Шикасти аввал. аромита драма

 
ШИКАСТИ  АВВАЛ. КАРОМИТА

(фољиа)

Иштироккунандагон:

Наср ибни Ањмади (Насри II) Сомонї
Муњаммад ибни Ањмади Нахшабї
Маќдод
Шайхулислом
Сипањсолор
Талан-Лавкон
Нўњ ибни Насри Сомонї (Нўњи I)
Љаъфар
Ширинї
Илёс
Усмон
Ситора
Мањпарї
Ходимон, дењќонон, сарбозон, ѓозиён.

Воќеаи солњои 942-943 мелодї

ПРОЛОГ

Мусиќии хуше, ки ављи олии Оли Сомонро ифода мекунад.
Овози Муаррих аз паси парда садо медињад.

Овози Муаррих. Ай дўсти азиз, бидон ва огањ бош – давлате, ки Амири Одил Абуиброњим Исмоил ибни Ањмади Сомонї бунёд кард, бо иќтисоду фарњанги волои худ базудї шўњраи офоќ гардид. Аз кулли Мовароуннањру Хуросон, мамолики Арабу Њинду Чин, алломањо, адибону шоирони соњибњунар ба даргоњи Сомониён омаданд ва хосса дар ањди Наср  ибни Ањмади Сомонї Оли Сомон ба ављи олии худ расид. Дар он аср дар адабиёт, илм, њисоб, њандаса, мусиќї, њунармандї, фалсафа, фиќњ ва ѓайра тољикон бар њама донишмандони олам фирўз буданд.
Вале бо ин њама бузургї дар айни ављи камолоти давлат сарнавишт бар дили мардуми тољик зарбаи њалокатоваре зад. Ин як сањве, хатое, беэњтиётї бар дини мубини ислом аз љониби амир Насри 2  буд.
Дар охири асри IХ ду давлати нисбат ба хилофати њукмрони Аббосиён хусуматдошта ба миён омад: яке давлати ќаромита дар Бањрайн ва дигар – хилофати фотимиён дар Маѓриб, ки баъдтар Мисрро њам забт намуд. Давлати ќарматињо њангоми тохтутозњои худ Маккаи муќаддасро њам забт намуда санги сиёњи муќаддаси Каъбатуллоњро бурданд ва чун бидъатгузорони аз њама љангљўй дар тамоми Шарќ ном бароварданд. Дар асрњои Х-ХI фотимиён ва ќаромита, ки якљоя бар зидди хилофати Аббосиён мубориза мебурданд, њардуро ќарматї меномиданд. Чун исмоилињои Миср худро тарафдори Алї ва авлоди ў мењисобиданд ва ќарматињо њам таълимоти зоњиран ба шиа монандро пайравї мекарданд, он ваќтњо истилоњи ќарматї маънии умумии ањли бидъат, муборизи мазњаби њанифии суннї, инчунин шиї ва рофизиро њам ифода  мекард.
Ќаромита аз љињати идеологї ба исмоилия наздик буд ва бисёр унсурњои тоисломї, аз он љумла,  баъзе хусусиятњои мазњаби маздакияро низ ќабул намуд. Аз ин љост, ки вай дар байни мардуми озодихоњи Мовароу Ому ва Хуросон низ тарафдорони зиёде пайдо намуд. Ањли њунар, ањли бозор, шоирону мутафаккирон дар а;оиди ќаромита як навъ эњёи тамаддуни Сосониён, Суѓдиёнро медиданд. Аммо бисёр њокимони ошўбгар неруњои ќаромитаро ба маќсади худ истифода мебурданд. Аз он љумла, њанўз соли 907 аз љониби Сомониён њаракати ќаромита бо сарварии Абубилоли хориљї пахш гардид, вале пас аз чанде волии Хуросон – Њусайн ибни Алии Марвазї ќаромитаро ба маќсади худ истифода бурда ба вай сарварї кард ва зидди њокимияти сомониён шўриш бардошт. Аммо шикаст хўрда соли 919 худаш асир афтод ва дертар дар зиндон ба њалокат расид.
Сипас роњбарии ќаромита дар Моварои Ому ба Муњаммад  ибни Ањмади Нахшабї гузашт. Вай ба он муваффаќ шуд, ки ќаромитаро бисёр амалдорони давлат, тољирон, пешаварон, шоирону мутафаккирон пазируфтанд ва нињоят ба дарбори Сомониён роњ ёфт. Ањли хирад он замон дар аќоиди ќаромита даъват ба озодиву истиќлоли комил, озодиву баробарии инсонро медиданд…

Ќисми I

НАМОИШИ I

Бухоро. Майдони Регистон. Дўкони соби;и  Абўшакур як љои бароњат, базмушшуарои замон ва мулоќотњои хосса гардидааст. Кадхудоии вай ба дўши писари Абўшакур – Абўљаъфар афтодааст. Њоло Абўљаъфар олими  ситорашинос аст. Бо табъи ошуфта мебарояд.

 
 
Љаъфар. Набояд, ки дар ќироати гардиши ситорањо хатое равад. Бори дигар њисобу њасаб кунам. Оли Сомон дар ављи олист. Њама розї, њаво мувофиќ, замин њосилбахш, шўњраи офоќ гардида уламову удабояш. Ин хатар аз куљост? На, ман сањве мекунам дар кушодани муаммои ситорањо.

Меравад. Њоло мебинем, ки дўкон пур аст аз сарбозон, дар гўшае Сипањсолор ва амирлашкар Талан-Лавкон, дар гўшаи дигар дабири кабир Маќдод  ва сарвари ќарматињои Мовароуннањр Муњаммад  ибни Ањмади Нахшабї сўњбат доранд. Зоњиран сарбозону Сипањсолор муњофизони онњоянд. Дар байни онњо ду сипоњии љавони ќавибозу – Илёс ва Усмон фарќ мекунанд. Илёс дар хизмати Маќдод асту Илёс дар хизмати Сипањсолор. Илёс пештар меоянд ва бо духтари соњибљамол Мањпарї рўбарў мешавад ва одамону оламро фаромўш мекунад ва арзи муњаббат мекунад. Ин дафъаи аввал нест.

Илёс. Худоё, Мањпарї, соатест, ки дар дўкони падарат овораем ва чашмонам танњо туро мељўянд, нињоят ба ин саодати олї комёб шудам. Ба ростї, ман ба хуршед њасад мебарам, ки имкон дорад њар рўз туро аз субњ то шом наззора созад, ба оби љўй рашк мекунам, ки њар рўз дар оби вай рўй мешўиву ба љўшу хурўш меоварї, ба боди сабо њасад мебарам, ки имкон дорад њар гоњ рўю мўи ту сила кунад ва масти накњати хуши ту ба малакут равад, ба замини сиёњ њасад мебарам, ки њар лањза пойи туро мебўсад ва бо саодати абадї ёр аст.
Мањпарї. Кифоят аст, љонам. Бо ин њама бухлу њасад шукуфонї бањор.
Илёс. Фаќат як чиз маро тасалло бахшад: умеди висоли зудпайванд. Ба падарам чї љавоб доданд?
Мањпарї. (бо њазл). Чї донам? Гуфтанд, ки лоиќ нест…
Илёс. Худоё, дилам аз кор монд.
Мањпарї. Ту сарбози матинї, бо ин дил чи гуна биљангї?
Илёс. Агар дили ту бо ман аст, аз њазор душман боке надорам.
Мањпарї. Бешафќат, дили маро кайњо рабудаї, ба яѓмо бурдаї.
Илёс. Ташаккур. Ин лањза соати хушбахтии ман аст. Рўзи туй маслињат шуд?
Мањпарї. Ба гумонам, рўзи бозор чї андешае доранд. (Бо њаё меравад.)
Илёс. Чї хушбахтист!

Дар сари хони Сипањсолору Талан-Лавкон савдои гарм.

Сипањсолор. Боз ду њазор дирњам бидењ!
Талан-Лавкон. Шафќат кунед, Сипањсолор.
Сипањсолор. На, як фулус кам намекунам!
Талан-Лавкон. Хуб, рўзи бозор њисобї кунем.
Сипањсолор. Бале.
Талан-Лавкон. Ба хотири  хушии дили шумо розї мешавам ба ин нархи гарон.
Сипањсолор. Инњо ободтарин ва фарохтарин ќишлоќњои Бухороянд.
Талан-Лавкон. Шукр, дар Бухорову кулли давлати Сомон њоло ягон дењи хароб нест. Вале мехоњам, ки ин дењоти шумо чун нишони дўст, чун њадяи устод ба фарзандонам нишона монам. Имсол чањор писарамро зан медињам ва мехоњам ин ќишлоќњоро њадя кунам.
Сипањсолор. Олї. Тўй хазинаи худост. Дар беруни бораи Бухоро низ ду дењ аз ман аст. Хоњї, арзон мефурўшам. Бубин, шояд писандат ояд?
Талан-Лавкон. Хуб, хоља. (Ба як тараф.) Ин намедонад, ки имсол нархи гандум баланд мешавад. Баъди ду моњ гандум мерасад ва харољоти маро ба маротиб пўшонад. (Ба Сипањсолор.) Албатта мегирем.
Сипањсолор. Ба ин муносибат рўзи бозор ман базми калоне барпо кунам.
Талан-Лавкон. Худо агар хоњад, гўед.
Сипањсолор. Худо агар хоњад, агар не, ман ин кор бикунам! Ња-ња-ња…

Дар сари хони Маќдод ва Нахшабї низ сўњбат идома дорад.

Маќдод.  Ман ба хизмат тайёрам. Вале имрўзњо табъи њумоюнии амир гирифта асту тоби сўњбати уламо надорад.
Нахшабї. Фармудаи шумо тайёр аст. (Ќуттиеро медињад.) Бо ин дорувор табъи њама кас болидаву хуш гардад.
Маќдод. Хеле хуб. (Бо ишораи ў Илёс ќуттиро мебарад).
Нахшабї. Ин хизмате, ки шумо дар назди дини мубини ислом адо мекунед, аз љониби худованд ќабул гардад ва шумо саодати абадї ёбед дар малакут ва мукофоти шумо ба маротиб афзояд.
Маќдод. Ман марди савобљўям. Мекўшам, ки имшаб амири бузургвор Наср  ибни Ањмадро омода созам. Фардо, шом базми ќабул фармоям ва шуморо муаррифї кунам. Кори басо мушкилест.
Нахшабї. Ба иќболи шумо, имрўз аксари ањли илму адаб ихлосманди моянд, њољиби калони дарбор, девони муставфї, раиси шањр ва чандин амалдорони дигар пайравони тариќати моянд.
Маќдод. Вале фаромўш накунед, шайхи бузургвор, ки гуфтаанд: як задани оњангару сад задани сўзангар! Агарчанде њазорон амалдор ихлос доранд, манзалату рисолати мо дигар аст.
Нахшабї. Албатта. Мо низ дар андешаи изњори њамин нукта будем. Он њама як сў, иродаи шумо як сў. Ва фардо агар ин њодисаи таърихї ба вуќўъ ояд, шуморо аз мукофот бениёз хоњем кард.
Маќдод. Хуб. Рўзи бозор тўњфаи хосса тайёр кунед.
Нахшабї. Тўњфа омода аст. Рўзи бозор хоњед гирифт.

Маќдод мехезад. Нахшабї ва њама дигарон мераванд.
Ситора, Ширинї, Љаъфар сўњбаткунон пеш меоянд.

Ширинї. Рўзи бозор тўй.
Љаъфар. На, ба ваќти дигар монед. Ин чї рўзи нањсест, ки ситорањо шањодат медињанд. Мусибате хоњад шуд. Ё заминларза, ё ошуб, ё вабо…
Ширинї. Осуда бош. Рўзи бозор тўйи писари ман мешавад. Албатта аз хонаи падар арўс шуда рафтани духтарат барои ту мушкил аст. Вале табиати инсон њамин аст. Осуда шав.
Љаъфар. Афсўс, ки ин нишонаи мусибати дигар аст.
Мераванд. Илёс ва Усмон меоянд. Илёс бо нигоњаш Мањпарї мељўяд. Њарду дўстони деринаанд.

