Взрыв в Гнездо соловей Таркиш дар Булбулистон драм

Љумъа Ќуддус








ТАРКИШ
дар «Булбулистон»

драмаи публитсистї




Њадаф дар пайравї бо сиёсати Њукумати Тољикистон, ифшои мушкилоти иљтимоии њамзамонон ва пешгирии он аст.
Дар асоси воќеањои њаётї, маќолаи мутахассисон, хотироти љабрдидагон, гирифторони созмонњои тундрав иншо гаштаст. 
Дар тањияи он мебояд шиори «санъат барои санъат»-ро бо рисолати «санъат барои халќ» иваз намуд.
Муаллиф.









Душанбе 2020









Иштироккунандагон:

1. Олимї – муњаќќиќи равоншинос ва љомеашинос.
2. Кулолї, сарвари хољагии дењќонї
3. Салмон – писараш
4. Кавгак – љавони ятим, корманди ферма
5. Латифа – «анекдот», корманди ферма
6. Тиллохон.
7. Санам.
8. Овози ба созмони тундрав даъваткунанда аз тариќи телефон ва интернет

Овозњои ањли дења
- Хушдоман,
- Келин,
- Зани ќайсар,
- Шавњари тундсухан.
- Овози радио.
Шеърњо аз сањифањои Фейсбук истифода шудаанд.






















ПРОЛОГ
Гирдсанг – майдончаи табиї, љойи маљлис дар дењаи буни кўњ.
Аз радио  Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон:
«Пўшида нест, ки дар нињоди њар кўдак ду неру љой дорад. Агар неруи бадию берањмї, зўроварию љангљўї дар нињоди онњо бар неруи инсондўстї  ва адлу инсоф ѓолиб ояд, вой бар њоли инсоният, ки њазорон сол пушт ба пушт зањмат кашида, барои мо ва наслњои оянда мероси бузурги маънавї ва тамаддуни оламшумул ба ёдгор гузоштанд.
Њељ модар намехоњад, ки фарзандаш ба куштору хунрезї даст занад. Вале воќеият ва таърихи башар нишон медињад, ки новобаста аз хоњиши модарон љангу хунрезї дар саросари љањон пайваста меафзояд. Модарон бо сари танњои хеш пеши роњи афзудани яроќњои дањшатнок, ќатли ом ва кушторњои вањшиёнаро гирифта наметавонанд.
Тифли парвардаи мо ба яроќу љанг дил бандад, оќибати кор чї мешавад? Оё онњо ба ќадри офтоб, замин, ба ќадри борону шабнам, рангинкамони бањор, зебоњои табиат мерасанд? мењнати дењќон, зањмати њалоли падару модар, обу хоки Ватанро ќадр мекунанд? Мо таќдири ояндаи сайёра, таќдири Ватану сарзамини аљдодиро ба кї месупорем?
… Терроризм ва экстремизм яке аз проблемањои асосии имрўза буда, махсусан ;авононро бо њар гуна ваъдањои бардурў;и динию дунявї ;алб намуда, онњоро ба ;араёнњои террористї сафарбар менамоянд. Созмон;ои террорист; бо истифода аз технология;ои муосири иттилоот; ва бо ро;и тафсири ;аразноки сарчашма;ои дин; дар мафкураи ;авонони камта;рибаву ноого; ;оя;ои тундгароиро ;ой карда, он;оро ба ;атлу куштор, бар;ам задани амният ва суботу ором; дар мамлакат;ои гуногун ташви; менамоянд. Дар њар як сомонаи сиёсї, и;тимої, фарњангї ва ;айра мавзўи асосї ба пайвастани шањрвандон ба гурўњњои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ;омеаи имрўзаи мо мебошад…

Латифа ба сањнаи гирдсанг омада шеър мехонад.
Латифа.
Ќасам ба ишќи бузургон, ки нест поёнаш,
Ќасам ба гардиши таќдири гирдгардонаш.
Ќасам ба оби зулолаш, ки ройгон љорист,
Ќасам ба вусъати таъриху кўњи имонаш.
Ќасам ба лолаи дашташ, ки сурх мерўяд,
Ќасам ба булбули кўњаш, ки сулњ мегўяд.
Муќаддас аст замине, ки модари таърих
Ба шир ном нињодаш Тољикистонаш!   
Меравад. Кафкўбї аз толор.

Намоиши  1.
Олимї ва Кулолї меоянд. Олимї дар рўи гирдсанг нотбукро љой дода, ба кор медарорад. Кулолї эътироз мекунад.

Кулолї. Масалан, мисол, маќсади шумо чист?
Олимї. Мо IQ – зењни аќлонии мардумро месанљем. Солњои 80-уми дар сатњи 87 дараља, аз сатњи IQ -и аврупоињо хеле кам буд.
Кулолї. Бо аврупоињо баробар шудани мо душвор.
Олимї. Захирањои табиї кам, атроф биёбону куњ. Мисли Аврупо замин њамвор, шањру дењот дар шафати њамдигар мебуд...
Кулолї. Ња-да. Масалан, мисол, маќсад, то аз Ќазоќистон ба мо расидан нархи орд аз тилло гарон мешавад. Худамон гандум корем, чї?
Олимї. 93 дарсади кишвари мо кўњ аст, дар чор ваљаб замини обї фаќат гандум корида хўрдан хоси халќи мутамаддин  нест.
Кулолї. Хайр, њамааш маълум, дигар чї мехоњед?
Олимї. Мардум майзада нест, нашъамандонаш кам. Њукумат барои рушд корњои зиёд мекунад. Аќл бояд пеш равад. Санљиш зарур.
Кулолї. Хайр, ин кори шумо-ю, мегўм, мардума аз кор намонед.
Олимї. Имрўз ваќти зиёдашонро намегирем. Пагоњ шом, пас аз кор дар мавзўи муњими терроризм суњбат мекунем.
Кулолї. Бало занад, онњо аз куљо пайдо мешаванд?
Олимї. Террорист аз модар таваллуд намешавад, ўро месозанд. Љавонони зидди терроризмро њам сохтан зарур мешавад.
 Кулолї. Илми ман ин чизро намедонад. Масалан, мисол, маќсад, илми ман - гов кардани гўсола.
Олимї. Илми мо инсони комил кардани наврасон.
Кулолї. Наѓз. Ин ба шумо бењтарин ќурут, бо пива наѓз.
Олимї. Пива наменўшам, вале барои ќурут ташаккур.
Кулолї. Илтимос, барои санљиши аќл аз ферма як касї - ду касї оянд. – Масалан, мисол, маќсад, кор бояд ќатъ нашавад.
Олимї. Ња, ќурут ришва гуед? 
Кулолї. Не-не, мењмондорї. Шакаров њам мешавад. (Меравад).

Олимї асбобњоро насб мекунвад. Телефонаш садо медињад.
Олимї. Лаббай… Дўстам, вазифаи ман бурдани тарѓибот, на дастгир кардани љинояткор… Не, албатта, намехоњам, ки дар таркиш њалок шавам… Хуб, маълум шавад, хабар медињам. (Телефонро хомўш карда, худ ба худ). Дар «Булбулистон» њам касе ба доми террористњо афтодааст. Кист – номаълум. Тарѓиботчї кист? Номаълум…

Салмон меояд, телефонаш фаъол мешавад. ба гўшаи дигар меравад. Овози зане ба форсї њарф мезанад, аз лакнати забон маълум, ки аврупоист.

Салмон. Шуморо нашинохтам. Агар холаи Нисо бошед, донед, ки ман бо ўдигар зиндагї намекунам. Ќањр карда рафт – паяш канда… 
Овоз. Ба ман худи ту лозим. Салмон Кулолиев њастї? 
Салмон. Узр… ња, ман.
Овоз. Садои халќа бо гўши дил шунав. Баъд бањо медињем.
Салмон. Шумо кистед?
Овоз. Роњбалади кишвари нур. Ту њоло фаќат шунав. Дар байни ањли дења гургу шаѓол, мору каждумро дар сурати одамї пайдо бикун. Баъд суњбат мекунем.
Салмон. Хуб. (Бо њайрат ба атроф менигарад).

