Чинара Калибекова Надежда Судьба женщины перевод н

Чинора КАЛИБЕКОВА

(адибаи ќирѓиз)


УМЕД

(ДИЛИ  ФОЊИША)
(Драма)


Тарљумаи РУХШОНА ЌУДДУС
ва  Љумъа ЌУДДУС



Иштироккунандагон:


Умеда.
Элмира.
Шањрихон
Муродќул.
Адолат.
Тилек.
Лайлї.
Марди 1.
Марди 2.




Воќеаи рўзњои мо.



 ЌИСМИ 1
 НАМОИШИ 1

Авул. Хонаи Умеда. Умеда, дар даст кўдак  интарафу он тараф меравад. Овози норозиёнаи  Адолат барои кўдак баланд мешавад.
 
Адолат. Овозат гирад! Дамата мегирї ё не! Тамоман хоб кардан намонд! Ин кўдак дар љонам зад. Э. дамаша гирон!
Умеда. Ба фикрам, бечора бемор шудааст.
Адолат (бо ќањр) Инаш айби ту! Чаро мондї, ки бемор шавад? Агар њайвонро нигоњубин накунї, мемурад. Ту бошї, модари ин кўдак мешавї. Чї љои гила! Зотат, ки суст бошад, насли ояндаат њам суст мешавад…
Умеда (тоќат нокарда). Эне, (модар) кифоя будагист. Ман ба шумо чї бадї кардам, ки зоту насли маро паст мезанед? Ба фикрам дар бораи шумо ягон гапи нољи нагуфтаам.
Адолат. Уф, ина бинед-а!... Аз бинї боло гап зада намешавад! Бењуда нагуфтаанд, ки неши мор дар нўги забонаш…Ту њам забон баровардї!... Боз чї мегуї?
Умеда. Энељон, барои кадом гуноњам шумо маро ин ќадар бад мебинед?
Адолат. Ба ин мусичаи бегуноњ нигаред! «Барои кадом гуноњам?»… Барои он ки сари бачаи бечораамро гаранг карда, маљбур кардї, ки туро ба занї гирад. Магар ин гуноњи ту нест? Ё ман хато мекунам? Бачаякам гўё, ки љоду карда бошї, фаќат ба гапи  ту мегардад.…Худо љоната гирад ! (Бо нафрат). Чї чашмота ало карда, ба ман нигоњ мекунї? Ё ман дурўѓ мегўям? (Худ ба худ) Намедонам, ки писарам куљои ина наѓз дидааст? (Ба Умеда). Ту вая љоду кардаї, ки аз хати кашидаат намеброяд. ...
Умеда. (бо гиря). Эне?.. Ман чї… ( Мегиряд).
Адолат. (Бо шубња). Њама кори аз дастат омадаро кардию акнун худата мусичаи бегуноњ мегирї! Зањраки мор!.. Камтар, ки зўр омад, даррав оби дида мерезад. (Аз њуљра мебарояд) Дами сагбачаатро гир , ки камтарак хоб кунам. Ё боз то сањар хобкунї намемонад?..

Тоќати Умеда тоќ мешавад. Аз суханњои нешдори Адолат, тамоми баданаш ба ларза медарояд. Гапњои нагуфтааш, чун устухон дар гулўяш руст мегиранд. Гўё ки муносибати ноњаќи бибиашро њис карда бошад, кўдаки каме ором шуда, ба гиря медарояд. Њоло Умеда тайёр буд, ки хушдоманашро як шаппотї занад, ё ин ки мўйњояшро канда, ба дасташ дињад. Бинобар ин, якумин бор љуръат пайдо карда, њама гапи дар дилаш љамъшударо ба хушдоманаш гуфт.

Умеда. Эне!!! (Овозаш хира садо дод). Чи ќадар зањролуданд суханњои шумо… Шумо назар ба ман бо саг муносибати хубтар доред. Барои љї? Аллакай се сол мешавад, ки ман ба хонаи шумо омадаам. Дар тўли ин се сол чї гапњое, ки шумо ба ман нагуфтед, аммо ба њамааш тоќат мекардам, њама нозу нузатонро бе чуну чаро иљро мекардам. Ин се сол  бароям чун сесад сол дароз шуданд. Ба куљое, ки наравед як љанљол мекунед. Ду фарзанд доред, вале бо њамонњо соз намегиред, њатто бо духтари худатон созиш намекунед. Ором зиндагї карда наметавонед. Њамаваќт дар хонаи шумо љангу љанљол. Агар хонаи фарзандњоятонро вайрон карданї бошед, онњоро ба лаби доманатон сахтар бандед. Мегўянд, ки  «Сарро мебуранду забонро не». Бинобар ин, чї гапе, ки дар дилам љамъ шуда буд мегўям. Чї тавр виљдонатон гузошт, ки келинатонро бо кўдаки хурди бемораш дар хона танњо гузоред. Шаш  моњ мешавад, ки онњо дар беморхона хобанд, боре њам ба аёдаташон нарафтед. Айби келин дар чист? Худатон ўро барои писаратон интихоб карда будед. Ё ин ки аз он дар азобед, ки модари келинатон аз шумо бењтар аст?...
Адолат. (Девонавор дод мезанад). Кифоя! Дамата гир!.. Љонат бароят! Чї тавр рўят шуд, ки бо ман ин хел гап занї! Забонатро аз њалќат канда мегирам! (Ба ў њуљум мекунад).
Умеда. Ба ман зўрї накунед! Дод назанед…Ба ин њаќ надоред. Мехоњед, ё не, маро гўш мекунед. Шояд ин сўњбати аввалину охирини мо мешавад. Њатто ѓуломон њангоми дар як хона зиндагї кардан, якљоя нишаста, аз як дастархон нон мехўранд. Мо бошем, забон ёфта натавонистем. Ба њамааш шумо ва феъли бади шумо гунањгор! Мардум бењуда нагуфтаанд: «Ба  кўрпаат нигоњ карда, поятро дароз кун». Сабабгори њамаи бадбахтињо шумоед. Танњо шумо!...
Адолат. Шарманда! Овфи мор!  Худо љони турову њаромзодаатро зудтар гирад!... Тамоман аз худ рафтї...(Ба келинаш дармеафтад).
Умеда. Маро задан мехоњед? Ба сарам мезанед?...Дар авлоди шумо келинро задан расм шудааст. Марњамат! Занед! Духтару писаратонро ба ёрї љеѓ занед. Агар зўри онњо њам нарасад, њамсояњоятонро љеѓ занед. Чї истодаед, ба ёрї љеѓ занед!..
Адолат. Нобакор. Ман худам туро пўст меканам!... (Бо мушт ба Умеда њуљум мекунад) Худо љонатро гирад, бадбахт!!!
Умеда. (Тела дода). Ба ман даст набардоред. Кифоя! Дигар намегузорам, ки маро ранљонед. Намегузорам, ки ба ман даст бардоред!... Ман њам одами зинда! Маро њам модар таваллуд карда, дар гањвора калон кардааст!... Ман њам инсонам!  инсонам!  инсон!

Баъд аз он ки аз зарбаи келинаш ба замин афтид, дар чашмони Адолат тарс пайдо шуд. Дар чашмонаш ашк њалќа заданд, ба Умеда, ки ба куллї таѓйр ёфта буд, бо рањм менигарист. Акнун Умедаи нотарсу ифтихормандро шинохта намешуд.

Адолат.Ту кўр мешавї, нобакор! Ба хушдоман –ба модарат даст бардоштї, овфи мор…
Умеда. Нобакор? Туї нобакор! Мор њам туї! Чї тавр ин суханњо дар фикри шумо пайдо шуданд? Ба њамааш шумо гунањгор!.. Ман намехостам, ки Писарам бе падар калон шавад, барои њамин ба њама даѓалиатон тоќат мекардам. Писаратонро худатон вайрон


 кардед. Магар шумо худатон ўро ба масљид бурда дуо нахонондед, ки аз чашми бади ман эмин бошад. Магар модари боаќл ба писараш араќ менўшонад, ба хотири он, ки маст шуда маро занад. Магар шумо њамроњи духтаратон рўйи сиёњў кабудшудаи маро дида, хурсандї намекардед? Кадом модар ба ин кор ќодир аст? Магар баъди ин корњоятон шуморо модар гуфтан равост? Ба духтари ягонаатон њамин хел ќисматро орзу мекунед?!... Охир ў њам…(Якбора хап мекунад).
Адолат (чиррос зада). Чињо мегўи? Ба духтари ман кордор нашав! Номи ўро ба забонат нагир! Ман аз аввал медонистам, ки ту ба хонаи мо бадбахтї меорї. (Дилашро меќапад). Вой дилам-е! Ин мор маро мекушад!...
Умеда. (Бепарвоёна). Ана дидед, Эне. Ман духтаратонро ягон гапи бад нагуфта, дилатон ба задан даромад: дилатон ба духтаратон месўзад. Агар њозир модари ман ањволи маро бинанд чї? Охир ман њам барои шумо бегона нестам-ку? Ман модари набераатон мешавам.
Адолат. Ту, ту…писарамро…
Умеда (об оварда). Ман писари шуморо надуздидаам, вай маро дуздида овард. Об нўшед, сабуктар мешавад. Ваќте ки писаратон маро ба инљо овард, худатон ба сарам рўймол бастед. Ба ѓайр аз ин, ба зону зада, зораву таввало кардед, ки дар хонаатон монам, то ин ки авлодатонро шарманда накунам. Вале, ваќте фањмидед, ки ман духтари шахси мансабдор набуда, танњо њамфамилияи вай њастам, муносибататон бо ман таѓйир ёфт. Об нўшед, њолатон бењтар мешавад. Акнун моро ба њоламон гузоред. Ман намехоњам, ки писарам бепадар калон шавад. Монед, оромона зиндагї кунем. Иќрор шавед: барои чї ман ба шумо писанд наомадам?
Адолат (аз љояш хеста, обро ба рўи Умеда мепошад). Барои он, ки башараат ба ман маъќул нест. Тамоми вуљудат ба ман писанд нест!!!
Умеда (бо ханда). Симоям? Чї ман кўрам, карам, шалам?...Ё шояд биниам маъќул нест?
Адолат (дар ѓазаб). Ман ба ин хел тањќир тоќат намекунам. Мурам њам, коре карда аз ту халос мешавам! Ман зани оддї нестам. Ман бояд бо «Волга»и сафеди њокими шањр мегаштам, аммо аз пушти модари ту шуда, аз њамаи ин мањрум шудам. Ту медонї ман кистам? Бењуда маро Адолат нагуфтаанд. Ман туро… Дафъ шав аз ин љо! Гум шав, ки чашмњоям дигар туро набинанд! Мори зањрнок!!!

