Евгений Попов Осмони пури алмос на таджикском

Евгений Анатолевич Попов (соли таваллудаш 1946) носир, драматург, очеркнавис. Барандаи љоизањои «Tриумф» (2009), «Китоби бузург» (2012).
Дар шањри Красноярск таваллуд шудааст. Донишкадаи љустуљўи геологии ба номи Орљоникидзеи Москваро хатм намуда, дар шимолу шарќи Русия ба њайси геолог кор кардааст. Дар нашри маљмуаи бесензураи «Метропол» (1979) иштирок кардааст.
Њикояњои аввалинаш дар маљаллаи «Новый мир» нашр гашта, ба онњо Василий Шукшин сарсухан навиштааст. Попов муаллифи маљмуањои сершумори њикоёт («Руси шодон», «Ишќи бовафоро мунтазирам», «Тайёра ба Кёлн»), романњо («Дили  ватанпараст», «Дар арафаи арафа», «Устоди саргумињо») ва пйесањо мебошад. Муаллифи (бо Александр Кабаков) китоби «Аксёнов» (дар бораи Василий Аксёнов).
Ба фикри мунаќќидон, насри Попов падидаи амиќи миллї аст. «Насри у зебою дурушт, равшану пурмуаммо, њушьёру маст, мисли марди рус. Аз ин рў, вайро чун як шахси рус мешиносанд” (Сергей Боровиков). «Шавќу њавас ба одам, муњаббат ба ў ва њаёти озоди хушу хурсандона бо тамоми шаклу зуњуроташ – принципи солими њаётдўстона аз бисёр љињат асоси насри ўро ташкил медињад» (Артемий Леонтьев).


ОСМОНИ ПУР АЗ АЛМОС (1)

Њикояи адабї бо P.S., ки аз сию се ёддошт иборат аст.
(Барои тафсири вожањои даѓал, ки махсус интихоб шудааст, ба шарњи нависанда таваљљуњ намоед).

We would like to commission a short story from you to be inspired by the quotes from Checkhov that are attached to this letter. We do not expect you to write in the style of Сhekhov, just to use these ideas as inspiration for your own. / Аз шумо як њикояти кўтоњро мехоњем, ки сарчашмаи илњома аз иќтибосњои Чехов бошад ва онњоро ба ин нома замима кардем. Шарт нест, ки шумо бо услуби Чехов нависед, танњо фикрњои ўро чун мояи илњом истифода баред.
Порча аз мактубе, ки нависанда Гдов аз хориља гирифтааст. Тарљума бо лу;ат барои хонандагони синфњои болои муаллиф.
«Чї бояд кард бо марде, ки њар гуна корњои зишт мекунаду баъд нолаву фиѓон мекашад?» – Антон Павлович Чехов (2).
______________________________________


Хонум Р. О. Аромат руймоли тўриашро ба гўшаи чапи намгирифтаи чашми росташ пахш карда, айни замон таъна мекард, ки расо сию се сол пеш мо њарду сокини шањри К. дар соњили дарёи бузурги Сибир Е. будем ки ба Уќёнуси яхбастаи шимолї мерезад.
- Чї тавр ман дарњол нафањмидам, ки шумо лаънатї будед! – мегуфт зан. - Фаќат њаромзода ба ман чунин номаи видоъии бемаъниро бе суро;аи бозгашт мефиристад. Њатто дар номаи ишќї менависанд: "Ман барои посух марка - њаќќи почтаро мегузорам."
– Хайр... ин, медонї, таќозои шањвати духтар буд. Ту муљомиат мехостї, ман њам, чаро зид бароям? Дарвоќеъ, дидадарої… Вале ту чаро хурўси зиндаро ба њуљраи ман даровардї? –  оромона эътироз намудам ва босаброна интизор шудам, ки ѓурури яклањзаинаи духтари њоло хонумшудаи «руси нав» гузарад ва ў боз хушњол, озод ва пурѓайрат шавад.
