Кулмамбетов Жаныш Тайна Чингизхана перевод на тадж
АСРОРИ
ЧИНГИЗХОН
(ОТАШИ ДИЛ)
Ривоят дар се ќисм
аз рўи романи А. Кекилбоев «Балладаи Хотинкўл»
Тарљумаи Рухшонаи ЌУДДУС
ва Љумъа Ќуддус
Иштироккунандагон:
1. Чингизхон.
2. Ќањњор
3. Гурбелжин.
4. Шидургу
5. Асир.
6. Сарпосбон
7. Љаллод.
8. Зани фолбин,
9. Зан
10. Навкар-духтар.
11. Асири ќавми дигар.
Асирон, сарбозон, ќосидон, лама-мубадњо, њофизону раќќосон, ду писарак, халќ.
ПРОЛОГ.
Зиндони торик. Нолиши одам. Нур симои љаллод ва асирро равшан мекунад. Баъдтар маълум мешавад, ки асир—њокими тангутњо Шидургу аст. Љаллод асири барањнаро азоб медињад. Асир хомўшона, нолиш мекунад.
Љаллод (бо калтак мезанад). Бигў, ки ту ѓуломи муѓулњої!
Асир (нолиш мекунад). Ман ѓулом нестам, ман тангутам!
Љаллод (бо калтак мезанад). Бигў «ман ѓуломам»!
Асир. Ман ѓулом нестам! Ман тангутам!
Љаллод (мезанад). Бигў «ман тангут нестам», «ман ѓуломам!»
Асир. Ман тангутам! Тангут!
Љаллод. Пўстатро аз танат људо мекунам.
Аз тахтапушти асир бо корд як лахти пўсташро мебурад.
Асир. Ммм…
Љаллод. Бигў, ки ту ѓуломї!
Асир (дандон ба дандон монда). Ман ѓулом нестам! Ман тангутам!
Љаллод (кандани пўстро идома медињад). Њоло тангутам гў?! Њолат чї хел, тангут?! Њоло њам ту тангутї?!
Асир. Тангут!
ЌИСМИ 1
НАМОИШИ 1.
Интермедияи хореграфї.
Субњ. Заминро барфи сафед пўшонидааст. Аккоси сагњо,садои суми апњо, овози шикорчиён. Шумќорњо ба њаво парида, чун сангњо ба болои барф меафтанд. Шикорчиёну сагњо аз паси харгўшњо дар пушти кўхњо нопадид шуданд. Сањро боз холї шуд. Баъд аз чанде шахсе дар даст харгўши чун барф сафед намудор шуд. Сари харгўш хуншор, шахси онро шикоркарда, ќади на онќадар баланд ва тани баќувват дошта, роњгардиаш мисли гурба аст. Вай Ќањњор аст. Ў атрофро аз назар гузаронида, харгўшро ба замин партофт.
Шаб. Дар назди гулхан, дар болои пўсти хирс Чингизхон нишастааст. Ќањњор ба оташ њезум партофта, чизе мепазад. Каме дуртар аз гулхан хаймаи Чингизхон. Дар гирди хайма найзањо. Аз найзањои овезон шаби сањро боз њам дилгиркунандатар менамояд.
Чингизхон (дар дасташ барф). Ќањњор… Ба ин барфи сафед нигар. Ба фикри ту дар олам зане њаст, ки пўсташ аз ин барф њам сафедтар бошад?
Ќањор. Ба фикрам аз 500 канизаки ту зеботараш дар дунё ёфт намешавад. Охир онњоро аз чор тарафи дунё љамъ кардаанд.
Чингизхон. Ту њам њиллагар шудаї.
Ќањор. Љањонпаноњо, магар бењтари аспњои даванд, бурротарин теѓњо ва зеботарин занњо аз шумо нестанд?
Чингизхон. Хушомадгўї накун. Чингизхон танњо бо ту рози дил мекунад. Барои дигарон ман ХОНИ БУЗУРГАМ, барои ту -- дўст.
Ќањор. Њаќро гуфтї, љањонпаноњо… Вале баъзан аз сари гунањгори хеш низ андеша мекунам. Фикр мекунам, ки худо накарда, рўзе аз ман њам норозї нашавї.
Чингизхон. То даме, ки зиндаам, аз сари ту як мўй кам намешавад.
Ќањор. Таќсирам, аз ѓамхориат миннатдорам.
Чингизхон. Рсташро гўй. Дар олам љойе нест, ки пои ту нарасида бошад. Он нозанинеро, ки сифаташ кардам, медонї?
Ќањор. Шоњам, он нозанин зодаи халќест, ки ту дирўз забт карда будї, аммо онњо имрўз бар зидди ту бархестаанд.
Чингизхон. ТАНГУТЊО?
Ќањор. Бале. Гурбелжин—зани шоњи тангутњо Шидургу мисли моњтоб зебост. Вай њамагї 16 сол дорад.
Чингизхон. ТАНГУТњоро наѓз медонам. (Сукут.) Ваќте ки ба Кўњи Зард њуљум кардам, ТАНГУТЊо ба ман сар нафароварда буданд. Ба ман ёрї надоданд, аммо ваќте ки онњоро ба њолашон гузоштам, ба ман душман шуданд. Гумон мекунанд, ки Чингизхон пир шудаасту аз дасташ њељ чиз намеояд. (Сукут.)
Ќањор. Шоњам, ту ёд дорї Далай Ламаи тибетї чї гуфта буд?
Чингизхон. Чї гуфта буд?
Ќањор. Ман гумон кардам, ки ту шунидаї.
Чингизхон. Гап зан!
Ќањор. Чї љои гуфтан…Пирамарди бемаѓз њар чиз гуфтан мегирад.
Чингизхон. Чї мегўяд?
Ќањор. Кї њам ба ў бовар мекунад…
Чингизхон. Ќањњор!
Ќањор. Таќсирам…Ў гуфта буд, ки Чингизхон аз дасти ТАНГУТЊо мемирад.
Чингизхон. Давомаш?
Ќањор. Мегўяд, ки инро аз рўи љойгиршавии ситорањо фањмидааст. Гўё, ки ситорањо ба вай гуфтаанд. Њоло вай барин фолбинњо аз сагњо зиёданд. Ба онњо набояд бовар кард.
Чингизхон. Гумонро аз имон људо бояд кард.
Ќањор. Таќсирам, боз ба онњо њуљум мекунї?
Чингизхон. Дилат месўзад? Касе, ки дилаш ба душманаш месўзад, сусту беирода аст.
Ќањор. Вале магар месазад, ки ваќти пурќиммататро ба ТАНГУТЊО сарф кунї?
Чингизхон. Ту шикорчї ва љосуси бењамтої, вале аз ту маслињатчии хуб намебарояд.
Агар ТАНГУТЊО ба ман њуљум кардан гиранд, дигар халќњо низ ба онњо пайравї мекунанд. Ин амал сирояткунанда аст. Баъд чї мешавад? Агар њамаи халќњо бар зидди мо хезанд, чї кор мекунем? Яку якбора ба муќобили њамаи онњо истодагарї карда, наметавонем. Он гоњ маљбур мешавем, ки бо тамоми давлату сарватамон хайрухуш кунем, халќи муѓул бо як Чингизхони чун кунда танњо мемонанд. Аз ;арб то Шарќу аз Љануб то ба Шимол -- тамоми њоќонии муѓулњо барњам мехўрад. (Ќањњор гунањгорона сарашро хам кард.) Вале Чингизхон ба ин роњ намедињад. ТАНГУТЊОРО љазо додан лозим.
Ќањор. Фањмидам, Шоњам.
Чингизхон. Сад харгўш бо дидани як саги тозї ба чор тараф мегурезанд. Аммо Шер намегурезад. Гўшти шерро њам бомазза аст, вале шер на танњо намегурезад, балки њуљум њам мекунад. Агар садта шер якљо шаванд ,чї мешавад?!...
Ќањор. Худо нишон надињад.
Чингизхон. ТАНГУТЊО бошанд, тамоман аз худ рафтаанд. «хуни гарми Чингизхонро менўшем» мегўянд. Сафирњояшонро ба дигар кишварњо фиристодаанд, то ки якљо шуда, муѓулњоро шикаст дињанд. Бинобар ин набояд гузорем, ки шерон якљо шаванд. Онњоро бояд дар алоњидагї нобуд кунем.
Ќањор. Таќсирам, љанговарони ту њама шеронанд.
Чингизхон (сарашро љунбонида). Љанговарони ман--галаи шаѓолњоянд. Онњо мисли шаѓол маккоранд, бо шумораи зиёдашон ѓалаба мекунанд. Аммо шер чизи дигар аст. Дар дилаш оташ дорад. Вай таслим намешавад, то нафаси охирин мубориза мебарад. Халќњо низ гуногунанд. Яке мисли харгўшудигаре чун Шер. Шеронро бояд нобуд кард, аќаллан яктояш боќї монад, фардо аз ту ќасдашро мегирад. Аз халќи харгўшмонанд шерон таваллуд намешаванд. Ба муѓулњо шерон лозим нестанд, ба мо харгўшњо лозиманд. Онњо бо осонї ѓулом мешаванд. Бигзор аз насл ба насл ѓуломи мо боќї монанд.
