Гули санг киносенария
ГУЛИ САНГ
(РОЗИ НИЊОН)
Киносценария
---------------------------------------------------------
Наќшњо ва иљрокунандагон:
Анора
Бањром
Модари Анора
Падари Анора
Лайло
Гулнора
Зулфия
Ањмад
Њайдар Ѓойибзода -духтур
Лейтенант Шоќулов
Профессор Њакимљон Муќаддасов
Полковник
Инъом – ака
Мављуда
Анвар
Наќшњои фаръї
Донишљўён.
Кормандони милиса.
Бачањо ва духтарњои ноболиѓ.
Зан ва мард дар боѓ.
Клип-коркарди сангњои ороишї. Титрњо.
1.
Профессор Њакимљони Муќаддас њамроњи донишљўён дар толор. Дар видеопроектор манзарањои кўхистон, конњо, љустуљўйњои геологї. Профессор ба њикоят оѓоз кард. Донишљўён гўш ба њарфи ў дода, чашм аз манзарањои дилошўб намекананд.
-Дар мавзеи Пастхамии Тољик хазинаи беохири ганљњои зеризаминї - тилло, нуќра, мис, сурма, лаъл, фирўза, лољувард, хеле бисёранд. Аз даврањои ќадим онњо зеби тољу ангуштарини шоњон, ороиши дасту гардани зеборухони љањон гашта буданд. Дар Суѓду Бохтар њанўз ду њазор сол пеш тилло истењсол мекарданд. Њоло 214 кони тилло њаст, ки дар минтќаи Зарафшону Њисор, маљрои ќадимаи дарёњои Ёхсу дар Кўлобу Дарвоз, рўдњои Помири Шарќї, ва дарёи Панљ аз ќадим маълум аст. Њоло 40 намуди истихрољ карда мешаванд. Истењсоли ангишт, нафту гази табиї кам бошад њам, ба роњ монда шудааст, Аммо ин эњтиёљи мардуми моро таъмин карда наметавонад. Коркарди онњо хеле мушкил аст.
-Оё захирањои калонтар њастанд?
-Бале. Барои ин Шумо барин љавонони донишманд заруранд. Бигузор кашфи конњо асоси рисолањои дипломии шумо ќарор гирад.
Анора даст бардошта бо азми ќатъї гуфт:
-Њамин чиз мавзўи интихобкардаи ман аст. Номашро «Гули санг» мондам.
Титри филм меравад «Гули санг»
Бањром эътироз кард:
-Э, бисёр воњима кардї.
Дигаре илова кард:
-Ин як хаёлоти шоирона аст!
Донишљўён, ѓайри Ањмаду Гулнора њама хандиданд:
Ањмад, ки шояд мавриди ба Анора наздик шуданро мељуст, нохост ба инкори инкори њамсабаќњо гузашт:
-Њама бозёфтњои нодир аз хаёлоти шоиронаву аз муњаббати шоирона ибтидо мегиранд.
Бањром якбора хурўшид:
-Ањмад, ту ба ман аз ишќ мегўї!? Муњаббат дигар аст, илм чизи тамоман дигар аст, калла!
Вале Ањмад дар фикри худ истодагарї кард.
-Не, Бањром. Асоси њама кор муњаббат аст!
Профессор љамъбаст кард:
-Ба эњсос дода нашавед. Њамааш мешавад. Воќеан, кори илмии Анора ба шўрои илмии донишгоњ писанд афтид ва онро барои иштирок дар озмуни байналмилалї тавсия намуданд.
Њама бо њавас ба Анора нигаристанд.
-Офарин.
Анора арзи сипос кард:
-Ташаккур
*****
Зинањои хобгоњ. Ањмад ба чанде аз њамсабаќњо бо шодї эълом мекунад:
-Бачањо, масъала њал: пагоњ ба таљрибаомўзї ба кўњ меравем!
-Урра…
Њама шод гаштанд.
*****
Донишљўён ба кўњ мебароянд. Манзарањои гуногун.
Анора ва Бањром дар васфи кўњистон, љавонї, муњаббат шеър мехрнанд..
Тољикистон,
Бахти мо, тахти мо, тољи мої.
Тољикистон,
Ављи парвозу меърољи мої!
Камзамино,
Дар дили мо басо беканорї.
Сарбаландо,
Бартарин ќуллаи нангу орї.
Дарс дар њавои кушод аљиб мегузарад.
Профессор бо фурўтанї сари санге нишаста пурсиш мекунад.
-Дар бораи санги фирўза кї маълумот медињад?
Гулнора посух дод:
- Фирўза як навъи санги љавоњирии кабудранг аст, ки барои зебу зиннат истифода мешавад. Маънояш «бахт», «шодї», «зафар» аст. Њанўз се њол пеш аз конњои Хуросон фирўза гирифта, бо он тахту тољи шоњонро оро медоданд. Њатто барои чашми муљассамаи шоњи Бобул - Бахтуннаср ё Навуходоносор фирўзаи хуросонро истифода бурдаанд.
Дар ќадим аз конњои атрофи Исфара њам фирўза мегирифтанд. Конњои фирўза дар кўњњои Ќаромазор, Ќурама - дар наздикии шањри Хуљанд ва дењоти Исфара мављуд аст. Љўстуљўи фирўза дар Тољикистон давом дорад.
-Кї мегўяд? Олимони имрўзаи тољик дар ин соња ягон кашфиёт доранд?
Анора посух дод:
-Ходимони Пажўњишгоњи Геологияи Тољикистон дар болооби дарёи Дараи Пиёз дар мавзеъи Њоит маъдани навро кашф карданд, ки дараљаи сахтиаш 7 дараља аст. Онро ба ифтихори номи ќадимаи давлатии тољикон «Суѓдионит» ном гузоштанд. Вай барои маснуоти заргарї мувофиќ аст.
Профессор љамъбаст кард:
-Офарин Гулнора.
Профессор бо эњсос њарф зад:
-Њазорњо сол Тољикистон соњиб надошт, њар ки тавонист, аз кўњ як ганље меёфту, меканду мебурд. Шукронаи онро мекунем, ки имрўз соњибистиќлолем, ва имрўз мо ин ганљњоро барои боигарии давлату халќи худ бояд истифода мебарем. Имрўз Тољикистон аз љињати захираи нуќра дар љањон дар љои дуюм меистад. Фаќат дар дар як Кони Мансур дар вилояти Суѓд вай дањњо њазор тоннаро ташкил медињад, дар ќаторкўњњои Зарафшону Њисор ва Бадахшон њам захираи нуќра зиёд аст. Љавонони боѓайрату донишманд заруранд. Ва ман бовар дорам, ки Шумо дар кашфи конњои нав сањми худро мегузоред.
!!!(Саволи Бањрому љавоби муаллимро партофтан лозим, такрор аст.).
*****
Таљрибаомўзї идома ёфт. Њама серњаракатанд.
Љорист то дарёи ту, дилњои мо дарё бувад,
Чун кўњсорат то абад уммеди мо барљо бувад,
Зўрат фузун, эй зўри дил, нурат фузун, нури басар,
Тољат ба сар то љовидон, эй тољиконро тољи сар!
Хоњам биканам номи туро дар тани њар кўњ,
То аз буни њар санг гули номи ту рўяд.
Хоњам бикашам тарњи туро дар вараќи санг,
То њар вараќи санг паёме зи ту гўяд.
Анора касалмандона њаракат мекунад.
Бањром ба ў чизе гуфтан хост. Вале Анора аз ў рўй гардонду сари санге љой гирифт, дар фикр зад. Дар дили пурмушавваши ў дардест.
-Э, худољон, ин чи њол аст, ки ба дилам њељ чиз намеѓунљад? На њавои хуши кўњистон, на илм, на ёќуту лаълу фирўза? Ќалбам торик аст. Э, худољон, ба дилам нур бубаш.
Ањмад ном њамсабаќаш назди ў омад.
-Анора…
Анора хомўшона ба вай гўш дод.
-Гумон накун, ки њама љавонњо мисли Бањроманд. Бовар бикун, панљ панља баробар нест.
-Ташаккур, Ањмад. Ман нотобам…
-Дарди туро мефањмам. Мо њамдардем. Дўстдоштаи маро њам ба шавњаро доданд. Бо вуљуди он, ки ту дўсти Бањром будї, ман туро, танњо дўст медорам.
-Дастата гир, Ањмад… Гапата дониста гўй.
-Охир, ман чї гуфтам? Анора… Анора…
Анора хеста љониби дара рафт. Шояд ишќи Ањмад самимї буд, вале ба дили духтар њељ чиз намеѓунљид.…
*****
Љустуљуи илмї дар кўњистон идома ёфт. Пажўњиши дили њамдигар низ.
Розњоят рози иќбол аст!
Нозњоят нози иќбол аст!
Мењри ту – анљоми бемењрист,
Ишќи ту оѓози иќбол аст!
Дидањои сўи ман бозат
Дидањои бози иќбол аст!
Абрувонат, чун ду боли бахт,
Муждаи парвози иќбол аст!
Гўшакињои дилангезат
Нусхаи овози иќбол аст!
Њусни бе пардози дилљўят
Бењтарин пардози иќбол аст!
Шоми суруду мусиќї. Бањром њофизї мекунад, њама њамсабаќњо ба суруди ў мафтунанд. Вале ў бештар ба Анора нигариста, суруди бањроми Ѓафуриро мехонад.
-Бо садои хандањоят маро мафтун кардї,..
Њама шоданд, ѓайри Ањмад. Суруд ављ мегирад.
-Ту биё, туро оѓўш бигирам,
Ба дидам ѓуссаву ѓам нагирам.
Боз биё, азизам, дилама хун кардї,
Ин дили ошиќам бесаранљум кардї…
Гулнора ба майдон баромад. Бањром бо ишора Анораро ба раќс даъват кард. Ў бо ишора рад намуд. Вале њамсабаќњо дастгирї карданд.
-Бихез, раќс бикун.
Анора хеле зебо, аз дилу љон раќсид, зеро ки ин хоњиши дили ў низ њаст. Дигарон њам ба раќс хестанд. Дар дили њама гули ишќ ѓунча кардааст.
*****
Хонаи падари Анора. Духтар дар бар либоси хонагї, дар сар рўймол хеле зебост, вале сахт дар њаяљон аст. Шитобон аз зинањо ба ошёнаи дуюм мебарояд. Модар аз ќафои ў шитофта садо кард:
-Анора, гўш кун, духтарам. Исто, Анораљон…
Духтар ба утоќи худ даромада, дарро баст. Модар паси дар илтиљо кард:
-Духтаракам, дарро кушо…
Љавоби Анора ќатъї садо дод:
-Не, не. Ман ризо не.
-Илтиљо мекунам, дарро кушо.
-Не, намехоњам.
-Анора, нози духтаронаат аз њад гузашт. Дарро кушо.
Оќибат духтар дари њуљраашро кушод. Модар оромона сухан сар кард.
-Духтаракам, ин хостгори дањум аст, ки рад мекунї.
-Ман инсони озодам, шумо хоњиши маро намехоњед.
-«Хоњиши ту» чист? Њоло замона дигар, љавонњо хости дилашона рўирост мегўянд. Дўстдошта дорї, бигў, хостгор фиристад.
-Не, не. Ман њоло дар фикри хондан.
-Ягона орзуву ормони мо, волидон, бахт дидани ту аст. Домод одами хуб, духтур аст, дар бемористони «Ёрии таъљилї» кор мекунад. Розї аст, ки ту њам хондана давом дињї…
-Модарљон, ман њоло шавњар кардан намехоњам.
-Ягона маќсади мо бахт дидани ту. Вале ту бахти худро пеши по мезанї.
-Роњи хонаи маро ба ў кї нишон дода бошад?
-Падараш падаратро мешиносад.
Анора хомўш. Ё дудила шудааст, ё гўш кардан намехоњад.
-Ба хостгорон чї гўем?
-Модарљон, ба хостгорњо фањмонед, ки ба ман мўњлат дињанд, фикр кунам.
-Хуб. Вале пас аз ду-се рўз, ки омаданд, дигар розигии туро намепурсем. Фањмо?
-Хуб…
Модар аз њуљра баромад.
Чењраи духтар андўњгин шуд. Гирист. Раъду барќ шуд. Борон борид. Ашки духтар шашќатор гашт. Гўё аз миёни селоби ашкњояш рўзгори чанд муддат пеш гузаштаро дид.
Боз имшаб
Зери борон
Бингар андоми тари ман…
Дар бари ман
Љои ту
Сарви канори боѓамон тар шуд…
Хушксолї
Аз дигар
Дар мазраи уммеди ман сар шуд…
*****
Лавњаи ёдоварї.
