба зорї медароянд.

--Гунањгорем, малико. Мўњлат дењ, то аз гуноњи худ пок шавем ва њар ситамрасидаро љавобе дињем…

Муаррих. Њамгинон биистоданд ва хасмонро хушнудї љустанд баъзе ба узру баъзе ба мол ва бо ин њама хат ба иќрор меситтаданд, ки фалон аз фалон хушнуд аст ва њељ даъво надорад.
Бад ин сиёсати вољиб, ки Нўшервон бикардмамлакати ў рост биистод ва њама дастњои дароз кўтоњ шуду халќи олам баросуданд, чунон ки њафт сол бигузаш, ки њељ касс ба даргоњи ў аз мутазаллимин наёмад…


Рецензии