Шифо. Джума Куддус, Махмадрахим Каримов повесть
Повест
Дењаи на чандон калон дар як ноњияи кўњии Тољикистон. Дар кўчаи на танги дења кўдакон саргарми бозї њама кори дунёро фаромўш карданд. Мадинаи панљсола, ки соњиби зочаи калони зебои «Барбї мебошад, дар рафтору гуфтораш як навъ таќлид ба кори духтури кўдакон аст. Духтарчањо бо навбат тавассути бозича - феноскопи кўдакона садои дилу шуши Барбиро месанљанд, ба дањонаш бо ќошуќча-бозичаи махсус дору медињанд.
Вале гоњо духтурчањо ба бозї овора шуда, ё ба лўхтак аз њад зиёд мењрубонї мекунанд, ё баръакс, худ нафањмида, зери пояш мекунанд.
Њоло њама бо шавќи хоси кўдакона бо навбат «духтур» мешаванд.
Мадина чун соњиби «Барби» њукм мебарорад:
-Њозир навбати Шањло, Шањло духутур мешавад.
Вале навбат, ки ба Шањло расид, модари Мадина аз дари њавлї нидо кард:
-Мадина, зуд биё, ваќти ширхўрї шуд.
Мадина илтиљо кард:
-Камтари дигар бозї кунем, очаљон.
Вале њукми модар ќатъї буд:
-Бозї тамом. Бас кунед.
-Уф… очаљон, боз камтараки дигар… Шањло њам духтур шавад.
Модари Мадина бо ѓазаб ба сари кўдакњо меояд.
-Тез биё. Ба њамаатон љавоб, Зочаатро гиру ба хона даро!
Шањло, ки дер боз ин лањзаро интизор буд, илтимос кард:
-Њозир навбати ман…
Вале модари Мадина зочаро аз дасти Шањло кашида гирифт.
-Ба ман те !!!
Шањло зорї кард:
-Ман як боракак ба вай шир дињам...
Модари Мадина аз ин млтиљоњо даѓалтар шуд:
-Дадаи худат луфтак биёрад, чи ќадаре ки хоњї, шир додан гир, «очача».
Ќањри Шањло омад ва кўдак худро худаш тасалло дод:
- Ба дадам мегўям, ки њамин хел луфтакча биёранд. Ана баъд мо њамакаса бозї мекунем.
Модари Мадина бо зањрханда сухани ўро бурид:
-Э, ту дада-пада надорї.
-Дорам!!!
-Дадаат ким-кайњо шуморо партофта рафт.
-Не, дадаам моро напартофтааст, не… уњу-у…
-Э, хайр, шуд, дададор. Агар дадаат бошад, гўй, якта «Барбї» харида дињад.
Аз љониби њавлиашон Шифо омад. Суханњои њамсоязанро шунида, ќањраш омад. Вале аз рўи эњтироми тољикї бо зани калонсол сарбасар намешавад. Танњо илтиљоомез хоњиш кард:
-Ин гапњо чї лозим, хола? Охир ин кўдак…
Модари Мадина посух надода, аз дасти духтараш гирифт.
-Рафтем, бо ин касофатњо гап њайф.
Шањло бо дидани апааш, баландтар гириста, арз кунад:
-Вай гуфт, ки дадаи ту нест, шумоя партофта рафтагї… Мо дада дорем?
-Албатта, дорем. Шањлољон. Зиќ нашав. Дадаам Россия рафтагї. Ман имрўз телефон мекунам, барои лўхтак пул равон мекунанд.
-Дадам моро напартофтаст?
-Содда, ба њар гап бовар накун.
-«Барби» биёранд, баъд бовар мекунам.
Аммо дилаш ганда шуда чењрааш гирифт, аз сухани њамсоя ва бештар аз ваъдаи худ дилаш тањ кашид. Бинобар ин, барои аз ваљоњаташ пай набурдани Шањло, хоњарашро бардошта ба њавлиашон равон шуд. Дар дилаш наќшаи аниќ пайдо шуд.
*****
Бинои бекормондаи фермаи дења. Салим бо њасрат аз пеши вай мегузарад.
-Дигар ягон бўи умед нест. Ферма ба ин наздикињо обод намешавад.
Салим ба њавлии худ баргашт.
*****
Њавлии Салим. Барои сафари навбатии Салим ба мардикорї ба Россия тайёрї мебинанд. Шодигул кулчањои аз тунўр канда хунуккардаашро ба дастурхонча мепечонад. Шифои нўњ-дањсола оби дидаашро дошта натавониста гирди падар парвона гаштааст.
-Кай бармегардед, дадаљон?
-Ба зудї, духтарам, тез бармегардам. Ягон ним сол, дераш як моњ.
Шодигул шиму куртаи шавњарашро дарзмол карда овард.
-Боз чї монд?
-Ташвиш накаш. Дар он љо њама чиз њаст.
-Ба назар гиред, ки ман тез-тез нотоб мешавам, бародаратон њам бемор…
-Мефањмам. Дафъаи аввал мушкил буд. Љойи хоб надоштем, кори аниќ надоштем. Њозир шукр, худам бригадир. Њама чиз њаст, Ана боз њафт нафар коргар мебарам. Фаќат саломатї бошаду сара хам карда кор кунем. Дар як сол љавоби кори сесолаи пешинаро медињад.
-Кошки…
Абдувањњоб омад. Ў љавонмарди таќрибан сисолаи шўху бебокест. Аз остонаи дарвоза фарёд кард.
-Акаи Салимбой, Бргад-ака! О, бароед тезтар, арўсаки ман дар Россия аз интизорї дилкасал шуд!
-Биё, Абдувањњоб. Њозир меравем.
-И-е, мебахшед, Янга. Шуморо янгаи россиягиам гнгумон кардам. Ќариб ба русї гап мезадам.
-Ош шавад. Фаќат коратона буд карда, соќу саломат ба сари фарзандњоятон баргардед, мешавад.
-Э, албатта, Салим-аком одами зўр: њам ун тарафа таъмин мекунанд, њам ин тарафа.
Салим бо оњанги танбењомез, вале бо њазл гуфт:
-Њамин хел сипоњї бикун, нагўй, ки дар Россия се зан дорї- якумаш бел, дуюмаш бетон, сеюмаш рангубори хона: шабу рўз аз ин се зан људої надорї, дар хоб њам онњоро мебинї.
-Шўхї кардем, Салим-ака. Мошин тайёр. Дер намонем?
-Меравем. Дигарњо рост ба айрапорт мераванд.
-Хеле хуб. Сари роњ дар бемористон бо акоям хайрухуш менкунем.
Зимни оњанги дилрешкунанда ба мошини «Жигулї» нишастанд.
Шифои нўњсолаю шарифи њафтсола то дер дар кўчањои танги дења аз ќафои мошин рафтанд. Пас азон, ки мошин аз назарњо пинњон шуд, њарду истоданд. Вазъи ноќулай ба амал омад. Шифо беихтиёр гириста њиќ-њиќ кард.
Додарчааш њайрон шуд:
-Чида гиря мекунї? Дадам мошинча мебиёранд…
Шифо баландтар гирист.
-У-ууу…
*****
Дар назди бемористон сардухтур ба онњо дуо дод:
-Якта додар дорам, Салимљон. Ўро ба ту месупораму туро ба худо. Ту калонї, аз саломатияш бохабар шав, намон, ки берањагардї кунад.
-Хуб, бародар.
Сардухтур Рањматулло дасти дуо ба рўй кашид:
-Солим раву ѓоним биё.
Овозаш дар гулўяш дармонд. Ваќте ки даст аз рўй гирифт, як ќатра ашки ѓалтони мардро мебинем.
Њама омин гуфтанд. Бародарон њамдигарро оѓўш кашиданд.
Мошин ба роњ баромад.
Касе гумон надошт, ки ин охирин дидор буд, видоъ буд.
*****
Россия. Љангали беохири Старая Руза -яке аз навоњии вилояти Москва. Як гўшаи љангали зебо. Дар як тараф рўди на чандон калони обаш ором. Растаи боѓчасаройњо дар соњили он љой гирифтааст. Бинои баъзеашон кайњо буд шудааст, сохтмони баъзе ьиноњо нав оѓоз шудааст.
Биное, ки бригадаи Салим дар он кор мекунад, аз нисф гузаштааст. Мувофиќи одат ин сањар хўљаини он Аркадий Бонишевский омад. Савори «Мерседес»-и сурх, њамроњи духтараш Роза омад. Дасти коргаронро як-як фишурда вохўрдї кард. Сифати корро дида ќаноатманд шуд.
-Молодцы. Хорошо поработали. Так продолжайте. Премиальное за мной. (Офарин. Коратон хуб. Њамин хел давом додан гиред. Мукофотпулї мешавад).
-Вот за это спасибо. (Ташаккур.)
-Что не хватает? Кормят хорошо? (Чї намерасад? Хўроки хуб медињанд?)
-Не жалуемся. (Шикоят надорем.)
-У вас будет прибавление: моя дочь Роза, тоже инженер. Это дача предназначена для неё. Поэтому на следующем этапе работы надо учитывать её вкус. Она хочет, чтобы была настоящая европейская дача. Как говорят русские, «Любите и жалуйте».
(Шумораи коргарони шумо боз як нафар зиёд шуд: духтари ман Роза њам муњандис аст. Ин бўстонсарой барои ўст. Бинобар ин, бояд завќи ўро ба назар гиред. Ў мехоњад, ки як бўстонсаройи њаќиќии аврупої шавад. Барои њамин, чи хеле ки русњо мегўянд, дўст доред ва шафќат кунед. )
Абдувањњоб њазл кард:
-Очень красивая для инженера! Муж есть? (Инженер њам чунин хушрўй мешудааст! Шавхар дорад?)
-Она очень серёзная. Она готовится стать принцессой науки. Скоро, в 36 лет, защитит докторскую степень. (Вай бисёр духтари љиддист. Арўси илм шуданї.
Ба наздикї дар 34-солагї рисолаи доктори илми биологияро дифоъ мекунад.)
Шутим, шэф. (Њазл кардем, хўљаин.)–узр хост Абдувањхоб.
-Кстати, Салим, за её здоровье будешь головой отвечать. (Воќеан, барои саломатии духтарам туро масъул таъин мекунам.)
-Есть. (Итоат.)
-Все материалы будут в срок. Постарайтесь закончить внешних работ до октябрьских ливней. (Мањсулот дар ваќташ меояд. Кўшед, ки селборони тирамоњї корњои беруниро тамом кунед.)
-Хорошо. Ребята хотят родным посылать деньги. (Хуб. Вале бачањо мехоханд ба хонањояшон камтарак пул фиристанд.)
-По пятьсот баксов раздам на следующей неделе. А 50 процентов договора будете получать в конце сентября, когда внешнии работы будут закончены. . (Њафтаи дигар панљсад баксї медихам. Папнљох фоизи маблаѓи созхишномаро охири сентябр мегиред, ваќте ки корхои берунаро тамом мекунед. )
-Хорошо. Спасибо. (Хуб. Ташаккур.)
Сўњбаткунон ба назди мошинњо рафтанд. Хўљаин аз духтараш пурсид:
-Лапочка, какую тебе тачку оставить? (Азизам, кадом аробаро мегирї?)
-Красную, папочка. (Сурхаша, дада.)
-Пусть будет по твоему. Только не езжай одна. (Майлаш. Фаќат танњо нарав.)
-Хорошо, папочка. (Хуб, дада.)
-Она присмотрит за строительством, но и много работает над научной работой. Будет жить на этом домике. (Вай ба рафти сохтмон назорат мекунад ва кори илмї мебарад. Духтарам дар ин хонача зиндагї мекунад.)
-Хорошо.
Ў ба хоначаи кўчаки назди дарвоза ишора кард. Худи коргарон дар саройи дигар мезистанд, ки дар тарафи муќобил љойгир аст.
-Ну, будь другом, присмотри за ней. (Аз рўи љўрагї, нигоњубинаш бикун.)
-Хорошо. Аркадий Иванович. Не беспокойтесь. ()Хуб, Аркадий Иванович. Хавотир нашавед.
Хўљаин рафт.
Роза мошинро ронда, ба ќафои бўстонсаройи нотамом бурд. Пас аз чанде дар нимарох манъ карда гуфт:
-Салим, биё дар фаровардани компютер ёрї расон.
-Бо љону дил.
Аз ќафои мошин рафт.
*****
Коргарон як ќисми долонро пардоз медињанд. Абдувањњоб омадани Салимро дида, њазл кард:
-Ањволи Янга чї хел?
-Кори илма сар кард. Дусадта китоб фаровардем.
-Чашмони њардуятон барќ мезанад.
-Китобњоро дида, дилам рўшан шуд.
-Э, не, дилаки ту аз чизи дигар рушан шуд: пешобаѓали дамида ччун субњеро дидиву дилат шуввї кард. Достни ишќи лайливу маљнун, не, салиму Роза оѓоз шуд.
-Э, мон-е. Њамин хел кампирак якта дар ќишлоќамон ба рањам интизор.
-Не, ин кори љиддї. Дили келина ёфтї, шеф њам ба мо мењрубонтар мешавад.
-Шеф марди хуб аст, њоло ягон бор моро хафа накардааст. Ин шуўхињои туро шунавад, хафа мешавад.
-Ба гумонам, баръакс, риштаи хешутаборї мустахкамтар мешавад.
-Кифоя, танбалхўчањо. Кор мурд.
-Агар аз ўњдааш набарої, ба ин тараф парто.
-Абдувањњоб, гап тамом. Агар ягон бор гирди Роза тоб хўрданата бинам, аз ман хафа нашав.
-Шуд, акаи биргад. Фањмо. Ошат шавад. Мо пас гаштем.
-То њафтаи дигар ба њамаамон панљсад долларї медињанд.
-Урра-а-а-а !!!
Кор суръати бештар гирифт.
*****
Субњи барваќт. Яке аз утоќњои ошёнаи дуюм, ки асосан буд шудааст, вале њоло ранг накардаанд. Он љо коргарон зиндагї менкунанд. Њама озода, батартиб.
Охири нонуштаи мардикорон. Чой, шакар, хлеб, равѓани зард.
-Оминист, чайковать кардем, як дуо те.
Љавони хомўше, ки як ќабза ри шчаи сиёњ дошт, дуо дод.
-Бисмиллоњи рахмону рањим…
Ин ваќт духтари шэф омада њайрон ба онхо нигарист.
-Субњатон бахайр.
-Салом, Роза Аркадьевна.
-Ин ќадар барваќт хестед?
-Ин тартиби њаррўзаи кори мо. Бензин пур кардем, акнун газа зер мекунем.
-Инро шумо нањор меномед?
-Хайр, чї?
-Номат Абдувањњоб буд-а?
-Бале, баришня.
-Ба њучраи ман даро, рўи миз якта њасиб њаст, дар яхдон гўшти бирён. Њардуяшро биёр.
-Ташаккур, вале нањорамон ќимати бад мешавад, бо шэф њисобї карда наметавонем.
-Ин аз њисоби ман.
Мулло ба гап даромад.
-Мо гўшти хук намехурем.
-Ња, мефањмам. Вале вай гўшти гов аст.
-Ташаккур.
Абдувањњоб шодон баромад.
Роза ба Салим гуфт:
-Ман камтар машќ карданї. Сањар гургу хирсњо дар атрофи дачањо давр мезананд…
-Ман шуморо хамроњї мекунам… Хайр, омини худам… Оллоњ Акбар.
Салим саросемавор хест.
Њарду баромаданд.
Пас аз лањзае абюдувањњоб даромад. Дар дасти ў њасиби махсуси хеле калонро дида, њама изњори шодї карданд.
-Ќандаша занад Розахон.
-Мисли киноактрисањои њинду зебо аст. Ба Ркња монанд.
-Не, ба Говинда.
Абдувахњоб ба тиреза ишора кард.
-Вале бачањо ягон актрисаи њинду ба вай баробар намешавад. Як бор аз тиреза ба берун нигаред.
Њама ба тарафи тиреза рафтанд.
Аз ин љо манзараи поён басо зебо менамояд.
*****
Тољикистон.
Шифо њамроњи модараш Шодигул дар сањни мактаб аз миёни хонандагон гузашта, дар паси дари ќабулгоњи директори мактаб ќарор гирифтанд. Пас аз фурсате сўњбати барои њарду љониб ногувор оѓоз шуд.
- Муаллим, омадам, ки Шифоро аз мактаб гирам, гуфт модари Шифо бо чашмони мањзун.
Муаллим дар њайрат монд:
-Нафањмидам, шумо зидди тањсили Шифо њастед? Шумо? Одами бафањм…
Модар:
- Илољи дигар нест. Шифо бояд кор кунад, хонаро нигоњубин кунад.
Муаллим бо изњори ташвиш:
- Охир Шифо яке аз бењтарин шогирдони мактаб аст. Ду соли дигар ана- мана нагуфта мебинед, ки гузашт. Ў бояд хонад. Шумо ояндаи духаратонро андеша кунед.
- Хуб андеша кардам, баъд омадам, муаллим. Илољи дигар надорам. Падараш панљ сол шуд, ки пул меорам гуфта, ба мардикорї рафт. Дар панљ сол на як тин равон кард, на аз худ хабаре дод. Намедонам… Шањодатномаи синфи нўњумаша дињед, муаллим. Барои ба кор даромадан лозим будааст.
Муаллим аввал сукут кард, сипас аз Шифо пурсид:
-Шифо ту чї мегўї?
Шифо нигоњашро аз муаллим гурезонд ва сари худро поин кард.
Мудири мактаб њам вазъиятро медонад. Дилаш нахоњад њам илоље надорад.
*****
Субњ. Модару духтар ќадам мезананд. То фермаи бемол расиданд. Дар чењраи Шифо ќатъият њувайдост, вале ором аст. Модар афсўс хўрд:
-Сад бор розиям, вале боз дилама гургњо тала мекунанд.
Шифо ўро тасалло дод:
-Зиќ нашавед, мана гургњо намехўранд.
-Эњ, бачем… Гургњо як тараф, гургњои дупо як тараф.
-Худатон маслињат додед: бемористони шањрак љойи тозаву озода аст, аксар занњо кор мекунанд. Сардухтур одами шинос, намакхўрдаи падарам. Ба хонаамон рафтуомад доштанд.
Дили модар аранге рўшан шуд.
-Дилам ба умеди њамон кас. Вале панљ сол гузашт. Зиндагї бисёр одамњоро дигар кардааст. Боз кї медонад?
Тангем омада истод. Нафаре фаромад. Шифо ба он нишаст.
*****
Навиштаљоти паси дар гувоњї медињад: «Сардухтур Ањмад Љалол». Дилшод дари онро кушода ворид мешавад. Дар кабинет сардухтури љиддї ва Шифои сархам нишастаро мебинад.
Сардухтур суханашро такрор кард:
-Дар ин љо бо маълумоти махсуси тиббї кор мекунанд. Аќаллан омўзишгоњро хатм кардан даркор.
Дилшод узр пурсид:
-Бубахшед барои бе таќ-таќ даромаданам, ман баъдтар медароям.
Дарро аз берун пўшид.
Сардухтур хулоса кард:
-Ман боз фикр мекунам, ягон кори муносиб пайдо шуд, даъват мекунам.