Гап дар сари он аст, ки аз лутфи Розалия Осиповна аллакай каме араќи ќимати (3) «Стандарти русї» нўшид будем. Вай араќро бо афшураи афлесун омехта, ба як стакани булўр ду мукааб ях илова кард, зоњиран дар Амрико ба ў чунин ёд додаанд. Ман ними онро ба таги бинї партофта (4) бодиринги шўрро газак кардам. Розалия Осиповна Аромат дар тўли солњо њунари намаккунии бодирингро наѓз омўхтааст. Пештар ў њељ чизро намедонист, ба љуз муљомиат кардан ва пул дода, бо акваланг  шино кардан дар кўлњои зеризаминии Сибир дар ;орњои дохили оњаксангњо. Розалия Осиповна он ваќт узви содиќи комсомол, варзишгар ва шиновар буд. Номаш чун њоло Роза буд, аммо фамилияаш тамоман дигар, дар ёдам намондааст. Ё Кукушкина, ё Кристанюк (5). Њоло хотираам заиф шудааст аз беморињои: склероз, ниќрис, фишори баланди хун, љамъшавии намак, илтињоби меъда, простатит, хоки хунук (6).
– Роњи чанголуд, дар паси он бутта,
Сабр намо андак, баъд мебинї роњат. – Ман суруди ночаспон хондам.
– Чї? – Розалия Осиповна дар хайрат монд.
– Ин фикри шоир Михаил Лермонтов аст (7), ки вай дар навбати худ аз Гёте ё аз Гейне гирифта буд. Њайнрих Њайне (8). Шоири рус Лермонтов аслан шотландї ва адиби олмонї Гейне яњудї буд. Пушкин – њабаш, Тургенев – тотор, Лесков – англис, Достоевский – поляк, Чехов, албатта, чех. Пролетарњои њамаи мамлакатњо, як шавед, – фањмондам ман.
– Худи ту кистї, ман то њол фањмида наметавонам? – вай ба ман нигарист.
– Ман? Як љавонписари одии рус, зиёї, ба корњои калон ќодир. Аз љумла, метавонам мудири шуъбаи маданияти ягон журнали нави љилодор шавам, ки берун аз сиёсат, бо миќдори муътадили реклама ва маводи шањватомез бошад. Бо маоши 2500 доллар дар як моњ.
– Ана инро дидї? – Ў як ишораи ношоиста, вале зебо ва андаке хаяљоноваре кард.
Бояд гуфт, ки бо гузашти солњо чандон таѓйир наёфтааст. Ин натиљаи аз љавонї варзиш кардан, тарзи њаёти солим, дуруст хўрок хўрдан аст. Њанўз миёнборик, резапайкар, пишаквор (9) ќайиш. Хулоса, гурба.
Падари ў Осип Пинњосович Аромат дар Витебск дар оилаи камбизоати ќаннод таваллуд шудааст. Бесавод, вале бо аќлу фитрати табиї ба њама чиз соњиб шуд. Эњсоси ѓуломиро дар вуљуди худ ќатра – ќатра фишурда, ба инќилобчиён њамроњ шуд, Марк Шагалро мешинохт, дар ЧеКа хизмат мекард ва дар он љо мансаби мувофиќ ёфт ва албатта бояд дар ќабристони Новодевичевои Маскав, дар пањлўи, масалан, Хрущев ё Каганович, дафн мешуд, агар соли 1950 дар ављи муборизаи зидди космополитизм  њамкасбони худаш ќатл намекарданд.
Модараш Надежда бо насаби Кукушкина ё Христанюк низ аз табаќаи миёна буд, ў њам инќилобчист. Вале ўро муњаббат ба исён овард.