Илёс. Дабири кабир ваъда дод, ки то соли дигар мансаби волое медињад.
Усмон. Агар ки чунин њолат бардавом бошаду талаб танњо илму њилму хизмат бимонад, мову ту њама мансабу маснад тасхир кунем.
Илёс. Бале, мо онем, ки дуњули бумафкан дорем, дирафш дорем болобаланд, аслиња њама дар зирењ, ќасми мо њилолї, сиблати мо шофї, кулоњњо шоњї, саворї њам шањирї ва дар мардї касе дар љањон бо мо баробар наояд!
Усмон. Бале.
Илёс. Шод бош, дўстам.
Усмон. Шом биё, базме барпо кунем.
Илёс. Айни муддао хоњад буд.

Мераванд.
Љаъфар хотирпарешон меоянд.

Љаъфар. Худовандо, чаро рафтори ситорањо чунин нохуш аст аст. Чи мусибате бар сари мо ояд? Худовандо, Нањси Кайвон аз сари мо дур кун.

НАМОИШИ 2

Бухоро. Дарбори амир Наср  ибни Ањмад. Базми гуворои ањли илму адаб идома дорад.

Наср. Хўш, шайх Муњаммад  ибни Ањмади Нахшабї чї мефармоянд?
Нахшабї. Зињї, амири бузургвор, имрўз дар олам бузургтар аз ту ва бошањоматтар аз ту шоњаншоње нест! Адлу инсофи амирам ба љое расида, ки гургу меш аз як љой об хўранд! Фазлу њиммати шоњаншоњ ба љое расида, ки њама фозилони Мовароуннањру Хуросон, Арабу Аљам, Њинду Чин, Ашриќу Аѓриб хоњони поймардии базми фазли шумоянд! Ин орзуи деринаи банда имрўз љомаи амал пушид ва банда саодатмандам.
Наср. Чаро то имрўз аз хизмати мо дур будї?
Нахшабї. Метарсидам, ки фазли мо њоло дар балоѓати тамом нест. Ва имрўз низ дар андешаам, вале олињимматию соњибато будани шумо љуръатам бахшид.
Наср. Олими хуб мисли шоиру њунарманд мулкро шўњраи офоќ кунад, ба дили мардум рў; бахшад.
Маќдод. Бубин, шоњам, аз чењрааш нури илоњї меборад.
Наср. Аз дилу дањонаш чї?
Маќдод. Имтињон мебояд кард.
Наср. Имтињонаш бикун.
Маќдод. Ба чашм. Бузургворо, шукўњу шањомати дарбор чї гуна мебинї?
Нахшабї. Њамон гуна, ки шоири  шањир Шањидї фармуда, вале аз он бештар:
Шунидаам, ки бињишт касе тавонад ёфт,
Ки орзу бирасонад ба орзуманде.
Туро агар малики чиниён бидидї, ўй
Намоз бурдиву динор барпарогандї.
В-агар туро малики њиндувон бидидї, ўй,
Суљуд кардиву бутхонањош барпарокандї.
Туро саломат бод эй гули бањору бињишт,
Ки сўи ќиблаи рўяш намоз хондандї.
Маќдод. Ањсант!
Њама. Зињї! Ањсант!
Маќдод. Имрўз ба ту чї  бештар аз њама писанд омад?
Нахшабї. Эњтироми зоњирию феълие, ки амири бузургвор ба ањли илму адаб доранд ва намегузоранд, ки онон замин бўсанд. Чунин эњтиром дар ягон мамолики олам надидам. Аз ин љост, ки уламову шоирони шумо дар њама соњаи њунар, фалсафа, адабиёт, њисоб, њандаса, мусиќї, фиќњ бар олимону донишмандони олам пирўзанд.
Наср. Бале. Шоири заминбўс сухани малакутї натавонад гуфт.
Нахшабї. Ин њама аз нињояти фазлу бузургии шумост.
Наср. Бухоро чї гуна мебинї?
Нахшабї. Чуноне, ки маликушшуаро Абўабдуллоњи Рўдакї фармуда:
Имрўз ба њар њоле Баѓдод Бухорост,
Куљо мири Хуросон аст, пирўзй он љост,
Соќї ту бидењ бодаву мутриб ту бизан руд,
То май хурам имрўз, ки ваќти тараби мост!
Маќдод. Зињї!
Њама. Зињї! (Барои Нахшабї ќадањи май меоранд).
Наср . Бухоро пешкаш. Аммо аљаб аст, ки шайхи ислом май талабад.
Нахшабї. Маъзарат. Ду њолат маро густох созад: Аввалан дар њузури шоњаншоњ њама шарр ба хайр бадал гардад, зеро ки иблис зањра надорад, ки амале содир кунад ва њама вайронї аз васвасаи иблис бошад:
Малик он ёдгори Оли Доро,
Малик он ќутби даври Оли Сомон.
Агар бинад ба гоњи кинаш Иблис,
Зи бими теѓи ў бипзирад имон.
Ба пои лашкараш Ноњиду Њурмуз,
Ба пеши лашкараш Мирриху Кайвон.
Маќдод. Офарин! Чунин аст!
Њама. Офарин!
Нахшабї. Њолати  дуюм он аст, ки май хурдани ман аз дастдарозии баъзе уламо ба моли давлату мардум авлотар аст. Охир молики ин обу замин танњо худованд аст ва он зоти олї аз инсон хирољ талаб намекунад. Ё хайр?
Маќдод. Алњаќ.
Њама. Алњаќ.
Нахшаб. Кулли муслимин бо хираду дониш ва ќудрати бозувон сарвати њаќтаоло бештар мекунад, вале њама файзу неъмат ба коми чанд тан уламои ислом равад, ки ин ба оллоњи таъоло писанд набошад. Ин магар хилофи фармудаи худованд нест?
Маќдод. Хилоф аст.
Њама. Хилоф аст.
Нахшабї. Магар худованди азза ва љалл фармудааст, ки бархе аз уламову сарлашкар, мулкдорони бефурўѓ барраи бирёну нони бољазза хўранду анору ношпотї ва шароби ноб, вале зањматкаше, ки ин њама нозу неъмат офарида, курси нони љав бо оби сард хўраду кабоби њасрату хунобаи дил? Дидани чунин њол магар ба худованд хуш меояд? Магар дар чунин њол муњаббати раъият бар малику бар мулк кам намешавад?
Маќдод. Алњаќ!
Њама. Алњаќ.
Нахшабї. Сарњангон ва  уламои рошиддин, ки дидаро нодидаву нодидаро дида мењисобанд, њама ѓуломи нафси маљњули хеш гардида охирин нони дењќонро бо номи оллоњ меситонанд, вале тўъмаи рўдаи хеш мекунанд!
Њама. Алњаќ.
Нахшабї. Ин магар оини мусулмонист? Ин куфри мањз аст, ки доѓи фитнааш ба дарбор ва худи њазрати амири кабир меафтад. Њол он, ки амирам ќутби исломанду хомии дарвешон ва навозандаи дењќону уламову удабои асил.
Маќдод. Алњаќ!
Њама. Алњаќ.
Нахшабї. Аз ин љост, ки май хўрдан дар њузури шоњаншоњ айни савоб аст:
Рост гўї, ситорагон малаканд,
Чашмаи офтоб – шоњаншоњ!
Зиндагонии малик дароз бод!
Ё раббал оламин! Оллоњу Акбар!

Њама менўшанд. Вале Нахшабї ќадањашро ба лаълї мегузорад.

Наср. Вале бо ин  њама ќадањро ба лаълї гузоштї?
Нахшабї. Ин замон дар чашмони амири бузургвор њузне дидам ва њамдиёрони азияткашидаи мо пеши назар омад, ки ин њама нозу неъмат танњо дар хоб мебинанд. Ин замон ё шикаста бод дасти ман, ё кўр бод чашмонам, то њоли њамкасон набинам ва ё тира бод њушам, то њоли дили амирам надонам!
Наср. Мебинам, ки имони ту комилтар аз дигарон аст. Хилъат биёред.
Маќдод. Ба чашм.
Ба Нахшабї хилъат мепўшонанд.

Нахшабї. Муташаккирам, шоњаншоњи олам.
Љањон гувост мар-ўро, ки дар љањон малик аст,
Бузургвору сазовори нусрату таъйид.
Бидод неъмату бас шокир аст дар неъмат,
Бар ин ду бошад султони тахтро пойид.
Наср. Њарчи хоњише дорї, бигўй.
Нахшабї. Агар ба љон зинњор дињї, сухане дорам.
Наср. Бахшидам. Бигўй.
Нахшабї. Дар њайрати онам, ки ин давлати абарќудрат бо ин њама шўњрату лашкару иддат бандаи мазњабии хилофати аббосиён аст ва наметавонад соњиби истиќлоли пурраи сиёсї бошад. Дар њайрати онам, ки уламои рошидин чаро ин ќадар густоханд ва зидди давлат мардумро ба шўр меоваранд, бевосита сиёсати аббосиён таблиѓ мекунанд ва давлати олишонро пойбанди онон кардаанд.
Наср. Оли Сомон бандаи касе нест. Давлати абарќудратест. Ниёи мо – Исмоил ибни Ањмад моро озодиву истиќлол бахшидааст.
Нахшабї. Маъзарат, амири бузургвор. Зоњиран чунин аст. Вале феълан муллоњои рошиддин дар масољид ба номи шумо хутба мехонанд, аммо дилашон ба хилофати аббосиён аст. Модоме, ки дар мазњаб пайрави аббосиёнанд, дар амал низ мутеъи ононанд, ва ин истиќлол комил нест. Ва дар асли њол, уламои рошиддин мулкрову маликро аз асли ниёгон – аз дудаи Сосониёну Оли Сомон буридаанд, мулкрову маликро аз оину мазњаби аслии ниёгон – Авастову Зардушт, аз тамаддуни аслии ориёї буридаанд, мулкрову маликро мутеъи аббосиён гардонидаанд.
Наср. Куљоянд шайхулислом?
Маќдод. Њозир нестанд, њарчанд  даъват шудаанд. Шояд ки худоиеро аз базми шоњаншоњ авло донистаанд.
Наср. Аљаб аст ин.
Нахшабї. Онон, ки парастишгари аббосиёнанд, аз онњо тўњфањои зиёд мегиранд ва дар амали хеш озоданду густоњ. Ин замин нарм гаштааст аз хуни шањидони мо, ки дар љангњои зидди ѓосибони аљнабї љон фидо кардаанд, вале уламои рошиддин дар болои хоки шањидони аъло намоз  хонда рўњи поки онон ва наслњову аслњои моро ба аббосиён мефурўшанд. Ва ишорате кифоят аст, ки онњо бар шумо низ хиёнат кунанд.

Лањзае хомўшї.