Шифо баромад. Чашмонаш сурху гиряолуд аст. Чизеро намебинад, калавида- калавида роњ мегардад. Дунё ба назараш тор намуд. Аз он ки пешгўии одараш дар њаќи сардухтур рост баромад сахт дар њайрат шуд. «Аљаб соддаам, ки ба афсонањо бовар мекунам! Дўсти падарам, «намакхўрдаи хонадон» аќаллан дуруст салом накард. На аз падарам пурсиду на аз модарам… »
Аз љониби дигари долон дар даст асбоби тиббї Дилшод омад. Ба њоли ѓариби Шифо нигариста мутаваљљењ мешавад.
-Ба шумо чї шуд?
- Уфф…
- Ба бемор монанд нестед…
-Эњ… - Шифо даст афшонд.
Дилшод бо оњанги фолбинзанон нимшўхиву нимљиддї њарф зад:
-Шумо барои кор ёфтан омадед, вале ба шумо гуфтанд, ки «кор нест, барои мо диплом даркор. Аввал рафта дар донишкада шаш сол хонед». Њамин тавр?
-Њамин тавр, -њайрон шуд аз таъбири фолбини хилъати сафедпўш.
-Инсоф намондааст.
-Рост…
-Ку, инља биё.
-Шумо њам духтур њастед?
-Њам духтур ва њам… хўљаин. Ними бемористон дар дасти ман.
-Ња…
-Њайрон нашав. Дилгир нашав. Сарсон нашав. Дар зиндагї «њама сар-дорњо бе дил» нестанд. Ин вазифачадорњо њатто панди оддии Рўдакиро фаромўш карданд: «Мардї набувад фитодаро пой задан, - Гар дасти фитодае бигирї, мардї». Ин бўњрони молиявї њамаро даѓалу сангдил кардааст.
-Рост… - аз чї бошад, Шифо худро бештар хору залил эњсос намуда, ашк аз дидањо ба мижгонаш давид.
-Ку, биё. Маро «дўсти халќ» меноманд.
Дилшод ба њуљра даромад. Шифо дар суханронии духтури хушсурат як оњанги гуворо, як ќаринї, гармии ба дил наздикро эњсос намуд ва бе ихтиёр аз паси ў рафт.
Ин лањза дар канори дигари долон Резагул, њамшираи љавони хушсурат пайдо шуда, ин њолро дид ва зуд паси он дар омад. Аммо дастаи дарро дошту таваќќуф намуд, љуръати даромадан накард. «Шояд ягон бемор аст, - аз дил гузаронд ў. Бало аст Дилшод, њамин хел беморони гўлу гаранги хушсурат аз куљо ба чанги вай мезананд…»
-Резагул, куљої, биё, касала ба њуљраи љарроњї барем.
Овози Њанифа аз палатае баланд шуда, хаёлоти тазъиќоварашро бурид:
Резагул бо шаст аз дари кабинети Дилшод ќафотар рафту пастакак гуфт:
- Ана, омадам.
Пас аз лањзае њамроњи Њанифа беморро дар кати равон ба долони дароз бароваранд. Вале њушу ёди Резагул ба сўи утоќи Дилшод буд. Дар давоми роњашон то утоќи љарроњї аз пеши кабинети дилшод мегузаштанд. То чанде ба ин даро балоангез наздик мерасиданд, дили резагул сахттар задан мегирифт. «Бо ягон бањона албатта, як бор дарро кушода мебинам», - дар дил наќша кашид ў. Вале ба ин њољат намонд: чун ба пушти он расиданд, аз њуљра Дилшод ва Шифои дар лаб табассум баромаданд. Дилшод аз китфи Шифо сабук дошта, мењрубонона њарф мезад. Нафаскашии Резагул сахт шуд. Ба Дилшод шунавондаву ба Њанифа нигариста гуфт:
-О, балое… Дер кардем...
Дилшод ба ў посух надод. Гўё касеро намедид. Њанифа њайрон эътироз кард:
-Не, њамааш мувофиќи реља аст.
*****
Манзараи дења аз болои дара басо зебост.
Модари Шифо Шодигул бо додари шавњараш Њаннон сўњбат дорад:
- Шарифљон, дигар аз акаат ягон хабар нафањмидї?
- Фањмидам. Ду рўз пеш бачаи бобои Валира дидам дар шањр. Дидасташ.
- Дар куљо дидаст?
-Дар Москва.
-Нагуфтаст, ки меояд - намеояд?
-Не, њељ чиз нагуфтаст.
-Як касе ёфт мешуд, ки рафта насињаташ мекард.
-Ў бо насињат намешавад. То дар сараш назанад, намефањмад.
-Э, Худое, меомаду хонаву дарша соњиб мешуд… Ду рўз пас навбати пода.
-Писарама равон мекунам, мегузаронанд.
-Худо баракати фарзандота бинї, акаи Њаннон.
-Хайр, ман рафтам.
Аз љой хеста сўйи дарвоза меравад.
Шодигул даст пеши бар гирифта, ўро гусел кард.
*****
Россия.
Љангали сабзу хуррам. Роза дар тан либоси нимурёни варзиши рўи сабзаи то зону баланд медавад, љуссаи пуррабадани сап-сафеди ў дар зимни оби дарёчаи орому љангали сабз басо аљиб менамояд. Баробари ў Салим њам медавад. Дар дасти ў як пакети калони пур.
Розаи хушбахт ба тарафи дарахтони бузурги пири пурасрор нигариста салом медињад.
-Салом, санљобак! Ѓамњои маро бо худ бигир!
-Салом, булути бузург! Ѓамњои маро бо худ бигир!
-Салом, харгўшак! Ѓамњои маро бо худ бигир!
-Салом, хирси каљпо! Ѓамњои маро бо худ бигир!
-Салом, обаки сарди ширин! Ѓамњои маро бишўй.
Бо ин суханњо Роза худро ба оби рўд партофт. Дар зери оби сабзгун њам љуссаи сафеди зебои Роза намудор аст. Ў хеле хуб шино мекунад. Мўйњои кўтохи љингилаи ба худ зебандааш дар об љило медихад. Ваќте ки ў ба соњил баромад, Салим саљоќи калонро ба китфи ў партофт.
-Марњамат. Роза Аркадьевна.
-Ташаккур. Њамту Роза гуфтан гир.
-Хунук хўрдед?
-Не. Ин одати њаррўзаи ман. Сарам наѓз кор мекунад, корам пеш мераад.
-Ња…
-Саша, рўятро гардон.
-Хуб.
Роза либоси нимурёнашро бадар карда, хилъати љопонии тангро пўшид. Дар назар боз њам зеботар намуд.
*****
Тољикистон.
Осори камбизоатї ва набудани дасти мард дар њавлии калон маълум аст. Мудири мактаб бо Шодигул - модари Шифо сўњбат дорад:
-Агар Шифо донишу фаросати хуб намедошт, гапи дигар буд, вай бояд тањсилро идома медод.
Модари Шифо аз сўњбат гўё дард кашида об мешуд, узромез гуфт:
-Муаллим, шумо аз холи мо хуб хабар доред. Мегўянд, ки падараш дар Россия зан гирифтааст. Аз ёрии њељ кас умед надорем. Худам ним сол боз бемор…
-Аз синфи дањум мактабро тарк кардани духтаратон он ќадар мушкили шуморо осон намекунад. Камтари дигар тоќат кунед, њамааш хуб мешавад, зиндагиатон бењтар мешавад.
- Бовар кунед, муаллим, ман ўро маљбур накардаам. Шифо духтари баор аст. Худаш хост. Ин пагоњї худаш корковї рафт.
Муаллим даст ба кисаи пеши пидљакаш бурда, шањодатномаи Шифоро берун оварда ба модараш дод:
-Мардњои калон кор намеёбанд, бечора духтарак чї кор њам меёбад? Хайр, вазифаи мо фањмондан. Њарчанд, ки ман ба ин ќарори шумо розї нестам, ба њар сурат шањодатномаашро овардам. Ба Шифо гўед, ки агар кори табъи дил наёбад, бигзор ба мактаб биёяд. Дар мактаб ягон кор ёфта медињам, ки њам хонаду њам маоше кор кунад. Њарчанд маоши мактаб кам аст, ягон илољ кардан ммкин.
-Ташаккур, муаллим.
Муаллим љониби дарвоза рафт. Шифо омад. Салом дод.
-Ман њама гапро ба модарат гуфтам, духтарам, -њисобот дод муаллим ва барои такрор накардани суханњо дар ин мавзўи на чандон хуш амр намуд: - Боз як бор маслињат кунед.
-Хуб, муаллим.
Муаллим аз дарвоза берун шуд.
-Ба гапи муаллим чї мегўї? Дар мактаб кор ёфт мешудааст.
-Не, оча. Ман аз њамсинфонам шарм медорам.
-Дар беморхона чи гуфтанд.
-Кори наѓз ёфтам.
-Чи кор будааст?
-Полшўяк.
-Оњ…
Модар дилашро дошт.
*****
Рафтуомади беморон ва њамширањо дар долони дароз. Резагул дар даст коѓаз сўи кабинети Дилшод омад. Табъаш хира аст.
-Таърихи бемории Сирољзодаро овардам.
-Хуб.
Дилшод хушку бе эњсос вараќаро аз дасти Резагул гирифта, аз назар гузаронд. Аз ин бетаваљљўњї Резагул ба танг омад, надонист чї гўяд, хост ашк резад, арз кунад, ки дилаш реза-реза шуда зери пойњои Дилшод афтодааст, вале ин ѓамношиноси беањд онро бо туфлињои баландпошнааш маљаќ мекунад. Вале… ањсан ба дили зан: аз куљое неруи аљибе чун насим пайдо шуду ба ёриаш омад, манањи ўро андак бардошт, ва маљбур кард, ки бепарво пурсад:
-Бемориаш вазнин аст?
Худаш аз ин оњанг ба дањшат афтод. Тарсид, ки дили Дилшод наранљад. Вале ў парвое аз бўњрони дили зан надошт ва њамоно бидуни эњсос њисобот дод:
-Дилаш бемор будааст… Кораш чатоќ…
-Шумо ѓами дили њамаро мехўред…
-Афсўс, ки аз дасти мо чизе намеояд. Ба Душанбе бурдан зарур.
-Аммо як бор дили маро намепурсед…
-Ба ту чї шуд, Гулї?
-Дили маро дар њамин љо табобат кардан мумкин. Шумо метавонед.
-Худо нишон надињад, боз чї гап?
-Дили маро шумо боз шикастед…
-Бе муаммо гап зан.
-Шумо зан доштаед?
-Уф… Магар ба ту нагуфта будам?
-Гумонам шўхї мекунед.
-Гулиљон, албатта, ман њам гунањгорам. Вале ин магар як муњаббати аљиби осмонии њардуи мо набуд?
-Ња, ман мехостам ин муњаббатро. Вале дилам…
-Фањмидам: ту, Гулиљон, духтари хушрўй њастї. Вале њамаи духтарњои зебо як камбудї доранд: зуд-зуд аз њама хафа мешаванд. Зеро гумон доранд, ки тамоми мардони љањон аз онњо ќарздоранд.
-Не…
-Ќасам хўр, ки рост намегўям?
-Њамаашон не… Аз њафтуним миллиард одами сайёра фаќат як нафар…
-Чї фарќ дорад? Маќсад њамон. Ту хостї, ман хостам, њарду шудем дўст. Аз дўст тамаъ кардан дуруст нест, ин хоси ишќу ошиќон њам нест.
-Дилшиноси хуб њастї. Вале мани нодон бо ин дили девонаам чї кунам?
-Ба дилакат гўй: «Сабр бикун, љонакам, ягон илољ ёфт мешавад. Фаќат марг илољ надорад». Ман расман завља дорам, вале рўњан бо туям.
Дилшод барои тасдиќи суханаш даст ба китфи зан гузошт. Баъд он гардани ошноро мањин ангушт зада андак љониби худ хам кард ва аз лабони нозуки њассоси гарму нарми зан чанде лола чид. Резагул ба таќдир тан дод, бо ноз табасум кард ва ба мавзўи асосї гузашт.
-Вале шумо он ќадар мењрубон њастед, ки… ман рашк мекунам.
-Ба кї?
-Ба њамсаратон, ба Њанифа, ба ана ин духтараки нав, ба њамаашон!
Дилшод аз курсї бархест ва дар пањлўи Резагул мешинад:
-Оњњо… Ин симптомњои бемории вазнин. Инро табобат кардан даркор. Набошад ба ишемия мебарад. Он тараф то инфаркт як ќадам.
Резагул худро тамоман гўл нишон дода бо киноя пурсид:
-Давояш чист?
-Њарорати муњаббати сўзанда ва созанда.
-Нафањмидам.
-Сад бўсаи гарми ошиќона.
Ва лаб ба лаби зебои зан бурд.
*****
Россия. Рафтору гуфтори њамватани худро коршарикон аз равзанаи ошёнаи боло тамошо карданд.
-Ин Салимаш бало будааст…
-Одами хондагї дигар.
-Кошки ман њам дар ваќташ урусиро ёд мегирифтам.
-Ќапид…
-Не, њоло не.
Мулло онњоро ба худ овард:
- Ваќт рафт. Кор имрўз мурд…
-Кинои бепула тамошо кунем.
-Воњима мекунед, нодидањо. –эрод гирифт мулло. Охир, њамту сўњбат доранд.
-Не, «њамту» не. Ана бин…
-Кино тамом.
-Ба худо, ки ба як дидани аввал байни онњо ишќ пайдо шуд.
-Оќибаташ бахайр шавад,- гуфт мулло. Ў њам ба ошиќон нигариста истењзоомез чашм пўшид. Њамаатон рафта тањорататонро нав кунед.
-То охир тамошо кунем.
-Љое ки зан пайдо шуд, шайтон зарурат надорад.
Абдувањњоб эътироз кард:
-Оќибаташ хуб аст: Янга-мулло њар рўз моро бо њасиб зиёфат медиханд, дигар Салимбой дасташа ба оби хунук намезанад, биргадири њаќиќї мешавад, ба ќатори ашрофзодањо дохил мешавад.
-Насиб гўй…
-Эњ, афсўс, чаро худо маро бригадир накард-а?
Њама хандиданд.
Мулло андешаашро дигар накард:
-Агар марди думўй, яъне дар ришаш сафедї пайдошуда, ошиќ шавад, њамаро фаромўш мекунад.
Њама ба кор часпиданд.
*****
Роза ва Салим ба њавлии дача баргаштанд.
-Саша, ту маълумоти олї доштаї, забони русиро хуб медонистаї. Бригадир шарт нест, ки дар сохтмон иштирок кунад. Кора назорат мекунї, ба њисоб мегирї, кифоя. Ба ман якта ёрдамчї даркор. Аз китобњои зиёд њар чї, ки ба мавзўи ман дахл дорад, људо кардан лозим. То нисфи рўз њамроњи ман кор мекунї, баъди он ихтиёрат. Метавонї пеши коргарњо равї, метавонї истироњат бикунї. Аз соати чор то шаш љангалро зиёрат мекунем. Он њаќи иловагї, ки падарам барои кори сохтмон ба ту медод, ман љуброн мекунам. Розї њастї?
-Ин барои ман бахти бузург аст.
-Баъди ним соат ба утоќи ман даро. Њамроњ нањор мехўрем.
-Бо љону дил.
Маслињат пухт.
*****
Салим шармгинона бо коргарњо маслињат кард.
-Аз ин пас тайёр кардани мањлул кори Абдувањњоб,
-Ба чашм.
-Ман то нисфи рўз бо Роза кор мекунам, баъд њамроњи шумо.
-Олиљаноб,- гуфт Абдувањњоб.- Нампурсидї, ки ягон хоњарак надоштааст?
-Дорад, вале ту дер кардї: моњи гузашта зани як миллионери ашрофзодаи рус шудааст.
-Афсўс. Фаќат гўй, ки туро минбаъд «язна» гўем?
-«Бригадир». Тамом.
-Розаро чї? –«Шеф» гўем, ё «келин»?
-Масхарабозї бас. Кора суст кунед, охири њафта ба љои маош мушт мегиред.
-Ба чашм, Бригадир-язна…
Ханда.
Салим њис кард, ки то гўшњояш сурх шуд.
Баромад.
*****
Тољикистон. Баъди пешин, соати хоби беморон. Шифои шоду хурсанд фаршшўяку сатили об дар даст ба долон омад. Бо тантана ба шустани фарш шурўъ кард. Дари кабинети дилшод кушода шуда чанде боз истод. Ними тани зане намудор шуд, зоњиран ба соњиби њуљра охирин суханњояшро гуфт ва берун љаст. Шифо бо табассум ба ў нигарист. Вале Резагул бо ѓурури бемаъно ва нигоњи норозиёна, бо эњсоси ѓолибият аз назди Шифо гузашта рафт. Њанифа, ки аз палатаи наздик баромад, њардуро тамошо карда завќ бурд вале дар дил Резагулро мазаммат кард:
«Эњ, Резагул… њоло њам љавонї. Охир ту аз њарифи хаёлиат Шифо њамагї севуним сол фарќ дорї. Њама туро њанўз кўдак медонанд- кўдаки сернози эркаи ширини-дўст.
*****
Чароѓи њуљраи љарроњї.
Дилшод хастањолона маскаашро аз рўй мегирад.
-Кори мо анљом ёфт, ба шўъбаи эњё гузаронед.
Њамшираи шафќат Резагул ќуттии ќайчиву кордњои љарроњиро гирифта ба долон баромад. Шифоро дида, фармуд.
-Зуд ба њуљраи љарроњї даро.
-Хуб, апаљон…
Шифо њайрон шуда бошад њам, ризо шуд. Ин вазифаи ў набуд.
Њанифа ва ду марди хилъати сабзпўш беморро дар кати равон аз њуљраи љарроњї ба шўъбаи эњёгарї бурданд. Шифо онњоро бо нигоњ гусел карда, латтаи фарроширо тар кард ва ба њуљраи љарроњї даромад. Хунро дида, сараш чарх зад.
Резагул, ки аз таги маскаи сафед танњо чашмонаш метобанд, дубора омада чизи фаромўшкардаашро гирифт. Шифоро дида, «оњ» кашид ва даѓалона дод зад:
-Њоло њам буд накардї?! Тез –тез шўй…
-Хуб.
-Аввал рўйи мизро тоза бикун. Њозир боз як духтара меоранд. Њамагї њабдањсола аст. Зоёндан даркор. Бесавод…
-Хуб…
-Эњтиёт шав, ки ту њам бо шиками дам рўи њамин миз хоб накунї.
-Худо нигоњ дорад.
-Гап назан, бе ниќоб гап задан мумкин не.
-Њм…
Резагул ѓур - ѓуркунон баромад.
Кињое ки дар ин љо кор намекунанд. Мо бо саломатии одамњо сари кор дорем! Эњ, ба шумо - бесаводњо гап фоида надорад.
Шифо ба зўр сар бардошта, ба рўи мизи љарроњї нигарист. Миз пур аз латапорањои хунолуд, лавозимоти хунолуди љароњї ва ѓайра. Ранги њама чиз ба назараш сурх намуд. Шифо њама сабру тоќаташро љамъ намуда, чашмонашро нимпўш кард ва докањои омехтаи хунро ба сатили партов андохт, лавозимоти кориро љамъ карда гирифт, бо латтаи тар рўи мизро тоза кардан гирифт. Вале нохост дилаш бењол шуда, сарашро дошт, бењуш шуда, ба замин афтод.