Гап дар сари он аст, ки вай хизматгори як тољири шањватпарасти Маскав буд, ки бо Максим Горкий дўстї дошт, баъзан дар њолати мастї барои инќилоб пул мепартофт, сарпарасти Станиславскийи дорои театри бадеияти баланд буд, аммо худ дар ќасри азими худ зиндагї мекард, ки дар кўчаи Малая Дмитровкаи Москва воќеъ буд, бенињоят шалаќ– њам аз љињати маънавї, њам аз лињози љисмонї. Ба занњои сабукпой њарис, айни замон аз он фахр мекард, ки Чехов пеш аз сафари машњури худ ба Сахалин барои тавсифи њоли онваќтаи вазнини халќи зањматдўст ва љинояткори рус мањз дар њамин бино иќомат дошт. Вай ба хизматгорзан њам чашм медўхт, дар њаммом ўро наззора мекард ва њељ нафањмид, ки чаро вай ба ў тан намедињад, њарчанд барои як алоќаи одии љинсї ба ў пули кофї пешнињод мекард. Буржуй (10), ки аз араќу пул аќл бохта буд, њељ нафањмид, ки дар љањон ѓайр аз шањвату нафс, ишќи њаќиќї њам вуљуд дорад. Вай девонавор механдид, агар мефањмид, ки хизматгораш Надя ба як кушандаи нонхўракњо ошиќ шудааст, ки дар хонаи ифлосаш бешумор буданд ва аз ин рў он терминаторро (11) мунтазам ба ин љо даъват мекарданд ва оќибаташ ишќи печон шуд. Ваќт мегузашт, дар хонаи тољир њамеша фортепианои механикї менавохтанд, муњит хеле пур;ав;о ва шавќовар буд, аммо хушбахтии воќеї набуд ва ў худро дар шањри Нитса ба дор овехт (ё болшевикон ўро ба дор овехтаанд, чунин тахмин вуљуд дорад). Вай худро ба дор овехта, як ёддошти аљиб гузошт, иќтибос аз шеъри дар љавониаш навиштаи дўсташ Максим – «Хайр, бодбонњоро баланд карда, дар сари чанбарак истодам».
Аммо он ваќт ў њанўз зинда буд, ваќте хизматгораш Надя баъд аз алоќаи љинсї истироњат мекарду ногоњ ба тањаммулнопазирии пролетарї гирифтор шуда, ба «нонхўраки хурд» Оса пешнињод кард: «Биё, ўро «нахрен» (12) дафъ кунем, бо зоокумарин (13) зањролуд кунему аз ин нархуки фарбењ ба якборагї халос шавем. Имрўз барои шом гўшти желе мепазанд ва ман метавонам ба ќадри зарурї зањр илова кунам. Инќилобчї ва чекисти оянда Осип Аромат сарашро сахт љунбонда, ќатъиян рад кард: – Не, Надяљон, инќилобро бо дастони пок кардан лозим аст. Ба фикри ман, ин њаромї ба зудї худаш мемирад. Агар дарњол намирад, мисли њама аъзои синфи истисморкунанда ба нобудшавї мањкум хоњад шуд."
Воќеан, њамин тавр њам шуд…
– Ина бин–а, ту дар миёни тањаввулоти хуношоми љањонї комилан эмин мондї. Коммунизм пош хўрд, СССР барњам хўрд, террористон њар рўз моро бо њамдардии комили зиёиёни чапи «аќлашонро хўрдагї» (14) метарконанд. Ва боз њам зеботар шудї. Пештар, иќрор мешавам, хунукак будї, айнак мемондї. Њоло ба чашмонат линза гузоштаї? – пурсидам ман.
– Линза, – кўтоњ љавоб дод вай дар бораи чизи дигаре фикр карда.