Маќдод. Ин сухани талх, вале одилона танњо аз забони фариштаи осмон, ё нобиѓаи бузурге барояд.
Наср. Ман њам сари ин масъала бисёр андеша мекунам. Ман њам мехоњам, ки Оли Сомон бапурра мустаќил бошад. Оё мазњабе њаст, ки мудофеи исломи асил бошад ва њам мудофеи манофеи Оли Сомон?
Нахшабї. Њаст. Мазњаби навест дар олами ислом, ки дар Байнаннањрайну Нањрайн ва Сурия ѓолиб омада давлати мухторе дар Алањзо созмон дода, борњо бар зидди хилофати аббосиён ошўбу нењзат кардааст, ба наздикї ба Макка њуљум карда пояњои хилофатро ба ларза овардааст.
Наср. Шариату тариќат дар ин мазњаб чи гуна аст?
Нахшабї. Њамон аст, ки дар асли ислом мебошад: шариат монеаест байни фидої ва аъмоли бад, тариќат дарахти дин аст, њаќиќат зоњири ин дарахту меваи он аст. Маърифат бошад, маззаи он мева, моњияти ботинии дини мубини ислом аст. Дар ситоиши Акли Кулл ва Инсон. уламои рошиддин таќлиди зоњирї талаб мекунанд, ќаромита бо аќлу мантиќ ботини Ќуръонро таъвил кунанд. Мисол, тўтивор хондани Ќуръон, зиёрати маќбараи авлиё, Санги Каъба – парастиши зоњирии ислом аст, зиёда аз он, пайравї бар бутпарастони куништ аст.
Сар;анг. Валлоњ, ки аз ин суханњо бўи куфр меояд.
Маќдод. Осемасар набошед. Мо аслан ба шароб дода шуда аз сўњбатњои маънавї дур мондаем. Бинобар ин њар як фикри бикр моро ба дањшат меорад. Вале фаромўш накунед, ки мо њоло дар сўњбати нобиѓаи аср њузур дорем ва ин соат лањзаи њассоси таќдирсози таърихист.
Сарњанг. Дурусту ба гумонам…
Маќдод. (оњиста). Ба гумонам, шумо маст шудаед, сипањсолор. Сухан оњиста гўед, ки дарбори моро ба љоњилию нодонї муттањам накунанд.
Сипањсолор. Шояд.
Наср. Чаро уламои рошиддини мо ин мазњабро ќабул намедоранд?
Нахшабї. Нозу неъмати муфтро аз даст додан намехоњанд. Маълум, ки хулофаи аббосї онњоро бо зару мол таъмин мекунанд ва онњо бидуни кўмаки давлат њам метавонанд амал кунанд. Њол он, ки замину олоти зиёде ба номи масољиду мадраса ва;ф гардидааст. Ва бо њар бањона аз мардуми бечора ба масољид зару мол гирд меоваранд. Дар Алањзо масљид нест ва њама баробар дар саноату зироаткорї мекўшанд. Аз ин љост, ки иќтидори он давлат рўзафзун аст. Бо фатвои уламои мо ќисме зањмат мекашанду ќисме муфт нон мехўранд. Ин њама иќтидори мулки бузурги Оли Сомон коста гардонад аз решањои суннат канда кунад ва истиќлоли моро халалдор созад. Ва хубии кор дар он аст, ки ин давлати бузурги ќарматї тайёр аст ба мо кўмак расонад.
Маќдод. Чї амри хайре! Ин хости оллоњи таъолост. Ин аз бузургї ва фазилатњои амири бузургвори мост! Ин имкон аз даст набояд дод!
Њама. Алњаќ! Алњаќ!

Лањзае хомўшї.
Наср. Ман дар андешаи истиќлоли комили мулки аљдодиям. Агар маќсади ин мазњаб эњёи тамаддуни ниёгону истиќлоли давлат аст, ба мо писанд аст. Туро вазири хос таъин мекунам. Пагоњ сари ин масъала сўњбати алоњида кунем. Њоло базм ороед. Умеди ќавие дар дил падид омад.

Базм ављ мегирад.
Байни Сипањсолор ва Талан-Лавкон бањсе сар мезанад.

Талан-Лавкон. Хоља, ба гумонам, савдои мо хом аст ва ман ќишлоќњои шуморо соњибї карда наметавонам.
Сипањсолор. Чаро, афандї?
Талан-Лавкон. Ин мулло баробарии љамоавї талаб карду амир ба гуфтаи вай мувофиќ омад. Агар кор њамин тавр сурат гирад, мисли даври Алии Марвазї ќиём кунанд ва мулкњои моро кашида гиранд.
Сипањсолор. Њм, ту њам мастї магар, ки сўњбатњои орифонаи алломањоро намефањмї? Ин фариштаи осмон буд, гапњои хушрўи осмонї гуфт. Ту бошї, дар фикри замин мондї! Њи-њи-њи!
Талан-Лавкон. Аммо чи будани ќаромитаро ман хуб медонам. Ин љароњати рўям нишона аз зарби шамшери ќарматї аст! Оќибаташ бахайр шавад.
Сипањсолор (бо мазамат). Сухан оњиста гўй, ки дарбори моро ба љањолату нодонї айб накунанд. Бењтараш бо мо шароб бинўш.
Талан-Лавкон. Њушёр бошед, ки њама аз даст равад.
Сипањсолор. Чї аз даст меравад?
Талан-Лавкон. Молу мулк, имон, давлат. Њамааш.
Сипањсолор. Пас, чаро ваќте ки ман эътироз кардам, хомўш шудї. Чаро ваќте ки Маќдод маро ба мастї муттањам кард, ба њолам хандидї, писханд задї?
Талан-Лавкон. Ин айби ман аст. Ин айби њамаи мо, дарбориён аст, ки аз њад зиёд забони худро эњтиёт мекунем, бехабар аз он, ки сарро бой медињем. Љуръат накардам, таќсирам. Вале њоло бояд чорае кард, ки мулкњои мо аз даст наравад. Ќаромита балои азим аст, сипањсолор! Беш аз ин хомўш будан хатар дорад.
Сипањсолор. Хомўш нашин, дод зан, нола кун.
Талан-Лавкон. Нолаи ман чун фиѓон дар дашти Карбало ба љое нарасад. Тањамтане мисли шумо бояд ба миёна дарояд.
Сипањсолор. Ба ман чї? Ман мулкњои худро њимоя карда метавонам. Кї љуръат дорад, ки  ба њаволии ман дарояд? Кї?
Талан-Лавкон. Дар њаќиќат, мастї, хоља. Њушёр шав! Ошўб – ошўби динист! Мисли сели дамон аст! Мисли вабост, њама чизро дар сари роњаш шиканад, сўзонад, ба яѓмо барад.
Сипањсолор. Њм… Рост… вале акнун аз дасти ман чї ояд? Сухан гуфта шуд. Зидди иродаи шоњ чї кардан мумкин аст?
Талан-Лавкон. Ба шайхулислом арза кунем, бо ќуввати бозуи шумо ва њукму фатвои вай ба  љое расидан мумкин.
Сипањсолор. Чаро вай дар ин маљлис нест?
Талан-Лавкон. Ин фитнаи душман аст, њилањои  ба ман маълуми ќарматї аст. Ўро махсус фиреб дода ба коре андармон сохтаанд, то ки Муњаммад  Нахшабї бе њузури донишмандони муќобил фикрашро ба шоњ гузаронад.
Сипањсолор. Пеши шайхулислом равему њамаро ба пой хезонем то мулкњои ман аз даст наравад. Рўзи бозор  ман бояд базми пирўзї барпо кунам!
Талан-Лавкон. Омин, Оллоњу Акбар!

Сањна торик мешавад.


НАМОИШИ 3.

Бухоро. Дарбор. Наср  ва Муњаммад  ибни Ањмади Нахшабї.

Наср. Ман њамеша дар фикри онам, ки Оли Сомон соњибистиќлол бошад ва ба касе хирољ надињад. Њарчанд, ки мулкњои мо зиёд асту лашкар бешумор, њарчанд, ки Бухорову Самарќанд, Чаѓониёну Истаравшан, Ќубодиёну Хутталон, Фарѓонаву Исфиљоб, Хоразму Хуросон, Њироту Сиистон, Балху Гарљистон њама мулкњои шукуфонанду лашкару иддати зиёде дода метавонанд, оромиву осудагї пеша кардаем ва аз хилофати Аббосиён андеша дорем ва њанўз маншури маликї аз онњо мегирем.
Нахшабї. Ин њама аз сиёсати хилофати Аббосиён ва уламои рошидини мост. Шайхулислом њамеша фармонбари аббосиён аст. Ва тарсам, ки берун аз иродаи шумо низ корњо бикунад.
Наср. Оё далел њаст?
Нахшабї. Далел њамон аст, ки бо ин њама њашамату бузургї Оли Сомон бакуллї мазњаби озод нест.
Наср. Оё давлате њаст, ки моро дастгирї кунад барои халосї?
Нахшабї. Њаст. Давлати Алањзо, давлати Фотимиёни Миср. Ба Шумо дар сўњбати дерин гуфтам, ки Фотимиёни Миср солњост, ки бо ќувваи андак ба Аббосиён ѓолиб меоянд. Зеро ки дилу рўњи онњо озод аст. Ва онњо шуморо ба истиќлоли комил даъват мекунанд.
Наср. Шарти онњо чист? Наметавонад чунин давлати пурќувват бидуни шарте кНмак расонад.
Нахшабї. Шарте нест. Танњо кофист, ки амири бузургвор ба ќаромита моил шаванд ва биписанданд.
Наср. Ќисмати ояндаи мулк љуръат металабад. Модоме, ки онњо шарте надоранд, ман ба ќаромита гаравидам!
Нахшабї. Оллоњу Акбар!

Нахшабї меравад.
Шайхулислом, Сипањсолор, Талан-Лавкон меоянд.

Сипањсолор. Зиндагонии малик дароз бод. Бо амри дил омадем, то маслињате бикунем.
Наср. Омадани шумо бо Шайхулислом аз бањри чист? Аз он, ки як олими бечораи дин ба дарбори ман роњ ёфт? Бечора Нахшабї соњиби нон шуд?
Шайхулислом. Амири бузургвор…
Наср. Мўњтарам, шайх, ту сарвари ањли исломї, оё дар мукофоти ту ман таќсире кардам? Оё кам дар њаќќи шумо ѓамхорї мекунам?
Шайхулислом. На, амирам. Њамааш хуб аст, шикояте нест, аммо…
Наср. Аммо бигўй, ки чаро мо ин ќадар мутеъи аббосиён њастем?
Шайхулислом. Аввало, алњамдуллилоњ, мусулмонем. Дуввум, ин ки мо, уламои исломии Хуросону Мовароуннањр тавонистем Ќуръонро ба дарї гардонем ва дуо ба забони дарї бикунем. Уламои мо дар олами ислом ба дараљањои олї расидаанд.
Наср. Шумо натавонистед, ки моро бо асли ниёгон пайвандед, тамаддуни ќадимаи моро шикастед, моро аз наљобатњои анъанавї буридед, дур кардед.
Шайхулислом. Ба забони модарй ќироат кардани Ќуръон, дуо хондан ба забони дарї -- баробари ба забони арабї бардоштани забони дарист. Мањз бо саъю кўшиши мо забони дарї баќо монд, чунки ифодагари дини мубини ислом гашт.
Наср. Пас, чаро Нахшабї чунон гуфт?
Шайхулислом. Маќсади Нахшабї њаргиз озодиву истиќлоли мо нест. Ў танњо ният дорад, ки мо аз мазњаби аслии суннї баромада гаравем ба ќаромита аз хилофати аббосиён барканем ва ба хилофати  фотимиёни Миср пайвандем. Њол он, ки дар олами ислом онњо њамчун бидъаткорон маъруф гаштаанд. Онњо Санги муќаддаси Каъбаро дуздидаанд…
Наср. Њар кассе, ки имрўз бо аббосиён душман аст, метавонад дўсти мо бошад.
Шайхулислом. Вале ќаромита дар Оли Сомон чизи наве нест: њанўз дар ањди амири одил Исмоил ибни Ањмад дар Њирот, Ѓўр ва Гарљистон бо сардории Абўбилоли хориљимазњаб ќаромита ошўб карда буд. Лашкари мо онњоро шикаст дод. Пас аз дувоздањ сол ќаромита боз дар мулки мо роњ ёфт. Сарлашкару волии Хуросон Њусайн ибни Алии Марвазї ќаромитаро сарварї намуд. Хушбахтона, худаш асир афтод. Имрўз ба таври махфї вай дар мулки мо амал мекунад ва Нахшабї сарвари вай будааст.
Наср. Шумо, шайхулислом, аз неъмату марњамати мо бенасиб намемонед. Ором шавед. Аммо барои сарнавишти давлат ин иќдоми муњим аст.
Шайхулислом. Албатта, амири бузургвор соњиби њукму ќазоянд. Аммо вазифаи мо огоњ кардан аст: ин иќдом барои ќисмати мулк хатар хоњад дошт. Халифањои аббосї иќдоми моро нафањманд ва низоъ бархезад. Ва њама кўшишњои неки моро низ ботил шуморанд ва моро ранљњо расад.
Наср. Тир аз камон љаст. Амру маншур дода шуд. Дигар  -- сарнавишт донаду ќазову ќадар! Мо њатто розї шудем, ки бар ивази ќатли Њусайн ибни Алии Марвазї 40 њазор динор товон дињем.
Шайхулислом. Худоё! Паноњ дењ Оли Сомонро!
Наср. Тир аз камон љаст. Сухан кофист.
Сањна торик мешавад.