Њамшираи шафќат Њанифа даромад ва Шифои дар рўйи фарш хобидаро дида, дод занад:
-Вий! Ба Шифо чизе шудааст! Ёрї дињед... Кї ба ту гуфт, ки ба ин љой даро!
Чанд нафар њамширањои дигар меоянд. Њама њайрон.
-Чї шудааст?
- Бечора духтарак.
Дилшод, ки аз њуљраи шафат навакак даст шуста мебаромад, ўро дид.
-Ња, маълум. Роњ дињед.
Дилшод Шифоро озод бардошта, рўйи кати равон мегузорад.
- Ба палата баред!
Резагул ин њолатро дида аз дард ба худ печид. Њамширањо Шифоро мебаранд.
*****
Дилшод муоинаи Шифои мадњушро, ки дар кати беморї хобидааст, анљом дода ба њамшираи шафќат Њанифа мегўяд:
-Аз ањволаш хабардор шуда истед. Ягон коса хўроки гарм биёред.
Њанифа пурид:
- Мебахшед, духтур, ин духтар ягон хеши шумост, ё шиносатон?
- Не.
- Ба хешонаш хабар дињем?
- Лозим не. Як модари мушти пар дорад, аз дасташ чї меояд? Зањракаф мешавад. Дар асл њељ гап нест. Дили духтар - дили кафтар. Пас аз ним соат дуруст шуда мехезад.
-Хуб…
Њанифа баромад.
Шифо ба худ омада, дар болои сараш Дилшодро дид, шарм дошта, кампалро боло кашид, муйњои парешонашро љамъ кард ва бо чашмони њаросон ба духтур нигариста, бељуръатона мепурсад:
- Ба ман чї шудааст !
-Њељ гап не… Дилат андак бехуд шудаст.
Духтар нафаси чуќур кашида дубора илтиљоомез пурсид:
- Росташро гўед, ба ман чї шудааст? Ман ба њамааш тоб меорам.
Дилшод табассум кард:
- Бо чунин дили нозук дар шўъбаи љарроњї кор кардан мушкил…
Шифо њаросон сухани духтурро мебурад:
- Акнун маро аз кор меронед?
-Эњ Шифо,.. Њељ кас туро аз кор намеронад, осуда бош. Кўшиш кун, ки асабат ором бошад. Фикрњои бењуда накун.
-Аз ин пас кўшиш мекунам, ки дилам… баќувват шавад.
-Хуб, шифои комил мехоњам, Шифољон.
Дилшод рафт. Духтар бо чашмони шод Дилшодро гусел мекунад.
*****
Њанифа дар плитаи барќї хўрок гарм мекунад. Резагул аз дар ворид шуд. Чойнику пиёлаи дасташро дар рўи миз гузошта, бо њазл гуфт:
- Дар шикамат мор дорї, Њанифа? Навакак ош хўрдї- ку!
- Барои худам не, барои вай оимча гарм мекунам.
Резагул њайрати худро пинњон карда наметавонад:
- Барои кї, гуфтї?
- Барои Шифо!
Њайрати Резагул дучанд шуда кунљковона ба чашмони Њанифа менигарад:
- Девона шудї?
- Ман не, мудири шўъбаамон Дилшод девона шудааст. Маро ба вай хизматгор таъин кард. Шаб навбати ту. «Янга» меистї.
-Хестї, ки хобї.
Резагул бо кунљковии махсус пурсид:
-Миёни Дилшоду Шифо ягон гап њаст ба фикрам…
- Намедонам, чашмонаш ялаќќос мезанаду аз паси мудир канда намешавад! Доим «Акаљон-акаљон» гуфта мегардад.
-Њм.. Оќибати ин «акаљон»-гўињо чї мешавад, ман наѓз медонам…
*****
Мошини «Ёрии таъљилї» омада дар назди дарвоза меистад.
Шифо аз дари беморхона мебарояд, аз пасаш Дилшод. Ў дари мошинро кушода, Шифоро ба савор шудан даъват мекунад:
- Мошин то хонаатон мебарад. Модарат парешон шудагист. Њоло ту њамчун њамшираи шафќат меравї. Аввал ба ронанда роњи хонаи Абудловро нишон те. Мўйсафедро домодаш ба мошин савор мекунанд, баъд ба ту љавоб.
-Ташаккур...
Резагул ва Њанифа аз тирезаи палата ин манзараро тамошо мекунанд.
-О, бало-е…
-Мошин рафт, Дилшод ба «Опел»-и худ нишаст.
-Кори маълум. Бо ман њам њамин хел мекард...
-Эњтиёт шав, духтарак, - Њанифа аз ин ошкоргўии њамшираи шафќат њаросид. – Ту намедонї чињо мегўї, Резагул…
-Эњ, апаи Њанифа…
Об дар чашмони Резагул чарх зад.
-Эњња…
*****
Роњи дењаи кўњї. Мошини «Ёрии таъљилї» бо шитоб равон аст.
Шифо дар салони мошин хомўшона ба берун нигоњ мекунад. Ронанда :
- Духтарам, кори беморхона њамин хел мушкилињо дорад. Дер меравї, шаб мемонї, хоб намекунї…
Шифо хомўш аст.
Мошин ба даромадгоњи дења расид. Дар равшании чароѓи мошин модари Шифо намоён мешавад.
-Нигоњ доред, амакљон. Ин модари ман аст.
Мошин дар роњ гардиш дода меистад. Шифо зуд аз мошин фуромада, назди модараш меравад. Модар Шифоро ба канор гирифта мебўсад:
- Дер кардї, духтарам, дар хона гўё дар сари сўзан менинам.
- Ѓам нахўред, оча, роњбарамон одами хубу дилсўз аст. Вале аввал хонаи Абдулов меравем. Шумо њам шинед.
-Ин чи хел мешавад?
Ронанда бо њазл ризоият дод:
-Духтури калон, ки фармон дод, иљро кунед, хоњар.
Њарду ба мошин нишастанд.
*****
Россия.
Кор тафсид. Вале хуши Салим бештар ба соат банд шуд.
-Пешин мехўрем.
Ў интизори касе нашуда, ба тарафи душ тохт.
*****
Њуљраи Роза. Салим ба Роза «њисобот» медињад. Намуди зохирии ў тамомагн дигар шудааст. либосаш ба танаш мезебад, зиёии хаќиќї аст.
Дањ китоб дида баромада шуд. Роза аз кори ў розї аст. Бо мењр ўро бўсид.
-Офарин, фањмиши илмии ту аз ягон номзади илми биология кам нест.
-Кўшиш мекунам, ки туро шод кунам.
-Фардо субњ. барои доштани шапаракњо ба љангал меравем. Мехоњам, ки мустаќилона хондаатро дар амал собит кунї.
-Хуб. Шаби хуш.
Роза чизе љавоб надод. Сари компютер нишаст.
Салим интизори љавоби ў шуд. Вале посухе нагирифта, дудидла шуд. Вале оќибат гўё худро кашола карда аз њуљра баромад.
*****
Пода аз кўњ баргашт. Њаннон, марди 52-сола – амаки Шифо аст, ки мисли мўйсафеди 65-сола менамояд. Базўр пояшро кашола карда, аз ќафои пода мегардад. Агар таёќи дасташ набошад, шояд аз роњ монда афтад. Вале онро чун гурзи Рустам вонамуд мекунад.
Додари Шифо як гови пири фартутро ронда ба хонаашон овард.
Модар зуд аз пайи як коса љурѓот ва нони сиёњ шуд.
Шифо бо ќарохат гуфт.
-Боз нону љурѓот барои амаки Њаннон.Бо бањонаи як гов њар рўз шикамчаронї меояд.
-Ин хел нагў, амакат мешавад. Ба њар њол, ягона мард аст, ки аз авлоди падарат хабаргирї меояд.
-Бечора, гушна мемонад.
-Дар хонаи худаш намехўрад?
-Як зани серљанљол дорад. Камтар каттагї карда, ѓубори дилаша мебарорад.
-Аз дар медарояду њазор якум бор дар бораи вазнинии кори дахмарда гап мезанад…
-Духтарам, боз дар пешаш ягон чиз нагўї, дуои одами пир мегирад.
-Хуб шудааст, очаљон.
Њаннон омад. Аз дур гап сар кард.
-Њаќ дўст ё оллоњ. Дањмарда омад. Дањмарда кори дањ марда мекунад. Аз санг ба санг парида, хазону бањор нагуфта, гармою сармо нагуфта, саросон гашта моли љамъията нигоњубин мекунад.
-Ако, љурѓот гиред.
-Ана ин гапи дигар, келин. Ба ќадри дахмарда мерасед. Худо хайратона ќабул кунад. Якатон сад шавад.
Нон дар як лањза шикаста шуда ба косаи љурѓот даромад ва ба ришу мўйлаби Њаннон дармонда-дармонда ба љиѓилдонаш фурў рафт. Сулфа кард.
-Оњиста хўред, дарнамонад, -бо киноя гуфт Шифо.
-Њељ гап не. Мо батоќат.
-Дар бораи дањмарда боз чї њикмат аст?
-Дањмарда… дањмарда аст. Молбон гуфтанї гап. Дигар ягон њикмат надорад.
-Шумо чандсола њастед, амак?
-Бањори дигар панљову дуро пур мекунам. Аз дадаи ту шаш сол калон.
-Дар назар шаст-њафтодсола менамоед.
-Корам вазнин. Касе кори сахт мекунад, тез пир мешавад. Хайр, ман рафтам. Намозам ќазо нашавад. Мо кам кардем, худо зиёд кунад. Омин.
Њаннон рафт.
Шањло бо њайрат пурсид:
-Оча, њамин амаки Њаннон ягон кори моро намекунад, вале барои чї љурѓоти моро мехўрад?
-Эњ, бачем...
*****
Шом. Љангали зебои пурасрор. Њазорон љонвари љангал баробар наѓмасарої мекунанд. Дар даст тўрњои махсус шабпарак љамъ мекунанд.
Ноаён аз хам људо мешаванд. Салим хавотир шуд.
-Роза! Мо рахгум назадем?
Хомўшї.
Роза! Розаљон…
Хомўшї.
*****
Салим ба ќафо -ба љойи навакак ќадам мондаашон баргагшт. Шохеро бардошту Розаро дид, ки омодаи суратгирї аст. Роза фурсат ёфта ишораи хомўш истоданро кард.
-Шин.
Дар бари ў нишаст.
-Бин.
Рўяшро ба рўи Роза наздик бурда ба болои шохчањо нигарист. Гунљишке ба лорнааш, баргашта, ба дањони чўљањояш хўрока мегузорад. Роза чанд бор сурати онњоро гирифт.
-Аљаб зебо. Модаргунљишк ба нўли чўљањояш бо нўли худ дон медињад… ин ќахрамонии зан-модар аст. Бигузор гунљишк њам бошад.
-Чаро худат сохиби фарзанд шудан намехоњї.
-Сашаи ман серкор буд, фаќат баъди сисолагї фарзанддор шудан мехост. Баъд зани дигар гирифт. Ба дили худам њељ чиз наѓунљид. Ана, панљ сол боз бо кори илмї машѓулам. Њамин, ки њимоя кардам, ба шавњар мебароям.
-Наѓз. Домодтўра тайёр аст?
-Як вагон. Њоло ваќт нест…
*****
Рўзи дигар дар љангал боз онњо њамдигарро гум карданд.
Садои монанд ба наъраи хирс Салимро хавотир кард.
-Роза! Роза!
Роза њам андак тарсида буд. Ў њам фарёд зад:
-Саша!!!
Бо њам вохўрданд
-Хавотир шудаам.
-Ман аз ту хавотир шудаам. Нав фањмидам, ки ту барои ман бисёр азизї.
-Розаљон.
-Намехохам туро аз даст дињам.
Дастњо аз бозувон ба китфњо хазиданд. Љуссањо ба њам љафс шуданд. Лабњо ба хам расиданд. Пайкарањо ба хам омехтанд.
Мошини нави сабукрави хориљї омада дар сањни беморхона истод. Аз он Дилшод фаромада, зери хавозаи ангур бо беморе сўњбат намуда, дилбардорї кард, сипас вориди бино шуд.
Шифо бо сари хам фарши долони ќабати дуюмро мешўяд. Дилшод боло шуда, салом дод:
-Субњ ба хайр, Шифољон. Хаста набошї.
Шифо сар боло карда, зуд мўйњои ба рўяш афтодаро боло кард.
-Ташаккур, акаљон, салом.
Дилшод ба назди Шифо омада, як лањза таваќќуф карда:
-Саломатї чї хел?
-Ташаккур, акаљон, умуман, то дирўз аз саломатї шикоят надоштам. Дирўз чаро ин хел шуд, њељ намефањмам.
-Ба ту ягон кас гуфт, ки ба њуљраи љарроњї даро?
-Ња…
-Кї?
-Ммм… Ёдам нест…
Шифо фармонфарморо наѓз дар ёд дошт. Вале дилаш аз чизи нороњаткунандае гувоњї дода, онро пинњон кард.
-Чи хел ёдат нест?
-Баъди он бењушї њамаро фаромўш кардам… Чаро мепурсед?
-Барои он, ки ба њуљраи љарроњї даромадани ту мумкин нест. Он љо танњо касоне медароянд, ки рухсати махсус доранд, бо ќойидањои он шинос њастанд, дили неруманду таљрибаи зарурї доранд.
-Бовар кунед, намедонистам.
Дилшод таъкид намуд:
-Ба њар њол, панљ-шаш рўз худата эњтиёт бикун. Кора, ки тамом кардї, ба назди ман даро, натиљаи ташхиси лабораторї омадааст. Боз як бор фишоратро мебинем. Як маслињат њам дорам.
- Хуб, акаљон.
Дилшод сўйи кабинети худ рафт. Шифо хурсандона кори худро давом дод.
*****
Дилшод ба вараќањо чашм медавонад. Коѓазњоро паси њам дида ба як тараф мегузорад. Садои таќ-таќи дар баланд мешавад.
-Дароед.
Дар боз шуда Шифо ворид мешавад.
-Мумкин?
-Биё, Шифо, бишин.
Шифо дар пеши мизи кории Дилшод дар курсї мешинад ва хомўшона бо нигоњи суол ба Дилшод менигарад.
-Хуб, ба ту кори дигар месупорам. Осон, тозаву озода. Маошаш хубтар.
-Чї кор?
-Ба ман як ёрдамчї лозим брои доруњои овардаи худамро фурўхтан. Ман кори бемомронро сабук мекунам, ки њама доруњои ба беморњои дил зарурро аз шањр меорам. Вале фурсате надорам, ки бо ин кор машѓул шавам. Аз тарафи дигар, баъзе бедањанњо тўњмат мекунанд, ки вай гўё доруњои бемористон бошад. Хулоса, ту њам долону палатањоро мешўї, њам ба беморони шўъба дору мефурўшї. Аз њисоби пули дору њар рўз пул мегирї.
Њайрати Шифо бештар гардид:
- Чи хел? Ман аз ўњдааш мебароям?
Духтур бо табассум ба духтар чашмакї зада аз љой мехезад:.
-Номгўйи доруњои ман зиёд нестанд. Номи њар кадомаш бо кириллї дар ин дафтарча навишта шудааст. Дар як соат номи њамаашонро мефањмї. Кадомаш, ки ба савдо рафт, дар рўбарўяш ќайд карда раќам мемонї.
-Охир ман ягон хел малумот надорам…
-Ба омўзишгоњи тиббии ноњия дохил карданат ба ўњдаи ман. Корро худам ёд медињам. Дар умрамон як кори нек кунем.
-Рањмат, ака.
Дилшод аз љой хест. Шифо њам зуд бархесту сўйи дар рафт. Дилшод бо нигоњи шањватбор аз паси ў нигарист.
*****
Хўљаин омад.
-Офарин, уќобњо! Имрўз ба шумо мукофотпулї овардам. Ду ќуттї пивои «Золотая бочка» ва… сесад долларї!
-Урра! Ташаккур!
Пас аз рафтани хўљаин Салим рўйхат карда, ба њама сесад долларї дод, имзояшонро гирифт.
Роза омад.
-Боз як коргаратонро фаромўш кардед.
-Киро?- њайрон шуд Салим.
-Њаќи ман чї?
-Ња. Манна, маоши ман пурра аз они шумо.
-Не, барои ман пул ањамият надорад. Лекин як хоњиш дорам: ин шом як палави тољикї мепазед. Ман шароби дастї меорам. Ташкили дискотека, мусиќии тољикию русї, раќс тани ман.
-Урра!-гуфтанд њама.
Абдувањњоб хоњиш кард.
-Янга, ягонтаякак, «барои доругї» дугонаи наѓзака надоред?
-Барои йигити хуб меёбем.
-Ана барои ин «Урра»-и секарата! ...
*****
Резагул дар паси мизи навбатдорї нишастааст. Шифо аз кабинети Дилшод мебарояд. Резагул инро дида нороњат мешавад ва Шифоро сиёсаткунон:
- Барои чї то њол палатаи панљум ношуста аст!?
- Мудир даъват кард, назди мудир рафтам. Њозир мешўям.
- «Мудир даъват кардааст»! Аввал кората тамом кун, баъд ба ишќбозї рав.
-Хуб.
-Чї гуфтї?!
-Хуб мегўям, ба палаи панљум меравам.
-Не, ту гуфтї ки ишќбозї меравам.
-Апаљон, ман њоло ин хел чизњоро намедонам.
-Њм… Ту ба ман аз ишќ дарс медињї.
-Мебахшед, апаљон, чизе ки шумо мегўед, ман намефањмам.
Шифо сатилро гирифта, сўйи палатаи панљум рафт.
-Питтонча. Њоло мебинем. Ман намемонам, ки ба бахти ман зомин шавї…
Маълум, ки Резагули ошиќ аллакай наќшае кашидааст. Ишќи саргум ба чи роње намебарад ошиќони ноумедро…
*****
Палатаи панљум ду кати хоб дорад. Љавони тахминан 20 – сола дар ин палата танњо аст. Шифо дарро кушода вориди палата шуд, муаддабона, хатто ба рўйи бемор нанигариста, ба ў салом дод ва машѓули шустани палата гашт. Љавон бо гўшаи чашм ба ў нигариста њайрон монд.
*****
Шом дар рўи хавлии бустонсарой тўйи њаќиќї барпо шуд. Боз ду хонуми ќашанг омаданд. Палав, мусиќї, шароби сабук рўњияро баланд кард.
Абдувањњоб аз тањти дил раќсид, зебо раќсид.
Раќси Салиму Роза ботамкин вале пурмаъно буд.
Мулло танбењомез гуфт:
-Шайтона дур кунед. Ин ќадар ошиќ шуда бошед, аввал никоњ кунед. Агар фарзанд шавад, ин гуноњи азим мешавад.
-Ў чї мегўяд?- пурсид Роза.
Салим ба гўши ў чизе гуфт.
-Рост мегўяд, тасдиќ кард Роза. Барои ин кор чї лозим?...
-Як никоњи тољикї.- фањмонд Абдувањњоб.
*****
Ин дафъа Њаннон гузаронд.
Пеш аз даромадан ба хонаи бародараш бо Шодибой чаќ-чаќ кард.
