Независимость, или трагедия Рустамбека

 

Чумъа Куддус
ИСТИКЛОЛИЯТ Ё ФОЧИАИ РУСТАМБЕК
(фољиа дар ду ќисм)

Ба Соли тамаддуни ориёї бахшида мешавад

Иштироккунандагон:

Рустамбек – њокими Истаравшан
Насрулло – амири Бухоро
Худоёрхон – хони Хўќанд
Маниёз – саркори ќалъаи Истаравшан
Рухшона – хоњари Маниёз
Сотќин- гумоштаи амири Бухоро
Кенагас –Хонум – њамсари иљбории амир Насрулло
Омил – мансабдор аз Истаравшан


Ќисми 1
ПРОЛОГ

Як гўшаи Тали Муѓ дар Истаравшан, љасади марде дар сари дор вањмангезона алвонљ мехўрад. Вай љасади Мањмудхон Тўра – собиќ њокими Истаравшан аст. Писари ў Рустамбек бо андўњ њозир шуда ба зону мезанад.
Овози Мањмудхон Тўра. Писарам, ба њељ ваљње њокимиро ќабул надор. Бобоят њокими Њисор, дертар њокими Истаравшан шуд, аз љониби амир ба ќатл расид. Бо амри таќдир раёсати Истаравшан ба дасти ман расид,  фардо маро њам ќатл бикунанд. Дер  ё зуд ин амалро ба ту супоридан хоњанд. Ќабул надор, то ки дудаи мо инќироз накунад, то охирин мард аз ќавми мо барњаёт бошад. Васияти ман њамин аст: њокимиятро ќабул надор. Ќабул надор… ќабул надор…

Садоњои хоси набард. Ѓиреви мардум. Дар як тараф амир Насрулло.

Насрулло. Ё валлоњ! Истаравшани хушоби кони ѓаллаву зари фаровон додї, мардуми ёѓиву саркаши онро барои чї офаридї!? Ин шањр чун устухон дар гулўям дармондааст, намегузорад, ки хони Хўќандро ба зону шинонам. Пас, занед, кушед, оташ занед! Ѓаллазоронашро поймол кунед, ки иродаи мардумаш шиканад! Устоњои соњибкасбу љавононашро ба ѓуломї баред. Бар болои Тал аз каллаи ёѓињо манора созед!

Ѓиреви мардум. Љасадњои дигар дар сари дор пайдо шуда, алвонљ мехўранд. Рустамбек бо њасрат менигараду ниёиш мекунад.

Рустамбек. Падари бузургвор! Чї тавр ин њамаро тањаммул кунам?
Овози Мањмудхон Тўра. Рухсат нест… Рухсат нест…

Аз тарафи дигари сањна Худоёрбек-хони Хўќанд мебарояд.

Худоёрбек. Худоё, ин чї асрорест, ки њаждањум маротиба ба як шањр њуљум мекунаму ѓалаба карда наметавонам?! Аз Арал то Њафтрўд дар тањти фармони ман аст, Истаравшан бояд љавлонгоњи ман бошад! Занед! Кушед! Ѓорат кунед! Дар Тали Муѓ калламанораи нав созед!

Ѓиреви мардум. Дар дор љасади нав. Рустамбек пеши пои падар меафтад.

Рустамбек. Падари бузургвор. Њар рўз дањњову садњо њамнишинони маро бо азоби алим ќатл мекунанд. Аммо ман хомўшам. Дигар нами сабру тоќат намонд. Худоёр-хони Хўќанд мехоњад, ки њокимии Истаравшанро бар ман супорад.
Овози Мањмудхон Тўра. Дар ин кор савоб намебинам. Ту охирин мард аз дудаи мої. Њоло ин дунёи дун сазовори он нест, ки ту раёсатро  ќабул дорї. Дур бош аз  амиру раёсату вилоят.
Рустамбек. Чї илољ? (Шамшерашро ба ѓилоф меандозад.)

Садои хоси корвон. Бо фиѓон Маниёз меояд.

Маниёз. Эй Рустами асили сонї, аз ту мадад мепурсам: њама молу мулки маро ѓорат карданд. Худам ва хоњари ягонаамро ба ѓуломї гирифтанд. Бо сад динор љони худро халос кардам, аммо барои хоњарам чорае надорам. Фаќат ту моро халос карда метавонї. Шамшер аз наём гирї, њама љавонони Истаравшан гирди ту љамъ меоянд. Чаро хомўшї?
Рустамбек. Ин амал – ќабули яке аз тарафњои даргир аст, даъво ба раёсат аст, аммо ин хилофи васияти падари ман аст.
Маниёз. Њељ гуна васиятро намедонам, Рустамбек. Њамин ќадараш маълум, ки хоњари маро ба канизї мебаранд. Њоло аз њамин роњ гузашта ба Ховост мебаранд. Ту осудаї, ањли байтат осуда… Пас, шамшератро бидењ, ки барои наљоти хоњари худам талош кунам. Оњ… садои ќофиларо мешунавї? (Меравад.)
Рустамбек. Мо бо шумо ањди бародарї дорем. Рухшона барои ман њам азиз аст. Ва маљбурам, зидди васияти падар амал бикунам. Маро бубахш, падар. Дигар тавони сабру тоќат намонд! Биист, бародарам Маниёз, ту танњоиву душман зиёд.

Аз ќафои Маниёз меравад. Садоњои хоси њарб-шамшерзанї. Сонияе пас ў бо Сотќин шамшерзанон вориди сањна мешавад. Шамшерро аз дасти Сотќин меафтонад. Сотќин айёрона ба хушомад мепардозад.

Сотќин. Ё валлоњ, ту магар Рустамбеки  Волинаъмї њастї?
Рустамбек. Бале.
Сотќин. Худованд шоњид аст, ки туро мељустам, то хоњиши амири Бухоро Насруллохонро расонам.
Рустамбек. Айёрї накун. Туро ман ќатл намекунам. Аммо асирон озоданд.
Сотќин. Ман тољирам ва фиристодаи амир. Ман ба шумо молу матоъ меорам. Ва супориши амирро иљро мекунам. Ин асирон – табааи амири Бухоро њастанд. Зидди иродаи амир баромадан хатост. Махсусан дар замоне, ки амир туро ба вазифаи њокими Истаравшан даъват мекунад.
Рустамбек. Ин њама гуфтугўй баъди озод кардани њамшањрињои ман мешавад. Ба одамњоят бифармой, ки аз онњо даст баргиранд.
Сотќин. Вале инњо моли амиранд. Амир бошад, ба ту ќавлу амал мебахшад.
Рустамбек. Хавфи аз ин зиёд зиёдатї аст. Бирав ба амир гўй, ки на амали ў хоњаму на фармони ўро ќабул дорам. Туро…
Сотќин. Ман аслан тољирам, ба шумо мол меорам. Аз ќадим омилону сипоњиён ба тољирон кор надоранд.
Рустамбек. Агар тољир њастї, бирав, ба асирони амир чї кор дорї?
Сотќин. Ту бо ин амал зидди иродаи амири Бухоро баромадї.
Рустамбек. Ман аз амират њам безорам, аз фармонњояш њам. Вале дигар намегузорам, ки хуни њамшањрињои ман рехта шавад. Ба сарбозонат бигўй, ки њама асиронро рањо кунанд.
Сотќин. Хуб.Асиронро озод кунед. Ба Бухоро бармегардем.

Рухшонаи ранљдида пеш меояд. Маниёз ўро медорад, ки наафтад.

Рухшона. Ташаккур, Рустамбек.
Маниёз. Аз ин пас ман ѓуломи њалќабаргўши ту.
Рустамбек. Ман зидди васияти падарам амал кардам. Аммо худованд ба ман чунин амалро раво дид. Дигар то даме, ки осоиши мулк ба даст наояд, ман шамшери худро аз даст намегузорам. Омин!

Мераванд.

НАМОИШИ 2

Ќароргоњи Худоёрхон. Ў танњо, шод аст.

Худоёрхон. Нињоят, дар Истаравшан одами худии баобрўй ёфт шуд! Барои ман Рустамбек зарур аст. То даме, ки ман лашкар ороям, дасти Рустамбек амирро нигоњ дорад. (Рустамбек меояд.) Офарин, пањлавон. Хуш омадї!
Рустамбек. Ташаккур, хон.
Худоёрхон. Ин коре, ки асиронро аз асорати амири ќассоб Насрулло халос кардї, сазовори достон аст. Њама касонеро, ки бар мо хиёнат кардаанд, сар задан мебояд.Туро њокими Истаравшан таъин мекунам! Вазифаи аввалини ту љазо ба хиёнаткорон аст.
Рустамбек. Хони бузург, ќариб панљоњ сол аст, ки њокимони Бухорову Њўќандї ќариб њар сол ба Истаравшан лашкар мекашанд, ќатл мекунанд ва луќмаи охирини мардумро ба ѓорат мебаранд. Ман ба он шарте раёсати Истаравшанро ќабул дорам, ки ягон марди истаравшанї дигар хорї набинад, дигар ягон фард кушта нагардад, дигар молу мулки мардум ба ѓорат бурда нашавад.
Худоёр. Хоинон шердил шаванд ва барои амири Бухоро хизмат кунанд.
Рустамбек. Њам амири Бухоро ва њам шумо, хони бузург сари дигар чиз бояд андеша кунед: дерест, ки ба Моварои Ому инглисњо ва русњо чашм ало мекунанд. Моро мебояд, ки муттањид шавем ва мулкро аз аљнабиён нигоњ дорем. Агар лашкари шумо бо дили мо кор кунад, дигар амири Бухоро дар фикри њуљум ба Истаравшан нагардад. Вале ин њам кам аст.
Худоёр. Шамшери ман бо лашкари 50-њазорнафараи ман њимоягари ту мешавад. Вале урусу инглисро мон, ки бар Бухоро фурў резанд. Ин айни муддаои дили ман мешавад.
Рустамбек. Вале ин ба фоидаи умумии мо нахоњад шуд…
Худоёр. Фоидаву зарари мулкро ман бењтар донам: аз Арал то Њафтрўд дар тањти фармони ман аст. Осоиши Истаравшан боиси осоиши дили ман шавад. Дигар њарчи хоњї, њамонро бикун. Комилан соњибихтиёр њастї.
Рустамбек.Ташаккур. (Меравад.)
Худоёр (танњо). Ту сипари ман шав дар Истаравшан, муваќкатї, аз дил берун. Барои густохият бошад, рўзе ба љазои сазовор мерасонам! (Меравад.)