Кўњистони гулпўш. Анора, Гулнора ва Бањром савори аспњои зебо сайр мекунанд. Аз зарбаи ноаёни Бањром аспи Анора пеш давид. Бањром низ аз ќафои ў асп тозонд. Гулнора ќафо монд.
Эй ишќ, эй сафои дилу љон, хуш омадї,
Эй дарди љовидонаву дармон, хуш омадї.
Аз омадат ба кишвари дил бўи гул расид,
Эй андалеб, сўи гулистон хуш омадї.
Эй њар шарори наъли самандат зиёи дил,
Рўи саманд сўи Самангон хуш омадї!
Аз байни дарахтони гулпўши мева роњ паймуда аз аспњо фаромаданд. Зери дарахти гулпўше рўйи сабза нишастанд. Анора бо ханда гуфт:
-Хуб нашуд, аз Гулнора људо шудем.
-Ин ќадар ѓами вая хўрдї? Вай аз њамин дења, роња меёбад.
-Мо дугонаи љонї њастем. Њељ ваќт људо намешавем.
Назари Бањром ба аспњо дар кунљи боѓ баста афтод, ки ба њам мењрубонї мекунанд.
Дар ин байн Гулнораи доно њам асп ронда аз пайи онњо ба боѓ расид. Ба худ гуфт:
-Онњо куљо шуданд?
Дар зери гулбуна дили Бањром ба њаяљон омад. Мурѓи дили Анора њам аз ќафаси танг баромадан мехост. Бо ханда гуфт:
-Чи хел аспи ман рамиду тохт… Барои њамин Гулнора ќафо монд-а.
-Ња…
Оќибат, Гулнора аз байни шохњои дарахтон аспњои ќантаркардаро дид. Аз аспи худ фаромада, пеши ошиќони бедил равон шуд.
-Э, биё, бењтараш, сањнаи наврўзиро машќ кунем. Ту Маликаву, ман шањзода.
-Не, ман маликаи Наврўз, ту Бобои Дењќон.
Гулнора савори асп оќибат аспњои њамсафаронашро дида, ба он љониб шитофт. Бањром ба шўр омада нимњазлу нимљиддї арз кард. Бурди ў њам дар њамин аст, ки њарифон аз паси хандањои базебаш љиддї будани маќсади ўро пай намебаранд.
Бањром ба духтар ошиќона часпид,
-Не, ман шањзода…
Хост бўса ситонад, вале Анора ўро тела дода њаросон гуфт:
-Э, Гулнора меояд.
Гулнора дар њаќиќат, расида омад. Бо хандаю истењзо гуфт:
-Ња, балочањо-е, аз ман гурехтед-а!?
-Айби мо не, аспи Анора трамид, - худро аз вазъи ногувор халос кард Бањром.
-Хезед, муаллим дар базмгоњи наврўзї шуморо интизор.
-Меравем.
Њама аз љой хестанд.
Њама бо шўру фиѓон љараёни пойгаи аспњоро тамошо мекунанд.
*****
Шаби тори боронї дар хонаи падар. Идомаи андешањо. Раъду барќ. Духтар ѓарќи хаёл.
-Борон -оби рањмат, гарди дарахтонро шуста тоза мекунад, вале ѓубори дили ман пок намешавад, намешавад, намешавад…
Модар хеста, шамъ гиронд, дар торикї ба зинањо ќадам монда, ба утоќи духтараш омад.
-Тарсидї, духтарам? Натарс. Њамааш наѓз мешавад, љони очеш.
Модар рафт. Духтар бо дарду доѓи худ танњо монд.
Диламро бо ту ишќе буд дилкаш,
Ба монанди бањорон софу беѓаш,
Дареѓо, тирамоњ омад баногоњ,
Дилам шуд аз хазонрези ман огоњ.
Расида тирамоњу мевазад бод,
Зи дарди њаљри ту фарёду фарёд!
Чи монда? – Офтобе бар ситеѓе,
Фиѓоне,
нолае,
оње,
дареѓе…
*****
Субњ дамид. Њавлии падар. Анора аз хона баромад. Модар кулчаву шириниро дар пакет андохта ба духтараш дод.
-Ња, Анораљон, меравї, бачем? … Њафтаи дигар барваќттар биё.
Анора посух надод. Гўё шуниду тасдиќ кард. Ба дил гуфт:
-Ман дигар ба ин хона намеоям.
Навмедона бори охирин ба гулњои рўйи њалї назар кард. Баромад.
Модар аз ин навмедии духтараш пай бурда, барои дилбардорї ким-чињо гуфт, вале ба гўши Анора њељ чиз намедарояд. Як савти мањзун дилу сару тамоми вуљуди ўро фаро гирифтааст. Гўё аз ин љо бо пойи худ ба водии фано меравад. Бори дигар ба модар назар кард. Ва дар дил такрор намуд:
-Алвидоъ, кошонаи бахтам, даврони беѓаши кўдакї….
*****
Беморхонаи ёрии таъљилї. Анора, аз њамшираи шафќат утоќи кории Њайдарро мепурсад.
-Љойи кори духтур Њайдар Ѓойибзода дар куљост?
-Дар њуљраи шашум.
Њамшира ба Анора њуљраи кории ўро нишон дод.
*****
Њуљраи кори Њайдар Ѓойибзода. Дарро мекўбанд.
-Марњамат.
Анора бо дили ранљур ба утоќи кории Њайдар даромад.
-Ассалом.
Њайдар ўро дида, дасту по мехўрад.
-Воалейкум ассалом. И-е, Анора? Дароед. Аз ин љо гузаред. Марњамат, шинед. Хизмат?
-Дилам бемор…
-Мм… Ба ташхисгоњи беморињои дил мебарам.
-Ташаккур… Ман омадам, ки дарди диламро ба шумо гўям.
-Хўш…
-Шумо ба хонаи мо хостгор фиристодед. Ташаккур. Аммо намехоњам, ки шумо фиреб хўред. Донед, ки ман… дўстдошта дорам. Инро ба падару модаратон фањмонед.
-Ња…
Дили Анора бо гуфтани ин сухан андаке сабук шуд, вале дили духтур аз ин зарбаи ногањонї ба дард омад. Пеши тиреза рафт, андешид, то касеро дашном надињад ва эњсоси худро пахш карда, канда-канда гуфт:
-Инро ба падару модари худатон мегуфтед, ба овора шуда омадани Шумо зарурат намнебуд.
-Ин рози нињони ман аст. Намехоњам, ки аз ин бохабар шаванд… Охир, шумо њам умед доред.
-Шуморо фањмидам. Хушбахт шавед.
-Ташаккур. Маро бубахшед…
-Њељ гап не…
*****
Њавлии падари Анора. даруни хонаи љихозаш пурраву ботартиб. Телефон занг мезанад. аз хонаи дигар падар мебарояд. Гўшаки телефонро мегирад. Модар ќањва меорад.
-Лаббай. Ња, ман… Салом, Шарифљон. Ња, хонда истодам. Насиб бошад, њамин рўз тамом мекунам. Ња, Шарифљон, шиѓњои ёфтаамона ба озмоишгоњ фиристед. Бинем, чи мебарояд… Майлаш, ман кўшиш мекунам…
Модар ба гап оѓоз кард.
-Дадаљонаш, хостгорон дигар наомаданд. Чї гап бошад?
-Агар ин дафъа хостгор биёяд, дигар аз духтарат намепурсем. Ба ў фањмон.
-Њайронам ба ў чї гап шуда бошад.
-Аслан гирем, очеш, њамааш айби ту. Духтаратро эрка кардї.
-Инаш росту… Ягон гап намегўяд, ки таги дилаша фањмам.
-Вай дугонааш… номаш чї буд?
-Гулнора?
-Ња. Аз вай пурс. Аз ту шарм медорад, вале ба вай мегуфтагист?
-Хуб…
-Хобгоњаша медонї? Хобгоњаш дар њамон Буни Њисорак.
Модар аз зинањо боло баромад.
-Хуб. Фарзанд калон шавад, ѓамаш камтар мешавад гуфтем, баръакс будааст. - Фарзанд, ки калон шуд, ѓамаш калонтар мешудааст.
-Бале, очеш. Њамин хел.
*****
Шањр. Борон. Духтарњо мегузаранд.
Хобгоњ. Кўча.
****
Дарс дар корхонаи коркарди сангњои рангаи «Рухом». Профессор бо чўбдаст ба сангњо ишора карда, њарф мезанад.
-Бачањо, мо имрўз дар ин толори зебои корхонаи коркарди сангњои рангаи «Рухом» ќарор дорем. Бубинед, ки аз санг дар ин љо чи мўъљизањо офаридаанд. Мо дарси гузашта оид ба санги лаъл гуфта будем. Вай ба гурўњи дараљаи олии сангњои љавоњирї дохил мешавад. Њанўз Искандари Маќдунї њам аз Бадахшон лаъл рабудааст. Дар Бадахшон - дар кўњи Лаъл булўри дар љањон калонтарини лаълро ёфтанд, ки вазнаш 5880 грамм вазн дошт ва ин нодиртарин бозёфт аст.
Асбобњои ороишї аз сангњо ќиматбањо дар толор дарвоќеъ аљиб аст.
-Дар хусуси ёќут кї маълумот медињад? Ёќут чї сангест?
Анора даст бардошта посух дод:
-Ёќут санги љавоњирии ќиматбањост, ки дар ќатори алмос-бриллиант ва зумуррад меистад. Агар Мувофиќи љадвали Моос сахтии алмос дањ бошад, сахтии ёќут 9 дараља аст. Вобаста ба рангаш номњои гуногун дорад. Сурхашро лаъл, кабудашро сапфир, сафедашро лейкосапфир, зардашро асфар меноманд.
Ањмад пурсид:
-Вай барои инсон ягон ањамият дорад?
-Ёќути кабуд – сапфир ба одам љуръат мебахшад, рўњбаландї, садоќат, покї, ато мекунад, аз раѓбатњои ногувор њифз мекунад, вањм ва касалињои дилро рафъ мекунад.
Ањмад ба дил гуфт:
-«Ин барои ман зарур, ки диламро ба ту кушоям»…
Бањром бинї кашид. Маълум, ки нисбат ба ў рашки эљодї пайдо шуд. Анора давом дод:
-Ёќутро аз ќадим гавњари шифобахш мењисобанд. Вай дилу майнаро таскин медињад, хотирро осуда мекунад. Онро санги бахтовар њам мењисобанд.
Бањром ба дил гуфт:
-«Ба ман чунин лаъл даркор»…
Профессор пурсид:
-Зумуррад чист? Кї медонад?
Бањром даст бардошт.
-Зумуррад санги гаронбањои дараљаи якум мебошад. Зумуррад – силикати бериллий ва алюминий дар сингонияи гексагоналї кристалл баста, аксаран булўрњои сутунчашакл њосил мекунад. Сахтии зумуррад 7,5-8 дараља мебошад.
-Дуруст. Кї мегўяд? Мо чи ќадар кон дорем?
Гулнора посух дод:
-Умуман, дар љумњурї зиёда аз панљ њазор баромадгоњи сарватњои зеризаминї, сангњои ќиматбањо ва ороишї маълум аст, захираи 500 кон муайян карда шудааст, ки 50 навъи ашёи маъданї доранд.
Ањмад савол дод?
-Мо кони зумуррад дорем?
Муаллим посухро ба донишљўён вогузошт:
-Кї ба ин савол љавоб мегўяд?
Љавоне посух дод:
-Овозаи мављудияти зумуррад дар Тољикистон аз ќадим њаст, вале онро дар конњои Афѓонистону Покистон пайдо карданд.
Бањром даст бардошта, эълом намуд:
-Устод, дарёфти минбаъдаи зумуррадро вазифаи љони худ мењисобам.
Њама кафкўбї карданд.
-Мо њам ба ту њамроњ мешавем.
Профессор њам ризо шуд.
-Хеле хуб… Маъданшиносон аслан, сангњои гаронбањо мељўянд, мо муаллимон - донишљўёни соњибњушро. Шодам, ки имрўз ду шогирди мо Анора ва Бањром пешсаф шуданд.
*****
Лавњаи таљдидии ёдоварии 3.
Донишгоњ. Анора дар пайроњаи атрофаш гулзор ќадам зада омада истодааст. Ин лањза мошини сабукрав ќарор мегирад. Љавоне, ки дар чашм айнак дорад, ба берун сар мекашад.
-Анора! Биё, шин… Анора…
Анора як ба ў нигаристу худро бепарво нишон дода, ба роњаш рафтан гирифт. Бањром пиёда шуда, пеши роњи ў баромад.