Модари Шифо бо арраи кунди зангзадаи дастї чўб мебурид.
Њаннон нишаста љўрѓот мехўрд. Баъди тамом кардан хеста омаду гуфт:
-Келин, як чиз гўям.
-Гўед, ака.
-Ин корњо барои зан убол.
-Чи кор кунам?
-Аз миш-миши мардум додари љувонамаргам дар Масков зани урус гирифтагї. Набошад, то ин муддат хабар мегирифт, ё аќаллан пул равон мекард.
-Намедонам.
-Бењтараш, келин, аз пайи ягон шавњари дигар шав.
Модари Шифо инро ба тариќи њазл ќабул кард.
-Хуб шудааст, акаљон?
Вале Њаннон бо љиддият давом дод:
-Ту њоло љавон, нав ба сиву њашт даромадаї.
-Духтарњо шавњар намеёбанду, ба мани пир шў аз куљо?
-Домода ман меёбам.
Модари Шифо дар њайрат афтод. Арра аз дасташ афтид.
-Кї будааст вай?
-Њаќи њамсоя ба њаќи худо баробар. Шодибой мардаки пухта, ботадбир, пулдор. Ба зани дуюм шудан розигии туро мепурсад.
-Шодї?
-Ња, вай марди чаќон…
-Шумо пеш-пешу Шодиатон аз ќафо аз назарам дафъ шавед! Муред ба ин рўзатон, њевари беномус! Шодибой ба чанд пул шуморо харид!?
-Не, не. Фаќат илтимос кард…
-Ба љойи дилбардорї, ба љойи кумакрасонї гапи мегуфтагиатон њамин!? Зани худата ба вай те! Дафъ шавед аз назарам! Нони додагиам кўрат кунад, даюс! Шавхари ман њоло намурдааст!
-Охир вай зан гирифтааст. То чанд мегардї?!
-Вай мард аст, зан мегирад, бачадор хам мешавад. Вале вазифаи ман сабру тоќат, хонадони ўро нигоњ доштан.
-Э, ман чї донам? Мани дахмарда чию ба корњои шумо аралаш шудан чї?
-Рўят сиёњ шавад, беимон! Дафъ шав аз назарам! Эњ худо, чї гуноњ кардам, чунин хеши беномус додї? Рўят сиёњ, Салим! Шармандаам кардї!
Зан дилашро дошта, суст шуд. Арра аз дасташ афтид. Љањон дар назараш торик шуд.
*****
Шом. Шифо ба бозор медарояд.
-Дањ кило орд дињед…
Кам-кам орд, равѓан, шакар, картошка мехарад, ба аробачаи боркаше бор мекунад. Боќии пулашро њисоб мекунад: дар дасташ ду 5-сомонї
Сипас ба дўкони бозичањо медарояд. Нархи лўхтакњоро мепурсад.
-Инаш 30, инаш 38, инаш 35.
-Уф...
Шифо бо сари хам аз дўкон мебарояд. Фурўшанда ким-чи мегўяд, вале дигар суханаш ба гўши Шифо намедарояд.
Шифо ва аробакаш дар бозор аз байни мардум гузашта мераванд.
*****
Шањло дар рахти хоб бедор аст. Аз нигоњи умедвораш маќсадаш маълум - роњи Шифоро интизор аст. Дари њуљра кушода мешавад. Шодигул ва Шифо пасопеш ба хона медароянд. Шањло зуд аз љой хеста, назди Шифо меравад ва халтаи дасташро мекобад.
Шифо мењрубонона сари ўро сила мекунад:
-Дар банк пул тамом шудааст. Пагоњ, ё рўзи дигар албатта мегирем.
-Дадаам чї гуфтанд?
-Ба ту салом гуфтанд. Хўр.
Шифо ба вай муњашшари љуворї (кукуруза) медињад.
-Апаљон, ман дадама наѓз мебинам.
Табассуми зўракї дар лабони Шифо шах мешавад. Аз чашмонаш об баромад.
Дастурхон кушоданд.
Модараш њасрат мекунад:
-Њамааш айби худам. Аз аввал сахт наќапидам, барои таъмини рўзгор маљбур накардам, худам бозору учор кардам. Танбал шуд, булњавас шуд. Оќибат партофту рафт. Гумон мекунам, ки дар њамон Россия њам ягон кор намекунад. Бо ягон занаки урус шинос шуда, аз њисоби вай хўрда мегардад.
-Ин ќадар ноумед нашавед, оча. Падарам моро бисёр наѓз мебинанд. Як рўз не-як рўз албатта бармегарданд.
-Кошки, бачем. Ваќти дидани орзую њавасњои ту шудааст…
*****
Резагул аз тирезаи шифохона берунро тамошо мекунад. Вагончањоро дид, ки дар баландї тавассути танобњо дар њаракатанд. Мулоќоти нахустинаш бо Дилшод ба хотираш мерасад:
Мошин дар роњи кўњи суст њаракат карда алвонљ мехўрад. Резагули аз бодаи муњаббати аввал сармаст орзу кард:
-Мехоњам парранда шаваму баланд парвоз кунам, аз ѓами замин дур гардам.
-Баландии кўњ ѓам аз дил мебарад. Баробари баландии кўњи Харангон худро уќоб эњсос мекунї.
Аз зери вагончањои танобкаши њавої, ки серњаракатанд, гузаштанд.
- Дар њамин љо истем, - хоњиш кард Резагул.
- Хуб, азизам.
Дилшод мошинро нигоњ дошт, њарду аз мошин берун шуданд.
-Хоњї, ки худро уќоб њис кунї, ба ана њамин савор мешавї.
Резагул сар ба боло карда бо њавас нигарист.
-Ба чї?
-Ба ана њамин вагончањои болои сарамон.
-Не, мумкин нест, ин вагончањо барои сангкашонї аст.
-Барои ман кори номумкин вуљуд надорад.
Дилшод телефонии њамроњро ба даст гирифта, бо касе дар тамос шуд.
Сипас њарду боло баромаданд. Вагончањо як лањза карор гирифтанд. Дилшоду Резагул ба яке аз онњо савор мешаванд.
-Аз боло манзарањои дараву дарёву кўњ аљаб зебоянд.
Духтар андак метарсад.
Ногањон хавфи кандашавии вагонетка ба миён омад. Дар назди оператори вагонеткањо сими хўрдашуда намоён шуд, ў фавран њаракатро ќатъ кард. Вагончањо садои дањшатноке бароварда, бозистоданд.
Резагул аз тарс ба Дилшод љафс шуд.
-Худоё…
-Натарс. Духтур дар пешат. Барои ќувват додани дилаки бечораат…
Дилшод беихтиёр аз бари рўи ў бўсид.
-Оњ, девона…
Резагули бори аввал зањмати муњаббат дида, рамид ва њаракате кард, ки вагонча сахт алвонљ хўрд. Дилшод норозиёна эрод гирифт:
-Њардуямонро нобуд мекунї.
-Не, не. Намехоњам, ки ягон озор бинї.
Аз тарс беихтиёр гардани Дилшодро худаш оѓўш кард...
-Натарс, ман дар барии ту њаргиз намемирам…
Ду нафар баромада симро таъмир карданд. Њаракати вагончањо дубора оѓоз ёфт. Резагул табассум мекунад. Ў аллакай чун оњуи дастомўзи ромшудаест. Дилшод аз худу аз љањон розист.
*****
Њамон шом Мулло якбора ду љуфти «мувофиќ»-ро никоњ кард.
*****
Дар наздикии дарвоза саги боњайбате бастааст. Дар кати сањни њавлї аз боло, Њамрохон – марди 63-сола нишастааст. Модари Шифо рост истода, ба сухани ў гўш медињад. Мард талаб мекунад:
- «Не» нагў, Шодигул, ба њурмати саробонат мешам. Аз сарат тилло мерезам…
Модари Шифо ба замин чашм дўхта бо њаё эътироз кард.
-Замин намекафад, ки ман дарояму ин гапњои шуморо нашунавам.
-Чаро? Ин гапи мард мегуфтагию зан мешунидагї. Як «њо»-и ту бас, ки бо тўю тамошо тамом шавад.
-Шарм доред, охир ман дар никоњи шавњарам њастам.
-Њама занњо дар никоњи касе буданд…
-Ман њоло шў дорам. Шўям зинда аст.
-Мувофиќи шариат мардак, ки шаш моњ занашро бенафаќа монд, никоњаш бурида мешавад. Зан њаќ дорад, ки шў кунад. Ту чанд сол шуд, ки ин њаќро дорї. Розї шав. Набошад, кампири Ѓурбатоя мегирам, пушаймон мешавї.
Ин гуфтугўро Шањло аз паси дар пинњонї гўш дорад. Модари Шифо дурушт њарф зад.
-Хуб њармататонро ба љой оывардам, ќорї. Акнун, илтимос, аз барои Худо, хапу дам баромада равед. На маро шарманда кунед, на худатонро.
-Чї мењмона пеш мекунї?
-Э, равед-е. Шумо хеши дури шавњарам мешавед. Аз худо шарм доред.
Мард ноилољ аз љой хеста, сўйи дарвоза меравад ва дар он љо истода, бори дигар таъкид мекунад:
- Шодигул, хуб андеша кун, ман боз… меоям.
Њамин ваќт Шањло пинњонї сўйи саг санге њаво медињад. Саг аккос зада ба вай њуљум мекунад. Мард саросема гурехта ба аспи худ савор шуда, онро ќамчин мезанад ва аз дарвозаи дараш кайњо фатаротгашта берун мешавад.
Шифо аз паси дар баромада, баланд ханда кард. Модар њам аз духтараш шарм дошт, хам аз залили худ хориаш омад. Вале ноилољ хандид.
-Боб кардї. То ин дам куљо будї?
Хандаи модар ба гиря мубаддал шуд.
Шифо њам сарашро байни бозувонаш пинњон карда беовоз мегиряд.
-Дадаам мебуданд, инњо љуръат намекарданд, ки аз бинї боло гап зананд…
-Чи ќадар маро хор кардї, отаи Шифо! Ту охир маро дўст дошта, ду сол аз паям тохта будї! Ба ин одамњо, ба ин хешутаборї чи шудааст, худољон!
*****
Ин дафъа дар кўл чањор љуфт «моњии калон» оббозї мекунанд. Њама бо хам њазломез об мепошиданд, њама љуфтњо хушбахтанд.
*****
Бемористон. Дилшод аз тирезаи кабинеташ ба берун менигарад. Касеро дида, шитобон аз дар мебарояд. Дар долон зоњиран Резагул ўро интизор буд, ки табассум мекунад ва мехоњад чизе гўяд. Шикамаш андак дамидааст. Аммо духтури њушаш парешон ањамият надода, меравад. Резагул бо њайрат ба ў нигариста ба сўйи тиреза рафт.
Шифо њамоно мегиряд.
Дилшод назди ў расида дасти мењрубонї ба сараш мегузорад:
- Чї гап шуд? Кї туро ранљонд?
- Њељ гап, њељ кас маро хафа накардааст.
- Пас чаро мегирйї?
- …
- Бар сари фарзанди одам њарчи ояд, бигзарад. Гул, ки шукуфт, булбулон ба шўр меоянд. Ку, бихез. Ин марљонњои чашмони ту он ќадар ќиматанд, ки барои њар гапи хасу хор рехтани онњо дуруст нест…
Дилшод аз дастони сафеди нозуки Шифо кашида, ўро аз љой бармехезонад. Ин њолатро Резагул аз тиреза дида, ба дањшат меафтад ва дар љояш шах шуда монад.
Дилшод њамроњи Шифо пањлу ба пањлу дар гулгашт сўњбаткунон сайр мекунанд. Суханњои онњоро Резагул намешунавад. Чашмонаш аз ашк тар мешаванд. Резагул айнан њамин гуна њолатро, ки бо худи ў иттифоќ афтода буд, ба ёд меорад
Дар назари ў чунин менамояд, ки Дилшод аз бари рўи Шифо бўсид.
Вале ин хаёли ўст. Зеро ки духтур худи ў- Резагулро чунин бўсида буд. Ва ашк аз дидагонаш шашќатор мерезад.
*****
Клипи мусиќї. Суруди машњўри Манижа «Ман худ намедонам чаро дўст медорам туро» хотирањои ширини муњаббати Резагул ва Дилшодро ба ёд меорад. Њарду дар назди вагонечањои њавоии кўњї, дар дохили вагонетка, дар баландї тарсидан ва оѓўши Дилшод даромадани Резагул. Бўсаи нахустини Дилшод. Резагул ва Дилшод дар тарабхонаи лаби рўди Варзоб, дар соњили дарёча, дар палата ва ахиран боз дар боѓчаи беморхона- њамон лањзае, ки акнун ў Дилшодро бо Шифо мебинад. Дилшод ва Шифо сўњбаткунон мераванд. Чашмони Резагул пур аз ашканд.
*****
Дар назди мизи навбатдории долон Дилшод аз Резагул хоњише дораду Резагул бо ноз рад мекунад.
-Ман ваќт надорам.
-Шаб аст…
-Мулоќот дорам.
-Њамин хел?
-Њамин хел.
-Хуб. Ихтиёрат. Рав.
Резагул аз гуфтаи худ пушаймон шуда, истод ва бањонае љуст, ки оштї шавад. Ин дам либосњои худ дар бар, дар даст халтаи селофанї Шифо омад.
-Хайр, акаи духтур. Барои амаки Абдулов дору гирифтам.
Дилшод ба ў бо оњанги расмї мурољиат намуд:
-Шифо, пул кор кардан мехоњї?
-Мехоњам, вале чї хел?
-Агар шаб навбатдор истї, се сомонї иловапулї мегирї. Розї њастї?
Шифо:
-Ба очам нагуфтааму...
-Ба Абдулов телефон мекунам, ба очаат хабар медињанд.
-Намедонам…
-Якта «грил» барои шом аз њисоби ман.
-Хуб. Њозир дар пешам телефон кунед.
Ана њамин гап ба љони Резагул чун тир расид. Табассум аз лабонаш парид.
-Оњњо… Грил бошад, ман худам меистам. Ба ту љавоб, майдача.
-Хуб, апаљон.
*****
Шифо бо садои паст сурудеро замзама карда, палатаро шусутшў дорад. Љавони бемор гўё хоб аст, вале бо ќираи чашм ўро назора мекунад ва бори аввал ѓурурашро шикаста, бељуръатона пурсид:
-Мебахшї, номат чист?
-Шифо.
-Њм… Шифо дар шифо-хона. Хеле дурусту мантиќї аст номи ту ба љойи корат. Дар донишгоњи тиббї њам мехонї?
-Не.
Ин лањза Резагул вориди палата шуда, киноя кард.
-Лайливу Маљнун шудед-ку. Њароратсанљро мон.
-Хуб.
-Набзатро месанљам.
-Њм…
Њанифа набзи љавонро месанљад. Шифо корашро тамом карда баромад. Љавон бо нигоњи пур аз мењр ба Шифо менигарад. Њанифа љавонро ба худ меорад:
-Њушат наравад, додар. Муштатро сахттар фишор.
Мушти љавон фишурда мешавад.
-Ин балоча чї дорад, ки њама аз ў девона мешаванд?
Љавон ба гап даромад.
-Рост? Боз кї ба ў таваљљўњ дорад?
-Дар њама палатањо гапи вай.
-Вай кист?
-Як балозада, бе падар.
-Ягон сабукпой аст?
-Сиррашро гўям?
-Хўш…
-Эњтиёт шав, вай моли мудир.
-Кадом мудир?
Њанифа њамроњи пирамарди хушсурате омад ва сўњбат нотамом монд.
-Агар розї бошї, додар, муаллимро ќабул бикун.
-Бисёр хуб. Ана њамин хел њамроњ мехостам…
-Ассалому алайкум.
*****
Мошини навбатдори беморхона дар роњ њаракат мекунад. Шифо дар даруни мошин нишастааст. Ронанда мошинро манъ кард.
-Афсўс, ки сели имрўза роња вайрон кардааст. Биё, пиёда то хонаатон барам.
-Не. Модарам дар назди ферма пешвоз мегиранд.
-Хуб. То пагоњ.
Шифо аз мошин фаромад. Мошини навбатдор рафт. Шифо танњо аз назди фермаи холї, ки деворњои фурўафтода ва дарахтњои калкардааш дањшатафкан аст, гузашта ба хонаашон рафт. Зоњран, тарсид, вале худро ба даст гирифт. Хушбахтона, шаби мањтобї буд. Ба ферма наздик шуду дилаш равшан шуд. Модараш интизори ў меистод. Изњори норозигї кард:
-Рўзе ки дер меої, пешакї маро хабар дењ, духтарам.
-Имрўз њамшираи навбатдорамон чи кори муњиме доштааст. Мудир хоњиш кард, ки то омаданаш истам.
Модар оњи сабуке мекашад ва њарду ба сўи хона роњ мегиранд.
-Њама кор як тараф, ташвиши сињату саломат рафта омадани ту як тараф.
*****
Россия. Бино ќариб буд шудааст. Аркадий Бонишевский омад, аз кори сохтмону коргарон ќаноатманд шуд.
-Неплохо строите, но темп не устраивает. Надо закончить до холодов.
-Хорошо.
-Я оставлю Салиму деньги. Как обещал, каждому по пятьсот баксов.
-Спасибо.
-Только российскими.
-Пойдёт.
Сўњбаткунон то назди мошини хўљаин рафтанд.
Як пакети пурро ба Салим дод.
-Это подарки каждому из вас.
-Спасибо.
Нохост телефони мављии хўчаин занг зад.
-Да… ну, не может быть. Сейчас проскочу.
-Что случилось?
-Пожар на складе завода. Пока…
Ронанда зуд мошинро ба роњ баровард. Вай гўё парвоз кард.
*****
Манзараи тулўи офтоб. Шифо дар њуљрачаи худ дар бемористон ќуттичањои доруи навомадаро љобаљо мекунад. Зани миёнсоле оби дидагонашро бо нўги руймол поккунон даромад.
-Холаљон, ба шумо чї шуд?
-Љони хола, љигарам месўзад: писари 12- солаам дар њолати вазнин аст. Чанд рўз пеш љарроњияш карданд. Боз зардоб гирифтааст, дубора љароњї карданиян. Метарсам, ки бачаи бечораам бардошта наметавонад…
-Гиря накунед, холаљон, хамааш наѓз мешавад.
Зан фиќ-фиќкунон коѓазеро ба Шифо дароз мекунад. Шифо коѓазро хонда, доруњои лозимаро гирифта, ба халтачаи полиэтиленї меандозад.
-Холаљон, як доруятонро наёфтам. Њамин ки ёфтам, ман худам бурда медињам, фаќат раќами палатаатонро гўед…
-Садќаат, духтарљон, бачаам дар палати шашум. Хайр, илоњї барака ёбї.
Зан рафт. Шифо бо чашмони пур аз шафќат аз паси ў менигарад.
*****
Резагул ва Њанифа сўњбат доранд. Њанифаи одатан мољарољўй ин дафъа вазнинона њарф зад:
- Не-е… Вай тамоман кўдак-ку… Бечора, хапу хомўш мегардад. Боадаб-ак…
- Э, вай хаппаки таги таппак: барваќт ба дили мудир љо шудааст. Якбора аз се кор маош мегирад.
- Ња, гуфтам-а, инњо бебало нестанд.