НАМОИШИ 3

Дар як гўшаи сањна тахти амир Насрулло. Ў андешаманд. Сотќин меояд.

Насрулло. Њоло њам Истаравшани ба хоку хун оѓўштакардаи ман бар зидди ман мешўрад? Њоло њам ёѓиён боќї мондаанд? Кист рўбоње, ки дар боѓи ман мегардад?! Ман њоло зиндаам! Рустамбек! Рустамбек! Як Рустами афсонавї буд, ки њамон њам њазорњо сол пеш кушта шуд! Њоло ман Рустамам! Чаро ту, косалеси мурдор кушта нашудї!? Ту боз умед мекунї, ки бародарони хабисатро аз зиндон озод мекунаму ба ту вазифаи њокимиро мебахшам? Бигўй, ки љазои сазовори ту чист?
Сотќин. Шариатпаноњо, ман муљиби њама азобу уќубати шумо њастам. Аммо сарнавишт ба дасти мо нест. Имрўз ў дастболо шуд, аммо фардо њатман маѓлуб шавад.
Насрулло. Кай? Чї тавр!? Афсона мехонї!?
Сотќин. Мо њама роњњоро ба Истаравшан кушодем. Оќибат Шањрисабзро ишѓол кардем. Ќуввањои лашкари мо њама як шаванд ва мо Истаравшанро аз дами шамшер гузаронем. Номи амири бузургвор Моро ба  ѓалаба њидоят кунад!
Насрулло. Шањрисабз чандин моњ аст, ки тасхир намешавад. Далели он чист?
Сотќин. Далел – маликаи ќавми кенагасњо – Кенагас – Хонум. Бинед.
 
Бо ишораи Сотќин Кенегас-Хонум меояд.

Насрулло. Духтари душмани љонии ман њамин аст?! Ба чї љабре љон аз танаш бадар кунам?!
Сотќин. Шариатпаноњо, дўст гардонидани душман кори накўст. Месазад, ки ин паризодро зани никоњї кунед ва ќавмњои кенагас дигар дар Шањрисабз ором шаванд. (Ба Кенагас) Пои амири бузургворро бибўс. Шукр бигўй.
Насрулло. Ман интизорам…
Кенагас. Шукр аз чї кунам? – Аз он ки падари маро куштед? Шукр аз он кунам, ки шањри маро ба хун оѓушта кардед? Шукр аз он кунам, ки њама хоњарону додарони маро ба ѓуломї бурдед?
Насрулло. Вањ-вањ-вањ. Овози булбул, вале хонишњои каргасї. Ин рост аст?
Сотќин. Ќоидаи љанг њамин: маѓлуб кушта мешавад, ё ба ѓуломї меравад.
Насрулло. Њар хатое, ки аз  ќиблагоњи ин хонум гузашт, ба љазо расида љуброн гардид. Дигар њама хешовандони ин зани љасуру зеборо озод кунед. Њарчанд ки дар њарамсарои ман садњо хубрўён муштоќи дидори мананд, туро манзалати дигар медињам: њамнишину њамсўњбати худ мекунам, дар њама сафарњо ва юришњо њамсафари ман мешавї. Ин рамзи иттињоди мо бо ќавми кенагас мешавад. Баред, ба тўй омода кунед.
Сотќин. Ба чашм. Пои шоњро бибўс.
Кенагас. Агар ин боиси наљоти хешовандони ман бошад, дигар илољ надорам. Аммо дигар чизе аз ман талаб накунед…. дунё ба чашмам торик аст… (Бењуш шуда меафтад.)
Насрулло. Хеле хуб. Ба чањорбоѓ бибар. Одамие ба ин њусну љамол нав мебинам. Ту њам аз зиндон рањо шудї.
Сотќин. Ташаккур, шариатпаноњо. (Пойи ўро мебўсад.)
Насрулло. Худи пагоњ бо лашкари дар Љиззах будаамон ба Истаравшан меравї, барои тўёна сари Рустамро меорї! Ѓолиб омадї, туро њокими Истаравшан таъин кунам, вагар на ду бародаратро њам ќатл кунам.
Сотќин. Ба чашм. (Кенагасро мебарад.)



НАМОИШИ 4

Њамоно љасаде дар сари дор алвонљ мехўрад. Рустамбек дар андеша.

Рустамбек. Дар сар њазор андешаву тадбир чист? Чї кунам бо Худоёрбек? Магар худи ў борњо ба Истаравшани ман лашкар накашидааст? Наход ки њоло дўсти мо шудааст? Ба ў бовар кардан мумкин аст? Озод кардани асирон ќитиќ кардани амири Бухоро буд, раќобат бо њокими Истаравшан – эъломи љанг бар амири Бухорост. Ин љабру ситами нав бар мардуми Истаравшан аст.
Омили Истаравшан бо эъломи нав меояд.
Омил. Нашунидам нагўед, надидам нагўед! Нањри Мурѓоб канда шудааст. Барои њамин њар касе ки Истад ё Тўхтасин ном дорад, ќурбонї карда  мешавад! Њар касе, ки Тухтасин ё Истад ном дорад, бо ихтиёри худ пеш ояд, вагарна маљбуран бандї карда, дар назди обканда кушонда шуда, молу мулкаш подшоњї мешавад! Нашунидам нагўед…
Рустамбек. Њой шумхабар! Ин чї њазён аст?
Омил. Ин фатвои бузургони шањр аст. Танњо бо њамин роњ пеши обкандаро гирифтан мумкин будааст. Камаш бист нафар ќурбонї лозим, ки зинда ба зинда пеши об љой карда дар хок гўронида шаванд, то хавфи обканда пешгирї шавад… Нашунидам нагўед…
Рустамбек. Бас кунед кори бемаъниро! Пеши обкандаро бо сангу хок мегиранд, на бо љисми одамњои зинда!
Омил. Ман омили амирам! Фармони амирро иљро мекунам. Дар Зомин 15 мард њаст, ки Истаду Тўхтасин ном доранд. Њамонњоро бояд барам.
Рустамбек. Аз дењи ман ягон нафар ба ин кори бемаънї ќурбон намешавад!
Омил. Фањмо. Ту Рустамбек њастї, омили Зомин!?
Рустамбек. Бењтараш худи туро ќурбон кунем: бузургиву шикамкалон ва бо айбњои касифат њама обкандаро пур кунї! (Озод бардошт.)
Омил. Нав шинохтам туро, Рустамбек. Туро дида хабари муњим расондан мехостам: волии Истаравшан фармон дорад, ки ба Зомин омада туро нобуд кунад. Њоло ки фурсат дорї, гурезу љонатро халос бикун.
Рустамбек. Зуд мефурўшед хуљаинњоятонро, мансабчадорњо! Вале дер кардї. Абдуѓаффори бангимашраб аллакай ба роњ баромадааст ва баъди ду соат ба Зомин мерасад. Ќушунаш ду њазор сарбоз дорад. Њомиёни мо њамагї сад кас.
Омил. Хабар дошта бошї, гурез, љоната халос бикун!
Рустамбек. Љони ман кайњо халос мешуд, агар ту бо ќурбонињоят ваќти маро намегирифтї. Бираву дигар  дар фикри Истаду Тўхтасинковї нашав!
Омил. Рањмат. Рустамбек! (Меравад.)

Маниёз њаросон меояд.

Маниёз. Рустамбек, садои пойи аспони зиёд ба гўш мерасад. Мегўянд, ки лашкари амир аст.
Рустамбек. Не, ин сарбозони ќалъаи Истаравшананд, барои сари ман омаданд.
Маниёз. Мо бо онњо баробар намеоем, вале мељангем!
Рустамбек. Не, Маниёз. Дењаи мо чї дорад? Як ќалъаи хурд. Бигузор Абдуѓаффори бангї биёяд, бељанг дарояд ба дења, овоза кунанд, ки мо фирор кардаем ба сўи Хўќанд. Сарбозони вай, ки њама хешу табор доранд, пароканда шаванду шаб њамон љой монда мастиву айёшї кунанд. Мо дар ин байн  сад  љавонмард чобукона шањри холимондаи Истаравшанро ишѓол мекунем. Одамони худро огоњ мекунем ва то сањар њамроњ омада сарбозони дар ѓафлатмондаро даст мебандем. Аммо ту ба назди Худоёрхон ба Хўќанд бирав. Баъди ин бо амири Бухоро рўбарў шудан даркор мешавад. Ќўшуни 50-њазорнафараи ваъдагии хон дар он ваќт зарур мешавад.
Маниёз. Офарин  бар аќлу заковатат. Вале роњи Истаравшанро Абдуѓаффор бастааст. Чї тавр мо пинњонї мегузарем?
Рустамбек. Ин кўњњо гањвораи мо буданд, онњо моро ба иќбол мерасонанд. Меравем  аз дили ќуллањо! (Мераванд.)