Интермедияи 1
Кулолї ва Кавгак љанљолкунон меоянд.
Кулолї. Илоњї, намакам кўр кунад, безорї! Аз кадом зоту авлоди харї! Дар њамин шоми чоршанбеи муродбахш рост ба љањаннам равї.
Кавгак. Мебахшед, амак, м аро бињиштї мегўянд…
Кулолї. Амак нагў! Ман аз сад мањали ту барин љиян безор! Малоикањо дар суроби ту хар диданд, ки дар бињишт љой медињанд?
Кавгак. Чунки дар дил кина намегирам, ѓазабу ѓурур намекунам…
Кулолї. Ту бињишт равї, ман аз он љо меравам! Говњо ба чарогоњ бар! Агар бегоњї мол гушна омад, пўстата канда ба гургњо медињам.! 
Кавгак. Пўст канед, говњоро кї бонї мекунад? Дар кўњ алаф нест.
Кулолї. Илоњї, забоната ѓунда газад, саѓераи шакаробхўр! Илоњї, намакам кўр кунад! Њафт пушту авлодат рўзи некро набинад…

Интермедияи 2.
Хушдоману келин дар болои тепа, овозашонро мешунавем:
Хушдоман. Илоњї дастат шиканад! Чаро гов гушнаву ташна?!
Келин. Обу алаф додам, холаљон…
Хушдоман. Ње, падаратлаънат! Ту њељ ваќт гуфтаи мана намекунї!? Авлоди паст! Овози сагбачаи безорита гир?! Овозашон дар гўр!
Келин.  Пеши бибимон меравем гуфта шодї карданд…
Хушдоман. Ње, забонат гирад! Як бор гуноњата ба гардан намегирї! Бибиш њам мураду бобош њам! Ту кай одам мешавї? Дар ќаври мазор! Кай мемурию ман аз ту халос мешавам!?
Келин. Уф… њамин шаб…
Хушдоман.  Чї – «њамин шаб»?!
Келин. Худама оташ мезанам.
Ман худамро борњо мирондаам,
Зиндагиро борњо гирёндаам.
Дар мазори синаам хон фотења,
К–охирин лабхандро гўрондаам –
Хушдоман. Оњ, худољон, ба ѓазабат гирифтор кун, ин гарданбуридаи бефањма!

Интермедияи 3.
Љанљоли зани омир бо шавњари беиродааш дар хонаи дигар. Мард паст-паст бечоранолї мееунад вожањояш маълум нест.

Зани ќайсар. Ман аз шўи бепули бењунар безор! … 
Шавњар. У-у-у-у…
Зани ќайсар. Чї кор дорам, ки маошат кам?! Чї кор дорам, ки пули кисаат ба нархи бозор мувофиќ нест!?
Шавњар. У-у-у-у…
Зани ќайсар. Чи кор дорам, ки дили сардорат ба ту бад?! Чї кор дорам, ки бо њељ кас забон ёфта наметавонї!?
Шавњар. У-у-у-у…
Зани ќайсар. Чї кор дорам, ки хешонат ќарзи туро барнамегардонанд!? чї кор дорам, ки бонк барои ќарзи додааш мошинчаи шалаќатро кашида гирифт?!
Шавњар. У-у-у-у…
Зани ќайсар. Дуздї мекунї, ѓаррї мекунї, пул биёр, кўдакои сабилмондата хўрон! Набошад, баро, дафъ шав!
Шавњар. У-у-у-у…
Зани ќайсар. Барои саѓирањоят дањ падари дигари пулдор меёбам!
Шавњар. У-у-у-у…
Зани ќайсар. Худата фалаќ каш!

Интермедияи 4.
Ѓавѓо аз тарафи дигари дења. Шавњарии омир бо зани беиродааш љанљол мекунад. Овози зан танњо аз бечоранолии паст иборат буда, вожањояш маълум нест.

Шавњари даѓал. Ман ба ту ќалин додам! Тўй додам! Барои чї? - Дар кўча худата намоиш додан?! Аз чапари хона баромадї – се талоќ!
Зан. А-а-а-а-а…
Шавњари даѓал. Вазифаи ту - ошпазї, кўдакбонї, либосшўї, хизмати шў! Вазифата иљро накардї – як шатта!
Зан. А-а-а-а-а…
Шавњари даѓал. Гапи хушдомана гардондї – ду шатта!
Зан. А-а-а-а-а…
Шавњари даѓал. Ба шавњар ѓингї кардї – се шатта!
Зан. А-а-а-а-а…
Шавњари даѓал. «Зана зан, намурад бо табар зан»! Табара биёр! 
Зан. А-а-а-а-а…

Идомаи гуфтугўи Салмон ва соњиби Овоз аз телефон.
Овоз. Хўш, дидї? Фањмидї?
Салмон. Ња… чаќ-чаќи мардум.
Овоз. Не. Ин хама - дилозорї, дилкушї, ќатли рўњи инсон. Ваќте одам рўњан ќатл шуд, дилаш шикаст, аз ў бадбахттар касе нест.
Салмон. Бо ин чї гуфтан мехоњед?
Овоз. Боз нигар, боз омўз. Баъд суњбат мекунем.
Салмон. Хуб… (Меравад).   

Намоиши 2.
Латифа дар даст сатил мегузарад. Телефонаш фаъол мешавад.

Латифа. СМС - паёмак омадааст.  Ин кї бошад? Боз кадом аблањи дилсўхта њасрат мекунад? Не… (бо тааљљуб). Ин чизи дигар. 
Овоз. «Ватан – як чизи сохта барои љаббидани хуни нодорон, барои каниз кардани шумо. Барои чунин мењнат мо ба ту доллар медињем»…
Латофат. На љаноб, хато кардї.
Гузарад соати душвор, ватанро мафурўш,
Ѓами имрўз шавад пир, ватанро мафурўш
Ѓарб то Шарќ њама манфиати худ љўяд,
Ба фиреби ду љањонхор ватанро мафурўш.
Сухани ќудсии «њубби ватан аз имон аст»
Марг бар љон хару зинњор ватанро мафурўш…
Телефонашро хомўш мекунад.
Салмон меояд.
Салмон. Салом, «анекдот-гул»…
 Латифа. Салом, «доллар-ќул».
Салмон. Аљаб духтари шўхї. (Духтарро оѓўш кардан мехоњад).
Латифа (осон худро рањо мекунад). Ња, бойбача, тинљї њаст? 
Салмон. Њамеша хушњолї. Аз хушбахтиат камтарак садаќа бикун.
Латифа.
Табассум дар лабони ман чу сарпўш аст рўи дег,
Ки бардорї ту он сарпўш, дарунаш гиря мељўшад.
Салмон. Эњња,  ба њолат гиря кунам, мегўям.
Латифа. Даркор не:
Дардро танњо кашидан аз уќоб омўхтам,
Зиндагї дар рўи дарё аз њубоб омўхтам.
Баркашида неку бадро дар тарозуи хирад,
Пеша кардан сабрро аз офтоб омўхтам.
Салмон. Латифа, аз ин пас ман ѓамхори ту мешавам.
Латифа. А, бача, мастї? Ба занат ѓамхорї накардї, ки наравад?
Салмон. Вай мисли ту не. Дарундор. Зављаи ќонунї мешавї…
Латифа. Њаргиз.
Салмон. Ман њама хоњиши туро иљро мекунам.
Латифа. Аз њисоби пулњои падарат?
Салмон. Њиссаи ман њам њаст. Гўш кун, падарам барои як рўзи кори ту бист сомонї медињад. Ман дусад сомонї медињам!
Латифа. Пулат бошад, ба зану фарзандат сарф бикун. 
Салмон. Шукр гўй, ки ба хонаи марди доро келин мешавї.
Латифа. Ба пул дил намебанданд, паймон бо дил аст.
Салмон. Тиллохон рост мегўяд, ки бо дили Кавгак паймон бастаї?
Латифа. Инаш кори дили ман.
Салмон. Паймонро бо марди комил мекунанд…
Латифа. Ман ба фармони дилам, дил кай ба фармони ман аст?
Салмон. Ба ќадри ишќи ман нарасї, ѓалат мекунї…
Латифа.
Мо китоби куњнае њастем сар то по ;алат,
Хонданињоро саросар хондаем, аммо ;алат.
Бехабар будам, даре;о, аз усули дини ишќ,
Хат ;алат, иншо ;алат, дониш ;алат, таќво ;алат. (Меравад).
Салмон. Худоё, чаро як духтари саѓираи почаканда маро рад кард!

Телефонаш фаъол мешавад. Онро мекушояд. Њамон овози пурасрор.