Ќањњор. Аз байни харгўшњо ягонто далертаракаш пайдо намешавад?
Чингизхон. Аз харгўш Шер таввалуд намешавад.
Ќањор. ТАНГУТЊО аз ќадим ба оташ саљда мекунанд. Чанде аз онњо ба бутњои сангин низ саљда мекунанд. Вале мегўянд, ки оташ дар ќалби онњост.
Чингизхон зањрханда мекунад.
Сардори посбонњо пиразанеро оварда пеши пойи Чингизхон тела дода, се маротиба таъзим дод.
Сарпосбон. Љањонпаноњо, ин пиразан дар гирди ўрдугоњ гашту гузор дошт. Хостам сарашро аз танаш људо кунам, вале вай гуфт, ки ба Шумо як гапи муњимро расонданист.
Чингизхон бо ишора ба Ќањњору сардори посбонњо фаруд, ки бароянд.
Чингизхон (хандаи асроромез карда, ба чашмонаш нигоњ мекунад). Хўш… Гап зан.
Пиразан (зери лабонаш чизе мегўяд, ранги рўяш мепарад, месулфад). Уњу, уњу…
Чингизхон. Ту чї гунг шудї?
Пиразан. Таќсирам, ваќте ки туро дидам, суханњоям дар гулўям дармонданд.…
Чингизхон. Маќсадатро гўй. Ту кистї?
Пиразан. Пирдухтарам. Фолбинам. як махлуќи Худоям. Аз роњи дур меоям, аз Кўњи Зард… Бо лафзи мо Ала-Тоо…
Чингизхон. Чанд сол дорї?
Пиразан. Яксаду шаш сол.
Чингизхон. Ту ягон чизро медонї? Бо чї кор ба назди ман омадї?
Пиразан. Оњ, таќсирам. Дишаб хоби безебе дидам. Ваќте ки маънояшро фикр кардам… фањмидам, ки ба сари ту бадбахтї омадааст.
Чингизхон. Чї бадбахтї? Бигў!...
Пиразан. Наметавонам. Забонам намегардад.
Чингизхон. Маро марг интизор аст?
Пиразан. Не, њоло умри ту зиёд аст. Њоло ту чандин халќњоро мутеъи худ месозї.
Чингизхон (њайрон шуда). Набошад, кадом бадбахтиро ту дар назар дорї?
Пиразан. Шояд барои ту он ќадар муњим набошад, вале ба пиндори ман ин бадбахтист. Таќсирам, охир ту ба духтаре ошиќ мешавї, ки мислаш дар љањон нест.
Чингизхон. Њамааш њамин?
Пиразан (бо њайрат). Таќсирам, магар ин кам аст?
Чингизхон. Њи-њи-њи!...Кампири бемаѓз… Њи-њи-њи!...
Пиразан. Таќсирам, магар дар пирї ба зебосанами љавон ошиќ шудан бадбахтї нест? Аз шунидани номи ту тамоми мардум ба ларза меояд, вале агар талаботи зани љавонро ќонеъ карда натавонї, магар ин бадбахтї нест?
Чингизхон (бо љањл). Хап кун, љодугари пир.
Пиразан (чорќат шуда ба назди пойи Чингизхон меафтад). Таќсирам, ман танњо некии Шуморо мехоњам. Хоњони онам, ки бузургию шўњрати Шумо зиёдтар шуда, чун офтоб њамеша дурахшон бошед.
Чингизхон (андеша намуда). Кї будани он нозанинро медонї?
Пиразан. (Бо овози ларзон). Таќсирам, њељ кас намедонад, ки пагоњ ту кадом халќро забт мекунї. Њатто офаридгор аз наќшањои ту бехабар мемонад. Одамон мехоњанд аз маќсадњои ту огоњ шаванд, вале њамаи кўшишњояшон бе фоида аст. Барои њамин кї будани он нозанинро ман намедонам. Фолбинии ман чунин ќудрат надорад.
Чингизхон. Пас, агар ба гапи ту бовар кунам, ман ба наздикї ошиќ мешавам? Ба ин љо барои њамин ќадар гап омадї?
Пиразан. Бале, шоњи љањон. Аз ту танњо як хоњиш дорам: чї ќадар муњаббатат зиёд бошад њам, бо вай дар як болин сар намон. Танњо он гоњ ту метавонї обрўятро нигоњ дорї.
Чингизхон. Бо вай дар як болин сар нагузорам?
Пиразан (бо сари хам). Нияти ман нек аст, љањонпаноњо. Манфиати туро инхоњам.
Чингизхон. Барои ин хабарат чї тўњфа гирифтан мехоњї?
Пиразан. Муњимаш он, ки ман туро дидам. Ин барои ман кофист. Агар ба ту лозим бошам, љонамро амон бахш, агар не, бикуш. Ихтиёр дар дасти худат,таќсирам.
Чингизхон зангўларо садо медињад.
Сардори посбонњо даромада, мехоњад сари пиразанро аз танаш људо созад. Чингизхон бо ишора ўро аз ин кор бозмедорад.
Чингизхон. Бигзор бо аљали худаш мирад. Марги худаш назар ба сарашро буридан дањшотноктар аст.
Сардори посбонњо пиразанро кашолакунон ба берун мебарорад.
Пиразан. Худованд туро аз бадбахтињо нигоњ дорад, љњонпаноњо!
Чингизхон зангўларо зад. Сардори посбонњо даромад.
Чингизхон. Ќањњор…
Ќањор (аз торикї баромада). Лаббай, Таќсирам!
Чингизхон. Табли љангро занед! Хаймаамро љамъ кунед!
Ќањор (њайрон шуда ба Чингизхон нигарист, вале зуд таблро зад). Ба чашм.
Дар як лањза њама ба њаракат даромаданд. Шињакашии аспњо, сояњои зиёд љунбу љул карда, истодаанд. Чингизхон нооромона ба гулхан нигарист.
Чингизхон. Ќањњор! Оташро хомўш кунед!...
(Чингизхон ба назди аспи шиња кашида, истода рафт. Йигитњои Чингизхон ба рўи оташ матои пахтагин кашида, онро хомўш кунониданд)
ИДОМАИ ПРОЛОГ
Зиндони торик. Посбон асирро азоб медињад. Ў пайкони оњании дар оташ таф дода сурхшударо ба чашми асир наздик мебарад.
Посбон. Гўй, ки ман ѓуломам! Вагарна чашмонатро сўрох мекунам.
Асир (бо ним овоз) Ман ТАНГУТАМ! Ман ѓулом нестам!
Посбон (найзаи тасфонро ба чашмони асир халонд). Гўй, ки ман ѓуломам!
Асир (нолиш карда). Ман ѓулом нестам!
Посбон (найзаро аз чашмаш мебарорад). Гўй, ки ту ѓуломї.
Асир (бењуш шуда). Ман ТАН-ГУТАМ!
Асир бењуш мешавад. Посбон меравад.
Пиразан пайдо мешавад.
Пиразан. (ба асир) Эй бадбахт, ту кистї?
Асир (базўр дањон кушода) ТАНГУТ!
Пиразан (ќарсак зада). Аз он халќе њастї, ки мехоњанд Чингизхонро нобуд кунанд?
Асир. Бале…
Пиразан. Бечора ќувваи њаракат карданро њам надорад. Тамоман беќувват шудааст. Ин ќадар азобњо ба ту чї лозим?
Асир. Зеро ки ман ТАНГУТАМ, на ѓулом.
Пиразан. Аз ин ќадар азоб кашидан ѓулом будан бењтар аст.
Асир (ба ѓазаб меояд). Кампир, ёд надењ, ба роњи худат рафтан гир.
Пиразан. Хуб, хуб. Ман туро санљидам. Чанд ваќт боз дар ин љойї?
Асир. Дар ёдам нест. Љавони бемўйлаб будам, њоло Сарам сафед шудааст.
Пиразан. Дар танат ягон љои сињат боќї намондааст: њамаи устухонњоятро шикастаанд, пўстатро буридаанд, як чашмамро њам сўзонданд. Танат аз оњан будааст.
Асир. Ту худат аз куљої?
Пиразан. Аз Кўњи Зард, ба лањљаи мо Ала-Тоо.
Асир. Халќи ту чї тавр зиндагї мекунад?
Пиразан. Мол мепарварем, гандум мекорем. Рўзамон гузарад, Худоро шукр мегўем. Дар ин дунё танњо Чингизхонро мепарастем. Дар байни мо њокими худашро гузоштааст. Њоким халќро бисёр азоб медињад. Одамон мисли њайвон шуданд: дањонатро нишон дењ гўйї, биниашро нишон медињад.Бойњоямон моро азоб медињанд, муѓулњо азоб медињанд. Ба Чингизхон хушомад мезананд, хизматашро мекунанд. Зиндагии халќ аз зиндагии њайвон бадтар аст.
Асир. Ту дар ин љо чї кор мекунї?
Пиразан. Мехоњам ќасоси мўйсафедам ва 9 писарамро аз Чингизхон гирам. Њамаи онњоро вай кушта буд.
Асир (механдад). Маќсади зўр доштаї.
Пиразан. Ман фолбинам, гуфтањои ман њатман амалї мешаванд. Рўзњои Чингизхон башумор мондаанд, вай аз дасти ТАНГУТЊО мемирад.