Ин дам овози кўдак балан мешавад ва Умеда ба назди ў рафта, ором мекунад.

Адолат.  Дамашро мегирї, ё не! Ман бо ту  пагоњ гап мезанам! Боз як бори дигар ба хобам халал расонад, рўзашро мебинад! Нобакор!

Дар сари ќањр, Адолат чизњоро ба рўи хона њаво додан мегирад. Умеда тифлро сахт ба оѓўш мегирад, то ин ки ягон осеб набинад. Адолат мисли девона бо мўйи парешону чашмони оташин ба Умеда фишор меорад.

Адолат. Симоят ба ман намефорад. Рафтору кирдорат намефорад! Чї тавр ту тавонистї, ки ба ман даст бардорї?...Чї хел забонат гашту ба ман гап гардондї? Кї ба ту њаќ дод, ки духтари маро гап занї? Ту њељ ваќт ба хонаи мо хурсандї намеорї!...Агар туро аз хонам пеш накунам, номамро мегардонам. Туро куштан кам аст!...
Умеда. (Ноумедона дод мезанад) А-аа!...А-аа!…Апа-а-а! Эссен!!!

Кўдак аз доду фарёд тарсида, баландтар гиря мекунад. Дар як лањза, дар хона бесару сомонї њукмфармо мегардад. Адолат худро аз даст дода, ба Умеда дармеафтад. Аз мўйњояш кашида, ба рўяш шаппотї мезанад. Бо лаѓат мезанад ва Умеда меафтад. Аз ѓазаб нафасгир шуда, Адолат бо дасташ тањдид мекунад.

Адолат. Туро куштан њайф аст! Ту ба ќадри як тини пуччак ќадр надорї…
Умеда. (Бо гиря) Энеи азиз, магар ман гунањгорам, ки њаќиќатро ба рўятон гуфтам?...
Адолат. Дамата гир, нобакор! Инља хонаи ман аст!   (Меравад).

Умеда мегиряд. Гўё аз тарс ва дарду тањќир карахт шуда бошад, Умеда хело ваќт бе њаракат менишинад. Гиряи кўдак ўро ба худ меорад. Ба кўдак сина медињад. Умеда фањмида наметавонад, ки њамаи инро дар хоб дида истодааст ё дар бедорї. Ашкашро боздошта наметавонад.

Умеда. Бечора, монда шудї. Аз  мушкилињоят ба њељ кас арз карда, њам наметавонї. Акнун то субњ тоќат кун. (Ба кўдак мурољиат карда)…Барои кадом гуноњамон Худо моро ба чунин рўз гирифтор кард? Бе падар калон шудани худам кам буд, ки боз фарзандамро њам бояд бепадар калон кунам?... Шояд ками дигар сабр кунем, мумкин њамааш хуб мешавад? Аз њама муњимаш падарат таѓйир ёбад. Дилам ба ў месўзад. Дар байни обу оташ мондааст. Гоњ тарафи модарашро мегираду гоњ тарафи моро. Чї кор карданашро намедонад, бинобар ин араќ нўшида, аламашро аз ман мегирад. Аз одамон шарм медорам. Гўё консерт бошад, њамсояњо љамъ шуда, љанљолњои моро тамошо мекунанд. Бечора модари беморам нафањманд гуфта, ба њамааш тоќат мекунам… Лек, чї ќадар тоќат кардан мумкин? Ба хушдомане, ки ѓами фарзандњои худашро намехўрад, чї тавр умед бастан мумкин? Ў моро ором намегузорад. Эсен ба гапњои модараш гўш дода, ваќтњои охир сахт таѓйир ёфтааст. Њамаваќт ќошу ќавоќаш гирифта, норозист. Њатто ба тифли худаш бо шубња нигоњ мекунад, гўё ки ман ўро аз кўча ёфта бошам. Писар таваллуд накарданамро бањона карда, ба ман даст мебардорад. (Кўдакро ба оѓўш гирифта). Ту нав таваллуд шудию аллакай гунањгорї, ки духтар нашудї. Намехоњам, ки ту низ мисли ман бадбахт шавї. (Ба гиря медарояд). Модари беморам аз куљо медонад, ки духтарашро шавњару хушдоман ин ќадар азоб медињанд. Агар падарам зинда мебуданд, њељ гоњ ба ин кор роњ намедоданд…Духтаракам, кї пушти моро мегирад? Худоё, ману духтарамро аз тањќиру азоби инњо халос кун! Рўњи гузаштагон, ба мо мадад кунед!!!

Умеда худро дошта намеиавонад ва аз алам зор-зор мегиряд. Гўё маслињат карда бошад, духтараш њам баробараш мегиряд. Аз хонаи дигар овози ѓазаболуди хушдоман садо медињад. 

Адолат. Њардуятин даматонро гиред! Ин кўдак не-- бало! Магар ин хел баланд гиря кардан  мумкин аст. Магар бо овози шайтон хоб кардан мумкин аст!... Худо љони њардуятонро гирад, њайвонњо!!!
               
     Мусиќї хомўш мешавад.
НАМОИШИ 2.

Мусиќии ѓамолуд шунида мешавад. Умеда зиќ шуда, нишастааст. Њамсоядухтари дўстрўяк Элмира ба мењмонї меояд. Ба Умеда бо рањм менигарад.

Элмира. Эжака, (апа) Бо ин ањвол чї хел зистан мумкин? То чанд ин хел тањќиру мушту лаѓадро тоќат кардан мумкин? Кадом ваќте наоям, тамоми баданат сиёњу кабуд. Магар бо чунин њайвон зиндагї кардан мумкин аст? Тайёрам шавњаратро бо дастони худам буѓї карда кушам!
Умеда. Элмираљон, ту њоло љавонї, бисёр чизщњоро намефањмї.
Элмира. Чиро? Кї намедонад, ки хушдомани ту бењад зорлим аст! Њатто ба ман бо чашми бад менигарад… Охир манн ба вай чї бадї кардам? Бадиам њамин, ки туро дўст медорам, бо духтарчатро сари дастам гирифта гашиан мехоњам.
Умеда. Ба хушдоман дуо рафтааст. Сабабашро њоло илм кашф накардааст.
Элмира. Кифоя! Ин дафъа модарат ояд, њамаашро мегўям.
Умеда. Лозим нест: он касс нотобанд. Якбора зиќ мешавад.Чї фоида?
Элмира. Намешавад, ки ба хонаи худатон равї?
Умеда. Э, одамњо чї мегўянд?
Элмира. Корашон чї? Њатто оилањои серфарзанд њам људо мешаванд. Ту доно њастї, босавод њастї, мехонї. Њамаи дугонањоятон хонда истодаанд.
Умеда. Вазнин шав…
Элмира. Шавњарат барои чї ин ќадар туро мезанад? Охир туро дўст дошта гирифта буд--ку?
Умеда. Хушдоманам ўро ба ман љанг меандозад?
Элмира. Шавњарат чї, намефањмад?
Умеда. Вай аз гапи модараш баромада метавонад. Ўро аввал маст кунонда, баъд љанг меандозанд. Ваќте ки пагоњи дигар њушёр мешавад аз вай дида одами хубтаре  нест. Лекин, ба ростї каме таѓйир ёфтааст.
Элмира. Апаљон, шумо аз оњан њастед, ки ба њамааш тоќат мекунед. Агар хушдомани ман њам њамин хел бошад, аниќ ,зањр дода мекушам!
Умеда. Девонача, аз дањонат шамол барад. (Дањонашро бо дасташ мепўшад). Ин убол аст. Ќисмати мо занњо њамин аст. Модаратро магар падарандарат азоб намедињад?
Элмира. Не, вай падарандар бошад њам, ягон бор дар пеши ман ба модарам даст набардоштааст. Бо ман њам мењрубон аст.
Умеда. Хушбахтем, гўй?
Элмира. Комилан хушбахт.
Умеда. Одами хуб будааст. Бењтараш, биё, як кори савоб бикун: духтур барои духтарчаам дору навишта буд. Њамонро аз дорухона биёр…
Элмира. Хуб, меорам. Апаљон, як илтимос дорам. Куртаи арўсиатонро, ки њоло барои духтаратон руст карда, мондаед, ба ман дињед? Дар базми хатмкуниамон мепўшам. Ваъда медињам, ки ягон љояшро чиркин накарда, бармегардонам. Њозир дар байни хатмкунандањо њамин хел  мўд шудааст.
Умеда (чї гуфтанашро надониста). Элмира … Намедонам, чї хел фањмонам…
Элмира. Аз куртаатон људо шудан намехоњед? Вай барои шумо бенињоят ќиммат аст?
Умеда. Гап дар ин нест, Бењтараш ман ба ту куртаи нав медўзонам. 
Элмира (ранљида). Ин тавр бошад, саргардон нашавед. Модарам худашон медўзанд…
Умеда (маъюсона). Элмира,… Вай курта…(Ба хонаи дигар медарояд).
Элмира. Афсўс. Маълум мешавад, ки барои Умеда он курта хеле азиз будааст. Пурсидан даркор набуд! Вале аксари њамсинфњоям аллакай куртањояшонро тайёр карданд. Намехоњам, ки аз онњо ќафо монам. Падарандари манн бошанд, парво надоранд. Њоло баъд мегўянд. Модарам гап гузаронда наметавонанд.
 
Умеда дар даст курта медарояд.

Умеда. Элмира, ана, вай курта…
Элмира (шод шуд, вале њамон лањза ба дањшат афтод). Вой, бо ин курта чї кор кардед?! Умеда. Инро хушдоманам бо духтараш карданд… Элмира,  ман барои онњо мисли як ѓуломам. Ман дигар ин хел зиндагї кардан намехоњам!... Боре, хушдоманам гуфт, ки куртаамро ба дугонаи духтараш дињам, аммо ман розї нашудам. Бо ин курта, лањзањои ширини њаётам алоќаманд аст. Рад кардани маро хушдоманам бо духтараш ба шавњарам хабаркашї кардаанд ва ў маст шуда онро пора-пора кард. Ана њамин хел.

Мусиќї. Элмира дар даст куртаи порашуда, шах шуда,њайрон монд.
Элмира. Ва Шумо тоќат мекунед?
Умеда. Фаќт як роњ њаст: људо шуда ба шањр рафтан: дар он љо Моро Эссен ёфта наметавонад. Вале дар шањр ягон шинос даркор, ки аќаллан сарпаноње дињад…
Элмира. Ман ба Шумо њамроњї мекунам. Дар он љо як шиноси падарам њаст, љой ёфта медињад. Умеда. Ба ту барои аз хона рафтан кї рухсат медињад?
Элмира. Шумо аз њоли дили манн бехабар њастед. Ба як ќарор олмада, рафтанї шавед, ба ман ишора кунед.