Розалия Осиповна дар давраи баъди бозсозї (15) тавонист дар Исроил, Итолиё, Англия, Фаронса, Амрико зиндагї кунад, аммо ягон љо писандаш нашуд ва њоло њамчун бевазани машњури рус ба ватани азизаш баргашт. – Ў зани њунарманди маъруфи фаронсавї шуд, ки замоне ўро аз СССР ба ;арб бурда буд ва ќаблан насаби аслии худро дубора ба даст овард ва ба болшевикњо исбот кард, ки ў, собиќ Кукушкина (ё Христанюк) ва њоло Аромат, яхудї аст, њуќуќи ба ватани таърихии худ омаданро дорад. Вай дар гирдињамоињо, тазоњурот иштирок карда, далерона рў ба рў бо њукуматдорон месуруд: «Шабу рўз аз такрор хаста намешавам, халќро озод бикун… (16)». Дар «совк» (17) рассомро албатта, эътироф накарданд, ўро ду маротиба ба беморхонаи беморињои рўњї равон карданд, њарчанд баъзе ѓайбатчињо мегуфтанд, ки ин кор бесабаб нест. Вай хеле боѓайрат ва аљибулхилќат буд. Дар шаби тўйи арўсї фармуд, ки ба љойи рўйкаши сафеди кўрпа дастархони дар рўи мизи тўй чиркиншударо гузоранд ва хеле пеш аз маргаш дар кохи боњашамати худ дар шањри кўњнаи Берре–ле–Алп њар рўз таъоми пешин хўрда, занашро метарсонд, ки ба дайр меравад, занаш гиря мекард аз тарси он ки он девона тамоми пулашро ба дайр васият мекунад. Баъзан Розалия Осиповна гумон дошт, ки шўяш ба эњтимоли зиёд пинњонї њамљинсбозї мекунад ва аз ин боз њам талхтар мегирист. Њама чиз дар љањон хотима меёбад. Њоло мусавварањои шавњараш миллионњо доллар арзиш доранд ва зан боз ба хонаи худ омад. «Дубора (18) салом, Ватан, баъди баргаштан! Салом, пойтахти азиз, Москва»!
– Чаро он ваќт маро ба занї нагирифтї? – рўирост ва бо хашму ѓазаб пурсид Розалия Осиповна.
– Хуб, тасаввур кунед, њоло шумо дар рўи замин устувор истодаед. Хайр, он замон як никоњи шоирона мешуд, баъд чї? – Аблањї, бачањои аблањ! – Ман кўшидам, ки низоъро бо њазл анљом дињам.
– Боз кадом кўдакон? – Розалия Осиповна нафањмид.
– Хуб, образнок карда гўем, ин ману ту.
– Ва аблањон кистанд?
– Инаш њам ману ту.
Розалия Осиповна табассум кард ва оњиста–оњиста сигори «Вог»–и ментолдорро оташ гиронд.
– Не, шумо аз зумраи онњоед, ки дар як маќоли русї омадааст: «Дар ањмаќї ањмаќ, вале собун намехўрад».
– Ба наздикї як варианти дигари ин маќолро шунидам: «Кўр кўр аст, аммо собун намехўрад» – гуфтам ман.
– Ана барои њамин мегўям, ки ту њаромзодаї. Наѓз медонистї, ки дар хонаи бачагони барои «душманони халќ» тарбият ёфтаам ва маро он љо њама тамасхур мекарданд. Њатто як мактаббача, Трахтенбауэр, ифротии сермутолиа, писари љосуси Љопон (19) пешгўї карда буд, ки ман њељ гоњ издивољ намекунам. Ман зуд–зуд аз дарунравї азоб мекашидам ва ў бо ;азаб аз љое иќтибос меовард: "баришняи љавонро» (20) бо рав;ани кастора  масхара намуданд, аз ин рў вай издивољ накард". Бо вуљуди ин, ту бо ман чунин бадрафторї кардию дар самти номаълум пинњон шудї. Чи хел мардуми берањманд русњо, аз љумла шумо! Дуруст аст, ки чеченњо шуморо тарконда истодаанд.
