Озбекова Ж. Я твоя единственная. перевод на таджик
Ж. ОЗБЕКОВА
Љумњурии Ќирѓизистон
МАНАМ ЯГОНАИ ТУ!
(Мазњакаи фољиавии психологї)
(Я твоя, единственная)
Тарљумаи Љумъа Ќуддус
Иштироккунандагон:
Айнек.
Канат.
Аким.
Даки.
Сезим.
Мухбирон.
Воќеаи рўзњои мо.
Ду иморати боњашамат рў ба рўи њамдигар љой гирифтаанд. Панљарањои пўлодин, њавлињои хушгувор бо арѓунчак ва дигар лавозимот барои кўдакон ва дилхушии калонсолон, њамааш нав. Каме дуртар њавзи оббозї, роњраве, ки ќад-ќадаш арчањои сабз шинонида шудааст. Гулзор. Дар љои намоён телевизор бо экрани калон. Айёми тобистон. Субњ медамад. Дар он тарафи панљарањо роњи мошингард. Овози троллейбусу автобусњо, ѓиљиррроси тормозњо, садои сигнали мошинњо. Одамон бо аробачањои пурбори барои фурўш пешбинишуда инсўю он сў рафту омад мекунанд. Савдогарон, сањари барваќт. Њама дар такопўй, яке дар пушт халтаи сабзавот дораду дигаре халтаи чизи дигар. Њамаи онњоро чизе ташвиш медињад. Ин манзараи маѓшушро садои риќќатовару дилгиркунандаи ѓижжак пурра мекунад. Садо гоњо пайдо мешаваду гоњо аз байн меравад.
Хайрият, ки нурњои офтоб ба яке аз он иморатњои шахсии боњашамат расид. Аз байни панљарањо бе ягон мамониат чун абри сабук Сезим таровида меояд. Сезим духтаракест, ки дар пушташ ду бол дорад. Вай олињаи эњсоси самимї, покиза, шоирона ва дигар њиссиётњоест, ки хоси инсон аст. Бо њавас ба атроф менигарад, сабук ва озод ќадам менињад. Чун кўдак аз дидани гулњо шодї мекунад, мењрубонона арчањои сербаргро навозиш мекунад, бепарвоёна чарх мезанаду мераќсад… Ба чашм чунин мерасад, ки табиат њамроњи ў ва аз таъсири ў раќсу шодї мекунад. Ногоњ аз хона саросемавор, вале бесадо Айнек мебарояд. Дар танаш шабхобраваки тунук, дар пойњояш пойпўшњои сабук. Мўйњояш титу пит, чашмонаш варам, дар ќиёфааш эњсоси хавотирист. Афту андомаш аз он дарак медињад, ки ќалби ўро чизе фишор медињад, кадом як фикр ўро домангир асту намегузорад, ки ором зиндагї кунад. Дар дасташ бўхча. Сарасемавор мехоњанд онро кушояд. Ба назди ў Сезим давида меояд. Айнек аз љояш як ќад парид, бухча аз дасташ меафтад.
Сезим. Субњ ба хайр!
Айнек . Ту кистї?
Сезим. Ман Сезим.
Айнек. Сезим? Магар мо шиносем?
Сезим (лабонашро бурма карда чун кўдак меранљад). Шумо њамаатон як хел, маро зуд фаромўш мекунед.
Айнек (кўшиш менамояд, ки ўро ба хотир орад, дар зери мусиќї чарх зада чун шахси мафтуншуда ба духтар менигарад). Сезим…? Сезим, Сезим… Туро дар куљо дида будам?
Сезим (рањмашро хўрда). Содаяк, охир ман њамеша њамроњи ту будам. Ваќте, ки ту аз ў хавотир мешудї, ё ваќте, ки ошиќ будї. Ба ёд ор.
Айнек. (парешонхотир, гўё, ки кўшиш мекунад маънои гуфтањои ўро дарк кунад). О- ошиќ?
Сезим. Бубин, чи субњи зебое дамид!
Айнек. (ба хотир оварда, як ќад мепарад. Ба офтоби тулўъкаорда истода менигараду, ќиёфааш дигар мешавад. Сезимро ба як тараф тела дода, ба сўи бухчаи ба замин афтодааш медавад. Онро аз замин бардошта, ба синааш пахш мекунад). Як тараф ист! Субњи ту барои чї медамад, ваќте, ки офтоб бароям дурахше надорад!? Худоё! Маро чї бало зад, ки ваќти дамидани субњ хобам бурд, тоќат карда натавонистам! Имрўз чї рўз аст? -- Панљшанбе?!
Сезим (аз хушунати ў хафа шуда; бо овози ранљида). Ба ту чї фарќ дорад? Панљшанбе рўзи Муќаддас аст, ту бошї…
Айнек (гапи ўро бурида). Њой, сарамро гаранг накун! (Баъд гўё барои кадом коре љуръат пайдо кард.) Кифоя, дафъ шав аз ин љо! Маро ба њоли худам гузор!
Сезим яку якбора гўё ўро бо занљир зада бошанд, ба худ мепечад ва каљ шуда аз назар ноаён мегардад. Баъд аз рафтани вай њама љо торик мешавад.
Айнек аз бўхча пиљљаки ќиматбањо, курта ва галстуки шавњарашро бароварда, дар шохњои дарахт меовезад. Баъд аз халтачањои хурдтар њар гуна алафњои дар бандча баста ва сангњои рангаю сиёњро мебарорад. Лентањои тунук. Њамаи инњоро бароварда дар гирди либосњои шавњараш мебандад. Баъд аз ин оњиста ба гирду атрофаш назар карда, љодугариашро шурўъ мекунад. Ба зону афтида дар дил дуо мехонад. Баъди ба охир расонидани дуо аз љояш бархеста, яке аз лентањоро гирифта ба гирди дасташ печонидан мегирад.
Айнек (чашмонашро пўшида ва њаракатњои ба раќс монанд карда). Би-ис-си-мил-ло-њир рањмо-он-он-ну-ррањ-њи-им! Худоё! Худовандо! Худат њукми одилона барор! Илтиљо мекунам! Фоњишањоеро, ки дили шавњарамро аз ман дуздидан мехоњанд, љазо дењ! Бигзор, дилу нияти онњо мисли ин лентаи дастам печдарпеч шуда, нафас кашида натавонанд! Илтиљо дорам, агар он фосиќњо аз роњашон нагарданду шавњарамро ором нагузоранд, љазояшонро дењ! Марг ба њамаи онњо. Марг! (Њамаашро аз нав такрор мекунад, сипас лањзае сукут карда, чизеро ба хотир оварданї мешавад). Хуб, боз вай љодугар чї гуфта буд?… Ња, нав ба хотирам омад: агар аз тањти дил илтиљо кунам, ким-кадом як парї ё балое пайдо мешавад…? Љин занад аз ёдам баромад. Майлаш… (Боз халтаашро мекобад, сангњои дигар ва бандчањои алафро мебарорад, бо онњо либосњоро зада, дуо мехонад.) Худоё, худованди бузургу њаќбин, каромот бикун: шахсе ки ин либосро пўшад, дилаш нисбат ба њамаи занњо ях барин хунук шаваду, танњо маро дўст дорад! Омин!