Намоиши сеюм.
Дар торикї боз љанљол.Њамакаса Умедаро латукўб карда мебароянд.
Умеда. Худољон, чї гуноњ кардам, ки ба ин рўз гирифторам кардї?
Ин ваќт тирезаи хонаро оњиста ангушт зада, Элмираи њаросон медарояд.
Элмира. Апаљон, маро наљот дињед…
Умеда. Оњ худо, аз манн њам берўзитар кассе будааст! Ба ту чї шуд, Элмира?
Элмира. Апа…Апа…(Мегиряд.)
Умеда. Ин љо худаш ѓамхона аст, ба ту чї дард расид?
Элмира. Бовар мекунед?  Намекунед. Имшаб…падарандарам…маст ба назди ман омад. Ба љогањам даромада бо ду дасташ дошта ба тарафи худаш кашид… Дод задам, ки  шумо чї кор карда, истодает? Маро сар дињед! Ба модарам мегўям. Ў дањони маро мањкам карда гуфт: Даматро гир!  Ман туро дўст медорам! Гуфтам, ки Шумо  виљдон доред? Њозир њамсояњоро ба кўмак љеѓ мезанам. Сар дињед маро!... Ман шуморо падар мешуморам! Ба худ оед…Модарамро фикр кунед. Ба вай рањм кунед. Ман ба шумо чї бадї кардам? Бо шумо хуб муомила мекунам, эњтиром мекунам. Илтимос, фаќат ба ман даст нарасонед!...  Баъди ин вай корди калонро гирифта тањдмд кард, ки гапашро нагирам, пора-пора мекунад. Дод задам, њарчи модарам бедор шуда омаданду ман гурехтам.
Умеда. Анна, дарди ту чї будааст…
Элмира. Биёед, мегурезем, эже, меравем ба шањр. Шиносњои падарам ба мо, албатта, ёрї медињанд.
Умеда. Тоќати манн њам троќ шуд. Вале зимистон аст…
Элмира. Манн Бумаратро мебардорам, фаќат шумо ўро наѓзакак печонед. Ман  дигар бо Падарандарам  рўбарў шудан њам намехоњам, ин љо бошам, як рўз не як рўз кораша мекунад. Аз ин хел кўрдуд кардани сўхтана дар сармо мурем, бењтар!
Умеда. Уф… Ба фикрам, илољи дигар нест. Биё, ба хонаи модари ман меравем.


НАМОИШИ 4.

Мусиќї садо медињад. Чиллаи зимистон. Шаб. Аккоси сагњои дења шунида мешаванд.Умеда ва Элмираи  кўдак дар оѓўш хаставу бемадор меоянд. Дар назди дарвозае меистанд. Ќуввате намекунанд,  ки дарвозаро сахт кўбанд. Дар назди дарвоза менишинанд. Аз даруни њавлї аккоси беисти сагњо шунида мешаванд..

Умеда. Оќтош! Ин, ман! Оќтош! (Саг баландтар аккос мезанад.) Апа, апа, Касиет, Каки, каки! Ин ман… Дарро кушоед, ки аз хунукї ях кардам!...Касиет! Апа, апа, Касиет!  (Хомўшї. Кўдак мегиряд.) Барои чї туро ба дунё овардам?... Чї кунам?... Магар ман фикр мекардам, ки бо кўдакам дар хонаи шавњарам намеѓунљам?  Дар хонаи модарам њам ба ман љой нест, ман бо кўдакам ба онњо бори зиёдатї мешавам. Маро калон карданашон бас набуд, ки акнун духтари марпо калон кунанд? Кошки шароиту ягон даромад дошта бошанд.. Акнун ба куљо равам? Боз ба хонае, ки маро чашми дидан надоранд, боз ба назди он хунхўрњо?...(Бо умед).Баромада, омаданамро пай набурданд…Шояд?...Барои кадом гуноњамон мо ин ќадар азоб кашида, истодаем? Барои чї мо бояд њамаи инро тоќат кунем?.. Уф… Ман дар хонаи модарам њам рўзи бењї намебинам…Ба шањр рафтан даркор. Аќаллан ягон кор ёфтан мумкин…

Хомўшии шаб. Мусиќї. Умеда кўдакро ба оѓўш гирифта, аз дохили сањна меояд.
Њар дам ашки чашмонашро пок карда, ба тарафи хонаашон менигарад. Аз хонаашон дур шуда, дар торикї нопадид мегардад. Мусиќии риќќатовар.

               
НАМОИШИ  5.

Њуљраи як хонаи истиќоматї.  Ду кати хоб. Дар девор ќолини ќирѓизї. Дар байни хона мизи на он ќадар калон, дар болояш печкаи электрикї. Мусиќии шўх садо медињад. Умеда куртањоро дарзмол  мекунад. Элмира худро дар оина тамошо карда, истодааст.

Элмира. Барои чї гарданњои мо мисли русњо дароз нестанд?
Умеда. Баъд аз њуљуми муѓулњо бисёр чизњо таѓйир ёфтанд, бинобар ин саволатро ба Чингизхон дењ…(Њарду механданд).
Элмира. Дар аввал ќирѓизњо ќади баланд, пўсти сафед ва чашмони кабуд доштанд. Барои чї то имрўз таѓйир ёфтанд?
Умеда. Љон гўй, ки мудом таѓйир ёфта меистем. Набошад, њоло чашмонат мисли муѓулњо танги куртук мебуд.
Элмира. Дањонатро шамол барад!
Умеда. Ин тавр, ки бошад, хап кун. (Механдад). Эњ,  хайрият тамом кардам. Кори бад медидагиам дарзмолкунї. Рўбу чини хона ё либосшўї бароям њазор маротиба осонтар.
Элмира. Ман бошам, баръакс, рўбу чину либосшўиро дўст намедорам. Кори аз њама дўстдоштаам, хўрокпазї мебошад!...
Умеда. Барои њамин хўрокро дўст медорї. партофта, ба ягон ќањвахона ё ошхонаи шахсї ба кор медароем.
Умеда (бо ханда). Фањмо: њама кўшишњоят--барои хўроки бе пул?
Элмира. Аз шўхї берун. Ман духтарњоро пурсидам. Њар рўз 20 сўмї маош мегирифтаанд.
Умеда. (Оњ мекашад). Ман ин гапро ку аз беќувватї оѓоз кардам. Ихтисоси буѓалтерї дорем, вале бекор мегардем. Мисли мо дипломдорони бекор дар бозорњо хеле зиёданд… Эњ, 10-15 сол пеш бо ин маълумотамон ман раиси ягон маѓозаи калон мешудаму ту бошї дар сари мизи калон нишаста,  чўтро он сую ин сў зада мегуфти: «Имрўз чанд сўм кор кардем?» (Механданд).
Элмира. Вале ман њалол кор мекардам, бе ягон майда фиребгарї.
Умеда. Бовар кардам! Чї тавр сарњисобчии маѓозаи калон мешудию дуздї намекардаи?
Элмира. Хайр, мумкин, агар бо мурури ваќт аз ту ёд гирам…(Механдад).
Умеда. Дар ёд дорам, чї тавр дар районамон як фурўшандаро барои каме норасої ќариб буд њабс мекарданд. Њоло бошад, пул дошта бошї, чї коре хоњї, кардан мегирї. Хоњї маѓоза мехарї, хоњи фабрика, њатто завод мехарї. Иштињоят иљозат дињад, нисфи љумњуриро хўрда метавонї. Мисоли ин гуфтањо хеле зиёданд. Ана њамонњо мехоњанд мардумро ѓулом кунанд.
Элмира. Бе ин њам мо алакай ѓуломем.
Умеда. Гапат рост…Ним сол нашуда, алакай дар 6-7 сехи дўзандагї кор карда баромадем. Чї фоида гирифтем? Њамин, ки ваќти маошгирї омад, бо њар бањона пеш мекунанд. Њоло барои иљорапулиро додан маблаѓ надорем. Агар хўљаини куриёгї  аз кор пеш кунаду соњибхоназан аз ин «ќаср», баъд чї кор мекунем?...
Элмира. Ин куриёгї њаќќамонро надињаду рўзашро бинад!...
Умеда. Аз дастамон чї кор меояд?
Элмира. Ба суд медињам.
Умеда. Ба фикри ту сўд моро гўш мекунад? Мо ба кї лозимем?...
Элмира. Гўш мекунанд! (Дарзмолро бардошта). Дар акси њол љинљакњои рўяшонро бо ин дарзмол рост мекунам!
Умеда. (Механдад). Ту девона шудаи! Магар бо суд чунин муомила кардан мумкин аст?
Элмира. Ман судро не, куриёгиро дар назар доштам.
Умеда. Ња, ана ин гапи дигар. Тарсондї. Тасаввур мекунам, чї хел дарзмоли гармро ба рўи суд мемонї.
Њарду механданд. Баъди ин Умеда якбора хомўш монда , ѓамгин мешавад).
Элмира. Умеда, ба ту чї шуд?
Умеда. Хонаамонро ба хотир овардам. Модараму духтарчаамро пазмон шудам. Аз чї бошад, хешу таборам ба ёдам омаданд. Имсол духтарчаам сесола мешавад. Агар гапзании вайро медидї! (Мегиряд).
Элмира. Агар дар шањр ягон сарпаноњ меёфтем, њатман духтаратро њамроњамон мегирифтем. Гиря накун. (Дугонаашро навозиш карда, мебўсад).
Умеда. Авулињо гумон мекунанд, ки мо дар ин љо зиёд кор карда,аз ягон чиз камбудї надорем. Ваќте ки омад-омади зимистонро фикр кунам, ба дањшат меафтам, ки чи мепўшам?
Элмира. Ман бештар модарамро фикр мекунам. Агар маошамонро дињанд, ба модарам куртаи ѓафс дўхта медињам. (Чашмонаш ѓамгин мешаванд.)  Модари бечораам…
Умеда. Ту њам модаратро пазмон шудї?...
Элмира (оњи вазнине кашида). Модар, њар боре, ки маро ба ёд меорї, дилат реш-реш мешавад. Вале бидон, ки ту гуноње надорї. Заррае аз ту наранљидаам.
Умеда (ба дугонааш наздик шуда). Наход падарандарат њамин ќадар берањм буд, ки ба ту даст мебардошт? Вай чї хел њаќ дошт, ки туро занад? Бояд њамаашро пинњон накарда, ба модарат мегуфтї. Адабашро додан лозим буд!...
Элмира. Дилашро зиќ накунам гуфта пинњон мекардам. Ман он ваќт хурд будам. Аз њамсинфонам мепурсидам, ки падари шумо њам модаратонро мезанад? Онњо мегуфтанд, ки не. Боре њамаашро ба модарам наќл кардам, вай дањонашро мањкам карда бе овоз гиристу илтиљо кард, ки ба ман даст набардорад. Ў хуб гуфт, вале ваќте ки модарам аз хона баромад, падарандарам боз ва боз маро мезад… Одат кардам. Ваќте ки калонтар шудам, вай маро бисёртар тањќир мекардагї шуд.