– Оњ, њайвон! – дод задам ман. – Моро дуруст метарконанд? Дар Исроил чї? Дар Испания чї? Дар Маркази тиљорати љањонї World Trade Center чї? Дар Норд–Ост чї? Дар Осетияи Шимолї мактаббачагон аз љониби террористон тирборон шуданд? Трахтенбауэр, ба фикри ту, рус аст? Бачањои осетин њам рус буданд? Бобои падарии ман, масалан, аз халќияти кетњо буд. Ту ин миллатро медонї? Кетњо – остякњои  Енисей мањаллитарин ањолии Сибир мебошанд, шумораи мо назар ба њиндуњои америкої, ки бо онњо хешу таборем, хеле зиёд буд, њоло 1204 кас боќї мондааст, аз он љумла, ман. Бале, он замон аблањ будам, аммо њоло оќил шудаам ва бовар дорам, ки дар Русия ё русњоянд, ё онњо тамоман нестанд ва одамони оќил бояд дар сулњу салоњ зиндагї кунанд, агар зиндагї кардан мехоњанд ва барои идеалњояшон дар як шаб намиранд.
– Хафа нашав, азизам, – зан бо ангушти дурушташ нармак ба гўши тафсидаам даст расонд. – Ман њанўз Ванесса Редгрейв – сарпарасти Ањмад Закаев нестам. Ман эътироф мекунам, ки хато кардам ва Худо маро барои ин љазо медињад. Мебахшед, аммо зани ранљида чињое намегўяд. Ман зан будам ва зан мемонам, – махсус таъкид кард ў.
– Њељ кас бо ин бањс намекунад, – ;ур–;ур кардам ман. – Вале њамсояи ман, мўзадўзи майзада Лазар Пафнутич, њангоме ки занаш даромади (21) ўро мегирифт њамеша бо хашм фарёд мезад: "Аз он рўзе, ки зан гирифтам, худам занак шудам!" Вале ман зан нашудаам (22)! Ба фикри ту, чаро?
– Хайр, агар албатта, ба ин бовар дошта бошї, бигў, чаро? –Вай табассум кард.
– Ба чї бовар дошта бошам?
– Ба он, ки зан нашудаї. Охир, услуби асабонї шуданат комилан занона аст. Бо ман бањс накун, дар тўли ин солњо ман асабшиноси хуб шудаам.
– Бо пуле, ки ту дорї, метавонї дар њама соња устод шавї” – киноя кардам ба ў.  – Ман зан нашудам, чунки бо ту издивољ накардам. То њол муљаррад њастам.
– Ња, масалан, барои он оиладор нестї, ки зани охиринат туро аз хона ронд, нахост, ки хислатњои тоќатфарсоятро тањаммул кунад. Ба хаёл нарав, ман дар бораи ту, корманди ояндаам бисёр чизњоро пурсида омўхтам.
– Бале, шумо аз капиталистон чї тавр хафа кардани халќи зањматкашро (23) зуд ёд гирифтед, – гуфтам ман.
– Мо, яъне кињо?
– Русњои нав.
– Вале ман яњудї њастам, – хандид вай.
– Яке ба дигаре халал намерасонад, – гуфтам бо андуњ.