Мусиќии хавотиромез. Садоњои хоси љанг. Шодии мардум. Рухшона пеш омада месарояд.

Рухшона.             Бињамдуллањ, ки Рустамбеки даврон
Ба фатњи Истаравшан гашт фирўз!
Зи юмни маќдамаш гардид яксар
Раият сарфарозу шоду бењрўз!
Шаби зулматсиришти ањли ин шањр
Мунаввар гашт, рўшантар шуд аз рўз!
Сухан кутањ, ки ѓайри Рустами мо
Раиятро набошад њељ дилсўз…

Рустамбек пеш меояд. Ба асирон, ки дар паси пардаву толоранд, мегўяд.

Рустамбек. Эй сарбозони асирафтода, бо хости худои азза ва љалл шумо имрўз маѓлуб гаштед. Вале бубинед, ки бар зидди кї дасти зулм бардоштед? Ба сари хешовандони худ. Бародарони асил гуноњи бародаронро бубахшанд. Шумо озод њастед, њар ки хоњад, бо мо бимонад, касе хоњад, силоњашро гузошта ба дењќонї иштиѓол кунад, касе хоњад, баргардад назди амири Бухоро. Вале аз ин пас ба остонаи Истаравшан танњо бо нияти нек ќадам гузоред! Мо њама бародар њастем: дар сафи лашкари Бухоро њам тољику турк њаст, дар њайати дастаи саднафараи мо њам. Аз ин пас бояд танњо бо дили кушоду оѓўши боз ба истиќболи њамдигар оем. Омин. Раббалоламин!

Садоњои тањсин: «Офарин, Рустамбек! Њазор сол бизї, Рустамбек!»
Маниёз пеш меояд.

Маниёз. Рустамбек. Хони Хўќанд аз хабари мо шод гардид ва ба ту санади њокимии Истаравшанро маншур гардонд. Ба ин муносибат ва ба шарафи фарорасии Наврўзи муѓон биёед њамроњи бародарон як базми наврўзї кунем.
Рустамбек. Нек бошад. Њамаро ба хони наврўзї даъват мекунем.

Нидоњои шодї. Мусиќї. Маниёз ва Рухшона месароянд.

Рухшона.  Иди Наврўз омаду мардум њам дар гурканї,
                Эй илоњо гум шавад номи амири ќуќанї! (Халќ такрор мекунад.)
Маниёз.    Зи љаври нокасон нолам ва ё аз чархи каљрафтор?
                Зи љаври мир Насрулло ва ё аз ќотили маккор? (Такрор мекунанд)
Рухшона. Њар тараф хунхорае, њар сў ќотил афтодае,
                Њар куљо бечорае, бе сар сипоњони шањид.
Маниёз.    Худовандо ба ќотил ту љазояш дењ, сазояш дењ.
                Туї нозир, туї њозир, туї ќозї, туї ќањњор!
Рустамбек. Истед. Азизон, магар базми Наврўз чунин кунанд?
Рухшона. Тайи чандин сол суруди шодї фаромўш шудааст, зери суми аспони туркон мондааст.
Маниёз. Дањњо шоирони шањир аз дами теѓ гузаштаанд.
Рустамбек. Медонам, вале аминам, ки рўњи поки шоирони шањид – Дилшоди Барно, алломањо шайх Абўбакри Шиблї, Султонхони Адо, Сайидѓозї Хољаи Нола, Њољї Њакимхон ва дањњо дигарон нобиѓањои Истаравшан, њазорон шањидони мењан, њазорон дили озордида, ќиблагоњи арљманди мо Мањмудхон Тўра, авлод, аљдоду авлоди њамаамон имрўз аз ин падидаи нек шод шуда таманно доранд, ки дигар дар мулки мо нола садо надињад, мебояд, ки имрўз дар замин дони умед корему дар дил орзуи фардои некро! Шумо њам бояд таронаи нав, таронаи умед, таронаи рўзи некро бихонед.

Садоњои шодиву тасдиќ.

Рухшона.              Наврўз шуду лолаи хушранг баромад.
 Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
 Мурѓони њаво љумла бикарданд парвоз,
 Мурѓи дили ман аз ќафаси танг баромад…
Рустамбек. Биёед, азизон, бо њавои таронањои наврўзї ба заминњоямон дони умед корему барои рўзгори нав  аз пайи ободї шавем.

Ба садои мусиќї садои суруди дењќону корњои заминкаландкунї њамроњ мешавад, вале савти хавотирангез низ баланд шуда, дигар садоњоро пахш мекунад.


НАМОИШИ 6

Дар як гўшаи сањна амир Насрулло ва Сотќин пайдо мешаванд.

Насрулло. На! Густохї аз њад гузашт! Тамоми лашкари Љиззаху Самарќандро ба Истаравшан равона кунед! Роњи Хўќандро бандед, ки ба Рустамбек аз хон ёрї нарасад! Њамаро канед, сўзед, кушед, ба ѓуломї оред! Сари Рустамбекро ба ман оред! (Мераванд.)

Дар гўшаи  дигари сањна дар даст нома Худоёрхон меояд. Механдад.

Худоёрхон. Хи-хи-хи… Рустамбеки содда! Ба ёрии ман умед доштааст! Ман худам интизори њалокати ту њастам! Муњимаш, њардуи шумо хаставу абгор шавед. Тавонї ба Насрулло зарбањо зан, то ки баъд ман кори ўро тамом кунам! Ман ана њамин хел – душманонамро бо дасти душманонам нест мекунам! Як номаи умедбахши љавобї додан вазифаи ман! Хи-хи-хи!  Вале номаи ман рафта мерасида бошад?  Нукарони амири Бухоро њама љангдидаву мусаллањ, дар ќатори Рустамбек бошанд, фаќиру бенавои пойлуч бо сангу фалахмон љамъ шудаанд. Бо милтиќњои русї амир дар як дам кори Рустамбекро тамом мекунад! Њи-њи-њи.. (Меравад.)

НАМОИШИ 7.

Навои табли љангро менавозанд. Майдони марказии Истаравшан. Рустамбек, Маниёз ва Рухшона.

Маниёз. Худоёрхон боз моро фиреб кард! Аз љониби Љиззах фављ-фављи дуду чанг ба њаво мехезад, лашкари амири Бухоро меояд, вале аз љониби Хўќанд садое нест.
Рустамбек. Ман њељ ваќт аз Худоёрхон дилпур набудам. Умед бар худ мекунем. Ваќти имтињону ваќти мардї расидааст!
Маниёз. Лашкари амир чандин маротиба зиёд аст.
Рустамбек. Дар лашкари амир онњое мељанганд, ки ё маљбурї сарбоз шудаанд, ё аз ноилољї, барои маоши ночиз. Силоњи пурќуввате надоранд ва рўњияи љангиашон баланд нест. Аммо одамони мо барои зодгоњи худ мекўшанд. Барои ба вайроншавии шањр имкон надодан мо љангро ба водии пањно мекўчонем. Дар он мавзеъ ба мо љангидан осонтар мешавад: њар санги кўњистон ёвари мо мешавад.
Маниёз. Њама љавонони шањр бо ту њамдиланд.
Рухшона. Ман њам меравам, бо лашкариёни амир њисобњо дорам.
Маниёз. Не! Рухсат намедињам. Њоло ман зиндаам.
Рухшона. Ман бояд ќасоси худамро гирам.
Рустамбек. Ба ту вазифаи мушкиле медињам. Дар њамин љо њозир бош. Ваќти мушкилоти вазъият бо алвонљ додани ин парчам моро хабар дењ.
Рухшона. Хуб.
Маниёз. Меравем.

Рустамбеку Маниёз мераванд. Рухшона либоси мардона мепўшад.

Рухшона. Гули умеди худро ман худам бояд муњофизат кунам.

Ду сарбози бухорої дуздона меоянд, Рухшона бо онњо мељангад.
Сотќин омада бо эњтиёт назора мекунад.

Сотќин. Ин бача бањодурона мељангад. Рўяш шинос менамояд. Кист ў?
Рухшона. Истед! Гули маро поймол накунед! Шумо медонед, ки гули навшукуфта чї накњате дорад? Чї кайфияте дорад? На! Шумо фаќат хун рехтанро медонед! Шумо нафрати гулро намедонед? Бубинед, ки барги гул њам метавонад хоре шавад!

Рухшона якеро маѓлуб мекунад. Сарбози дуюм кулоњи ўро меафтонад ва зан будани ўро дониста њаросида, аз њуљуми Рухшона мегурезад.

Сотќин.  Ё тавба, њамон Рухшонаи соњибљамол аст… Рустамбек меояд. Пинњон мешавад. Рухшона боз бо сарбозе шамшерљанг мекунад.
Рухшона.              Эй амири золими шањри Бухор,
 То ба кай ин њангома монад пойдор?
 То кай ин хунрезию љабру љафо?
 Охир аз сар монадат ин ,њуш дор!
Рустамбек (омада кўмак мерасонад). Офарин, Рухшона! Доди мардиро додї!