Касе дарро мекўбад. Овози Шањрихон шунида мешавад. Духтарњо тарсида баякдигар  нигоњ мекунанд.

Шањрихон (норозиёна). Њамаашон мурдаанд чї? Дарро кушоед!
Умеда. Накушо!
Элмира. Барои чї?
Умеда. Вай барои пул омадагї, пул  нест.
Элмира. Пас чї кор мекунем? Вай медонад-ку дар хона одам њаст.
Шањрохон. Дарро кушоед. Аз ду сар аз ман пинњон намешавед… Кифоя! Шояд бар замми њамааш боз мардњоро њам ба хона овардед? Гўё, ки барои ин шумо ба ман доллар медода бошед. Зудтар кушоед!...
Элмира. Чї кор мекунем, мекушоем?
Умеда. Кушою лекин гўй, ки ман нестам. Хобам бурдааст гўй.
Шањрихон. Мекушоед ё не? Дар хона кист?
Элмира. Њозир мекушоям! Мекушоям. Хобам бурдааст. Бубахшед нашунидаам…
Шањрихон. Хобам бурдааст мегўї. Гўё ки тамоми шаб хоб накарда, њавлиро ќаровулї карда бошї. (Бо шубња таги катро хабар мегирад).
Элмира. Киро мекобед? Худам танњоям…
Шањрихон. Умеда канї?
Элмира. Пулкобї рафт.
Шањрихон. Пулкобї?
Шањрихон. Наѓз. Пулро ки ёфт, авваал њаќи маро дињед. Ман барќро хомўш кардам. Як худи њамин печка чї ќадар ќувваи барќ  мехўрад, њисобаш гум. Нонро њолоњам аз маѓоза ќарз мегиред!  Ба чї умед мебандед? Гўё ки дар бонк суратњисоб дошта бошед. Кай барои шикаматон ќарзгириро бас мекунед? Ба љои шумо ман шарм медорам. Аз назди маѓоза ором гузашта наметавонам. «Иљоранишинњоятон кай ќарзро медињанд» гуфта безор мекунад. Гоњо дар хобам њам медарояд. Ин коратонро бас кунетон!... Шумо ба гап усто: «Пагоњу» « фардо»-ятон безор кард. Ду моњ боз иљорапулиро надодаед. Магар шумо барои ман ягон хешу табор шудед, ки пулдињиро бас кардед. Кифоя! Шумо падару модар доред? Барои чї боре њам омада, аз ањволатон хабар намегиранд? Бо чї кор машѓул буданатонро намепурсанд? Панљ  моњ мешавад, ки дар ин љоеду ягон хешатонро надидам. Пли иљораро супоред ё хонаро холї кунед!
Элмира. Хуб, эже, фаќат илтимос, барќро дињед. Дер боз чой нўшидан мехоњам.
Шањрихон. Нозу нузатон ба дилам зад:  аз иљоранишин гирифтанам ба ман чї фоида? Фаќат зарар асту халос! Пула кай месупоред?
Эдмира. Пагоњ, эже.
Шањрихон. «Пагоњ»- гўињоятон дар бадам зад! Гўё ки ягон калимаи дигарро намедониста бошед… Чї гапе нагўям- пагоњ, пагоњ!...
Элмира. Эже, то пагоњ 20 сўм ќарз дињед.
Шањрихон. Эњња, пули хонаро сари ваќт надоданатон кам буд, ки боз ба ќарзпурсї гузаштед!? Тамоман аз худ рафтед. На шарм мондаасту на њаё.
Эдмира. Умеда то пагоњ пул ёфта меорад…               
Шањрихон. Пулро дар роњ корида мондаанд!... То кай ваъдабозї карда мегардед? Вай Умедаатонро чашмонашро кофта гирифтан лозим! Худаш ањмаќ, боз туро њам ба сари ман оварда бало кард… Хулоса, тоќати ман њам тоќ шуд. Ба шумо панљ даќиќа мўхлат: ё ќарзи кирояпулии семоњаро бо њаќи як моњи ояндаашро медињед, ё ба кори ёфтаи ман розї мешавед. Набошад, љиллу пўстакатонро ба кўча мепартоям.  Чизи ќимататон ана ин газворњо. Пули мана медињед, баъд инњоро мегиред.

Мусиќї. Умеда аз љойи пинњоншудааш баромада, саросема либос мепўшад.

Умеда. Мебахшед. Мебинам, ки дигар илољ нест. Барои санљиш... Ман розї.
Шањрихон. Нав аќлат даромад. Хурсанд мешавї, девона, рањмат њам мегўї. Ту чї, Элмира?
Элмира. Аз дасти ман ин кор намеояд, холаљон.
Умеда. Ман њаќи кирояи Элмираро њам медињам. Вай њоло ба њукми кўдак.
Шањрихон. Хуб. Рафтем.
Умеда. Њамин хел?
Шањрихон. Мешавад. Либоси корї дар њамон љо њаст. Рафтем. (мебарояд.)
Элмира. Ту чї кор мекунї, Умеда?
Умеда. Роњи дигар нест. Маро бо пули калон духтарчаам интизор, хоњари ба донишкада тайёрї дидаистодаам интизор, модари беморам интизор, ўро љарроњї кардан даркор. Дигар кори даромаднок нест. Илољи дигар надорам. Як санљем.
Элмира. Умеда, саросема нашав…
                Сигнали мошин.
Умеда. Роњи дигар нест.
            Меравад. Элмира гусел мекунад.


        Сањнаи шашум.

Мусиќии эстрадї садо медињад. Сауна. Се марди барањна  латтаи сафед дар тан, кайфашон љўр аст. Пешхизматдухтар дар лаълї шароб оварда, дар ќадањњо рехта,мебарояд. Мардњо мастона хандаву  шўхї  мекунанд.

Марди 1. Тоќатам тоќ шуд. Интизорї то ба кай? Девона шудан мумкин!...
Марди 2. Чї ин ќадар соњибхона кора кашол медињад?
Марди 1. Шањрї! Арўсњоят тайёранд? Тоќатамон тоќ шуд!
Марди 2. Ба мо њар хелаш шудан мегирад, вале барои хўљаин ягон мулоимакаша биёр, ки ваќти  соп-соп кардан азоб накашад. (Ханда).
Марди 1. Шухї накун! Њоло ту сар нокарда, оќсаќол корашро буд мекунад! Ё гапам нотўѓрї?

Овози ханда садо медињад. Аз кунљи  сањна Шањрихон  пайдо мешавад. Бо тамоми вуљўдаш аз намоиши пешина фарќ мекунад: саропо бо зару зевар ороста..

Шањрї. Ња, буќќањо. Тоќататон тоќ шуд? (Механдад.) Ња-ња… Мана арўсакњо!
Мардњо. Э, хайрият!

Мардњо духтарњоро дида, аз љой парида мехезанд. Аз назар мегузаронанд.

Шањрї. Бо духтарњои ман мењрубон бошед. Бисёре аз шумо, онњоро мегазед. Албата кам-кам мумкин, вале аз њад нагузаронед!...(Ба тарафи Умеда нигоњ карда, механдад). Ту чї дар љоят шах шудї, тезтар љунб. Киссаи кадомаш, ки ѓафс бошад, сари њамонро гаранг кун. Зудтар! (Механдад.) Аввал ба оќсаќоли мўњтарам роњ дињед, бигзор њамчун мењмони олиќадр, аввал ў дилхоњашро интихоб кунад. Баъд аз ў ба шумо њам мерасад.
 
(Зањрханда карда меравад).

Марди1. Интихоб кунед, љанобон.!
Марди2. Хоњиш мекунем, оќсаќол, мо танњо баъди шумо оѓоз мекунем…(Ба паси думбаи яке шаппотї мезанад.) Ана ина думба мегўянд! Оби дањони кас меравад!..
Марди1. Ана њаминро ба оќсаќол додан даркор.

Духтари думбакалоне ба оќсаќол часпидан мегирад, аммо хўљаин  аз Умеда чашм намеканад. Бо дасташ ишора мекунад, ки дигарон  бароянд. Њама мераванд. Хўљаин  бо Умеда танњо мемонад.

Муродќул. Хўш, ба факрам…номи ту Умеда? Номи хушрўй--яъне умед. Умедворам, ки имрўз маро хушбахт мегардонї?
Умеда. … (Хомўш, аз љояш намељунбад).
Муродќул . Чї менўшї?
Умеда. Ман наменўшам.
Муродќул . (Бо тањдид). Барои чї наменўшї? Барои чї? Мунўшї… Ман туро шинохтам. Дафъаи гузашта маст екунонда маро хобондї. Ин дафъа ин њиллаат ба кор намеравад.
Умеда. Ман араќ наменўшам, ман…
Муродќул . Набошад вино. Вино менўшї?
Умеда. (Сар мељунбонад). Ња…
Муродќул . Ана ин гапи дигар! Ба духтари ширин винои ширин оред! (Оѓўш мекунад. Пешхизмат вино оварда, мебарояд). Нўш! Ваќте ки ман зиёфат мекунам, нўшидан лозим. (Маљбур мекунад, ки Умеда ду ќадањ нўшад).
Умеда. Оќсаќол1
Муродќул. Чї оќсаќол? Њозир ман ба ту нишон медињам, ки оќсаќол ба чї ќодир аст. Либосњоятро каш!
Умеда. Дар њамин љо?
Муродќул  (араќ нўшида). Бале, дар њамин љо:
Умеда (бо даст ишора карда) Охир кабинањо њастанд--ку…
Муродќул  (бо ѓазаб) Ту чї ба ман фармон медињї? Боз чї хел кабинањо… Магар мо ќирѓизи асил нестем? Гузаштагони мо дар замин дар юртањо  зиндагї мекарданд, дар рўи замин ишќварзї мекарданд. Зеро ки ишќи њаќїќї дар рўи замин мешавад. Мо аз онњо чї камї дорем? Ана дар њамин љо, дар рўи фарш, либосњоятро каш. Њамаи ин латтакўњнањоро барор. Бадани зебои туаз њамаи ин љандањо болотар аст!...Ва шароб нўш…
Умеда. Хўљаин, ман наменўшам. Ваќт тамом шуда, истодааст.
Муродќул (ќањролуд). Ту маро бо соат метарсонї?  Ба ту пул лозим? Ман барои 5-10 соат пул медињам! Агар розї бошї, метавонам барои як шабонарўз пул дињам! Пули ман бисёр, магар гап дар сари пул аст? Барои ту њељ хел пулро дареѓ намедорам! (Оѓўш мекушояд). Биё, маро навозиш кун. Вай…ммм… номи ту чї буд? (Бо азоб ба хотир меорад). А… номи ту Умеда буд–а? Умеди ман! Ња-ња…

Кўшиш мекунад, ки аз љой хеста ба ў наздик шавад, аммо афтида хобаш мебарад. Умеда чї кор карданашро намедонад ва ба назди дар рафта, таќ-таќ мекунад. Тољї пайдо мешавад.