-Анора, агар ваќтат бошад, як гап доштам.
-Чї гап?
-Ин гапи оддї не… Гапе, ки таќдирро њал мекунад. Маро зинда мекунад, ё тамоман мекушад,
Анора хандаи зебо кард.
-Аљиб… Гапатро гўй. Боз кушта намонад?
-Имрўз консерти овозхони дўстдоштаат будааст.
-Бањром Ѓафурї?
Бале, Бањром.
-Ана ин гапи дигар.
-Њамроњ меравем. Гапама дар њамон љо мегўям.
Духтар бо хотири осуда ба мошин нишаст.
***
Консерти Бањром Ѓафурї дар Кохи Борбад хуш гузашт.
-Ман омадам барои ту, дар ин љањони бевафо.
Ёдат ба хайр, эй нозанин, ёдат ба хайр, ёдат ба хайр…
*****
Боѓи шукуфони дарахтњои мевадор дар соњили дарё. Аз дур бањри кабуд мављ мезанад. «Рози нињон»-и љавон суруди Бањром Ѓафурї бозгўйи ишќи ўст. Ба духтар њама фањмост, вале худро ба нодонї мезанад.
-Ба назарам чяунин мерасад, ки Бањром Ѓафурї њама сурудњояшро барои ман Хонда бошад.
-Њамон гапи таќдирсозата кай мегўї?
-Гуфтам-ку. Рози нињони худро бо суруд баён кардам.
-Нафањмидам.
-Туро ман дўст медорам, аз аввал то ба охирњо.
Бигўям ин сухан бар ту, на як бор, балки сад борњо…
Бањром хост бўсае гирад, вале нохост раъду барќ шуда, борони бањорї сар шуд.
-Вий… Борон!
Маълум нашуд, ки духтар аз чї изњори њайрат намуд, аз раъду барќ, ё сухани њофиз.
Шитобон љониби мошин давид, ки дар як кунљи боѓ гузошта шудааст. Бањром ноилољ аз ќафои ў рафт. Вале таги дилаш шод аст.
Муњаббат, эй аёни дил,
Муњаббат, эй нињони дил,
Биё аз осмони худ
Даме бар остони дил!
Аё љону љањон, боз о,
Њаёти љовидон, боз о,
Бањори бехазон, боз о,
Ки меояд хазони дил.
*****
Лавњаи таљдидии ёдоварии 7.
Кўњистон. Лаби дарё. Љое ки чанд рўз пеш њамроњ нишаста буданд, сањнаи рози нињонии ишќ гуфтани Бањром айнан такрор мешавад.
-Туро ман дўст медорам…Ту духтари доно, кайњо боз дили ман бо ту аст. Рафторат намунаи дигарон
Њамон суруд, њамон суханњо, њамон ваъдањои Бањром. Вале ба љойи Анора як духтари дигар аст.
-Туро ман дўст медорам. Аз аввал то ба охирњо.
Бигўям ин сухан бар ту, на як бор, балки сад борњо…
Анора аз дур ба онњо менигарад. Гиря гулўгираш кардааст.
Бањром духтари дигарро ба оѓўш гирифта, нохост аз дур Анораро дид. Вале зуд рўй гардонд, гўё ўро надид.
*****
Дар гўшае бо Бањром бо чанд њамсабаќњо нишаста, чизеро њикоят мекунад. Њама бо диќќат гўш мекунанд
-Аз дасташ гирифтаму…
Анора нохост бо ин мањфили ширакайфон рў ба рў омад. Анораро дида, њама хомўш шуданд. Анора рўй тофту љониби дигар рафт.
-Хўш, баъд чї шуд?
-Аз дасташ гирифтаму парпечон кардам…
-Анор хом будааст?
Гўё нохост тир расида бошад, Анора дар љояш шах шуд.
-Тамоман хом, турушак!
Њама баланд хандиданд…
Анора асабї шуд. Ќалби худро хўрд.
-Дар назди њамсабаќњо шарманда мекунад. Чи тавр ман ба рўйи онњо менигарам?
Обрўи ту мешавад охир
Оби рўяш њаме чакону чакон.
Обрўи ту соф мерезад,
Оби рў гар нарезад ў чандон.
****
Хонаи падар. Анора дар њуљраи худ… Лозим не.
Шаб. Љое, ки маълум нест куљост. Аз крупный план дар пеши ойина.
Анора танњо, дар андеша. Сурати якљояи худро гирифта, сурати Бањромро дарронд.
Ту, эй гул, бо бањори ман чи кардї?
Ту бо дил, эй нигори ман, чи кардї?
Дилам буд ёдгори ишќи покат,
Ту бо он ёдгори ман чи кардї?
****
Анора танњо дар торикї ќадам мезанад.
Эй дур, эй ќариб,
Эй дард, эй табиб,
Сўи ту меравам,
Ё бахт, ё насиб!
Назди хонае истод. Вай хонаи иљораи Бањром аст. Оби чашмашро пок кард.
-Ман барои муњаббати худам бояд талош кунам.
Ќафо баргашт. Ба назди бинои истиќоматгоњи Бањром омад. Занг зад.
-Бањром, ту дар куљої? Ман дар назди хонаи ту.
-Дидам.
-Баро, гап дорам.
-Хуб. Њозир мебароям.
Бањром омад, худро бадбахту бечора нишон медињад.
-Биё, Анора.
Анора лањзае хомўш монд, надонист аз чї гап сар кунад.
-Имрўз… Медонї…
-Медонам. Имрўз њам, фардо њам метавонад такрор шавад. Инро њам медонам, ки бисёр духтарон ба ту њавас доранд. Вале ман њам барои бахт хаќ дорам.
-Маро дуруст фањм. Ўро падарам интихоб кардааст. Охир моро фотења кардаанд. Охир, њафтаи оянда тўйи мо.
-Ња…
-Ман дар бораи ту гуфтам, вале падарам њељ чизро шунидан намехоњад. Падари вай духтар сардораш будааст… Вале ман туро дўст медорам, Анора. Ман мехоњам, ки баъди тўй њам дўстии мо давом ёбад.
Духтар тамоми ќуввашро љамъ кард, ки мушти гирењшудаашро нигоњ дорад.
-Латта. Маро чї гумон кардї?
- Мехоњам, ки баъди тўй њам дўстии мо давом ёбад.
Духтар як шаппотї ба рўйи Бањром зад.
-Чи тавр ман туро дўст доштам?
-Анора! Анора!
*****
Кўча, назди идораи аќди никоњ. Анора шах шуда мондааст. Мошини гулпечи арўсбарон. Арўсу домод мебароянд. Њамсабаќњо низ њастанд, њама шодї мекунанд. Танњо Анора дар як кунљ хомўш истодааст. Аз дидани арўс њайраташ афзуд, ба Гулнора пичиррос зада гуфт:
-Чи хел!? Арўси барии Бањром каси дигар аст, он духтари дар лаби дарё дидаам нест, каси дигар аст!? Њамааш бањона будааст, маљбуркунии падараш њам бањона…
Дугонааш Гулнора омад ва аз оринљи Анора дошт.
- Рафтем. Ором шав. Аз таќдир љойи гурез нест.
Фиѓонаш баромад:
-Номард! Зан гирифт. Чанд касро фиреб доду каси дигарро гирифт. Акнун чї кор мекунам? Дигар зиндагї ба ман даркор нест.
-Ором шав, Анора…
Гулнора аз дасти Анора кашола карда бурд.
****
Шаб. Роњи мошингард. Анора дартоз омад. Худро зери чархи мошин партофт. Ронанда сари ваќт мошинро дошт.
-Љин занад!
Дартоз пеши ќурбонї рафт. Анораи гирён, вале зиндаро дид.
-Ту чї кор кардї!? Хонаамро сўхтї!
Гулнора расида омад, аз китфи анора дошта узр хост.
-Ўро бубахшед, амакљон… Ин дугонаи ман… Тобаш нест…
*****
Шаб. Дарё. Пули ларзон. Анора болои он рафт, то худро ба дарё партояд. Лањзае андеша кард. Мављи калон-калони оби тира чун андешањои мубњами ў вањмангезанд.
Њарчи Гулнора расида омад ва ўро кашола карда, аз он вартаи њалокат рањо карда бурд.
*****
Шом. Хобгоњ. Анора як каф доруро якбора ба дањон партофт. Гулўгир шуд. Сулфа кард. Гулнора бохабар шуда омад ва ба гардану китфаш зад.
-Ту чи кор мекунї, Анора? Парто, доруњоро парто. Худатро ба даст гир, Анора. Шайтона аз худат рон!
-Ман дигар зиндагї кардан намехоњам…
-Вай ба нохуни пойи ту намеарзад.
Њатто «туро намешиносам» гуфт.
-Худкушї убол аст, зеро ки љонро худованд мебахшад.
***
Дења. Хонаи падар. Устоњо рег мебезанд. Падар шодон даромада, хушгўї кард.
-Ќанд занед. Монда набошед. Базавќ бошед, бачањо, ки маърака наздик.
Падар ба устое, ки болои боми анбор тунукаро мех мезад назар кард.
- Бачаљон, њамон дастакњоро покиза кан. Њамааш пўсидагї. Нав мекунем. Майлаш?
Падар дарунтари њавлї даромад ва ба коргарони полез гуфт:
-Ња, бобои дењќон, монда набошед. Кўчатњо ба њамааш расид?
-Расид.
Аз дарвоза Анора ва Гулнора намоён шудаанд. Дар дасти њарду љомадонча.
-Салом, дада.
Падар ба истиќболи онњо омад.
-Биё духтарам. Э, Гулнораљон њам омадааст. Биё, духтарам…
Очеш, анна духтарат омад. Њамроњи Гулнораљон…
Модар омада, бо њарду духтар бўса мекунанд…
-Бале, духтарам. Хуш омадї.
Њарду духтар баробар салом доданд.
-Ассалом…
-Биё, љиян. Наѓз кардї, ки омадї. Вале дер-дер хабар мегирї? Саломатак њастї, бачем? Њоли очет чи хел?
-Рањмат, холаљон. Аз гиёњдармони додаи шумо хеле бењтар шудаанд.
Падар ба сўњбат њамроњ шуда њазл кард:
-Гиёњњоро ман аз кўњ чинда будаму ба холет рањмат мегўї…
-Ба шумо њам ташаккур, амакљон.
-Ин бегоњ наѓзакак дам гиред, пагоњї њамакаса ба кўњ мебароем, њам истироњат мекунед, њам дањњо гиёхи дигар мечинем.
-Ташаккур, амакљон. Ин дафъа фурсатамон танг. Имтињонњо наздик. Китобњоро бурдан даркор…
-Мутаассифона, хама китобњоро дар анбор љой кардам. Охир, пеш аз тўй хонаро таъмир кардан даркор.
Табъи Анора хира шуд. Модар инро зуд пай бурда пинњонї ба падар ишора мекунад, ки дар ин бора гап назанад.
-Дадеш…
Падар њам ноиилољ хомўш монд.
Модар ба духтарњо мурољиат кард:
-Шумо ба хона дароед.
Духтарњо рафтанд. Модар ба падари њайрон наздик омада коњиш кард.
-Дадеш, ин гапњоро монед. Бе ин њам дили духтаратон зиќ. Бењтараш, ба устоњо гўед, имрўз дам гиранд, то ки духтарњо худро бароњат њис кунанд.
-Хуб, мегўям.
Духтархо ба хона медароянд. Баъди ба утоќи худ ба ошёнаи боло баромадан табъи Анора боз хира шуд, њаракатњояш суст, худ саргаранг шуд.
Гулнора гуфт:
-Эњ, дугонаљон… Боз як бор фикр карда бин…,
-Илољи дигар нест. Бин, ба умед нишастаанд. Њатто махсус барои тўй хонаро таъмир мекунанд…
-Ин як одати хуби тољикон аст. Лекин ба ту ягон гап нагуфтанд-ку…
-Лекин, духтур марди асил будааст - ба ваъдааш вафо кард.
-Дидї, хамааш наѓз мешавад. Саросема нашав.
-Гулнораљон, вале ман меарсам… Метарсам, ки дафъаи дигар…
Модар медарояд.
-Кани, духтарњо, бтёед, Ош тайёр…
Гулнора бо њайрат эътироз кард:
-Чи хел? Ман худам ош пухтанї будам-ку, холаљон.
-Дафъаи дигар, Гулнораљон. Хушдомани ояндаат наѓз медидааст, Гулнораљон: болои ош омадед. Анораљон, дугонаатро гирифта биёед.
-Майлаш.
Модар рафт.
*****
Субњ. Модар ба њавлию гуњо об мезанад. Писараш дар даст тўб аз хона баромад.
