Михаил Елизаров Маша перевод на таджикском

Михаил Юрьевич Елизаров (соли таваллудаш 1973) носир, шоир, таронанавис, муаллиф ва иљрокунандаи сурудњо. Барандаи љоизањои "Бестселлерњои миллї" (2020) ва "Букери русї" (2008), Љоизаи Григорев барои назм.
Дар Ивано–Франковск таваллуд шудааст, дар Харков ба воя расидааст. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоњи Харков. Дар телевизион наворбардор шуда кор мекард, дар шўъбаи режиссёрии телевизиони Донишкадаи давлатии фарњанги Харков ва дар мактаби кинои Ганновер тањсил кардааст.
Нахустин китоби Михаил Елизаров «Нохунњо» соли 2001 чоп шуд. Муаллифи романњои «Пастернак», «Китобдор», «Мултфилмњо», «Замин», маљмуаи њикояњои «Мо 17 сол барои тамокукашї баромадем» ва дигар китобњо.
Эљодиёти Елизаров, ба фикри мунаќќидон, "дар тавозуни остонаи таљрибањои постмодернї ва реалистї  ќарор дорад".
 
"Мо 17 сол барои тамокукашї берун рафтем ..."
(порча)

Маша
 
Ваќте маро тарк намудї, дурусттараш, аз ман нарафтию фаќат суњбати телефониро ќатъ кардї, гўё пешпо хўрдиву нохост телефон аз дастат афтод ва ѓелида, мисли одами худкуш аз бом парид ва суњбати нобоби мо хотима ёфт. Охир, ту њамеша бо ман чунин суњбат мекардї, гўё њамин њоло онро аз даст медодї: лањзае таваќќуф ва аломати морзеи  кўтоњи људошавї – "ту–ту" ва тамом, дигар наметавонї дар тамос шавї.
Пештар њам чунин шуда буд, ту ќаблан њам ѓайбзании ногањонии беасосро машќ мекардї – хоњ дар тарабхона, хоњ дар миёнаи кўча, бидуни њељ шарње ва чанд рўз туро кофтуков мекардам... Пас аз он ки аз ман рафтї, њис кардам, ки ѓайбзании охирин машќ нест, дурўѓ нест ва аз фироќи ту чунон дањшате ба сарам афтод, ки њамчун як чизи сўзон, тар, чун тани девонагаштаи наљотдињанда дар зери об, чун лаќќамоњии вазнин, ки ѓалсамањояш ба љои бо њаво пур кардани сина, баръакс, бо нафасбарории босуръат шушњоямро мисли халтаи ко;азї њамвор мекард ва ба назарам чунин намуд, ки ман бењуш мешавам, шах мешавам.
Ана њамин хел як њолати пошхўрдану фаношавии пурдард.  Шояд пештар њам бењуш мегаштам, вале ту бармегаштї ва ман мисли зани њомилаи пас аз таваллуд кардан хушбахтгашта якбора ва комилан њолати тазъйиќоварро фаромўш мекардам.
Ту дар мављњои алоќаи телефон фурў рафтї, на пас аз як рўз, на пас аз як њафта занг назадї. Ва он лањза – фосилаи аљиби ченаки ваќт – як њафтаи дар як лањза фишурда – ман фањмидам, ки дарвоќеъ, њамааш тамом шуд. Ва њафт рўзи гузашта, мисли њафт љасади аз навмедї пўсидаи варамкарда бо як сењри љоду кафида ба њазорон даќиќањои дардовар таќсим шуданд.
Боре ман мисли радио-алоќачии замони љанг бо сабру тоќати бемислу монанд се соат пай дар пай ба раќами ту занг задам – гуд, гуд… СМС – паёмак њам фиристодам. Хеле да;ал навиштам: "Ту фалону бисмадон њастї!" Ва баъд мењрубонона, ољизона оњанги гуфторро дигар кардам – "Азизам, ба ман фањмон, ки чї шуд?!"
Ман кўшидам, ки дар љойњои махсус туро бинам  – дар З. З. – њољатхона барои занон, З ва З – њољатхона барои занњои амазонї, вале ту бо љидду љањд навиштањои маро пок кардї, худи маро "куштї"…
Ман ният доштам туро дар даромадгоњи бино дарёбам – ба дохили хона даромадан ;айриимкон буд, чунки лифтро як марди фарбењи занакмонанд посбонї мекард, аммо оќилона аз ин ният даст кашидам, тарсидам, ки ту танњо не, балки бо ягон марди дигар меої, ки мисли ман нависандагиро машќ мекунад.
… Чунон ки тифлон њама лашулуши ба назарашон љолибро ба дањон меандозанд, ту њам маро барои санљиш ба хонаи худ кашола карда бурдї – аз дўкони китоб, ки тифли ко;азии навбатии худро бо эњсоси худхоњї ва бо тарс муррифї мекардам. 
Он замон ман навакак ба Маскав омада будам, бо нияти пул кор кардан. Аввалин сардии моњи ноябрь корро ба падидањои марбут ба обу њаво мубаддал гардонд: яхи сафедтоби дар зери по ѓарч–ѓарчкунанда даромади маро ях кунонд.