Асир. Њоло ба куљо меравї?
Пиразан. Дар њамин љойњо гаштан мегирам. Муѓулњо низ одат кардаанд, дигар ба ман ањамият намедињанд. Ман ин љоро њамон ваќт тарк мекунам, ки ба сари Чингизхон бадбахтї ояд. Мехоњам ин пайки шодиро ба халќам расонам.
Асир. Суханњоят ба захмњоям мисли марњам шуданд.
Пиразан. Сабр кун, боз бисёр чизњои дигарро мешунавї. Худо ќувват дињадат. Ман боз ба хабаргириат меоям.
(Пиразан меравад).
ИНТЕРМЕДИЯИ ХОРЕОГРАФЇ
Дарвозаи шањр Сэ. Офтоб медурахшад. Овози паррандагон. Дар назди дарвоза се масхарабози оворагард. Мард наѓора мезанад, писараки тахминан 8- сола най менавозад, зан мераќсад. Тўдаи одамон, писарбачањо ба зан њамроњ шуда, мераќсанд. Овози ханда. Ногоњ овози най хомўш мешавад. Писарак найро афтонида, ба девор љафс шуда, оњиста-оњиста меафтад. Дар пушти писарак найзаест, ки ба танаш даромадааст, аз дањонаш љуйчаи борики хун љорї шуд. Зан бо нола худро ба болои љасади писараш партофт.
-- Муѓулњо!!!
Аз чор тараф садоњо баланд шуданд. Њама ба тарафи дарвозаи шањр давиданд. Дарвоза оњиста-оњиста мањкам шудан гирифт. Зану марди дар назди љасади писарашон андармон шуда, дар зери борони найзањо монда, дигар аз љояшон намељунбиданд. Борони найзањо ба девори шањр низ меборид. Фиѓони одамон, садои сумбу шињаи аспњо, аккоси сагон, гиряи кўдакон њама љоро пахш кард.Ба назар чунин менамуд, ки ин сели дањшатро њатто деворњои шањри Сэ низ ќувваи бардоштан надопад.
НАМОИШИ 3.
Шањри Сэ. Дар шањр одамони зиёд љамъ шудаанд.
Овозњо:
--Бурњон! Бурњон! Муѓулњо.
--Њама чизро ѓорат карданд!
--Њама љоро ѓорат карданд.
--Бурњон. Ту дар куљої?!
Одамони ноором чї кор карданашонро намедонистанд. Ин дам дар тан либоси љангї ба минбар писари Бурњон -- Шидургу баромад. Мардум як лањза ором шуданд.)
Шидургу. ТАНГУТЊО!...Падарам…Бурњони бузург…Чанде пеш ин оламро падруд гуфт.
--О-о-оњ!!!
Фиѓони одамон баланд шуд. Ду љавонмард љисми бељони Бурњонро ба минбар бароварданд. Тобутро ба замин монданду таъзим дода, рафтанд. Гурўњи одамон Сар фуруд оварда, лањзае хомўш истоданд.
Шидургу. (Бо овози ларзон) ТАНГУТЊО!...Дили Бурњон ба бадбахтие, ки ба сари мо омад, тоб оварда, натавонист. Пеш аз марг ба шумо чунин васият намуд: (Номаи мўњрзадаро кушода хонд) «Ба Худованд љон супорида, ба шумо чунин васият дорам: Дирўз аз Чингизхон -- њокими муѓулњои вањшї нома гирифтам. Дар он чуни номада шудааст: ТУНГУТЊО шумо халќи ба ман мутеъ шуда њастед. Вале акнун мехоњед бо ман сар ба сар шавед. Ин хел фикрњоятонро ба як тараф гузореду ба ќатори халќњои ман дохил шавед. Андозро бо молу нон супореду дар зери њимояи ман зиндагї кунед. Дар олам танњо як халќи бузург њаст--муѓулњо. Дар олам танњо як Њоќонии бузург аст, ки аз Љануб ба Шимол ва аз ;арб ба Шарќ пањн шудааст-- ин Хоќонии муѓул аст. Танњо як Хони бузург --Хони муѓулњ. Инро бидон! Туро вазири дасти рости худ таъин мекунам. Бигузор халќат чунин гўяд: «Мо ѓуломони муѓулњоем»! Худат озодонаа ба халќат њукм рондан гир. Танњо дар њамин сурат ман ба ту кордор намешавам. Хушу хушбахтона дар дарборат зиндагї кардан гир. Инњо шартњои мананд. Ба наздам бо таъзим омада, њамроњат 40 зебосанами ТУНГУТРО меорї». Ман ба номааш чунин љавоб гардонидам: «Мо ѓулом нестем! Мо халќи озодем! ТАНГУТЊО чун халќи озод таввалуд шудаанд, њамин тавр мемиранд! Мо ѓулом нестем! Мо ТАНГУТЕМ! Мо ба њељ кас сар фуруд намеорем! «Барои њамин Чингизхони ањдшикан ба мо њуљум кард. Халќи мо ба њељ кас мутеъ намешавад! Њатто як ТАНГУТ њам зинда монад, бояд аз Чингизхон ќасос гирад! Ў бояд аз дасти мо мирад! Афсўс мехўрам, ки шуморо ба љанги зидди Чингизхон бурда наметавонам. Тахту тољи шоњиро ба писарам Шидургу месупорам, вай муборизаро бар зиди Чингизхон идома медињад»… Ин васияти охирини падарам мебошад.
Халќ. «Мемирему ѓулом намешавем!»
Ба манора ду лама баромаданд. Дар дасти яке ќуттичае бо оташи муќаддас. Дар дасти дигаре тољ. Оташи муќаддасро ба замин гузошта, ба дуохонї шурўъ карданд. Аз оташи хурдакаки ќуттича гулхани калоне пайдо шуд. Тољро дар назди гулхан дошта, яке аз ламањо ба сари Шидургу гузошт.
Шидургу. Бигзор оташи мо њељ гоњ хомўш нашавад.
Овозњо. Оташамон хомўш намешавад! Оташамон хомўш намешавад!
Шидургу. ТАНГУТЊО! Ваќти љанги муќаддас фаро расид! Уќобњои љавшанпўши ман, шумо бояд миёни муѓулњоро шиканед! Сар аз танашон људо кунед! Марг аз ѓуломї волотар аст!...
Овозњо: - Марг аз ѓуломї волотар аст! Марг аз ѓуломї волотар аст!...
Байраќи љангии ТАНГУТЊО бардошта шуд.
ИНТЕРМЕДИЯИ ХОРЕОГРАФЇ
Ба чашми дидбони манораи шањри Сэ водии пур аз муѓулњо намудор шуд. Шамшерњои каљашон дар зери шўълањои офтоби нав тулўъ уарда љило медоданд. Аспњои љангї бетоќатона шиња мекашиданд. Ногоњ дарвозањои оњанкўбшудаи шањри Сэ кушода шуданду аз он чун сел љанговарон бо зирењњои оњанин баромаданд. Ўрдуи муѓулњо ба ин девори оњанин њуљум намуда, шикаст мехўрданд, љанговарон бо зирењњои оњанин як ќадам њам дур намерафтанд. Борони найзањои муѓулњо ба сари љанговарони ТАНГУТ мерехт, вале ба сипарњои оњанин бархўрда, чун донаи гўгирд мешикастанд. Љанговарони зирењпўш лашкари муѓулро аз танаи девор дур ронданд. Ногоњ аз тарафи муѓулњо ба сари љанговарони зирењпўш санг борид. Љанговарони ТАНГУТ зери ин сангњо монда љон медоданд. Дарвозањои оњанини шањр аз нав кушода шуданд ва ин дафъа аз дохили он љанговарон бо табарзин баромаданд. Онњо низ зери сангњои муѓулњо љон медоданд. Назди дарвоза пур аз љасад шуда буд. Мардум барои љанговарони аз даст додааш нола мекард. Дар гирди љасадњо зоѓњо гашта ќар-ќар мекарданд.
ЌИСМИ ДУЮМ.
НАМОИШИ 4.
Шањри Сэ. Ќасри Шидургу. Гулбержин дар назди бути сангин дуо мехонад. Дар назди оташи муќаддас сари бузи кўњї хобидааст. Шидургу медарояд, њамроњаш љанговаре бо либоси порашуда. Шидургуро дида, Гулбержин аз љой бармехезад.
Гурбелжин. Бурњони ман?!
Шидургу (нолиш карда). Маѓлуб шудем!!!
Гурбелжин. Худоё…
Шидургу калавида ба назди сари бузи кўњї меояд ва онро ба оѓўш гирифта меафтад. Баъд аз чанд лањза сарашро мебардорад).
Шидургу. Чун малах ба мо њуљум карда, сангборон карданд.
Гурбелжин. Акнун чї мешавад?
Шидургу. То охирин ќатраи хунамон мубориза мебарем! Агар њамсояњоямон ба мо ёрї мерасонданд, сутунмўњраи Чингизхонро майда-майда мекардем. Аммо онњо намефањманд, ки бе иттињод мо Чингизхонро шикаст дода наметавонем. Онњо ѓуломиро авлотар медонанд. (Ба Гулбержин) Либосњои љангї пўш, мо дар љанг мемурем.
Гурбелжин. Ба чашм, шоњам.