Умеда. Хобаш бурд, ман намедонам чї кор кунам.
Шањрї (бо ќањр). Барои чї мондї, ки хобаш барад? Акнун то бедор шуданаш дар пешаш шин. Як соат хоб равад њам мешинї, дањ соат њам. Агар «Духтарат бењунар аст»-гуфта раваду пул надињад, чашмонатро кофта, мегирам. Гапи маро фањмидї? Бењтараш, бо кадом роње, ки метавонї, ўро бедор карда, маљбур кун, ки пули њар як даќиќаро дињад. Њамааш фањмо?
Умеда. Чї тавр, охир?
Шањрї. Чї тавре, ки мехоњї ва чї тавре, ки метавонї. Ба ман фарќ надорад… Агар бо ў, дар ин љо ягон воќеа рух дињад, ба њамааш љавоб медињи! Фањмидї? Акнун зуд рафта, ўро бедор кун!..
Умеда (норозиёна). Дафъаи гузашта, бар замми он, ки  маро зада буд, боз мурдавор хобаш бурд. Кифоя! Харигариаш ба дилам зад! Ман меравам! (Кўшиши рафтанро мекунад).
Шањрї. Ба куљо? Кадом гўр меравї?! (Як шаппотї мезанад, вале њамоно ба худ омада, ўро ба оѓўш мегирад.)
Умеда. Воњ!
Шањрї (мењрубонї мекунад). Хайр, камтар љанљол кардем, бас. Ту феъли маро медонї. Аз ман хафа нашав. (Бо нафрат ба мард нигоњ карда). Ина бин-е, мисли хуки дар лой ѓелида. Ба арўсњояш њасад намебарам. Хурроккашиашро бин! Мисли ѓули ёбої. Аммо чї илољ?-- онњо вазифа доранд, пул доранд, таѓо доранд. Барои њамин маљбурем, ки тоќат кунем. Майлаш,  камтараки дигар тоќат кун. Ваќт њам кам монд. Умеда, назар ба дигар духтарњо, ту боаќлтарї. Ягонтои онњо бо ту баробар шуда наметавонад. Чї хеле, ки мегўянд: «Гўсолаи мешудагї аз пояш маълум». Њоло ки имконият аст, пул кор кун. (Ба марди хобида ишора карда). Аз имконият истифода бар, бедор кун ўро!
Умеда. Эже,  чї ќадар вай нафратовар аст…Боз…
Шањрї.. Симояшро дар љояш мон…Чї ќадар ба ту ёд дињам! Агар вай ба ту маъќул набошад, рўятро бо рўзнома пўшон. Ту вазифаатро иљро карда, тасаввур кун, ки барои ин корат чї ќадар пулњои сабзак –доллар мегири!.. Мардњо фаќат дар сари мастиашон дасткушод! Мефањми? Ба мо пулњои ў лозим, симояшро чї кор мекунем? Эњ, ана, ба фикрам, бедор шуда истодааст. (Бо ноз ба оќсаќол мурољиат карда). Оќсаќоли мўњтарам, инро чї хел фањмидан мумкин? Ин духтари нозанини моро маљбур кардед, ки дар пешатон шинаду худатон хоб кардед! Ин коратон хуб не! Хайр, майлаш, ман рафтам. (Ба дасти духтар ќадањи араќро медињад). Умеда, љонакам, мењмонро зиќ шудан нагузор. Канї, як њунарата нишон те… ( Дунбаашро љунбонида меравад).
Мард. Нозанин, биё, пири хирада розї кунон. Оњ, сиёњчашмаки ман-е… Оњ, сафедрўйи ман-е…Маро шод гардон…(Мебўсад, бо даст мепалмосад).
Умеда. Худоё, чашмонамро п, ки ин бешарафиро набинам, нафратамро дар дилам буѓї карда кушам. Худоё, ин чї лањзаи касиф аст! 

Мусиќї баландтар садо медињад. Фиѓони  Умеда бо мусиќї омехта мешавад.
Торикї.

ЌИСМИ 2
НАМОИШИ 7.

Мусиќи. Умедаи маст калавида медарояд. Элмира ўро медорад.

Элмира. Умеда, гўш кун маро.
Умеда. (Сарашро љунбонида). Гап зан, гўш карда, истодам.
Элмира. Ман намехоњам, ки маро дигар хел фањми. Мехоњам аз ин роњ баргардї. Њоло њам дер нашудааст. Модарату духтаратро фикр кун. Хоњарат Хосият чї фикр мекунад?
Умеда. Ба ту чизаш писанд нест?
Элмира. Дер бармегардї,  боз бисёр ваќт ширакайф меої…
Умеда. Фикр мекунї ман ин корро аз хушї мекунам?...
Элмира. Медонам, барои зиндагї, вале зиндагї дар сари њама њаст…
Умеда. Ман њаматарафа фикр кардам, ягон илољи дигар нест. Худат медонї.
Элмира. Умеда, як рўз не як рўз ин кор юа сарат ягон бало меорад…
Умеда. Элмира, бе ин њам арам дард каода, истодааст…Биё, бе гап чой нўшем.   
Элмира (хафаомез). Лозим не, наменўшам! (ашкашро пок мекунад.)
Умеда.  Чї, ту њам гиря кардї?
Элмира. Ња… Медонї, тасаввур кардам, ки мабодо зиндагї маљбур кунаду мисли ту шавам, ба чї дањшате меафтам…
Умеда. Ин дањшат аст, вале ту ин чизњоро фикр накун. Ман њам фикр кардан намехоњам…  Хоб кардан лозим.
Элмира. Умеда, ту худатро ќурбон карда истодаї.
Умеда. Кифоя. Гиря накун… Фаќат гиря накун!... Хуб? Ана инро гир.
Элмира. (Бо тарс). Ин пулњоро аз куљо гирифтї?
Умеда. (Писханд карда механдад). Ин пулњо њароманд! Чї тавре ки Шањри-хонуми мо мегўянд: « Ба симои мардњо эътибор надињед - зебогии онњо дар пулашон» Хароб аст, ё фарбењ, љавон аст, ё пир… Чї фарќ дорад? Њама гап дар пул! Гуфтагї барин, ин пулњоро имрўз аз як мўйсафед гирифтам. Вай ин бегоњ сеюмаш буд. Гўё пулаш нарасида, ба љои пул ана ин гўшворро дод. Дуюмашро гум кардааст: ё араќ нўшидааст, намедонам. (Ба сўи Элмира њаво медињад). Тилло аст?
Элмира. Ња.
Умеда. Пояш ба лаби гўр расидаасту боз ваъда дод, пагоњ меояд. Њайвони бўйнок! Ба фикрам пешобашро дошта наметавонад, вагарна аз шимаш бўйи ѓализ намеомад. Баъд аз вай маљбур шудам, ки як соати дароз оббозї кунам.
Элмира. (Бо тарс). Умеда, пасттар гап зан. Метавонистї мўйсафедро рад кунї.
Умеда. Барои чї?
Элмира. Хайр ин ќадар пир будааст, боз бўйи пешоб мекардааст…
Умеда. Пул чї? Охир њама гап дар сари пул аст! Хомўш! Ба ман оби хунук дењ. (Либосњояшро ба њар тараф кашида, мепартояд). Бад мебинам! Њељ касро дидан намехоњам! Сагњои нар, Шањри-холаи бадбахт… Њамаашонро љамъ карда, дар як хона сўзондан лозим! Кани гўгирд? (Гирд-гирди хона мегардад). Мехоњам њамаро сўзонам!...
Элмира. Ба ту шайтон ёр шудааст? Киро сўзонидан мехоњї? Ба худ ой, Умеда.
Умеда. (гиря мекунад). Худамро! Шањрихонро! Онњоро!  Њамаро, њамаро!… 

Дугонањо якдигарро ба оѓўш гирифта мегирянд.

               
НАМОИШИ 8.

Шаб. Умеда ба назди истгоњ меояд, нафасгир шуда, ба ин тарафу он тараф назар мекунад, ором шуда ба харак менишинад. Ин дам аз назди истгоњ таксие мегузарад, вале чанде пас ба ќафо бармегардад. Садои сигнали мошин, духтар ањамият намедињад. Боз сигнал.