Овоз. Дўсти азиз, имрўз ту њайрону сарсонї: аз чї ба шўр меої? Аз он, ки занат ќањр карда рафт? Бо вуљуди зуру тавоної ишќи туро як духтараки аљина рад кард, дилатро шикаст. Вале ин хуб аст: «Ишќ рад гашт - руњ озод шуд». Эњсос туро пойбанди наљосат мекард. Аз бало растї. Муборак бод озодї!
Салмон. Ту кистї? Апаї, холаї…
Овоз. Ман онам, ки ба ту пайки озодї меорам, ба олами нур њидоят мекунам! Бо вуљуди сарвату дороии падар, бо вуљуди аќлу дониш вазифаи шоиста надоданд, дили туро шикастанд; дар байни подаи падарат дармондї. Чунин њаст?
Салмон.  Хайр, чунин аст…
Овоз. Вале бидон, дил фонї аст, руњ љовидонї; дил шикаст, вале руњи ту озод гашт аз тарс, њаё, уњдадорї дар назди њама дустон, дилбарон, волидон. Аз дунёи фонї дур шав, биё ба љомеаи мо, ки ќадршиносї, маоши баланд, духтарони паризод туро интизоранд.
Салмон.  Аз њама кас даст мекашам, аммо аз волидонам на.
Овоз. Чунки падарат. Аммо туро худо офаридаст. Умеди гўсола ба пистони модар аст, умеди ту ба кисаи падар. Аммо кисаи падари ту аз њисоби ѓорати дигарон пур аст. Магар чунин нест?
Салмон.  Не, не. Чї хел?
Овоз. Озод бош, озод андеша бикун, бардуруѓ волидонатро ситоиш накун. Ту, мебинї, ки падарат бар ивази чанд дирам зану мард, њатто кампираконро кор мефармояд, боз дашном мекунад. Моли муъмин хуни муъмин. Инро шунидаї? - Касе бо макру зўрї, бо фанду фиреби ба хона нон меорад, дастурхонаш макруњ, зављааш макруњ, фарзандонаш њаромзода мешавад ва њаргиз ба бињишт намерасанд.
Салмон. Намедонам, аммо хони мо њалол аст…
Овоз. Замони мо - асри Шайтони раљим аст, байни њарому халол фарќ нест. Бо хирад дарёб фонї будани њаёт, мансабу сарватро.
Салмон (нобоварона). Њис мекунам.
Овоз. Муборак бошад! Ту зеби равзаи бињиштї.
Салмон. Дар вуљудам неруи аљиб пайдо шуд.
Овоз. Дар ин олам худро овора макун. Зулмотро бигузор, ба олами нури абадї, улвият, наљобатњои абадї ќадам гузор!
Салмон. Роњ кадом аст? Роњи олами нур куљост?
Овоз. Дар ибтидои роњї. Иќдоми дигар ишкол надорад. Туро дўст надоранд, ѓазаб бикун. Хомўшу сархам бошї, бори бештар ба дўшат партоянд. Њамаро бишкан ва роњи бињиштро дарёб!
Салмон. Ин роњи куштор, дањшат афкандан, террор аст?
Овоз. Касе моли дигаронро азхуд мекунад, бо сухан зањр мезанад, магар террористи равонњо нест? Каси дар умраш зироатро надида, накишта, аз њисоби он соњиби сарвати зиёд мешавад, террористи молї нест? Касе бо дониши андак соњиби вазифае гашта, дигаронро њаќир медорад, террористи равонї нест Дилбаре, ки дили ошиќи туро шикаст, террорист нест? Пас, ту њам бо террористони ќалбу руњ бимон!
Салмон. Андеша мебояд кард.
Овоз. Ту њоло аз он бияндеш, ки дар байни касони ба сурат одамї  ба сират вуњуш зиндагї мекунї. Вале ин дунёи љоњилия низ абадї нест. Дил кандан аз дунёи фонї, аз сарвати бо хуни дигарон омада мушкил аст! Аммо хоњї- нахоњї, умр туро мисли ёри нозанинат тарк мекунад! Аз молу сарват, дўсту душман, људо мешавї. Сипас дар оташи дўзах месўзї, ё дар боѓи Фирдавс бо 72 њури бињиштї бо љўйи ширу асалу шарбат роњат мекунї. Љамоли њурон ба њаддест, ки як лањза ба замин рў оваранд, љањонро баробари дањ офтоб равшан кунанд. Аз ин бияндеш!
Салмон чашмонашро бо дастонаш мемолад. Дар сањна нури мигалка чашмак мезанад. Дар назари Салмон дунё торику равшан мешавад. 
Овозњои њаррўза ба гўшаш баландтар садо медињанд.
 Дар хаёли Салмон бо суръати тезтар ва фољиаомез сурат мегирад:

Интермедия
Љанљоли зани омир бо шавњари беиродааш аз як тарафи дења. Овозњо.
Зани ќайсар. Ман аз шўи бепули бењунар безор! Чї кор дорам, ки маошат кам?! Чи кор дорам, ки дили сардорат бад?! Дуздї мекунї, ѓаррї мекунї, пул биёр! Набошад, баро, дафъ шав! Барои саѓирањоят дањ падари дигари пулдор меёбам! Худата фалаќ каш!
Интермедия
Љанљоли шавњарии омир бо зани беирода аз тарафи дигари дења.
Шавњари тундсухан. Ман барои ту ќалин додам! Аз чапари хона баромадї – се талоќ! Вазифаи зан - ошпазї, кўдакбонї, либосшўї, хизмати шў, хизмати хушдоману хусур! Вазифата иљро накардї – як шатта! Гапи хушдомана гардондї – ду шатта! Ѓингї кардї – се шатта! «Зана зан, намурад бо табар зан»- гуфтаанд! Табара биёр! 
Зан. А-а-а-а-а…

Интермедия
Овози љанљоли хушдоману келин дар њавлии болои теппа дар ёди Салмон бо суръати баланд таљдид мешавад, суханњо омехта

Хушдоман. Илоњї дастат шиканад! … Бибиш њам мураду бобош њам! Ту кай одам мешавї? Дар ќаври мазор! Кай мемурию ман аз ту халос мешавам!?
Овози хушдоман ѓафс гашта ба уллоси гург монанд мешавад. Садои талош карда ба сайд њуљум кардани гургон. Келини тарсхўрда дар тан куртаи сафед аранге дар сањна пайдо мешавад. Фиѓон мекашад. Сари дилу гарданаш аз хун сурх мегардад.  Фиѓон мекашад.

Интермедия
Љанљоли навбатии Кулолї бо Кавгак.
Кулолї. Илоњї, намакам кўр кунад, безорї, авлоди хар…

Кавгак дар тан куртаи сафед аз сухан  печутоб мехўрад. Пироњанаш сурх мешавад. Кулолї онро кашида пойкўб мекунад.
Њама нопадид мегарданд.
Салмон танњо дар андеша. Набзи дил.

Овоз (аз телефон). Дидї, ки дунё ворун аст. Ба чї хулоса омадї?
Салмон. Андешаи љиддї мебояд кард.
Овоз. Ту љавони ботасмим ва соњибирода њастї.
Салмон. Шумо маро мебинед? Дар ин наздикї њастед?
Овоз. Не. Илму техника ба манфиати мост. Аз тариќи алоќаи кайњонї њар як њаракати туро мебинам. Мехостам дилатро фањмам. Донистам, ки одами мо њастї.
Салмон. Ман чї кор кунам?
Овоз. Алайњи кину ѓазаб бархез, љавонони соњибдилонро ташвиќ бикун. Супориш дар мессенљи нињонї аз љониби «Дўст» ирсол мегардад.
Садои махсуси омадани СМС - паёмак  аз телефон.
Салмон (мехонад). Ммм… Хуб. Ман ба корњои бузург омодаам.
Кавгак меояд.
Салмон. Кавгак, дилам ба ту месўзад. Ба љанљолњои падарам чаро хомўшї? Сархам шавї, бораша зиёдтар мепартояд.
Кавгак.  Ман ќарздорам... Агар ќарзам соф мешуд…
Салмон. Ќарз гирифтї, аммо ѓулом нестї. Ќарзат соф намешавад: пули додаи ту барои фоидаи ќарз меравад, ќарз мемонад.   
Кавгак. Рост… Намедонам чї кор кунам?
Салмон. Бачаи хубї. Ба корњои ман кўмак расон, пул медињам.   
Кавгак. Ту… ширкат дорї. Чї кор њаст? Аз уњдааш мебароям?
Салмон. Ња, фаќат пинњонї аз падарат, аслан њељ кас нафањмад. 
Кавгак. Масалан, чї кор њст?
Салмон. Бо мошини роњ ба дўкони як шиносам меравї. Ана ин суроѓа. Дањта аккомулятор меорї.  Ин пули бор, инаш њаќќи корат.
Кавгак. Пода чї мешавад?
Салмон. Ман дар кўњ хоч мечинам, подаро њам нигоњ мекунам.
Кавгак. Хуб. (Меравад).
Салмон (телефонашро фаъол мекунад). Ёрдамчии ман рафт…

Намоиши  3.
Майдонча. Олимї танњо. Тиллохон ва Санам меоянд.