Бе хона, се рўз дар дафтари кории як нашрия зиндагї кардам ва баъдан як гўшаи ќашшоќонро дар назди истгоњи метрои «Ўрдугоњи гарм» иљора гирифтам – номи духўра ба зудї ба хушкмеваи ширин, ба љу;рофияи муњољирони Осиёи Марказї пайваст шуд: Ўзбекистон, Ќир;изистон, Гармистон ...
Соњибхоназани мисли духтарча кўтоњќомат аз ман њашт њазор кашида гирифт – барои њуљрае, ки дар надошт, ба љояш парда кашол буд, тирезаро бошад, пардаи чангзеркарда мепўшонд, ки ба докаи захмпечи азим монанд буд. Миз набуд, аввал ноутбукро ба назди тиреза гузоштам, худамро якнима карда, каљ шуда, пањлўяш истода, як бало мекардам. Баъдтар ба рафчаи мебел нишастам. Як даричаи љевон мисли пули ќалъа ба таври уфуќї ба поён кушода мешуд. Ман онро ба љои миз истифода бурдам. Вай тангак буд, дар болояш танњо ноутбук меѓунљид, барои мушак ќариб љой намонд, бо як њаракати ноќулайи оринљам мушак парида, мисли одами ба дор кашида овезон мемонд.
Ба девори мисли маргарин зардфом дар болои диван се мехи луч задаанд, ки мисли ќуллањои бекулоњи секунљаи њамвор, як ваќтњо мусаввара ё аксеро нигоњ медоштанд. Тиреза сўрохи шамолгузар дошт. Ман онро бемуваффаќиятона кўфтам, аммо бо вуљуди ин, аз тиреза хунукии мисли зањри ментол меомад.
Ман ќариб дарњол кори навис–навис пайдо кардам, колумнист  шудам, бо понздањ њазор рубл њаќќи ќалам барои сањифаи махсуси як маљалла моње як маротиба. Маводи маќоларо тайи чанд рўз бошитоб љамъ карда, калимањоро бадоњатан саросемавор љой намуда, сутуни љилодорро анљом медодам ва барои «пўст кандан» ба муњаррир месупоридам. Дар ваќти боќимонда барои иншои китоб менишастам. Рўзњои истироњатро бо ту мегузаронидам. Ва ана чор моњ пайваста ана њамин тавр давом кард.
Ту дар арафаи иди 8 – уми март њамаро ќатъ кардї.
Яке аз шинсосњоям, кулоњсози маљалла, бидуни њиссиёт њазл карда гуфт:
- Дугонаи олиљаноб. Ба ту лозим нест, ки барои туњфа дар иди занњо 8 –уми март пул сарф кунї.
Иќрор мешавам, ман аз ту ба њама, ба њар кас шикоят мекардам, пас аз ин тамоман девона шудам. Ў чунин гуфт, ман ба кулоњсози беаќли маљалла ољизона табассум кардам, вале љонам ба сўзиш омад, мисли дандони дардманд.
Ман мисли алафи даравшуда бемуттако, як навъ дарунхолї шудам, синаам дар шамоли моњи март хичиррос зада, гўё холигии полиэтилениро пахш мекард. Ба гаштугузорам осебе расид, ки низоми роњгардиро гум кардам, мисли плакати кандашуда чарх мезадам, ба чор тараф бо њарос назар мекардам, мисли дояе, ки тифлро гум кардааст...
Бисёр ноором шудам. На танњо аз садое, њатто аз њаракати њар чиз ба ларза меомадам. Боре шими ман аз курсї лаѓжида рўи фарш афтод. Ин амали ќариб бесадо, вале ;айричашмдошти либос ќариб, ки диламро канда партофт.
Мусибатњои табиат ва санитарњои  љангали шањр якбора алайњи ман – сайди захмбардошта бархестанд. Муњаррир дар навиштањои ман маъюби эљодиро њис карда, бори аввал сањифаи омодакардаамро гардонд. Ба сутунча мувофиќ набудааст. Он маќолаи лаънатиро аз нав навиштам – боз мувофиќат накард. Ана боз… Боз навиштам. Муњаррир бешармона фиреб кард. Ношир ашкамро рехт, гуфт:
– Бадар шав!
Соњибхона њаќќи моњонаи њуљраи ба љойи дари чўбї парда овезонкардаашро ба дањ њазор расонд. Ба эътирози ман писханд зад:
– Ња, нархаш ба ту маъќул нест? – Ана Худо, ана остона!..
Ба таъќиботи умумии мисли Пастернак тасвирнамуда нимаи дуюми танам њамроњ шуд. Аслан ба хотири ў, ё бо сабагории ў шуд, ки ман хонаи гармамро партофта, ба шањри сармоњо омадам. Ў занг зад. Намедонам, бо кадом савќи табиї фањмид, ки бояд поймол кардани маро ба анљом расонад:
– Њаромї! Ту моро партофта рафтї! – Вай њељ гоњ бо ман бо чунин тањќир гап назада буд. Дар пањлўяш овози фарзанди дилбандам, писари кўчакамро шунидам, ки барои ман бо њасрат гириста, мегуфт: – Оча, модарљон, ба падарам дод назан!