Шидургу. Бин, чи фармони нафратангезе додаст Чингизхон. (Номаро ба Гулбержин медињад).
Гурберлин (мехонад). «… Бурњон Шидургу! Фармони ман ин аст: Бо сардории зављаат чил зебосанамро ба ман мефиристї. Ман туро сардори Тангутњо таъин мекунам. Ту ва халќм ту бояд Тангут буданатонро фаромўш карда, ѓуломи ман шавед. Агар шартњои маро ќабул накунї шањратро муњосира карда шабу рўз тўй медињам. Аз гушнагї мемуред ва хўроки зоѓњо мешавед.» ( Рангу рўи Гулбержин парида мепурсад.) Чї тавр ў тавонистааст, ки ин гапњоро нависад?
Шидургу. Аз даврањои ќадим чунин расм аст, ки ѓолиб зављаи шахси маѓлубшударо чун канизу маъшуќа тањќир мекунад. Њоло ист, навбати тањќири шудани ту њам меояд.
Гулбержин. Ман канизак шудан намехоњам. Худо ба ин роњ намедињад!
Шидургу. Дар пеш туро санљиши бузург интизор аст.
Гурбелжин (ба њељ чиз сарфањм нарафта). Бо ин гап чї гуфтан мехоњї?
Шидургу. Кї медонад, ки ин хунхўр боз чї ќадар моро дар муњосира нигоњ медорад. Гушнагию ташнагї сар мешавад. Ба њамаи ин тоб оварда метавонї? Аз шањр танњо љасадњоро мебароранду халос. Ту бошї, њоло љавонї.
Гурбелжин (фикр карда). Тоб меорам…
Шидургу. Агар тоќат карда натавонї, бењтараш худи њозир гўй.
Гурбелжин. Шоњам, ин тавр нагўй. Мусибати ту--бадбахтии ман аст! Ман ба њамааш тоќат мекунам!
Шидургу (бо алам). Танњо аз як чиз афсўс мехўрам…
Гулбержин. Аз чї?
Шидургу. Меросхўре надорем, ки ќасосамонро гирад.
Гурбелжин. Умедатро накан. Ягон роњашро меёбем. Шояд зинда монда, халќамонро ба љои бехавф мебарем ва ман дар он љо ба ту писар таввалуд мекунам.
Шидургу. Оњ…
Гулбержин. Бурњонам, нигар: дар мобайни устухони сари гўсфанди кўњї роѓ пайдо шудааст. Пештар ин роѓ набуд. Ин чї бошад?
Шидургу. Бадбахтиро пешгўї мекунад.
Гурбелжин шохњои зарњалини гўсфанди кўњиро мегирад.
Гулбержин. Бурњони бузург гуфта буд, ки мисли шохњои ин људонашаванда бошед. Наход суханњояш амалї нашавад?
Шидургу ( дуру дароз ва хомўшона ба зављааш нигарист). Гулбержин…
Гурбелжин. Лаббай.
Шидургу. Агар мо ба асирї афтем…
Гульбержин. Чаро хомўш мондї, Бурњонам, шоњам?
Шидургу. Дирўз боз ба ту гуфтание доштам, лекин аз фикрам гаштам.
Гурбелжин. Чаро?
Шидургу. Њоло барваќт. Ваќташ наомадааст.
Гулбержин ранљида ба шавњараш нигарист. Шавњараш ба тарафи дар рафт
Гурбелжин. (Зуд аз љояш хеста) Ба куљо?
Шидургу. Ба назди љанговарон.
Гурбелжин. Кай меої?
Шидургу. Тамоми шаб бо онњо мемонам, аз ин пас њамаваќт бо онњо мемонам.
Баъд аз рафтани шавњараш Гулбержин хомўшона ба љояш нишаст.
НАМОИШИ 5
Шањри Сэ. Оташи муќаддас дар назди бути сангин базўр шўъла мезанад. Лама дуо мехонад, аз ќафояш занњо бо либоси сиёњ ба рўњи ќурбоншудагон дуо мехонанд. Каме дуртар мардњо истодаанд.
Шидургу медарояд. Чашмонаш маъюс, бемадорона аз байни одамон мегузарад, ба назди буту оташ омада таъзим медињад ва ба мардум мурољиат мекунад.
Шидургу (овозаш пасту бењолона садо медињад). Тангутњо!... Пагоњ субњдам муѓулњо ба мо њуљум мекунанд. (Нафасашро рост карда) Аз Тангутњои бешумор шумораи бенињоят камамон боќї мондааст. Тамоми сол ба њамааш тоќат кардем. Шањр пур аз лошаю лошахўр аст. Аммо мо ба душман таслим нашудем. Чун гузаштагонамон зиндагии озодонаро меписандем. Мо на ѓуломї, балки маргро интихоб намудем. Пагоњ рўзи охирин фаро мерасад.
Зане бо либоси сиёњ. Бурњон!... Оё Тангутњое боќї мемонанд, ки ќасоси моро аз Чингизхон гиранд?
Ќомати Шидургу рост шуд. Овозњо баланд шуданд:
–Ќасос! Ќасос! Ќасос!
Шидургу. Сухани охирини ман чунин аст. Тамоми занњои ТАНГУТ, ки њомиладоранд, бигзор њаёти фарзандњояшонро нигоњ доранд. Ваќте ки онњо ба балоѓат мерасанд, аз Чингизхон ќасос мегиранд. Мо нобуд мешавем, вале таслим намешавем, фарзандњое, ки њоло шумо дар батнатон мепарваред, бояд донанд, ки онњо ТАНГУТАНД ва алайњи Чингизхон муборизаи доимї мебаранд. (Ба Лама.) Ба њама аз оташи муќаддас яктогї машъал дењ, вай дар муњориба ба мо кўмак мекунад. Мо аљдоди оташпарастонем.
Аз оташи муќаддас машъале фурўзон кард. Дигарон низ амали ўро такрор карданд. Ваќте ки њама машъалњои худро фурўзон карданд, маълум шуд, ки онњо хеле кам мондаанд. Ин лањза гурусна буданашонро тамоман фаромўш карданд. Бо сари баланд истоданд. Дар тамоми шањри калон Хаёт танњо дар ин љо, дар дайри муќаддас вуљуд дошту халос.
ИНТЕРМЕДИЯИ ХОРЕОГРАФЇ
Шањри Сэ. Замин аз сумзании аспњо меларзад. Муѓулњо чун тўфон ба тарафи шањр наздик шуда, чун сел ба тарафи дарвозаи оњанини шањр равон гаштанд. Дарвозањо бе муќобилият кушода шуданд. Муѓулњо бо доду фиѓон бо аспњо ба шањр даромаданд. Дар сари роњашон на одам мебаромаду на муњорибакунандагон. Танњо зоѓу каргасњо тарсида, аз сари таъоми худ канда шуда, бо дили нохоњам ба осмон баромаданд. Осмони софи офтобї дар як лањза торик шуд, аз ќанотњои онњо шаб фаро расид. Ин лањзањо ягон зарра нури офтоб ба замин намерасид. Ана њамин тавр, шањри Сэ истилогаронро пешвоз гирифт.
Намоиши шашум.
Хаймаи Чингизхон. Дар рўи пўсти хирс Чингизхон нишастааст. Дар дасташ шохи зарњалини бузи кўњї. Дар рўи дастархон тамоми нозу неъмати дунё мављуд аст. Дар гирди хайма пайконњои найза намударонд. Онњо дар шўълаи офтоб љило медињанд. Байраќи Чингизхон инкишоф меёбад. Дар як тараф мардњо ва занњои дастбастаи ТАНГУТ истодаанд. Дар дасту пойи чанд асир аз дигар ќавму ќабилањо кундаву завлона. Онњо тамоман бењол шудаанд. Ба назар чунин менамояд, ки худи њозир аз пой меафтанд. Яке аз асирон ба пеши пои Чингизхон меафтад.
Асир. Шоњам! Гулўямро аз занљир рањо кунед. Нафасгир шудаам. (Мегиряд.) Хоб карда наметавонам. Рост истодан ба љонам задаст. Шоњам, гулўмро рањо созед.
Чингизхон. Ту кистї?
Асир. (Бо тамоми ќувва) ;улом! ;улом! Ман ѓуломи туям!
Чингизхон. Ту њамаашро фаромўш кардї?
Асир. Бале, њамаашро фаромўш кардам. Манн ѓуломам!
Чингизхон. Дар ёд дор, ки барои саре, ки таслим намешавад, њамеша шамшери тез ёфт мешавад. Ё ки боз азобро ихтиёр мекунї?
Асир (бо ашки шашќатор). Не, шоњам! Ман ѓуломи туям!
Чингизхон санљишкорона ба асир нигарист ва бо дасташ ишорат кард. Сипоњї асирро озод кард.
Асир (гирякунон). Ман ѓуломам! ;улом!
Ќафонокї рафта, гање афтидаву, гање ба зону роњ гашта дур мешавад.
Сипоњї Шидургуи занљирбандро меорад. Шидургу бо нафрат ба Чингизхон менигарад.