Тиллохон. Ассалом. Шумо аќлро њисоб мекунед. Моро њам санљед.
Олимї. Хуб. Шинос мешавем. Ному насаб, синну сол касбу кор.
Санам. Ман Санам. Ин Тиллохон. Њардуямон 41-унимсола.
Тиллохон. Касбамон одамшиносї.
Олимї. Наѓз. Ба њар кас бањои аниќ дода метавонед.
Тиллохон. Мо њам метавонем.
Санам. Надонем, телефон дорем, аз интернет мефањмем. Санљед.
Олимї. Набошад, ба њо ана вай келину хушдоман бањо дињед.
Тиллохон. Шавњари њардуяш дар Россия. Ѓубори дила мебароранд.
Санам. Љанљол накунад, хушдомани хуб њисоб намекунанд.
Олимї. Ана он бачаи хуб чї?
Тиллохон. Вай Кавгак - як подабон. Кирои гап не.
Санам. Подабон худаш чї, ки ба як аљина ошуќ шудааст. 
Олимї. Ана вай бачаи муйсардароз чї?
Тиллохон. Бойбача, доно. Медонад, ки кадом амир чанд зан дошт.
Санам. Лекин дили зани худаша ёфта натавониста, пеш кард.
Тиллохон. Дипломи олї гирифту дар фермаи падар монд. 
Санам. Дар як кисааш доллар, дар як кисааш евро. Вале мумсик.
Олимї. Њо ана он духтари давон омадаистода чї кас аст?
Санам. Оњ, Латифа – «Анекдот-гул». Овфимор. Намешудагї.
Тиллохон. Агар ягон ваќт дунё сўзад, аз дасти вай месўзад.
Латифа меояд.
Латифа. Салом. Мана амаки Кулолї равон кард.   
Тиллохон. Ана њамин офати осмонї - Латифачаи мо.
Санам. Расо баъди нуњ моњи тўйи Кали Эсо очаш таваллуд кард.
Латифа. Дар сари кали Эсо моњ дидед, ки маро ба ў мечаспонед?
Тиллохон (ба Олимї). Дидї, хурд, лекин гуфтораш мисли кампир.
Санам. Кали Эсо барои зани дуюмаш буз ташкил карда буд.
Тиллохон. Отаат аз Россия омаду, норозї шуд, ки чаро ту бистмоња шуда таваллуд  гаштї.
Санам. Рањматшо паяша канду Зањматшо омад. Ин њам ѓайбат?
Латифа. Рањматшо отаи акањоям. Отаи ман – Зањматшо.
Тиллохон. Барои њамин, ту якта, офимор. Аз духтарњо девонаш ту.
Санам. Агар боз якта мешуд, дунё дар мегирифт.
Боз чанд кас меоянд.
Олимї. Марњамат. Мо санљиши зењнњоро мегузаронем. Дар чор сония масъаларо њал кунед. Агар натавонед, худро азият надињед. 
Тиллохон. Сар кунед, маълим. 
Олимї. Як халтаи орд аз як кило орд як сомонї ќиматтар аст. Як кило дувуним сомонї. Нархи орд бо халтааш чї ќадар мешавад?
Латифа. 126 сомонї.
Њарду. Агар як кило орда дувуним сомонї фурўшад, каппаш дуд мекунад. Як халта орда 220 сомонї кард.
Тиллохон. Аллакай ин сањар то 250 сомонї бардошт. 
Олимї. Шумо зуд љавоб дињед. Суръати фикрронї муњим. Саволи дуюм: Як дастгоњ дар панљ даќиќа як ќуттї мебарорад. Ба сад дастгоњ чї ќадар ваќт лозим, ки сад ќуттї бароранд?
Латифа. Панљ даќиќа.
Њарки њар хел посух дод. Аммо занњо ба саволдињї гузаштанд.
Тиллохон. Чї хела дастгоњ? Оњанї? Калон?
Олимї. Ња.
Санам. Бо бензин кор мекунад, ё солярка?
Олимї. Бо барќ.
Тиллохон. Чї месозад?
Олимї. Ќуттии замбўри асал... Ваќти шумо тамом шуд.
Санам. Њоло ист. Ваќти худо беохир. Барои кїмесозанд?
Олимї. Барои давлат…
Тиллохон. Пулаша кай медињанд? 
Олимї. Пулаша аллакай доданд. Ташаккур. Ваќт тамом шуд.
Њарду. И– и– ї…
Олимї. Ба њар њол, фикри шумо чї? Латифа панљ даќиќа гуфт.
Тиллохон. Дар панљ даќиќа очат туро месозад, чашми Рањматшоя хато карда. Лекин завода се сол месозанд.
Санам. Ту сад дастгоња дар куљо мемонї? Ку љойи кушод?
Олимї. Ана ин теппаро њамвор карда, завода љой медињем…
Тиллохон. Кулолї мемонад, ки як ваљаби ин теппаро гирї? Набошад, говњояшро дар куљо мечарронад?
Санам. Нисфи тахта ноќис: Кўри Самад тахтаи бракшудая байни тахтањои соз мемонад, ки бой шуда, зани дуюм мегирад.
Тиллохон. Ба завод барќ лозим. ГЭС-и болои дења сохтан даркор.
Тиллохон. Агар «таѓа» надошта бошад, завода партофта меравад.
Санам. Алё, гап зан. Хобат бурд, профессор? Зиќ шудї?
Олимї.  Дар фикр задам. Чашми маро кушодед…
Санам. Тилло бало, бо гап дили муйсафеди кўрро њам мекушояд.
Тиллохон. Э, рут лахча, кай мана бо ягон кўр дидї?
Латифа.  Рост. Се бор дар мошини Кўри Самад диданд.
Тиллохон. Дар рању рў ба мошини ягон калу кўр мешинї-да…
Санам. Як бор ду бораша худо њам мебахшад. Вале сеюм бор…
Тиллохон (остин барзада) - Э соз-соз гап зан…
Олимї. Истед. Шумо тамоми мушкилотро гуфтед. Яъне, IQ - зењни аќлонии шумо зиёд аст! Шумо ба ман ёрї дињед. Хулосаи шумо муњим.
Њарду. Хуб шудааст.
Олимї. Духтарам, ту зењни хуб дорї. Ба куљо дохил шуданї њастї?
Латифа. Ба институти Масковљон дохил шуда, мардикорї мекунам, ягон лоха ёфта, ду писар мекунам, хона месозам, бачањома тўй мекунам.
Олимї. Наход орзу њамин ќадар бошад?
Латифа. Мани ятим таѓо надорам, ки ба институт дохил кунад?
Зи ч; ;ав;ар офарид; дили до;дори моро?
Ки ;азор лола п;шад пас аз ин мазори моро…
Олимї. Њоло имтињона дар ноњия, дар маркази тестї месупорї. Њукумат ба ятимон холи имтиёзнок медињад, хобгоњ медињад.
Санам. Ту хонданї равї, бузњои Кулолия кї бонї мекунад?
Латифа. Њардуи шумо-да.
Олимї. Худи њозир бо маркази тестї суњбат мекунам.
Бо телефон дар тамос мешавад, паст-паст суњбат мекунад.
Кулолї, Кавгак ва чанд нафари дигар меоянд.
Кулолї. Фаќат зудтар сар кунед, профессор.
Олимї. Масъала њал шуд. Худи пагоњ њуљљатњоятро бар.
Латифа. Ташаккур…
Олимї. Он келину худоман наомаданд? Овозашон намебарояд...
Тиллохон. Дигар намешунавед. Келин шўковї Россия рафт.
Санам. Гуфт, ки бачата ёфта, зиндагї мекунам, ё талоќаша дода, омада хоната алов сар медињам.
Кулолї. Ё наузанбиллоњ.  Хонаи вай сўзад, ферма њам дармегирад.
Тиллохон. Э, товба гўед…  Хонаи ман њам месўзад. 
Олимї. Гўед, чаро дењаи шуморо «Булбулистон» меноманд?
Латифа. Пеш дења макони булбулон буд. Барои бойи дења онњоро мекушанд. Булбулон аз ќањр нопадид шуданд. Замоне ба чашми мо аён мешавад, ки аз дилњо мо ѓаризаи нопок дур шавад.
Тиллохон. Аслан, фермаи Кулолї роњи дараи булбулона баст.
Санам. Аз бўю тафти чорвои ферма булбулњо ба дења намеоянд.
Кулолї. Булбул худаш чї? Як намуди гунљишк, фаќат як моњ - ваќти гул мехонад. Шоирњои бекору нодор дар њасраташ  менависанд. Чорво медоштанд, дар бораи гову хар менавиштанд.
Латифа.
Номањо бояст то султони ;ањл,
Чашми танги дил кушояд зудтар.
;ањлро бо фазл бояд оштї,
Ё ба зўрї, ё ба зорї, ё ба зар?!
Кулолї. Э, ту чї инља шиштаї? Буз-бонї рав.
Латифа. Ман ба имтињон тайёрї мебинам.
Кулолї. Институти ту – хонаи шў, дегу табаќ, кўдакбонї.
Латифа. Дар ноњия завод месозанд, ман инженер мешавам…
Кулолї. Хестї, ки хобї. Тую бачањои аз фермаи ман намонед.
Тиллохон. Э, духтари бечора. Таќдири ту сад соли дигар њамин.
Латифа.
Эй басо банда, ки аз бањри њунар
Ќадраш аз хоља басо бештар аст!
В-эй басо хоља, ки аз бењунарї
Дар рањи бандаи худ пайсипар аст!
Кулолї. Дигаргунињои азим оѓоз мешавад. Њукумат барномањои рушди илмњои даќиќ ва саноатї кардани кишварро пеш гирифт. 