Дар хотир надорам чї посух додам, шояд чунин эътироз кардам:
– Ман дар Маскав, чунон ки ту аблањ гуфтї, бо фисќу фуљур машѓул нестам, ман кор мекунам!
Нимаи дуюми ман суханашро бо фиѓону гиря анљом дод:
– Лаънат ба ту, хунсо!..
Вале ман умуман хафа нашудам. Дашном маънои пештараи худ – тањќирро гум кардааст. Хуб, хунсо. Бо њамин усул ў маро «дарвозабон» њам гуфта метавонист: – «Лаънат ба ту, дарвозабон»!
Дар о;ози њафтаи дуюм аз фироќи ту дард аз мушакњои дил ва роњњои нафас гузашта, ба устухонњо пањн гардид.  Ќабур;ањо асабонї нолиш мекарданд, гўё аз њар кадоми онњо сими барќ гузашта бошад. Ман барои хобам бурдан валокордин – доруи пудинагии момогї мехўрдам. Њамагї як–ду соат кумак мекард, ки дунёро фаромўш кунам. Њар субњ бо табларза о;оз мегашт – гўё маро ба спирти сўзон љулонда таф медоданд ва ба назарам чунин менамуд, ки ман бедор нашудаам, балки сўхта хокистар мешавам бо ин фикр: «Сафедрўйи малламуйи мисли Мэрлин Монро соњибљамолакам аз ман рафт»...
Аввал кўшидам туро бо шароб иваз кунам, аммо саломатии љисм зидди чунин оромкунї бархест. Дувоздањ ангушти рўдаам – баробар бо шумораи њаввориёни масењї, алайњи ман саф баста, силоњ бардоштанд. Њар пагоњ дарди меъда оташи берањмона ба вуљуд меовард ва ба назарам чунин менамуд, ки дар меъдаи ман зуѓолањо месўзанд.
Дар чордевори мисли зиндон якранг, дар њасрати фироќи ту, ќобилияти мењнатиамро тамоман гум кардам. Ангуштони замоне чолоки ман чї гуна љобаљо гузоштани мавод, калимањои мисли тўсњои Карелия сафеди зебо навиштанро фаромўш карданд. Ва ба ман омин гуфтанд. Сањифаи маро аз ман кашида гирифтанд.
Як моњ дар васваса ва фишори равонї гузашт. Ва он гоњ ман ба дур кардани ту аз ёдам, мисли минапорањо аз танам, шурўъ кардам. Матни паёмакњои пеш навиштаам, аксњоятро аз ноутбукам тоза кардам. Сайрњои њарсоатаро ба сањифаи ту барои хондани хабаре, ки «оё ивазкунандаи маро ёфтї»? ќатъ кардам.
Ту маро аз решаам буридї, маъюби бе пой кардї. Аммо њоло ваќти он расид, ки пойи сунъї пўшида, раќси «Калинка»–ро иљро кунам, сањифаи нав пайдо кунам.
Барои о;оз, тасмим гирифтам, ки њуљраро ба тартиб оварам, бо чангкашак мусаллањ шудам. Дар паси дивани якасра, дар конњои чанг, аз иљоракори собиќ як артефакти  зишт кашф карда шуд – рифолаи истифодашудаи сиёњранги бесобиќа, шабењи мўйлаби ламскунандаи кандашудаи њаштпо. Чангкашак ваќте резинро фурў мебурд, мисли асп хуррак мекашид.
Аммо оё меарзад ба худ талќин созам, ки бо рафтани ту љањон ба фарљом расид? Ман боз сари китоб нишастам ва барои ба даст овардани дили Мария наќшањо кашидан гирифтам.
Ту Марияро дар ѓафлат ёфта будї. Машаро дар хотир дорї? Хўсаи шармгини риќќатовар аз Google, дар он замон, ки ману ту њоло дар ављи мављњои муњаббат будем, бо як нома дар сањифаи ман пайдо шуд.
Иќрор мешавам, ки феълат вазнин, тоќат кардан хеле мушкил буд. Театр маъќулат набуд, на драма, на опера. Киноро њам дўст намедоштї. Аз ягон чиз шод намегаштї. Ба истиснои калимањои рўи коѓаз дуруст љошуда. Туро ягон амали берањмона масхаракунандаи сирк машѓул медошт. Мисол, сањначае, ки дар сирк як марди хурдсоли баднаморо тањќир мекунанд.
Ту дарњол хулоса кардї, ки Маша безеб аст. Ва мо њарду ба зани ношинос, дўсти ноаёни маљозї аз тањти дил хандидем. Вай бошад, бо почтаи электронии ман омўхта гашта, шеърњо мефиристод. Гапњои ѓалатї менавишт: «Салом, лаъли кабудам, лољварди ман. Хонанда – эњтиромкунандаи шумоям. Ин чї маъно дорад? – Эњтиром дорам ва мехонам. Ширинаки ман, фикри шумо барои ман муњим аст... "
Ту он ситоишњои чун санги ќиматбањои лаъли кабуд ва шеърњои њиљоии Машаро масхара мекардї – онњо вазнин, чандќабата, мисли табли шаманњо, пур аз ташбењњои аљиб буданд.