НАМОИШИ 4

Майдони Регистон. Дўкони Љаъфар, Илёс ва Мањпарї.

Илёс. Супоришот зиёд шудааст ва наметавонам ба хости дилам амал кунам. Ва њоло низ равонаам назди Муњаммади Нахшабї бо мактуби фаврї, вале чунон дилам танг омад, ки гуфтам агар туро набинам, њавои ин шањр буѓиям хоњад кард.
Мањпарї. Ташаккур.
Илёс. Вале мегўянд, ки ба ман вазифаи наве дињанд ва мо метавонем боз бештар хушбахт бошем. Чаро тўйро ба ваќти дигар мавќуф гузоштанд?
Мањпарї. Падарам мегўянд, ки рўзи бозор чї мусибате рўй медињад. Барои хушї мувофиќ нест. Њама пешгўињои падарам рост баромадаанд.
Илёс. Ин њама аз барои падарам. Ў марди фаќирест ва содда. Вале ман амалдори калоне шавам.
Мањпарї. Ин ќадар бетоќатї чаро? Њамааш хуб мешавад.
Илёс. Агар ин мактуби фаврї намешуд, ман худ ба ин кор машѓул мешудам ва њама дархости падаратро иљро мекардам. Афсўс, ки роњ дур асту  њамин рўз баргаштан мебояд.
Мањпарї. Мактуби аљиб. Ду хат дорад, яке калону дигар реза.

Бехотир Талан-Лавкон бо ду сарбоз меояд.

Талан-Лавкон. Писарам, ман фармоне дорам, ки мактубњои махфии ба унвонии ањли ќаромита иншошударо тафтиш кунам. Ин мактубро ба ман дењ.
Илёс. Шумо њаќ надоред. Ин мактуби худи Нахшабист.
Талан-Лавкон. Бале. Ту медонї, ки чунин кор вазифаи хоссаи мост. Мо ноаён мактубро мехонем. Ва агар хатаре барои давлат надорад, бармегардонем. Дар акси њол чорае бинем. Ва туро низ душман бихонем. Мактубро бидењ.
Илёс. Дабири Кабир – Маќдод ошуфта мешаванд.
Талан-Лавкон. Бадтар он, ки амир ошуфта гардад. Бидењ. Ту ватандорї. Барои бехатарии ватан бояд бо мо њамкорї кунї. Бидењ…
Илёс. Агар барои ватан хатаре дошта бошад бигир (Мактубро медињад.), вале аминам, ки ин љо ягон хатаре нест.
Талан-Лавкон. Њаст! Ман бо чандин намунаи ин мактубњо ошноям. Бубин, чї гуна устокорї кардаанд. Матни асосї шеър аст ва дуо:
Ба фалак-бар ду шахси пешаваранд,
Он яке дарзї, он дигар љулоњ.
Ин надўзад магар кулоњи мулук,
В-он набофад магар палоси сиёњ.
Ана бубин, зери инњо бо хати шикастаи реза навиштаљоте њаст. Бихонем: «Аз сипањсолор эњтиёт шавед. Шайхулислом монеи асосии мо гардидааст. Мувофиќи маслињат амал кунед. То рўзи бозор душмане бояд сади роњ нашавад. Нахшабї.»
Илёс. Ин чї мактубест?
Талан-Лавкон. Мебинї, писарам. Туро, фарзанди мусулмонро, барои корњои ифлоси худ, барои ќатлу куштор истифода мебаранд ва ту хабаре надорї. Бояд туро ба мањкама фиристем.
Илёс. Ман дар њаќиќат хабар надоштам, вале ин супориш бо ризоияти дабири кабир сурат гирифта.
Талан-Лавкон. Душман њар гуна пироњан ба бар мекунад. Ин мактубро ба амир бояд бирасонем.
Илёс. Вале ман чї кунам?
Талан-Лавкон. Ба мањбас мефиристем. Барои бехатарии худи ту. Ту гўё бедарак ѓайб задаї.
Илёс. Худоё, чї орзуву њавасњо доштам!
Талан-Лавкон. Ин њама муваќќатист. Агар мусулмони асилї, ба зудї туро озод кунем. Бо мо биё.

Мераванд. Мањпарї њайрон аз ќафои онњо менигарад.

Мањпарї. Худовандо, њама халќро дар паноњат дор ва дар он миён яке дилдодаи ман Илёс бошад!

Љаъфар ва Ширинї меоянд.

Љаъфар. Хавотир нашавед. Агар тинљист, бозори дигар тўй меороем.
Ширинї. Ту авлиёї, магар? Аз куљо медонї, ки рўзи бозор мотаме шавад?
Љаъфар. Ин илм аст, эњтимоли хатаре љой дорад. Ба гумонам, ин хатар байни мазњаби њанафї ва ќаромита рух дињад. Оянда маълум шавад.

Нахшабї бо чанде аз муридони худ меояд.

Нахшабї. Аъузу биллоњи минашшайтони раљим! Бисмиллоњир рањмонур рањим! Ай бародарони ањли ислом! Табли шодї занед, ки имрўз дар саросари Оли Сомон мазњаби асили ислом эълом мегардад. Ва ин мазњаб – ќаромита аст! Нахустин талаби ќаромита ин аст: баробарии њама халќи худованд њасткарда. Чун њама баробаранд, бољу хирољ надињед бар масљиди рошидин. Худованд танњо як чиз аз мо мехоњад: дўст доштан, ихлос доштан, ихлосу халос. Ва гуноњи шуморо ба динор аз масљид тавассути дуои муллое, чун шумо харидан мумкин нест! Охир, динор чист? – Хунобаи дили косибон, ашки чашми ятимон, тавќи лаънати беваю бечорагон! Динор чист? – обкардаест аз зар. Ва њар шахсе ки зар дорад, дунёї гирд оварад, вале мањол аст, ки бо вай аз худованд дар он дунё гуноњашро харад…
Ширинї. Ин чї мегўяд?
Љаъфар. Аслан дуруст мегўяд. Худо дар дили мост, ихлос бо кори њамарўза зоњир кардан мебояд, на бо хариду фурўши гуноњ.
Ширинї. Май хўрдан њам гуноњ аст?
Нахшабї. Гуноњи азим аст. Њар бандае, ки шароб хўраду маст мирад, маст дафн шавад ва дар ќиёмат маст аз кафан сар бардорад.
Ширинї. Ба худо, ки як шишаи он май ба сад динор арзад. Дар куљо чунин шаробро ёфтан мумкин аст?
Љаъфар. Хомўш шав, бадбахт. Ту ба сари худ балои азим мехарї.
Нахшабї. Дуздй сахттарин гуноњ аст. Њарки чизе бидуздад, фардои ќиёмат дар гарданаш њамоил кунанд ва гузаштан аз пули сирот барояш ѓайриимкон гардад…
Ширинї. Илољи оќибатро охир ёфтам! (Тозон меравад)
Нахшабї. Бале, гуноњро дар ин олам мебояд харида ва бањояш  дасти тозаву дили тозаву кирдори пок аст. Агар њарки ин сегона шикаст, илло ки мусулмон нест ва њар ки гунање кунад,  даст ба молу хуни дигарон барад, амали зиште кунад ва умед бандад, ки бо ришвае бар масљид ин гуноњњо бихарад, кофири мутлаќ аст! Асли ислом дар ботини Ќуръон аст…

Ширинї бармегардад. Дар гарданаш шишаи атр. Аз ќафояш Аттор меояд.

Аттор. Биист! Дуздро доред! Хонаи маро сўхт!
Љаъфар. Осуда бошед. Ин як марди беозор аст. Чї дуздидааст?
Аттор. Ман атторам. Ин як шишаи калони атри маро дуздид.
Љаъфар. Ў рост мегўяд?
Ширинї. Рост. Вале ман барои ќиёмат ин корро кардам.
Љаъфар. Чи гуна ќиёмат?
Ширинї. Ана вай воиз гуфт-ку: њарки чизе бидуздад, дар ќиёмат бар гарданаш кашол кунанд. Ман махсус атр дуздидам, ки фардо дар ќиёмат ин атрии хушбўйро ба димоѓ расонда роњати тамом бинам.
Љаъфар. Зуд атрашро баргардон, ки ин гуноњи азим аст.
Ширинї. Охир вай гуфт-ку, дар гарданаш, дар ќиёмат…
Љаъфар. Барои дуздї аз ду поят гирифта ба дўзах њаво медињанд, девона! Зуд баргардон атрашро!
Ширинї. Уф, намондї. Бигир.
Аттор. Ташаккур ба ту, Љаъфар.
Ширинї. Валлоњу биллоњ, ки дигар гирди сухани ягон мулло нагардам!

Шайхулислом, сипањсолор ва Талан-Лавкон меоянд.

Талан-Лавкон. Имрўз тамоман ошкоро баромад мекунанд.
Шайхулислом. Бубинем, то чи мегўянд.
Нахшабї. Пас , он диноре, ки шумо барои харидани гуноњи худ ба чокарони рошидин ба масољид медињед, чист? – вай банддоштаи золимон аст, кўркардаи бахилон аст, пойбанди бани одам аст, зодаи љањониён ва  мазруби оламиён аст, нињояти куфру беимонї аст! Пас, набояд, ки шумо фулусе дињед ба муллову масљидњо ва гуноњи худ бештар накунед аз он, чи њаст!
Шайхулислом. (назди минбар меравад). Инсоф кунед, њазрат, ин куфр аст.
Нахшабї. Эй халоиќ, он чї гуфтам, њаќ аст, ё ботил?
Њама. Алњаќ!
Шайхулислом. Шумо бо эњсоси мардуми камбизоат бозї мекунед.
Нахшабї. Мусулмони асил бо њам  баробару бародаранд! Њама   њуќуќ доранд, ки соњиби неъмати худованд бошанд, вале шумову чокарони шумо байни муслимин тафриќа гузоштаед, људої меангезед! Байни муслимини асил бою камбаѓал буда наметавонанд. Муслимини доро агар имони комил дошта бошад, ба бародари мусулмони камбаѓали худ дасти ёрй дароз мекунад! Њамин тавр нест?
Њама. Алњаќ!
Шайхулислом. Ин ошўб аст!
Нахшабї. Эй мусулмонон, дониста бошед, ки зиёрати ќабрњо, бўсидани санги Каъба, эътиќоди зоњирї – њаром аст, нишони аслии буддоия аст, куфр аст! Ин њама азобу уќубати мусулмонњоест, ки ба худованди худ имон наовардаанд!
Шайхулислом. Ин куфру газоф аст! Шиа аст! Маљусия аст! Худро  ба гуноњ олуда накунед, мусулмонон!
Нахшабї. Ин мазњаби олишони ќаромата аст!
Шайхулислом. Ман амр мекунам, олими мўњтарам, куфру газофро бас кунед!
Нахшабї. Муњтарам, Шайхулислом, ба мазњаби олишони мо худи шоњаншоњ ќоиманд ва инак, моњазари он бузургвор. Бо иљозаи амири кабир Наср ибни Ањмади Сомонї ман дар Оли Сомон даъвати худро эълом медорам! Даъвати ман – даъвати мазњаби олитарин – мазњаби ќаромита мебошад!
Шайхулислом. Ин љо хатое рафтааст.
Нахшабї. Бигузор худи халќ бањо дињад. Чандест, ки мо амал мекунем ва бартарии мазњаби мо, раъиятпарастии мо ба њамагон маълум аст! Њар ки худро мусулмони комил шуморад, бо мо биёяд!
Шайхулислом. Њар кассе, ки мусулмони комил бошад, аз ин кофирон дур шавад!