Сотќини таѓйири либос карда меояд. Њама љамъ мешаванд.

Сотќин. Ќисми зиёди лашкари амир асир афтод. Бухориён борњо аз сари мардуми мо калламанора сохта буданд. Бифармой, ки аз сари асирони бухорої њам манора созанд! Хун ба хун!
Рустамбек. На. Љанг фаќат љанг зояду кина њамеша кина. Бинед, асирон кистанд? – бародарони њамќавму њамхуни мо – тољикњо, ќавмњои кенагас, ќипчоќ, юзњо, мингњо. Бо ќатли онњо мо дасту гардани худро мебурем.
Сотќин. Рустамбек аз Эркабой  понсадбошии юз андеша мекунанд? Маълум, ки он кас аз ќавми шумо њастанд, вале дигарон мўљиби ќатланд.
Рустамбек. Бале, Эркабой пойсадбошии Юз аз љониби падарам њамќавм аст, вале аз љониби модарам њазорон тољикон љонпайванди мананд! Ва ман њаргиз манфиати њаммењанони худамро нафурушам. Аммо тадбир чунин аст, ки мо бояд барои сулњ талош кунем, на барои љанг. Дар хусуси Понсадбошї як амали дигар мекунем: бо ѓаниматњои љангї ўро пеши Худоёрхон мефиристем, ки чї будани ањди љавонмардиро ў њам бидонад.
Њама. Дуруст. Фикри оќилона.
Рустамбек. Маниёз, аз ин пас сарвари ќалъа мешавї. Набояд ки шањр бе њимоят монаду духтарони мо ба даст шамшер гиранд. Худованд онњоро барои корњои муњимтар халќ кардааст.
Маниёз. Бале. Мо, мардњои Истаравшан, њоло дар сар тўпї мемонему рўймолро дар миён мебандем!

Њама бо нидоњои шодї мераванд.
Рустамбек назди дор меояд. Љасад дар сари дор алвонљ мехўрад.

Рустамбек. Падар, ба иќболи мардуми Истаравшан пирўзї насиби мо шуд. Бори аввал њукми ќатлро манъ кардем, бори аввал асиронро осуда ба манзил расонидем, бори аввал умеди осоиш яќин мегардад. Аминам, ки аз омади кор шод хоњї буд. Њама табдир кунам, ки дар љањон сулњ пойдор бошаду мардум танњо аз пайи нону ном талош кунанд ва номи силоњу номи љанг абадї фаромўш гардад.

НАМОИШИ 8

Ќароргоњи амир Насрулло. Дар ѓазаб аст, аммо худро нигоњ медорад.

Насрулло. Ѓарази Рустамбек чист, ки тањќиромез асиронро бозпас фиристодааст? Метарсад, ё тадбир мекунад?

Рустамбек дар симои сафир сухан мекунад.

Рустамбек. Ин поси хотири намаки бобои шумо амир Шоњмурод аст, ки ба бобои ў раёсати Њисору сипас Истаравшанро додааст. Тадбираш дар он, ки мехоњад байни Бухорову Истаравшан сулњи воќеї бошад.
Насрулло. Рустамбек дар сиёсат кўдак аст. Намедонад, ки сулњ байни Бухоро ва Истаравшан, Бухоро ва Хўќанд, Бухоро ва Пишпек, Бухоро ва Балху Њирот танњо дар як сурат имконпазир аст: комилан тобеъи Бухоро будан. Тамоми Туркистон як давлат буд, як давлат њаст ва як давлат мемонад!
Рустамбек. Амири соњибтадбир, воќеияти имрўз аммо дигар аст: ќариб ду њазор сол пеш сокинони њоќонии турк ба диёри мењмондўсту ѓарибнавози Моварои Ому омада кам-кам муќимї шуданд, дар ањди Сосониён, Сомониён, Ќарахониён, Салчуќиён, Чингизиён, темуриён мо дар њайати як давлат зистем. Аммо ќариб сад сол аст, ки мулкњои собиќ давлати ягона парешон шуданд. Махсусан пас аз њуљуми шоњи Эрон Нодиршоњ Бухорои собиќ ба чандин давлати мустаќил таќсим шуда, дигар имкони якшавии мо вуљуд надорад. То чанд ќатлу куштор кардан мумкин аст? Њокимони Хўќанд њам дар фикри шоњаншоњи кулли Бухорои собиќ шудан њастанд. Аммо ин њам амали ѓайриимкон бошад. Њокимони Бадахшону Хатлону Њисор, Рашту Бойсун амалан мустаќил њастанд.
Насрулло. Ба зарби шамшери худ ман њама саркашонро мутеъ мекунам!
Рустамбек. Ба чунин њукумати маљбурї чї зарурат аст? Ваќте ки Нодиршоњ бо як њуљум, бе љанг шањрњои зиёдро фатњ намуд, вале пас аз муддате боз њама парешон шуданд. Оќибати њукумати зўракї њамин аст.
Насрулло. Дигар хавфи њуљуми Нодиршоњ нест ва ман бояд дар хонаам тартиботро љорї кунам.
Рустамбек. Амири оќил, чашм бикушой, ин хонаи дудар аст, хонаи ту  низ бехатар нест: њокимони инглис ва рус њам чашм ба ин хонањо андўхтаанд. Барои онњо њам ќулайтар аст, агар байни хонањои мо низоъњо бошаду яке пайи дигар моро шикаст дињанд. Бењтар он нест, ки ин хонадонњо даст ба њамдигар дода барои рўзгори осуда бикўшанд.
Насрулло. Мо пурќувват шавем замоне, ки њама тањти фармони амири Бухоро бошем.
Рустамбек. Афсўс, ки  чунин имкон кайњо аз даст рафтааст. Оби рехтаро бозпас гардонидан мумкин нест. Ќавмњо диданд, ки тайи садсолањо фаќат ду шањри азим – Самарќанду Бухоро обод мешуданду дар дигар минтаќањо дењи калони ободе пайдо намегашт, њама молу дороиро ба ин ду пойтахти давлат мекашониданд. Дар ин муддатњо гоњ-гоњ маконе соњиби мустаќилият мегашту шањрњои калони обод зуњур мекарданд. Ва имрўз дигар касе муросо карда наметавонад, ки аз як Бухорои дурдаст нафаре яккасарварї кунаду њама дороии мањаллро бубарад. Аз љониби дигар ќавмњову халќњои њамљавор озодї мехоњанд. Бењтар он нест, ки Туркистон на њамчун табааи Бухоро, балки чун иттињоди халќњову ќавмњои мустаќил бар зидди юришњои харобиовари инглису рус устувор монад?
Насрулло. Он чї ту мегўї, фалсафа аст, сухани шоиру олим аст. Аммо њар мањалле, ки мустаќил шуд, аз пайи ќудрат мешавад, соњибќудрат, ки шуд, барои ѓорати мулкњои њамсоя мекўшад. Чуноне ки хони Хўќанд мекунад.
Рустамбек. Ба порањои як давлати собиќ танњо эътимод ба њамдигар зарур аст. Чунин эътимодро Истаравшан метавонад намоиш дињад.
Насрулло. Чї гуна?
Рустамбек. Њокими нави Истаравшан Рустамбек ќавл медињад, ки дар сурати сулњи воќеї ў танњо ба ободї машѓул мешавад, фикри љангро аз сари њама сокинони шањр дур мекунад ва намегузорад, ки хўќандиён ба ин љониб њуљумњо кунанд.
Насрулло. Магар Рустамбек дастнишондаи хони Хўќанд нест?
Рустамбек. Њар кор бо розигии оллоњи таъолост. Вале бастани роњи хони Хўќанд дар Истаравшан ваъдаи Рустамбек аст ва амри иљрошаванда.
Насрулло (андеша мекунад, ба як тараф). Имрўз душманони аморат аз чор тараф сар кашидаанд. Сулњи муваќќатї бо мулкњои шимолї айни муддаост. Имкон дињем, ки лашкар ба набардњои љиддї омода шавад. (Ба Рустамбек.) Ман ба Рустамбек имкон медињам, ки аз ќасос эмин монад. Вале агар як њаракати нољо, як сўиќасд, як ѓоратгарї рўй дињад, аз худаш гила кунад. Ку бубинем, Рустамбек дар чанд садсола Бухорои нав месозад…
Рустамбек (бо одати сафирон таъзим карда). Дар амони худо бошед. (Меравад.)


НАМОИШИ 9

Ќароргоњи Худоёрхон. Ў ва Омил.