Аз поёни дара овози њаракти корвони мошинњо. Њама дар њайрат.

Тиллохон. Ин чї бало?
Санам. Кулолї куфр гуфт – дунё ба ларза даромад.
Тиллохон. Ин овози Хари Даљљол. 
Кавгак. Э, вой-е... Ин овози техникаи њозиразамон. 
Кулолї. Масалан, мисол, техникаи вазнин ин љо чї кор мекунад? 
Латифа. Заводи калон месозанд. Дар болотари дења ГЭС месозанд. 
Санам. Рост. Дар интернет хабар доданд.
Тиллохон. Барои мо њам љойи кор ёфт мешавад.
Латифа. Ба њама кор ёфт мешавад. Сукути кўњистон тамом шуд.
Олимї. Бале. завод месозанд, дигар барои љанљол ваќт намемонад.
Тиллохон. Худоро шукр. Чи хел наѓз…
Санам. Њама ба сохтмон раванд, фермаи Кулолї чї мешавад?
Кулолї. Масалан, мисол, маќсад, ба фермаи ман завол меояд, гўй!
Олимї. Ферма њам лозим: ба њазорњо коргар гўшту шир даркор.
Санам. Ќурутњояш бо доллар савдо мешавад…
Кулолї. Суханат дар дањонат асал шавад. Рафтем, пешвоз мегирем.
Олимї. Хуб. Фардо шом суњбат мекунем. Њама биёед.
Мераванд.
Садои ѓурриши техника бо мусиќии тантанавї иваз мешавад.
Латифа.
Табли шодї бизананд дар гузарат, бовар кун,
Офтоби хушї хандад ба сарат, бовар кун!
Аз шаби тор матарсу рањи фардо бинигар,
Нурфишонї бинамояд ќамарат, бовар кун.
Боз як фасли бањори тарабангез расад,
Гул шукуфад ба њама рањгузарат, бовар кун.
Боз оѓўш кушої ба њама ёронат,
Гул занї дар сару рўи ќамарат, бовар кун.

Намоиши 4.
Салмон танњо мемонад. Телефонашро фаъол карда, сайт мељўяд.
Салмон. Ин давлатњо чї гуноњ доранд?
Овоз. Њар давлат аз пули халќ пулису артиш месозад, ки халќро идора кунад, бо бањонаи њифзи њуќуќ, ба халќ љабр мекунад, мардуми бегунњро ќатл мекунад, ба онњо террор – воситаи бо зўрї идора кардани љањон аст. Мо алайњи давлатњои террорист террор мекунем. Ва инро пинњон намекунем, сирри давлатї намегўем, ба тамоми дунё хабар медињем! Мо њамаро мешиканем, љањони нав месозем!
Салмон. Ин мазмуни суруди инќилобї – «Интернатсионал» нест?
Овоз. Бале. Рўзи адолат наздик аст!
Овози падар. Тиллохўља! Њой Тилло!
Салмон. Лаббай, дада.
Овози падар. Куљо шудї? Дари фермая кушо, пода меояд.
Салмон (ба падар). Хуб. (Ба телефон).  Падарам даъват мекунанд.
Овоз. Буддо фарзанд надошт, ин талаби кеши вай буд. Вале писаре медошт, ў мисли падар аз њавасњои дунё дил меканд, Њазрати Исо агар писар медошт, мисли ў худфидову љафокаш, таскинбахши љабрдидагон мегашт. Исои Масењ руњи инсонро ором мекунад. Танњо дини ислом барои бунёди салтанати љањонї талош мекунад.
Салмон. Вале ман наметавонам гуфтаи падарро иљро накунам.
Овоз. Њамин аст асли мусибати мо. Авлод ба авлод падарро мепарастем ва ин ишкели рушди мо мегардад.
Овоз. Нитсше мегуфт: аз њисоби дигарон фоида мегирем. Падарат туро дар фермааш говбон кардааст, ки пул бегона нашавад. Ана барои чї шуморо дўст намедоранд. – Ту бо ин илму дониш ѓуломи падар шудї! Падари ту- ањли љоњилия, занљири љањл ба пойи ту баст, ки моли ўро афзун кунї. Фардо ту ин занљир ба пойи фарзандат мебандї. Ихтиёри волидон ба худо супор ва ин занљир бишкан! Ба мулки нури абадї рав! 
Салмон. Њама фанду. Дар назарам љањон вайрон менамояд…
Дар назари Салмон дунё торику мегардад. Чароѓи «мигалка»
Овоз. Афсонаи љањондорон дар хусуси ватан, халќ, демократия, некї мурд. Зеро ки фанду фиреб барои ѓулом кардани мардум аст. Барои дифои худ аз пули халќ силоњ харида, зидди халќ равон мекунад. Пас, онњо ќотили инсонњо нестанд?! Фашист нестанд?! Террорист нестанд?!
Дар назари Салмон мардум дар даст шиорњои «Демократия», «Некї!» «Одамият!», «Рушд», «Инќилоби алафї»… пайдо мешаванд:
Латифа.
Яке молу яке давлат бихоњад,
Яке шўњрат, яке зањмат бихоњад.
Яке ободии мулк, валекин
Яке њангомаву сарват бихоњад.
Яке кори њалолу сидќу инсоф,
Яке хобу хўру роњат бихоњад.
Яке ёри накўву покдоман,
Яке бадзотиву шањват бихоњад.
Яке осоишу ободии дањр,
Яке шўру шару њайбат бихоњад.
Овоз. Мо њама ишкелњоро мешиканем: Ватан чист? - Як ваљаб хоки зодгоњ, як гарди замини офаридаи  Худо, љойи муваќќатии инсон. Хокро гузору талаби бињишт намо. Он љост макони бахти абадї. Мо аз њељ кас наметарсем, амалиётро чун Њасани Саббоњ эълом медорем! Ту ба кофирон СМС паёмак бифирист, ки дар хунатон ѓарќ мешавед!
Салмон. Хуб.
Овоз. Њар ќадар амалиёти мо дањшатноку ѓайричашмдошт бошад, самарааш бештар мешавад. Мо метавонем ба ту доллар фиристем, вале пеш аз ваќт ба назорати амният меафтї. Ту ба пул эњтиёљ надорї. Вале барои харидани мавод се њазор лозим. Ба падарат бигўй, ки дар роњ мошини як бойбачаро задї, агар онро таъмир накунї, ба суд медињад.
Салмон. Ба хотири љињод маблаѓро пайдо мекунам. 
Овоз. Корро зуд анљом дењ. Имрўз маводро гир. Дастур бо мерасад. Пагоњ ба номат чиптаи тайёра ба як кишвари аврупої меояд. Он љо туро хона, ду «чўљаи парї», дањ њазор доллар интизор аст.  Ба пеш.
Салмон. Хуб… (Ба телефонаш раќами мечинад). Нисо, ман туро ба Маскав мебарам.
Овози зан. Ба ягон гапи ту бовар намекунам.
Салмон. Нусхаи электрониашро ба ту мефиристам.
Овози зан. Як бори дигар месанљам. Аз фурудгоњ ба хонаи духтари холаам меравем. То ба як хулоса омадан дар он љо зиндагї мекунем.
Салмон. Хуб. Тайёр шав. Телефонро ба духтарам дењ.
Овози кўдак. Дада! Дадаљон. Ту дар куљої?
Салмон. Дар хонаамон….
Овози кўдак. Ман туро ёд кардам. Кай меої?
Салмон. Пагоњ, љонакам. Ањволат чї хел? 
Овози зан. Кифоя. Пас аз њар гуфтугў кўдак ним соат гиря мекунад.
Салмон. Охир фарзанд ёд мекунад… Ман њам ёд мекунам…
Овози зан. Кароче, давоми суњбат дар Маскав.
Салмон. Мон камтар гап занад… (Садои гуд-гуди телефон). Эњ, бало занад…
Дар гўшаи дигари сањна Кавгак.
 Кавгак меояд.
Кавгак. Љеѓ задї, Салмон.
Салмон. Ба сохтмончиён дањ аккомулятор ваъда додам. Бор дар мошин. Ин калиди мошин. Пас аз маљлис онњоро ба «Колян» расон.
Кавгак. Лекин ба Латифа ваъда додам, ки ин бегоњ ўро ба хонаи холааш мебарам. Ўро њамроњ гирам?
Салмон. Ммм… Майлаш.
Кавгак. Хуб. (Калиди мошинро мегирад).
Мераванд. Садои набзи дил.