Ѓалоѓула дар байни мардум. Мардум ба ду гурўњ таќсим шуданд.

Нахшабї. Ай мусулмонони асил, аз лутфи эзидї бархурдор шавед ва соњиб шавед ба њиссаи моли худ, ба замини худ, ба он неъмате, ки офаридгор барои њама баробар офаридааст!
Шайхулислом.  Хуни мўъмин аст. Хун рехтан – бадтарин гуноњ аст!

Ѓалоѓула. Тарафдорони Нахшабї зиёдтар мешаванд.

Талан-Лавкон. Дигар вазъ гуфтан бефоида. Аксари мардум ба он ќибла рўй овард.
Шайхулислом. Зуд чорае бояд љуст. Оќибати ин кор мушкил аст. Чун даври Маздаки зардуштї ошўбу ќиём бархезад.
Сипањсолор. Ба шоњ хабар бояд дод!
Шайхулислом. Шоњ ба Нахшабї бовар мекунад, на бар мо.
Талан-Лавкон. Мо боз чанд номаи дигар ба даст овардем. Ин дафъа супориши худи Нахшабї ба дасти мо афтид – дар бораи ќатли ду тан аз бузургони дарбор. Њамаро љамъ кунему ба амир арз кунем, шояд ба худ ояд.
Шайхулислом. Бале. Чунин кунем. Ман њам баъзе њуљљату далел дорам.
Сипањсолор. Амирро њатман ба худ мебояд овард. Ва њарчи зудтар, то замоне, ки ин маљусиён ќишлоќњои маро ба таѓаллуб нагиранд!
Шайхулислом. Меравем.

Шайхулислом, Сипањсолор, Талан-Лавкон, Усмон ва дигарон мераванд.

Ширинї. Ин чї мегўяд?
Љаъфар. Асли гапаш дуруст аст. Аз ин суханњо бўи тамаддуни ниёгони мо меояд. Баробариву озодии инсон орзуи њама равшандилон аст.
Нахшабї. Худованд соњиби иродаи озод аст ва халоиќро тибќи худ офарида! Пас, шумо озодед, њар касе, ки мисли муллоњои њанафї ба озодии шумо шак оварад, кофир њисобед ва худро бо дасти худ бандї насозед, балки он кофиронро зада нест кунед, озодиву баробарии худро соњиб шавед! Њаќќи худро, ки худованд баробари њама барои шумо низ фиристодааст аз дасти ононе, ки ба зулму ба њила аз шумо рабудаанд, ситонед! Мухолифинро занеду кўбед! Ин равост!
Љаъфар. Худоё, аз ин даъват бўи хун меояд!
Нахшабї. Хуни он мухолифин њалол аст!
Љаъфар. Њазрати Шайх, ин амр хилофи гуфтањои авали шумост.
Нахшабї. Шумо олими асилед ва љои шумо байни мост. Аз зоњирпарастии њанафиён даст кашеду бо мо биёед.
Љаъфар. Ман мусулмонам, вале амри шумо дар хусуси ќатлу куштори одамон вољиб нест. Оќибати ин даъват гарон хоњад буд.
Нахшабї. Эњтиёт кунед, Абўљаъфар! Њалќ ба шўр омадааст! Њама аз исломи асил бўе бардоштаанд! Дигар ягон ќувва пеши халќро гирифта наметавонад!
Љаъфар. Асли даъвати шумо ба Аќли Кулл буд, на ба ќатлу љињод.
Нахшабї. Барои ба орзуи дерина, ба озодиву баробарї расидан халќ њама чораро истифода мебарад – њам суханрову њам шамшерро!
Љаъфар. Ин васвасаи иблис аст!
Нахшабї. Кифоя. Љони худро ба хатар наандозед!
Љаъфар. Рухсат дињед, боз як сухан…
Нахшабї. Рухсат нест! Аз сухан ба амал бояд гузашт!

Ѓалоѓула. Љаъфар малулона аз минбар дур мешавад.

Љаъфар. Омад ба сари мулк он чї, аз он метарсидам.

Ситора мекўшад шавњарашро ором кунад.

Ситора. Ором шавед. Худро ба инњо душман накунед.
Љаъфар.           З-инњо ба љумла даст бикаш њамчу ман аз он-к,
Бар сурати ману туву бар сирати харанд.
Гар расму хўйи дев гирифтанд, лољарам,
Њамвора пеши деви бадандеш чокаранд.
В-ар гов гашт уммати ислом, лољарам,
Гургу палангу шер худованди минбаранд!

Шайхулислом, Сипањсолор, Талан-Лавкон меоянд.

Шайхулислом. Афсўс, ки ќабул накард. Амир намедонад, ки чи хатар бар сари худ ва мулки мо овардааст!
Сипањсолор. Чї бояд кард? Мулки ман аз дастам меравад!
Талан-Лавкон. Њоло фаќат сухани шумо мегузарад ва дар дасти шумо иддату лашкар аст. Танњо шумо метавонед чораи ќатъие бинед.
Сипањсолор. Чї чора? Ту устоди ман њастї, кордидаї ва умрхўрда. Маслињате бидењ.
Талан-Лавкон. Рўзи бозор њилае кунем, ки дар соате њама кор ба фоидаи мо њаллу фасл гардад.
Сипањсолор. Чї њила. Зудтар бигўй.
Талан-Лавкон. Барои ин маслињат љойгоњи хоссае мебояд.
Сипањсолор. Ба даргоњи мо марњамат. Мустањкамтару бехавфтар љое дар тамоми олам нахоњед ёфт.
Мераванд.
Ширинї. Њамааш бад нест, вале тўйи писари ман чї мешавад?
Сањна торик мешавад.

ЌИСМИ 2

НАМОИШИ 5

Дарбори Насри II Амир ва Сипањсолор
Сипањсолор. Зиндагонии малик дароз бод. Мо санадњое ба даст овардем, ки аз хатари бузурге ба давлати мо огањї медињанд.
Наср. Куљост он далелњо?
Сипањсолор.Инак, мактуби махфии Муњаммад  ибни Ањмади Нахшабї.
Наср. Хўш. Аз сирри ин хати рез танњо ќарматиён огањанд.
Сипањсолор. Ин хати рез ишора ба ќатли бархе аз дабирон аст.
Наср. Воњима накунед, сипањсолор.
Сипањсолор. Ќаромита чун мазњаби ѓайриислом, чун расмулмаљус чун бидъат, чун дастањои хавфноки ќотилон дар олами ислом маъруф будааст. Хавфи мо аз он аст, ки дар мулки мо ошўбе барпо мекунанд.
Наср. Онњо ошўб дар хилофати аббосиён кунанд.
Сипањсолор. Дуруст, ки ќаромита зидди Аббосиён ошўб кардаанд, аммо ба зиёратгоњи мўъминин ба Маккаи мукаррама низ њуљум кардаанд ва њољиёнро, аз он љумла њољиёни Мовароуннањрро низ ба ѓуломї бурдаанд.
Наср. Боз чї? Ин њама маълум аст.
Сипањсолор. Њарчанд, ки баробарии љомеаро талаб мекунанд, дар мулки онњо ѓуломон њастанд ва азоби сахт доранд. Ва аслан онњо аз ислом дур мондаву ѓайри гурўњи ќотилон каси дигаре нестанд.
Наср. Дар мулки мо онњо чунин накунанд.
Сипањсолор. Афсўс. Мо шоњидон дорем, ки онњо ба мухолифини худ дар мулки мо шафќате надоранд, бемуњобот гушу бинї мебуранд, вањшиёна чашмњо шикоф мекунанд, ќатли ом мекунанд, мардуми бечораро ба дод овардаанд.
Наср. Ин њама воњимаи муллоњои мост, сипањсолор. Ба ман ваъда додаанд, ки хилофи дастури мо амале накунанд. Бирав, аз пайи амали худ бош.
Сипањсолор. Ба чашм. Амири бузургвор. (Ба як тараф) Маљбурем  чораи охиринро истифода барем.
Наср. Боз сухане дорї?
Сипањсолор. Бале, маслињати шуморо мехоњам: дар шимол турки кофир шањри Билосоѓун гирифт ва бар мусулмонон зулм мекунад. Сарони лашкар мехоњанд ба ѓазои зидди кофирон раванд. Дастури шуморо мехоњанд.
Наср. Ана ин кори савоб аст.
Сипањсолор. Ба ин муносибат сарони лашкар аз мо мењмонї мехоњанд. Мувофиќи анъана, пеш аз ѓазо чунин мебояд.
Наср. Агар барги мењмондорї дорї, таќсире макун.
Сипањсолор. Бандаро аз хўрданиву нўшиданї камї нест, вале фаршу олат, зиннату маљлис аз заринию симина нокифоят аст. Дар ин маљлис њашамати давлат бояд муљалло бошад, то њамагон далер шаванд.
Наср. Њарчї дар Хазина ва шаробхонаву фаррошхона аз зарринаву симина, фаршу дебои зариф аст, бубар.
Сипањсолор. Муташаккирам.
Сањна торик мешавад.
Як  гўшаи дарбор. Сипањсолор, Шайхулислом, Талан-Лавкон.

Талан-Лавкон. Хўш, розї шуд?
Сипањсолор. На, сахт бар таъсири ќаромита монда, њатто дар бораи кирдори бади онон шунидан њам намехоњад.
Шайхулислом. Пас, чораи дигар нест.
Талан-Лавкон. Барои мењмонї рухсат гирифтї?
Сипањсолор. Бале. Акнун чї кунем?
Талан-Лавкон. Ман бо ќисми зиёди сарони лашкар сўњбат кардам. Њама дар ин кор якмароманд. Дигар таъхир нашояд.
Шайхулислом. Бале. Роњи дигар нест.
Талан-Лавкон. Хатибону имомњо дар чї фикранд?
Шайхулислом. Тамоми мусулмонони комил бо шумоянд.
Талан-Лавкон. Худи худо бо мост.
Шайхулислом. Бале. Омин.
Сипањсолор. Вале устод, бигўй, ки акнун чї кунем?
Талан-Лавкон. Маълум корест. Њамон коре, ки дар њаќќи падари ин шоњ карда будем. Пас аз базми олї њама зарринаю симина ба сарони лашкар бубахшой, то дилњо ќавї шаванд ва сипас њолати мулку ќарматиён бигўй ва сипас иродаи мову ањли ислом бигўй ва даъват ба сўиќасди амир бикун. Ва чун ин кор бар омад, ба тахту тољ соњиб шав ва адлу инсоф пеш гир.
Сипањсолор. Хуб. Рўзи бозор дар таърихи ин сарзамин сањифаи наве оѓоз мегардад.
Талан-Лавкон. Рўзи бозор номи шарифи шумо дар таърих бо хати зар навишта мешавад.
Шайхулислом. Омин! Оллоњу Акбар!
Њама. Омин оллоњу Акбар.
Талан-Лавкон. Меравем. Сарони лашкар интизоранд.