Таксичї (дарро кушода). Духтарак, шуморо ба куљо барам?
Умеда. Ба њељ куљо.
Таксичї (худ ба худ). Ањволаш хуб бошад?  Духтарак, биёед, ман шуморо ба манзилатон расонам. Њозир таксї кам. Ба куљо барам? (Пешаш меояд.)
Умеда (бо азобе аз љояш хеста). Ба њељ куљо…Наздик нашавед! (Мехоњад гурезад). Ба ман наздик нашавед!
Таксичї. Натарс, духтарак, исто! Ман ба ту даст намерасонам! Ба фикрам, сахт тарсидаї.Дар куљо зиндагї мекунї? Биё, ман туро ба хонаатон бурда, монам. (Мард наздик шуда, духтарро аз таги кашаш мегирад).
Умеда. Акаљон, илтимос,  ба ман даст нарасонед… Илтиљо мекунам!…
Таксичї. Вой, кї туро ин хел зад? Кї туро зад? Шавњарат?
Умеда. Не.
Таксичї. Барои кадом гуноњат туро ба ин њол гирифтор карданд? (Аз киссааш рўймолчаашро бароварда, рўйи Умедаро тоза мекунад).
Умеда. (Зор-зор гириста). Не, акаљон, лозим нест. Маро ба њоли худам гузоред…
Таксичї. (Ором намуда). Њељ гап не, ин доѓњо мераванд. Њамааш мегузарад. Дар куљо зиндагї мекунї?
Умеда. Дар атрофи фурудгоњи кўњна.
Таксичї. Падару модарат ин њолатро бинанд, чї мегўянд? Биё ба мошин шин, то хонаатон бурда, мемонам. Ту дар хонаи худат зиндагї мекунї?
Умеда. Аз куљо? Иљоранишинам. (Аз нав талх мегиряд).
Таксичї. Бо оби дида  мушкилат осон намешавад. Гиря накун! (Бо афсўс). Бахшиш, дилатро ранљонидан намехостам. Рўятро наѓзакак пок кун. Нишонаи аниќатро гўй. Рафтем!
Умеда. Майлаш. Одами хуб менамоед.
Таксичї. (Механдад). Ман њамаатонро медонам. Њар рўз одам мекашонам. 60 сол мешавад, ки ронандаам. Ња, номат чист?
Умеда. Умеда.
Таксичї. Умеда-умед…Номи хуб. Ваќте ки ќирѓизњо ба кўдакњояшон ном мегузоранд, манояшро низ фикр мекунанд. Анна ин љо ќањвахона кушода будааст. Ягон чиз хўрдан мехоњї? Биё, хўрок хўрем, ба фикрам ту низ гуруснаї? Ња, номи ман Тилек. (Дасташро дароз мекунад).
Умеда. Ташаккур, ман гурусна нестам. Ташвиш накашед, Тилек-ако.
Таксичї. Охир гуфтам-ку ман гурусна мондам.
Умеда. Майлаш, ман дар мошин менишинам шумо рафта хўрок хўред.
Таксичї. Хуб, аз ќањвахона ягон чиз меорам, њамроњ мехўрем.  (Мебарояд).
Умеда.  Аз барф гурехта ба борон задам. Барои хушбахтии комил њамин шофёр намерасид!...

Умеда дар торикии шаб нопадид мегардад. Таксичї дар даст халтаи ќоѓазин ва шишаи кефиру оби маъданї  бармегардад. Духтарро дар љояш пайдо намекунад. Ба ин тарафу он тараф менигарад,

Тилек. Эњ, сабил…. Куљо шуд? 
Меравад. Садои ба њаракат даромадани мошин.


            Намоиши 9.             

Хонаи иљораи Умеда. Мусиќии ѓамангез садо медињад. Дар нимторики Умеда оњиста ба хона даромада ба кат дароз мекашад. Мегиряд. Аз садои гиряи ў Элмира бедор мешавад.

Элмира. (Тарсида). Умеда ба ту чї шуд? Соат чанд аст? Кай омадї?...
Умеда. Навакак…
Элмира. Ман њозир хеста, барќро гирён мекунам.
Умеда. Лозим нест…
Элмира (наздик омада). Воњ, Умеда, Кї туро ин хел зад?...
Умеда. Фарќаш чи? Заданд, тамом вассалом…
Элмира. Кї? Барои чї?
Умеда. Як фармоишгар! (Худро дошта натавониста, гиря мекунад). Элмира, ман дигар зиндагї намекунам!...Мефањмї, Элмира… Дигар ин хел зиндагї кардан намехоњам….
               
              Мусиќї.

 
Намоиши 10.
Элмира танњо ба ин тарафу он тарафи хона ќадам зада,  фикр мекунад.

Элмира. Дањшатовар… Барои чї њама љо ин ќадар хомўш аст? Њатто овози Шањрихони љанљолї њам нест. Пулро гирифта ором шудааст. Рўзњои охир баѓайр аз овози соат дигар њељ чизро намешунавї. (Сигорњои пинњон кардаи дугонаашро меёбад. Мекашад). Пуф-ф! (Пуф карда, дудашро тит мекунад). Њамин сигораш ба ман намерасид! Не, Элмира, ин барои ту тамоман лозим нест!...(Хомўш мекунад). Имрўз њам бо Умеда гап зада натавонистам. Ў сахт таѓйир ёфтааст. Шояд ба љои кораш равам? Не, боз бо ин корам ба худам зарар нарасонам…

Садои таќ-таќи сахти дар. Аз ин Элмира аз љояш як ќад мепарад. Шањрихон медарояд.

Шањрихон. Ту ба ман лозим. Имрўз барои ту истироњат?
Элмира (сигорро дар дасташ пинњон карда). Ман љавоб гирифтам, сарам дард кард.
Шањрихон. Метавонї сигоратро пинњон накунї. Рўирост кашидан хубтар . Њозир духтарњо рўйи кушод дар кўча сигор дуд медињанд…
Элмира (шарм дошта). Ман њамту аз бекорї…
Шањрихон. Бекорї чизи бад. Биё, ба ту як кори наѓз ёфта дињам…
Элмира. Ташаккур, ваъда карданд, ки аз њафтаи дигар ба фабрика ба кор мегиранд. Розї бошед, ягон моњи дигар дар хонаатон зиндагї кунам. Шароити хобгоњаш чандон хуб нест мегўянд.
Шањрихон. Чї ќадаре, ки хоњї, зиндагї кардан гир. Дар пеш зимистон. Куљо меравї? Ба таклифи ман розї набошї, њељ гап не. Талабгори кори ман бисёр. Ба њоли ту рањмам омаду гуфтам.
Элмира. Рањмат, апаи Шањрихон.
Шањрихон (халтачае медињад). Инро як кас ба Умеда фиристодааст. Ба вай расон.
Элмира. Хуб. Ин љї?
Шањрихон. Намедонам. Як йигити нозанин оварда буд. Номи Умедаро гирифта об мешуд. Шояд бахташ дар њамон љавон бошад? Ба ту њељ ччиз нагуфтааст?
Элмира. Не.
Шањрихон. Аз бахилї намегўяд. Хайр, ман рафтам. Ба њар њол, бин: аз бекорї зиќ шавї, бепул монї, биё, гап зан. Ба кори манн розї шавї њар рўз анна њамин хел тўњфањо мегирї. Бахтатро њам зудтар меёбї, девона. Андеша бикун. (Меравад.)
Элмира. Тавба. Умеда чизњои тамоман дигар мегўяд-ку… Наход, ки вай кори хуб бошаду аз ман пинњон кунад?  Вай чї кор аст, мефањмам-ку…Уввв! Не, роњи ман дигар. (Бо шавќ ба халта нигариста). Лекин дар инља чї бошад? Кушоям? Накушоям?... То омадани Умеда интизор шудан даркур. Вале кай меояд, номаълум. То омаданаш накушоям, аз интизорї мекафам! (Халтаро кушода, куртаро ба худаш чен мекунад, беихтиёр мепўшад). Чї хел зебо! Аз афташ, ягон хушдори мењрубони  сахї пайдо кардааст. Аз худаш аниќ карда пурсидан даркор. Ман як моњи дароз миён шикаста даруни чангу хок хазида пули якта ин хел куртаро кор карда наметавонам. Умеда чї?—як шабак меравад,  дар фазои озод, мусиќї гўш мекунад,  суханњои хуш мешунавад, раќсу бозї мекунад, ва… соњиби пули бисёре мешавад, боз ана ин хел тўњфањо омадан мегиранд. Ман њам чунин пул кор карда метавонам? Чаро не? Охир ман аз маъшуќа-духтарњои филмњои машњур ягон камї надорам... Шояд ба кори гуфтаи Шањрихон лозим шавам? … Имшаб Умеда биёяд, маслињати ќатъї мекунем…
               
    Мусиќї. Сањна торик мешавад.


НАМОИШИ 11.

Мењмонхона. Умеда бо сари хам  нишастааст.

Шањрї. Чаро бе кор нишастаї? Хеста њаракат кун, зудтар!
Умеда. Апа, фармоишгар бадафт аст.
Шањрї. Ман чї кор кунам. Ўро орою торо дињам? Бадафт бошад њам, пули хуб мегирї. Ман чанд маротиба гуфтам, ки ба симояш не, ба киссааш нигоњ кунед!...
Умеда. Дирўз ваъда кардед, ки ин бори охир аст.
Шањрї. Чї Кор кунам, ки аз байни њама духтарњо, вай туро интихоб кард? Агар маро мехост, ман худам мерафтам!...(Чашмонашро ало карда).  Хуб, хез. Ваќт рафта истодаст…
Умеда (бо гиря). Апаљон!  Дидани рўйи вай њайвон нафратовар аст. Боз вай маро мезанад!
Шањрї. Барои чї? (Хандаи нешдор мекунад.) Бењуда намезанад, ягон кори бељо мекунї. (Худ ба худ). Ё шояд ба зани љавон зўраш намерасад, барои њамин мезанад. Њо, мўйсафеди бењунаре! (Хандаи нешдор мекунад).
Умеда. Кифоя! Ман меравам!
Шањрї. Ба куљо?
Умеда. Бас мекунам! Гадої мекунам, лекин дигар ба ин љо намеоям! (Рафтанї мешавад).
Шањрї. (аз дасташ дошта). Ба ин хонум нигаред-а! (Ба рўяш як шаппотї мезанад). Куљо мегурезї? Ту набудї, ки аз кўча мисли гадо ба наздам омадї. Акнун ваќте ки аз ин љо сер шудї феъл баровардї? Аз ман гурехта, ба осмон равї-аз поят мекашаму агар ба замин дарої-аз мўят! Бењуда одамон маро зани оњандаст нагуфтаанд! Бо алав бозї накун! Аз ин роњ дигар халосї нест. Дар ваќташ бо майзадањо хоб мекардию ягон гап намегуфтї! Боз чї бало зад? Бењтараш, ба волидонат рањмат гўй, ки туро зебою боиштињо офаридаанд! Агар гардани кўтоњу пойњои каљ медоштї, медидї, ки кадом мард ба ту эътибор медод?! Хез, зуд аз паи корат шав!
Умеда. Апа, апаљон! Илтиљо мекунам!...
Шањрї. (ба таксичї). Њой, ронанда! Ту чї дар љоят часпидї? Чї дањонатро кушода мондї? Фармоишгарро интизор накунед. Вай одами баобрў. Аз пушти нозу нузи ин духтарњо, ман аз љои корам монданї нестам. Ана суроѓа, зудтар ин париро бар....

Аз берун Тилек-таксичї медарояд. Умедаро дида, дар љояш шах мешавад. Духтар низ аз вохўрии ногањонї дасту по мехўрад.