Айнек дар идомаи маросим ба ваљд омада, ба паридану ларзидан ва љунбидан сар мекунад. Љонварњое пайдо мешаванд, ки дар пушташон болњои хурди сиёњ доранд. Онњо дар гирди ў мечарханду мераќсанд.
Ин лањза саросемавор чашмонашро молида, Ходим медарояд. Ў ба як љин пешпо хўрда њайрон мешавад. Чунки љинро танњо Айнек мебинад.
Ходим (гунањкорона). Бубахшед, дар хоб мондам. шумо дар ин љо чї кор мекунед?
Айнек (як ќад парида, ба худ меояд ва ба ќафо нигариста). Ман ….дар ин љо … чї кор мекунам…?
Љинњо чун санг дар љояшон шах мешаванд.
Ходим. Ин либосњои кист?
Айнек. Ањ, инњо…аз они шавањарам. Мехостам тоза кунам.
Ходим (хизматгорона). Биёред, ман …
Айнек ( пеши роњашро гирифта, худаш пай намебарад, ки чї тавр дод мезанад) Не! Ман худам! Ту бирав, бирав…Ташвиш накаш, ман худам…
Ходим (дар њайрат) Бубахшед…
Айнек (ўро саросема карда). Тамом! Тамом! Рав! Аз паи корњои дигарат шав!
Ходим. Хуб, хуб…
Ваќти рафтан кадбону боз пешпо мехўрад, бо диќќат ба атроф назар мекунад, вале ин дафъа низ љинњоро намебинад.
Айнек (танњо мемонад, ба љинњо назар карда). Ху-уб, дар куљо истода будем?
Љинњо ба њаракат медароянд.
Айнек (ба хотир оварда, хурсандона). Ња, ња, ана…ва ѓайри ман њељ касро… Бигзор танњо такягоњу мададгору пулбиёраки ман бошад ва танњо фикри оиларо кунад! Њар кас, ки бадхоњи ман аст, худаш ба балои азим гирифтор шавад! Омин!
Љинњо ќафонокї рафта, оњиста – оњиста ѓайб мезананд. Айнек гўё кадом кори муњимеро ба анљом расонида бошад, оњи сабук кашида, ба замин мешинад. Нигоњаш ба дур нигаронида шудааст. Мусиќии риќќатовар.
Айнек (вазнин нафас гирифта, бо овози пазмоншуда) Оњ, Худоё! Чи хел ман пазмон шудам…Навозишњои шавњарамро пазмон шудам… мењрубониашро… нигоњашро…
Ногоњ аз ким куљо Сезим пайдо мешавад. Вай раќси зебои пластикиро иљро мекунад. Айнек беихтиёр ба ў њамроњ мешавад, бо оњанги илтиљоомез суханашро давом медињад.
Айнек. Чї ќадар ман хандањои ўро ёд кардам, чи ќадар сўњбатњои гарму ширини ўро пазмон шудам… 15-сол бо њам хушу хурсандона зиндагї кардем, вале акнун рўз то рўз ў аз ман дуртар меравад... Ман њис мекунам, бо тамоми вуљудам эњсос мекунам, ки ў маъшуќа дорад… Худашро аз ман дур мекунаду њоли ман торафт бадтару батар шудан мегирад. Ман бе ў як рўз, њатто як соат њам зиста наметавонам. Худоё, пештар чи хел зиндагии гуворое доштем! Њарчанд ки он ќадар сарватманд набудем, лекин осуда будем, якдигарро дўст медоштем. Њоло бошад,…њоло њамааш њаст… боигарї, чизу чора, њурмату эњтиром, вале фаќат ман дар байни њамаи ин чизњо гум шудам. Ў аз паси ин чизњо маро намебинад… (СУКУТ) Умеди охиринам њамин илму амали љодугари пир аст. Худоё! Имрўз ман бояд ин костюмро њатман ба ў пўшонам!
Айнек саросемавор либосњоро аз шохњо љамъ мекунад. Либосњоро љамъ карда ба назди дари хона медарояд, ки аз он љо саросемавор шавњараш мебарояд. Дар танаш либоси ќимматбањои бо завќи хуб интихобшуда. Ба зављааш диќќат надода, бо телефони мобилї гап мезанад.
Канат (гуфтугўяшро бо телефон идома дода). Бале…меравам…. Баъд аз дањ даќиќа расида меоям…
Рў ба рўи ў Сезим пайдо мешавад, бозикунон дар гирдаш чарх мезанад. Канат бо табъи болида, гапашро бо телефон ќатъ накарда, мўйњои Сезимро мемолад, аз миёнаш дошта, чарх мезанад.
Канат (бо телефон). Бале, бале-бале! Бале, дар соати 9… Метавонем ба фурудгоњ њам рафта баргардем. Ваќтамон кофист! Тайёра баъд аз ним соат менишинад.
Айнек (сари роњашро мегирад). Ба куљо, ба куљо ин ќадар барваќт?!
Канат (њайрон шуда). Барваќт? Ту як бор ба офтоб нигар! Ба кор меравам, боз ба куљо мешуд?
Айнек. Ба кор… Ман кори туро медонам.
Канат (дилсардона). Айнек, ба ту чї шуда истодааст? Ба ман нигар… Ба андомат нигар. Агар њамсояњо ин њолатро бинанд чї мегўянд? Мўйњоят титу пит … Бо либоси хоб…
Айнек (бо маломат ва бо садои аламолуд) Акнун дидї… Ман кайњо боз њамин ин хел мегардам, ту бошї фавќат акнун диќќат додї?
Сезим байни онњо даромада илтиљоомез њаракатњо мекунад, вале оњиста - оњиста хурд шуда, тамоман ѓоиб мешавад.
Канат (бурро-бурро гап зада, ба ў наздик мешавад) Ту њама чизро дорї- хона, мошин, пул! Аз кору бори хона озодї. Онро ба љои ту хизматгорњо мекунанд. Боз чї мехоњї?
Айнек. Чї мехоњам… Фањмидан мехоњї?
Канат. Бале!
Айнек (самимона). Туро мехоњам! Ба ѓайр аз ту ба ман дигар њељ чиз лозим нест!
Канат (бо алам). Туфу, девона! Њуш надорї ту… (Аз китфони Айнек дошта ба ќафо тоб дода, кўчаро нишон медињад.) Бубин, Њо ана вай занеро, ки дар пушташ халта дорад, мебинї? Ба фикрат вай аз хушбахтї бори вазнинро ба китф гирифта мебарад? Агар шавњари ў пул ёфта метавонист, вай ин ќадар љон меканд? Гумон мекунї вай аз рўзи хушаш ин халтаи вазнинро мебардорад. Ў маљбур аст, ки барои хўронидани худашу кўдаконаш кор кунад, маљбур аст, ки барои харидани либос кор кунад, то ин, ки дар зимистон аз хунукї намурад. Медонї, агар ана вай зан ба љои ту мебуд, шояд хеле зиёдтар розї мебуд, мисли ту ношукрї намекард.