Сипањсолор ва Талан-Лавкон мераванд.

Шайхулислом. Пеши бало баста шуд. Аммо… Сипањсолор чї гуна малик шавад? Имони ў комил нест, беаслу насаб аст, ѓуломи турк буду бо њаќи хизмат, бо амри тасодуф бар ин мартаба расид. Халќ њељ гоњ амирии ўро ќабуд надорад ва уламову кабирони мулк талаб кунанд, ки кушандаи шоњ њатман кушонда шавад. Бо ин ќаромита, ки решаи бало давонида, тарсам, ки кор мушкилтар кунем ва балои дигаре наорем ва мулк ба дасти Нахшабї комилан супорем. Маслињат он мебинам, ки аз ин сўиќасд писари шоњ – Нўњи љавонро огањ кунем. Шањзода вориси ќонунии тахт аст, љавони њушёр аст ва хушбахтона ба ќаромита заррае таваљљўњ надорад. Ман сипањсолори ќотил ба шањзодаи асил иваз кунам ва мулкро аз балои нав рањо кунам. Бале, њаќиќат бо мост.

Сањна торик мешавад.

НАМОИШИ 6

Дарбори Наср. Амир њамроњи Нахшабї сўњбати гарме дорад.

Наср. Хўш, халифаи фотимиён аз мо розист?
Нахшабї. Алњамдуллилањ, аз иќдоми шоњаншоњи олам шоданд. Хосса, аз тўњфаи шумо ки ба ивази ќатли Алии Марвазї фиристодем, изњори боварї мекунанд. Ва омодаанд бањри кўмаку њамраъйї.
Наср. Њарчї барои ривољи њамкорї зарур аст, бигўй.
Нахшабї. Хуб. Барои таблиѓоти кори мо боз андаке зар лозим аст.
Наср. Њарчї лозим аст, аз Хазина бигиред. Пас аз он, ки ба халифаи аббосї хирољ надодем, маблаѓи кофї дар Хазина муњайё шудааст. Ба вазири хос Маќдод бигўед, ки бедареѓ бар шумо зар бахшояд. Боз чї?
Нахшабї. Ай шоњи олам, мо мадракоте дорем, ки душманони мо дар ин сарзамин зиёданд ва дили Маќдод ба худ моил кардаанд. Мо дигар наметавонем пурра ба ў бовар бикунем. Афсўс, ки Вазири хос Маќдод ришвахор њам будааст ва дархости мо иљро намекунад.
Наср. Дар ин сурат туро  Вазири хос таъин кунам. Инак, маншури ман.
Нахшабї. Сипосгузорам.  (Ба як тараф) Дигар касе аз сирри мо огањ набошад, ва аз таънаву порадињї халос гардем.
Наср. Боз чї зарур аст, Вазири хос?

Писари Наср – Нўњ ибни Наср меояд.

Нўњ. Падари бузургвор, маъзарат мехоњам. Арзе дорам фаврї.
Наср. Бигўй. Номи ин писар ба номи Њазрати Нўњи пайѓамбар гузоштаам, то мулкро наљоти тамом бахшад.
Нўњ. Ин арзи ољизонаи писар ба падар аст.
Наср. Шайхи бузургвор Муњаммад  ибни Ањмади Нахшабї роздону мањрами мост. Њарчї дар дил дорї, бемуњобот бигўй.
Нўњ. Шармам ояд, падар.
Нахшабї. Ай шоњаншоњи олам, писари бузургвор арза бар падари бузургвор дорад. Фарзанд давоми умри мард аст ва мўљиби ѓамхорист. Њарчи бар фарзанд бикунї, барои худ карда бошї. Бо иљозаи шумо биравам.
Наср. Хуб. Далерона бош. Ва њарки бар ту ва кори ту халале расонад, бигўй, то дур созем аз роњи халосии мулк.
Нахшабї. Ба чашм. (Меравад)
Наср. Хуш, чї арзест фавриву нињонї?
Нўњ. Хабари муњиме ба даст омад.  Ин ѓалоѓула дар ќаср аз чист?
Наср. Сипањсолор бо сарони лашкар маљлис оростааст.
Нўњ. Маќсад аз ин маљлис чист?
Наср. Мехоњанд, ки фотења гиранд ва ба љанги кофар ба шањри Билосоѓун раванд. Анъана чунин аст.
Нўњ. Афсўс, ки чунин нест. Афсўс, ки дар ѓафлат мондаї, падар. Сарони сипоњ ин соат савганд мехўранд, ки њоло шароб хўранд ва сипас њарчи зарринаю симина њаст, ба яѓмо баранд ва сипас бар њалоки њамаи мо кўшанд.
Наср. Ин чї гуфтор аст?
Нўњ. Ман шоњидони зиёд ва далели муътамад дорам.
Наср. Чї гуна далел? Кист шоњид?
Нўњ. Худи ман пинњонї дар тан љавшан пўшида ба ин маљлис даромадам ва огањии тамом ёфтам. Онњо ният доранд имшаб сўиќасд кунанд ба љони шумо, ба љони тамоми ањли Оли Сомон ва Сипањсолорро малик бихонанд.
Наср. Чаро?! Аз мо чї љазое ба онон расидааст, ки чунин густохї пеш гирифтаанд?!
Нўњ . Ин њама аз он сар задаст, ки шумо ба мазњаби ќаромита гаравидаед ва бо амри Нахшабї чанде аз бузургон ќатл гардидаанд.
Наср. Ин њама фитнаи бахилону кўрдилон аст. Ѓараз аз мазњаби ќаромита – эњёи Аљам ва пойдории Оли Сомон аст.
Нўњ. Аммо чї кунем, ки асли њол тамоман дигар аст,  зиёда аз он њама душманон забон як кардаанд ва њоло ба дари хонаи мо истодаанд ва ќасди њалоки мо доранд.
Наср. Мо лашкар дорем. Лашкар ба имдод хонем.
Нўњ. Вале сарони лашкар мунофиќи мо омадаанд.
Наср. Аз давлатњои њамсоя мадад талабем.
Нўњ. Аз кї?
Наср. Аз фотимиён масалан.
Нўњ. Фотимиён дуранд, падар! Вале душман дар сарои туст! Даруни хонаи ту нишаста, дарњои сарой баста аст. Оли Сомон ба њалокат мерасад! Барои давлатњои њамсоя аз ин бењтар орзуе нест! Ба имдоди бегонагон умед бастан хатост.
Наср. Муњофизони хоси мо нагузоранд, ки бар мо офате расад.
Нўњ. Аксари онњоро сарони лашкар ба худ кашидаанд ва аксар мазњаби нави туро ќабул надоранд. Мањз онњо дари сарой бастаанд.
Наср. Пас, тадбир чист?
Нўњ. Тадбир чунин аст: ду ходими хосро назди Сипањсолор бифирист ва бо бањонае назди худ бихон. Танњо, ки омад, беамон сараш бибур. Он гањ давоми тадбир кунем.
Наср. Хуб. (Ќарсак мезанад. Ду ходими хос меоянд). Љалд бирав ба маљлис ба назди Сипањсолор, дар гўшаш нармак бигўй, ки малик мефармояд: «коре басе муњим пеш гирифтаї ва мењмонии некў сохтаї. Маро дастаи маљлисии зарринмурассаъ аст, берун аз Хазина нињода будам , њоло ба ёдам омад. Он низ бубар, то маљлисро зиннате бошад, њарчї некўтар ва ќимати ў беш аз њазор андар њазор динор аст. Чун ў ба талаби мол баромад, дар танњої даст гиред ва назди мо оред.
Ходимон. Ба чашм. (Мераванд)
Наср. Хўш. Аввал бисанљем. (Аз тиреза ба беруни ќаср менигарад). Бале, дарњои сарой бастаанд. Ва муњофизони мо наменамоянд.
Нўњ. Инњо њама одамони сарсупурдаи Сипањсолоранд.
Наср. Хато кардам, ки онњоро ба њоли худ гузоштам.

Ходимон Сипањсолори мастро баста меоранд.

Наср. Сипањсолор! Њама ниятњои пучу нопоки ту ошкор гардид. Иќрор шав. Аз чї ин ѓаризаи нопок сар зад?
Сипањсолор. Ин ќисмати мову шумо будааст.
Наср. Чаро нохалафї кардї?
Сипањсолор. Тамоми халќ зидди мазњаби нави пешакардаи шумост.
Наср. Пас, ин рост аст, ки ќасди њалокати мо доштї?
Сипањсолор. Агар ман накунам, каси дигар ин корњо бикунад.
Наср. Кї туро ба ин кор водор сохт?
Сипањсолор. Ќисмат ва замон.
Наср. Њамроњонат кист?
Сипањсолор. Њама бузургони замон, њама сарони лашкар. Агар ман таъхир кунам, онњо дар талаби ман бароянд ва зуд туро ба њалокат расонанд.
Нўњ. Бифармой, ки хомушаш кунанд, падар.
Наср. Сари ин ноќисаќл буред ва дар тубра андозед, ва назди мо оред.
Ходимон. Ба чашм. (Сипањсолорро мебаранд).
Наср. Сари мор кўфта бењ.
Нўњ. Вале ин кам аст. Ту бо гаравидан ба ќаромита душмани зиёде ба худ харидаї. Бидон, ки ин лашкар дигар бо ту насозад. Бидон, ки дигар ањли мазњаби њанафї, ки аксарият аст, бо ту насозад. Агар имрўз нашуд, дер ё зуд ба ту сўиќасди наве кунанд ва њаргиз амон надињанд. Ва дар ин кор халифаи аббосиён ба онњо кўмак расонад. Онњо аллакай аз ин иќдоми ту огањанд ва тамоми муслиминро зидди ту бархезондаанд.
Наср. Дили лашкариён бо зар ба худ нарм кунам.
Нўњ. Вале дили ањли ислом гарм кардан натавонї. Бидон, ки байни оташу об дўстиву ягонагї нахоњад шуд. Дар ин лањзаи таќдирсоз, ки ќисмати Оли Сомон њаллу фасл меёбад, туро хирад ва амали босавобе меояд.
Наср. Чї амале босавобтар?
Нўњ. Њоло сарони лашкарро ба њузурат бихон ва сари буридаи сипањсолорро ба онњо нишон дењ, то дар дилњошон вањме афтад. Сипас аз гуноњи эшон даргузар. Ва модоме, ки њама иѓво аз барои мазњаб аст, аз мазњаби ќаромита даст бикаш, сипас… Сипас аз тахт низ безор шав ва маро валиањд бикун, то ман љавоби ин хиёнаткоронро бидињам.
Наср. Не! Не! Не! Ин густохї аз њад зиёд аст, писар!
Нўњ. Ин талаби сарнавишт аст, падар. Илољи дигар нест.
Наср. Ту тахти маро мехоњї?!
Нўњ. Ман офияти туро мехоњам! Офияти хонадони Сомонро мехоњам. Офияти кулли Мовароуннањру Хуросонро мехоњам! Ман аз тахт безорам, вале донам, ки дили онњо њаргиз бо ту рост нагардад ва онон на танњо туро, балки тамоми хонадони моро сар ба сар тан ба куштан дињанд ва подшоњї дар хонадони мо намонад.
Наср. Аз чї боварї дорї, ки маро гиранду туро амон дињанд?
Нўњ. Шайхулислом чунин мегўяд. Ў сарвари кулли рўњониён аст ва инро кафолат медињад.
Наср. Ў дар куљост?
Нўњ. Њамин љост. Бифармой, дарояд. Агар бовар надорї, бипурс.
Наср. (ќарсак мезанад, ходим меояд) Шайхулисломро бихон.
Ходим. Ба чашм. (Меравад. Њамроњи Шайхулислом бармегардад).
Наср. Ин чї шўрест, ки барпо кардаї?
Шайхулислом. Маъзарат, шоњи бузургвор. Мо кўшидем, ки ин ошўб фурў нишонем. Њарчї аз дасти мо омад кардем, то осори бало камтар шавад.
Наср. Ањли ислом дар чї андешаанд?
Шайхулислом. Дили ањли ислом бо шумо бад шуда. Дили халифаи аббосиён бо шумо бад шуда. Аз ќисмат љои гурез нест. Гаравидан ба ќаромита хатои амири кабир буд.
Наср. Пас, чаро худи ту сарварии балвогаронро ба ўњда нагирифтї? То ки худ амир шавї?
Шайхулислом. Ман дар ањди худ амирам ва дар роњи худоям. Маро осоиши љамеъи мусулмонон бењтар аз њама мансаб аст. Ва ман тољикам! Барои баќои тољикон ва давлати тољикон мо њама чорањо дидаем. Бо саъйи мо хулафои аббосї  ба дурустии амали мо бовар карданд ва инак чандин сол аст ки Мовароуннањру Хуросонро ором гузоштаанд, уламову удабои моро эњтиром мекунанд. Ин мансаб барои ман кофист.
Наср. Пас чаро ин ноќисулаќлонро манъ насохтї?
Шайхулислом. Хато аз амири бузургвор сар зад, ки даъвати ќаромитаро пазируфтанд. Дар ин њолат аз љониби хилофат ишорае шавад, ошўби бузурге бархезад. Ва ман чун ватандор ба ин њаргиз роњ надињам. Салоњи кор он аст, ки аз тахт даст кашї, писари худро валиањд кунї ва боќии умр ба осоиш гузаронї. Шоњони оќил чунин мекарданд. Рафтори љадди шумо Исмоил ибни Ањмади Сомонї, ёдаш бахайр, шоистаи ибрат аст.
Наср (шикастахотир). Пас, ќисмат чунин аст. Агар писарам Нўњро валиањд созам, кї ўро дастгирї кунад?
Шайхулислом. Тамоми ањли ислом ва мардуми шањр.
Наср. Сарони лашкар чї?
Шайхулислом. Агар сипањсолор аз вазифа дур карда шавад, ва шумо аз тахт даст кашед, маљбуранд, ба шањзода итоат бикунанд.
Наср. Хуб. Бигузор чунин бошад. (Ќарсак мезанад. Ходим меояд.) Сари буридаи Сипањсолор дар тубра андохта биёред ва њама сарони лашкарро ба ин љо хонед.
Ходим. Ба чашм. (меравад)
Наср. Ман њам тољикам ва барои бахти тољикон кўшидам, ки роњи дигаре пеш гирам. Вале њоло маълум шуд, ки хато кардаам. Ва барои баќои давлати тољикон, барои нарехтани хуни тољикон аз њама чиз даст мекашам. Ва шумо њарду ќасам хўред, ки бо њамин ба њама ошўбњо хотима мебахшед ва душмани дигар намељўед.
Нўњ. Хуб.