Умеда. Тилек-ака, шумо?...
Тилек. Умеда!
Шањрї. Магар шумо якдигарро мешиносед? (Ба таксичї). Чї шах шуда, мондї! Агар бурдан нахоњї, гўй, ки намехоњам. Ман дигарашро киро иекунам.
Тилек. Рафтем. (Њарду хомўшона мебароянд).
Шањрї. Ин духтарњо аз худ рафтаанд! Ба ў маъќул набудааст! Дар як соат 100 доллар доданашро ба њисоб намегирад!  Рангу башараи  мард ба ту чї лозим? Гўё никоњ карда ба ин мўйсафед ба шавњар мебаромада, бошад… Рўз то рўз бо инњо кор кардан душвор шуда, истодааст. Мардњо њам нозук шудаанд:  дили њамаашон гардандарозу нозукмиёни зебою пойдарозашро мехоњад. Гўё ки пойњои духтаронро онњо ба љои болиш истифода мебурда бошанд!.. Њама нозашон аз пушти пул. Пул бошад, њама хушрўйчањоро зеботарини зеботаринњоро њам аз роњ мезанад… (Пулњоро њисоб мекунад). Бояд Умедаро як-ду рўз љавоб дињам. Барои ў пули хуб медињанд! Вай гули сари сабад аст!...(Аз нав пул њисоб мекунад). Талабгорњояш зиёд шудаанд… Духтараки нава санљидан даркор. Он ќадар хушрўй несту.. љавонак, њабдањунимсола, хиромиданаш мисли кабк ... Њм…Ба Умеда башарааш маъќул набудааст-а! Вале ба ман њисоб кардани пулњои вай фили маст бисёр маъќул!... 

     Дар даст ќабзаи пул раќс карда меравад.
Дар гўшаи дигари бино Тилек ва Умеда равонанд.
Тилек (аз бозуи Умеда медорад). Умеда, ба гапи  ман гўш кун.
Умеда. Ман медонам, ки Шумо чї мехоњед?
Тилек. Бовар бикун, Умеда, чанд моњ шуд, ки дар шањр ман фаќат туро мељўям. Мањз барои ёфтани ту ба хизмати ин даргоњ омадам. Ту мисли инњо нестї, ту тамоман одами дигарї. Аз чашмонат нур меборад. Манн фањмидам, ки ба ту сахт дил додам. Биё, њамаашро парто, ба хонаи ман меравем. Њардуямон зиндагиро аз нав сар мекунем.   
Умеда (хандаи талх мекунад). Гумон мекунед, ки манн бовар кардам?
Тилек. Розї, пули њаршабаатро медињам, тамоман аз ин љо халос карда мегирам. Зани никоњї мекунам.
Умеда. Дер шуд, љаноби ошиќ.   
Тилек. Барои аз нав сар кардани зиндагї њељ ваќт дер намешавад. 
Умеда. Ба мулоќоти бойбобо дер мемонем. Барои ин њам Шумо љазо мегиред, њам манн. Њоло ќарзњояиро супорам, барои рўзгор андак захира карда монам, баъд наздатон меоям.               
Тилек. Ту ба ман бовар мекунї?
Умеда. Албатта, не. Маро хоњї, ба Шањрихон гўй, маро ба ту тўњфа мекунад.
Тилек. Хуб. Њамин рўз туро мехоњам. Рафта мегўям, ки …
Умеда. Фањмо. Дидї, сиррат чї хел зуд ошкор шуд? Кифоя. Дер мемонем. Ё таксии дигарро киро кунам?
Тилек. Уф…
                Мераванд.
 
               
                НАМОИШИ 13

Дар хона Элмира ва Умеда норозиёна бањс мекунанд.Элмира ба Умеда сўзандору мегузаронад.

Элмира. Мебахшї. Ба ман дигар хел шарњ доданд. Нафањмидам, ки ин хел «душворињо» дорад. Акнун бо ин беморї чї кор мекунї?
Умеда. Ана акнун давом медињам! Бигзор аќаллан як ќисмашон несту нобуд шаванд! (Тарсида). Худољон, агар дар њаќиќат бемор бошам, чї? Шояд вай ин гапро борои пул надодан гуфт? (Мегиряд). Њайвон!.. Харњо, њаромзодањо!... Сагњои нари њароммурда! Кош як бор Шуморо њам  мисли худам гуруснаву барањна медидам! Чї ќадар касифу баднамо њастед!  (Кордро мегирад). Ман ўро мекушам! Шумо маро тањќир кардед, бадном кардед!
Элмира (кордро аз дасти Умеда кашида мегирад). Умеда, ба ту чї шуд?
Умеда. Ту хуб кардї, ки бо роњи ман нарафтї…Ту покї! Ман бошам… Ман худам аз худам њазар мекунам! Ман дигар одам нестам…Акнун ман њатто духтарамро бўса карда наметавонам! Сару пои ман њаром аст! (Ашкаш шашќатор мерезад).
Элмира (ором мекунад). Ин тавр нагў. Худро ба даст гир.
Умеда. Гумон кардам, ки аз одамон ин корамро пинњон карда гаштан мегирам. Вале  «Офтобро бо доман пўшонида намешавад». Хешонам хурсандї мекунанд, ки ман кори хуб ёфтаам… Элмира, ту маро фањм, бароям пули бисёр медињанд, аммо ман ба лўхтаки арзонаке мубаддал мегардам, ки њар як фармоишгар чї коре хоњад, кардан мегирад. Ягон зарра шарафи инсониам намондааст. Ин пулњои њаром як рўз не як рўз сари њамаамонро мехўранд. Ту медонї имшаб чї воќеа рўй дод?
Элмира. Чї шуд?

НАМОИШИ  14. (ёдоварї)

Мусиќии эстрадї садо медињад. Сауна. Хўљаини барањна, дар тан  латтаи сафед кайфаш љўр бо Умеда ва Шањрихон љанљол мекунад. Пешхизматдухтар дар лаълї шароб оварда, дар ќадањњо рехта, мебарояд.

Муродќул. Медонам, ки ба ман ошиќ нестї! Ман ба ту пул медињам! Барои ана њамин пул ту ба ман сагвор дум меликконї, барои ана њамин пул ту љисми сарди маро бо баданат гарм мекунї, барои пул њама талабњои мана иљро мекунї. Бо пули ман ту зиндагї мекунї. Бо пули ман ту ба элу авлодат ёрї мерасонї. Пас, биё, саги ман шав, хари ман шав, њар чизе, ки мефармоям, аз дилу  љон иљро бикун,  Дав!
Умеда. Ман имрўз нотобам, оќсаќќол.
Муродќул. Ба манн фарќ надорад. Ту чї њаќ дорї, ки нотоб шавї?!
Умеда. Ман аз њамин кор бемор шудаам.
Шањрихон. Бовар кунед, оќсаќќол. Мо намехоњем, ки Шуморо олуда карда, ба ин беморї гирифтор кунем.
Муродќул. Њмм!? Њайф шудї. Бозичаи наѓз будї...Набошад, гум шав аз назарам.
Умеда. Ташаккур, оќсаќќол.
Муродќул. Ягонта ёшаки сињати сози дурусташ њаст? 
Шањрихон. Меёвем, оќсаќќол, барои шумо якта очаш муччї накардагиша меёвем. Њозир меорам. Вале Шумо њам хоб накунед-да… Парї, ки омад, њушёр бошед.
Муродќул. Бо ин мочахари маслухат тарсонди. Аввал бинам, баъд араќ мезанем.
Шањрихон. Умедаљон, рав духтараки парии навамон Лайлиљонро гирфта биёр.
Умеда. Хуб. (Меравад.)
Муродќул. Вай парии нават хушрўча аст? Аќаллан мисли љавонии худат њаст?
Шањрихон. Оќсаќќол, мо њоло љавон.
Муродќул. Агар маъќул нашавад, медонї туро чї кор мекунам?
Шањрихон. Медонам, бори аввал не-ку. Ана, меояд. Шумо чашмонатонро пўшед. Худро дар бињишт тасаввур кунед. Бењтарин, зеботарин, љавонтарин њури бињиштї ба оѓўшатон медарояд!
Муродќул. Хуб. Завќата мефањмем.  Парї аст, ё ѓул? (Чашмонашро мепўшад.) манн бо чашми пўшида њам хушрўйро аз безеб фарќ карда метавонам.
Шањрихон (барои дилёвї сару рўи ўро мањс мекунад). Ба ќадри пулњои Шумо танњо њурони бињиштї  мерасанд.

Умеда њамроњи Лайлии ороставу пероста дар либоси нимбарањна меоянд. Лайоии ѓаюра ѓайричашмдошт  шарм дошта, рўй мепўшад.

Умеда. Биё. Ба ту чї шуд?
Лайлї. Уф, дилам сахт-сахт мезанад.
Умеда. Барои чї?
Лайлї. Одатан, њамнишинњоям љавонњо буданд. Аввал дида, соз мегирифтем, баъд девонагї мекардем. Аќаллан садта нўшидан даркор буд.
Умеда. Дањонат бўйи араќ кунад, мумкин ќабул накунанд.
Лайлї. Раис маро писанд мекарда бошад?
Умеда. Ња… Ту хушрўй њастї, љавонї, ба вай њамин даркор.
Лайлї. Ин хелаш бароям бори аввал.
Умеда. Духтараки серу пур менамої. Ба ту ин чї даркор?
Лайлї. Ња, бойдухтарам, аммо дар хона мењру муњаббатро њис намекунам. Њама бо кори худ андармон, њама роњат доранд, танњо ман маљбурам, ки фаќат хонаму бо варзиш машѓул шавам. Роњи манн фаќат мактаб—хона, хона—мактаб. Ин --мумкин не, вай-- мумкин не. Инља нарав, инља нашин. Не, онњо маро ба роњибаи калисои насронї мубаддал гардондаанд. Вале ман аз дигарњо чї камї дорам? Ба ман њам майишат мефорад. Мехоњам лаззати дунёро бинам. Чайкасавор бошам, мардњои асили серпулу вазифадор дар хизматам бошанд. Аз дасти љавонњои хунибинї њељ кор намеояд. Камтар пива нўшанд, маст шуда љанљол мбардоранд, эомро ба ёдашон намеоранд, ба љои рањмат гуфтан лагадкўб њам мекунанд. Барои  ба ин љо омадам, ки бахт ****, ѓубори диламро барорам.
Умеда. Пас, Шумо ба њам мувофиќ њастед. Љасурона пеши оќсаќќол раву салом  дењ.
Лайлї. Лањзаи њаётан муњим. Чашмонамро мепўшам ба меравам ба сўи бахт…

Умеда меистад. Лайлї шармгинона ва бо њаяљон пеши Шањрихон меравад.

Шањрихон. Хушбўии паризодро њис мекунед?
Муродќул. Бале. Гўй наздиктар ояд.
Шањрихон. Итоат. Вай бори аввал мењмони ин даргоњ шудааст, шарм медорад. Биё, парича…

Аз дасташ гирифта рўбарўи Муродќул мешинонад.  Муродќул бо дастонаш бадани Лайлиро палмосида мебинад. Роњат мебинад.