Чингизхон. Сипоњиён! Ба муносибати ѓалаба ба шумо як њафта озодї, чї коре хоњед кардан гиред.(Сарбозон изњори шодмонї карданд. Њатто баъзењо њуштак кашиданд.) ТАНГУТЊО моро аз худ паст мешумориданд, мегуфтанд, ги онњо љанговарони бењтаринанд, вале мо онњоро маѓлуб кардем. ТАНГУТЊО илми пурзўр доранд, мо бошем бозувони тавоно! ТАНГУТЊО њунарманданд, мо бошем нотарс! Онњо зењни тез доранд, мо шамшери тез!
Дар байни Муѓулњо овозњои вањшиёна баромад. Чингизхон бо зери чашм њайрат ва нафрати Шидургуро назорат мекард. Ин ваќт якчанд муѓул ба мобайн баромада раќсњои вањшиёнаи худро сар карданд. Чингизхон гўё фаромўш карда, буд, ки дар наздаш Шидургу истодааст. Шидургу аз нафрату ноилољї ба худ мепечид.)
Шидургу. (Тоќаташ тоќ шуда). Њой, Чингизхон!...
Чингизхон бо ишора сипоњиёнро аз наздаш дур кард.
Чингизхон. Ќањњор!...
Ќањњор меояд.
Ќањњор. Амратро гўш мекунам, Таќсирам!
Чингизхон (бо овози паст). Макони занеро, ки пўсташ аз барф њам сафедтар аст, куљост гуфта будї?
Ќањњор. Таќсирам, агар чунин зан дар олам вуљуд дошта бошад, ин зављаи Шидургу -- Гурбелжин аст.
Шидургу як ќад аз љой парида, рангу рўяш мепарад.
Чингизхон. Агар ин рост бошад, баъд аз базм ўро ба назди ман биёр.
Ќањњор. Ба чашм, Таќсирам! Баъди базм вай ба хаймаат меояд. (Меравад.)
Чингизхон.(ба Шидургу). Ту аз чї ту афсўс мехўрї?
Шидургу (бо ѓазаб). Гумон мекунї, ки љонатро халос мекунї? Маро кушта метавонї. Вале дар ёд дор, то замоне, ки дар дунё як ТАНГУТ зинда аст, ту оромї нахоњї ёфт! Вай хуни сиёњатро дам мекашад! Туро натавонад њам, наслњои ояндаатро несту нобуд мекунад.
Чингизхон (бо ѓазаб). Яъне нобуд мекунад?
Шидургу. Нобуд мекунад! Метавонї имрўз хурсандї кунї. Пагоњ аз устухони сарат ТАНГУТЊО май менўшанд!
Чингизхон (механдад). Ња-ња-ња!
Шидургу. Ханд! Ханд! Навбати ТАНГУТЊО низ мерасад! Онњо низ туро тањќиркунон механданд!
Чингизхон (бо ѓазаб). Сагбача, ту ба ман тањдид мекунї?! Ба кї мељакї?! Маро тарсондан мехоњї! Њоло мебинї. Мебинї, ки ТАНГУТИ маро мекуштагї таввалуд мешавад ё не? (Зангўла мезанад, сипоњиён меоянд). Сари њамаи мардњои ТАНГУТРО аз тан људо кунед. Духтарњои ТАНГУТРО йигитњои ман ба занї гиранд ва бигузор онњо ба мо муѓулбачањо таввалуд кунанд. Занњои њомиларо якшаба барои майишат ба сипоњиёни ман дињед. Пагоњ сањар шикамњои онњоро чок кунед ва аз батнашон кўдаконро гирифта ба сагњо дињед! (Аз љой бархеста.) Бигузор авлоди ТАНГУТЊО беному нишон нобуд шавад. Муѓулњо онњоро шикаст доданд. ТАНГУТЊО дигар вуљуд надоранд!
Шидургу базўр дар пояш рост меистад. ТАНГУТЊО ба нолиш даромаданд.
Шидургу. Дарранда…!
Чингизхон. Ана, шаст ва бо ту шасту як нафар ТАНГУТ, кадоме аз Шумо аз ман ќасос мегиред? Ё ин ки мурдањо аз нав зинда мешаванд? Бигў, кї хуни маро дам мекашад? Шумо ба саф-сатањои муллоятон --Лама бовар мекунед. Фармон медињам, ки сари њамаи ламањоро аз танашон људо кунанд. Њар касе ки бар зидди ман ягон фикри бад мекунад, сахт пушаймон хоњад шуд. Чаро хомўш мондї, шер? Мегўянд, ки «Муши зинда аз шери мурда бењтар аст!» Ин сагбачаи ТАНГУТРО ба зиндон партоед. Ваќте ки шаб Гурбелжини нозанинро ба хаймаи ман меоред, бигзор ў њамаашро тамошо кунад ва ин кор бояд як чанд рўз идома ёбад. Он чанд рўзе, ки ман ба ту њадя мекунам, ќалини Гурбелжин мебошад. Охир барои ту низ њаёт ширин аст!
Шидургу. Наханд, хунхўр! Агар њамаи ТАНГУТЊОРО нобуд куниву шарафи инсониашонро поймол кунї њам, онњоро ба худ мутеъ карда наметавонї! Ба ин кор ќувваат намерасад! Ин базмро бошад фаќат аз ѓурури худ барпо кардаї.
Чингизхон (бо чашмони хунолуд). Дамата гир!
Шидургу. Ту овози маро гирифта метавонї, вале оташи бадбинии ќалбамро хомўш карда наметавонї.
Чингизхон (оромиро аз даст дода). Ўро ба зиндон партоед!
Посбон ба рўи Шидургу мезанад. Асирони дигарро низ мебаранд. Танњо асирони дар кундаву завлона буда, боќї мемонанд. Онњо бесаброна аз ин тараф ба он тараф рафтан мегиранд. Чингизхон майи дар шох бударо то охир нўшида, як чанд ваќт хомўш менишинад.
Мусиќинавозу сароянда пайдо мешаванд. Якчанд сипоњиён раќсњои даѓалонаи худро оѓоз мекунанд. Аз нигоњи Чингизхон фањмидан мумкин буд, ки аз ќањру ѓазаб фаромадааст. Вале ў бо ишора њамаро пеш мекунад.
Сардори посбонњо пиразанро меорад. Ўро ба зери пои Чингизхон партофта, се маротиба таъзим медињад).
Садори посбонњо. Шоњам!...Ин пиразан боз ба ин љо омадааст.
Чингизхон бо ишора сардори посбонњоро љавоб медињад.
Чингизхон (анљишомез). Чаро омадї?
Пиразан (аз љояш бархеста). Шоњам бубахш маро. Мебинам, ки дар ваќти барои ту ноќулай омадам. Ба фикрам, ба хурсандии ту халал расонидам. Дар бораи хоби дидаам мехостам гўям, вале ба фикрам, њоло ваќти мувофиќ нест. Бењтараш, дафъаи дигар… (Рафтанї мешавад).
Чингизхон (бо хашм). Ист, бадбахт! Ман бояд гарданатро мешикастам, лекин майлаш, Имрўз одами хубам. Њарчи набошад, ман имрўз ид дорам. Аммо бори дигар ноором кунї, аз худат гила бикун…
Пиразан ( пеши пояш афтида). Шоњам, барои олињимматиат аз ту миннатдорам! Бигзор њељ гоњ рузи бадро набинї! Омин! ( Ќафонокї хазида меравад).
Чингизхон. (Дод мезанад) ТАНГУТЊО несту нобуд шуданд!
Муѓулњо аз берун такрор карданд:
-- «ТАНГУТЊО несту нобуд шуданд!»
ИДОМАИ ПРОЛОГ
Зиндон. Асир ва посбон. Посбон асирро азоб медињад.
Посбон. (Бо калтак мезанад) Гўй, ки ту ѓуломи муѓулњої!
Асир. Ман ѓулом нестам! Ман ТАНГУТАМ!
Посбон (мезанад) Ту ТАНГУТ нестї! Ту ѓуломї!
Асир. Ман ѓулом нестам! Ман ТАНГУТАМ!
Посбон (мезанад) ;улом! (Меравад)
Асир. (Бо ним овоз) ТАНГУТ!
Пиразан пайдо мешавад.
Пиразан. Эй ТАНГУТ!... Хабар дорї, ки Чингизхон ба ТАНГУТЊО њуљум кардааст? Замину замон аз љасади ТАНГУТЊО пур шуд. Бурњон њамроњи халќи боќимонда дар шањр пинњон шуданд. Чингизхон фармон додаст, ки шањрро муњосира карда, њељ касро ба он љо роњ надињанд ва њељ кас аз он љо набарояд. Мегўяд: «Бигзор аз гушнагї миранд ё ба ман таслим шаванд».
Асир. Аз гушнагї мурдан бењтар аст аз таслим шудан.
Пиразан. Баъд кї наслатонро идома хоњад дод?
Асир. Мурдан аз зиндагии ѓуломона бењтар аст.
Пиразан. Агар дар олам ягон ТАНГУТ боќї намонад, ќалбат ба дард намеояд?
Асир. Кампир, халќи ту дар ин дунё чї гуна зиндагї карда истодааст гуфтї?-- Чун њайвон?! Бе насл мурдан бењтар аст аз чун њайвони бењуќуќ зиндагї кардан.
Пиразан. Чї гуфтанамро намедонам. (Бо алам) Хайр, ман рафтам.