Намоиши 5.
Майдонча. Олимї танњо бо телефон дар тамос аст.
Олимї. Њама љавонњо хуб менамоянд. Ба калонњо оромї даркор… Як кас ба Россия рафтааст… Ба Покистон? Зан њам? Кўшиш мекунам… Тасњењи маѓзњо идома дорад. Албатта, аз натиљааш хабар медињам.
Њама меоянд. Дар як тараф љавонњо, Кавгак ва Салмон
Олимї. Дўстони азиз, имрўз сатњи љањонбинии шуморо месанљем.
Кулолї. Олимљон, аќли марудм чї хел будааст?
Олимї. Дар натиљаи тадбирњои зиёди Њукумати Тољикистон, сатњи зењни аќлонии мардум, махсусан, љавонњо хеле пеш рафтааст. Бовар дорам, ки дар дења ободии зиёд мекунанд.
Кулолї. Рањмат.
Санам. Мегўм, барои чї шири говњоят зиёд мешавад?
Кулолї. Њамааш аз баракати аќлу дониши шумо, азизон. 
Олимї. Ду нафари дирўз омада наменамоянд. Интизор шавем?
Тиллохон. Не. Онњо имшаб ба Маскав рафтаанд.
Санам. Аз он љо ба Туркия. Баъд ба Сурия.
Тиллохон. Аниќ не. Дар интернет тасдиќ шавад, баъд мегўем.
Санам. Чї пинњон мекунї? Дувоздањ кас бо як гапи келини Басбї бо бањонаи кор ба Маскав, аз он љо ба кадом давлати дигар рафтанд.
Кулолї. Як зан дар як ноњия дувоздањ каса бурд?! 
Тиллохон. Њова, њова. Як сол пеш њам ин корро карда буд.
Салмон. Ин кори келини Басбї…
Тиллохон. Дар Маскав ба як мардак ошиќ шуда, бо хоњиши вай аввал шў, додари шў, њамсояша ба љанг фиристод, баъд дигарњоро. 
Салмон. Пас, онњоро мешинохт, медонист, ки чї хел кор барад.
Кулолї. Њељ боварам намеояд.
Тиллохон. Он занак ин сањар боздошт шудааст.
Кулолї. Э, хайрият-е…
Олимї. Имрўз он чї ба пешрафти мо хатар эљод мекунад, хавфи азими љањонї - терроризм ва ифротгарої аст. Намудњои он зиёд аст: сиёсї, миллї, байналмилалї, љиноятї, иќтисодї, маъмурї, динї, молиявї, технологї. Беш аз 500 созмони террористї дар дањ соли охир 6500 амалиёт гузаронд ва беш аз 25 њазор нафар зарар диданд… Чаро ба онњо бештар љавонони Шарќ ворид мешаванд.
Латифа. Чунки зиндагии мардуми Ѓарб хуб аст.
Олимї. Чаро дар Ѓарб зиндагї сатњи зиндагї бењтар аст?
Кавгак. Аќли иќтисодчиёну тољиронашон баланд.
Тиллохон. Аќли тољирони мо њам кам не, вале нияташон дигар: бой шаванд, се-чор зани љавон гирифтан мехоњанд.
Санам. Пеши корашона нозу нузи ойимчањо  мебанданд. Ана, Кали Эсо ду зан гирифт, вале аз талабњои зани сеюмаш хонасалот шуд. 
Салмон. Дар љое хондам, ки дар Ѓарб маъюбњоро нест мекунанд.
Каврак. Ин кор њанўз дар Юнони ќадим буд. 
Салмон. То солњои наздик дар Амрикову Аврупо касони авлодан ќашшоќу маъюбро безурёт мекарданд. Пас, онњо террорист набуданд?
Олимї. Ин як сиёсати давлатории Ѓарб буд, имрўз одамдўстї зиёд гашта, њоло садњо хонањои махсус барои маъюбон амал мекунанд.
Салмон. Дар Ѓарб сигори безарари электронї бароварданд, аммо садњо одам њалок шуд. Ин як навъи террор аст, ё тиљорати бевиљдонњо?
Олимї. Маќсади созмонњо дигар. Маънии «терроризм» чист?
Латифа. Tеrrоr» - «тарсу вањм», бо куштор дањшат ангехтан аст.
Олимї. Њадаф воњимаи, бпеамниятї, фишор ба давлат аст.
Кавгак. Наход як дастаи хурд тамоми љањонро ба ларза оварад?
Олимї. Давлатњои абарќудрат бо шиори њифзи ислом њадафи иќтисодиву сиёсии худро пеш бурда, ба худи кишварњои исломї зарар меоранд. Аъзои созмони террористї њам љони худро аз даст медињанд, њам сабаби ќатли њазорон њамдини худ мешаванд.
Салмон. Илми дунявї њамеша бо дин муќобил буд.
Олимї. Илм душмани дин нест, вале хурофотро танќид мекунад. Созмони террористї ба љињод – куштор даъват мекунанд. Љињоди аслї - њифзи ватан, обод кардани он, некиву накўкорист.
Кавгак. Ѓарб нисбат ба кишварњои Шарќ сиёсати дурўя мебарад.
Салмон. Ѓарб мехоњад, ки Шарќ бо нафту газаш дастнигари Ѓарб бошад. Барои њамин љавонони Шарќ узви гурухи террористї мешаванд. 
Олимї. Вале дар Шарќи исломї нисбат ба Ѓарби насронї зиёдтар одамон, занону кўдакон ќурбон мешаванд. Идеологњои созмонњои экстремистї ба љавонони Шарќро чї ваъдањо медињанд? Зан, хона, пул. Шањид шпаванд, дар бињишт соњиби 32 њури бињиштї мегарданд.
Тиллохон. Баъзе љавонњо дили як зана намеёбанд, 32 зана чї хел уњда мекунанд?
Санам. Зани Салмонљон аљаб хушрў буд - як рўяш афтоб, як рўяш мањтоб. Кўдакаш аз вай хушрў буд. Вале аз даст дод.
Кулолї. Пагоњ худам рафта келина меорам. Наберама ёд кардам.   
Салмон (гапро дигар тараф бурда). Аз интернет хондам, ки бисёр љавонњо аз сиёсати давлаташон норизоянд.
Олимї. Ќонунњои ягон давлат њама аъзои љомеаро пурра ќонеъ намесозад ва ягон љомеа њама ќонунњоро пурра инкор намекунад. Пас, дар њама љо каси норозї аз давлат њаст. Бинед, имрўз бештар дар кадом кишварњо мардум тазоњурот мекунанд?
Кавгак. Дар Амрико, Фаронса, Полша… Дар ватани демократия.
Олимї. Ихтиёри кишварњои љангзадаи Шарќ дар дасти худи онњо нест. Дар Афѓонистон, Ироќ, Сурия, дигар кишварњои мусулмон ќатлу куштор анљом медињанд. Амали террористї дар кўчаву хиёбон, бозор, фурўшгоњ иљро мешавад, ки мардум бештар љамъ меоянд. Њазорњо кўдак ятим, занњо бечора, љавонон аз љон махрум мешаванд. Касе њуќуќ надорад њаёти инсонро ќатъ созад, ба љуз офаридагор.
Њама. Дуруст.
Санам. Як сабаби ба он гуруњњо рафтан аз яъсу навмедї аст.
Тиллохон. Кори хуб наёбї, занат љанљолї, падар норизо бошад…
Санам. Шавњару хушдоману хешонаш ќадраша надонад.      
Олимї. Навмедї беморї аст, табобат мекунанд. Ба ин хабар таваљљуњ кунед:
Хабар аз радио:
Як гуруњ занњои маъюб дар шањри Душанбе талош доранд, коргоњи дузандагї ташкил кунанд. Њукумати ноњияи Фирдавсї барояшон бино дода, бозори «Панљшер»-ро ба њамкорї даъват намудааст. Њарчанд, дар шароити пандемияи коронавирус муштарї ва даромади коргоњњои дўзандагї кам шудааст, ин занњо боварї доранд, рўзгори худро бо мехнати худ пеш мебаранд.
Аз ин аљибтар ташаббуси як гуруњ маъюбони вилояти Суѓд аст, ки бо дўзандагї ризќи худро пайдо мекарданд. Онњо дастаи раќс ташкил карданд. Раќси онњо дар рўи аробачањои маъюбї сурат мегирад. Яке аз онњо Дилором мегўяд: “Раќс њаёти маро рангин месозад ва худамро хушбахт њис мекунам”, ташкили гуруњи раќсї бо иштироки маъюбон дубора ба зиндагї дилгарм кардааст. Дигарњо низ дилгарм шуда, мехоњанд дар сањнањои калон баромад кунанд ва њунари то;икро дар кишварњои дигар низ метавонанд муаррифї намоянд.
Тиллохон. Љавонњои бењунар њаётдўстиро аз ин занњо ёд гиранд.
Санам. Рост. Баъзе љавонњо аз бењунарї ќашшоќ гашта, ба гуруњњои террористї дохил мешаванд.
Тиллохон. Луќмаи муфт танњо дар мушќаппак мешавад.
Кулолї. Ња, масалан, мисол, маќсад, барои пул розї мешаванд.
Олимї. Аммо дар љањон камбизоатњо аз дороён зиёданд. Агар њатто дањяки онњо террорист мешуданд, аз љањон чизе боќї намемонд.
Тиллохон. Чї тавр бачањои оддї ба љони љавони худашон рањм накарда, «маргталаб» мешаванд.
Олимї. Идеологњои созмони террористї аввал дар руњияи љавонњо таркиш ба амал меоранд ва бо ташвиќ то њадди маргталаб мерасонанд. Вале хабаре њаст, ки баъзењо тасодуфан ќурбонї мешаванд. Мисол, љавони дар метрои Санкт-Петербург таркиш карда маргталаб набуд. Ё хато шудааст, ё вазъият нохост дигар шудааст… 
Садои набзи дил.
Салмон (худ ба худ). Ин хабари нав…
Санам. Љавонию љунун гуфтаанд, бачањои бесавод хато мекунанд.
Кулолї. Ба њар њол, њукумат бояд ѓами њамаро хўрад. 
Олимї. Њукумат тадбир меандешад, вале кори нек кам ба назар мерасад. Чунки фоидаи он умумист. Кори бад зуд маълум мешавад, чунки зарари он фардї аст. Дар байни тундравон љавонони босавод њам буданд. Аслан љавонї гунањгор нест. Љавонони некдилу накўкор хеле зиёданд.  Њазорон љавон, дар њимояи ватан истодаанд ва намунањои љасорату диловарї нишон медињанд.
Кавгак. Вале ба ќадри онњо намерасанд.
Олимї. На. Њар сол дањњо хизматчиёни њарбї бо мукофотњои давлатї ќадршиносї мешаванд. Як донишљўйи тољик дар Волгоград барои дар пандемия ба беморон кўмак расондан аз љониби Президенти Россия бо медал мукофотонида шуд. Ана ба ин хабар диќќат дињед:
Хабар аз сабти радиої.
Як љавони оддї - хатмкардаи факултаи тиббии Донишгоњи миллии То;икистон ихтиёрї ба таври ризокор ба дањњо беморони «Ковид-19» хизмати тиббї расонд. Ин кораш бе подош намонд. Як соњибкор барои шартномаи тањсил чоруним њазор сомонї ва 500 сомонї пули и;ораи хонаро пардохт. Тољикон ќадршиносанд.
Њукумати Љумњурї аз рўзњои авали сирояти Ковид-19 чорањои муассир меандешад. Пизишкони тољик барои наљоти беморон љони худро ба гарав монданд, барои муолиљаи сарваќтии беморон ва ба дигарон сироят накардани беморї ба хонањояшон нарафтанд. Чанд нафар  ташаббускори он шуданд, пизишконро бо хўроки гарм таъмин намоянд. Ин иќдом дар саросари кишвар роњандозї шуд. Барои онњое, ки барои наљоти беморон љони худро ба гарав монданд, ин назари неки мардум болотар аз њама мукофот аст… 
Олимї.Теъдоди шањрвандони неки зиёд аст, шумораи тундравону ифротгаро кам. Вале онњо љомеаи љањониро ба ташвиш андохтанд. Њар касе, ки ба доми идеологњои хориљї меафтад, бояд андешад, ки чи хел ватани бињиштосо дорем. Аз худ бипурсад, ки ин бињишти наќдро гузошта, чї мељўям?  Бо ќатли мардуми халќњои дигар чї мукофот мегирам? Ба ин хабар таваљуњ кунед: 
Хабар аз сабти радиої
- «Намояндаи сафорати Тољикистон дар Ќувайт гуфт, ки дар паноњгоњи ал-Њавл ва ал-Њасакаи Сурия беш аз 500 зану кўдаки тољик, ањли оилаи љангиёни созмони ДОИШ њастанд, ки пас аз кушта ё дур кардани онњо асир афтоданд. Сафорат барои ба ватан баргардонидани онњо саъй мекунад. Як гуруњ занњо ба муддати солњои зиёд ба мањбас мањкум шудаанд бо фарзандонашон дар мањбас нигоњ дошта мешаванд. Озод карда, ба ватан баргардондани онњо мушкилот дорад.