-Очаљон, ман меравам. Ба футбол.
-Бачаљон, эњтиёт кун, фањмидї?
-Майлаш.
Писарак рафт.
*****
Духтарњо ба љомадонњо чанд либосу чизњои Анораро љой мекунанд. Нишастанд. Анора боз дили Анора буѓз кард. Гулнора даст ба китфаш гузошт.
-Ором шав.
*****
Духтарњо аз хона ба рўйи њавлї баромаданд. Анора охирин маротиба ба хона, рўйи њавлї, гулу гулзор чашм медўзаду ох мекашад. Модар наздашон омад.
-Духтарам, чортаяк кулчаву нон.
-Лозим не, борамон вазнин.
-Мошин мебарад. Хуш омадї, бачем. Боз биёед.
Духтарњо рафтанд.
Чашмони модар њазин шуд. Оњ кашид.
Дар дами дарвоза Гулнора хост, ки бори дигар дугонаашро ба њуш оварад:
-Бин, Чи хел хонаи Шумо зебо...
-Зебост, вале ман ба ин хона барнамегардам… Њаќ надорам.
****
Кўчаи пурдарахти як гўшаи шањр. Анора андешамандона меояд. Зери дарахтони маљнунбед Ањмад аз пеши Анора баромада, хоњиш кард:
-Анораљон, як маслињат пурсам.
-Хайр…
-Мегум, њамин сол хондана партому як тарафњои Расия рафта биём, камтар пул карда, аз шањр як порча замин хараму якта хонача созаму… Баъд арўса фарорам.
-Бисёр наѓз мешавад.
-Анораљон, арўса фарорам мегўм.
Анора маќсадро мефањмад, вале худро ба нодонї зада, гапро ба шўхї мекашад.
-Хонаи падарат чї?
-Вай аз шањр дур. Ќишлоќ… гову гўсола… Хоначањои хурди безеб… Не, Медонї… ба ту маъќул намешавад.
-Ба ман чї дахл дорад?
-Охир њамун арўси орзу мекардагии ман ту њастї.
Анора хандид. Ањмад бештар ба ў дил баст.
-О бало-е. Гапа мепечонї - да.
-Мурам дар хандањот. Дила ба умед мекунад.
-Ин чї, ќойидаи нави изњори муњаббат аст?
-Ман гапа намедонам, Анорљон, Лекин дилам ба ту аст. Барои мани камбаѓали дењотї дар ин шањр як хона намерасад, набошад, аз њамин шањрињо чї камї дорам? Ман њам мехонам, насиб бошад, кор мекунам. Њамааш мешавад…
-Ањмад, њамсабаќи азиз. Андеша кардан лозим, ки…
-Эњње, љиддї шудї-ку. Бо ин хел оњанг гап занї, Анорљон, дилам мекафад. Канї њамон хандањот?
-Ањмад, љиддї шав. Ман лоиќи ту нестам.
-Бовар кун, Анорљон, агар кисањоям холї намебуданд, рост пеши ољаљонат рафта худама пеши пояш мепартофтаму зорї мекардам. Лекин чї кор кунам? Замин сахт, осмон баланд...
-Одам як дил дорад.
-Анора… Анора…
Анора асабї шуда рафт. Ањмад низ мањзун гашт.Зоѓ ќар-ќар кард. Ањмад фоли бад гирифта ба хашм омад:
-Э, гум шав-е.
****
Дењаи Нољї. Гулнора ва Анора.
Анора ба Гулнора арзи дил кард:
-Гулнора, ба Ањмад фањмон, дарди худам як тараф, боз вай гаранг мекунад.
-Ањмад дар њаќиќат ошиќ аст.
-Барои чї?!
- Барои чї? Барои чї? Охир љавонон барои чї ошиќ мешаванд?
-Чаро ба ман?
-Охир ба чунин духтараки хушрўяки донояки балояки чашмњо сиёњаки ќошо думи мори мисли ту, Анораљон, кї ошиќ намешавад?
-Вале барои ман њама зишту хабису маккор менамоянд.
-Вай инро намефањмад. Ў туро дар ќиќат, дўст медорад.
-Бечора.
****
Сањни Донишгоњ. Духтаракм зебое назди Анора меояд.
-Салом Анора!
-Салом…
-Ман Зулфия…
-Хуб…
-Ман хоњари Бањром …
-Кадом Бањром?
-Њамоне, ки дўстат медошт.
Авзои Анора дигаргун мешавад.
-Чї гап дорї?
-Анораљон, акаам пушаймон аст. Аз њама чиз дилхунук шудааст. Занаш одами хуб набаромад. Аз ў људо мешавад. Мехоњад бо ту зиндагї кунад.
-Ташаккур! Бародари ту кайњо барои ман мурдааст. Мурда њам мањбубият дорад, аммо бародари ту не.
-Инсон дар зиндагї хато мекунад. Бояд ўро бубахшї!
-Арўси бародари ту гуноњ надорад. Вале њељ ваќт хушбахт намешавад. Айб дар Бањром аст.
-Не, ў аз он пушаймон шудааст, ки шуморо нагирифт.
-Дурўѓ… Ту њам духтар њастї. Аз дунё умед дорї. Нашавад, ки ба доми даррандае монанди акаи бадрафторат дармонї.
-Ту шикаст хурдаї, шишаи шикастаро имрўз пайванд мекунанд.
-Бале, зеро ки шиша њис надорад. Дили инсон чизи дигар аст.
-Барои бародарам дилам месўзад…
-Бародари ту маро рўњан кушт.
-Анора, як чиз гўям, хафа нашав. Бањром аз кўдакї эркаи хонадон аст, њарчи гуфт, албатта, мекунад. Агар ба чизе чанг зад, албатта соњиб мешавад. Вале муќобилат кунї, ба дев мубаддал мешавад ва дар њаќат њар бадиро мекунад. Мумкин њама касонеро, ки ба ту дил мебанданд, аз роњ занад. Њатто бо муаллимон маслињат карда, метавонад туро аз донишкада хориљ кунад.
-Фањмо. Гўй, ки ба Ањмад дигар чаќа нашавад. Вай гуноњ надорад.
-Агшар ишќаш самимї бошад, чаро ба ў ба шавњар намебарої?
Афсўс… Ман ўро дўст намедорам. Њарфи ишќ бароям мурдааст. Ту њам аз чунин бародар њазар бикун. Боз касофаташ ба ту нарасад.
Анора роњашро давом дода рафт.
-Анора… Анора… ( ??? Лозим нест.)
17.
Лавњаи таљдидии ёдоварии 14.
Кафедра. Профессор машѓули навиштан аст. Анора даромад.
-Мумкин?
-Биё Анора. Биё, шин.
Анора ба ў аризаашро дод.
-Ба њамин аризаи ман имзо гузоред…
Профессор дар њайрат афтод.
-Чаро? Духтарам, ту донишљўйи аълохон будї.
-Дар хона мушкилот дорем. Ман бояд кор кунам.
-Мо шўъбаи ѓойибона надорем…
Муаллим андеша кард.
-Агар ќарорат љиддї бошад, барои ба донишгоњи ба ихтисоси мо наздиктар гузаштан ба ту кумак мерасонам. Вале кор њам бояд мувофиќ бошад. Дар экспедитсияи геологї кор кардан мехоњї? Њамсабаќат Бањром њам дар он љо.
-Не, не. Ман дар интихоби касб пушаймонам.
-Хўш, чи кор карданиї?
-Барои кор дар милиса озмун эълон карданд.
-Дар милиса?!
Табъи Муаллим хира шуд. Сабрро аз даст дод.
*****
Машќгоњи таэквондо. Гурўњи љавонону духтарон машќ мекунанд.
Анора чанд усули худмуњофизатро азхуд мекунад.
Анора ба андеша рафт…
Монолог.
-Худоё, ман чи кор мекунам? Кори милиса куљову маъданљўї куљо? Дар ин љо њам неруи дасту пой лозим, вале дар кўњ барои ганљ, дар милиса барои ранљ. Кўњњо дигар, љустуљўйи ганљ дигар.
Муаллими варзиш назди ў омад.
-Ба ту чї шуд?
-Не, њељ гап не.
-Хаста шудї. Андак ором шав, мегузарад.
-Ташаккур… - Баъди рафтани муаллим боз пайи андешањои саргуми худ рафт. – Вале бароям имтињони нангу ор аст. Ман бояд соњиби сарнавишти худ шавам.
-……………
****
Ањмад дар тан куртаи сафед, дар боѓи пургули шањр дар даст гул интизори касе ќадам мезанад. Лайло духтари љулњундии таќрибан 15-сола даст пеши бар омад.
-Акаљон, камтарак ба ман ёрдам кунед, коратон барор мегирад.
-Э, рав-е. Охирин тангањоро љамъ карда њамин гулро харидам.
- Камакак ёрдам кунед...
-Биё, созишнома мебандем: њамин, ки духтари интизорам омад, пагоњ ба ту як сомонї медињам. Майлаш?
-Шумо аз дилатон бароварда дињед, дўстдоштаатон давида меояд.
-Э, ин ќадар шилќин будаї. Медоштам, медодам.
Лайло дуртар рафт.
-Шумоя дилатон танг. Њељ ваќт коратон барор нагирад.
-Э, гум шав бо ин гапи хунукат. Бо дуои кўрмуш борон намеборад.
-Гадоя њаќорат кардан убол.
Нохост ду љавон омада, бехотир ба ў њуљум мекунанд. Яке Анвар аст.
Лайлї зуд таги буттањо пинњон шуда ба худ гуфт:
-Бечорая дуои бад кардам.
Љавонњо гулдастаи Ањмадро кашида гирифта ба замин партофта, онро бо пой мачаќ карданд. Ањмад дар њайрат.
-Шумо кистед? Аз ман чї мехоњед?
-Номи Анораро фаромўш кун, љаноби ошшшиќ!
-Шуморо Бањром фиристод?
-Бисёр донї, зуд пир мешавї.
-Бе зўрї њаминро гуфт наметавонистед?
-Ту бефањм бошї, айби Бањром чї?
Муштзўрњо оромона, гўё њељ чиз нашудабошад, Лабу рўи ањмадро аз хун тоза карданд. Ањмад њам бинии хунолудашро бо рўймолча панањ карда дуртар рафт ва гуфт:
-Шикастани ман осон, вале ќалби маро, муњаббати маро шикаста наметавонед!
-Э, худата гум кун!
Ањмад гурехт. Авбошњо ќаноатмандона хандиданд. Рафтанд. Лайлои пушаймон пештар омада, дилсўзона ба гулњои рўи роњ афтода нигарист.
Пас аз чанде Анора омад. Касеро надид. Гулњои пачаќ ва ќатрањои хунро дида, њайрон шуд.
Лайло бо гардани каљ талбандагї кард:
-Апаљон, камакак ёрдам кунед.
Анора ба вай як сомонї дод.
-Гир.
-Рањмат, апаљон.
-Духтараки хуб менамоию… Чандсолаї?
-Сездањсола, аммо аз ќади баландам понздањ, ё шонздањ метиянд.
-Дар ин љо наметарсї.
-Метарсам. Ана њозиракак як бачаи хушрўя заданд.
-Барои чї заданд?
-Намедонам… Ња… талаб карданд, ки аз ким-кадом духтар даст кашад.
-Ња-ааа… Номашро нагуфтанд?
-Гуфтанд… Номи як мева… себ буд, ё шафтолу… не, Анора.
-Рост?
-Ња… Анора гуфтанд.
-Биё, аз ин љо меравем.
-Ман камтари дигар кор кунам…
-Ихтиёрат…
Анора рафт.
*****
Озмун дар шўъбаи милиса. Тањти роњбарии як полковник озмун гузашт. Байни љавонон ду духтар низ њаст. Якеашон Анораи ба мо шинос.
Духтари аввал ба назди аъзои комиссия даромад. Раиси комиссия пурсид:
-Хўш, боз саволњо њаст?
-Не.
-Ќабул шудед.
-Ташаккур.
-Ба Шумо рухсат.
Зан рафт.
-Анора Комиловаро даъват кунед.
Анора даромад.
Полковник ба њуљљатњои ў нигариста ба њайрат омад:
-Ту дар донишгоњ мехондї. Чаро хондана партофтї?
-Мушкилоти рўзгор маљбур кард.
-Ба мо милисионерони босаводу доно заруранд. Лейтененат Шоќулов, ба роњбарият дархост дињед, ки Анора Комиловаро ба шўъбаи ѓойибонаи мактаби милиса ќабул кунанд.
-Итоат, -гуфт Шоќулов.
-Ташаккур.