Намоиши њафтум
Хонаи хоби Шидургу. Муњити пешина, аз тиреза найза ва шамшерњои муѓулњо намудоранд. Гурбелжин наљунбида дар тахти аз зару сим сохташуда пойњояшро ќат карда, нишастааст. ХОНЗОДА сарашро бардошт. Дар гирду атроф њељ кас нест. Аз љой хеста, бо шаст ба назди тиреза меояд. Вале он љо ба ѓайр аз найзаву шамшер дигар њељ чизро намебинад.
Гурбелжин. Бурњон. Бурњон! Ту куљої?! (Оњиста гўш мекунад) Хомўшї. Њама мурданд! Барои чї маро накуштанд? Аз ман чї мехоњанд? Ё шояд маро азоб доданианд? Ё тезакак сарамро мебуранд? Чї хел ба њамааш тоќат мекарда бошам?! (Ба оташу бут саљда мекунад.) Худовандо, ба ман ёрї дењ! Канизи ин хунхўр будан наметавонам. Бо ў ба як болин сар гузошта наметавонам! Барои чї мард таввалуд нашудам! Кош њаргиз таввалуд намешудам!
(Гириста ба замин афтид, чанде хомўш монд. Ба худ омада, аз нав саљда кард.)
Худовандо, ман њозир мемирам. Аз тамоми азобњо халос мешавам. Аз ин хел зиндагї марг бењтар аст. Аз канизак будан марг бењтар аст. ( Ба атроф менигарад.) Бо чї худамро кушам? Чизе нест… (Ба назди дар медавад, вале дар мањкам.) Дар њам мањкам. (Бемадор шуда, менишинад) Танњо, тани танњо. Касе нест, ки бо ў гап занам. Худ ба худ гап мезанам. Одаме нест, ки маро гўш кунад. (Ба дар нигариста, дод мезанад) Ин чист? Дастаи дар хунолуд аст! Хуни Бурњонам набошад? Не, не! Ана, вай омада, истодааст! Бурњон, маро бо худ гир! Маро танњо нагузор! Ман метарсам! Маро танњо монд!... Касе маро љеѓ мезанад?! (Ба ќафо менигарад. Дар сари бузи кўњї Бурњон нишастааст) Бурњон?! Ту дар ин љої?! Охир навакак ба он љо рафта истода будї. Барои ман омадї? Исто, нарав, охир ман туро дер боз интизорам! Дар ёд дорї, ман ба ту чизе гуфтан мехостам? Ман гуфтанї будам, ки хело туро пазмон шудаам. Ту њам пазмон шудї? Ман туро хеле дўст медорам. Пештар бо ту сард муомила мекардам. Ту инро њис мекардї? То ваќти тўй шуданамон туро бад медидам. Дар бораат шунида, ѓоибона ба ту ошиќ шуда будам. Вале баъди тўй дилам аз ту хунук шуд. Ту ба шањзодаи тасаввуркардаи ман тамоман монанд набудї. Ман шабњо туро не, балки шахси дар олами хаёлњоям бофтаро дўстдорию навозиш мекардам. Сањар бошад, виљдонам азоб медоду љуръати ба чашмат нигаристанро надоштам. Ба фикрам, ту дар ин бора чизеро намедонистї? Ту дар бораи кадом як хазиначї гап мезадї, мегуфтї, ки бояд вай ояд. Вай барои чї меояд? Шахси омадаистода њамон аст?...
(Назди тиреза меравад. Ба ќафо менигарад, ки Бурњон нест.)
Бурњон ту дар куљої?! Куљо рафтї?! Боз танњо мондам.
Ба хона духтар-навкар медароянд.
Духтар-навкар (бо овози паст). ХОНЗОДА… Бурњон ба мо фармуд. (Ангуштаринро мебарорад) Ин барои ту хонзода. (Ангуштаринро ба сари бузи кўњї мегузорад.) Чї кор карданатро медонї!?
Гурбелжин хомўш монд. Духтар-навкар бандњои куртаро кушод. Тани модарзод шуд. Пўсташ чун барф медурахшид. Аз кокулонаш корди теѓдори чун ангушт борикро баровард. аз баѓалаш ќамчинро бароварда, бо як њаракат ќамчини ѓавсро бурид.
Духтар кордро дар бари ангуштарин гузошт. Либосашро пўшид.
Ин аз они ту. (Ба Гурбелжин) Хонзода !...Мо амри Бурњонро иљро кардем.
Таъзим дода, рафт. Гурбелжин корду ангуштаринро ба даст гирифт.
Гурбельжин. Њамааш мисли хаёл. Ба ман чї доданд? (Ангуштаринро ба даст гирифта бо диќќат аз назар гузаронд.) Шояд зањр бошад?! Фањмидам, ман бояд худамро кушам. Инашро барои чї гузоштанд? Њ, агар бо зањр кушта натавонам, бо ин корд рагњоямро бурам. Аз канизу маъшуќа шуда, обрўи Бурњонро резондан, марг авлотар… Ва худи њозир, њарчи зудтар…
Шохро гирифта зањр мерезад. Ба назди дањонаш мебарад, вале дастонаш хоинона меларзанд. Шох афтид. Ў парешонхотир дар љояш истод.
Муѓулњо бо шамшерњои барањна медароянд.
ИДОМАИ ПРОЛОГ
Зиндон. Посбон асирро азоб медињад.
Посбон (хаста шуда). Гўй, ки ту ѓуломї!...
Асир. Ман ТАНГУТАМ!
Посбон. ;улом!
Асир. ТАНГУТ!
Посбон бо ханљари тасфон чашми дигари асирро месўзонад.
Посбон. Агар ту ТАНГУТ бошї, љазоятро гир! (Меравад).
Асир. (Нолиш мекунад) ТАН-ГУТ!
Баъд аз чанде посбон Шидургуро ба зиндон оварда, тела медињад.
Асир. Ту кистї?
Шидургу. Бурњони ТАНГУТЊО.
Асир. Бурњони ман, ту њам ба ин љо афтидї?!
Шидургу. Барои чї туро ин ќадар азоб доданд?
Асир. Барои он ки ман ѓулом будан намехоњам.
Шидургу (аз ин суханњо ќувват гирифта). ТАНГУТ ѓулом шуда наметавонад ва ѓулом ТАНГУТ!...
Асир. Сарамро аз танам људо мекунанд. Баъд ба љои ман туро азоб медињанд. (Сукут.) Бурњон, наход дар олам ягон ТАНГУТ боќї намонда бошад?
Шидургу (бо овози паст). Якто боќї мондааст…
НАМОИШИ ЊАШТУМ
Мањтобшаб. Чингизхон ба китфонаш хилъат партофта, дар хаймааш нишастааст. Ќањор даромада, таъзим медињад.
Ќањор. Таќсирам, Гурбелжини нозанинро овардем. Бурњонро низ оварда, дар наздикї мањкам кардем. Фармони додаатро иљро кардам.
Чингизхон. Биёред. (Ќањор баромада, Гурбелжинро бо њамроњии чор сипоњи меорад.) Либосашро кашед!
(Сипоњиён маљбуран либосашро мекашанд. Бо диќќат ба ў менигаранд. Тани зебояш аз барф њам сафедтар буд. Аз чунин нигоњњои муѓулњо дар танаш мурѓак медавад. Чингизхон бо ишора сипоњиёнро љавоб дод. Ба назди Гурбельжин омада, сар то пояшро аз назар мегузаронад).
Чингизхон. Либосњояшро ба он љо баред. (Ба Ќањор) Бурњони ТАНГУТЊОРО ба зиндон баред, то ки ба майишати ман халал нарасонад. Агар сањар зангўларо занг занам, боз ба наздам оред. Бигзор ба ѓайр аз ту дигар њељ кас ба ин љо надарояд.
Бо сардории Ќањњор сарбозон баромаданд.
Аз дурї садои кундаву завлона шунида шуду зуд хомўш шуд.
Дар кунљи хайма чун оњуи рамида њар як њаракати Чингизхонро наззора карда, Гурбелжин меистод. Чингизхон хилъаташро аз тан кашида, бо такпўши сафед мемонад. Бо њаракати гурбамонанд ба сўи Гурбелжин равон шуд. Гурбелжин чун муш намедонист аз дасти гурба ба куљо равад. Чингизхон ба вай наздик шуд. Аз чашмони Гурбелжин нафрату бадбиниашро нисбат ба Чингизхон хондан мумкин буд.
Чингизхон. Наларз, нозанини ТАНГУТ, ман кайњост, ки дар орзуи дидори ту будам. Туро њам дар хобу њам дар бедориам медидам. Охир ба маќсадам расидам!
Чингизхон Гурбелжинро нарм навозиш кард. Вай чун оњуи рамида гурехта паси парда пинњон шуд. Чингизхон пардаро канд, ўро оѓўш карда, ба љойгањ ѓелид, вале пас аз лањзае мисли шахси моргазида парида хест. Чорќат шуда, нолиш кард ва дар назди љойгањаш афтод.
Гурбелжин низ бо рангу рўи парида аз љой мехезад. Дар дасташ корди хурдакаки хунолуд. Зуд хилъаташро ба китфаш партофту ба берун баромад.
Дар шалвори сафеди Чингизхон доѓи хун пайдо мешавад.
Оњиста пиразан медарояд. Чингизхон аз тарс худро якбора ба оќиб мекашад.