Айнек (бо табассуми ѓамангез сарашро љунбонида). Ману ту бо забонњои гуногун гап мезанем. Ту маро нафањмидї.
СУКУТ
Канат. Ммм…
Айнек. Имрўз ту бо кї вохўрї дорї?
Канат. Мулоќоти корї бо чиноињо.
Айнек (мулоимтар шуда, либосњоро дароз мекунад). Хитоињо гўй? Барои вохўрї? Бењтараш ин костюмро пўш. Воќеан, нав дарзмол кардам. Рафтем, либосатро иваз кун.
Канат (сару танашро аз назар гузаронида). Либоси танам чї гуноњ дорад? Ба фикрам ягон камбудї надорад, ваќтам њам нест…
Айнек (шикоятомез). Акнун ман ба ту дигар маслињат њам дода наметавонам? Шояд маслињатчии дигар ёфта бошї?!
Канат. Ту чињо мегўї, аќлат дар љояш?! Даматро гир, ба дилам задї.
Айнек. Ба дилат задам? (Пеши роњашро гирифта.) Хуб. Ана акнун мебинї, ки чї хел ман туро љавоб медињам!
Канат (бештар ба ѓазаб омада). Роњ дењ! Ба кї мегўям? Роњ дењ!
Айнек. Задан мехоњї? Зан!
Канат (ба додзанї мегузарад). Шатта мехўрї…!
Айнек (тањќиромез аз гиребони пиљљакаш медорад). Зан, зан! Зан, охир, боз чиро интизорї? Сад бор зан, лозим бошад њазор бор зан, вале ман туро ба њељ куљо рафтан намемонам!
Канат дастонашро дароз карда, ўро мисли чизе, ки кайњо боз ба дилаш задаст, тела додан мехоњад. Вале њамсояро, ки аз љанљоли онњоро шунида, ба берун баромада буд, дида, аз раъяш мегардад.
Канат. Девонаи беаќл.
Номи њамсоя Њаким аст. Вай сињиби иморати бошукўњи дуюм аст. Шахси фарбењи либосњои шинам пўшида. Канат якчанд сол аз вай хурд аст. Њаким депутати Жогорку Кенеша (маљлиси шањр)мебошад. Вай ду зан дорад. Зани якумаш Дакї низ овози њамсояро шунида, мебарояд.
Њаким (гўё њељ чизро намефањмад). Инља чї гап?
Дакї (зани Њаким, ќадпасти фарбењи безеб, ба назди Айнек омада, мехоњад дастони ўро аз костюми Канат људо кунад). Айнек, сар дињед! Ба Шумо чї шуд?! Айб... Одамон чї мегўянд?...
Њаким ва Дакї онњоро базўр људо мекунанд.
Дакї (пиљаки ѓиљимшудаи Канатро рост карда) Ба шумо чї шуд? Кадом љин зад шуморо? Шумо њардуятон тамоман девона шудаед.
Канат (бо алам). Њамааш айби ў! Боз љанљолњояшро сар кард.
Айнек. Худат чї…! Ба хона дуи шаб меоиву, офтоб набаромада меравї. Гўё, ки ба мењмонхона омада бошї, шабатро рўз мекунию меравї.
Њаким (нороњатона) Хайр, Канат одами серкор… Шумо бояд ўро фањмед… Њозир замона њамин, барои зандагї кардан мењнати бисёр даркор, мўњтарам, Айнеки азиз!
Канат (бо ѓазаб). Э, гумон мекунед, ки ин гапњо ба вай таъсир мекунад?
Њаким (дастгириро њис карда љасуртар шуд). Њамчун одами калону рўзгордида гуфтан мехоњам, ки ваќтњои охир шумо бисёр зуд- зуд љанљол мекунед. Мо, ходимони давлат, њатто ба худамон тааллуќ надорем. Шавњари ту яке аз одамони шинохта. Ту њаминро дон, ки бе шавњари ту њатто ягон масъалаи хурдакак њам њаллу фасл намешавад. Аз вай бисёр чизњо вобаста. Ва агар ту ин љанљолњоятро бас накунї, метарсам, ки ба корњои шавањарат халал мерасонїю вай дар љои кораш дучори мушкилињо мешавад….
Айнек (гапи вайро бурида). Ман ба корњои ў туф кардан мехоњам!
Дакї (давида меояд). Аќлатро ба љояш мон, гапатро фикр карда гап зан. Чї хел ба гуфтани ин гапњо забонат мегардад?
Канат. Айнек, кифоя. Гапи мегуфтагиатро фикр карда зан! Барои ман назар ба ту корам муњимтар аст…
Дакї (насињатомез). Гуфтагї барин, ту ба њамаи ин боигарї ба воситаи шавњарат соњиб шудї!...
Айнек. Ба њамаи инаш њам туф кардан мехоњам!
Канат (дар сари љањл ба Айнек даст боло мекунад). Албатта, охир барои ба инњо соњиб шудан ту мењнат накардаї,љону љафо накашидаї!
Айнек њам ба ў дар меафтад, њамсояњо базўр онњоро халос мекунанд.
Айнек (бо алам гирду атрофро нишон медињад). Њамаи ин ба ман чї даркор, ваќте, ки онро ба њељ кас таќсим карда наметавонам, хона ба ман чї даркор, ваќте, ки вай хунуку холист…ваќте, ки вай гармие надорад… Худоё… Канат, ба чашми ман нигар. Гумон мекунї ки бо ин њама маро хушбахт мекунї?
Канат (ба фикр рафта, китф дарњам мекашад). Чї донам… Агар њамаи ин ба ту кам бошад…
Дакї (таъна зада). Айнек, аз Худо тарс, дар њамин хонаи ту гармие нест? Њамин ќасри ту хунук аст? Ње, ношукре…
Њаким (оњиста аз дасти Канат гирифта, ба назди дарвоза мебарад, гўё гуфтанист, ки “ба кор бирав”). Рав, хавотир нашав… ин занњоро њељ фањмида намешавад. Аз зиќќию танњої намедонанд чї кунанд. Ман ба ту кайњо гуфта будам, ки ба хонаат зани дигар биёр. Ваќте, ки дар хона ду зан бошад, онњо мењрубонтар мешаванд, раќобат пайдо мешавад, њар яке кўшиши мекунад, ки талаботи туро ќонеъ гардонад. Набошад, љонатро ба лабат меорад.
Айнек ( ба шавњари рафтаистодааш). Маълум мешавад, ки ман барои ту танњо яке аз бозичањои ќимматбањоят мебошам. Канат, саросема нашав! Ту маро наѓз медонї… Ман мемураму ин хел зиндагї намекунам..!
Канат (бозистода барои суханњои Айнек ба њамсоя мурољиат мекунад). Бубахшед, ман њозир фавран бояд ба кор равам. Илтимос, аз њоли ин љо хабар гирифта истед…
Дакї. Хавотир нашав, ман дар њаминљоям.