Ходимон, сарони лашкар меоянд.

Ходим. Сарони лашкар њозиранд.
Наср. Бидонед, ки аз он чи шумо дар њаќи ман андешидед, маро хабар шуд. Шумо ќасди љони мо кардед. Њоло дили мо бар шумо бад шуду дили шумо бар мо. Њамин тавр? Сабаб он аст, ки ман аз роњи суннати ислом афтодаму мазњаби бад гирифтам. Магар њамин тавр нест?
Њама (бо сари хам, бо њайрату тарс). Бале.
Наср. Ман хатои хеш фањмидам ва ба ислоњи он мекўшам. Њоло ба фарзанди ман – Нўњи ибни Наср нигаред. Дар ў њељ айбе мебинед?
Њама. Не.
Наср. Ба мазњаби ќаромита таваљўње дорад?
Њама. Не.
Наср. Пас Нўњро валиањди хеш кардам.
Маќдод. Нафањмидем, шањи бузургвор.
Наср. Аз ин пас, шоњи шумо Нўњ аст.
Њама. Муборак бошад!
Наср. Агар хато кардаму агар савоб, дигар сабабгоре наљўед. Баъд аз ин то дами вопасин ба узру тавба машѓул шавам. Шояд, ки худои таъоло маѓфират гардонаду тавбаи маро ќабул кунад. Бо ин роњ ба як гунањкор, ки худ њастам, љазо додам. Гунањгори дигар – Сипањсолор аст, ки дили шуморо бо ман бад кард ва ў њам љазои хешро ёфт. Сари пургуноњи ўро пеши ин бузургон партоед.

Ходим сари Сипањсолорро  аз тубра гирифта мепартояд.

Њама. Оњ. Ин ќазои раббонист.
Наср. Њама савганд хўред, ки дигар душман наљўед.
Њама. Савганд мехўрем, ки дигар душман наљўем.
Наср. Каси дигаре барои ин кирдор озор надињед.
Њама. Каси дигаре озор надињем.
Наср. Ба фарзанди ман итоат мекунед.
Њама. Ба фарзанди ту – Нўњ ибни Насри Сомонї итоат мекунем!
Наср. Ва њамагон барои равнаќу ривољи Оли Сомон хизмат мекунем!
Њама. Барои ривољу равнаќи Оли Сомон хизмат мекунем!
Наср. Писарам, биё, бар тахти Сомониён бишин ва чун ниёгони бошарафи худ бо адлу инсофи тамом њукм бирон. Ман акнун бар мусаллои намоз биншинам.

Аз дасти писар гирифта ба тахт мешинонад.

Шайхулислом. Аз худованди азза ва љалла барои шањзодаи љавон бахту иќболи раббонї, имони комил ва шарафу зафар мехоњем. Омин.
Њама. Омин! Оллоњу Акбар!
Шайхулислом. Муборак бошад!
Њама. Муборак бошад!
Талан-Лавкон. Ай амири навбахт, худованд огоњ аст, ки мо сарони лашкар дар ин воќеа гуноње надорем. Њар гуноње њаст, Сипањсолорро буд. Сипањсолор дилњои мо ба шоњ бад кард ва Сипањсолор моро ќасам дод, ки ќасди шоњ кунем. Шукри њаќ, вай љазои хеш дид. Чї шавад ки акнун аз гуноњи мо даргузарї. Мо бандаему фармонбардор ва то даме ки умрамон боќист, дар  хизмати ту бошем.

Њама ба замин сар мемонанд.

Нўњ. Ман дар њама маонї Нўњам, на Наср! Њарчї рафт-- бирафт. Ман ин хатои шуморо ба сад савоб бардоштам ва муроди шумо аз ман њосил шавад. Бархезед. Гуноњи шумо – савоби шумост.
Талан-Лавкон. Сипосгузорам, амирам.
Нўњ. Акнун гўш ба фармони ман доред: Банд биёред ва ба пои Наср бинињед. Дарњол ба куњандиз баред ва мањбус кунед.
Ходим. Ба чашм. (Насрро мебарад)
Наср. Аз њама илтиљо дорам дигар касеро озор надињед.
Нўњ. Кифоя аст, падар. Баред. (Насро мебаранд).
Маќдод. Бале. Гунањкорро љазо бояд.
Нўњ. Ин Маќдодро њам даст гиред…
Маќдод. Ман гуноње надорам…
Нўњ. Кифоя. Бигиред. Њасан, Мансури Чаѓонї, Ашъас ва њама амирони дигарро,ки ќарматї шудаанд, сар занед.
Њама. Ба чашм.
Нўњ. Муњаммад  ибни Ањмади Нахшабиро бихонед, бо уламои фиќњ бањсе барпо кунед, муттањамаш созед ва гуноњњои дигарашро собит созед; барои азхуд кардани маблаѓи товони ба фотимиён муќарраршуда гунањкор кунед ва дар майдон ба дор кашед, то халифаи фотимї аз мо бењуда наранљанд.
Њама. Ба чашм.
Нўњ. Акнун гўш ба фармони дигари ман доред: шумо ният доштед, ки ба љониби Билосоѓун ба ѓазо равед. Моро ѓазои кофир бар дари хона аст. Биёед, ба ѓазо машѓул шавем. Аз ин пас, мазњаби ќаромита баста гардид. Њар кї дар Мовароуннањру Хуросон мулњид гаштанду ба ќаромита гаравидаанд, њамаро бикушед, њама сарвати эшон бигиред. Он чї заринаю симина, ки аз Хазина ба маљлиси шумо овардаанд, бигиред. Ин њам аз шумост, тўњфаи мост барои мулку мардуми мо.
Шайхулислом. Омин!
Нўњ. Тамоми лашкар дарнињанд ва аз раъияту лашкар, њар киро, ки дар он мазњаб рафта бошанд, сар буранд!
Шайхулислом. Омин!
Нўњ. Дар Бухоро њафт шабу њафт рўз бигардед, ќармитиёнро бикушед, то яке аз эшон намонад!
Шайхулислом. Омин ё  раббал оламин!
Њама. Омин! Оллоњу Акбар!

Сањна торик мешавад.

НАМОИШИ 7

Бухоро. Майдони Регистон. Љасади Нахшабї дар дор овезон аст. Манзарањои мудњиши одамкушї. Илёс, ду лашкарї дењќонеро даст мегиранд.

Илёс. Биист! Оќибат ба даст афтодї, осї!
Дењќон. Не, не. Бахудо, ки гуноње надорам.
Илёс. Ту ќарматиї!
Дењќон. Ба худо ќасам, ки ин калимаро то њол нашунидаам.
Илёс. Ту ќарматиї. Њамсояат гуфт.
Дењќон. Ќасам ба номи парвардигор, ки на ману на падару бобоям аз ин бидъат хабар надорем!
Илёс. Хеле хуб. Њоло, ки осї нашудаї, ваќт аст, ки бикушем, бегуноњ рост ба бињишт равї! Баред ин ќарматии осиро.

Лашкариён дењќонро дуртар бурда, ба дилаш шамшер мезананд.
Дар ин байн ду нафар шахси номаълум чолокона љасади Нахшабиро аз дор гирифта ѓайб мезананд. Њама ба воњима афтода сар ба замин мезананд ва тавба мекунанд. Љаъфари ошуфта бо андўњ ба ин манзара нигариста лаънат мехонад.

Љаъфар. Ин чї рўзи сиёњест, ки бар сари мардуми тољик омад?! Касе бар касе шафќат надорад! Падар душмани писар, бародар душмани бародар, мусалмон хуни мусалмони дигар мерезад! Худовандо, ин нањси кайвон аз сари мо дур андоз!

Шайхуислом ва Талан-Лавкон хавотиромез меоянд.

Шайхуислом. Дар њаќиќат, љасади Нахшабї аз сари дор ѓайб задааст. Шарње бояд дод ва ѓазо дурусттар шавад, ки дар дилњо шубња пайдо нагардад ба њаќќонияти кори мо.
Талан-Лавкон. Ин кори ќарматиён аст. Шањр пур аз ќарматист.
Шайхуислом. Мукофоти ѓазо эълон кунед. Пеши ин бало зудтар бояд гирифт.
Талан-Лавкон. Надидам нагўед, нашунидам нагўед! Бо маншури амири кабир Нўњ ибни Насри Сомонї имрўз алайњи ќарматиёни кофири маљусмаоб ѓазо эълон шудааст! Ќарматї аз бадтарин кофир барои ислом хавфноктар аст! Њар касе ки аќаллан як ќарматиро нест мекунад, њама дарњои бињишт ба рўяш кушода мегардад! Њар касе ки дар сари найзааш сари як ќарматиро меорад, дење барояш инъом мегардад. Ќарматиёнро занед, кушед, молу мулкашонро ѓорат кунед, сўзонед ва ба бењтарин њуљрањои бињишт соњиб шавед!