Пиразан (зањрханда мекунад). Шоњам, ба ту чї шуд?
Чингизхон (бад-бад ба пиразан менигарад). Чаро боз омадї?
Пиразан (бо ѓазаб). Омадам, ки ба ту хобамро гўям. Ваќташ расидааст.
Чингизхон (бо ќањр). Ман аз аввал медонистам, ки ту љодугарї! (Дандонњояшро ѓиљирос занонда.) Дафъ шав! Дафъ шав аз ин љо! Дафъ шав, љодугар! Ту барои марги ман омадї!...
Пиразан (зањрханда карда). Хайр чї, ваќташ омадааст?! Њаёт њамин аст. Ку, зангўла зан. Наметавонї? Бароят аз ин кор мурдан бењтар аст. Ман медонам, ки ту чї фикр дорї. (Сар мељунбонад.) Вой-вой-вой!... Мемурию ман нафањмидам, ки ту кистї--одамї, ё бало. Ту худат кї буданатро гуфтан намехоњї. Њамаашро бо худ ба гўр бурданиї?
Чингизхон (бо ранги рўи парида). Дафъ шав, гўрков! Дафъ шав!
Пиразан. Ман гўрков нестам. Ту гўрковї. (Сукут) Чаро њама љоят пури доѓ шудааст? Ё марг туро пайгири мекунад? (Ба рўяш менигарад.) Охир ту гумон мекардї, ки аз марг њам болотарї? Хайр чї хел, љон ширин аст? Ба њар кас љонаш ширин аст! Акнун худат њам фањмидї? Барои дигарон низ љони ту лозим нест. Ин ќасоси хунин барои он, ки ту хуни дигаронро резонидаи. Арвоњи он бегуноњон туро љазо медињеанд ва ту мисли саг љон медињї. Њатто њамин хел марг њам барои ту кам аст: на дар майдони љанг, балки мањз њамин хел, дар љойгањи хоб... Акнун шарманда шуданатро тамоми љањон мефањмад. Њама ѓайбати туро мекунанд: «Чингизхон хост бо зани дигар кас њамхоба шавад, вале вай ўро ахта кардааст». Сазои ту њамин аст.
Меравад.
Чингизхон (бо овози ларзон). Нест мекунам! Љодугар! Агар ту љодугар бошї, ман худи Худоям !... (Ба атроф нигарист; ба зангўла дасташро дароз карда, кордро дид.) Оњ, корд…
ИДОМАИ ПРОЛОГ.
Зиндон. Асир ва Шидургу. Пиразан меояд.
Пиразан (хушњолона) ТАНГУТЊО!...Хабари хуш!...
Асир. Чї воќеа рух дод?
Пиразан. Иљро шуд он чизе, ки ваъда карда будам! Аз он хунхўр касди писарону шавњарамро гирифтам. Ман хоб дида будам, ки Чингизхонро шоњи морњо газида, куштааст. Барои њамин ман аз худи Кўњи Зард ба ин љо омадам. Чингизхон аз ѓурур ба љогањи зани малики маѓлубкардааш даромаду, дар он љо марги худро пайдо кард.
Асир. (Бетоќатона) Ту равшан гап зада метавонї.
Пиразан. Хонзодаи тангутњо њоло бо вай хоб накарда, ўро ахта кард!
Шидургу. Чї?! (Хурсандона) Ман медонистам!... Ман медонистам, ки ту њамашро мефањмї. Офарин! Ту ќасоси ТАНГУТЊОРО гирифтї!...
Асир. ТАНГУТ мемирад, вале ѓулом намешавад!!!
Пиразан. Рафта сокинони Кўњи Зардро хурсанд кунам! Њамаро бо ин хабар хурсанд мекунам! (Пиразан аз љой мехезад, якчанд ќадам гузошта, меафтад. Дар гулўяш найза дар мондааст.) Алвидоъ!...
Ќањњор ва посбон медароянд.
Кањор. (Ба посбон) Сарашонро аз танашон људо созед!
Посбон ба зиндон фаромада, сарашонро аз танашон људо сохт.
Ќањор. Тамом кардї?
Посбон. Бале.
Ќањор. Ин тавр бошад, ана ба ту!
Бо найза посбонро кушта, дар торикї нопадид мешавад.
НАМОИШИ НЎЊУМ
(Хоби якуми Чингизхон.)
Биёбоне, ки дар он нишони њаёт нест. Танњо сўроби одами хобида маълум асту халос. Шояд вай сахт хаста шудааст, ё пешпо хўрда афтидааст. Одам бо тамоми ќуввааш хестан мехоњад, вале наметавонад. Одам овози касеро шунида, зуд сарашро мебардорад. Маълум мешавад, ки ўро зани зебое фарёд мекардааст.
Зан. Чингизхон! Ба ту чї шуд? Бихез.
Чингизхон. Наметавонам. Ёрї дењ.
Зан. Чї тавр ба ту ёрї дињам? Охир ман даст надорам. (Мунчањои дастонашро нишон медињад) Ба хотират омад?
Чингизхон. Бале.
Зан. То њол намефањмам, барои чї ту фармон додї, ки дасти чапамро буранд. Дар ангушти мобайнии дасти чапам ба нишони хонзода буданам ангуштарини алмосин буд. Ту маро аз ин нишон мањрум кардї.
Чингизхон. Худат гунањгорї: ѓурур кардї, хостї, ки хонзода буданатро ба ман нишон дињї. Ана барои њамин туро љазо додам.
Зан. Дасти ростамро барои чї?
Чингизхон (писханд мекунад). Хостам њарду дастатро баробар кунам
Зан. Он ваќт ангуштаринамро ба ангушти хурдиат андохтї ва њамаи ангуштони дасти ростат аз ангуштарин пур шуданд...
Чингизхон. Њамаи он ангуштаринњо аз дастони буридаи онњое гирифта Будам, ки мисли ту сар намефароварданд.
Зан. Ангуштаринамро нишон дењ…
Зан. Худоё…Дастонат куљо шуданд?
Чингизхон. Худ ба худ афтиданд.
Зан. Чизе ки корї, њамонро медаравї. Дастони ту оѓуштаи хуни одамони бегуноњанд, барои њамин онњо афтидаанд. Туро дуои одамони бегуноњ гирифтааст. Сазои ту њамин.
Меравад. Чингизхон кўшиши аз љой хестанро мекунад. Боз хобаш мебарад.
(Хоби дуюми Чингизхон.)
Дар ќумзор сайёњи пойлуче гаштааст. Бемадор аст. Вай Чингизхон мебошад. Дар гарданаш бандест, ки охираш намудор нест ва ў онро кашола карда бурда истодааст. Ваќте ки банд ўро тамоман нафасгир мекунад вай онро каме озод кунонида, роњашро идома медињад. Аз хастагии зиёд ба болои санге нишаста, нафас рост мекунад. Ногоњ пиразане дар либоси сиёњ пайдо мешавад.
Пиразан. Њой сайёњ, ба куљо равонї?
Чингизхон (тарсида). Љонамро халос карда, истодам.
Пиразан. Аз кї?
Чингизхон. Аз марг.
Пиразан (механдад). Эй бадбахт, аз марг халосї нест. Марг дар њама љо туро ёфта метавонад. Дар гарданат чист?
Чингизхон. Банд.
Пиразан. Кай онро ба гарданат овехта буданд?
Чингизхон. Хеле пеш. Вай тамоми умр дар гарданам.
Пиразан. Чаро дар ин муддати мадид њељ кас онро аз гардани ту нагирифт?
Чингизхон. Ин ноаён аст. Онро танњо ман мебинам ва њис мекунам.
Пиразан. Ин тавр бошад, худат аз гарданат гир.
Чингизхон. Наметавонам! Ин њокимияти ман аст. Агар онро гирам хоќонии бузурги муѓулњо пора-пора мешавад. Бинобар ин то имрўз онро ба дўшам гирифта гаштаам.
Пиразан. Ту ташнаї?
Чингизхон (лабњояшро лесида). Бенињоят.
Пиразан (аз кўзаи дар пушташ Буда ба косахонаи хушкшудаи саре чизе рехта, ба Чингизхон медињад.) Бинўш.
Чингизхон (дасташро дароз карда). Ин косахонаи сари кист?
Пиразан. Шинохтї?
Чингизхон (бо овози ларзон). Ин сари ман аст!...
Пиразан. Магар ту Чингизхонї?
Чингизхон. Бале.
Пиразан. Ана аљоибот…
Чингизхон (бо афсўс). Маълум мешавад косаи сари ман зарфи майхўрї шудааст?!
Пиразан (механдад). Ту чї гумон доштї? Мегўянд, ки љойи майит дар ќабр аст. Ба кирмњо бошад, фарќ надорад, ки вай сари кист. Ё ту гумон мекунї, ки кирмњо сари туро шинохта, ба он кордор намешаванд. Ту бефоида як умр ин бандро ба дўшат бардошта гаштї. Косаи сари ту яке аз њазорњост. Бењтараш бинўш.
Чингизхон (бо ѓазаб). Масхарабозиро бас кун!...
Пиразан. Хуб. Нахоњї,не. (Косахонаи сарро мепартояд).
Чингизхон (тамоми баданаш меларзад). Барои чї онро партофтї?!