Маша манзарањои зебо, љирмњои осмонї, боришот, киштањои сабзро бо кайфият ба ќофия медаровард:
 
Замин дар оѓуши корсети бетон.
Асфалтро баргњои хазон шавкат аст
Ашки нур мерезад чароѓи борон
Даромадгоњи бино сарду дањшат аст.
 
Буттањои њасад бо ќалмоќњои хушк
Бадќасдона якдигарро озор медињанд,
Ва танњо моњи мунири абрпўш
Ба онњо танбалонаву сард менигарад ...
 
«Чаро;и шаб ва њољатхона, рўзи олиљаноб аст, вале ту њоло њам хобї, дўсти дилрабоям»!
 Ва ту мисли зо; ќар–ќар карда хандидї. Ман ба хандаи ту њамроњ шудам. Шод гаштам. – Акнун фањмидам, ки туро чї тавр хандон кунам. Тамоман тоќати шеърро шунидан надоштї. Ва ман худам байтњо мебофтам, ки ту ба онњо тањќиромез бихандї:
Дар беруни тиреза барф мезанад,
Ман туро куштам ва оташ задам.
Говронаи ;афси чармї бо атри Шанели нуздањум барои Њаштуми март туњфаи хуб буд, аммо ту онро интизор шуда натавонистї.
Он рўз ман ба Маша посух навиштам. Каме таъриф кардам.  Вай ба илњом омада, сатрњои нав фиристод: «Соати зангдор садоњо мекорад ва хоб бо туман меларзад».
Ман чизе нагуфтам, Маша њам як таваќќуфи боназокатона гирифт. Моњи декабр, дар мобайни роњи мухаббати мо, аввалин бор ногањон ѓайб заданро машќ кардї – ду рўз нопадид гаштї ва баъд зоњир шудї, аз афташ, фањмидї, ки ман њанўз ром нашудаам, аз танњої хун намепартоям.
Маша маро бо Соли нав табрик кард. Мутантан ва хандовар:
“Лољварди ман! Ба шумо њама, албатта, саломатї ва хушбахтї орзу мекунанд. Ман чї таманно дорам? Хоњони онам, ки гулдастаи табрикотии маро фаромўш накунед, дар ёдатон истад. Донед: орзу дорам, ки соли оянда хуки сурх ба шифт часпида бошад! Бидонед, дар иди бузург танњоям, мисли гертсоги  хурдакаки рангпарида сарамро тарошидаам ва танњо об–мева менўшам».
Ман посух додам: «Бигзор хуки маллааш часпад, – эњсоси бадгумонї, кашолкории разилонаи пиронаи Карамазов , њаракатњои њарисонаи тортанакмонанди ангуштони шањватомез – чунин њиссиётро дар дили ман бедор мекард он гертсоги хурдакак: танњої, бењифозатї, рўйи рангпарида, бо сару тани тарошида ва рахи ар;увонї дар кунљи лабон аз шарбат. Фикр бикун, ки Машаи ноаён маро як лањза ба худ љалб кард. Аммо ман сахт ошиќи ту будам ва мухлиси Google танњо кайфияти маро бо муваффаќият истифода кард.
Вай баъдтар њам ба ман паёмњои аљиб мефиристод. Яке аз онњо ваќте омад, ки ту дигар бо ман набудї: «Каро мио» , ман аз ту дар ташвишам. Њолат хароб аст магар? Аниќтараш, ло;ар? Ман худам ло;ар њастам, аммо ба одамони ло;ар тобу тоќат надорам... "
Ман худро бовар кунондам, ки Машаро барои тасаллї ба ман аз осмон фиристодаанд.
Чанде пас аз рўбучини хона (айби ман, ки дар рифола аломати огоњї аз дањшатро нафањмидам!) ман бо гертсоги хурдакак мулоќот кардам. Навиштам: «Маша, мову шумо на кам аз ним сол боз шиносем. Биёед, њамдигарро бинем." Ба хотири шукуњ бахшидан, барои муносибатњои ояндадор љонишини љамъи "шуморо" истифода бурдам: "Машаљон, иљозат дињед, Машаљон, кашед, Машаљон, шинед ..."
Маслињат кардем, ки дар маркази шањр, дар назди њайкали Пушкин мулоќот мекунем. Як рўз пеш барф борида буд, дар моњи апрели серрутубат замин аз њар љониб сиёњ менамуд. Бўйи хошок барои чорво, замини намнок – буи хоси хољагии дењот ба машом мерасид. Офтоб боз гарм кардани табиатро ёд мегирифт, вале нобоварона, гўё бо ангуштони гарм ин љову он љоро мепалмосид.
Ман интизор шудам. Маша дер омад. Ман дар гирди пояи муљассамаи биринљї давр зада, туро мељустам, азизам, – Ман бовар доштам, ки Маша ба намуди мењрубони ту ќариб монанд аст.