Шањрихон. Хўш, оќсаќќол, чї бањо медињед?
Муродќул. Љавон, зебо, њоло очаш муччї накарда… (Аз синааш медорад.) Рост гуфта будї:  манбоб будааст.
Лайлї.  Нннее !
Муродќул. Худоё…
 
Лайлї ба тањлука афтида,чашмонашро мекушояд;  гурехтанї мешавад, вале зонуњояш ба ларза даромада меафтад. Лањзае аз њуш меравад. Муродќул њам чашмонашро калон кушода шах шуда мемонад. Шањрихону Умеда бо њайрат ба онњо менигаранд.

Шањрихон. Натарс, Лайлїљон… Чї шуд, Оќсаќќол?
Муродќул (аз њаяљон базўр гап мезанад). Чї кор кардед? Махсус кардед?! У, очата…
Шањрихон. Чї шудааст, равшантар гап занед. Маъќул набошад, дигараш…
Муродќул. Дафъ шавед. Мекушам! 
Шањрихон. Худатонро ба даст гиред, оќсаќќол.
Муродќул. Њамаатонро мекушам!
Шањрихон. Аз худ наравед. Ин парињо соњиб доранд… Инна гирифта бар, Умеда.
Умеда. Хуб. (Аз дасти Лайлии бехудшуда кашола мекунад.) Рафтем, Лайлиљон. 
Муродќул. Исто! Соњиби ин маннам!
Шањрихон. Шумо пули якшабаша додед, вале ба лату кўб њаќ надоред. Рав,Лайлї.
Муродќул. Ин Лайлї нест! Ин бало аст! Балои охирзамон аст!
Шањрихон. Шумо шинос њастед? Бо ў пештар будед?
Муродќул. Ин духтари ман аст!  Ирода аст!
Умеда. Худоё!
Шањрихон. Вай рўям сиёњ…
Муродќул. Не, ин бесабаб нест! Махсус ташкил кардед! Ман њамаатонро мекушам! 
Умеда Ба як тараф). Худо нигањ дорад, ана оќибати зулму тањќирњои беохири Шумо ба чї расонд. Оњи моро фалак шунид.
Мукродќул. Ту чї кор кардї, мочахар! Духтари худама ба ман тўњфа кардї? Чї хел духтари падардора овардї!?
Шањрихон. Ба худо, ки оќсаќќол, ман тамоман хабар надоштам.
Муродќул. Кадом душмани ман инро ташкил кард? Наход, ки духтари манн зеби ин љоро дошта бошад? Ба ту барои ин «амалиёт»-и зидди манн чанд пул доданд?!
Шањрихон. Ба худо, ки манн аз мурданам хабар долраму аз ин не…
Умеда. Оќсаќќол, чї ѓавѓо мебардоред? Њамаи мо, духтарњо падар доштем, мо њам орзуњои зиёде дошштем.  Аммо  Шумо, вазифачадорњои сарватманд, коратонро чунон ташкил кардед, ки дар роњи мо домњои зиёде гузоштед ва мо ба пулњои сиёњи Шумо зор шуда, шарму њаё, шарафи инсонї, мењру муњаббати инсониро фаромўш карда, ба доми нињодаи Шумо афтодем. Ва ѓайри тањќиру бешарафї чизи дигаре надидем. Чї ќадар бароям нафратовар аст шиками калони равѓанї, гардани араќолуди дамида, дандонњои зарду дањани бўйнокатон! Барои пул  шуда ба њамааш тоќат мекардам! Вале ба духтари серу пури Шумо чї шудааст? Чаро ў ба ин роњ афтодааст? Дар ин кор  айби вай нест. Ба оѓўши ту афтодани духтаратон њам --давоми мантиќии домгузории шумост. Духтаратон наафтад, хоњаратон меафтад, хоњарзодаатон меафтад, набераатон меафиад. Барои њамин њељ касро гунањгор накунед. Худатон гунањгор њастед.
Муродќул. Кифоя!
Шањрихон. Ўро нашўрон, Умеда!
Муродќул. Дафъ шавед! Бас! (Њуљум мекунад, вале аз мастї калавида меафтад.)
Шањрихон ( гўшакї мекунад.) Бароед,  духтарњо. Лайлиро аз ин љо гум карда, зуд ба хонааш фирист. Оќсаќќолро ман худам ором мекеунам. Мегўям, ки маст буду Лайлии мо дар назараш мисли духтараш намудааст.
Умеда. Хуб.

 Занњо мебароянд.
Мусиќї. Сукут.

НАМОИШИ 15.

Хонаи иљораи Умеда. Ў ёдовариашро ќатъ кардааст.

Умеда. Бале, бо падараш…Кї ба ин гунањгор? Падар ё духтар, ки ин фармоиш дод? Албата оќсаќќол  гумон намекард, ки духтараш меояд… Анна њамин хел…Аз тарафи ман њамааш фањмо:  барои пул шуда ба ин роњ рафтам, барои он ки пули табобати очаамро дињам. Вале вай бойдухтарро чї водор кард? Охир падари вай вазифаи калон дорад, пул дорад… Ба духтари ў чї намерасид? Акнун њоли онњо чї мешуда, бошад? Кадоме аз онњо пештар мемирад? Падар ё духтар? (Хандаи носолим мекунад).
Элмира. Умеда, Умеда бо ту чї шуд? Аќлатро гум накардаї?

Зањрхандаи Умеда баландтар мешавад. Элмира аз тарс мегиряд. Мусиќї баланд мешавад. Хандаи Умеда  ба гиря мубаддал мешавад.

Умеда. Бубахш маро модарљон! Бубахш! Ман роњгум задам. Худам намефањмам, ки чї хел ба ин ботлоќ афтодам. Бубахш маро! Букенаљони хурдакакам, бубахш…Дар кўдакиам мемурдам, бењтар буд! Модари бечораам барои маро калон карда ба воя расонидан чї ќадар љафо кашида буд! Духтарчаи ман њоло хурд аст ва њељ чизро намефањмад. Њатто вуљуд доштани маро намедонад! Ва нахоњад донист. (Бо алам дод мезанад). Барои осон шудани зиндагиамон ман ба ин роњ рафтам!!! Вале мурад  ин хел зиндагї!!!
Элмира. Ман чї кор кунам? Шањрихон-апа, биёед, ёрї дињед…
Умеда. Гап зан Элмира, гап зан! Кї маро ба ин роњ бурд? Кї маро ба ин љарї тела дод? Њељ кас? Ман худам! «Духтари ман кори хуб ёфтааст, пул мефиристонад», гуфта модарам хурсандї мекунанд! Ба наберааш њам њар дафъаи тўњфа фиристоданам чунин мегуфтагист: «Ана, модарат ѓамхорї мекунад. Ба њамаамон либосњои нав фиристод!». Њама хешу таборњо хурсанданд. Вале њаќиќатро фањманд, чї кор мекунанд? Элмира, гап зан чї кор мекунанд? Агар модарам бо кадом роњ рафтани маро фањмад, ба чї њол гирифтор мешавад?...  Ман акнун чї кор кунам?
  Элмира. Ором шав. Фаќат оромона ягон роњ ёфтан мумкин.
 Умеда. Манн худам медонам чї кор кунам. (Сиркоро меигираду бошитоб мебарояд.)
Элмира. Ту ба куљо?! Исто, Умеда! Умеда!  Апаи Шањрихон, Ёри дињед!

Мусиќї.  ;алоѓула, шарфаи пой, даводав. Гиряи Элмира. Шањрихон меояд.

Шањрихон. Боз чї бало зад?
Элмира. Умеда дарро аз дарун бастааст, намекушояд. Чї кор мекунем?
Шањрихон. Ин чї рўз буд-а? ;авѓо тамом намешавад. Нав аз яктааш хаолос шудам, боз инаш… Чї гуфта буд вай?
Элмира. Њатто напурсидам, ки сиркоро чї кор мекунад?
Шањрихон. Сиркоро! Зуд  табара гирифта биёр! Њамсояро гўй. Дарро шикастан лозим!
Элмира. Ман њозир. (Меравад).
Шањрихон. Дарро кушо! Агар гумон дошта бошї, ки баъди марги ту вазъият дигар мешавад, сахт хато мекунї! Бо ин корат киро тарсонданиї! Худи њозир дарро кушо! (Аз ноилољї тарзи гапзаниашро дигар мекунад). Умедаљон, гўш кун маро! Модаратро фикр кун! Духтаратро фикр кун!  Умеда, маро мешунавї? (Гиря мекунад). Духтаратро рафта аз авул биёр. Ман ба шумо як њуљраи алоњида људо мекунам. Якљоя ўро калон мекунем. Мисли апаю хоњар зиндагї мекунем. Ман инро аз дили соф мегўям. Бо худкушиат њељ  корро буд намекунї!

Дар ин ваќт њамсояњо давида омада, дарро мешикананд. Умедаи дар дор овезонро дида, дар љояшон шах мешаванд.  Тилек пайдо шуда, Умедаро аз банд мегирад.
Элмира (дод мезанад). Умеда! У-ме-да!...
Шањрихон. Худоё чї кор кардї?
Тилек. Умеда, Умеда! Хайрият, ки зинда аст.
Шањрихон. Худоро шукр, фурсат ёфтем. Ту чї кор кардї?

Мусиќии ѓамгин садо медињад. Тилек Умедаро бардошта, дар байни сањна меистад. Элмира  фиѓон мекунад. Шањрихон , моту мањбут шуда менишинад.

Тилек. Бечора, Умедаи бадбахт!
Шањрихон. Рўњи ноором…Фикри як бурида нон туро ба худкушї расонд! Марги ту њељ чизро таѓйир намедињад. Рўйи замона дар гўр!...
Тилек. Не, айб дар замона нест? Ба њамааш танњо инсон гунањгор.
Элмира. Умедаљон! Ту гунањгор нестї! Мушкилињои зиндагї туро аз роњ заданд.
Шањрихон. Ман њам дар назди ту гунањгорам! Умеда, маро бубахш!
Тилек. Ман њам гунањгорам, Умеда. Ман бо ту хело дер вохўрдам! Ман њам шахси роњгумзадаам. Ман њам барои пул хатоњои зиёде кардам! Њоло бо мадади ту ман ба худ омадам…Акнун ту њама дарду ѓаматро фаромўш мекунї. Ман туро назди духтарат мебарам… (Бо боварї). Моро ояндаи нек ва умеди нек интизоранд!...
                Парда.            


Рецензии