Њаким (ба сўи Канати рафтаистода, вале ба Айнек шунавонда). Кай боз дар хонаи ќирѓиз зан хўљаинї карда буд? Њама ваќт сардори оила мард буд. Ин анъана ба мо аз бобоњоямон мерос мондаасту, мо онро ба фарзандону наберагонамон мемонем. Њамин хел буд, њамин хел њаст ва њамин хел мемонад.
Айнек (ба суханњои Њаким эътибор надода, либосњои Канатро ба зери синааш пахш карда). Кана-ат, Кана-а-ат,…кан-а-ат, ту ба куљо?
Њаким (бо алам). Чї, ин ќадар мисли тутї такрор мекунї: Канна-ат, Канна-а-ат… Корњояшро тамом кунад, бармегардад.
Њаким солорона, оњиста оњиста ќалдам зада ба хона медарояд.
Айнек (ба худ љои нишаст наёфта). Кана-ат, Кана-а-ат, чї тавр дилат шуд, ки алангаи дар ќалбам афрўхтаро хомўш кунї?! (
(Айнек бо тамоми ќуввааш панљарањоро дошта гўё кўшиш мекунад, ки онњоро шикаста вайрон кунад, вале ќуввааш намерасаду ба замин меафтад)
Ба тухми ин панљарањо ќирон ояд, чи ќадар ман панљарањоро бад мебинам! Мехоњам, ки инњоро пораву парешон кунам… ЊОЙ, нафасгир шуда истодаам… Ба ман …. њаво намерасад…. Ман дар мегирам, дар мегирам. Об… Об дињед…
Дакї (ба сўи хонаи Айнек нигариста) Њой, ягон одами зинда њаст? Об биёред.
Хизматгор бо стакани пури об меояд.
Хизматгор. Марњамат.
Айнек (обро ба рўи ходим мепошад). Чї, дар хона об набуд? Ё обро харидї? Девона! Рав, бисёртар биёр!
Хизматгор бо сари хаму хомўш рафта, як сатил об меорад. Бе овоз сатилро ба замин гузошта, бо сари баланд меравад.
Айнек. (ба замин нишаста синаашро кушода ба он об мепошад) Вой – месўзам… Вой-е, дигар наметавонам… Вой, месўзад…маѓзу устухонњоям месўзад…
Дакї (ба гирду атроф нигариста, бо овози паст). Ба ту имрўз чї шуд? Гап зан, чї гап шуд? Имрўз шавњарат ба хонаат зани дуюмашро оварданист? Шарм надор, гап зан.
Айнек (мисли мурѓи парсўхта аз љояш як ќад парида). Зани дуюмашро? Чї, магар вай зани дуюм дорад?!
Дакї (бо ханда). Ваќте бори аввал шунидам, ки шавњарам зани дуюмашро ќонунї карданист, яъне ба никоњаш дароварданист, ман ба худам љойи нишаст намеёфтам. Дунё дар назарам чаппа шуд… Ман њам мисли ту чун мурѓи посўхта дар як љо нишаста наметавонистам.
Айнек (ќатрањои об аз сару рўяш мечакад, дуру дароз ба Дакї менигарад, вале фикраш дигар љост, баъдан аз љой хеста, якзайл такрор карда, ин сўву он сў рафтан мегирад) Зани дуюм… Зани дуюм…
Дакї (аз ќафои ў рафта гапашро идома медињад). Хело ваќт боварам намеомад, вале охир ба таќдир тан додам. Онњо марданд, парво надоранд, ки мо азоб мекашем, месўзем. Танњо фикри худашонро мекунанд. Мефањмї? Бинобар ин худатро азоб надењу саломатиатро нигањ дор…
Айнек (рафтуомади бемаќсадашро идома медињад, ба назди арѓунчак меояд, ба сари тахтаи љунбон мешинад, сари дигари тахта ба боло мехезад). Зани якум…зани дуюм…зани якум…зани дуюм… Вай њам бо ў ва њам бо ман … Ин чї хел мешавад?
Дакї (ба наздаш омада, ба лаби боло рафтаи арѓунчак менишинад. Тарафе, ки дар он Айнек нишаста буд ба боло мебарояд. Дакї оњиста-оњиста болою поён шуда, суханашро идома медињад). Оддиякак…Гумон мекунї, ки онњо ѓами њиссиёти моро мехуранд? Гўё, ки ягон воќеае рух надода бошад, оромона зиндагї мекунанд. Мани бечора бошам, рўзњои аввал чї ќадар азоб кашида будам…Ѓам мехўрдам. Лекин аз таќдир љои гурез набуд, одат кардам. Одат… Ту њам њоло одат мекунї!
Айнек ( яку якбора аз љояш бармехезад, аз ин њолат Дакї меафтад). Пас, ишќ чї мешавад?…Орзую умедњо…Кўдакон чї мешаванд?... Чї?
Айнек ба чархофалак менишинад, Дакї ба назди ў омада, гўё ки ягон воќеае рух надода бошад, ўро чарх мезанонад.
Дакї. Эњ содда, заб ѓам мехўрдаї. Гумон мекунї, ки онњо парвои ин чизњоро доранд? Хоњї-ба таќдират тан дода, зиндагї мекунї, нахоњї-чор тарафат ќибла. Лекин ба куљо њам меравї?-- Фикри кўдаконатро мекунї. Ќањри гадо--зарари гадо гуфтаанд. Аз рафтани ту ба кї фоида мешавад?
Айнек (аз чархофалак фаромада ба болои тепаача мебарояд). Не, ман ин хел наметавонам. Ман ин хел зиндагї кардан намехоњам!
Дакї (аз аќиби Айнек ба теппача баромада, Айнекро аз он љо тела медињад, худаш бошад, дар боло мемонад) Метавонї! Зеро илољи дигар надорї! Ту чї ин ќадар ѓурур мекунї?! Сарвату молу мулки зиёд дорї… Дар як тарафи тарозу кўдаконат ва ояндаи онњо меистад, дар тарафи дигараш -- зани дуюми шавањарат. Ту бояд яке аз онњоро интихоб кунї. Агар ман ба љои ту мебудам, шавњарамро мањкам дошта, аз даст намедодам! Масъалан, њозир ман танњо барои худам зиндагї мекунам. Ту њам њамин хел шав…
Айнек. (дуру дароз ба Дакї, ки аз теппача фаромада ба назди ў омада буд, менигарад). Не, наметавонам!
Зуд-зуд ќадам монда, ба хона меравад. Аз дохили хона бовиќорона Њаким мебарояд. Дар танаш либосњои корї. Занаш табассумкунон ба истиќболаш меравад, галстукашро рост карда, чанги вуљуд надоштаро меафшонад.
Аким (абрувонашро ба њам кашида) Вай девона ором шуд? Бењуда нагуфтаанд, ки зани бад сари шавањарро мехўрад… Ба Канат дилам месўзад, љавони хуб њайф шуда истодааст.
Дакї (гапи ўро об дода). Вой, нагўед, њар рўз љанг… Ман кўшиш кардам, ки андак насињат карда, аќлашро ба љояш орам. Вале бефоида. Њаким. Худи Канат њам камтар мулоимхунук, латтаи тапа--таёр. Айнек барин соддалавњро дар панљ даќиќа ба худ овардан мумкин аст, вале вай бошад, нозу нузи ўро бардошта гаштааст… Гуфта намешавад, боз дарди онњо ба мо њам нагузарад…!