Дар даќиќаи понздањум тасмим гирифтам, ки занг занам. Маша раќами телефонашро пешакї фиристода буд. Раќамњо мисли дандони ашки мори афъї дар ёдам мондааст: ду раќами охираш 4 буд. Азизам, тасаввур карда метавонї, раќами Маша њам мисли раќамњои ту чун дандони мори афъї гиз аст.
Маша посух дод: "Ман аллакай омадаам, аммо шуморо њанўз наёфтаам", – дар телефон баробари овози Маша маѓали хоси кўчаи Твер садо дод. Мошин бонги хатар зад ва дар телефон садои клаксони дугонаро шунидам. Маша дар наздикї буд.
Ва он лањза ман Машаро дидам ...
Не, аниќтараш, ман аллакай ўро дида будам, аммо њатто фикр намекардам, ки ин Маша аст. Ман бо чашмам љустам, аммо вай худаш бо ман гап сар кард: – Ин манам, лољвардам...
Зўракї табассум кард ва ман фањмидам, ки Маша аллакай барои гарангї, тарси мардонаам ба ман нафрат мекунад. Дар куљое дар шохањо зоѓе ба таври дањшатнок хандид.
Агар фарз кунем, ки дандонњои Маша бо њуруфи Times New роман, андозаи дувоздањ чоп шуда бошанд, пас дандонњои пешаш баробар ба андозаи њаждањуми њуруфи вердана буданд. Дар атрофи дандонњои Маша чењраи бељинсияти кўзапушт – арвоњ аз тахайюли рўикоѓазии ќаблии ман буд. Вай ба скрипканавоз, як писарбачаи маъюб бо мўйњои Башмети  музофотї– бо буриши чоркунљаи мўйи равѓандораш, ки то китфњо мерасид, монанд буд. Лаби болояш монанд ба суруди гусар  дар суруди машњур аст: «Маро, љавонаки бемўйлабро, даъват мекунанд»!  Биниаш догдор, гуё мурч задаанд.  Пешониаш сурхи пулакчадор. Бо лабњои бо ранги сафед ишора шудааш гўё духтарчаи бањои 3–гирак аст, ки шармгинона дар назди тахтаи синф бўр хўрда бошад. Китфњояш нишаста, чаппашуда – ёд дорї, ба ту навишта будам: «Ва китфи разведкачии бечора баромадааст...».
Наздик будам вањшиёна эътироз карда остинњоямро љунбонда фарёд занам: – «Чї њазли хунук? Машаи њаќиќї куљост»?! Вале ба љойи ин пастакак ѓурунгос задам
– Салом, Маша, ана, мо вохўрдем. – Биёед, ќањва нўшем.
Дигар чї илољ монда буд? Албатта, Машаро на аз дасташ гирифтам, на аз оринљаш. Вай бетартибона дар пањлўям ќадам зад.
– Корњоят чї хел, Маша? – ман ба ќафо нигаристам.
Ба назар чунин менамуд, ки ў дидаю дониста аќиб мондааст, то ба ман имкон дињад, ки саропои ўро бинам. Хайр, бењад дањшатнок набудааст. Њамсоли муќаррарї, безеб, шояд солаш каме аз ман калонтар бошад. Либоспўшиаш сода, ќариб ќашшоќона, либоси пати кабуди кулоњдораш то зону, поёнтар – шими љинсї ва мўзањои обгузар.
– Корњо аъло, лољвардам? Ман рост аз маросими дафн омадам...
– Оњ, Маша, чаро нагуфтї, ки имрўз барои вохўрї мувофиќ нест? Мо дигар ваќтро маслињат мекардем. Умедворам мусибат дар оилаи шумо нест?
– Ва умед накун, «каро мио»! – – Бародарам мурд.
Чашмони Маша дурахшиданд. Ошуфтагии ман ба вай маъќул шуд.
– Маша, њамдардї изњор мекунам...
– Ба ман тасаллияти понздањ сол пешро дињед – ваќте ў маро таљовуз карда буд. – Маша бадќасдона дандонњои зардашро гиз кард. – Вале ман натавонистам ўро гусел накунам, шумо мефањмед?
Боз як нигоњи каљи дилро сўрохкунанда.
Э Худо! Фирор бикун, мисли Мизгир  гурез...
Ман Машаро ба ошхонаи «Ќањваи Харљумарљ» кашола кардам. – Тартибот чунин аст.
Шоми љумъа ќариб њама мизњо банд буданд. Дар толори барои тамокукашњо љой ёфтем. Мо дар байни одамони шўхи беаќл, мисли ороишоти солинавї нишастем.
Ман номгўйи таъомњоро вараќ задам, Маша лабу рўяшро бурма кардан гирифт – ба назар чунин менамуд, ки пеш аз љанг пешонї ва лунљњояшро тармим мекард. Ман капучино пешнињод кардам, ки бо андўњи Маша мувофиќ аст.
–Ду капучино! – хоњиш кардам ба пешхизмати Харљумарљ.