Худоёрхон. Маълум, ки Бухоро сусту заиф шудааст. Аммо Рустамбек масти ѓалаба аст, интизори њуљуми барќвори мо нест, Омили дар як њафта  ба вазифаи волии Истаравшан расида корњоро надонад ва ба айшу ишрат машѓул шавад. Барои мо ана њамин зарур аст. Ўро дар майдони љанг чї гуна дидї? Аз дасташ коре меояд?
Омил. Марди љанг аст, дар майдон дањ-понздањ кас бо ў баробар наоянд. Шамшери гарон дар дасташ мисли хасчўбаест, ки гўё бо сењру љоду аз захмињо пуштањо мебардорад.
Худоёрхон. Кофист. Пас, бо ў тадбири дигар кунем: рўйирост љангидан бо вай нашояд. Аввал ўро бо амале машѓул кунем, ки зуд дар байни мардум боиси таънаву маломат гардад: андозњои нав љорї кунем: «сипоњона» ба мо зарур аст. Бале, ёфтам, Истаравшанро сипоњи мо бояд посбонї кунад, ана барои њамин бояд ба мо андози «сипоњона» љамъ кунад. Баъди он, ки пулу моли халќро маљбуран љамъ карда дар назари вай манфур шуд, мо бо ў тадбири дигар мекунем. Хи-хи-хи.
Омил. Ба Рустамбек чї расонам?
Худоёрхон. Рустамбек интизори моњазари ман аст. Номаи маро бибар. Барои супоридани ваколатњои волии Истаравшан худам ба наздаш меравам. Ман бояд Бухорои саркашро ром кунам. Осоиши ман-ба зону шинондани Истаравшан ва Рустамбек аст. Худи Рустамбек дар ин кор бояд ба ман ёрї расонад. Њуљум ба Истаравшан! Њи-;и-;и…

Мераванд.

Ќисми 2
НАМОИШИ 10.

Истаравшан. Рустамбек, Омил, Маниёз.

Рустамбек. Ин номаи табрик нест,  балки њаќорат аст: њељ гоњ Истаравшан мулки меросии Хўќанд набуд ва мо њаргиз розї нашавем, ки молиётро ба хони Хўќанд фиристем. Андози нави «сипоњона» як фикри нави бемаънии хон аст барои ѓорати Истаравшан. Магар мо барои њамин љон ба каф гирифта љангидем?
Омил. Ман фаќат номабару номабиёрам, њоким.
Рустамбек. Хуб. Шумо истироњат кунед. Љавоби номаро худам ба њузури хон ба дењи Ниљонї мерасонам. Ќабули руќъаи хон амри хайр аст.
Омил. Шод бошї. (Меравад.)
Маниёз. Ин эъломи љанги нав аст! Кай Истаравшани мо мулки меросии Њўќанд буд? Ин чї гуна ѓораткунии нав аст бо номи андози «сипоњона»?! Истаравшани  моро дар тўли  панљоњ сол он ќадар ѓорат кардаанд, ки ба љои панљсадсола бољу хирољ басанда аст! Нав мардум осуда шудааст…
Рустамбек. Осуда шав. Бо сари пуршўр коре буд намешавад. Ин эъломи љанг аст. Худоёрбек њилаву найранг мекунад: бо 64 њазор лашкариёнаш моро интизор аст. Мо сад марди яккачинро барои «мукофот» ќабул мекунад. Вале мо кори дигар мекунем: азбаски њама дарањои танги кўњиро лашкари Худоёрхон ишѓол карда барои мо камин гирифтаанд, дар пањнои Ругунд истењком мекунем. Дар майдони кушод бо мо касе баробар наояд. То он муддат дар дењоти Суркат, Басманда, Ниљонї ва Зомин ба лашкариёни хон фањмонем, ки онњо кистанду мо кистем. Огоњї аз њаќиќат-- нерўи бузургест.
Маниёз. Ман  медонистам, ки ба мо бо лашкари Бухоро мушкилоти зиёд пеш меояд. Аммо њељ гумон надоштам, ки бо хони Кўќанд њам сарбасар шудан лозим мешавад.
Рустамбек. Хонњо барои макидани хуни диёри мо њастанд. Фарќ надорад, ки дар шимоланд, ё љануб, аз Шарќ аст, ё Ѓарб. Гап дар сари пуршўри мост, ки то кадом андоза ѓуломиро тањаммул мекунем. Дар ин набардњо номи некро нигоњ доред!  Худо ёри мост. (Мераванд.)

НАМОИШИ 11

Садоњои хоси набард. Рухшона дар даст шамшер аз болои ќалъа љангро назора мекунад. Бо суруд рафти љангро шарњ медињад.

Рухшона.          Басо лашкар шуда љамъ дар Басманда.
Ба шањ буд интизорињо басанда.
Ба Навганда расиду пас бизад саф,
Ки шасту шаш њазор олот бар каф.
Кашида саф ва Рустам ибни Мањмуд,
Зи њаќ хоњон барори кору бењбуд.
Њама лашкар савору саф ба саф шуд.
Сафе бар зидди саф аз ду тараф шуд.
Ба болои Ругунду дењи Локат
Ду ќалъа дар миёна, љанги фалокат.
Њама хўќандиён ин њол диданд,
Зи хоби ѓафлати худ хор чиданд.
Нишонаш дод Рустам корнома,
Ба шањраш шуд равон хони замона!

Табли осоиш ва ѓалаба.
        Рустамбек, Худоёрхони маѓлуб ва Маниёз меоянд.

Рустамбек. Дар њаќиќат, хон, сарбозони лашкари ту бар зидди мо наљангиданд. Зеро ки мо њамќавму њамхун њастем. Вале Истаравшан њељ гоњ вассали Хуќанд набуд. Бухоро њам њаргиз тобеъи Хуќанд набуд ва намешавад.  Мо њама порањои як давлати бузург њастем, бо амри таърих ба чанд пора таќсим шудаем. Моро мебояд, ки њамроњ бошем. Вале бидуни ѓаразњо ба њамдигар, бидуни шикаст додани њамдигар. Мо бояд мисли фарзандони як волидайн даст аз дасти њамдигар дошта, ба шодию хуррамї кўшем.
Худоёрхон. Ин тањќири хони бузурги Хўќанд аст.
Рустамбек. На, хон. Ин њаќиќати таърих аст.
Худоёрхон. Аз рўзе, ки ман худро мешиносам, Истаравшан, Туркистон, Хуљанд, Тошканд даштњои Ќазоќу Ќирѓиз аз Арал то Њафтрўд – њама мулки меросии бобоёни ман њастанд. Имрўз ту мехоњї ба мулки ман соњиб шавї.
Рустамбек. Хато мекунї, хон. Аввал ин, ки таи 50-соли охир мулки меросї борњо аз нав бурида шуд. Вале талаби рўз чунон аст, ки мо бояд бо њам даст дода аз ѓуломї бар инглисњо ва русњо андеша кунем. Агар мо њамроњ набошем, дар алоњидагї шикаст додани мо кори осон шавад. Ман ба ту даст медињам – дасти дўстро. Биё, аз ин пас хушунат накунем ва ба њамдигар ёрї расонем. Чун бародар бо бародар, на чун соњиб ба вассал.
Худоёрхон. Илољи дигар нест. (Ољизона даст медињад.)
Рустамбек. Дар фазои Моварои Ому рўзи нав оѓоз мешавад.
Худоёрхон (ба тарафи дигар). Рўзи навро бо кори нав оѓоз мекунем, то Истаравшани ошўбгарро ба зону шинонам ва Бухорои кўњнатољро забун гардонам! Таърихро худи ман менависам! Бо зарби шамшеру бо хуни шумо менависам!


НАМОИШИ 12

Рухшона машѓули гулпарварї.

Истаравшан. Гўшаи Тали Муѓ, ќароргоњи Рустамбек, Сотќин пинњонї меояд.
Сотќин. Њама осуда шуданд ѓайр аз мани тирабахт: амир бародари маро боз ба зиндон партофтааст, тањдиди куштан мекунад. Амир аз ман амали тоза мехоњад, ё аз ѓафлати Худоёрхон тамоман њаросон шуда, дар дил њарос дорад. Агар ин ањвол давом ёбад, ман њаргиз волии Истаравшан намешавам, њаргиз хешовандони ман рўзи осоиш намебинанд. Чї бояд кард? Тадбире мебояд, ки инњо бо онњо тез шаванд, ваќте ки аз шамол  дарахт мељунбад, мевааш мерезад ва барои мани бечора њам насибае ёфт мешавад… Чї бояд кард? Барои амир тортуќи наѓз бояд пешкаш кунам. Аз ин духтар бењтараш нест. Рухшона ба дарди мо даво мешавад. Касе меояд. (Зуд пинњон мешавад.)

Марде гузашта меравад. Сотќин мебарояд. Ба худ ќиёфаву либоси дарвешона гирифта ба Рухшона наздик мешавад.

Сотќин. Њаќ дўст, ё њаќ дўст! Ё оллоњ, ё њаќ дўст!
Рухшона. Эй дарвеш, ин моњ мавсими хайру садаќа аст. Ин дирњаму динорро гиру барои бахти истаравшанињо дуо дењ.
Сотќин. Хайри шуморо худо ќабул гардонад. Њар ниятат амалї шавад.
Рухшона. Орзу дорам, ки дар Истаравшани ман њаргиз садои љанг баланд нашавад, мардони шањри мо барои комилан барќарор кардани ќалъаву кўшкњои Истаравшан камар бастаанд. Умед мекунем, ки њама устоњои забардаст ба Истаравшан бармегарданд. Имсол њама ба умед гандум киштаанд. Орзуманди онам, ки дар њар як хонадон фаќат тўйњо, шодиву нишот барпо шавад.
Сотќин. Њама орзуњоят амалї шавад. Омин. Ё раббал оламин.
Рухшона. Ташаккур, эй дарвеши хуљастапай… (Ба Сотќин пул медињад.)

Сотќин доруеро ба димоѓи Рухшона пош медињад ва Рухшона нохост бењуш шуда меафтад. Бо ишораи Сотќин ду нафар њозир шуда Рухшонаро ба гилеме мепечонанд ва бардошта мебаранд.

Сотќин. Шодию нишот дар хонадони ман њам зарур аст! (Меравад.)