Издињом ба шўр меояд.
Њама аз пайи душманљўйї мегарданд.
Илёс ва ду сарбоз дењќони дигареро дошта меоранд. Илёс дар даст теѓ дар андешаи буридани сари ўст. Чизе ўро дудила мекунад. Гање љуръаташ беш мегардад, вале боло кардани дастаи теѓ гање барояш мушкил мегардад. Љаъфар меояд.

Љаъфар. Биист, Илёс! Ин чї корест?!
Илёс. Ин ќарматї аст ва муљиби ќатл аст.
Љаъфар. Ман огоњам, ки ин аз ќаромата бўе набурда! Дењќонест.
Илёс. Маншур дорам, ки инро сар бурам. Ин ќарматист.
Љаъфар. Охир инсонест! Инсон!
Илёс. Агар накушам, маро хоњанд кушт. Маро бо њамин шарт аз мањбас озод кардаанд. Ман бехабар аз худ ба ќарматиён хизмат кардаам. Акнун мебояд гуноњи худро бишўям бо хуни ќарматиён. Дар ин сурат ба ман вазифаи сазоворе дињанд ва ман тавонам тўе кунаму ба дилдодаам расам.
Љаъфар. Агар мансабу вазифа аз рўи њисоби одамкушии ањли ќаромита бошад вой бар њоли ин давлату вой бар њоли ин мулк! Ин оѓози инќирози давлат шавад! Гуноњи худро зиёд накун, Илёс. Ин њам дар зиндагї умеде дорад.
Илёс. Ин ќарматист ва теѓи ќарматикуш дар дасти ман. Илољ нест. Ўро накушам, пас маро кушонанд.
Љаъфар.  Чун теѓ ба даст орї, мардум натавон кушт,
                Дар назди худованд бадї нест фаромўшт!
                Исо ба рање дид яке кушта фитода,
                Њайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.
                Гуфто, ки киро куштї, то кушта шудї зор?
                То боз кї ўро бикушад, он ки туро кушт?

Илёс ва сарбозон даст кашида такрор мекунанд.

Њама. Гуфто, ки киро куштї, то кушта шудї зор?
           То боз кї ўро бикушад, он ки туро кушт?!

Дењќонро сар медињанд ва ў ба пойи Љаъфар меафтад.

Дењќон. Ташаккур. То зиндаам, бандаю фармонбардори туям.
Љаъфар. Бархезу адл пеш гир, пеши фарзандонат бирав.

Лањзањои мудњиш андак кам мешаванд. Ин замон дар сари найзааш як пойи одам, бо сару рўи хунолуд Ширинї меояд.

Ширинї. Шукр, ба манзил расидам!
Љаъфар. Њой Ширинї, туро чи бало зад?
Ширинї. Вай лаънатї тамоман бесавод будааст!
Љаъфар. Киро мегўї?
Ширинї. Њамон ќарматии кофир-дия! Сад бор ба вай гуфтам, ки њой ќарматии аблањ, њамон санги сабилмондаатро партофтанї бошї, ба сипари ман парто! Њамин чизи вазнинро барои санги ту бардошта гаштаам! Не-дия!  Њамин хел як сипари хушрўйро монда санги сабилмондаашро ба сари ман зад!
Љаъфар. Бишин, бубинам, ки зањмат калон аст?
Ширинї. Хайрият, ки сарамро пасттар гирифтаму як тарафашро харошида гузашт. Вагарна ин калла дар болои ин гардан дигар намеистод.
Љаъфар. Ѓам нахўр, маѓзи сарат осеб надидааст. Дуруст мешавад.
Ширинї. Валлоњ, ки агар сари ман маѓз медошт, њаргиз ба ин балво намерафтам. Охир ман гумон  кардам, ки ќарматиро мекушанд! Вале рафта дурусттар бинам, бечора ќарматї неву одам будааст! Агар ин калла маѓз медошт, њаргиз ба ин кор намерафтам! Наход, ки одам одамро кушад-а?!
Љаъфар. Валлоњ, ки як сухани оќилона гуфтї: (Сари ўро бо латтае мебандад)
Кори њар мард падид аст, ки дар олам чист,
Гў, њамон кун, ки сазовори њамон фан бошад.
Кори дарзї сипару тир гирифтан набувад,
Сипару найзаи ў бахяву сўзан бошад!
Ширинї. Рост.
Љаъфар. Минбаъд каллаатро кор фармо.
Ширинї. Майлашу, лекин њоло бояд мукофоти худамро гирам.
Љаъфар. Боз чї гуна мукофот?

            Ширинї найзаи худро гирифта назди Талан-Лавкон меравад.

Ширинї. Љаноби сипањсолор, ана, бубинед. Ана, охир… Ана, анна..
Талан-Лавкон. Чї «ана»? Нафањмидам.
Ширинї. Ана охир: тани ќарматиро бар сари найза овардам.
Талан-Лавкон. Куљост вай?
Ширинї. Ана, охир. Мукофотам дињед. Як дења њам кифоя аст.
Талан-Лавкон. Њой, Афандї, мо гуфтем, ки сари ќарматї биёред, на пояшро.
Магар пойро аз сар фарќ намекунї? Ё ки ин кала надошт?
Ширинї. Не, дошту, то ман расидам, ки сарашро дигарон канда бурданд. Ба ман танњо пояш расид. Пас, гуноњи ман чї?
Талан-Лавкон. Дафъаи дигар чолоктар шав. Бирав, халал нарасон.
Ширинї. Љаноби сипањсолор, ман он ќадар хасис нестам, ба ягон дењаи кўчаки дурдаст њам дењхудо таъин  кунед, бароям шудан мегирад.
Талан- Лавкон. Хуб, ман њам он ќадар хасис нестам. Дар канораи дењи Варќа љарии калонест. Туро кадхудои њамон љар таъин мекунам! Њоло бирав, саре биёр, то кадхудои худи дењ шавї. Ќарматиро зан, куш ва дењхудо бишав!
Ширинї. Хуб шудааст. Бас карда будаму, вале инъом басо ќимат аст. Бахт аз таваккал. Яке ин дафъа корам омад мекунад.

Ба љониби љангљой равон мешавад. Љаъфар пешашро мегирад.

Љаъфар. Ист, девона. Боз куљо меравї?
Ширинї. Ин њам ѓанимат. Ду рўз пас ин љамалѓа тамом шавад. Равад ки дар ин миён ман њам саре ба даст овараму соњиби дењае шавам. Баъд тамоми умр роњат бикунам.
Љаъфар. Роњат бар ивази марги дигарон њаргиз насибат накунад!
Ширинї. Охир ана вай гуфт-ку: рав, сар биёр, дења гир!
Љаъфар. Туф кун ба њамааш. Охир ту киро мекушї? – Тољики бечораро! Агар ту кушта шавї, боз як тољики бечора кам мешавад. Хонаи боз як тољики бечора мотамкада мегардад! Як бор беаќлї кардиву ба сарат захм бардоштї. Ин огоњист бар ту! Кўр асояшро як бор гум мекунад! Бас аст тољиккушї!

Талан-Лавкон, ки наздиктар омада гўш мекард, ѓазаб мекунад.

Талан-Лавкон. Кифоя! Даст гиред ин ќарматии кофирро!

Сарбозон ва Илёс Љаъфарро даст мегиранд.

Шайхулислом. Њар касе, ки ќарматиёнро дастгирї мекунад, муљиби ќатл аст! Аслан, аксари шоиру файласуф, ситорашиносу табибон ањли бидъатанд. Бењуда нест, ки аксари онњо хоњ ба ќаромита гаравида бошанд, хоњ на, аќидаи ононро дастгирї мекунанд.
Љаъфар. Ман як олими ќаторият, тољирам, кадхудои ин дуконам. Корам ба мардум роњатрасонист. Вале, њазрати Шайхуислом, бисёр мардуми бегуноњ бо бањонаи ќарматї кушта шудаанд. Њарки ѓаразе бар корафтодае дошт тўњмати ќармата мекунад ва ба љазо гирифтор месозад. Инсоф кунед, њамќавмони бечораи мо бегуноњ кушта мешаванд! Мусулмонони асил бо тўњмат ќатл мешаванд. Охир мо њама бародарем…
Шайхулислом. Кифоя. Њарки дар ростии кори мо шубња дораду зидди мо иѓво мекунад, њамчун ёварони ќаромата кушта мегардад! Кушед инро, ки њоло хунаш мустањаќ гардид!
Талан-Лавкон. Илёс, ростии худро собит бикун.
Илёс. Ман? Охир ман духтари инро дўст дорам.
Талан-Лавкон. Ба мо хабар расид, ки ту њам бо ин шарикї. Вале ман бовар кардан намехоњам. Инро бикуш ва ба маснади калоне соњиб шав.
Илёс. Худоё худовандо.
Талан-Лавкон. Дар акси њол, худи ту њамчун њољиби Маќдоди ќарматї кушта мешавї.
Исмоил. Ситора, Мањпарї низ омада тамошо мекунанд.
Илёс. Охир, ин падари арўси ман аст!
Талан-Лавкон. Чї фарќ дорад? Бикуш!
Илёс. Дастам намеравад. Ман њељ гоњ хушбахт нашавам.
Талан-Лавкон. Бикуш, вагарна худат кушта шавї!
Илёс. Худоё, чї ќадар орзуву умедњо дорам…
Талан – Лавкон. Пас, ту њам ќарматиї? Гиред инро.

Ду сарбоз бо теѓи барањна назди Илёс меоянд.

Илёс. Истед. Чї илољ? Ќисмат… (Шамшери худро боло мекунад.)

Исмоил ба сари Илёс шамшер мекашад.

Исмоил. Биист! Хунбањои падар хун ситонам!

Ширинї бо њайрату тарс наздик омада теѓе боло мекунад.

Ширинї. Не, не! Писари маро амон дењ!

Ситора низ шамшере мегирад.

Ситора. Дод аз дасти фалак!
Талан-Лавкон. Ба чї истодай?! Бикуш!
Илёс. Оллоњу акбар!

Ба дили Љаъфар шамшер мезанад.

Мањпарї. О-о-о-о-о-о-о-оњ!!!

Мусиќие чун нолаи бардавоми Мањпарї. Њама дар њамин њолат шах мешаванд: Илёс бо шамшери ба дили Љаъфар халида, Исмоил бо шамшери  бар сари Илёс бардошта, Ширинї бо ханљари бар пушти Исмоил бардошта, Ситора бо шамшери бар сари Ширинї бардошта. Њамаи дигарон низ дар даст теѓу шамшер.
Овози Муаррих садо медињад.

Муаррих. Ва бо ин амр дар тамоми Мовароуннањру Хуросон як њафта оби љўйњо аз хуни одамон сурх гашт, њарки аз ањли ќаромита буд, кушта гардид ва њарки ба доми шубња афтид, кушта шуд ва њазорон њазор мардуми бегуноњи тољик бо ин бањона аз љониби худи тољикон ба ќатл расиданд.
Ин воќеа соли 942-943 воќеъ шуда буд. Ва ин фољиаи нахустини тољикон шуд. Ва расо пас аз 1050 сол фољиаи дуввуми тољикон боз дар заминаи беэњтиётї ба дини мубини ислом сар зад ва боз бо бањонаи куфр њазорон тољик аз љониби тољикон кушта гардиданд. Ва афсўс, ки таљрибаи талхи гузашта дарси ибрат нашуд.
Ай тољики ман, магар кифоя нест худкушї? Магар бењтар нест, ки дасти њам бигирему аз сидќу вафо, сулњу осоиш, вањдату ягонагї сухан кунем? Оё бењтар нест, ки дасти њам бигирему њаёти хушбахтонае пеш гирем ва рўњи ниёгон шод гардонем ва макони бахт созему номи тољикон, номи давлати мутамаддини тољикон дар саросари олам мунташир гардонем?!
Омин! Ё арњамарр-роњимин!

Парда.                1998 с.


Рецензии