Њамин тавр суњбати мо ба бунбаст афтод ва фарљоми корам бад шуд. Фарзанди хурдии болшевикони куњнаи (25) «;айриќонунї ќатлшуда» (24) Ятим. Комсомол–духтар. Зани худсоз – Сэлфмэйд вумен (26), ки бо оббозї тавассути акваланг ризќи худро меёбад. Диссиденти тавбашикан. Муњољир. Бойдухтар…
Оњ, чї ќадар бо шавќ, ошиќона, хушу хурсандона муљомиат мекардем, ваќте њарду дар шањри К. дар соњили дарьёи бузурги Сибирь Е. будем, ки ба Уќёнуси Шимолї мерезад! Ў дар хобгоњи донишљўёни Донишкадаи омўзгорї мезист, ман дар хонаи гарму роњати дорои як китобхонаи калон, мероси волидонам – шањрвандони осудањоли шўравї, бошандагони кишваре, ки тамоми умр аз њама чиз метарсиданд ва ба эътирозњои ман фаќат сари хокистарранги худро љунбонда панд медоданд: «Камтар љоѓ зан, ки туро мешинонанду мо њам халос шуда наметавонем» (27). Ва ман аз даст додам онњоро, инчунин манзилро, инчунин Ватанро. Чунки СССР Ватани ман буд! Ман дар СССР таваллуд шудаам (28). Ва њоло њељ яке аз онњо, ки болотар зикр кардам, нест, танњо пирї ва Розалия Осиповна Аромат монд. Оњ, ба мо иљрои ОН КОР дар балкон, пагоњии бармањал, ваќте ки тамоми мењнаткашони шўравї ба кори сохтмони коммунизм мерафтанд, чї ќадар маъќул буд!
–Вале ба њар њол, чаро аз калиди њамеша зери ќолин гузоштаам истифода бурда, хурўси зиндаро ба њуљраи ман роњ додї?
– Ману духтарони хобгоњ (29) фикр кардем, ки ту ин шўхии моро ќадр мекунї. Хурўсро аз бозор дуздидем ва гумон кардем, ки ваќтат хуш мешавад њангоме ба хона меої ва мебинї, ки он љо хурўси зинда дорї. Хеле хандаовар мешуд.
– Вай умри зиёд надид, – гуфтам ман.
– Чї хел? - Чашмони зан ало шуд.
– Чунки ман ўро сар бурида, дар кострюл љўшонда таги бинї партофтам.
– Чаро?
– «Чаро» не, балки «аз барои чї». Аз асабоният. Зеро ки дилам чунин хонд: «суруд тамоми руз давом ёфт ва ишќи мо кашол ёфт» (30). Чунки ман ба коммунистон тобу тоќат надоштам, вале кўшиш мекардам адиби шўравї шавам. Чунки ман аз ибораи аблањонаи «њоло осмони пур аз алмосро мебинем» нафрат дошам. Ва агар ман хурўсро намехўрдам, ту маро мехўрдї, њамчун рассоми худ. Лаппонда (31), макида, туф мекардї.
– Чї ќадар аблањї ту. Ањмаќ ва њаромзода.
Зан рўймоли тўрашро боз ба чашми тараш пахш кард, ин дафъа ба тарафи росташ. Ва ман ўро ба сўи худ кашидам. Аз ў андак накњати атр меомад. Ману ў ба хаёлоти ширин афтодем. Розалия Осиповна Аромат, нањанги тиљорати табъу нашр дар Маскав, ба нашри маљаллаи нави муќовааш рангаи љилодоре бидуни сиёсат, бо миќдори муътадили табли; ва маводи шањватангез о;оз кардааст!
– Розалия Осиповна, зани хеле хуб њастї. Ман туро дўст медорам. Ман туро дўст медоштам, Роза Кукушкина (ё Христанюк), тамоми умр дўст медоштам, чалаб бошам, агар дурўѓ гўям (32)!
Вай гўё фикрњои беихтиёр гуфтаи маро дарк менамуд.
– Ман њам туро њамеша дўст медоштам, – чашмонашро пўшида, бо душворї гуфт ў. – Аммо баъд оромона илова кард. – Бо вуљуди ин, туро дар маљаллаи худ ба кор намегирам, азизам. Хафа нашав, метарсам, ки бо ту ба мушкилоти зиёд дучор мешавам.
Ва боз як ишораи зебо, вале ношоиста кард. Ман њайрон шудам. Шаби осмони Москва ториктар шуд, танњо ситорањои Кремл равшан љило медоданд. Капитализми вањшї дар њама љо пирўз мегашт (33), аммо ба ман дигар фарќе надошт.
– Мо њоло осмонро боз пур аз алмос мебинем, – гуфтам ман.