Пас аз чанде Рустамбек ва Маниёз меоянд.

Рустамбек. Душманони мо зиёданд. Њушёриро аз даст додан лозим нест. Туро посбони ќалъа мондам, ки аз дўсту душман бохабар бошї. Имрўз њам аз Хўќанду њам аз Бухоро тири ќазо ба сўи мо равона аст.
Маниёз. Аз нишонањо маълум аст, ки сўи Љиззах бурдаанд. Ман аз пайи ў меравам. Рухсат мехоњам.
Рустамбек. На. Ба ин кор марди љангї зарур асту тадбири љангї. Ту ќалъаро посбонї бикун.
Маниёз. Рухшона хоњари ман аст, наљоти вай вазифаи бародар аст.
Рустамбек. Имрўз Рухшона хоњари ман њам њаст. Барои ту тамоми духтарони Истаравшан хоњаранд. Дар њимояи онњо бикўш. Агар љони ў дар рамаќаш боќї бошад, ман ўро саломат ба ту расонам. То худи Бухоро меравам. Ту бо дањ сарбоз ба назари њама маълум шавї, вале ман бо корвони тољирон номаълум амал кунам. Он тарафаш дар дасти худованди мењрубон аст.
Маниёз (ноилољ). Хуб. Бигузор гуфтаи ту шавад. (Мераванд.)

НАМОИШИ 13.

Ќароргоњи амир Насрулло дар наздикии Љиззах. Амир ва Кенагас хонум.

Насрулло. Мењрубон бош. Кенагас-бика. Ин норизогї аз чист?
Кенагас. Шоњам, шумо ваъдањои зиёд дода будед, амнияти хешовандони ман, нигоњ доштани эътибори ќавми ман.
Насрулло. Ман ба ќавлам устувор мондам. Вале хешони ту хиёнат аз пайи хиёнат карданд. Гунањгор бояд љазо гирад. Фаќат мењру муњаббати ту маро аз ќасоси бештар нигањ медорад. Ту бояд шукр кунї, ки соњибљамолию ботадбир. Ваъдаи ягонаи ман – амнияти ту ва њамнишини доимї кардани ту аст ва инро ман ба љо меоварам. Дигар осуда бош ва пайи сиёсат нагард. Ба њуљраи худ бирав. Мо њоло назди шумо меравем.
Кенагас (лаб газида хомўш мемонад). Ман канизам, илољи дигар надорам.
Насрулло. Ту малика њастї ва бояд малоиквор рафтор кунї. Бирав.
Кенагас. Ба чашм. (Меравад.)

Сотќин меояд, ба зону зада таъзим мекунад.

Сотќин. Дуруд, шариатпаноњо.
Насрулло (бо ќањр). Сотќин!? Љосуси амир дар Истаравшан! Фарбењ шудаї. Гўсфанди фарбењро ба ќассоб медињанд.
Сотќин. Шариатпаноњо, ман њама тадбирњоро андешидам, ки Рустамбек аз худ бехуд шаваду дасти љанг гирад.
Насрулло. Кофист, маддоњи Рустамбек. Барои ман то имрўз осоиш дар шимол ва дафъи хатари хони Хўќанд муњим буд. То ин замон корњоямро дар Балху Њирот ба сомон расондам. Акнун навбати Хўќанд. Барои ба Хўќанд расидан аввал Истаравшанро бартараф кардан лозим. Ту чї тадбир кардї?
Сотќин. Барои шумо пинњонї дилдодаи Рустамбек – Рухшонаи соњибљамолро овардам . Барои ќасос Рустамбек ва Маниёз ба аксуламале даст мезананд ва ќуввањояшонро аз ќалъа бароварда ба сўи Љиззах меоянд. Ин лањза барои њуљуми амири бузургвор мувофиќ мегардад. Истаравшанињо фаќат дар дењоти худашон зўранд.
Насрулло. Ин бањонаи кўчак аст. Барои як зан љанг намекунанд.
Сотќин. Шумо аввал ба ин парї нигаред, шариатпаноњо. (Бо ишораи ў Рухшонаро меоранд. Ў њайрон аст, бемор аст.) Ба шоњаншоњи олам таъзим бикун. Дидори амиралмўъминин ба њар кас муяссар намешавад.
Насрулло. Ўро ба њолаш гузор. Маликаи Истаравшан ихтиёр дорад њар навъе ки хоњад, њамон тавр салом дињад. Дар Истаравшан шояд одоб чунин бошад?
Рухшона. Дер боз орзуи дидори туро доштам. Ду бародари  маро шаѓолони ту нобуд карданд, модари маро ќассобони ту ќатл карданд, падари њунарманди маро нўкарони ту дар хонааш зинда ба зинда оташ заданд. Хостам бубинам, ки симои ту заррае ба рўйи одамї шабоњат дорад?
Сотќин. Густох нашав. Аз саодати абадї мањрум мекунї худро!
Насрулло (бо ишораи даст хомўш мекунад.) Бигўй. Агар ки рост гўї, ман њама ќотилонро ёфта љазо дињам. Аммо њоло љуброн мекунем гуноњњои пешинаро: туро маликаи худ интихоб мекунам, то худ њукмрони љањон шавї.
Сотќин. Таъзим кун, Рухшона. Ин бахти баланд муборак бошад!
Насрулло (ќарсак мезанад. Кенагас меояд). Бубин Кенагас –Хонум: шиквањо доштї, ки дар сафарњо танњо монда зиќ мешавї. Инак, ба ту њамроњи муносиб ёфтам. Рухшонаро ќабул бикун.
Кенагас. Оњ, фалак… (Забон газида хомўш мемонад.)
Сотќин. Муборак шавад надимии амири кабир…
Рухшона. Ман туф кардам ба амиру ба дарбори амират! Ман ба ягон ваъдаи душман боварї надорам!
Насрулло. Бигўй, Кенагас-хонум, магар ту дар тамоми њокимияти марказї бо ман шарик нестї? Њама молу мулки олам бароят муњайё нест? Магар маликаи асил ту нестї? Бењтарин макон, хуррамтарин гулшану бўстон, канори љўйи Мўлиёну гулгаштњои аморат дар ихтиёри туст.
Рухшона. Оби љўйи Зомину шамоли дараи Суркат барои ман бањои тамоми љањон аст! Ту њељ гоњ њатто пушти нохуни маро  њам набинї! Дур шав аз ман!

Нохост ханљари Сотќинро гирифта ба амир њуљум мекунад. Сарбозон ва Сотќин ўро нигањ дошта набард мекунанд. Аз зарби шамшеру найзаи онон Рухшона суст шуда меафтад. Дасташро мебанданд.

Сотќин. Девона шудааст! Духтари беаќл!
Кенагас. Чї дањшат. Офарин ба модаре, ки чунин духтар зодааст!
Сотќин. Тавба бикун.
Рухшона (аз дард печида.) Њаргиз! Намехоњам, ки бо ин тавбаи бемаънї рўњи падари шањид, рўњи азизонро хор гардонам! Лаънат! Лаънат! Лаънат!
Насрулло. Баред. Пора-пора кунед! (Сарбозон Рухшонаро мебаранд.) Аблањ! Чї тавр љосусї, ки табиати ин саркашонро наомўхтї! Ба ту то таги ин кор расидан душвор. Дигар тадбирњо бикун. Ба ман далеле пайдо кун, ки барои амали васеъ дастњои маро кушояд! Ба ту се рўз мўњлат! Дафъ шав! (Меравад.)
Сотќин (таъзимкунон ќафонокї меравад). Ба чашм.
Кенагас-Хонум (танњо). Чањор сол аст, ки ман бо ин каждуми баднињод сар ба як болин мегузорам, чањор сол аст, ки ман хуни дил мехўрам, чањор сол аст, ки нолаи мотами падарро дар дилам кушта-кушта меоям, чањор сол аст, ки њамќавмони ман аз барои њоли ман худро тањќиршуда мењисобанд, чањор сол аст, ки ман бо умеди осоиши ќавм бо ќотили падар зиндагї карда рўњи азизонро озурда мекунам! На! Аз ин духтари истаравшанї сабаќ бояд гирифт! Ба ин азият, ба ин хорї, ба ин фањш хотима бояд дод! (Меравад.)

НАМОИШИ 14.

Истаравшан. Ќароргоњи њоким. Маниёз ва Рустамбек.

Рустамбек. Таъзияи маро ќабул бикун. Маниёз. Вале худро ба даст гир. Ман њам падару бародаронро гум кардаам. Рухшона њам ба ман ба љои хоњари ќиёматї буд. Вале барои осудагии њама хоњарони дигар бояд сабру тањаммул пеш гирем. Меравам, ки мардуми дењаро низ тасалло бахшаму ором кунам.
Маниёз. Хоњари ягонаам њамагї 16 сол дошт, аз њазор гулаш якаш нашукуфта буд, мероси ягонаи волидонам буд.. Мо бояд ќасос гирем.
Рустамбек. Афсўс, ки мо нерўи љангї надорем. Берун аз Истаравшан моро зуд маѓлуб мекунанд. Барои душман мањз њамин даркор аст. Осуда бош. Барои шод гардонидани рўњи хоњарат обидае созам, ки бењтар аз њама гуна ќасос бошад. Хоњарат гулњоро дўст медошт, нињолони зиёд шинонда буд. Боѓе бунёд кунем, ки накњату зебоии Рухшонаро нигоњ дорад. Маслињат њамин аст. Худро ба даст гир. (Меравад.)
Маниёз. Ба аќл суханашро ќабул дорам, аммо дидам хилофи гуфтањои ўст.