-Лекин то он ваќт тањти роњбарии Шумо кор мекунад, корро меомўзонед. Ба шўъбаи кор бо ноболиѓон меравї.
-Ташаккур.
-Ќабули чунин кормандони доно асоси муваффаќияти кори мост.
*****
Хобгоњ. Лайло љомадон дар даст мебарояд. Бо Гулнора хайрухуш мекунад.
-Љой ёфтам.
-Ман бе ту зиќ мешавам.
-Аз њоли њамдигар хабар мегирем.
Дили њарду пур шуда моили гиря гашт.
-Сахт одат кардам. Гумон доштам, ки то абад њамроњ мебошем
-Хайр, дугона.
*****
Анора хонаи иљора ёфт. Соњиби он Инъом-ака, марди синнаш аз шаст гузашта фаќат як хоњиш дорад:
-Аз Шумо фаќат хоњиш мекунам, ки ба гулњо об дињед.
-Не. ман гулро дўст намедорам.
-Чи тавр гулро дўст надоштан мумкин?
-Њама дар назари ман фиребгару ќаллоб менамояд.
-Чї кора њастї?
-Милиса…
-Ња, касбат талаб мекунад, ки ба њама аз њамин нуќта назар кунї. Њама барои ту гунањгор, њама фиребгар. Њатто ба гул чун ба зебої наменигарї.
-Не-ю…
-Фањмидам. Ту дар зиндагї шикаст дидаї. Ту њоло љавонї, ба шикастњои рўзгор омода бош! Сабур шав, ки сабурї гарави бурди инсон аст.
-Чї тавр зиндагиро дўст дорам, ки ба дилам зањр задааст?
-Ту зањри зиндагиро начашидаї, балки љабри одамонро кашидаї. Инсонњо дар як сатњу як поя ќарор надоранд. Аз ин рў, набояд ин чиз боиси ноумедии ту шавад. Медонї номи ин чист? Ин гули сабр аст.
-Аљиб…
-Бару дар тахтаи тирезаат гузор. Ба ту сабру тањаммул ато хоњад кард.
-Ташаккур…
*****
Хобгоњи донишљўён. Модари аз рањи дур омада аз духтаре пурсид:
-Анораро надидед?
-Анора? Нест.
-Чи хел нест?
-Чанд ваќт шуд, ки аз ин љо рафтааст.
-Ё тавба. Барои чї?
-Намедонам. Мегўянд, ки донишгоња партофта, дар милиса кор мекунад.
-Милиса?!
-Ња…
-Гулнораи њамсабаќаш дар кадом хона аст?
-Дар њамон хона.
-Рањмат, бачем.
*****
Модар бо Гулнора дар њуљраи хобгоњ сўњбат мекунад.
-Гулнора, духтарам, рости гапро бигўй. Ба дугонаат Анора чї шудааст? Шояд рози нињоние дорад?
-Барои чї аз ман мепурсед?
-Чанд хостгорро рад кард. Гуфтем, ки дигар фикри ўро намепурсем. Вале Анора худаш бо домодшаванда вохўрда, дилаша хунук кардааст.
-Аз худаш пурсед, ман намедонам.
-Гулнора духтарам, ин сирри байни ману ту мемонад. Аз таќдири дугонаат андеша намо. Агар донам, ки ягон љавона дўст медорад, ѓам намехўрдам.
-Намедонам.
-Як бор вая ба љойи худат мон. Наход, ки вай ба ту ёрї додан намехост?
-Намедонам.
-Уф…. – дар љояш нишаст модар.
-Ба шумо чї гап шуд?
-Дилам…
-Об биёрам?
-Не…. Мегузарад. Уф…
-Ў шавњар кардан намехоњад.
-Барои чї?
-Ќасам хўред, ки маро ба Анора намефурўшед?
Чанд лањзаи њассоси худкушии Анора ба ёдаш меояд.
Дар давоми сўњбати Модар бо Гулнора њарду хеле мањзун шудаанд.
-Ўро азоб надињед. Ў ба ягон мард боварї надорад. Агар аз њад гузаронед, ба худкушї даст мезанад. Наход ки шумо њаминро мехоста бошед?
-Не, не… Аммо ба падараш чї гўям?...
*****
Модар аз зинањои хобгоњ бо душворї поин мефарояд. Ба худ гуфт:
-Омад ба сарам он чи аз он метарсидам. Нўги гирењ кушода шуд, вале чи кор кунам? Ба падараш чи тавр фањмонам? Вай кист, чикора аст?
- Ман дигар њељ чиз гуфта наметавонам.
-Хуб, ташаккур. Намедонам чи кор кунам. Ягона кори ман њимояи духтарам аз гапи мардум, аз иродаи падараш.
*****
Сабти барномаи «Дунёи наврасон» дар ТВТ. Анора сухан мегўяд.
-Салом, бинандагони азиз, барномаи навбатии дунёи наврасонро оѓоз мекунем. -Падарону модарони азиз, фарзанд меваи умр аст, њама бо умед фарзанд калон мекунед, наход, ки бењтарин давраи њаёт, ширинтарин солњои умри кўдакони худро бо корњои майда барбод дињед?
Давоми сухан сабт шуда аз тариќи телевизион дар барномаи «ВКД хабар медињад» намоиш дода мешавад. Онро капитан Восиевдида, ба милсионер-духтар таваљљўњ мекунад.
-Рафиќ подполковник, ин шогирди дирўзаи Шумо нест?
Сухани Анора аз телевизор давом мекунад.
-Модару падар на он аст, ки тифле таваллуд карда ба кўча мепартояд, балки њама азиятњои рўзгорро ба дўши худ гирифта, ба фарзанди љигарбандаш барои хондан, омўхтани касбу кори наљиб ба хотири оянда соњиби рўзгори хуш гардидан талош мекунад…
Полковник охири барномаро аз телевизор тамошо карда, ќаноат манд шуд:
-Офарин, Комилова. Мо дар интихоби ў хато накардем.
*****
Бемористон. Духтаре ки худсўзї кардааст, бо бадани бинтпеч дар кат хобидааст. Анора бо ў сўњбат мекунад. Духтури навбатдор Њайдар Ѓойибзода низ њамон љост. Духтари худсўз ба саволњои милиса мароќе надорад. Хаёлаш ба љойи дигар аст. Анора пурсиш мегузаронад ва дар дафтараш ќайд мекунад.
-Сабаби худсўзї карданат чист?
-… Намедонам…
-Чї гуфтї?
- Намедонам.
-Ягон касро гунањгор мењисобї?
-… Не…
-Чи хел бе сабаб, бе ягон асос худро ба чунин азоб гирифтор мекунї?
-Ман њељ чизро намефањмам.
-Хоњарљон, росташро гўй.
-… Як номард маро фиреб кард… Њаётамро сўхт… Зан гирифт…
-Ором шав, хоњарљон. Ноумед нашав.Ту њамагї 16 сол дорї - ба њукми гулї. Зеби шодї, зеби хандаву бахт дорї. Ту бояд зиндагї кунї.
Хаёли Анора ба љойи дигар рафт. Љиддї шуд. Ба дил гуфт:
-Худи ман њам чанд рўз пеш дар ин њолат будам. Хайрият, ки маро сари ваќт аз роњ гардонданд.
Духтур Њайдар бо мењр ба њарду нигарист.
*****
Сабти барномаи навбатии телевизионї. Дар як гўшаи бозори калон. Бањром касеро мељўяд. Нињоят диду ором шуд. Ў Анора аст, ки бо ноболиѓон сўњбат дорад.
-Шумо бояд ўњдадории худро донед: хондан ва берун аз дарс ба волидони худ андак кўмак кардан. Вале бояд њуќуќњои худро донед. Њељ кас њуќуќ надорад, ки шуморо ба манфиати худ истифода барад…
Бањром наздаш омад. Гўё њељ чиз нашуда бошад, салом дод.
-Салом, Анора…
Ќањри Анора омада бошад њам, дар назди бачањо натавонист ба ў љавоби дилхоњашро дињад. Маљбуран ба таври расмї салом дод.
-Салом.
-Гап њаст…
-Баъди ин сўњбат.
-Мошин тайёр.
Наврасон бо њавас, баъзехо бо шубња ба Анора менигаранд.
-Хуб. Бачањо, бори дигар таъкид мекунам, эњтиёт шавед, нагузоред, ки шуморо истифода баранд…
Бањром дуртар рафт. Анора њам аз бачањо људо шуда назди ў омад.
Дар боѓ духтараки таќрибан 17-сола бозувони бачаяки њамсолашро молиш медињад.
-Акаам зад? Ње, дасташ шиканад. Хостгорњо тоянд, худам гап мезанам.
Анора худро озодтар њис кард:
-Ист, чї мехоњї?
-Анора, таќдири ману ту бо њам пайваста аст. Мо људо шуда наметавонем. Ба хонаатон хостгор мемонам. Падарау модаратро њам ризо мекунам. Бар ќасди душман, мо бояд њамроњ бошем.
-«Бар ќасди кадом душман»? – Ман фаќат як душман дорам: ту.
-Анора…
-Хаёли хом. Ман дигар «анори хом»-и дирўза нестам.
-Ба ёд биёр, байни мо муњаббати гарми самимї буд.
-Вале ту онро буридї.
-Ту маро дўст медоштї.
-Њоло бо њамон андоза бад мебинам.
-Мехоњї, ќањри маро биёрї?
Муштњояш фишурда мешавад.
-Анора ту њаќ дорї маро дашном дињї, њаќ дорї. Вале ман оштї мехоњам. Њарчи хоњї, њамонро мекунам. Бигў, чи мехоњї, ки аз дилат кудуратро барорам?
-Мехоњам, ки маро фаромўш кунї. Њарчи зудтар –њамон бењтар…
Бо шаст ќадам монда меравад.
-Эњ…
*****
Кўча. Зулфия паси чанбараки мошин омада, дар чорроња истод. Лайло аз Зулфия пул пурсид.
-Апаљон, камтарак ёрї дињед.
-Э, гум шав…
Лайло ба хаёлоти ширин фурў рафт. Лимузини калони сафед мегузарад, аз даруни он Лайлоча мебарояд, ки саропо дар зару зевар аст. Пулдонашро гирифта мекушояд ва бидуни пурсише ба бачањои ќади кўча пул медињад. Њамин тавр бо дили шод дубора ба лимузин нишаст ва ронанда онро ронд.
Боз мебинем, ки Лайло рўи роњ дар андеша монда. Ва ин танњо орзуи вай аст.
*****
Соњили рўд. Пули калон. Лайло дар он љо хокро канда чизеро гузошту рўяшро бо хок пўшид. Касе њуштак кашид. Ў Анвар аст, яке аз онњое, ки дар боѓ Ањмадро кўфта буд. Лайло ќафо гашта рафтанї буд, ки аз рўбарў Анварро дид.
-Вий, тарсидам…
-Њамун Лайлича худат њастї?
-Ња, акаљон.
-Рафтем.
-Куљо, акаљон?
-Як кас бобокалонаша хоб дидааст, мехоњад садаќа кунад.
-Чи хел наѓз. Дуои ман зуд ќабул мешавад.
Дар гўшаи дигар Бањром ўро интизор аст. Анвар њисобот дод:
-Мана, Лайлї.
-Ту ба ман маъќул шудї. Пули наѓз медињам. Њамроњи Зуля ба ман хизмат мекунї.
-Акаљон, ба ман рањм кунед…
-Рафтем!
Нохост аз дур мошини милиса пайдо мешавад. Нафаре бонг зад:
-Ментњо!
-Рафтем!
-Лайлоро чї кунем?
-Партоед!
Љавонон саросемавор ба мошин нишастанд. То милисањо омаданд, ки мошини Бањром рафт.
Лейтенант Шоќулов роњравон ба Анора фармуд:
-Раќами мошина навишта гир.
-Хуб.
Лайло танњо монда нафаси сабук кашид.
-Хайрият, ки расида омадеду маро халос кардед.
Вале Милисионер ба Лайло дарафтода, аз мўяш дошт,
-Ба даст афтодї?!
-Рањмат, ки маро халос кардед.
-Айёрї накун.
-Акаљон…
Лайло аз ин њуљуми ногањонї тарсида, ба њайрат афтода, ќафо-ќафо рафта, дур шудан мехоњад.
-Ман ба њаќатон дуо мекунам, ки аз дасти авбошњо халос кардед…
Лейтенант аз мўи Лайло дошта кашид.
-Э, дамата гир! Канї ёронат?
-Чи хел ёрон? Ба њаќќи худо…
-Њозир њамроњат буданд-ку!
-Онњоро намешиносам. Маро сар дињед.