-Боз дили вай бачаи раиса ёфтааст.
-Аз палатаи панљум?
-Ња…
-Бало будааст.
*****
Њанифа дар назди сардухтур нишастааст ва дар бораи муносибатњои Дилшод бо Шифо сухан иегўяд:
- Ин дилсўзињош бебало нест, мегум, ака. Духтар љавон аст, хунаш гарм. Фиребаш дода ягон фалоката дар сараш наёрад.
Сардухтур андешамандона гуфт:
- Бисёр хоњиш кард, ки духтарака дар шўъбааш ба кор гирем… Хуб, ту аз пайи корат шав. Ман бо худаш алоњида сўњбат мекунам.
Дари палатаи шашум кушода шуда, Шифо медарояд. Њамон занро мебинад, ки ба Резагул мурољиат мекард:
- Хоњарљон, бачама як укол кунед, сўзиши љароњаташ кам шавад. Њамин, ки пул шавад, њаќи дастатона медињам.
- Аз «њамин, ки пул шавад», гуфтани ту ќимоб шудаам, хола!
Ва Резагул баромада рафт. Нолиши писараки бемор давом мекунад:.
-Оооњ… Мммњ…
Шифо доруи дасташро ба зан дароз кард:
- Ана, њамон доруро ёфтам.
- Рањмат духтарљон. Кошки њама мисли ту мењрубон мебуданд.
- Ѓам нахўред, холаљон. Ман њозир ягон њамшираи шафќата ёфта меорам.
Аз дар берун мешавад.
*****
Њанифа дар паси мизи навбатдори долон нишаста, чизе менависад. Шифо омада ба ў зорї мекунад:
- Апаљон, биёед укол кунед , ки бачаи бечора дар таб сўхта истодааст
- Кадом бача?
- Њамоне, ки дар палатаи шашум баъди љарроњии дубора хобондаанд…
- Эњња, вай аз они Резагул, ба худаш гуй.
- Вай накард.
-Ба ман чї?
-Охир вай кўдак аст, нола мекунад…
Њанифа:
-«Пањ!» Ман њам кўдак дорам. Вале ягон кас ба вай бепул мењрубонї намекунад. Аслан, дугона, ман на ќошу ќавоќи Резагула дидан мехоњам, на чор сум пули клиенти вая. Аз ман мурданї хафа мешавад. Клиентњои худам ба худам бас.
-Апаљон…
Њанифа ба гапи Шифо гўш надода рафт. Шифои њайратзада ба палатаи бемор баргашт ва бо овози ларзон гуфт:
-Холаљон, њамшираи шафќати шумо дар љарроњї. Як-ду соат банд мешавад.
Зан гўё илоље ёфта бошад, бо табассум, оромона хоњиш кард:
-Садќаат шавам, духтарљон, худакат укол кунї, чї мешавад?!
-Охир ман њамшираи шафќат нестам.
- Худам мекардаму… фаќат њозир асабњоям хароб, дасту дилам меларзад. Ин корро њама карда метавонад. Ту њам метавонї. Дар бемористон кор мекунї.
-Ман гоњ-гоњ хоњарчаамро укол мекунам, вале ба корам њоло як моњ нашудааст.
Зан халтачаи селофании доруњоро ба Шифо дароз мекунад.
-Барака ёвї, бачем…
Нолиши бачаи бемор баландтар шуд. Шифо оромона ба сўзан дору кашида, ба пахта спирт пошида, ба бемор сўзандору мегузаронад. Нафаси сабук кашида, сўзанро људо карда, ба сабадча мепартояд.
Зан миннатдорї мекунад:
- Рањмат, бачем. Илоњї, бахти сафед бинї!
Дилшод машѓули шиносої бо вараќањои беморон аст. Шифо аз дар медарояд:
-Марњамат, ин пули доруњои имрўз фурўхтаам.
Дилшод пулњоро гирифта:
-Офарин. Хеле ѓайрат кардї.
Дилшод беањамиятона ба пулњо нигариста як ќабзаашро ба Шифо дароз мекунад.
-Хуб. Инаш њаќи ту.
-Чї хел?
-Ту аз нархи асосї ќиматтар фурўхтї.
-Не, не. Ман бо њамон нархе фурўхтам, ки шумо муќаррар карда будед.
-Ин нархи иловагиро ман мондам. Барои њаќи хизмати ту.
-Вий… Дигар намекунам.
-Гир.
-Не, не…
-Баръакс, дидї, ки раиси пулдор аст, боз њам ќиматтар фурўш. Ин доруњо нархи муайян надоранд. Ба дасти мо арзонтар афтодаанд. Вале корафтода розї аст, ки ба нархи чор баробар ќиммат њам ёфта гирад. Фоидааш аз худат. Модарат бемор аст. Ин кумаки мо ба шумо мешавад.
Дилшод каме пулро ба љайби сари синаи хилъати сафеди духтар меандозад.
Дар ин лањза дар кушода шуда, сари Резагул аз паси он намоён мешавад.
Шифо пулро дубора аз љайбаш бароварда, ба даст мегирад.
-Охир ман маош мегирам…
Дилшод аз оринљи ў дошта рад мекунад
-Гир, гир. Ин ба љои маош. Ба ту аз мо ёрдам мешавад. Метавонї боз як сум-ним сум ба болояш монї. Ин доруњои камёфт. Барои беморон њам чандон вазнин намеафтад.
-Рањмат…
Шифо њоло аз дар набаромада, Резагул медарояд. Пули дасти Шофоро дида., табассум аз лабонаш дур мешавад.
-Пули додаи мудир кам аст, ки аз беморњои ман пул мечинї!?
-Нафањмидам, -гуфт узромез Шифо.
Занги телефон. Дилшод гўширо бардошт:
-Ало, бале. Хуб шудааст, Аъзам Салимович… Хуб!
Сипас ба духтарњо рўй овард:
-Хўш, чї љанљол доред?
Ѓазаби Резагул ављ гирифт.
-Ваќте ки ман эрод мегирам, телефонро бањона накунед.
-Хуб.
-Ба ин тирмизак ки иљозат дод, ки клиенти маро укол кунад?!
-…
Боз телефонии кабинет занг зад. Телефони дастии Дилшод њам занг зад.
-Уф… Гиред. Боз ьдунё чаппа нашавад?
-Ба чашм, гуфт бо киноя Дилшод ва телефонњоро бо навбат ба даст гирифт. - Лаббай… Не, тинљї, устод… Хайр, љое ки занњо њастанд, бељанљол намешавад. Худатон медонед-ку… Хуб. – Телефони дастиашро хомўш карда. – Хўш…
-Ин питтонча ба клиентњои ман укол карда, пул гирифтааст.
-Тўњмат накунед, апаљон…
-Эња, боз ту забон баровардї-а?!
Дилшод онњоро ба ифоќа оварданї шуд:
-Ман аз хамааш хабар дорам. Кораш нодуруст. Вале дилаш сўхтааст. Аммо ягон тин нагирифтааст. Модари бемор њам хаттї тасдиќ кард.
-Э ба дили ин њам туф кардам ба забонхати очаи бемор њам…
Телефони идора занг мезанад. Дилшод гўширо бардошта:
-Њозир.
Аз ин бепарвої Резагул зиёдтар асабонї мешавад:
-Э, як дам гўш кунед, монед њамин телефона!
Дилшод микрофони гўширо бо кафи даст мањкам карда:
-Ором шав, Резагул. Ин шеф… Лаббай… Хуб…
Сипас гўширо гузошта гуфт:
-Гўш кун, Резагул. Чї ин ќадар воњима мекунї? Охир њељ кас ягон зарар надидааст…
-Чи-ї, интизор мешавед, ки ягон кас мурад …
-Хуб. Љиддитар мешавем. Барои он, ки беморро дар ин вазъи ноќулай партофта рафтї, сари ваќт сўзандоруи бедардозанда накарданат ба ту љазои маъмурї медињем. Ана ин гузориши ман ба сардухтур.
-Метарсонї!?
-Бо љазо аз кор меравї, дар ягон бемористон туро ба кор намегиранд.
-Мегиранд! Дар њама љо шумо барин мудирњои «дилшинос» ёфт мешаванд.
-Бори дигар хоњиш мекунам, вазнин шав. Ба ману ту асабњоро хароб кардан њељ маъно надорад. Ин духтарак њам ягон гуноњ надорад. Ба вай бовар мекунем.
-Эњњааа…
-Ў духтараки масъулиятшинос аст. Шифо, ба ту љавоб, кората давом те.
-Хуб.
Шифо баромад. Резагул суст шуда, аз ќањр фаромад.
-Пас, ман аз боварї баромадам?
-Њоло не. Ором шав, Резагул.
-Вай ба ту кї мешавад? Хешат, ягон њамсояи наздикат, маъшуќаат?
-Не.
-Пас, ин ќадар дилсўзї чї маъно дорад?
-Ман ќарор додам, ки ба вай некї кунам.
-Ба ман њам некї карданї будед.
-Бепарво бош, Резагул. Ту дигарї. Вай њељ гоњ љойи туро гирифта наметавонад. Бењтараш, ўро ба шогирдї ќабул бикун.
-Ман!?
-Ин љо корхонаи давлат аст. Ягон кас набояд аз ин муносибатњо хабардор шавад. Муносибатњои мо аз њад гузаштааст. Сабабгораш худи ту њастї. Ё не?
-Инаш рост…
-Вале ин чунин маъно надорад, ки бо њама халќи олам чунин шавад. Шифоро ба шогирдї гирифта, корро ёд дењ. Тобистон ба омўзишгоњ дохил мекунем. Аз ту њам як умр миннатдор шуда, устод мехонад. Ва бо њамин сирри мо пўшида мемонад.
Резагул ќањрашро базўр паст карда, аз зери дандонњо садо бароварда гуфт:
-Хуб. Розї. Шогирд бошад, шогирд! Ба хотири ишќ ба чињое розї намешавї.
Резагул бо асабоният баромад.
Дар паси дар Њанифаро мебинад. Як лањза чашм ба чашми њам меафтанд. Њанифа зуд худро ба даст гирифта, вонамуд кард, ки тасодуфан аз ин љо мегузашт.
*****
Шаби тўлонї сари компютер барои ошиќони бедил хуш мегузарад. Љумлањои китобро Салим мехонад, роза ба зудї ба компютер мегузаронад. Баъди њар як-ду сањифа мукофот мегиранд:
-Китоб Хонда шуд. Мукофот куљост?
-Мебахшї, хирси ќандхўраки ман. Марњамат.
Бўсањои ширин. Салим аз худу аз худо розист.
-Афсона. Ман ба мулки афсонањо афтодаам. Кирои дар љањон зистан.
-Ташаккур ба ту барои афсона.
-На, на. Ба ту рахмат, Розаљон…
Озод бардошта, Розаро сабук ба љойгањ партофт…
-Оњ, хирси каљпой.
-Рапнљидї?
-Мехоњам мисли ту як писарчаи пурќуввати доно дошта бошам…
(Ба марди чињилсолаи боаќл, вале аз зан дурмондаи хуш дар рањи ишќи ногањонї бар бод дода дигар чї мемонад? Ин тарафаш ба завќу хоњиши оѓои режиссёр вобаста…)
*****
Бўстонсарой. Њама хомўш њама љиддї њама ба Салим менигаранд.
Салим гунањгорона гуфт:
-Бовар кунед, Аркадий Бонишевский, шумо фаќат пакети тўњфањоро додед. Дигар занг шуду, шумо саросемавор рафтед. Ронанда метаонад тасдиќ кунад.
Ронанда бо чашмони њайратзада гуфт:
-Отдал же тебе пакет.
-Да, но это не деньги был, а подарочки.
-Не валяй дурака. Скажи что спятил.
-Нет, нет, не дали вы мне деньги.
Аркадий Бонишевский бо ќањр гуфт:
-Ман ба шумо бовар кардам. Аз байни худатон бригадир таъин кардам. Вале намефањмам. Як тољики бекафан ба ман тўњмат мекунад! Ба кї –Ба Аркадий Бонишевский! Ба ту то сањар мўњлат. Куљое пинњон карда бошї, ёфта бачањоро розї бикун. Набошад, пагоњ туро милисањо мебаранд. Дар камера зуд ба ёдат меоранд.
*****
Коргарон норозиёна ѓур-ѓур мекунанд. Абдувањњоб бештар асабї аст:
-Маоши бачањоро чї кор кардї?
-Ќасам ба занам, ќасам ба очаам, ки шеф пулро надода рафт.
-Ќасам нахўр!
Абдувањњоб даст ба сари Салим бардошт. Њафт дасти дигар хам ба мушт мубаддал шуда ба Сару рўи Салим фурў рехт. Аз чашмони Салим оташак парид.
Шоми њиљрат ба шаби тор мубаддал шуд.
*****
Палатаи панљум. Шифо машѓули тоза кардани љињози палата мебошад. Љавони бемор хомўшона ба кори ў нигоњ мекунад. Ин лањза дари палата кушода мешавад ва падару модари љавон, ки аз сару либосашон шахсони сарватманд буданашон маълум аст, вориди палата мешаванд.
- Салом, ана мо омадем.
Мард халтаи дасташро ба Шифо медињад, Шифо онро ба рўйи мизча гузошт:
- Шумо ба њузур сўњбат кунед, амак, ман баъд рўбучин мекунам.
Падар бо мењрубонї гуфт:
-Шумо, духтари наѓз, Шодиљонро хуб нигоњубин кунед, хурсанд мекунам.
-Мо вазифадорем, амак. Њељ чиз даркор не.
-Саломат бошед.
Шифо аз палата баромад.
*****
Њуљраи сардухтур. Сардухтур марди калонсоли ботамкин андешамандона ба Дилшод сухан мегўяд.
-Ту, Дилшод, љарроњи хубї, дастат сабук, беморњо аз ту розї, миннатдоранд. Аммо дасту пою сари якеро шифо бахшидану дили каси дигарро шикастан хуб нест.
-Чиро дар назар доред, устод?
-Ман ба њаёти шахсии шумо кор надорам, вале муносибатњоят бо коргарњо чандон дуруст нестанд. Аз пасат шикоят бисёр. Муносбатњои мањрамонаат бо Резагул аллакай аз њад баромада, ба њар хел овозањо табдил ёфтааст… Барои ба кор ќабул кардани Шифо ман розї набудам. Худат пешнињод кардї, ки дар шўъбаат ба кор гирем. Аммо як моњ нагузашта, гапу калочањо зиёд шудааст…
-Устод, ба њар гап бовар накунед. Ин гапњоро дар њаќи ман аз бахилї мегўянд. Њама кори ман аз дилсўзї аст. Имрўз шукр, дўстонам зиёданд, хешу табор дастгирї мекунанд. Аз дастам меояд, ки чанд дили ношодро шод кунам.
-Дорухона моли шахсии ту аст. Бо ташаббуси худат кори дорухонаро ба Шифо супоридї. Аммо бе маълумоти тиббї вай аз ўњдааш намебарояд. Мабодо ба касе ба љойи даво зањр дињад.
- Ин њам мисли як ёрии башардўстона ба як духтари бечора. Доруњое, ки ў ба беморон медињад, њамеша тањти назорати ман аст. Метавонед хотирљамъ бошед.
-Хуб, вале дар ёд дор, ки Шифо духтари дўсти ман аст. Хайру мењрубонї њам агар бе ѓариза бошад, ба даргоњи Худо ќабул мешавад.
-Бале, устод. Ман ягон ѓариза нисбат ба ин духтарак надорам.
-Ба Резагул њам ѓаризае надорї?
-Мебахшед устод. Масъалаи Резагул тамоман гапи дигар аст. Дар рўзгор, шукр, њама чизро дорам, лекин дар оилаам њамдигарфањмї нест. Шумо муњаббатро медонед-ку.
-Зан - барои хона, Резагул - барои муњаббат. Њамин хел?
-Устод, мебахшед, ин кори дил аст. Як дарди бедавои дил аст. Бо ин дил ва бо ин дард њељ кор карда намешавад.
-Вале шумо табиб њастед. Илољашро ёбед.
-Хуб, устод.
-Масъалаи дигар: Ман серўза ба машварати Душанбе меравам, рўзњои истироњат дар шањр кор дорам. Панљ рўз ихтиёри бемористон дар дасти ту мешавад.
-Ташаккур… Мебахшед, устод. Дили бузург доред. Гумон кардам, ки баъди ин њарфњо ба ман љазо медињед.
-Мутахассиси зиёд надорем. Њар кадоми шумо дар њисоб. Вале аз худ наравед. Њамаро мисли худ њисобед, Аз ањволи якдигар бохабар бошед.
-Хуб.
-Дилшод, фаромўш накун, ин мушкилињо муваќќатї. Рўзњои сиёњ мегузаранд, вале рўйи сўхтаи оташков мемонад. Мефањмї?
-Ташаккур, устод.
Ду духтари шўхи зебо –Гуля ва Зуля хандакунон аз њавлї гузашта, вориди беморхона мешаванд. Дар дасти яке дастаи гул ва дар дасти дигарї як халтаи селофанї меваю ширинї њаст.
Њанифа дар паси мизи навбатдорї нишастааст. Духтарњо ба назди вай омада, рухсат мепурсанд:
-Мо ба назди Шодї.
Њанифа ба онњо бетаваљљўњона гуфт:
-Њоло ваќти хоби беморон. Соати чор биёед.
Зуля ба њамшира як пули панљ сомонї дода хоњиш кард:
-Холаљон, мо аз кор гурехта омадем. Як мебинему меравем. Соати чор дар љойи кор набошем, сардор љанљол мекунанд.
-Хуб. Бе овоз ба палатаи панљум дароед. Фаќат панљ даќиќа мўњлат...
Духтарњо бесадо ќадам гузошта ба палата медароянд.
Њанифа онњоро бо табассум гусел мекунад.
*****
Њамин ки духтарњо ба палатаи панљум даромаданд, њамоно сар шуд баланд-баланд хандиданњо, латифагўї, сурудхонї.
-Вий, иќа хароб шудаї, -дилсўзї кард Зулфия.
-Вий, бо ин ањвол ман туя намегирам, эътироз кард Гулхумор.
-Ту њоло њам баумедї, Гуля? Ба ман тўњфа карда будї -ку.
-Як шўхї кардем-да, Зуляљон.
-Ту чї хел дугонаї?! Дар ваъдаат ист.
-Майлат, бахшидам њамин чўбаки искелета. Бењтараш, ягон зањру марг дошта бошї, барор. Бењуда ба орову торои худам овора шуда, аз сањар ягон чиз нахўрдам. Мани девона фаромўш кардам, ки Шодика ба ту бахшидаам.
Гуля дар пањлўи Шодї нишаст, Зуля халтаи дасташро дар рўйи миз гузошта, ба кушодани он шурўъ мекунад:
-Мантуи наѓз њаст. Ман –туро дўст медорам.
Гуля дасти худро ба гардани Шодї андохта эътироз кард:
-Не, не. Ман туро дўст медорам, Шодиљон. Ба гапи њар кас бовар накун.
Зуля мантуњоро ба табаќча гирифта, онњоро ба хўрдан даъват мекунад:
Биёед, хунук нашавад.