Сотќин меояд.

Сотќин. Таъзияи маро ќабул кун, Маниёз. Бояд бар ивази хуни хоњар ќасос гирем. Агар мардем, бар ивази љон љон ситонем!
Маниёз. Ман њам дар њамин фикрам, аммо Рустамбек инро манъ кард.
Сотќин. Зеро ки Рухшона хоњари ў нест. Пас, ин вазифаи ту аст!
Маниёз. Рост мегўй! Рухшона хоњари ман аст!
Сотќин. Дар наздикии сарњади Истаравшан – дар дашти Љиззах чорвои амир мечарад. Њокими Љиззах ќўшуни андаке дорад. Мо  шабохун зада њама чорворо мегирем ва ќўшуни Љиззахро шикаст медињем. Ин аст ќасоси мо!
Маниёз. Ту аз дили ман сухан мекунї, аммо Рустамбек…
Сотќин. Ту дар итоати Рустамбек бош! Ман аммо худро озод кардам! Барои ман обрўву шарафи мардї аз лутфу марњамати Рустамбек болотар аст. Ман барои хоњари ќиёматиам Рухшона худам ќасос мегирам!
Маниёз. На! Њамроњ ќасос мегирем!
Сотќин. Хун ба хун! Марг ба марг!
Маниёз. Барои хуни хоњарам ќасос мегирем!

Мераванд. Мусиќии хавфу хатар.



НАМОИШИ 15.

Ќароргоњи Рустамбек. Рустамбек ва Маниёз.

Рустамбек. Бародарам Маниёз, ин кори ту айни беандешагист! Магар намедонї, ки њокими Љиззах Ќаноатшоњ – як марди оддии кўњистони Дарвоз аст, дастнишондаи амири Бухорост ва барои ин талафот амир ба ў уќубати азобу зиёде фармояд! Магар намедонї, ки њар моли дуздидашуда ба мо њалол нест!?
Маниёз (лоќайдона.) Ин рамањо собиќ моли падарони мо буданд. Љиззах њам як гўшаи диёри аљдодони мо буд, ки имрўз тобеи амири Бухорост.
Рустамбек. Кофист жожхої. Бубин, ки дар муддати се соли сулњи муваќќатї шањри мо чї ќадар обод шуд, мардум осуда шуданд, њар рўз дар мањаллањо тўйи мурод аст, ќасри Тиллокорї, Мадраса, боѓњо мањаллањои комилан нав ба вуљуд омаданд. Ваќте ки Ќаноатшоњ ба суроѓи рамааш омад, албатта оташи љанг бармехезад ва боз чандин тан кушта мешаванд!
Маниёз. Ќаноатшоњ аллакай бо 16 њазор нўкараш ба љанг даромад ва мо ўро маѓлуб кардем. Мо аз душман наметарсем. Ќасос мегирем.
Рустамбек. Ин аллакай эъломи љанг бар амири Бухорост!
Маниёз. Мо аз љанг наметарсем. Ин дафъа Бухороро мегирем!
Рустамбек. Маниёз! Њисси ќасос њуши туро тира кардааст. Туро аз сарварии ќалъаи шањр озод мекунам. Ба Зомин бирав ва порае осуда шав, то кори шањрро дуруст кунам.
Маниёз. Ман ќасоси хоњарамро гирифтам! Ту њаќ надорї таъна кунї!
Рустамбек. Барои 300 барра шуда љони тамоми модарону хоњарони дигаратро, тамоми Истаравшанро ба гарав мондї! Ин гуноњи ту нобахшиданист!
Маниёз. Маро бубахш. Аќлам тира шудааст. Њељ чизро фањмида наметавонам.
Рустамбек. Њамаи моли боќимондаро гиреду аз њисоби чорвои шањр пурра кунед ва худи њамин рўз ба Љиззах баргардонед. (Ба Омил.) Ба амир Насрулло нома расонда, узр бихоњ. Аз Ќаноатшоњ худам узр мехоњам.
Омил. Ба чашм.

Мераванд.



НАМОИШИ 16.

Ќароргоњи амир Насрулло. Амир ва Сотќин.

Сотќин. Ва нињоят, тадбири  андешидаи мо кор дод: Маниёз –додхоњ бо талаби ман њамроњи якуним њазор нўкаронаш ба ќипчоќњои бодиянишини Љиззах њуљум карда, 3000 гўсфанд, 500 шутур, 700 аспро дуздиданд. Њокими Чиззах кўшид, ки молњоро баргардонанд, вале шикаст хўрд. Талаби ќасоси хоњар ба Маниёз имкон дод, ки ба ќушуни 16-њазорнафараи Ќаноатшоњ ѓалаба кунад.
Насрулло. Рустамбек чї мегўяд?
Сотќин. Рустамбек Маниёз-додхоњро аз вазифа сабукдўш кард, чанде аз сарони кўшуни ўро, ки дар ѓорат иштирок доштанд, аз ќалъа ронд. Њама моли дуздидашударо ба Љиззах баргардонд. Сарбозони рондашуда шабњо дар дењоти атроф ќатлу ѓоратњо карда норозигии мардумро ба вуљуд меоранд.
Насрулло. Хуб аст. Маниёз – як дарвеш барои хоњари худ аз лашкари 16-њазорнафараи ман ќасос ситонида бошад, ман бояд барои ин шармандагї дар Истаравшан машњаре барпо кунам!  Дуд аз диморашон барорам. Тамоми лашкарро ба по хезонед. Ќазияи Њироту Балхро мавќуф мегузорем. Њуљум ба Истаравшан мекунем!
Сотќин. Шариатпаноњо, мувофиќи ваъда бародари маро аз зиндон озод кардан лозим. Саломатиаш хуб нест…
Насрулло. То пагоњ мо Истаравшанро тасхир мекунем. Ту ки њокими вилоят мешавї, ўро ба љойњои хушњавои Истаравшан бурда табобат мекунї, фањмидї?
Сотќин. Њазор тасаддуќатон, шариатпаноњо! (Пойи ўро мебўсад.)
Насрулло. Устухони дар гулўи ман дармонда имрўз бартараф мешавад! Роњи  Ќўќанд ба лашкари ман боз мегардад!

Мераванд. Табли љангї.


НАМОИШИ 17.

Дар сари дор љасаде алвонљ мехўрад. Рустамбек саљда мекунад.
Дар атроф садоњои хоси набард. Ѓиреви мардум.

Рустамбек. Маро бубахш, падари бузургвор. Омад ба сарам он чи аз он огоњам мекардї. Амир Насрулло шабохун зада Истаравшанро печонида гирифта аст. Ў мехоњад барои рамаи дузидашуда моро љазо дињад. Дар назари мардум ў љорикунандаи адолат аст. Агар ќазияи рамаи гўсфандон  намебуд, боз дањњо бањонаи дигар меёфт. Айёрона макрњо карда маро аз дўстони наздикам људо кард, дар ѓафлат гирифта маро дар хонаам бандї кардааст. Афсўс мехўрам, ки корњои саркардаам нотамом мондаанд: ќалъаи Тиллокории нотамом, мадраса ва дигар иншоот боз ба коми оташ меравад! Вале дигар љои ќафогардї нест. Барои шарафи мардї ба майдони љанг мебароям.

Чанде аз болои бому сари девор љањида назди Рустамбек меоянд. Вале ў бо як њаракат њамаро маѓлуб мекунад. Бо ишораи хоса Омил меояд.

Омил. Рустамбек, даст аз љанг баргир. Амир мехоњад бо ту мулоќот бикунад. Ваъда додааст, ки ба касе кордор нашавад агар ту ба истиќболаш барої. Ту барои осоиши мардум бояд пеши ў равї.
Рустамбек. Аз рўзи аввал, ки Омили амирро аз дењи Зомин рондам, ман ба ин мулоќоту ба ин худкушї ризо шуда будам. Вале гумон надоштам, ки бањонаи дуздї сабабгори марги мо мешавад,.
Омил. Чораи дигар нест. Амир фармудааст, ки тифлони навзодро ба коми оташ партоянд, агар ту аз мулоќот сар печї. Бовар надорї, аз сари девор  бубин. Тифлонро сари љар овардаанд.
Рустамбек. Мебинам.
Омил. Амир ва бузургон аз ќувваи бозуи ту њарос доранд ва хоњанд, ки ту бо дасту пойи баста ба маљлис њозир шавї. Ин илтиљои бузургон аст.
Рустамбек. Ин њолат марги яќин аст.
Омил. Ба тифлони навзод нигар.
Рустамбек. Тифлон бепарвоянд, аммо волидонашон дар изтироб. Хуб, розї њастам, дасту пойи маро бандед.

Омил дасту пойи Рустамбекро кишан мезанад. Мераванд.

НАМОИШИ 18.

Ќароргоњи амир Насрулло дар Истаравшан. Амир Насрулло, Кенагас – Хонум, Сотќин.
Овозњои издињом, нолиш, зўроварї ба гўш мерасад.