-Ба наѓзї намехоњї?! Хуб. Њозир ба милисахона бурда ки мањкам кардам, баъд њамаша мефањмї. Гап зан.
-Чї гўям?
-Бо кї будї? Онњо чанд кас буданд? Куљо мерафтед? Ба њамааш ќоил мешавї.
-Ќасам мехўрам, акаљон…
-Ман ба ту ака не… Медонї, ин хел хоњара медонї чї кор мекардам…
-Мебахшед, камандир…
Анора пеш меояд.
-Ман ин духтаракро мешиносам. Ўро азоб надињед.
-Хўш, љаноби нозири ќаторї, Барои чї?
-Вай талбанда аст. Дар кўчаю боѓ мегардад.
-Зоњиран талбанда, лекин дар асл - Лайло… Њамаро Маљнун карда гаштааст. Раќами мошина навиштї?
-Дар торикї надидам.
-Хайр, дар штаб сўњбат мекунем.
Лайлоро даѓалона ба мошин савор кард.
*****
Бемористон. Духтури љавони доно Њайдар Лайлоро муоина мекунад.
-Нафас каш… Нафас накаш… Акнун нафас каш…
-Уф, ќариб мемурдам, нафасам гашт.
Духтур ба Анора њисобот дод:
-Шушаш тоза. Асабњояш ором. Саломатиаш хуб. Фаќат чиркинакак будааст.
Анора арзи сипос кард.
-Ташаккур. Њозир ба њаммом мебарем. Либосатро пўш, хоњарљон.
-Хеле мењрубон њастед.
-Ин бечора чї гуноњ дорад?
-Бори аввал мењрубонии милисаро мебинам.
-Ња… Гувоњномаро дињед.
-Хуб, мўњтарам сержант. Шумо њам дар ин дафтар имзо гузоред.
-Хуб.
-Бубахшед, суроѓа, телефон доред?
-Чї лозим?
-Барои њисобот зарур. Дигар ин ки баъзан ёрии шумо, милисањо, лозим мешавад.
-Дар хобгоњи донишкада зиндагї мекунам. Ин телефони ман.
-Ман шуморо дар куљое дидаам.
-Намедонам. Шояд дар телевизор.
-Марњамат
-Ташаккур.
Ин лањза телефон занг мезанад. Духтур гўш медињад.
-Лаббай очаљон? Боз њамон гап? Њоло баъд… Тўй њељ ваќт дер намешавад, очаљон. (Бо мењр ба Анора нигариста.) Худам интихоб мекунам… Ба шумо маъќул мешавад… Арўс агар милиса бошад-чї? Бе њазл…-Хуб шудааст. Хуб Майлаш.
Анора, ки ба либоспўшии лайло ёрї мерасонд, бо тааљљуб ба духтур нигарист.
-Ба мо рухсат?
-Ња… Ана гувоњнома.
-Ташаккур.
Њарду баромаданд. Њайдар то дер ба ў нигарист.
*****
Дар шўъбаи кор бо ноболиѓон Анора бо Лайло сўњбат кард.
-Ту дар куљо зиндагї мекунї? Хонаатон дар куљо?
-Не, ѓайри ин сару либос њељ чиз надорам.
-Аз мардони бад наметарсї?
-Не…Онњо ба ман пул медињанд. Ман пул љамъ карда хона мехарам.
-Дар мактаб мехонї?
-Не…
-Туро ба мактаб - интернати бепарасторон дињам.
-Не, апаљон, худам аз он љо гурехтам.
-Охир њозир барои ту ваќти хондан аст.
-Ман озод будан мехоњам.
-Хуб. Ин ќадар ба озодї талош дорї, мекўшам, ки озодат кунам. Вале аз ин љо рост ба мактаб-интернат меравем.
*****
Њуљраи сардори шўъьаи милиса. Капитан Восиев ба сардор њисобот медињад.
-Вазъияти ошкоркунии љиноят хуб аст. Вале ќонунвайронкунї дар байни ноболиѓон зиёдтар ба назар мерасад.
-Назоратро дар ин љода пурзўр кунед. Ман ба Шумо як ёрдамчии хуб мефиристам.
Анора назди полковник даромад.
-Мумкин?
-Дароед. Ман худам шуморо даъват кардам. Шинос шавед: Анора Саъдуллоевна. Ин кас капитан восиев, нозири бозори сабзавоти пойтахт. Њамроњ корро дар ин самт пурзўр мекунед.
-Итоат.
-Воќеан, кори Лайло чї шуд?
Анора арз кард:
-Рафиќ сардор, Лайлоро сар додан лозим. Вай ягон гуноњ надорад.
-Ўро ташхис кардї?
-Ња. Вай як кўдаки бечора аст.
-Дар ягон љой намехонад?
-Дар интернат барќарор мекунем.
-Бисёр кори хуб мекунед. Вале минбаъд гуноњу савобаш дар гардани шумо. Ман аз Шумо боварии калон дорам. Вале духтарчаро бе назорат намонед.
-Хуб.
*****
Шўъбаи кор бо ноболиѓон. Шоќулов дар курсии худ нишаста, бо ќароњат ба Лайло менигарад.
-Нарас, гуфтам!
Лайло дасташро аз болои компютер гирифт.
Раќамњоро дар вараќ навишта нишон медињад ва мепурсад.
-Ин чанд?
Лайло нигариста љавоб намедињад.
-Бесавод. Њардуяш чанд мешавад?
Лайло бидуни андешаву зўрзанї посух дод:
-Яксаду панљ сомонї.
-Ња, пула њисоб карда метавонї!?
Анора даромад.
-Рафтем, Лайлољон. Ба интернат меравем!
Лейтенант Шоќулов даромада бонг зад:
-Њоло њамин хел? Гунљишкбача ба очаш «љик-љик» кардана ёд медињад?! Не, Анора, пушаймон мешавї. Лайло -- моли ман, таќдираша ман њал мекунам!
-Ин фармони сардор. Ана рухсатнома.
-Аз болои ман гузашта ба садор арз кардї? Ин хилофи ќойида аст!
-Ин супориши сардор аст…
-Сардори бевоситаи ту ман њастам!
-Ман аз рўйи дастури хидматиам амал мекунам.
-Ту ба рўйи ман по мегузорї?!
-Кор бо духтарони ноболиѓ вазифаи ман аст!
- Ња, сад фоиз дуруст, вале ба сифатномаи ту ва њисоботи ту ман имзо мекунам.
Лайло бо чашмони калон кушода гоњ ба лейтенант менигарад, гоњ ба Анора.
-Ихтиёратон. Ман аз њељ кас муттањам нестам. Фаќат пеши ќонун њисобот медихам!
-Мебинем. Ту бе дастгирии ман сахт пушаймон мешавї.
Анора дигар ба ў ањамият надода аз дасти Лайло мегирад.
-Рафтем, Лайло.
****
Руйи њавлии милисахона. Анора Лайлоро ба интернат овардааст. Рўйи њавлии интернат ќадам зада охирин суханашро мегўяд.
-Агар аз интернат барої, ба ту мушкил мешавад.
-Не, апаљон, намегурезам. Вале аз њамин камандир Шоќулов сахт метарсам.
-Агар ягон мушкилї кашї, ба телефони дасти ман занг бизан.
Аз дафтарчаи кисагиаш коѓазе канда раќами телефонашро менависад.
-Рањмат, апаљон. Медонед, апаљон, шумо чунон ба ман маъќул шудед, ки… Њамин либоси милисагї чунон ба шумо мезебад, ки...
-Ана ин телефони ман. Хонда метавонї?
-Ња. То синфи панљум хондам. Пула њисоб карда метавонам. Одамњоро шинохта метавонам. Ана акнун ман да милиса њам шинос дорам - як апаи хушрўй дорам.
-Боз дар куљо шинос дорї?
-Да ресторан, да бозор, да университет, да бонк, да вазорати...
-Эњтиёт шав, Лайло…
-Њазл кардам, апаљон. Рањмат ба шумо.
Лайло рафт. Анора ба андеша зад…
-Бечора. Вале намедонад, ки њоли ман њам аз ў чандон фарќ намекунад. Ман њам дилшикастаам. Ман њам барои озодї талош мекунам. Ман њам наздик аст, ки дар байни мављњои пурталотуми бањри зиндагї ѓарќ шавам.
*****
Њуљраи Анора дар хонаи падар. Модар медарояд. Ба суратњои духтараш нигариста, дар курсї мешинад. Андеша мекунад.
-Бе ту ин хона холист. Ба дили нозукат чи ранље расидааст, ки аз хонаи падар дилсард шудаї? Њазорон бор дилам ба ларза меомад, ки бемор нашавї, ранље набинї… Шукр кардам, ки калон шудї, ба донишгоњ дохил шудї. Гўё ки аз галаи гургон – беморию роњзану дузду ќаллоб эњтиёт кардам, вале аз сайёди берањме, роњзани бешафќате бехаьар мондам, ки дом бар дилат нињода, аз љону љањонат сард кардааст? Не, не, худоё тавба… ман чињо мегўям? Куљо фарёд кунам? Киро ба имдод хонам? Фарёди модар дигар садо надорад. Ин дарди дили модар дармон надорад. Дар ин талошњо хаста шудам, худољон… Оњи дили модарро шунав, худољон. Кабўтараки навболи ман, оњубарраи навомўхти ман Анораљонро то манзили умед расон, худољон.
Зиндагї, дар хаму печат, бахудо, хаста шудам,
Роњ љустам ба хатову ба хато хаста шудам.
Будаї гўши кару сўи ту рафтам ба абас,
То ба манзил нарасида чу садо, хаста шудам.
*****
Шўъбаи милиса. Анора ва лейтенант Шоќулов. Ў худро ситоиш мекунад:
-Оќибат, њамон таљовузкорро њабс кунондам. Њабдањ сол гирифт! Ана ина кор мегўянд!
-Ин коратон дар њаќиќат, арзанада. Лаънатї ду духтарчаро бадбахт кардааст.
-Не. Се касро.
-Чаро ба ќатл њукм накарданд?
-Њукми ќатл дигар нест. Онро аз байн бардоштанд.
-Ња, бо ќонуни нав њукмномањои љиної хусусияти инсондўстона гирифтанд. Вале афсўс, ки њукми ќатлро барои чунин касон барњам доданд.
-Барои Лайло баринњо њам њукми иахсус лозим.
-Охир вай кўдакаст.
-Эњња, ёфтї кўдаката. Вай ба ману ту дарс медињад!
Полковник ба утоќи кори онњо меояд.
-Анора Саъдуллаевна, дастпарвари ту аз интернат гурехтааст.
-Эњ, духтари гаранг…
-Мо ба мудири мактаб огоњї додем, ки бе назорат монданд. Вале…
Лейтенант Шоќулов ба шўр омада, ба Анора таъна зад:
-Вале ин гуноњи Анораро кам намекунад. Анора комилова моро бовар кунонд, ки вай духтари хуб аст. Ана, оќибати кор. Метарсам, ки боз бо дуздию фоњишагї машѓул мешавад.
Ба полковник шўру шари Лейтенант Шоќулов чандон маъќул нашуд.
-Вазнин шавед, капитан. Ин бори аввал нест. Ба он духтар як одат шудааст.
-Сахт гирифтан даркор буд. Агар як моњак мешинондем…
-Рафиќ капитан, ягон кас аз мањбас одами хуб шуда баромадааст?
-Бубахшед, вале аќаллан чашмаш метарсид.
-Дигар роњњоро љустан лозим. Барои њамин Анора барин одамњои навро ба кор гирифтем. Тарбияи љавонон вазифаи њамаи мо аст. Пеш аз њама ўро ёфтан лозим. Ба шумо, Анора, як рўз мўњлат: бояд ўро кофта ёбед.. тамоми амалиёт тањти роњбарии Шумо гузарад.
-Итоат.
Сардор рафт.
Лейтенант беихтиёр шод гашта табассум кард.
-Ана њамту, нозир Анора Комилова. Аввал аз мо корро ёд гирифтан даркор.
Баргашта дид, ки Анора нест.
*****
Анора дар бар либоси шањрвандї дар гўшањои боѓ касеро мељўяд. Аз чанд кас пурсид вале маълум, ки роњгузарон сухан гуфтан намехоњанд.
-Як духтараки майдаяк талбандагї мекард. Надидед?
-Не.
Аз зане пурсид.
-… Вы не видели маленькую девочку-попрощайку?
-Нет.
Љавони дузднамо Акбар ба Анора бо чашми харидорї нигариста, аз ў пурсид.
-Чї кораш мекунед?
-Лозим.
-Ин хел духтарчањо бисёранд. Сањару пешин ва бисртар пеш аз шом пайдо мешаванд, ки ягон клиент ****д.