Шодї ба њазли онњо њамроњ шуда гуфт:
-Шумо хўрдан гиред, ман аз тамошои шумо сер шавам. Иштињои гуворо…
-Ту њам хўру ќувват бигир. Набошад, бо ин ањвол се соат дар тахти шоњї рост истода наметавонї…
-Э, Шодики ман зўр. Тасаввур кунед, ки тўй сар шуд. Ту дар бараш ист…
Зуля аз дасти Шодї гирифта, ўро ба зўрї аз љой хезонда, дар пањлўяш чун арўс рост меистад. Гуля ба бемори мўйсафед мурољиат кард:
-Бобо, шумо дуо дињед.
-Илоњї ќўшапир шавед, фарзандонам.
Њама омин гуфтанд.
-Омин.
-Рањмат. –гуфт Зуля.
Гуля режиссёрї кард:
-Хуб, тўй сар шуд: Ман њофизи тўйи шумо. Сар кардем. Ман расо се соат мехонам: «Тўй муборак шавад, боз муборак шавад…»
-Ња бале! -Хатуба! Дилинг-дилинг-дилинг.
-Э, љон! –дастгирї кард Зуля.
-Хатуба-а-а! Дилинг-дилинг-дилинг! Оооооо, Хатуба!»
-Мурумта, Шодиљон!
Гуля мекўшад, ки худро ба Шодї љафс кунад, аммо вай бетаваљљўњ аст, аз љониби дигар Зуля мехоњад ўро ба худ кашад, аммо Шодї ба ў њам бепарвост. Ба онњо табассум мекунад, вале майле надорад.
Дар пеши назараш танњо Шифои орому ботамкин љилвагар аст. Дар назараш ба љои њарду духтар аз ду љониби Шодї ду Шифо пайдо мешавад.
-Ба ту маъќул нест, Шодиљон?
Њанифа нороњат шуда, аз љой мехезад ва бо шаст сўйи палатаи панљум рафт.
Шифо њам омад. «Тўй» дар палата давом дорад.
-Ана, њофизи хуб омад, -шодї кард Шодик.
-Ввввоњ! –бо рашк нидо кард Гуля. - Ана барои кї шуда аз дидани мо ќошу ќавоќ мекунї.
-Њељ гап не. Мо бахил не, - тарафдорї кард Зуля.
-Ку, барои шодики ман якта хон, -хоњиш кард Гуля.
-Не, мумкин не. Худат њам наѓз мехонї. Аммо њоло ваќти истироњати беморон.
Њанифа аз дар даромада, бо ќањр ба сари духтарњо дод мезанад:
-Бас кунед! Тамоми беморхонаро ба сар бардоштед.
-Чї шумо зидди њунар њастед? – њайрон шуд Гуля.
-Санъат аз они халќ аст, - таъкид кард Зуля:
Њанифа бо оромї хоњиш кард:
-Њоло соати хоби беморон, «мўњтарам њунармандон». Зуд бароед. Садќаи некї шавед шумо!
-Холашка, мањ, ана ин панљ сомонии дигара гиру хап карда шин, -пешнињод кард Гуля:
Њанифа ба ѓазаб омад, бо сиёсат духтарњоро аз беморхона ронд.
-Э, пулатон пеш-пешу худатон аз ќафо. Хезед. Бароед!
-Наѓз њофизї мекунанду, андак дертар меомаданд, - мулоимона тарафдорї кард Шифо.
-Хап кун, шайтонча. Чаро ту ба инњо роњ додї!?
-Гуфтанд, ки ба сардухтур кор дорем, таљрибаомўз њастанд.
-Рост, -тасдиќ кард Гул. –Мо дар курси дуюм мехонем. Ана шањодатномаамон,
-Сардухтур шавњари холаи ман. Аз даѓалии шумо арз мекунам.
Њанифа дар андеша зад. «Аз хеши зани сардухтур будани духтарон тарсидан даркор. Боз ягон гапи дигарро нарасонанд…»
-Ман даѓалии шуморо дар телефон сабт кардам. Ана, бинед.
Њанифа ноилољ онњоро ба сулњ даъват кард.
-Хайр, духтарњо. – Мо њама гунањгор. Вале шумо гуноњи сахттар кардед. Биёед, хапи мову хапи шумо...
*****
23.
Фаќат рўзи дигар, баъди пешин касе ба имдоди Салим расид. Дастони пурмењре ба дањони хушкидаи ў як стакан нўшоба гузошт. Хуни рўи ўро тоза кард. Ў Роза аст.
-Хайрият гуфт, ки љонат набаромадааст. Вањшињо. Њамшањрињоят тамоман инсоф надоштаанд… Дили ман њам аз кор монд. Инфаркт «гирифтам»…
Ба дили Салим дигар њељ чиз намеѓунљад, ба гўшаш чизе намедарояд. Дар ќаъри дилаш гуфт:
-Худољон, чаро љони маро нагирифтї… ?
*****
Дари палата кушода аст. Резагул ба Шифо тарзи чакак монї ва гузаронидани сўзандоруро меомўзад.
-Ана ин хел… Барои чакак мондан њаќи дастат зиёдтар мешавад.
-Як бор ман хам монда бинам?
-Дафъаи дигар. Њозир ба ту санљидани набзи беморро ёд медињам.
Аз долон Њанифа гузашта, аз дари кушодаи палата ба кори Резагулу Шифо нигариста, гиребонашро дошт.
-Худоё тавба…
Шифо ва Резагул њарду даст ба даст аз палата мебароянду аз назди Њанифа гузашта, ба палати дигар мераванд.
-Оќибаташ бахайр шавад, - андеша карда гиребони худро дошт Њанифа.
*****
Сардухтур бо Шодї ва падару модари ў сўњбат дорад:
- Њељ гап не, Шодиљон парњез ва рељаи фармудаи моро риоя кунад, дигар њељ чиз боиси нигаронї нест. Сињат шудааст, фаќат эњтиёт кунад.
- Ташаккур, доктор, - гуфт падари Шодї. - мо аз шумо аз замин то осмон миннатдорем. Њар хизмате, ки аз мо лозим шавад, марњамат, биёед, бо љону дил барои шумо мекунем.
- Саломат бошед. Барои мо саломатии шумо лозим.
Шодї ва падару модараш аз дар беморхона баромада, сўйи мошин мераванд.
Шифо рафтани онњоро аз тирезаи ошёнаи дуюм тамошо мекунад.
Шодї пеш аз нишастан дар мошин баргашта ба беморхона нигоњ мекунад ва Шифоро мебинад. Нигоњњои онњо ба њам бармехўранд.
*****
Њуљраи њамширањои шафќат. Њанифа ба Резагул насињат мекунад:
-Дилам месўзаду мегўям: Шифоча якбора аз се кор маош мегирад - фаррошї, доруфурўшї, њамширагї. Барои чї? – Албатта ин бе маќсад нест. Њамаи мардњо як одат доранд. Мисли шаѓол ќурбонии осон мекобанд. Шифо ана њамин хел ќурбонии осон, бе њимоят аст, духтари навдида, мўњтољи дасти мард, мўњтољи ёрї. Як-ду бор ки мењрубонї дид, пул гирифт, њама дунёро фаромўш мекунад ва мебинї, ки худаш давида, ба оѓўши шаѓоли гушна даромад.
Резагул аз шиддати изтироб аз љой хест:
-Не-е… ба Худо, ки дилам месўзад њам ба худам, њам ба Шифо.
Њанифа њам аз љо мехезад ва дастакзанон оташи рашки Резагулро тез мекунад:
-Ту аввал ѓами худата хўр. Тамоман девона шудаї: худат ба кундошат касбу кората ёд медињї. Медонї, ин чї маъно дорад? - Як бурда нони дањоната ба вай медињї. Барои чї ба омўзонидани вай тирмизак розї шудї?
Резагул овозашро пасттар кард:
-Барои он, ки Шифо њамроњи ман бошад. Танњо бо њамин роњ ман ўро аз Дилшод дур мекунам. Дар пешам бошад, дилпур мешавам, ки ишќи ман барљост.
Њанифа бо оњанги махсуси мољарољўёна идома медињад:
-Содда, вай худаш њам наѓз ёд медињад. Вале медонї барои чї туро ёрдамчї гирифтааст?
-Барои чї?
-Барои он, ки сардухтур аз нияти бади вай гумонбар нашавад. Гўё, ки њамаи мо ба бечорањо ѓамхорї мекунем. Вале дон: њамин, ки Шифо кора пурра ёд гирифт, Дилшод-љонакат бо ту хайрухуш мекунад.
-Наход Шифоро аз ман боло монад?
-Мардњо њамеша љавонтарашро мекобанд.
-Ман њоло пир нашудаам.
-Феълат тамоман вайрон.
-Ба худо, ки пеш ин хел набудам. Мана њамин духтар девона кард…
-Ба Дилшоди ту ана њамин даркор.
-Ња, хуб соддаам. Не, девонаам. Девона…
Панљањои Резагул мушт мешаванд ва сахт фишурда мегарданд. Аз чашмонаш об баромад.
*****
Шом. Боѓу роѓи атрофи бемористон њама гулпўшу хуррам. Дилшод бо мошини худ љунбуљўл карда, ваќт мегузаронад. Њар гањ ба дар менигарад. Оќибат дар рўи њавлии бемористон пайкари зане монанд ба Резагул пайдо шуд.
Дилшод зуд ба мошин нишаста мотори мошинро ба кор даровард. Аммо зан ба тарафи муќобил рафт. Дилшод бо њайрат ба ў нигарист.
-Ин магар Резагул нест? … Не, њамон аст.
Сигнал дод. Резагул нигоњ накард. Дилшод мошинро ронда, баробари ў оњиста њаракат мекунад. Боз сигнал. Резагул нигоњ накарда, рўяшро ба тарафи дигар гардонд. Дилшод мошинро дошта, фаромад ва баробари Резагул ќадам зад:
-Реза, ќибларо фаромўш кардї.
-Аз ин пас ќиблаи ман дигар аст.
Дилшод фаќат њамин ваќт дид, ки аз чашмони зан ашк љорист. Њайрон шуд, вале суханро ба њазл бурд:
-Муњит хуш аст, чаман гулпўш, сабза санохони Худо… Танњо Резагули хушрўяки духтари шоњи парї дар ѓазаб аст. Чаро? Чаро? Чаро?
-Муњиту чаману сабза хиёнат надидаанд, чаро нола кунанд?
-Вањ, бечора. Кї будааст он хиёнатпешаи љаббор?
-Кифоя, Дилшод. Худатро ба нодонї назан!
-Фањмо. Ту, љонакам, аз ѓамхории ман ба ин духтарча рашк мебарї.
-Маро дигар «љонакаму» «мењрубонакам» нагўй. Мењрубонакњои ту зиёданд: занат, Шифои «акаљон» - гўякат. Њоло боз пайдо мешаванд.
-Ба Худо, ки мисли кўдак њарф мезанї.
-Ња, ман дар сарои ишќ њоло кўдакам, беаќлакам, набошад, осонакак ба доми ту намеафтодаму осонакак ба дасти дигарњо намебахшидам.
-Резагул, байни ману Шифо ягон гап нест. Фаќат мехоњам, ки ба як духтари бечора, ёрї расонам. Муњаббати ману ту як чизи тамоман - тамоман дигар.
-Ба вай њам айнан чунин мегўї.
-Уф… Биё, Резагул ин гапњоро як тараф монему аз муњаббат њарф занем.
-Не. Тамом.
-Чї тамом?
-Тамоман тамом. Ту ба бемористон баргард. Он љо туро вай паризод интизор. Боз ду рўзи дигар сардухтур нест. Ихтиёри њамаи мо дар дасти ту. Ѓайри ман.
-Резагул, ин гапњоро мон. Рашк њам њадду канор дорад.
-Фармон нате. Ту дар бемористон ба ман сардор. Мо аз корхона берун њастем.
-Ман илтиљо мекунам…
-Лозим нест. Маро танњо бимон. Мехоњам танњо бошам.
Мошини сабукраве меояд. Резагул даст бардошта, онро нигоњ медорад. Мошин дуртар аз онњо меистад. Духтар ба сўйи мошин меравад. Дилшод:
-Исто, Резагул!
-Муњит хуш аст, чаман гулпўш, сабза санохони Худо, чени дили ту. Дубораю себораю чорбора ошиќ бишав. Давр рон, фиреб дењ, кайф кун!
-Резагул!
-Номи Резагул гум бод, фаромўшаш бикун. Шод бош.
Резагул зуд ба мошин савор мешавад. Аз магнитофони мошин суруди Манижа «Ман худ намедонам чаро, бо ин њама берањмият, ман дўст медорам туро» садо медињад. Мошин рафт, ишќи ўро бо худ бурд. Дилшод ду дасти имдод ба осмон бардошт. Ба ёдаш сухани худаш омад:
-Муњит хуш аст, чаман гулпўш, сабза санохони Худо, вале ман гирёнам. Чаро? Чаро? Чаро?
*****
Хўљаин њамроњи як милисаи масхарабозмонанд омад.
Ў парвандаи љиної кушод. Њама коргаронро гунањгор кард.
-Одамкушњо! Ба њамкори худ, ба њамватани худ рањм накардед! Ва акнун ин бало, ин љиноятро ба сари мо, русњо мепартоед!? Не, тушбераро хом шумурдед.
-Охир ин пули моро хўрд.
-Ва шумо хостед, ки аз мурдаи ин пул рўёнед!?
-Мо гунањгор…
-Гўш кунед, кундањо, ман њам ба шумо як некї мекунам: барои пўшонидани парванда дар милисаи ноњия сад долларї партоеду худатона аз инља гум кунед. Набошад, барои суиќасд ба куштори гурўњї њар кадоматон камаш дањ солї дар мањбас мешинед.
Коргарњо ноилољ монда, андак-андак пул дода баромаданд.
*****
Бемористон. Шифо, Резагул ва Њанифа њар кадоме ба як коре машѓуланд. Њељ кас шод нест. Гўё интизори кадом як њодисаи нохуш, љанљоли нозарури хастакунандае њастанд.
Нохост дили Резагул бењузур мешавад ва ба сўи љумаки об медавад ва дар болои дастшў хам шуда, ќай мекунад. Шифо зуд давида ўро дошт, ки наафтад. Резагул пас аз лањзае нафаси сабук кашида, ба худ меояд.
-Ба шумо чи шуд?
-Њељ гап не, гузашт…
Аз дидани ин њолат дар нигоњи Њанифа мазмуни нињоние дида мешавад.
*****
Бўстонсарой. Роза паси компютер нишаста кор мекунад. Табъаш хира аст.
Салим ба ў хўрок овард.
Роза бо ишора фањмонд, ки њоло чизе намехохад.
Салим хомўшона баромад.
*****
Њуљраи сардухтур. Сардухтур марди калонсоли ботамкин андешамандона ба Дилшод сухан мегўяд.
-Ту, Дилшод, љарроњи хубї, дастат сабук, беморњо аз ту розї, миннатдоранд. Аммо дасту пою сари якеро шифо бахшидану дили каси дигарро шикастан хуб нест.
-Чиро дар назар доред, устод?
-Ман ба њаёти шахсии шумо кор надорам, вале муносибатњоят бо коргарњо чандон дуруст нестанд. Аз пасат шикоят бисёр. Муносбатњои мањрамонаат бо Резагул аллакай аз њад баромада, ба њар хел овозањо табдил ёфтааст… Барои ба кор ќабул кардани Шифо ман розї набудам. Худат пешнињод кардї, ки дар шўъбаат ба кор гирем. Аммо як моњ нагузашта, гапу калочањо зиёд шудааст…
-Устод, ба њар гап бовар накунед. Ин гапњоро дар њаќи ман аз бахилї мегўянд. Њама кори ман аз дилсўзї аст. Имрўз шукр, дўстонам зиёданд, хешу табор дастгирї мекунанд. Аз дастам меояд, ки чанд дили ношодро шод кунам.
-Дорухона моли шахсии ту аст. Бо ташаббуси худат кори дорухонаро ба Шифо супоридї. Аммо бе маълумоти тиббї вай аз ўњдааш намебарояд. Мабодо ба касе ба љойи даво зањр дињад.
- Ин њам мисли як ёрии башардўстона ба як духтари бечора. Доруњое, ки ў ба беморон медињад, њамеша тањти назорати ман аст. Метавонед хотирљамъ бошед.
-Хуб, вале дар ёд дор, ки Шифо духтари дўсти намакхўрдаи ман аст. Хайру мењрубонї њам агар бе ѓариза бошад, ба даргоњи Худо ќабул мешавад.
-Бале, устод. Ман ягон ѓариза нисбат ба ин духтарак надорам.
-Ба Резагул њам ѓаризае надорї?
-Мебахшед устод. Масъалаи Резагул тамоман гапи дигар аст. Дар рўзгор, шукр, њама чизро дорам, лекин дар оилаам њамдигарфањмї нест. Шумо муњаббатро медонед-ку.
-Зан - барои хона, Резагул - барои муњаббат. Њамин хел?
-Устод, мебахшед, ин кори дил аст. Як дарди бедавои дил аст. Бо ин дил ва бо ин дард њељ кор карда намешавад.
-Вале шумо табиб њастед. Илољашро ёбед.
-Хуб, устод.
-Масъалаи дигар: Ман чоррўза ба машварати гурўњи корї ба Екатеринбург меравам, рўзњои истироњат њам дар он љо мемонам, мехоњам асли кори додарамро фањмам. Панљ рўз ихтиёри бемористон дар дасти ту мешавад.
-Ташаккур… Мебахшед, устод. Дили бузург доред.
-Дили ман њам тамом шудааст.
-Гумон кардам, ки баъди ин њарфњо ба ман љазо медињед.
-Мутахассиси зиёд надорем. Њар кадоми шумо дар њисоб. Вале аз худ наравед. Њамаро мисли худ њисобед, Аз ањволи якдигар бохабар бошед.
-Хуб.
-Дилшод, фаромўш накун, ин мушкилињо муваќќатї. Рўзњои сиёњ мегузаранд, вале рўйи сўхтаи оташков мемонад. Мефањмї?
-Ташаккур, устод.
*****
Табибзани хушсурат тавассути компютер Резагулро муоина мекунад. Ў ташхисро тамом карда, бо мењрубонї гуфт:
-Муборак шавад, дугонаљон. Соњиби фарзанд мешавї.
-Фар-занд?
-Бале.
Резагул боз аз њуш рафт, ки дигар сухани духтур ба гўшаш надаромад. Ашк аз дидагонаш шашќатор шуд:
-Илтимос, апаљон, дар ин бора ба касе ягон дањан гап нагўед. Набошад… набошад, ман худамро…
Зан ўро ором кард:
-Хотирљамъ бош. Агар имрўзњо мо њар чизи дидаамонро ба њар кас гўем, дунё чаппагардон мешавад. Аммо тавре мебинї, дунё њоло дар љояш. Пас, ба ман бовар кун. Њељ гап намешавад.
*****
Модари Шифо дар табу тоб аст. Шифо араќи сару рўи ўро тоза мекунад.
Модар аранге њушёр шуда, боз таб мекунад.
Дар назараш чунин менамояд, ки шавњараш зани дигар гирифтааст ва онњо—салиму зани рус (шояд худи Роза) дар љангали сабзи Россия даст ба даст гузошта сайругашт мекунанд, дастони ўро мебўсад …
Зан дар ванна оббозї мекунад.
Салим ба ў сачоќ медихад. Зан дасти ўро кашола карда, дар ваннаи калон чаппа мекунад.