Даки. Тавба гўед… Худо нишон надињад!
Аким (каме рафта ба аќиб менигарад). Шояд имшаб ман ба хона наоям…
Дакї китф барњам мекашад, гўё гуфтанист “ихтиёрат”. Ў худписандона ба хона меравад. Хизматгор барои Дакї ќањва меорад. Дакї рў- рўи хона гашта, ќањваашро менўшад. Баъдан ба назди оинаи нилгун омада, ба видео фиттаи шањвонї мегузорад.
Дакї (таъбаш хуш гашта, Айнекро љеѓ мезанад.) Айне-к, Айне-к! Инља биё. Э, зудтар љумб!
Айнек (бо хилъати дароз медарояд, таъбаш гирифта аст). Чї мегўед!
Дакї (гулўяшро афшонда, кадом як гапи муњимеро гуфтанист). Ту медонї, барои чї шавњарњоямон ба назди занњои дигар мераванд?
Айнек (бепарвоёна китф кашида) Хайр, шояд онњоро зиёдтар дўст медоранд…
Дакї. Чї хел дўстдорї? Э, Худо-е… ишќ вуљуд надорад. Гап дар сари ишќ њам нест. Ба фикрам, камбудии мо дар …
Айнек. (гапи ўро бурида) Камбудї?
Дакї. Ту чї гумон кардї? Албатта камбудї…Њозир.., чї хел ба ту фањмонам… Ммм… Ба экран нигар, худат њамаашро мефањмї.
Айнек ба экран нигариста, хандида сар мељунбонад.
Дакї. Ана дидї, занњои нави онњо шояд аз ин њам зўртарашро тавонанд. Њол он, ки шавњари ту зебост, љавон аст, вазифаи баланд дорад. Бинобар ин, ягона роњи нигоњ доштани шавњар--дар љойгањ мисли маъшуќањои онњо рафтор кардан аст. Чанд ваќт боз бо шавњарат якљо хоб накардаї?
Айнек (аз саволи додаи ў худро ноњинљор њис мекунад). Ммм…
Дакї (зиндадилона ва бо рўњбаландї). Мо њарду занем. Ман – дугонаи туям, бинобар ин сиратро аз ман пинњон накун. Росташро гўй, дер боз аст, ки бо шавњарат хоб накардаї?
Айнек (ба табассуми шармгинона). Бале, дер боз…
Дакї. Дер боз… Дидї? Зани дуюм бошад, њамаи роњу усулњоро медонад ва онњоро истифода бурда, шавњаратро ба доми худ кашидааст. Туи содда бошї, танњо дар бораи ишќ фикр мекунї! Ба фикрам, ту наметавонї, дар бораи ин хел корњо фикр њам кардан намехоњї… Ё метавонї? (Ногоњ Дакї пуштнокї афтида, гўё офтоб хўрда истода бошад, дасту пояшро пањн мекунад.) Ба фикрам, ту танњо њамин хел хоб мекунию халос… Бале?
Айнек ба Дакї нигариста механдад.
Дакї (чолокона аз љояш хеста, дастонашро ба миён гузошта механдад, вале сабаби хандаашро худаш намедонад). Чї, мо ин хел њунар надорем? Мо аз онњо чї камї дорем. Мо њам метавонем...
Айнек (аз суханњои Дакї суст шуда). Чї хел?
Дакї. Хеле осон!
Чароѓ хира мешавад. Дар нимторикї, дар фазои мањрамона нурњои сабзу сурх дар гирифтаю хомуш мешаванд. Мусиќии паст садо медињад. Кўшиш, њаракату ишорањои Дакї хандаи Айнекро меоранд. Њар чизи дар сањна буда гўё ба объекти дилкашолии мардњо мубаддал мегарданд.
Дакї (лаби хилъаташро бардошта соќи пояшро луч мекунад). Нигар, њамааш дар љояш. Пойњоят нињоят зебоянд! Худат намедонї, боз аз шавњарат пинњон мекунї, Шояд… барои он дунё нигоњ медорї?
Айнек (шўхикунон лаби хилъаташро боз њам баландтар бардошта). Шояд ин хел кунем, боз хубтар шавад?
Дакї. Худди худаш, акнун ќомататро рост кун, гарданатро барор, назарногирона нигоњ бикун.
Айнек (хандаашро пинњон намуда). Њамин тавр?
Дакї. Офарин!!! Ќандата зан. Синаатро баланд бардор…
Айнек. Њамин хел?
Дакї. Њаракатњоят оњиста… оњистатар, офарин…!
Айнек (њаракатњоеро, иљро мекунад, ки њатто Дакї нишон надода буд). Њамин хел, Усто-о-оди ази-и-из?
Дакї (худаш њам шавќманд шуда). Бале, бале. Олиљаноб!
Айнек. Ба ростї?
Дакї. Ба ростї, вале боз гоњ-гоњ нола бикун.
Айнек. Чї хел?
Дакї (нолиш мекунад). Акнун такрор кун.
Айнек (менолад, баъдан чун мор ќат шуда, гўё ўро газиданї шуда, ба наздаш меояд). Оњ, о-о-оњ, “усто-о-одам”…! Иљозат дињед, арз кунам!!!
Дакї. Лаббай, ман туро гўш мекунам…
Айнек. Дар байни дилдодагон бояд алоќа бошад- алоќаи ѓапйризаминї, кайњонї… Онњо бояд рўњан пайваст бошанд. Ин алоќа бояд њаматарафа бошад. Дар ин хусус ягон шеъре эъљод нашудааст, ягон шоир онро насароида асту ягон рассом онро тасвир накардааст, ё гапам хатост…?
Дакї (дасту по хўрда). Ту … чиро дар назар дорї?
Айнек (ќомату рафтори худро ба паланг монанд карда). Агар ў маро дўст надорад, њиллаю найрангњоям ба ў писанд меоянд?
Ба Дакї љавс шуда, гўё ўро газиданї бошад, оњиста аз љояш мехезад. Дакї низ чашмашро аз ў наканда баробараш мехезад. Њарду рост мешаванд.
Айнек. Бинобар ин њамаашро фаромўш кун (Ба њолати аввалааш бармегардад.)
Дакї. Ту чиро дар назар дорї? Шавњаратро ё фањшро.
Айнек (бо коњиш). Њардуяшро…! Фиттатро низ хомўш кун!
Дакї саросемавор видеоро хомўш карда, барномаи телевизиониро мегузорад. Дар экран сессияи навбатии Жогорку Кенешаи шањр рафта истодааст.