Суњбат часпон набуд. Маша, лабонашро ѓунча карда, чун думи бурида ба њар тараф мељунбонд.
Баъд гуфт:
– Боиси таассуф аст, лољварди ман. Мо якдигарро бори аввалин ва охирин мебинем. Шумо дигар ба мулоќот намеоед...
Бо дард гуфт. Ман ба ў чї њам посух дода метавонистам, азизам? Вай њаќ буд. Аз ваъдаи гуфтани суханњои дурўѓи «Ту чињо мегуї, Маша, мо борњо, бисёр–бисёр мулоќот мекунем». – пешхизмат моро бо овардани ќањва халос кард.
Маша дањони думмонанди худро ба капучино заду ногањон бародари мурдаашро ёд кард:
- Аммо Албертро мањкум накунед, «каро мио». Биёед, ман ўро ба шумо нишон дињам ...
Маша ба гиребонаш даст дароз кард, – дар зери куртаи кушод домани пиджак пайдо шуд, – аз он як чизи монанди сумкаи чарминро гирифт, аз он як суратчаи андозааш се ба чорро баровард. Аз расм як каллаи алочашми гирифтори бемории Базед  менигарист, ки андак ба Маша шабоњат дошт.
– Вай аз ман се сол калон буд. Дар математика истеъдоди фавќулъода дошт. Аммо аз хизмати артиш чун бемори васвосї баргашт. Ўро дар он љо таљовуз карданд, лољварди ман. Ў ќасди худкушї дошт, вале дар натиља маро таљовуз кард. Модарам ваќте фањмид, ќариб љонаш мебаромад. Мо ба њељ куљо арз накардем. – Хасрўбаро дар кулба нигоњ доштем. Вале ман ўро бахшидам!..
Маша аз њад баланд гап мезад. Сарнавишту иќдоми далеронаи ўро шояд дар мизњои њамсоя шуниданд.
Маша бо дум–дањони худ ба пиёлаи ќањва шитофт, гўё ба гирдоб даромад ва бо шилшилаи ;афси ќањва дар як канори лабаш баромад.
– Вай аз саратони ѓадуди зери меъда вафот кард. Мањз аз сабаби он, ки бо доруњои дањшатнок шикамашро пур карданд. Вай бенињоят фарбењ шуд, тамоми мўяш рехт ...
Дар сари мизи наздиктарин гуфтанд:
– Мўйлабњояш, мисли рўбоњи тўлаккарда! –
Љавонњо хандиданд.
Маша аз чї сабаб бошад, ки «рўбоњ»–ро ба худ кашид. Ў лабони мўйлабчадорашро пок карду капучиноро бардошта, ба сўи душман рафт. Пеш аз он ки ман чизеро фањмам, Маша фиѓон кашиду ќањваро ба одамони да;алсухан пошид. Ман аз хиљолат шах шудам.
Азизам – њам хандаовар аст, њам гиряовар. Ќошуќу табаќчањо љарангос заданд. Ду курсї чаппа шуд. Ќурбонї – духтари хандони дар тан свитери сафед – гўё ба ќафаси синааш тир расида бошад, чашмон ва дастонашро калон кушода истод.
Њамсояаш хитоб кард:
– Оля–а! Оляљон! – ва захм – доѓи капучиноро бо рўймолча пок кард.
Маша, ки ба ќањрамони асари Тютчев «Геба» шабоњат дошт, чумчаи тафсони холикардаашро мељунбонд. Љўраи духтари маљрўњ пои шимашро афшонд. Тамоми дастаи тамокукашњо, аввал њайрон шуда, баъд шўр бардошт:  худаш чї гап? Ин чї дањшат аст?
Ходимони «Кањва ва Харљумарљ» ба мавзеи торумор расида омаданд. Дўсти ;азабнокшудаи духтари ќурбонї ба сўи Маша њаракат кард, вале чењраи бепарвои ў маънои "ќатл кардан мумкин нест бахшидан" – ро ифода мекард. Ногоњ истоду дар њайрат монд: Маша сарашро чун фалахмон гардондан гирифт. Дањонашро калон кушоду ба фарш афтод, ба ларза даромад, аз дањонаш луњоби сафед баромад, гўё Маша кафки капучинои нав хўрдаашро рањо мекард. Касе дод зад, ки зуд ба ёрии таъљилї занг занед, дањонбанд сохта зери дандонњояш гузоред, ки забонашро нагазад.
Ман њељ нафањмидам, ки ин як њолати воќеї аст ё вай худро гирифтори бемории эпилепсия вонамуд кард. Маша њама дилсўзии одамонро ба хубї ќабул кард, итоаткорона дањонбанди аз сачоќча сохтаро зери дандон гирифт. Пас аз як–ду даќиќаи дигар лагад задан худро саг барин афшонда, аз љояш хест ва абрў чин карда, зуд ба ман гуфт: – Лољвардам! Маро хона баред...
Ман дар роњ як кўчманчии осиёиро боздошта, Машаро як бало карда, ба мошин андохтам ва панљсад рубл додам. Вай ба ман часпид, саъй кард, ки ба роњи пиёдагард афтад, дастонашро дароз карда гуфт:
– Наравед! Маро бубахшед!..