Стоп-кадр. Лавњаи табадуллоти равонии Салмон.
Салмон. Аранге зану духтарамро паси панљара мебинам. Ба онњо наздик мешавам, аммо онњо дур шудан мегиранд.
Зан. Салмон, куљо шудї? Ба додамон бирас.
Кўдак. Дада, дадаљон, моро куљо овардї?
Зан. Барои ту маро њабс карданд. Якумрї зиндон шудам.
Кудак. Маро халос кунед, дада! Ба хонамон рафтан мехоњам!
Салмон ноумед шуда бо сари хам ба љойи худ бармегардад.

Идомаи суњбат.
Олимї. Бинед, љавонони мо гумон доранд, ки ба кишварњои дигари аслан мусулмони Шарќ ба љињод барои љорї кардани ислом мераванд? Аммо вазъият дигар шуда, онњоро хољагони хориљиашон торафт бештар ба худуди зодгоњашон наздик мекунанд. Тољикон ватани ободи худро партофта, дар њайати гуруњњои террористї ањолии осоиштаро ќатл мекунанд. Гумон доштданд, ки дар кишварњои дур куштор мекунанд. Ба ин хабар диќќат дињедю.
Хабар аз сабти радиої:
Чанде рўз пеш як гуруњи љангии «Толибон» ба дењаи сарњадии Афѓонистон њуљум карда, чандин нафар низомиёни афѓон ва ањолии осоиштаро ќатл намуданд. Аксари ањолии он деха низ тољикон буданд. Дар байни гуруњи «Толибон» тољикон њам будаанд. Овоза карданд, ки ба ин тарафи сарњад њам ќасд доранд. Аз ин њолат волидони онњо аз ин ба изтироб омада мегўянд:
Падар. “Агар ба тарафи То;икистон тир кушоед, оќ мекунам”.
Модар. “Ба хона баргард! Тарафи Тољикистон тир напаррон…”
Кулолї. Оњ, Худо нахоста, писари ман мебуд, оќаш мекардам!
Олимї мусиќї монда, сипас онро каме паст карда сухан меронад.  Дар давоми сухан садоњои мувофиќ мазмуни гуфтањояшро пурра мекунанд.
Олимї. Идеологњои терррористон тавре оламу одамро сиёњ мекунанд, ки љавонони ноогоњ аз њама чиз дилсард мегарданд. Дўстон, ба падидањои нек, нафосату зебої бо чашми нек назар кунед. Хандаи тифлон дар канори модар, шеъру таронаи булбулакони боѓи дониш, суруди арўсї, аллаи модар бењтарин падидаи нек нестанд? Панди пирони равшанзамир, кашфиёти олимон барои бењбуди њаёт, парвози киштињои кайњонї умедбахш нест? Навои обшор, навои кабку булбул дар дењот ба дил роњат намебахшад? Ин бињишти заминиро Худованди бузург ба мо, њадя кардааст. Ба ќадри неъмати илоњї расидан шарти мусулмонї нест? 