Дар назди баландгўяк вакил Аким Акжолов: “Вакилони гиромї! Иљозат дињед, дикќќати шуморо ба яке аз масъалањои хеле муњим равона созам! Ба њама маълум аст, ки ќисми зиёди ањолии 5-милллионнафараи моро занњо ташкил медињанд. Дар ин асри беориву беодобї занњои мо ба роњњои хато рафтаанд. Ба фикрам, кам касоне ёфт мешаванд, ки аз вазъияти ба амал омада бехабар бошанд. Мувофиќи раќамњои оморї масъалаи фоњишагї назар ба соли 1987-ум 350% зиёд шудааст. Боз мувофиќи нишондоди њамин омор 99,9%-и занњое, ки барои кор ба хориљи кишвар мераванд, бо касби ќадимтарини дунё машѓуланд.
Луќма аз толор. Наход ба савдо машѓул бошанд?
Аким Акжолов (бо шавќ) Бале, лекин тани худро ба савдо мемонанд.
Луќма аз толор. Ва албатта онњо бољи андозро намесупоранд?
Аким Акжолов (дасту по хўрда). Рости гап, ман дар ин бора маълумот надорам… Вале рафиќон, гап сари дигар чиз аст.
Луќма аз толор. Гапи вай њам њаќ, охир чи ќадар пул аз даст меравад!
Ѓавѓоро овози сиёсатдоре пахш мекунад. Рафиќон, рафиќон, биёед ба Аким Акжолов имконият дињем, ки баромадашро ба охир расонад.
Аким Акжолов. Ташаккур. Мм… Гап сари дигар чиз, ман дигар чизро дар назар доштам. Охир масъалаи ба миён омадаро њал кардан мумкин аст… Масалан, мисол орем… Бе дуруягї ва бе пинњонкорї мегўям, ки ман шахси сарватмандам, танњо дар њамин шањр 2 хона, 2 мошин дорам ва бинобар ин ба мошини давлатї ниёз надорам. Ба фикрам, њељ љои пинњон кардан нест, охир мо дар мамлакати озод зиндагї дорем. Дар берун аз шањр бўстонсарои боњашамат њам дорам. Вале занам танњо яктост ва бояд гуфт, ки вай пир шудаасту аз ўњдаи бисёр чизњо намебарояд. Чї мешуд агар мо ќонуни бисёрзаниро ќабул кунему њамаашро ќонунї гардонем.
Овози ханда, ризоияту норизої ба гўш мерасад.
Овози сиёсатдор. Рафиќон, рафиќон! Биёед ба ин кас имконият дињем, то ки фикри худро љамъбаст кунанд.
Аким Акжолов. Рафиќон, Шумо механдед, вале агар љиддитар назар кунем, маслињати ман ягона роњи њалли ин масъала мебошвад. Хулоса, агар шахсони сарватманд бо роњи ќонунї то панљ зан гирифта метавонистанд, онгоњ мо метавонистем аввалан-мушкилоти бекориро аз байн барем, зеро дар чунин њолат чандин зани бекор шуѓли нав пайдо мекунанд, дуюм ин, ки шумораи фоњишањо ва љиноят кам шуда, таввалуди кўдак зиёд мешавад. Аз њама муњимаш, њамаи кор аз рўи ќонуну виљдон мешавад».
Айнек оинаи нилгунро хомўш карда, андешамандона ба Дакї менигарад. Як лањза хомўшї њукмфармо мешавад.
Дакї. Онњо чї, њоло зани дуюмашонро ќонунї карда натавониста, мехоњанд сеюмашро гиранд? Дигар њељ чиз намехоњанд?
Айнек (писханд зада, бо ќањр). Барои чї не? Бигзор, сеюму чоруму панљумашро њам гиранд! Охир онњоро дўст намедоранд-ку… Пас фарќаш чист, ки дар љойгањ… якто кам мешавад ё якто зиёд. Ба гуфти Шумо, њар як зане, ки доманашро бардораду танашро урён кунад, метавонад зани шавњаратон шавад.
Дакї (бо ѓамхории сохтакорона) Не, ту нафањмидї, шавњари ман ѓами Канат барин бечорањоро мехўрад, мехоњад ба онњо роњ кушояд, то ин ки онњо азоб накашанд…
Айнек. Хоњї, ки соќу саломат бошї, зуд аз назарам дафъ шав!
Дакї. Айнек…Ту чињо мегўї…Айнек…! Охир ман ба ту кўмак кардан мехоњам! (Кебида-кебида аз ў дур мешавад).
Айнек Аз кўмакњоятон серам! Зудтар аз назарам дафъ шавед!
Дакї (гўё њељ чиз нафањмида бошад, ба Айнек менигарад). Айнек, ба ту чї шуд! Аз чї бошад, чашмонат якбора суп-сурх шуданд.
Дакї китфзадаю худ ба худ чизе гуфта меравад. Айнек аз кисаи хилъаташ сигор мебарорад. Онро дар гиронда, чуќур-чуќур нафас кашида мебарорад. Нигоњашро ба дурї равона месозад. Њамаи овозњои дар тўли рўз шунидаа, дар гўшаш садо медињанд.
Овози љодугар: «Шавњаратро кадом як зани дигар љодугї кардааст, бинобар ин ту ўро бояд љодушикан кунї, љо-оо-ду-уу-ши-кан…».
Овози Сезим: «Ман Сезим, як ваќтњо дилатро аз шодї лабрез мекардам».
Овози Канат: «Бо ту чї гап шуда истодааст? Ба ту чї намерасад?»
Табъи Айнек гирифт. Сигорро ба як сў партофта, аз кисаи хилъаташ телефони дастиро мебарорад, ба Канат занг мезанад.
Айнек. (гўшакро мањкам дошта) Канат! Канат! Зудтар ба хона ой! Сўњбат кардан лозим. Не ин гапи шахсист, бо телефон намешавад, рў ба рў гап задан лозим...
Садои канда-кандаи телефон.
Айнек (аз нав раќам мечинад). Алло, Канат!...Не, ту нафањмидї… Ин гапи хеле зарур…Канат, илтиљо мекунам, гўшакро нагузор…Алло, Канат, Канат…
Боз садои канда-кандаи телефон.
Айнек. (таслим нашуда, боз раќам мечинад) Алло, Канат…!
Овози занона: «Муштарии даъватшаванда, муваќќатан дастнорас аст. Набранный вами абонент временно не доступен. The number you have called is turned off…
Айнек (ѓазаболуд ин тараф -- он тараф рафтан мегирад. Боз раќам мечинад). Алло, ин љо маркази иттилоотии «Хабар»?... Ман зављаи Канат Орзуматов. Мехоњам, дар бораи худаму шавњарам ба Шумо хабари сенсатсионї дињам! Радио, телевизион, рўзномањо, хулоса њамаатон оед. Чї? ва дар хусуси чї? Дар хусуси хиёнат! Бале-бале…
Телефони дастиашро љамъ карда, ба кисааш мендозад. Сарбаландона ќоматашро рост карда ба сўи хона меравад. Баъд аз рафтани Айнек сањна торик мешавад. Дар сањна фариштањои сиёњ пайдо мешаванд. Онњо вањшиёна мераќсанд. Дар дасти онњо банд аст, онро байни худ мекашанд. Дар охир он банд чун њалќа ба дарахте, ки дар он Айнек либосњои Канатро овехта буд, меафтад. Ин дам Сезим пайдо мешавад. Ў лангида, чун одами бемор базўр-базўр роњ мегардад. Ба бењолиаш нигоњ накарда, њалќаи овезон шударо аз дарахт меканад. Њалќа ба замин меафтад. Фариштањои сиёњ аз нав он њалќаро ба дарахт меовезанд. Сезим боз онро меканад. Байни Сезим ва фариштањои сиёњ задухўрди сахт ба амал меояд. Фариштањои сиёњ бисёрї шуда, Сезимро аз пой афтонда ѓайб мезанад. Сезим њам шикамнокї рафта аз назар ѓайб мезанад.