– Азизам, ту ба њељ чиз гунањгор нестї!.. – Машаро чуќуртар тела дода, ба ронанда гуфтам: – Хайр, рав акнун, бало занад!
Мошин равон шуд, Машаро бурд. Азизам, он шаб дар бораи ту фикр накардам. Аз Маша ба љон расида будам.
Вай баъди ягон ду соат занг зад. Ман маѓали кўчаро шунидам. Маша дод зада гуфт, ки он осиёї хост ўро таљовуз кунад, панљсад рублро гирифта, ўро дар роњ партофт. Ў афтода мемурд, аммо ба шарофати тарбияи љисмониаш зинда монд – ду сол дар Хонаи пионерон конкибозиро машќ кардааст, фурсат ёфтааст, ки то афтодан ба пой рост истода, худро наљот дињад.
Ман гуфтам: – Маша, шумо бояд фавран ба полис мурољиат кунед.
– Њељ кас ўро намељўяд, – посух дод Маша. Мотам гирифт: – Имрўз ман туро тарсондам, ширинакам, ман мушкилоти зиёд дорам ... Аммо иљозат медињед, ки ба шумо занг занам?
– Албатта, Маша...
Њар рўзи худо занги телефон! Вай дар телефони мобилиаш як нархномаи барои ман ќотиле гузошта буд, ки ба вай имкон медод соатњо бо ман сухбат кунад. Ў ченаки ваќту соатро намедонист. Гўё аз камин њамла мекарда бошад, таъйин мекард:
–Баъд барги лавр, занљабил ва мурчи сурхро илова кунед... Каро мио, маро хабар гиред, ман шуморо табобат мекунам...
Бо охирин сабру тоќат ман барои рад кардан бањона мељустам: «тасма канда шуд, ронанда бемор» ...
– Субњ ба хайр, азизам! Аз хоб бедор шудед? Мехоњам, ки маро ба раќс даъват кунед... – Маша бо садои баланд, то пардаи гўшњояш хандид. – Ба шумо њељ кор кардан лозим нест, «каро мио». Мусиќиро мешунавед?..
Бум–тса–тса, бум–тса–тса, бум–тса–тса.
– Мешунавам, Маша...
– Мусиќии Штраус! Ў љодугар аст. Хуб, дасти худро ба ман дињед – ин љо, ба камари ман гузоред ва маро давр занонед ...
Ин њол метавонад касро девона кунад. Вале ман розї шудам. Мо дар як њафта камаш се маротиба раќс мекардем. Ба оњанги «мазурка», «полка», «краковяк», танго...
Ваќте боз навбат ба «љањидану паридан» расид, ман корпартої кардам: – Маша, аз раќсњои ту безор шудам. Аз барои Худо, монед кор кунам!
Вай хафа шуд ва шояд як њафта пайдо нагашт. Азизам, ман хайрхоњона гумон доштам, ки ўро сахт ранљондаму эњсоси ўро нодида гирифтам.
Телефон садо баровард. Гўшаки он бо душворї нафас кашидану фиѓон кардани Машаро танинандоз намуд:
– Лољвардам, бадбахтї. Ба ту гуфта будам, ки ман духтар дорам...
– Ња, Маша...
– Духтарам Элеонора понздањсола шуд. Шавњари собиќи ман Юра, муњаќќиќи физикаи назариявї, њашт сол пеш илмро тарк карда, ба тиљорат даромад ва ба Аргентина кабели нахи оптикї фурўхт. Онњоро чеченњо муњофизат мекарданд. Акнун маълум шуд, ки Юра аз чеченњо ќарзи зиёд доштааст ва онњо Элеонорро дуздидаанд! Ба ман занг зада пул талаб карданд. Юра бошад, ѓайб задааст!
Раќси лазгинї сар шуд. Назди чеченњо сар ба зону задан.
– Вале ман ба шумо чї гуна ёрї дода метавонам, Маша?!
– Бо онњо суњбат кунед!
– Бо кї?
– Бо дуздони Элеонораи ман!
– Маша, ман бо чеченхо чї гуфтанамро намедонам. Ва ман ба онњо чї мегўям?
–Тањдид кунед...
Ба љои тањдид, ба ман лозим омад, ки таќрибан чил даќиќа Машаро ором кунам. Тасаллї додан ба каси тасаллонопазир – зањмати Сизифї  аст.
Ман аслан ба афсонањо дар бораи собуни махсуси Аргентина барои мошин ва пахта–шиша бовар надоштам, њарчанд шайтон медонад, ки ...
– Лољвардам! – Ман субњ аз нолањои ў бедор шудам. –Бубахшед, ман ба шумо тамоми њаќиќатро нагуфтам. Элеонора... Вай духтари Юра нест. Падари аслии ў бародари марњумам Алберт аст!..
Соат ба соат ањвол бадтар... Худоё, наљот бахш ва саробонам шав.