-Худоё, тавба. Лайло њам?
-Лайлочаро намедонам. Вале аљаб нест.
Љавон аз чї бошад, шитоб карда рафт.
Дар кунљи дигари боѓ мошини Бањром намудор мешавад. Ў ороиши мўю костюмашро дигар кардааст, дар чашмонаш айнаки сиёњ. Љавон ишораи махсус кард. Бањром аз мошин нафаромад. Љавон ба мошин савор шуда як њарф гуфт:
-Ментњо.
-Чанд кас?
-Якта.
-Дилаша меёбем. Њамон капитан?
-Не. Зан.
-Куљост?
-Њо ана.
-Эњња… Вай худаш дар навбати аввал истодааст. Дер ё зуд, њатман арўси ман мешавад.
-Ња… Балої ту.
-Вале ту ба ман арўсака ёфта те.
-Лайлоро мегўї?
-Ња.
-Э, гўш кун, вай як девона аст.
-Ба ман њамин девонањо маъќул. Њиларо мефањмонам. Наѓзакак гўш дењ…
*******
Зери пул. Лайло дар даст чанд тангаву пули коѓазї. Њисоб карда ба он љое меояд, ки хазинаашро зери хок пинњон карда буд. Вале нохост авзояш бељо шуда, ба талвоса меафтад.
-Вий! Пулњоро дуздидаанд! Ууууу! Дар падари дуздидагї лаънат!
Бошитоб хокро кофта чизе намеёбад. Фиѓон мекунад.
-Илоњї кўр шавї, дузд!
*****
Шом. Шўъбаи милиса. Анора ва Лейтенант Шоќулов.
-Наёфтї? Намеёбї Лайлочаро. Барои њамин ба гапи калонњо гўш карданро ёд гир. Агар як чазоча медодем, њоло ин ќадар асбонї намешудї. Асои худро ба рўшанї задан даркор. Хўш, гап зан.
-Чї гўям?
-Ана акнун дар ќабулгоњ шину хабарњои навро дар бораи Лайло шунав. Наѓзтар шинос мешавї.
-Итоат.
-Ё њамроњи ягонта бой-бобо «Лайло мешавад», ё ки ба сари ягонтааш об мегирад. Муњимтараш, ту худо гўй, ки ўро накушанд.
-Э, не-е. ин хел нагўед, рафиќ капитан.
-Ман рафтам. Кўшиш мекунам, ки ёфта меорам. Лекин…
Лейтенеант рафт.
*****
Лайлои гирён ќадам зада ба милисахона наздик омад. Аз бино дар тан тан либоси низомї лейтенант Шоќулов баромад. Лайло шитобон ќафо баргашт.
****
Лайло аллакай дар гўшаи дигари шањр аст. Назди беморхонаи «Ёрии таъљилї» омад. Кабинети духтур. Лайло бељуръатона даромад, аз гиря «њиќ-њиќ» карда, гап зада наметавонад. Њайдар ба Лайло об медињад.
-Ња, Лайлиљон?
-Акаи Њайдар…
-Об нўш, ором шав. Акнун гап зан, ба ту чї шуд? Куљоят дард мекунад?
-Ба ман… телефони Анораро дињед.
-Њамон милисаро?
-Шумо доред-ку…
-Ња. Њозир. Якбора дар тамос мешавем.
Телефони њамроњашро гирифта раќам мечинад.
Занги телефони дастиаш садо медињад. Анора гўширо мебардорад.
-Лаббай…
Дар тарафи дигари тамос Лайло.
-Апаљон… Ман Лайло…
Дар ин тарафи тамос Анора.
-Гап зан, Лайло!
-Гуфтед, ки мушкилї афтад, занг зан.
-ба ту чї шуд, Лайлиљон?
-Апаљон…
-Дар куљої? Чї њол дорї?
Лайлї гиря мекунад.
-Апаљон, пулњои љамъкардаи маро дуздиданд. Дуздро доред, пулњоямро дињад…
-Лайлољон, ту дар куљої?
-Дар духтурхона. Пеши акаи Њайдар.
-Барои чї?
Телефонро Њайдар гирифт.
-Анора, вай дар назди ман аст, сињату саломат аст, хавотир нашавед.
-Њамон љо истад. Ман њозир расида меравам.
-Хуб…
Телефонашро хомўш карда сарашро дошт.
-Хайрият, ки ёфт шуд. Ёфт шуд.
Ба тарафи муќобил баргашта, ќадаммониашро тез кард. Аз дил гузаронд:
«Ўро аз ин роњ баргардондан лозим. Намегузорам ба ин роњи паст ќадам гузорад. Духтаракро худам тарбия мекунам».
*****
Сањни милисахона. Анора духтараки љулњиндипушро мебинад, ки ба сўи бинои милиса меояд. Ба пешвозаш мебарояд.
-Лайлољон, биё.
-Апаљон… Пулњоямро дуздидаанд. Дар лаби дарё зери хок пинњон карда будам. Пагоњї омадам, ки пинњонгоњ кандагї асту аз пулњоям дарак нест.
-Ягон кас дида буд?
-Намедонам. Љояшро ба њељ кас нишон надода будам. Акнун чї кор мекунам?
-Биё. Дарун дароем.
Њарду ба ќабулгоњ омаданд.
Курсиеро ба ў нишон дод. Ва худ ба мизи компютер нишаст.
-Инљо бинишин.
Лайло бетоќатї кард.
-Апаљон пуламро чї хел ****?
-Сабр кун, аввал ба компютер ворид кунам.
-Бинам.
-Бин. Мехоњї компютерро омўзї?
-Пул медињанд?
-Ёд, ки гирифтї, ба кор медарої. Ва барои кори кардаат ба ту маош медињанд.
-Ман ёд мегирам.
-Барои ин дар мактаб хонданат даркор.
-Мактабро дўст намедорам. Мехоњам пули бисёр дошта бошам.
-Сабр кунї, њама чиз мешавад. Ту њоло кўдакї. Бояд илму касб омўзї. Набошад, бо ин саводе ки ту дорї сари њар ќадам пешпо мехўрї. Бо фиребгарон, дуздон, ќаллобон рў ба рў мешавї ва мисли имрўза њамаро аз даст медињї.
Лайло ноумед шуд.
-Илоњї хонаи дузд сўзад. Дасташ хушк шавад. Дуздро ёфта дињед.
-Не.
-Аз ягон кас гумонбар њастї?
-Ин кори одамњои Бањром.
-Кист вай?
-Як «бой-бобо»-и нав, мошини сафед дорад. Ракамаш-57-58. Як бор як одами вай руст кардани пулама дид. Мехоњад ба худаш ром кунад.
-Мековем. Ноумед нашав!
-Охир ман касе надорам…
-Ман туро дигар танњо намемонам. Баъди кор ба хонаи худам мебарам. Вале ту саванд хўр, ки ба некї - некї мекунї, Аз хонаи ман намегурезї.
-Э, апаљон, пуламро ёфта дињед, њарчї гўед, иљро мекунам.
-Дар мактаб мехонї.
-Майлаш.
-Гадоиро бас мекунї.
-Майлаш.
-Бо њар хел одамњо «љурагї» намекунї.
-Майлаш. Ман аз рангу рўи Бањром безор.
-Исто. Ин кадом Бањром аст? Раќами мошинаш чанд гуфтї?…
-57-58.
Анора аз компютер суратеро нишон дода пурсид:
-Њамин?
-Худди худаш
-Ња…
*****
Њуљраи кории Полковник. Полковник бо телефони селектор фармон медињад.
-Нозири шўбаи кор бо ноболиѓон Анора Комилова, ба назди ман дарояд.
-Хуб. – шунида шуд овоз аз селектор.
Њоло мебинем, ки модари Анора нишастааст. Арзи сипос мекунад.
-Ташаккур.
-Духтари шумо танњо нест. Дар худи њамон шўъба як зани дигар њаст. Љамъ шонздањ нафар занон фаќат дар шўъбаи корњои дохилии шањр хидмат мекунанд.
-Наѓз, лекин мебахшеду… милисаро ганда мегўянд.
-Дар њама соња кормандони хубу бад дар њама љой њастанд. Маќсади мо њамин, ки сафи милисаро тоза кунем. барои њамин озмун эълом карда, шаш нафар духтарони љасуру ѓаюрро љамъ кардем. Яке аз онњо фарзанди Шумо.
Анора омада њисобот дод.
-Нозири шўъбаи… (Модарашро дида гапашро гум кард.) Оча!?…
Полковник бо табассум гуфт:
-Озод бошед.
Модар аз њайрат намедонад чи гўяд.
-Рањмат, бародар.
-Анора Саъдуллаевна, дар гулгашти худамон сайругашт кунед, озодона сўњбат кунед.
-Ташаккур.
Њарду баромаданд.
*****
Гулгашти шањр дар назди милисахона. Модару духтар сахт дар андеша.
-Аз хондан мондї. Ба кор даромадї Як дањан напурсидї.
-Нахостам шуморо ташвиш дињам. Аздусар розї намешудед.
-Хонданро барои чї партофтї?
-Маъданковию кўњбарої - кори мардона. Маъќул нашуд.
-Њм… Милисагї кори занона аст?
-Ман бо наврасон кор мебарам.
-Падарат мегўяд, агар ин дафъа хостгор омад, розигї медињад.
-Ана дидед, шумо њељ маро ором гузоштан намехоњед.
-Хостгорон дигар кам меоянд. Ин чиз падаратро ба андеша овардааст.
-Ман саросема нестам.
-Мо њам саросема намебудем, агар чордањсола мебудї. Кош дар њабдањсолагиат мебаровардем.
-Маро ба њоли худ гузоред, оча.
-Духтарам. Наход мо- падару модарат шуда, туро ба љарї партоем.
-Набошад, маро ба њоли худ гузоред. Аз њамин гапњо хаста шудам. Њол он, ки ин бегоњ амалиёти вазнин дорем.
-Дар хобгоњ нестї, дар куљо зиндагї мекунї?
-Дар хобгоњи милиса. Вале он љо фаќат барои хоб меравам. Ѓайри мо ба њељ кас роњ намедињанд.
-Агар падару модар гўї, кората партову хона биё.
-Оча, агар ба њолам намонед, кадом рўзе худамро мекушам.
-Девона нашав. Ин Сухана дигар нагўй. Каси худкушї карда ба ѓазаби худо гирифтор мешавад.
-Барои њамин, маро ба њолам монед. Ман ба хона намеравам, зеро ки шумо маро зўран ба гавњар медињед.
-Айби худам, ки туро эрка калон кардам. Охирин илтимоси ман њамин, ки сари моро паст накун.
-Хуб, оча. Хавотир нашавед. Ба њама саломи маро расонед.
-Эњ, духтари содда… Дили туро намефањмам.
Модари ошуфтаву ранљида рафт. Анора ўро то дарвоза гусел кард.
*****
Хонаи иљора. Рўйи њавлї. Анора мизи хўрокхўриро ба тартиб меорад. Лайло омад. .
-Ассалом апаљон.
-Биё, Лайлољон…
-Апаљон, имрўз бањои панљ гирифтам. Аз дарси мењнат: гули шинондаи ман гирифт.
-Аз дигар фанњо низ бањои панљ гир!
-Њамин ќадар мехонам, ба сарам намедарояд. Ягон роњи осон бошад?
-Њаст, агар шавќ бошад.
-Эњ, дар сари ман фаќт як фикр чарх мезанад: чи хел пули зиёд кор кунам. Кай ман соњиби хонаи худ мешавам?
-Барои ин мењнат кардан лозим.
*****
Коргоњи Анора. Ў бо телефон гап мезанад.
Модараш медарояд. Анора бо њайрат.
-Биёед, оча. Боз чї гап?
-Анораљон, натарс хостгор наомадааст. Маслињат дорам, ки ба манфиати худи ту аст. Мо метавонем бо зориву зўрї он љавони фиребдодаатро ба роњ андозем.
-Киро?
-Њамон дўстдоштаатро, ки баъд зан гирифт. Агар ба падарат фањмонам…
-Кї ба шумо гуфт, ки ў дўстдоштаи ман аст? Кї?
-….
-Фањмидам. Гулнора?
-Не, духтарам, асабї нашав, худатро ба даст гир.
-Чї? Назди он палид рафта зорї мекунед?
-Зорї не, зурї…
-Ба чї хотир? Барои он, ки ў маро паст зад? Барои он ки маро чун инсон кушт? Барои онки маро мањв кард? Не. Худро азоб надињед, оча. Ман аз ў ќасос мегирам…
-Шайтона пеш кун, духтарам… Ин дуруст не.