Насрулло. Истаравшанро намешиносам. Дар тайи чор сол тамоман дигаргун шудааст. Дар бист соли амириам ин ќадар ободї накардаам. Вале Рустамбек дар як муддати кўтоњ чй корњо кардааст: дањњо ќасру кўшкњо, боѓоти обод, мањаллањои калон… Рустамбек ба ањдаш устувор будааст. Кош чунин омилон дар њама шањрњои ман мебуданд.
Сотќин. Шариатпаноњо, нашояд, ки ѓазаби бузургвор ба лутфи эшон мубаддал гашта, Рустамбеки ёѓї ва нобафармон ќањрамони рўз эълом шавад. Бояд маслињат кунем, ки чї тавр ўро аз миёна бардорем. Издињоми халќ  зиёд аст, ин ќатл бояд ба мардум сабаќ шавад.
Насрулло. Бале. Абрў ба чап  паронам, ўро ба як зарба тамом мекунї. Агар абрў напарондам, мо сўњбат мекунем. Ман фаќат аз он афсўс хўрам, ки ин њокими сазовор љонибдори мо нест. Кенегас-Хонум, шароб биёр, ки аз интизорї хаста шудам. Чаро сарбозон диранг мекунанд?
Кенагас. Ба чашм. (Ба як тараф.) Худовандо ќувватам бидењ. (Меравад.)
Сотќин. Мо маслињат кардем, ки худаш ба пояш кишану кунда зада ояд, то тифлонро аз ќатл боздорем. Вагарна дар набард касе ба ў баробар наояд.
Насрулло. Бовар намекунам. Аљаб марди асил будааст!
Сотќин. Меояд. Нигаред.

Ѓиреви мардум. Рустамбек дар пой завлона дар каф кундаи завлона бо ќомати росту ќиёфаи осуда меояд.

Насрулло. Њасанот бар пањлавон. Аљаб нотарс будааст.
Рустамбек. Дуруд ба амири Бухоро. Омадам, ки љавоби як сањви сарбози истаравшаниро худам бидињам. Њар хатое, ки раият бикунад ва мир аз он бехабар монад, сазовори уќубати мир аст, ки бехабар монда. Њокимро барои он гумоштаанд, ки раиятро назорат кунад. Аминам, ки сабаби ташриф овардани амири адолатпаноњи Бухоро мањз њамин аст. Ин раият ва ин мардуми шариф гуноње надорад. Њар љазое бошад, ман сазовори онам.
Насрулло (нохост ѓазабнок шуда.) Се њазор гўсфанд, 500 уштур, 200 аспро ѓорат кардани ту гуноњи азим аст.
Рустамбек. Он њамаро ман баргардонидам.
Насрулло. Аммо тир аз камон љаст! Ту ба шарафи Бухорои шариф иснод овардї! Гўсфандонро баргардонидан мумкин. Вале бадномии овардаат шуста намешавад! Чўпонњои ќатл кардаат зинда намешаванд! Пас, сазои ту чист?
Рустамбек. Харчи сазовори ин амал аст, ба ман раво бинед, вале ин мардум бояд рањо шавад. Вале маълум, ки ин њама бањона аст. Аз ин низоъњои мо танњо душманон шод мешаванд: давлати инглисњо дерест интизори тамоман сусту заиф шудани њам Бухорову њам Истаравшан, њам Хўќанду њам Хатлону Њисор њастанд. Русњо њам лашкари худро ба Моварои Ому фиристодаанд ва аз ин заифињои мо истифода карда ѓаниматњои зиёде гирифтан мехоњанд.Мо бояд раиятро парвариш кунему зиндагии ўро обод кунем то ки онњо барои мењану сарвари худ љонибдорї кунанд. Вале мо месўзему мекушему вайрон мекунем, пош медињем, муњаббати раиятро дур, ѓазабашро бедор мекунем.
Сотќин (ба як тараф). Чаро амир абрў намепаронад. Чаро ў ба куштан ишорат намекунад? Агар ба љодуи сухани Рустамбек афтад, ман нигар њељ гоњ амир намешавам!?
Рустамбек. Мебинї, ки ман ба ањдам вафо кардам: Ба Бухоро хусумате надорам, ба Хўќанд њам имкон надодам, ки Истаравшанро чун гузаргоњ барои юриш ба Бухорои Шариф истифода кунад.
Сотќин. Чаро амир таъхир мекунад?
Рустамбек. Аммо, ман тани танњо наметавонам пеши роњи ќўшуни русу инглисро бигирам, дар танњої мо наметавонем пеши роњи ѓосибии давлатњои њамсояро бигирем. Танњо бо роњи иттињод мо метавонем шўњрати пешинаи Бухорову Самарќандро барќарор кунем. Танњо бо ањди бародарона танњо бо њамдастї тавонем, ки аз вартаи њалокат рањо ****. Пас чаро бояд мо хусумат кунем? Чаро мо хушунат кунем? Чаро роњу сарњадњои кўчаки худро бандем? Чаро аз дидани њамдигар абрў баркашем ва дар сар фикри ќасосро   парварем? Бењтар он нест, ки оѓўш кушоем ба истиќболи њамдигар ва ба раѓми њазор душмани худ бо иттиффоќу иттињод њамроњ амал кунем? Неъмати сулњу салоњ ва иттифоќро бар мисоли бунёдкорињои азими чорсола дар Истаравшан ба чашми худ мебинед. Ин њама далели зарурати њамкориву осоиштагї нест?
Насрулло. Ин гуфтањо сазовори мулоњиза аст. Ба хайма дароем ва дар танњої сўњбат кунем.

Худ пеш медарояд ба хайма ва Рустамбек аз пайи ў равона мешавад.

Сотќин. Не, не! Амир фаромўш кард, ки ба ман ишора кунад. Тахт аз дасти ман меравад! Умр аз дасти ман меравад! Бахт аз ман меравад! Не! Њаргиз!

Нохост шамшерашро аз миён баркашида ба гардани Рустамбеки ба хайма воридшудаистода мезанад. Тани Рустамбек ба хайма меафтаду сараш ба берун. Ѓиреви мардум баланд мешавад. Амир берун мељањад.

Насрулло. Ин кори кадом беандеша аст?! Кї инро кушт?
Сотќин. Бо амри шумо ман ин корро баљо овардам.
Насрулло. Аблањ, ман ба ту ишораи ќатлро надодаам! Баръакс, шодї кардам, ки бар зидди душманони деринаи  ман тањамтани асиле ёфт шудааст. Танњо бо ќуввату тадбири њамин пањлавон ман метавонам кишвари пошхўрдаи ниёгонро барќарор кунам ва номи Бухорои бузург боз мунташири олам шавад. Вале ту маро ноумед кардї, дар байни мардум шарманда кардї!
Сотќин. Ин фармони шумо  буд, адолатпаноњо…
Насрулло. Кифоя! Ту баръакс, маро дар байни мардуми шарифи Истаравшан беобрў кардан хостї! Ту мардеро ќатл кардаї, ки сазовори умри абад буд, сазовори тањсини халќ буд! Умрњо мегузарад, вале ободињои ќарияи Рустамбек баќо монад, вале аз туи косалеси маккори чоплуси даюс чизе намонад ѓайри номи баду як туда наљосат! Пас сазои ќотили одами нек чист? – Марг! Худи њозир, дар худи њамин љо сар аз тани ин хиёнаткор људо кунед!

Сарбозон Сотќинро ба зудї ќатл мекунанд.  Ѓиреви мардум. Кенагас- Хонум ба Насрулло шароб медињад.

Кенагас. Соати интиќоми ман аз амири ќассоб расид.
Насрулло. Амри ман чунин аст: ба иморату иншооти Истаравшан дигар даст накобед! Бигузор ин њама ёдгорї аз мардуми некнињод боќї монад. Њарки њоким шудан хоњад, њукмрониро аз Рустамбеки шањид ёд гирад… Аммо сарам торафт вазнин мешавад… Кенагас –хонум, табибонро биёред. Зудтар.
Кенагас. Хољат ба табиб нест. Ман ба шумо зањр додам. Рухшонаи далер чашми маро кушод. Афсўс, ки хеле дер бо ў шинос шудам!
Насрулло. Не, не! Ин носипосро бо бачааш ба хирсњо дињед… ки пора-пора кунанд! Нест кунед инро! (Афтида љон медињад.)
Кенагас. Њољат нест. Чор сол аст, ки хирси бадфеъл љигари маро чангол мезанад! Чор сол аст, ки ман пайваста зањр мехўрам! Чор сол аст, ки ман бо ќотили падарам зиндагї мекунам. Ин пурмусибаттар аст аз марг дар чанголи хирсон, аз чањор сол пайваста зањр хўрдан, аз дидани хорињои бешумор! Ман худамро озод мекунам аз ин њаёти пурмусибат бо ин зањри њаётбахш!

Худро мекушад. Ѓиреви мардум баланд мешавад. Њама шах мешаванд.
Сари холии њалќаи дор дар сањна алвонљ мехўрад.

Овоз. Духтари њокими собиќи Шањрисабз Кенагас-Хонум  амир Насруллоро ба њалокат расонд, низоъњои шастсолаи байни порањои як давлат – Бухорову Хўќанд бо он хотима ёфт, ки Россия бо як зарба  њардуро тасхир намуд. Аввал хонигарии Хўќанд, дертар Аморати Бухоро аз байн рафт, аммо мадрасаву ќалъањои иншонамудаи Рустамбек, мањаллањои ободнамудаи Рустамбек ва номи неки Рустамбек њамчун рамзи иродаи нек, пайки некандешии мардуми тољик то абад баќо мондаанд.
        Сано бод ба мардуми некнињод!

Парда.

Душанбе 2001-2003 с.


 


Рецензии