Пиразан. Бори зиёдатї ба ман чї лозим? Ин гуна сарњо зиёданд. (Боз як сари дигарро мебарорад).
Чингизхон. Аз пеши чашмам дафъ кун!...
Пиразан. Натарс, ин сари ман. Вай ба њељ кас зарар намерасонад. (Онро њам мепартояд).
Чингизхон. Сари маро ёфта дењ!
Пиразан. Даркор бошад, худат кофта гир. (Рафтанї мешавад).
Чингизхон (бо тањдид). Ёфта дењ! Набошад…
Пиразан (ба асабњояш расида). Набошад чї? Аз дасти ту чї меояд?
Чингизхон( ба худ ларзида). Ман Чингизхонам!
Пиразан. Хайр, чї? Шояд барои њамин боз поятро бўсам?
Чингизхон. Дамата гир! Тањќирњоят ба љонам расид!
Пиразан. Аз дастат чї меояд?! Ин хоќонии муѓулњоат не, њељ кор карда, наметавонї.
Чингизхон. Косахонаи сари маро ёб, њамроњи худ мегирам.
Пиразан. Девонаро бинед. Вай ба ту чї лозим? Аз будану набуданаш ба ту чї фоида? Дар ин љо вай лозим нест. Фаќт ташвиш меорад, як бори зиёдатист.
Чингизхон. Илтимос, онро ёв.
Пиразан. Исто, ки ту дар њаќиќат, Чингизхонї?
Чингизхон (бо ѓазаб). Ман рў ба рўят истодаам.
Пиразан. Ман аз куљо медонам, ки ту Чингизхонї. Ё дар танатат мўњре дорї, ки Чингизхон њастї? Шояд ба сари ў соњиб шудан мехоњї?
Чингизхон. Оњ љодугар!!!...
Пиразан (механдад). Ин ќадар наљунб набошад тамоми устухонњоят мерезанд.
Чингизхон (маъюсона). Косахонаи сарамро ёб.
Пиразан (бо тамасхур медињад). Ин ќадар пазмон шуда бошї, мањ бигир.
Чингизхон (мегирад; аз он ќум мерезад). Ин чї гап?! Чаро ќум мерезад!...
Пиразан. Ту гумон мекардї, ки дурру гавхар мерезад?
Чингизхон. Наход, ки таќдират њамин бошад!
Косаи сарро гирифта, банди гарданашро кашола карда, роњашро идома дод.
Пиразан (аз ќафои Чингизхон нигариста). Лаънати асрњову наслњо бар ту бод!
НАМОИШИ ДАЊУМ.
Торикї. Равшанї. Хаймаи Чингизхон. Вай бедор шуда, сару гарданашро медорад.
Чингизхон. Чї хоби безеб? Ба љонам задааст.
Ќањњор даромада, таъзим медињад.
Ќањњор. Таќсирам, фармонатро иљро кардам. Ба писарат Чаѓатой расонидам, ки ту беморї ва шояд вафот кунї. Расонидам, ки њар як йигитеро, ки љасади туро мебинад сар зада, шавад. Инчунин васиятномаатро низ хондам: «Дар олам танњо як халќи бузург аст. Муѓулњо. Дар олам танњо як хони бузург аст ва ў хони муѓулњост. Дар олам танњо як хоќонии бузург аст ва он хоќинии муѓул мебошад. Инро њама ваќт дар ёд доред. Њар як халќе, ки ба ин суханњо шак меоварад, нобуд созед, то ин ки ба дигарон дарси ибрат шавад. Зеро агар ин тавр накунед, њамаи онњо як мешаванд ва њокимияти мо ба поён мерасад. Халќе, ки дар зери фармони шумост, набояд худро халќ њисобад, вай бояд њисоб кунад, ки абадї ѓулом аст. Каме донотарашро нобуд кунед, зеро ки онњо балво меангезанд. Роњбарии халќњоро ба шахси гапдарову беирода супоред, Мањз онњо чунон идора мекунанд, ки барои Шумо зарур аст. Халќи бузурги муѓул бояд асрњои аср љовид монад.» Номаи пинњониро ба писарат супоридам.
Чингизхон. Акнун ором шудам. Дар олам чї гап?
Ќањњор. Таќсирам, чиро фањмидан мехоњї?
Чингизхон. Хайр… «Чингизхон ба кадом беморї гирифтор шудааст?...» Дар бораи ман њар хел афсонањо набофтаанд?
Ќањњор. Ягон кас ѓайбат намекунад. Њар касе, ки аз ин воќеа огоњ шуд, худи њамин шаб куштем. Гурбелжин ѓарќ шудааст. Ўро бефоида кофтем. Чўпонњои ту љасади ўро дар соњили Дарёи Зард дидаанд. Таќсирам, дар бораи бемории ту дигар ягон одам намедонад.
Чингизхон. Акнун ором шудам. ТАНГУТЊО то нафари охиринашон нобуд шуданд?
Ќањњор. Кї медонад… Онњоро решакан кунї њам, боз зинда мешаванд. Воќеан, гулўи як сипањсолори моро буридаанд.
Чингизхон. Кї?
Ќањњор. Кї медонад?
Чингизхон. Фармони маро дар бораи либосњои Гурбелжин расондї? Ягон нафари зинда ба онњо наздик нашавад ва дар болои сандуќ хонаи сиёњ созанд?
Ќањњор. Бале, Таќсирам. Он хонаи сиёњро ўрдуи хурд номидем. Дар њар солгарди марги ту дар назди он як нафарро ќурбон мекунем.
Ќањњор. Таќсирам, мехоњам ба шикор рафта, бароят оњу шикор кунам.
Чингизхон. Пагоњ меравї, њоло бо ман бимон. (Бо афсўс) Э-эњ, њаёт…
Ќањњор. Ба ту чї шуд?
Чингизхон. Њељ гап не… Кї мегўяд, ки ману ту њамсолем? Ту чун пештара љавону пурќувватї. Чун дар љавонї, мисли паланг аз санг ба санг мепарї. Ин нерўю тавоноиатро дида, марг њам аз ту мегурезад.
Ќањор. Таќсирам, магар ту аз марг метарсї? Њамоне, ки њазоронро ќир кардаї?
Чингизхон (хомўш мемонад). Ммм…
Ќањњор. Дер ё зуд њамаамон мемирем.
Чингизхон. Гапат њаќ, вале бењтар мешуд агар марг дертар меомад. (Сукут) Шохро гир. (Ќањњор шохи бузи кўњиро мегирад.) Аз хизматњои кардаат миннатдорам. Бинўш. Акнун ин ду шохи тиллоїро ба ту бахшидам. Бинўш.
Ќањњор (шохро ба дањон бурда май менўшад, вале нохост фиххос зада, гулўяшро медорад). Љањонпаноњо?!
Чингизхон (њам менўшад ва фиххос зада, гулўяшро медорад). Таммом!...
Ќањњору Чингизхон меафтанд.
БА ЉОИ ЭПИЛОГ.
Вайронањои шањри Сэ. Ду писарики тахминан 8-сола бозї мекунанд – якедар наќши савораю дигаре дар наќши асп. Дар байни вайронањо пиразан пайдо мешавад.
Пиразан. Бачањо, шумо кистед?
Савора. Ман Чингизхон.
Писараки аспшуда. Ман аспи Чингизхон.
Пиразан. (Тарсида) Бадбахтњо, Шумо аз кадом халќед?
Писараки аспшуда. ЦИНХАЙ.
Пиразан. Чї, чї?...ТАНГУТЊО?!
Писараки савора. ТАНГУТЊО? Онњо кињоянд?
Пиразан. Шумо магар намедонед?
Писараки савора. Мо ЦИНХАЙ њастем.
Пиразан. ЦИНХАЙ… Шуморо ТАНГУТЊО меномиданд. Баъди он ки халќатонро шикаст дода, нобуд карданд, боќимондаашон ба чиноиву тибетњо омехта шуданд.
Писараки савора. Кай?
Пиразан. Чандин аср пеш. Шумо магар намедонед?
Писараки асп шуда. Чизе шунида будем…
Писараки савора (танбењ медињад) Дамата гир.
Пиразан. Барои чї дањонашро махкам мекунї?
Писараки савора. Чї хел барои чї? Охир ман Чингизхонам, вай бошад, аспи ман. Бе иљоззати ман вай њуќуќи гап заданро надорад.
Пиразан. Шумо медонед, ки Чингизхон кї буд?
Писараки савора (бо муњаббати хоса). Тањамтани бузург! Аз њама зўртарин! Аз њама машњуртарин! Ман калон шавам, мисли Чингизхон мешавам.
Пиразан (ба андеша рафта). Эњ, бадбахтњо, бадбахтњо.
Муддате љунбуљўл карда, дар байни вайронањо нопадид мешавад.
Писараке, ки мисли Чингизхон шудан мехост, писаракеро, ки аспи Чингизхон шуда буд, «чу-чу!» мегўяд. Писарон аз байни вайронањо давида рафтанд.
Ин замон аз пеши онњо зане бо либоси сафед мебарояд. Ў чун ќуи сафед зебост. Дар дасташ оташ. Вай Гурбелжини нозанин—хонзодаи ТАНГУТЊОСТ).
ПАРДА.
Свидетельство о публикации №223032900253