– Он ваќт ман њомиладор шудам ... Юра шубњае надошт. Чеченњо њам намедонанд, Элеонораро духтари Юра гумон мекунанд. Чї мешавад, агар шумо ба чеченњо њаќиќатро гўед?! Шояд онњо Элеонорро бармегардонанд? Шумо ба онњо гўед, шумо метавонед, ман ба шумо бовар дорам! Шояд занг задан бароятон душвор бошад? Бењтараш, раќами телефонатонро ба онњо медињам!
– Маша, лутфан, раќами маро ба ягон чечен надињед!
Ман аз диван хестам. Хоб аз чашмам парид. Аз дур мили кранњои борбардор мисли дор аз асари њазёнии мољарољўёна ба назар мерасанд.
Маша нисфирўзї занг зад.
Бо њаяљон нафас мекашид:
– Лољвардам! Њама корро худам тахт кардам. Ќарор додам, ки хонаро мефурўшам. Ман ба шумо як дархост дорам – ба ман дар ёфтани маклер барои фурўши хона кумак кунед! Ман аз фиреб хеле метарсам!
– Маша, азизам, аммо ман ягон риэлтори шинос надорам! Интернет пур аз њама гуна ширкатњо аст – нигаред ...
Ман љавоб додан ба зангњои телефони ўро бас кардам. SMS фиристод: "Ман роуминг дорам".
Маша ба мукотибаи телефонї даромад: «Лољвардам, ман шуморо хеле пазмон шудам!», «Шумо кай бармегардед? Маслињат кардан лозим аст», «Халтачаи ангуштони дањоёнаатонро мебўсам», «Ба... ман пешнињод карданд, ки пули хонаро бо франки швейцария њисобї кунанд. Розї шавам?"
Маша мунтазам занг мезад, мисли ваќти истеъмоли дору – чор маротиба дар як рўз.
Њар рўз аз Маша хабари нав меомад. Аммо дере нагузашта фољиаи њаќиќї ба амал омад.
"Онњо Элеонорро куштанд!"
Ва пас аз фосилаи чоряк соат навишт: "Фавран занг занед, вагарна дилам мекафад!"
Ба танам ларза афтод. Ноумедии Маша беканор буд, чунки пораи дили ўро куштанд. – Элеонора Албертовна, ё Элеонора Юревнаи дурў;ї.
Баъди чанд соат ба ман паёмак омад:
«Салом. Ман Валерия – хоњари Маша њастам. Ман аз телефони вай ба шумо менависам. Маша дар беморхонаи якуми шањр аст, њолаш вазнин аст».
Њусни хат дигар, аломатњои китобат дигар. Ин навиштаи мутантани Маша нест. Хеле одї, гўё донањои марљумаки бењисро чидаанд. Ин кори Валерия.
Ман таслим нашудам. Муштњоямро фишурдаму посух нанавиштам.
Дар нимаи дуюми рўз боз паёмак омад:
«Ин боз Валерия аст. Ањволи Мария бадтар шуд. љарроњии вазнин талаб мекунад». 
Дар ;уруби офтоб:
«Љарроњї бебарор анљом ёфт. Шояд бимирад. Валерия».
Шаб:
«Мария ба кома афтод. Биёед, видоъ кунед."
Баъзан ба муаллиф шубња мекардам, дар тасаввурам як љияни зоњираш дањшатнок, як бемори дигар  падид меомад, ки Машаро дар бистари марг посбонї мекунад ...
Соати 2–и шаб маро, хабари аламангез гуё ангушт зада аз хоб бедор кард:
«Мария мурд».
Фољиаи ногањонї Машаи камтачриба ва пурѓайратро ба гўр бурд. Эстафетаи ѓамхориро кї ба дўш мегирад? Магар Виктория?
Сабоњ хабар омад:
«Пагоњ, соати 11–и рўз видоъ бо Мария барпо мегардад. Ба суроѓаи метрои Первомайская, кучаи 7–уми Парковая, хонаи фалон, фалон њуљра биёед. Лутфан, њузури худро тасдиќ кунед. Ман дигар шуморо ташвиш намедињам. Валерия».
Гоњ–гоњ фикре ба сарам меомад, ки ба видоъ бо Маша равам, то њамаашонро якбора бинам: хоњараш Валерия, физик Юра, чеченњо, Машаи хоб дар тобути фаќирона ...
Вале медонистам, ки намеравам: дар суро;аи Якуми Май аз як километр бўйи маросими дафни якумиапрелї меомад.
Азизам, дар он лањзањои душвор барои зангњо ва паёмакњои гузоштаам, барои таъќиби нангин бо ангушти каљкардаам аз ту бахшиш пурсидам.
– Баргард, баргард ва дигар љанг накун. Ман туро башидам, азизам...
Вале нимаи дуюми рўз як паёми лољвардї омад: «Марги маро аз њад зиёд овоза карданд. Марияи дигар мурд. Хоњари девонаавзоям Валерия, чун одат, хато кард, ўро бубахш. Умуман, хеле воќеањо рўй доданд. – Биёед, њамдигарро бинем! Машаи шумо»…

Тарљумаи Љумъа Ќуддус


Рецензии