___________________________

Ёддоштњои Гданов:
(1) Сухан аз хотимаи пйесаи Чехов «Ваня–амак».
(2) А.П. Чехов. Дафтарчаи II. Асарњо ва номањои мукаммал дар сї љилд. Љ. 17, с. 51. Москва, 1980, Нашриёти «Наука». Њама таъбирњои дигари Чехов аз њамин нашр иќтибос шудаанд. Ба нуњ ибораи пешнињодшуда аз дафтарњои Чехов дањумашро илова кардам: «фортепианои механикї» - вай аз њамин китоб гирифта шудааст, на аз филми њамноми даврони љавонии Никита Михалков.
(3) Гаронбањо, бо лањљаи мардумї.
(4) Нўшидем, аз гуфтори мардумї, да;ал.
(5) Насабњои одии русї ва украинї.
(6) Анљоми вазъият. Хеле да;ал. Калимаи ношоиста дидаю дониста хислати беморињоро таъкид мекунад.
7) Иќтибоси тањрифшуда аз шеъри Лермонтов "Аз Гёте". Айнан: "Роњ чанг намекунад, / баргњо намеларзанд ... / Каме сабр бикун, / ту њам истироњат мекунї ..."
(8) Талаффузи олмонии номи Њейне.
(9) Вожаи навсохтаи ман, яъне гурбамонанд.
(10) Ќолаби сохтаи шўравї. Гўшхароштар аз «буржуазї» аст.
(11) Дар радифи филми машњури амрикої, ки дар он Швартснеггер наќш бозидааст.
(12) Ифодаи нисбатан муътадили дашноми фањшомез.
(13) Зањр барои куштани хояндањо.
(14) Аблањ, бенињоят да;ал.
(15) Пас аз соли 1991.
(16) Суруд – хити машњури дигарандешон – «зиддиятгарон»–и он солњо. Мурољиат ба Фиръавн – «Халки яњудиро ба ватанашон баргардон».
(17) Номи тањќиромези СССР.
(18) Ба љои вожаи "боз". Дидаю дониста хато, беодобона.
(19) Табиист, ки љосуси дурўѓї.
(20) Лаќабе гузоштанд, ки замони тўлонї истод.
(21) Музди мењнат ба гуфтори мардум.
(22) Ибораи рехтаи фразеологии “занак шуд”, яъне шарафи мардонагии худро аз даст дод.
(23) Ибораи маљозї, мўњри табли;оти шўравї.
(24) Вожаи шўравии солњои 1960, ки терроризми оммавии њукуматро бо ибораи нармтари «њолатњои алоњидаи репрессия» иваз намуд.
(25) Тамѓаи Шўравї. Насли якуми инќилобчињо, кариб њамсафони Ленин.
(26) Ман намедонам, ин чї тарљума мешавад. Ин вожа ба забони муосири русї ворид шудааст.
(27) Маќоли мардумии Сибир. Илољ нест: ваќте туро барои лаќќигии зиддишўравї њабс мекунанд, мо пинњон шуда наметавонем.
(28) Намедонам чї тавр тарљума кунам. Мушобењи суруди машњури ватандўстонаи амрикоии "Ман дар ИМА таваллуд шудаам".
(29) Дугонањояш, ки бо ў дар як њуљраи хобгоњ зиндагї мекарданд.
(30) Иќтибосњои нодуруст аз суруди машњури Булат Окуджава.
(31) Хўрд, гуфтори да;ал.
(32) Савганди да;ал ва одилона. Айнан: "Агар набошам, маро фоњиша њисоб кунед."
(33) Умуман, асоси ин њикояи кутоњ short story – тавсири воќеї – реализм то ба њадди натурализм аст, ки гоњо бемаънї шуда, боз ба воќеият бармегардад. Сухани персонажњо зинда, бо ќолабњои табиї омадааст. Њикоя = њикоя аст.

Тарљумон Љумъа Ќуддус
 


Рецензии