Њалќа дар дарахт овезон мемонад.
Сањна оњиста-оњиста равшан мешавад. Чун ќосиди бадбахтї мусиќии ошўбангезе садо медињад. Рўзноманигорон меоянд. Њар яке бо суратгираку камера, дафтару ќоѓаз муљањњаз шуданд. Яке шакли берунии хона, арчањои зебо ва њалќаи дар шохи дарахт кашолро сурат мегирад. Дигари, пояи камераи наворбардорро устувор мекунад. Гурўњи сеюм бошад, барои мусоњиба савол тартиб дода истодааст. Њавлї пур аз овозњо. Дар ин ваќт Айнек пайдо мешавад. Њама хомўш мешаванд. Хомўшї. Ў нињоят зебост, мўйњояшро ба боло бардошта, ба таври махсус оро додаст. Симояш асроромез. Дар танаш куртаи сафеди арўсие, ки дар рўзи тўяш бо Канат пўшида буд. Дар сараш тўр, дар пойњояш туфлии сафед. Дар гарданаш гарданбанди тилло, дар дастонаш даспонаву ангуштаринњои тиллої. Дар чашмонаш оташ, рухсорањояш сурх. Вай хеле дилрабост. Хизматгор курсии мулоимро, ки мисли тахт љилонок аст, ба берун мебарорад. Айнек чун малика ба назди курсї омада, менишинад. Аксбардорон ўро сурат мегиранд. Наворбардорон камерањояшонро ба кор дароварда, ба ў наздик мешаванд. Рўзноманигорон кўшиш мекунанд, ки ба ў наздиктар истанд.
Рўзноманигори якум ( хабарнигори ТВ). Салом, тамошобинони гиромї, салом Айнек Тўраевна! Шумо сўњбати мустаќими моро бо Айнек Тўраевна тамошо хоњед кард. Ин бинои истиќоматии дуошёнае, ки њоло мо дар наздаш ќарор дорем, дар маркази шањр воќеъ буда, ба шањрванд Канат Орзуматов тааллуќ дорад. Гумон мекунам, ки њољат ба муаррифї нест, зеро ин шахсро њама хурду бузурги мамлакати мо хуб мешиносанд. Моро ба ин љо зављаи Канат Орзуматов- Айнек даъват намуданд. Ана худи он кас, чун њарваќта зебою дилрабоянд. Шумо кадом як хабари муњимеро расонданї будед. Марњамат, Айнек-бону, сухан ба Шумо дода мешавад.
Айнек (оромона, вале ќатъї) Рўзноманигорони гиромї! Ман зављаи ќонунии Канат Орзуматов, маљбурам, ки бе хоњиши худ ин дунёи фониро тарк кунам.
Рўзноманигорон беист гап мезананд. Њар яке кўшиш мекунад барои хубтар сабт шудани овоз, баландгўякашро ба Айнек наздиктар орад.
Рўзноманигори 2. Бубахшед, Шумо гуфтед, ки маљбуред ин дунёро тарк кунед? Ман маќсади Шуморо дуруст фањмидам?
Айнек (рост ба он рўзноманигор нигариста). Ман тайёр будам, ки бо ин дунё падруд гуям, лекин пеш аз ин мехостам хамаи гапхои дар дил доштаамро ба як нафар гуям, аммо ин шахс маро гўш кардан намехохад.
Рўзноманигори 3 (ќафо гашта). Он ќадар беаќл нестам, фањмидам.
Айнек. Понздањ сол дар як љо зиндагї кардем. Соњиби њама чиз шудем! Њама чизро дорем! Вале њарчанд ношукрї њам шавад… ман имрўз бадбахтам! Имрўз ман куртаи арўсиамро, ки дар дар лањзаи хушбахттарини њаётам пўшида будам, ба бар кардам. Вале имрўз ман онро ба љои кафан пўшидам.
Рўзномагори 1. Шумо дар бораи хиёнат ким- чи гуфтанї будед…
Айнек. Бале. Танњо ба Ватан хиёнат мекунанд? Магар зане, ки њаёту таќдири худро бо як мард мепайвандад, барояш фарзанд ба дунё оварда чароѓи хонаашро равшан нигањ медорад, барои вай ба монанди Ватан нест? Њар рўз зан ба рўи дастурхони сафед нон гузошта, аз Худо тавалло мекунад, ки шавњараш дар куљое набошад, соќу саломат ба хона баргардад. Рўз аз рўз мењру муњаббати зан нисбат ба шавњараш зиёд мешаваду кам не. Зан њељ гоњ фикри људошавиро намекунад. Магар ин зан лоиќи он нест, ки ба шавњараш Ватан бошад? Магар ин занро нописандї кардану бо фикраш розї нашудан хиёнат нест?
Рўзноманигори 4. Бубахшед, инро худи шавњаратон гуфтанд?
Айнек. Дар њаёт њастанд чизњое, ки онњоро бе сухан њам мефањмї… Агар дар дили ў ишќи нав пайдо шуда бошад, он гоњ дар дили ман раъду барќ мешавад, ин охири дунёст.
Рўзноманигори 2. Бигўед, ки шумо аз марг наметарсед?
Айнек. Метарсам, ки марг аз ман метарсад.
Рўзноманигори 3. Барои чї ба шумо Айнек ном гузоштанд?
Айнек. Зеро, ки маќсади ман чун оина шаффоф аст. Ман њунари пинњон карданро надорам. Њар чизе, ки дар дилам њаст, дар чашмонам намоён мешавад. Наход шумо набинед, ки ман дарун – дарун сўхта истодам, дилам афгор шудааст!
Рўзноманигори 1. Яъне ишќи абадї вуљуд надорад…?
Айнек. Ин тавр нагўед! Ман тайёрам барои ишќ бимирам!
Рўзноманигори 5. Шумо пеш аз он, ки ин муњовараро ташкил кунед, аз обрўю вазифаи шавњаратон фикр накардед?
Айнек. Фикр кардам. Мањз њамин сабаби марги ман аст.
Рўзноманигори 5. Хуб, майлаш, ба шавњаратон дилатон намесўзад, аммо дар бораи фарзандонатон, хешу таборон фикр накардед..?
Айнек. Њар яки онњо таќдири худро доранд. Рафтани маро пай намебаранд.
Рўзноманигори 3. Ба фикрам шумо аз пашша фил сохта истодаед. Шумо њоло љавонед, метавонед бо ягон марди дигар вохўред….