Њар дафъае, ки модари Шифо кори вазнине мекунад, ба ёдаш меояд, ки шавњараш бо зани русаш мењрубоние мекунад. Дигар њама чиз барояш ногувору њама кор душвор гардидааст.
*****
Резагул дар болои нимкат нишастааст. Шонањои базеби хамхўрдааш ларзон аст. Маълум ки соњиби ин шонањои пурназокат хомўшона мегиряд.
*****
Муйсафед Њамроњхон савори асп дар кўча меояд ва дар назди дарвозаи Шодигул аз асп фаромада, онро дар мехи пеши девор мебандад. Бо дастаи ќамчин дарро тела дода вориди њавлї мешавад.
Шодигул дар њавлї машѓули кори хона аст. Њамроњхонро дида нороњат мешавад ва худ ба худ ѓур-ѓур мекунад:
- Рўяш дар гўр, боз барои чї омад.
Њамрохон беибо пеш омад:
- Шодигул, њалќам ќоќ шуд, як пиёла об биёр. Об додан ба мусофир, дар лаби дарёи Даљла њам бошї савоб.
Шодигул бо дили нохоњам косаи чиниро мегирад ва онро аз сатили дўѓи дар шохи дарахт овезон пур карда ба Њамрохон медињад. Мўйсафед бо кайфият онро дам кашид. Сипас бе ибо пурсид:
- Шодигул, хуб фикр кардї?
- Ман ба шумо гуфта будам, ки дигар бо ин гап ба дари хонаи ман наёед.
- Ман мефањмам туро, Шодигул. Ягон занак даррав «ман розї, марњамат биёед» намегўяд. Њар зан њам шарму њаё мекунад, андеша мекунад…
Шањло ин сўњбатро гўш дорад.
-Илтимос равед. Сад бор гуфтам, ки ман шавњар дорам, дар никоњи мардакам. Ё шумо тољикиро намефањмед?
- Канї њамон шавњар? Нест ва намеояд. Ў агар туро зан мекард, барваќт меомад. Ту мегўї, ки «ман никоњ дорам». О никоњ шарту шароит дорад. Шарт, ки риоя нашуд, он никоњ ба занљир њам ки бастагї бошад, бурида мешавад. Мегардї, умрата бо њамин хел шавњари хаёлї хазон карда?
Шањло дар паси дар аз хашм дандон мехояд.
Шодигул суханро кўтоњ кард:
-Инаш кори ман. Илтимос, ба њамин хушиву хубї раведу дую дубора потона ба рўйи њавлии мо нагузоред!
- Њайрони њамин хел мардо мешавам. На худшон шариатї зан мекунанд, на мемонанд, ки дигарњо зан кунанд. О, ин бечора оњу нола дорад, уболаш як рўз не як рўз мезанад.
Дар ин лањза тоќати духтарча Шањло тоќ шуда, бо ѓазаб аз хона рўйи њавлї баромад ва бо алам дод зад:
- Тез дафъ шав аз хонаи мо. Худи њозир агар дафъ нашавї, сага сар метиям, њамин хел мелучонат, ки дар хонаат намешиносанд!
Шањло бо шитоб сўйи саг рафта, занљири онро ба даст мегирад.
Њамрохон зуд аз љо хест:
-Шодигул, ин чундуката рањ бигир. Ин дафъа дар дастам ќамчин.
-Гапи њаќ мегўяд.
-Аз њељ чиз наметарсам.
Њамрохон бо салобат ба асп савор шуд.
*****
Сардухтур Рањматулло дар тан либоси мотамї меояд.
Салим хайрон ба ў менигарад. Хомўшона вохўрдї карданд. Нигохњо бефарќ ва як навъ душманона боќї монданд. Дар дасти ростиСалим асо. Маълум, ки як чашмаш кўр шудааст.
Салим бегап ишора ба нишастан кард.
Дар «беседка» нишастанд.
Рањматулло оят хонд. Њарду даст ба рўй кашиданд.
Боз ба рўи Салим нигарист. Дурудароз нигарист. Ашк аз дидањояш рафт. Бо зўрї гуфт:
-Фањмидам, ки ту гунањгор нестї.
-Рањмат, бародарљон… Наход дили ман шавад, ки як гули наушукуфтаро пажмурда кунам?
-Дасти ќотил хушк шавад.
-Насиб будааст. Аз насиб гурез нест.
-Туро њам сахт кўфтаанд. Њамаашро ба ман гуфтанд. Маќсади аслии омадани ман ба назди ту чизи дигар аст. Ба симпозиум ба Москва омадам. Туро дида, гуфтаниям, ки хонагињоят азоб доранд. Занат бемор. Духтарат Шифо калонакак шудааст. Вай њозир дар бемористон кор мекунад.
-Ња… вай шоннздањсола шудааст…
-Худо хушбахт кеунад, аммо… Дар атрофаш гургњо дандон тез мекунанд.
-Чї хел?
-Худат фањм. Њатто ба занат хостгорхо пайдо шуданд.
-Не-е…
-Чанд ваќт шуд, ки ба онњо пул нафиристодаї?
-Охир њамон пул бошад, ки фиристам. Худам муфтхўр. Дар сояи давлати як зани бева гаштаам. Барои хонаи ваяя ќаравулї кардан ба ман обу нон медињад.
-Ту чунин фикр мекунї?
-Албатта.
-Ин корро худашон ташкитл накардаанд?
-Чї хел?
-Писари Шарифи Калтая ёд дорї?
-Ња…
-Вай њам баъди сохта буд кардани бўстонсаройи як сиёсатмадори машњури рус онро ќаровулї мекунад. Вале барои ин кораш на танњо обу нон, балки њар моњ дусад доллар маош медињанд. Њар сол як бор зану кўдакњояшро оварда ду мо-се мох хамроњ зиндагї мекунанд. Рўзњои истироњат, ки соњибонаш ба бўстонсарой меоянд, вай дар хонаи хамсоягузарњо бо таъмиру сохтани ягон оѓил машѓул шуда, боз хар моњ саду панљоњ-дусад доллари дигар меёбад. Ту бошї, як зани бегонаро бонї карда мегардї.
-Ња… дар инљой хам баъзехо чунин мекунанд. Вале ман ќариб шаш моњ бо миёни шикаста дар гипс хобидам, ќариб якуним сол табобат кардам, пули табобату хўрокаи маро хамин Роза дод.
-Мефањмам, ки одамони нек дар байни русњо њам зиё1данд. Шояд ин запн аз рахи худо ба ту некї мекунад.
-Ман аз вай ќарздорам. Як умр…
-Вале Аз занат чї? --Вай шаш сол боз хонаи туро ќаровулї мекунад, бо сад азоб як бурида нон ёфта ба фарзандони туро мехўронад, Худаш се сол боз бемор аст, вале пули табобат надорад. Ќарзи занатро кай медињї?
-Ман ягон фикр мекунам. Рањмат ба шумо…
Роза аз хона баромад.
Рањматулло ба ў бо ќањр нигарист. Андак мулоим шуд.
-Ин зан бемор аст. Љигараш тамом шудааст. Ба дилаш њам таъсир кардааст.
-Дар њаќиќат, бемор аст.
-Ин кас --бародари Абдувањњоб. Духтур.
-Фањмо. Таъзияи маро ќабул кунед.
-Мењмон намешавед?
-Ташаккур. Имшаб ба самолёт билет дорам.
-Савѓотї дињам, ба фарзандонаш баред.
-Не. Худаш зинда аст. Зарур донад, худаш барад.
-Боварї њаст, ки дар он чо ба Салим касе кордор намешавад?
-Не. Тољикон ќасосгир нестанд. Ба гузашта салавот мегўянд.
-Хайр. Маро гусел накун.
Бегапу бе дастфишорї, танњо бо нигоњ видоъ карданд.
Рањматулло ба таксие, ки назди дарвоза интизор буд, нишаст.
Таксї равон шуд.
Роза гуфт:
-Ман бояд як кори хайр бикунам: ту бояд назди зану бачањоят баргардї.
-Ман тўша надорам.
-Тўшаро ман медињам.
-Корњои ту чї мешавад?
-Китобамро имрўз-фардо тамом мекунам. Аз ман ёдгорї мемонад. Дигар ба ман њељ чиз даркор нест…
-Роза, ноумед нашав…
-Мард бош. Ба њамааш шукр мебояд…
Бо ранги рўи канда Роза беихтиёр даст ба кисаи пеши бараш бурда, ќуттии доруро кушод…
*****
Паси мизи навбатдор Њанифа нишаста дар дафтар чизе менависад. Касе нест. Љавони дирўз аз бемористон љавобшуда Шодї омад. Њанифа пеши ўро гирифт:
-Њой бача, куљо меравї? Мумкин нест…
-Мебахшед. Ман барои миннатдорї…
-Ња, ин туї, Камолов? Наѓз. Ба кї миннатдорї карданиї?
-Ба шумо… Ва ба Шифо…
-Маќсадат маълум... Љавонї. Бањор. Ишќ…
-Бовар кунед, ман њамин хел… бо дили соф…
-Мефањмам. Ту ба палатаи панљум даро. Ман ўро ба наздат равон мекунам.
-Ташаккур.
Љавон аз ин дилфањмї шод гашт, вале нобоварона ќадам монда, ба палатаи панљум даромад.
Дар палата муаллим хоб аст. Шодї дар рўйи курсї нишаст.
*****
Дар палатаи шафат Шифо ва Резагул бо омўзиш машѓуланд.
Њанифа аз дар ворид шуда, бо оњанги љиддї амр кард:
-Шифо, бемори палатаи панљумро хабар гир.
-Хуб…
Шифо баромада рафт.
Резагул њайрон шуда пурсид:
-Ба бемор чї шудааст?
-Њозир мефањмї. Як тамошои зўри бепул мешавад. Ба ту як некї кунам.
-Чи хел тамошо? Чї хел некї?
-Хушдори ин тирмизак омадааст.
-Дилшод?
-Не. Ѓайри Дилшоди ту њам каллакадуњо зиёданд. Камоловро ёд дорї?
-Њамоне, ки дирўз љавоб додем, Шодї?
-Ња.
-Наход? О, бало-е…
-Ваќти ќасос расид.
-Боз ањвол бадтар нашвад?
-Ту бепарво ист. Ин тарафаш кори ман.
Шифо ба палата даромада рост пеши бемор рафт. Мўйсафедро хоб дида њайрон шуд. Шодии дар курсї нишастаро дида, бештар њайрон шуд:
-Ту барои чї омадї?
-Мебахшї. Ман барои дидани ту омадам, Шифо.
-Барои чї?
-Ман ба модарам гуфтам. - Шодї дар хиљолат, бо њаяљон, бељуръатона њарф зад. - Ту розї бошї, ба хонаатон хостгорї мераванд.
-Не, не, не. Ин гапњо лозим не. Њоло барваќт.
-Падарам њам розї… Бовар кун, Шифо, нияти ман љиддї.
Мўйсафед кайњо бедор шудааст, вале азбаски дилфањм аст, ба сўњбати љавонњо халал нарасонда хомўш хобидааст.
-Дар сари ман савдои дигар аст. Аввал ин ки ман бояд кор кунам, ањли хонаро таъмин кунам, имконият шавад, хонам. Хуллас, роњи ман дигар аст.
-Ман… сабр мекунам. Вале метарсам, ки аз даст меравї.
-Аз дасти кї? Ман ба ин солњои наздик шавњар намекунам.
-Ту ваъда медињї?
-Чї хел ваъда… ман њељ чизро намефањмам, ваъда њам намедињам…
*****
Њанифа бо шаст дари кабинети Дилшодро кушода даромад. Дилшод бо њайрат ба ў нигарист. Њанифа дод зад:
-Ин беморхона соњиб дорад?
-Чї шудааст?
-Ин тиримзаки эркакардаи шумо тамоман гузаронд-ку.
-Кї, Резагул?
-Не, Шифо!
-Тавба…
-Бовар намекунед? Биёед, бо чашмони худатон бинед…
Њарду пасопеш аз кабинет мебароянд.
*****
Љавон гулдастаи дар баѓал пинњонї овардаашро ба Шифо таќдим кард:
-Њамчун рамзи муњаббат… бигир. Бовар бикун, Шифо, ман туро аз тахти дил дўст медорам. Мисли киноњо.
Мўйсафед гўё њанўз хоб аст.
Шифо шарм дошта аз љой хест:
-Лозим не. Ман бояд равам. Кор бисёр.
-Илтимос, не нагўй. Ман бе ту дигар зиндагї карда наметавонам…
Ин лањза дари палата кушода шуда, Дилшод, Њанифа ва Резагул меоянд. Њанифа ба шўр омада «њуљум мекунад»:
-Ана ту дар куљо мегардї! Кори бемористон лаб задаст, вале ин «духтари хона», ин кўдаки дурўза шарм надошта ишќбозї мекунад! Аз омаданат њоло як моњ нашудаасту сари чанд каса гаранг карди-а!?
Љавон шарм дошта Шифоро њимоя кард:
-Мебахшед, нав даромад. Ман фаќат як дањан гап гуфтам.
Дилшод тамкинро аз даст надода мепурсад:
-Мо туро љавоб додем. Ту ин љо чї кор мекунї? Кї ба ту рухсат дод?
Њанифа бештар мехурўшад.
-Худи Шифо пинњонї даровардааст-да. Хурд бошад, њам, зирбидагї будааст. Ба ин синну сол даромада, аќли ман ба њамин намерасид. Э, ин тирмизак бало будааст!
Шифо бо чашмони калон кушода гиребони худро мегирад:
- Худоё, тавба-аа. Худатон гуфтед, ки аз бемор хабар гир!
Шодї њам ба худ омада бо њайрат гуфт:
-Воњима накунед, апаи Њанифа. Охир худи шумо ба ман рухсат додед…
-Ман чї донам, ки маќсади омадани ту чи будааст, - бештар шўрид Њанифа.
Маќсадат чї будааст, -вазнинона пурсид Дилшод.
-Мехостам розигии Шифоро пурсида, ба хонаашон хостгор равон кунам.
Њанифа боз ба шўр омад:
-Ин љо бемористон аст, на љои фисќу фасод! Палатаро њаром кардед…
Мўйсафеди бемор, ки ба ин гапњо бо њайрат гўш медод, ба миёна даромад:
-Ором шавед, љиянњо. Ин бача бо дили соф омадааст, ягон нияти бад надорад. Њамин ќадар гуноњ дорад, ки ки дил додааст.
Њанифа паст наомада:
-Бемористон љои мулоќоти ошиќон нест. Тартибро риоя кардан даркор!!!
Дилшод љамъбаст мекунад.
-Шифо, ин бача рост мегўяд?
Шифо хиљолатзада сар хам кард.
-Рост. Фаќат хоњиш кард. Вале ба ман ягон гапи ин кас даркор нест. Хостгораш њам даркор нест.
-Хуб. Њамаатон палатаро холї кунед. Агар боз як бори дигар дуздона дарої, аз худат гила кун, бача.
-Мебахшед, ака, -ароз кард Шодї. - Шумо духтури дил њастеду чи хел дили инсонро намефањмед? Чї хел ишќро намефањмед?
-Шифо, ба ту, огоњии охирин! –ба љавон гўш надода, бо ќањр фармон дод Дилшод. - Боз як бори дигар такрор шавад, аз кор љавоб медињем. Рафта дар хонаатон ишќварзї мекунї!!!
-Эњ, худо. Боз ин бало аз куљо ба сари ман омад?
Шифо шарм дошта, рўяшро пинњон карда тозон баромаданї шуд. Тоќати Резагул њам тоќ шуда, пеши ўро гирифт.
-Шумо ду одами калон, ду каси рўзгордидаи оиладор, чи хел ќадри инсонро паст мезанед? Агар ба ў љазое дињед, ман адвокаташ мешавам.
-Резагул, бемористон тартиб дорад, - бо ишора сухан сар кард Њанифа. –Ин барои ту њам муњим аст.
-Ман сўхтам, бигузор шогирдам бахт ёбад.
Њама лањзае аз ин Сухан дар њайрат монданд. Шодї дубора узр хост:
-Акаи духтур, Шифо ягон гуноњ надорад. Ўро бубахшед. Ман гунањгор, ки ошиќ шудаам.
Дилшод фармон дод:
-Хуб. Вале зудтар худата гум кун, љаноби ошиќ. Сардухтур фањмад, ба ман њам гап мерасад.
Њама аз палата мебароянд. Мўйсафед танњо монд.
*****
Рўзи дигар. Шифо доруњои навро дар рафаки дорухона ботартиб мечинад.
Аз назди дорухона Резагул мегузарад. Шифо ўро дида, њаёомез сар хам кард. Салом дод. Резагул сардакак «алейк» гирифт:
-Салом.
-Мебахшед, апаљон, ман нав фањмидам, ки чи хел дили зебо доред…
-Ањ, дили касро фањмидан мушкил. Вале ту ба ман даркор…
-Њарчи аз дастам ояд, бароятон дареѓ намедорам, апаљон. Гўед, чї кунам?
-Баъди пешин маслињат мекунем.
-Хуб, апаљон.
Резагул шитобон рафт.
****
Дилшод машѓули навиштан аст. Садои бошаст кушода шудани дари кабинет шунида мешавад. Дилшод сар бардошт.
Резагул аллакай дар болои сари ўст. Ваљоњаташ ѓазаболуд аст.
-Чї гап шуд, љонам?
-Аввал хеста ќулфи дарро мањкам кунед.
-Барои чї?
-Гапи бисёр љиддї дорам, њељ кас халал нарасонад.
Дилшод аз љо бархоста, сўйи дар меравад ва ќуфли онро мањкам карда бармегардад ва дар муќобили Резагул рост меистад. Лањзае хомўшї. Фаќат нафаскашии онњо шунида мешавад. Дилшод хомўширо вайрон кард:
-Гўшу њуши ман ба ту, љонакам, чї сухани муњим дорї?
Резагул бо табассуми сохта эълом намуд:
-Шумо падар мешавед.
-Шўхї мекунї.
Резагул аксњои УЗИ-ро аз зери хилъати сафедаш берун оварда ба ў дод. Дилшод аксњоро аз назар гузаронида, ба изтироб омад:
-Чаро пешгирї накардї!?
-Чї, шумо аз ман рў мегардонед, даст мекашед!?
-Не, не, ин тавр нагў, љонакам. Ту азизи дили манї. Лекин…
-Лекин чї?
-Лекин кўдак чї лозим? Мо њамин хел… ишќварзї мекунем. Ту худат медонї, ман се кўдак дорам, дар ин шароит кофист…
-Яъне ту аз кўдак даст мекашї!?
-Љонам, мо метавонем кўдакро исќот кунем. Њељ кас намефањмад.
Резагул аз шунидани ин суханњо ба ѓазаб омад:
- Ман акнун фањмидам, ки ту ќотил њам њастї. Дили маро куштї, ишќи маро куштї. Акнун касеро мехоњї бикушї, ки њанўз ба дунё наомадаст ва ў фарзанди туст. Ман ба ту нафрат дорам. Ман туро лаънат мекунам!!!
Дилшод аз овози баланди Резагул тарсид. Зуд пеш омада, дањони ўро бо кафи даст баст. Резагул худро аз дасти ў рањо карда, сўйи дар давид ва калидро тоб дода дарро кушода берун љ аст. Дилшод то остона рафт, вале дигар љуръати аз дар баромадан намекунад.