Стоп кадр шуда, дар хаёли Салмон ин лавња зинда мешавад.
Хандаи беѓаши тифлон, шодии кўдакон, суруди арўсї, аллаи модар, парвози киштињои кайњонї, навои обшор, хониши кабку булбул, навои най
Салмон дар даст пулти идораи мина пеш меояд.
Падараш фиѓон мекашад: 
Кулолї. Исто, писарам! Салмон! Ба зодгоњат зарар нарасон! Њамдиёронатро накуш! Дар ин љо авлодони ту њастанд, модар, хоњарон, зану фарзандон, хоњарзодањои ту њастанд! Агар заррае ба зарар расонї туро оќ мекунам!
Овози занњо ва кўдакон:
- Писарам…
- Додаракам…
- Таѓољон…
- Амакљон…
Латифа (мехонад).
Худоё, дўстонамро амон дењ!
Дилоро бўстонамро амон дењ!
Бињишти адн бошад Тољикистон,
Бињишти бехазонамро амон дењ!

Дунё ба назари Салмон торику равшан шуда, бо ранги нек мебинад.

Олимї. Ин хатар метавонад боз њазорњо мардуми некро аз њаёт мањрум созад. Имрўз миллонњо сокини кишварњои љангзада ба Аврупо равонанд ва он љо низ ба мушкилоти зиёде дучор меоянд. Њукумати Тољикистон дар радифи дигар кишварњои љањон барномаи амалиётро зидди терроризм ва ифротгарої роњандозї мекунад. Имрўз бояд мо њама дар њамкорї бо маќомот онро пешгирї кунем…
Њама. Дуруст. Њељ кас бояд бетараф набошад.
Кулолї. Њама ба кулбаи мо биёед. Ба як пиёла чой…
Тиллохон. Ана њамин ќисми маљлисамон маъќул…
Њама бо ханда равон мешаванд.
Телефони Олимї фаъол мешавад.
Олимї. Фањмидам… Ман аз писари ў хавотир њастам…
Кулолї бо телефон дар тамос мешавад.
Кулолї. Салом. Ман туро келин намегўям: ту духтарам. Ман аз мушкилоти шумо бехабар мондам. Њамаша њалл вал мекунем. Бароят мошин равон мекунам… Не? Хуб, ба таксї шину биё, ман њисобї мекунам. Агар њозир барої, шом расида меої. Дар назди ферма пешвоз мегирам… Лозим, лозим. Гўши Салмони падарќусура мекашем… Биё, духтарам. Наберама ёд кардам. ..
Сухан гуфта меравад.

Намоиши  6.
Як гўшаи куњистон. Салмон танњо.
Салмон. Худоё, чї кор кардам? (Ба фикр фурў меравад).
Лавњаи падару модари муљоњид таљдид мешавад.
Падар. Писарам, љониби зодгоњат оташ накушо!  Ин љо модари ту, хоњарону додаронат, хоњарзодањоят! Нагузор, ки оќат кунам!
Модар. Писарљонам, ба сўи Тољикистон тир напаррон»…
Телефонаш фаъол мегардад. Салмон дар тамос мешавад.
Овоз. Чиптањои тайёраро ба Маскав гирифтї?
Салмон. Ња. Ба номи худам, зављаам, духтарчаам. 
Овоз. Чаро табъат хира? 
Салмон. Не, њељ гап не. Соати 19 борро ба сохтмон мерасонам. 
Овоз. Офарин. Суњбат боќї.
Салмон телефонашро аз нав фаъол мекунад.
Салмон. Аз интернет тафсилоти таркишро мељўем.
Садо аз сомонаи интернетї:
«… ба иттилои яке аз боздоштшудагон, гунањгори таркиш дар метрои Санкт – Петербург љавони ќирѓиз Љалилї – маргталаб набуд. Шояд аз ў хоњиш карданд, ки борро ба метро барад. Њангоми иљрои супориш ягон њолати ѓайричашмдошт рух дод, ки бо дастгоњи фосилавї минаро тарконданд ва худи љавон њам њалок шуд.   
Салмон. Чаро?... Шояд маро њам…   
Телефон фаъол мегардад.
Овоз. Супориш иљро шуд?
Салмон. Пас аз дањ дакиќа бор ба љойи даркорї мерасад.
Овоз. Офарин. Ба номат чиптаи дигари тайёра аз Маскав ба як кишвари шарќї меояд. Бињиштро мебинї. Далер бош…   
Салмон. Хуб. (Телефонро хомўш карда, ба фикр фурў меравад). Худоё, чї кор кардам? - Ду бечораро ба марг фиристодам. Аз таркиш кўњ чаппа гашта, «Булбулистонро» мазори касони бегуноњ мекунад… 
Набзи дил. Салмон зуд телефонро фаъол мекунад.
Салмон. Кавгак! Дар куљої?
Кавгак. Пас аз дањ даќиќа мерасам. Латифа ба ту рањмат мегўяд.
Салмон. Њоло дар куљої?
Кавгак. Ммм… дар назди фермаи падарат.
Салмон. Дидам. Зуд аз мошин фаромада дур шавед!
Кавгак. Зиќ нашав, ба роњи рост бароем, газ дода, зуд мерасем.
Салмон. Не, не! Зуд аз мошин фаромед, дур шавед. Зудтар!
Кавгак. Чаро охир?
Салмон. Нафањмида, ба љои бензин карасини тайёра андохтаам. Мошин метавонад дар гирад. Мефањмед! Зудтар фароед! Дур шавед! Телефонро хомўш накунед.
Кавгак. Хуб.   
Садои набзи дил баландтар мешавад. Садои таркиш.
Сањна торику равшан мешавад. Сурати ферма дар паспарда дур гашта, дараи гулпўш намоён мешавад.
Тиллохон ва Санам меоянд.
 Тиллохон. Худоё, фермаи Кулолї таркид! Бечора Кулолї аз њуш рафт. Занаш њам аз гап монд.
Санам. Хайрият, ки дар ферма коргарон набуданд.
Тиллохон. Як таксї дар таркиш зарар дид. Дар он зану духтари Салмон будаанд. Зинда ё мурда буданашон маълум нест.
Салмон. Не-е-е-е!
Санам. Ин кори кї бошад?   
Тиллохон. Милитсия тафтиш мегузаронад…
Дигарон низ, Латифа ва Кавгак бо рўйи аз дудаи сўхтор сиёњ меоянд.
Низомиён омада назди Салмон меистанд. Ў бе сухан дастонашро барои њалќа андохтан дароз мекунад.

ЭПИЛОГ
Аз радио суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон.
Терроризм ба ягон дин, мазњаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд њамчун манбаи зўроварию фишор ќаламдод карда нашавад, мо бояд ба ;ањолат маърифатро муќобил гузорем, ба ;ои муќовимати тамаддунњо гуфтугўи тамаддунњоро ба роњ монем. То замоне, ки инсоният ба њамкорї ва гуфтугўи судманд муваффаќ нагардад, хатари терроризм ва ифротгарої боќї мемонад…
Ав;и низоъ;о ва зу;уроти терроризму экстремизм, ;адафи он ;арор гирифтани беш аз 100 кишвари олам, амал;ои харобиовар, ;урбон гаштани ;азорњо одамони ;айринизом;, бе хонаву дар мондани миллион;о нафар, расидани зиёни и;тисод; ба мамлакат;ои ;ангзада, из;ори нигарон; карда, таъкид доштанд, ки бо дарназардошти ин во;еияти р;з, мо бояд ба хотири таъмини амнияти ;ама;ониба дар сат;и минта;а ва ;а;он, барои мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз байн бурдани омил;ои дастгирии сиёс;, низом; ва молияв;, тавассути ;абули тадбир;ои муштарак чораандеш; намоем…


Рецензии