Айнек. Ман њаёти худро бе Канат тасаввур карда наметавонам ва ягон марди дигар ба ман лозим нест…
Рўзноманигори 2. Шумо бисёр аќибмонда њастед. Охир дар замони мо људо шудану бори дуюму сеюм зан гирифтан, њатто дуникоњї ба њукми анъана даромадааст. Пас чаро шумо аз ў људо шуда, њаёти навро оѓоз намекунед?
Айнек. Бисёр саволи баљо. Шумо гумон мекунед, ки њамаи занњо чун баррањо ба якдигар монанд!? Ман ба занњое, ки бар ќасди шавњарашон ба бероњагардї машѓул мешанд, баробар шудан намехоњам! Агар шавњарам зани дигар гирад, ман дигар зиста наметавонам!!!
Рўзноманигори 1. Шумо гуфта метавонед, ки маъшуќањои шавањаратон кистанд?
Айнек. Ман њамин ќадарашро гуфта метавонам, ки ў дигар маро дўст намедорад.
Рўзноманигори 2. Шумо барои муњаббати шавњаратонро аз нав баргардонидан кўшиш намудед?
Айнек. Пинњон намекунам, ки ман њамаи макру њилаи занонро истифода бурдам.
Рўзноманигори 2. Ва ин њилаи охирини шумост?
Айнек. Ин ќарори ќатъии ман аст!
Рўзноманигори 5. Одамони камбизоат кўшиши бой шуданро мекунанд. Одамони бой чї орзуву ормон доранд?
Айнек. Дигаронро намедонам, вале дар оилаи мо бо пайдо шудани молу сарват тамоми мењру муњаббат аз байн рафтааст.
Рўзноманигори 1. Шавњаратон дар бораи аз шумо људо шудан, ё зани дигар доштанаш ба шумо ягон чиз нагуфтааст?
Айнек. Мањз барои он, ки ин суханњорон нашунавам, мехоњам зудтар худкушї кунам.!
Рўзниманигори 4. Кадом роњи худкуширо шумо интихоб кардед? Агар аз рўи ин њалќаи овезон бањо дињем…
Айнек (њалќаро дида њайрон мешавад.) Ин њалќаро якум бор дида истодам. Инро кї овехта бошад? Яъне Канат кадомеро фиристодааст, то ки … Медонад, ки ман аз райам намегардам. Вай гумон кардааст, ки ман сарамро ба њалќаи тайёр меандозам? Њељ гоњ!
Рўзноманигори 1. Шорири бузург Алиќул гуфтааст “Ман беармон мемирам, вале дар он љо мусиќї ба ман намерасад.” Барои шумо дар ин дунё чизи аз њама ќиматтарин чист?
Айнек. Ман ба Худо бовар дорам, дигар њама чиз бебаќост. (СУКУТ.) Ман танњо рўшноии офтобро пазмон хоњам шуд. Ман њоло дар ёд надорам, ки дафъаи охирин кай тулўъ ва ѓуруби офтобро дида будам! (Айнек ба офтоб мурољиат карда, бо зону нишаста мегўяд): Маро бубахш, Хуршеди Бузург…
Баъдан роњашро идома медињад. Бо дасташ њалќаи овезонро алвонљ дода, аз назди гулзору арчањо мегузарад. Аз ќафои Айнек шуоъи ягонаи нур равон аст. Тарафи нишастаи рўзноманигорон торик мешавад.
Овози рўзноманигори 1 (танњо овозаш мебарояду худаш намоён нест). Хоњиши охирини шумо чист?
Айнек (бо чашмони оташбор). Зистан ва њар лањзаро чун лањзаи охирини умр ќадр намудан! Ман гумон надоштам, ки њаёти маро месўзонанд! Аз муњаббати шахси дўстдоштаам мањрум шудану онро ба зани дигаре додан барои ман баробари марг аст! Бинобар ин хоњиши охирини ман он аст, ки барои як мард фаќат як зан шавад! Бале! Як шавњар-- Як зан!
Рўзноманигори 2. Як шавњар – Як зан?
Рўзноманигори 3 .Як шавњар – Як зан?
Рўзноманигорон (баробар ѓалоѓула мекунанд). Вай чи гуфт? –«Як шавњар – Як зан?!
Ин суханонро дигарон низ такрор мекунанд. Аз њар гўшаи њавлию кўча (яъне аз толор) ин суханњо такрор мешаванд. “Як шавњар – Як зан” Ногоњ ин суханњоро чун хори умумї месароянд. Айнек аз љой хеста, тањти ин суханњо чун “ЌУ”- и сафед ба сўи хона меравад. Њамаи рўзноманигорон аз љой хеста бо нигоњи шафќатомез ўро гусел мекунанд. Онњо идомаи вазъияти ба амал омадаро интизоранд.
Чанде пас аз дохили хонаи Айнек овози часар-чусури сўхтор мебарояд, дарахти сўхтаистода, алангаи оташ. Њама аз ин воќеаи ѓайричашмдошт дар љояшон шах мешаванд. Вале њељ кас кўшиши хомўш кардани оташро намекунад.
Дар њамин њолат Канат бо мўйњои парешон рангу рўйи паридаю нигоњи оташин давида меояд.
Канат (бо нигоњаш дар байни рўзноманигорон Айнекро мекобад) Айнек, Айнек, Айне-ек!!!!
Рўзноманигорон Канат Орзуматовро дида, чун чўби хушк рост меистанд.
Канат. Айнек, ту чї кор кардї? Азизам бозист!!!
Канат ба оташ менигарад. Лањзае бозистода, ќоматашро рост мекунад ва гўё ягон ќарори муњимеро ќабул карда бошад, бо ќатъият ба суи хонаи сўхтаистода мераваду дар дохили он ѓайб мезанад. Ин дам оташ аланга гирифта, ба хонаи њамсоя мегузарад. Овози чўбњою шишањои шикаста.
Ваќте, ки ба даруни хона даромада ѓайб мезанад, рўзноманигорон аз рўи кунљкобї сар кашида, мехоњанд воќеаи дар дарун рух дода истодаро фањманд. Халќ низ аз паси панљара воќеаро тамошо мекунад.
Аз њаммоми хонаи Њаким Акжолов ду зани тарсхўрда мебароянд. Онњо худро танњо бо латтаи сафед печонидаанду халос. Аз дур овози мошини оташхомўшкунак ба гўш мерасад.
Ин дам Айнек бо куртаи сўхта пайдо мешавад. Вай дар пушташ Канати аз њуш рафтаро меорад. Либосњои Канат низ сўхтаанд, галстукаш ба пањлуяш тоб хўрдааст. Айнек галстуки ўро кушода, ба рўяш об мепошад. Канат чашмонашро мекушояд. Маълум аст, ки чї тавр ў занашро дар пањлўяш саломат дида, хурсандї мекунад. Канат Айнекро ба сари дилаш пахш карда, сахт ба оѓўш мегирад. Ин дам Сезим пайдо мешавад. Нўги болњои сафеди ў сўхтаанд. Ба њамаи ин нигоњ накарда, Сезим ба раќс медарояд.
ПАРДА.
Свидетельство о публикации №223032900258