*****
Шаб. Мошини беморхона ва аз акибаш мошини сабукрави дигар њаракат доранд. Дар пас чанбари сабукрав Шодї нишастааст. Мошини беморхона дар саргањи дења тоб хўрда меистад ва аз дари он Шифо мефарояд.
Шифо ба назди ферма расида ба сари теппача менигарад. Одатан модараш њамин љо истода пешвоз мегирифт. Вале њоло нест. Дар дил мегўяд:
-Модарам нестанд. Сањар таб доштанд. Зудтар рафтан даркор. Вале ферма… Не… Њама гапњо воњимаи мардуманд…
Шифо устуворона ќадам зада ба ферма наздик мешавад. Овозњои аљибе ба гўш мерасанд. «Садои дев… Овози љинњо… Не, шаѓол аст...» Мусиќии хатар. Дили духтар суст мешавад. Дар назараш чунин менамояд, ки аз фермаи вайрона деву љинњо баромаданд, ба њоли ў механданд, тањдид мекунанд.
Духтар дод мезанад:
-Вой!
Аз болои теппа - аз болои роњ сигнали мошин чанд бор садо дода ўро ба худ меорад. «Ландкрузер» нури чароѓњояшро ба сари роњи духтар рост мекунад. Дар рўшноии чароѓ Шифо мебинад, ки сагњо аз ќафои гурбае метозанд.
Аз љониби дигар овози модараш мебарояд.
-Шифо!? Шифољон!
Модар зуд расида меояд.
Шифо духтари боѓайрат аст, базўр табассум карда хандида мегўяд:
-Гурбаи дайдуву саги њамсоя будааст. Дар назарам дев намуд.
-Натарс, духтарам. Деву љин ба одам кордор нест. Аз одамон битарс, гуфтааст Саъдї њаштсад сол пеш.
Шифо ба сўи мошини сигналдода хам шуда, бо ишора арзи сипос мекунад. Вай мошин њам рафт. Модару духтар њамроњ ханда карда, дар торикї аз назар нопадид мешаванд. Овозњояшонро мешунавем.
-Худатон чї хел, оча? Тарсидам, ки бемор шудед…
-Хоњарат андак таб дорад. Бо вай овора шуда, гузаштани ваќтро нафањмидам.
-Ња…
*****
Сардухтур Резагули дар кунљи курсї амонатак нишастаро коњиш мекунад.
-Умуман, шикоят зиёд, духтарљон. Ту нав омўзишгоњро хатм кардаї, бо кори њама дастгоњњо шинос њастї, вале сифати корат хуб нест. Дар ваќти љарроњї ба љои скальпель дока медињї, ба љои ќайчї скальпель. Њисоботи навиштаат носањењ, шакли навишти онро намедонї. Њатто таърихи бемориро дуруст наменависї. Ин чизњоро дар омўзишгоњ ба шумо ёд надоданд?
Резагул бо сари њам нимѓурма њрф зад:
-Ёд доданд-у… Худамон... Ањамият надодем. Даводавї барои рўзгор зиёд буд.
Сардухтур:
-Рањмат, ки њаќиќатро мегўї. Ман намедонам бо шумо љавонњо чї кор кунам. Хулоса, дар њамин љо ёд гир. Барои ту хондан - хондани љиддї аз нав оѓоз мешавад.
-Хуб, муаллим.
-Шикояти дигараш вазнинтар: Беморон арз доранд, ки нисбат ба онњо тамоман беањамият шудаї, рўзи дароз хаёлї мегардї. Болои сўхта намакоб, барои сўзандору гузаронидан «њаќи даст» - пул талаб мекунї?
-Не-е. Кї гуфт?
-Инашро донистани шумо шарт нест. Гап њамин: барои ислоњшавї ба ту як њафта мўњлат. Вале агар як арзи дигар биёяд, худат ариза навишта, баромада меравї.
-Мебахшед…
-Аз пайи корат шав!
Резагул бо дили реза-реза аз назди сардухтур баромад.
*****
Шифо палатаро тоза мекунад. Мўйсафед дар кати худ дароз кашидааст.
Резагул ѓарќи хаёл дар лаби рўд нишастааст. Дар гўшаш суханони сардухтур садо медињанд: «Гап њамин: барои ислоњшавї ба ту се рўз мўњлат. Як арзи дигар биёяд, худат ариза навишта баромада меравї… Меравї! Мммеравї!!!»
Ашк дар чашмонаш њалќа мезанад. Дар гўшаш овози Дилшод баланд мешавад: «Љонам, мо метавонем кўдакро исќот кунем. Њељ кас намефањмад, намефањмад, намефањмад!!!»
Ашки чашмонаш љорист.
Гули навшукуфтаи даштї аз фишори селобаи љўйбор хам мешавад, об онро тамоман пахш мекунад, гул ќомат рост мекунад ва љилои хуштар медињад.
*****
Духтарчањо лўхтакбозї доранд. Шањло бо лўхтак бозї карда:
- Дадаи ман ба ќарибї пул равон мекунад, луфтаки калони «Барбї мехарем.
Духтарчаи њамсоя пурсид:
-Баъд ба ман њам медињи, ки бозї кунам?
- Њамаамон якљоя бозї мекунем!
Дахтарчањо њама аз љо хеста, хандида сўи кўча медаванд.
*****
Њанифа либосњои шустаашро дар торбанд љой мекунад. Резагул бо табъи гирифта ба ў кам-кам ёрї мерасонад.
Њанифа насињат мекунад:
-Кўдак ягона роњи ба даст гирифтани мард аст. Агар писар шавад, туро бештар дўст медорад. Зани ќонунї мекунад, албатта, ёрї мерасонад.
Резагул бо чашмони мањзун ва дидаи пурнам изњори ноумедї кард:
-Бефоида. Вай аз зани якумаш људо шуданї нест. Кошки зан намедошт.
-Ту наѓз медонистї, ки вай зану бача дорад, вале дар ваќташ фикр накардї.
-Ња, ягон чиз пеши назарам наомад.
-Ишќ зўрї кард, гўй?
-Аз мењрубонињояш об шудам. Лекин њоло худам аз ў безорам. ман аз чунин булњаваси хиёнаткор фарзанд доштан намехоњам.
-Сахти бад гирифтї, дугона.
Резагул оби дидаашро пок кард:
-Илтимос, апаљон, ба ман ёрї дињед, кўдака исќот кунед. Дадаам фањманд, маро мекушанд.
-Аз аввал фикр кардан даркор буд!
-Хато кардам, апаљон. Бовараш кардам, надонистам, ки номард аст.
-Ин тавр бошад, аќалан ба модарат гап зан! Агар модарат розї шуд, ман…
-Наметавонам, апааљон. Гуфтам -ку наметавонам !
-Ин тавр бошад, кори худат. Ман ба сари худам гуноњ бардоштан намехоњам, гуноњњои худам бас.
-Апаљон…
-Наметавонам!
Њанифа рафт. Резагул дар лаби рўд танњо монд.
Гули навшукуфтаи садбарг дар оби ифлоси љўй афтод. Оби љўй онро ба тўдаи ифлосињо њамроњ кард…
*****
Шифо барои либосивазкунї ба њуљраи худ даромад. Ќуттии доруњоро дар сейф гузошта, хилъаташро бадар кард. Дарро кўфта, Резагул даромад. Хомўшона пеши Шифо омад, сарашро дар китфи ў гузошта бо овози пурѓам гуфт:
- Шифољон, аќаллан ту ба ман ёрї дењ.
-Чї кор кунам?
-Доруњо дар дасти ту. Дору барои афтондани кўдак лозим.
-Барои кї даркор аст?
-Ба ту фарќаш чї.
-Ин хел дору надорем.
-Ман худам… њилаашро медонам. Се-чор намудашро интихоб мекунам.
-Мудир љанг мекунад…
-Кани дењ, Шифољон, як умр хизматата мекунам.
Худи ў ба мамониати Шифо нигоњ накарда, аз даруни сейфи либосмонї ќуттии доруњоро бароварда, чанд доруро интихоб карда ба тезї баромада меравад .
*****
Плафони чароѓи гирён: «ШЎЪБАИ ЭЊЁГАРЇ».
Резагул дар кати беморї дар зери чакак хоб аст. Њолаш вазнин. Каме ба худ меояд.
-Об дињед…
Шифо аз графин ба стакан об рехта, ба ў об медињад.
-Нўшед, апаи Резагул.
Резагул чашмонашро кушода дар болои сари худ Шифоро мебинад:
-Њм… туї? Гум шав! Мон, ки бе дидани рўи ту ором мурам.
- Ман чї гуноњ дорам?
-Агар ту намеомадї, Дилшод маро њељ ваќт намепартофт.
-Ман ба ў чи кор дорам?
-Дилаш маъшўќаи љавонтар мехостааст.
-Миёни ману вай ягон гап нест…
-Маъшуќаи сардори гулхушкун будан дарди вазнин аст.
-Дилшод барои ман мисли падар…
-Шояд… Вале шояд ту барраи бефањмї, аз дандони гург бехабарї, маќсади ўро нафањмидаї. - Нафасаш танг шуда сулфа кард. – ту дору мефурўшї, баќияи пулашро ту мегирї, вай сари туро сила мекунад, падарвор, аз лабонат мебўсад падарвор...
-Не, аз пешониам. Вале ин як… ѓамхории падарона…
-Ба ман њам чунин мегуфт. Вале шод нашав, њамин, ки боз як паричаи нави дигар даромад, ту аз эътибор соќит мешавї. Эњ, бало ба паси шумо, вале ба касофати шумо кўдакам нобуд шуд!?
-Ман ягон гуноњ надорам. Акаи Дилшод њам ба ман ягон њарфи бад нагуфтаанд.
-Э, рав, бо Дилшодат-е!
Шифо дигар тоќат накарда, бо шитоб баромада рафт.
Резагул аз аќиби вай мањзунона менигарад. Лањзае сукут.
Дар кушода шуда, Дилшод меояд. Резагул ўро дида, бо овози пасту нозук пичиррос мезанад:
-Рав аз ин љо.
-Пурсидани ањволи беморон ва табобати онњо вазифаи ман аст, дилсўзонаву узромез гуфт Дилшод.
Резагул:
-Диламро озор надењ…
Нигоњњо ба њам бармехўранд. Дуру дароз менигаранд. Нигоњи яке душманона шуд. Дилшод сўњбатро бо оњанги расмї сўњбатро идома дод:
-Хуб. Ањволи саломатиат дуруст? Ва ба духтур эњтиёљ надорї?
Резагул бо ѓазаб гуфт:
-Ба ту эњтиёљ надорам. Рав!
-Ќисмати ту њамин будааст. Аз таќдир љойи гурез нест.
Дилшод рафт. Чашмони Резагул пур аз ашк шудаанд.
*****
Дилшод даст дар пешонї дар паси мизи худ нишастааст. Шифо бе таќ-таќ медарояд. Ваљоњаташ асабонї. Дар даст ќуттии калони доруњо, як даста пул ва як порча коѓази дорои ду љумла навишта. Њамаро ба рўи миз гузошт.
Дилшод њайрон нашуд.
-Тинљї аст?
-Шумо гумон кардед, ки ман мўњтољи пуламу ба њар шарти шумо розї мешавам?
-Кадом шарт? Ту чињо мегўї?
-Шумо зан дореду…
-Медонї, зан дораму як маъшуќа. Вале аз њардуяшон безорам…
-Акнун мехоњед, ки маро…? Не! Ман аз ёрии шумо њам безору аз ѓамхории падаронаатон њам!
-Кї инро ба ту ёд дод?
-«Пешонии кафидаи гург»!
-Браво, духтарак!
-Ана, ин аризаи ман!
Шифо бо ќањр баромада меравад. Дилшод њайрону музтар аст.
*****
Шифо ба касе нигоњ накарда, бо ѓами худ банд шитобон мегузарад. Беморе барои дору харидан ба ў мењрубонона сухан мегўяд, вале ў намешунавад. Шифо анљомњояшро љамъ мекунад. Шоиста –модари писараки бемор дар даст як селофани пур меояд, баробари ворид шудан Шифоро оѓўш кашида мебўсад:
-Хабари хуш, Шифољон. Падари Комрон пул равон кард! Худаш њам њафтаи дигар меомадааст.
Шифо табассуми сохта мекунад.
-Муборак шавад, хола.
Шоиста ба кисаи хилъати Шифо пул меандозад.
-Шифољон, хоњаракам. Ташаккур ба ту, ки дили гарму мењрубон дорї. Ба њоли мо шафќат кардї, мисли дигарњо пешакї пул напурсидї. Худо мењрубониатро њазор баробар ба ту бозгардонад. Неки куну ба дарё андоз гуфтаанд, некї албатта, ба ту бармегардад. Ин њаќи ту, хоњарљон.
-Не, не, хола, њељ чиз лозим нест.
-Ин њаќи њалоли ту, њаќи дастат. Ин кулчањои равѓанинро ба падару модарат бар, ки чунин духтари мењрубон тарбия кардаанд.
Шифоро оѓўш карда аз пешониаш мебўсад ва аз кабинет меравад.
Шифо дар даст халта, бе хилъати сафед аз дари њуљраи њамширањо баромада, рост сўйи баромадгоњ меояд. Њанифа дар паси миз нишастаааст ва омадани ўро назора мекунад. Аммо Шифо ба вай тамоман беэътибор аз наздаш гузашта меравад.
Њанифа бо нигоњи њайратзада ўро гусел мекунад.
Дар канори роњи назди беморхона њамон мошини сабукрав истодааст, ки Шифоро њар шаб то дења гусел мекард.
*****
Дар салони мошин Шодї аз магнитофон суруди ишќї мешунавад. Ногоњ чашми Шодї ба Шифо меафтад, ки аз пеши мошин гузашта меравад.
Шодї зуд аз мошин баромада Шифоро дармеёбад ва бо чолокї аз ў пеш гузашта, сари роњи духтарро мегирад:
-Салом, Шифољон.
-Салом.
-Ту гиря кардаї, Шифо?
- Не.
-Дурўѓ мегўї, чашмонат сурх аст. Кї туро ранљонд?
-Њељ кас. Ман аз кор рафтам. Беихтиёр дилам ганда шуд.
-Фањмо…, хуб кардї. Биё бишин. Ман туро то хонаатон мебарам.
- Лозим нест, ман худам меравам.
Шодї бо мењрубонї аз дасти Шифо кашида, ўро ба назди мошин овард. Дар аќиби мошинро кушод. Шифо ноилољ вориди салон шуд. Шодї аз паси мошин гузашта, дар љои худ омада нишаст. Мошин ба роњ баромад.
Шодї дар паси чанбари мошин, илтиљо кард:
- Шифо, ман дар бораи ту алакай њама чиро медонам. Ва медонам, ки ту мисли фаришта покї. Ман аз дилу љон мехоњам ба ту кумак кунам.
-Ман намехоњам бори гарон бар дўши дигарон бошам.
-Ту овози хуб дорї. Биё, ба гурўњи мусиќии мо њамроњ шав.
-Намедонам, ин кор ѓайриимкон аст.
-Ман дар ансамбл њам мутрибам, њам оњангсоз. Падарам сармоягузори мо. Бовар дорам, ки ту бо як суруди хуб ба зудї машњур мешавї.
Шифо чизе намегўяд, вале дар чашмонаш шўълаи умед медурахшад.
Мошин аз назар дур мешавад.
*****
Мўйсафедони дења таъом хўрда истодаанд.
Дилшод дастњо дар сари сина онњоро пазирої дорад.
Мўйсафеди домулло аз Дилшод мепурсад:
- Ба хайр аст, Дилшод?
- Рањматии модарамро дар хоб дидам.
- Худо рањматаш кунад. Хурсанд буд?
- Бо ман гап назад.
Мўйсафед шарњ дод:
-Рўњаш ноором аст, ягон хатое кардаї, бачем.
Дилшод:
- Ња, бобо, дар ин дунё ку бандаи бегуноњ?
*****
Мутрибон оњанги хушеро менавозанд. Дар толор Шифо ва Шодї машѓули тамрини суруданд. Ваќти њарду хуш ва чењраашон болида аст.
*****
Майдони Сурх. Мусиќии русї садо медињад. Марде бо љавонзани зебои рус пањлў ба пањлўи њам дар растаи фурўши дискњо ќадам мезананд. Мард назди фурўшанда омад.
- Салом, Каримљон. Чї њол дорї?
- Воалайкум салом. Шукри Худо, бад нест.
- Аз Тољикистон ягон диски нав омад?
- Њаст, ака, як њофизаи нав баромадааст, бисёр ширин мехонад. Њамаи бачањои тољик дискашро харида истодаанд.
- Ку биёр.
Фурўшанда дискеро бо тасвири Шифо ба мард медињад. Мард дискро гирифта, ба рўйи он назар мекунад ва дарњод ваљоњаташ дигар мешавад:
- Каримљон, ку зуд бимонаш, бинем.
Каримљон дискро дар гардунаи DVD мемонад. Дар монитор клипи «Падарљон» бо садои Шифо пахш мешавад. Мард ба њаяљон омад.
-Ин духтари ман аст, Шифои ман аст.
Клип то охир ба тамоми экран нишон дода мешавад.
Баъди тамошои клип мард ба љавонзани рус:
- Я поеду, дорогая.
- Куда вы?
- В Таджикистан.
*****
Дар таблои назди Кохи Борбад тасвири калон ва зебои Шифо. Одамони зиёд сўйи толор мераванд. Мошини таксї омада дар назди дарвозаи Шодигул меистад.
Падари Шифо аз баѓољи мошин љомадонњои сафарии худро гирифта, аз дарвозаи хона ворид мешавад ва садо баланд мекунад:
- Канї шумо? Шифо! Шањло! Шодигул…!
Саг аз љо хеста ба сараш мељакад.
Ба рўйи њавлї назар мекунад. Касе нест.
Ин лањза духтараки њамсоя аз дарвоза медарояд. Мард:
- Канї инњо, куљо рафтанд?
Духтарча:
- Шифо кансерт дорад, њамашон ба шањр рафтанд.
Мард љомадонњои худро дар њавлї партофта зуд баргашт. Дубора ба таксї нишаст.
*****
Толори Борбад. Шифо банди охири суруди «Падарљон»-ро мехонад.
Мардум њама рост истода ба ифтихори Шифо кафкўбї мекунанд. Шифо дар рўйи сањна бо ниматаъзим ба ањли толор изњори сипос мекунад. Мухлисон ба вай гулдастањо таќдим мекунанд.
Шодї бо шавќу шўр ќарсак мезанад.
Падари Шифо анбўњи одамонро рахна карда, аз аќиби толор пеш меояд ва дар даст гулчанбар аз зинањои сањна боло мебарояд.
Чашми Шифо ба падар меафтад.
Падар рўйи сањна назди Шифо меравад ва дастагулро ба ў таќдим карда, аз пешонаи духтараш мебўсад.
Шодигул ва Шањло аз толор ин лањзаро дида, бо њаяљон ва ашки шодї. кафкўбї мекунанд.
Шифо бо дастафшонии бардавом бо ањли толор хайрухуш мекунад.
Ањли толор њамоно каф мекўбанд.
*****
Свидетельство о публикации №223033100209