(ин гап ду бор такрор шудааст.)
-Хуб. Вале дигар њељ касро ба ёдам наоред. Мехоњам њамаро фаромўш кунам.
Модар дар андеша, њайрон монд.
*****
Боѓ. Анора танњо. Хомўш аст, вале дилаш нола дорад.
Ба дард ояд дилам њар гањ, туям бар ёд меої,
Ту аз ќаъри дилам чун дард, чун фарёд меої,
Аз ин дарди батаъхирам, вале дигар куљо суд аст,
Ки баъд аз шўълаи рўят дилам пурдуду пурдуд аст.
*****
Хонаи падар. Модар ва падар байни худ љанљол доранд.
-Ман падарам, ё не? Духтарата ёфта биёр, љияни худам, нав института тамом кард. Тўй карда медињем.
-Анора ба ин наздикї тўй намешавад.
-Барои чї?! Гап зан охир, Барои чї?!
-Дилам аз пешомади бад гувоњї медињад.
-Тўй мешавад!
-Агар марги духтари маро хоњед, маљбур кунед.
-Чї!? Ту мефањмї, чї мегўї?
-Ман хоби бад дидам. Метарсам, ки…
-Э, ман ба хоби зану таъбири он кор надорам. Мешавад, гуфтам, мешавад!
Падар рафт. Модар рўй ба осмон овард:
-Худоё худовандо, худат моро аз њар бад нигањ дор.
*****
Шаби боронї. Гурўњи милиса ба амалиёти фаврї баромад. Гурўњи зудамал чанд ноболиѓонро, ки бо дуздї машѓул буданд, дунболагирї мекунад. Анора, нафареро пайгирї карда, хеле дур меравад. Оќибат медорад.
Љинояткор, љавони ќадбаланд нохост корд мебарорад. Лањзае духтар дар андеша аст.
-Гуноњатро зиёд накун, кордро парто.
-Аз сари роњам дур шав.
-Ту намефањмї, чи кор мекунї. Медонї, Рўдакї чї гуфтааст:
«Гар теѓ ба даст орї, мардум натавонї кушт,
Дар пеши худованд бадї нест фаромўш» …
-А-а?
Ин лањза аз куљое Шоќулов расида меояд ва бе заррае таваќќуф ба љавони њайрон дарафтода бо зарбањои нишонрас ўро афтонда кордро аз дасташ мегирад.
-Ана ин хел кор кардан лозим, шоира.
Анора ба ў арзи сипос мекунад.
-Ташаккур.
-Ин саѓерањо шеъра намефањманд. Ба авбош зарбаи авбошона задан лозим.
-Ња…
-Вале ба ту њам офарин. Хуб медавї. Ин доим аз мо фирор мекард.
-Ў кист?
-Сардори авбошони мањалла. Аллакай «гург» шудааст. Рафтем!
Авбош нолишкунонхеста равон шуд.
****
Лайло ќифи мактабї дар даст шоду хуррам меояд. Маълум, ки ў хеле дигар шудааст. Фаќат ба мошинхои рангабаранг бо њавас менигарад, ки ин хоси њар наврас аст. Зулфия ўро мебинад ва дар мошини ойинаи сиёњ нишаста, аз пасаш назорат мекунад, мебинад, ки ў ба хонаи Инъом даромад. Телефон мекунад.
-Ёфтам…
****
Зулфия мошинашро дар канори роњ дошт, телефонашро гирифта раќам чинд.
Телефон дар хонаи падари Анора садо дод. Модари Анора гўшакро гирифт.
-Лаббай…
Зулфия бо оњанги тамасхур сухан оѓоз кард:
-Ассалому алайкум!.. Шумо модари Анора њастед?
-Бале, ман…
-Хабар доред? Духтаратон зани як мўйсафед шудааст…
-Вай кї будааст?
-Синнаш аз падараш калон…
-Э, не-е…
-Вай дар њамон хонае ки иљора гирифта буд, њамсоя аст.
-Наход, ки…
-Бало шудааст, сари як пири кордона гаранг кард...
-Шумо кї?
-Ман дугонаи духтаратон - Гуля...
-Кадом Гуля?
-Ин муњим нест, дилам сўхту ба шумо гуфтам…
Модар гўё дуд карда сўхт. Роњи шањрро пеш гирифт.
*****
-Апаљон, имрўз як духтар омада буд, шуморо пурсид. Гуфт, ки дар коргоњ шуморо наёфтааст. Хоњиш кард, ки телефон кунед. Ана раќами телефонаш.
-Ња, ин? Боз ояд, гўй, ки шавњараш намегузорад ба кўча барояд.
-Фањмо. Лекин, апаљон, як чиза пурсам… Шавњаратон кї?
-Бисёр донї, пир мешавї.
-Ња…
Лайло хоб кард.
Анора бо андешањои худ танњо монд. Бале, одамї чунин аст, ваќте њамсўњбате, њамдиле њаст, њама ѓамњо фаромўш мешаванд, вале чун танњо монд, боз њамон дарди дерина рўй мезанад ва илољи дигар надорад ба љуз коњиш додани љони худ, сўњони умри худ. Гўё аз њама љойи хона мани дуввуми ў пайдо шуда, гање бо аламу гоње бо зорї мехонанд:
-Њама дардам, њама дардам,
Њама танњо, њама фардам,
Умрро содда шумурдам,
Дар танаш чун дили сардам.
Анора Болои лайлоро пўшонд. Телевизорро хомўш кард, паси компютер нишаст. Андеша гулўяшро сўзонд. Ашк рехт.
- Тавба… Гумон доштам, ки аз донишгоњ равам, сангу кўњро фаромўш мекунам. Вале дарсњову китобњову сангњо њар шаб ба хобам медарояд. Фалсафаи сангњо аљиб аст: Сангњо дар кўњ хоранд, ќимате надоранд, ваќте ки аз дили санг канда шуданд, даст ба даст мераванду зеби дасту гардан мешаванд, он гоњ азизи хурду калон мешаванд. Одамон дар хонаи модар азизанд, вале чун аз он хонаи тифлї баромаданд, хор мешаванд. Мисли ман… то дирўз чи давру даврон доштаму имрўз дар чї ањволам?
-Дафтарам холист, холї,
Соѓарам холист, холї.
Аз баду неки њарифон
Хотирам холист, холї.
Ёри душманрўй пурдил,
Ваъдагоњи ёр холї.
Дилпурам аз ваъда, аммо
Манзили дидор холї.
Миз холї, даст холї,
Аз ѓами дил хона холист.
Ишќро худ зода, куштам,
Ин љањон холист, холї.
*****
Хонаи падар. Падари Анора аз кўча баргашт. Шод аст.
-Корњо барор гирифт, очеш. Ана ин пулњоро гир. Ба нияти тўй.
-Тўйи кї?
-Тўйи Анора –да, афандї. Њоло писарат љавон.
-Ња, худо ба тўй расонад.
-Насиб бошад, њамин тирамоњ…
-Илоњи, фариштањо омин гўянд.
-Омин.
Модар зўракї табассум карда, пулњоро гирифт, вале чун ба тарафи дари хона баргашт, чењрааш гирифт. Ќадамзаниаш њам суст шуд.
-Бечора дадеш… Бечора духтарам…
*****
Боѓи пургули назди милисахона. Анора аз бино баромада, шитобон, вале андешамандона ќадам мезанад. Љавони ќоматбаланди хушсарулибоси аз рўбарў омада, ба ў салом дод:
-Салом, Анора.
Анора зуд ўро нашинохт.
-Салом…
Назаре карду рўй тофт. Дубора нигарист.
-Шумо, духтур Њайдаров.
-Нашинохтед?
-Бе хилъати духтурї бори аввал мебинам. Тарафњои мо меоед?
- Гуфтанд, ки аз ањволи як бемор хабар гирам.
- Ња…
-Гуфтагї барин, баромадатон дар телевизион хеле маъќул шуд. Шумо ин ќадар зебо… мафтунгар… Умуман, шумо як симои нав дар милитсия њастед.
-Ташаккур. Лутф кардед. Вале ман шитоб дорам.
-Майлаш. Саломат бошед.
Анора рафт. Духтур бо табассум ба ў нигарист.
*****
Кабинети Шоќулов.Духтур назди ў нишастааст. Њуљљатеро пеши ў мегузорад.
-Хоњиши дўстон барои мо амри дил аст. Њисоботи ду њафтаро овардам.
-Рањмати калон, дўстам.
-Як илтимоси бародарона… Як коргари нав доштед.
-Кї?
-Номаш… Анора.
-Рости гап, камтар сахт мегирам, љавонњоро тарбият кардан даркор. Лекин духтар њамин ќадар мешавад. Гўш дењ: Муљаррад, ќонунро хуб медонад, риоя мекунад, ахлоќаш намунавї. Чаро мепурсї?
-Як-ду бор омада буд. Вале дигар наменамояд.
-Бо як супориш банд аст.
- Шавњар, ё хушдораш њаст?
-Шавњар доштан ё надоштанашро аз худаш мепурсї, вале агар ниятат љиддї бошад, таѓои «падарвакил» ман мешавам.
-Кошки…
-Вале агар хафа кунї…
-Э, не-е…
*****
Як гўшаи боѓ. Зулфия ва Анора.
-Салом. Шинохтї? - Ман Зулфия, хоњари Бањром. Акаам хоњиш кард, ки…
-Ту хоњари Бањром не - духтари холааш. Вале дар асл – маъшуќааш.
-Пинњон намекунам. Ту милисаї, њамаашро медонї.
-Шарм намедорї!? Худат духтар њастї, аз зиндагї умед дорї.
-Охир, ман чї гуфтам? – Фаќат хоњиши акааамро мерасонам. Вай пушаймон шудааст. Мехоњад, ки бо ту аз нав зиндагї кунад.
-Хайр, чаро худат Бахрома намегирї? Ба вай «акаи дўстдорат» фањмон, ки дигар ба зиндагии ман кордор нашавад. Ту њам даллагиро бас кун. Бењтараш хон, ягон касбу кор ёд гир.
-Хуб, «бибиљон». Вале корам наѓз, њар рўз пул меёбам. Шикоят надорам. Зебоям. Афсўс, ки Бањром туро хуш кардааст. Набошад, бо ту барин «паричањо» гап њам намезадам. Эњ, Анора! Анора!
*******
Хонаи Инъом. Анора њамроњи модараш.
-Ин хаёли хом. Бовар кунед, ман фаќат иљоранишин.
-Ба ман гуфтанд, ки ўро гирифтаї.
-Не, инро кї гуфт?
-Намедонам. Бо телефон гуфтанд. Як зан буд. Худро Гуля номид.
-Ин кори Бањрому Зулфия. То кай маро азоб медода бошанд?
-Маро дуруст фањм, духтарам. Зан бо вуљуди он, ки бо мард њуќуќи баробар дорад, дар баъзе мавридњо дасткўтоњ аст. Ба дастгириву кўмаки мард сахт эњтиёљ дорад. Мард барои зан не танњо шавњар, балки рафиќ, њамсўњбат ва нињоят нигоњбон аст. Зан барои мард номус, муќаддасоти рўзгор аст. Ман ба ту бовар мекунам, вале дигарон не. Баъди њамин хел гапњо ту шавњар карда наметавонї, мефањмї? Ана инро њаргиз фаромўш накун…
-Хуб, пагоњ аз ин љо меравам.
*****
Ќабулгоњи сардори раёсати милисаи шањр. Профессор Муќаддасов омиад. Ба котиба рўй овард.
-Салом. Сардор њамин љост?
-Бале. Шумо кї?
-Ман, профессор Њакимљон Муќаддасов. Бо масъалаи шахсї омадам.
Котиба бо телефонии дохилї ба сардор хабар дод.
-Профессор Њакимљон Муќаддасов омадаанд…
Сардор аз кабинети худ њарф зад:
-Дароянд.
-Хуб… Марњамат, дароед.
Муаллим ба идора даромад.
Полковник аз љой хеста, ўро истиќбол намуд.
-Марњамат, шинед. Фотимахон, ду чой биёред.
-Мўњтарам, сардор, ањли љомаеа аз кори шумо ќаноатманд аст. Вале Шумо як шахсияти нодир ва барои љумњурї басо зарурро аз љомеа пинњон мекунед.
-Бе муаммо гап занед. Нафањмидам.
-Хуб. Имрўз хушхабар омад: маърўзаи илмии як донишљўйи мо бо номи «Гули санг» дар озмуни байналмилалии донишљўён дар Англия сазовори љоизаи биринљї шудааст.
-Муборак шавад.
-Дар ин маљмўа нашр шудааст.
Полковник ба китоб нигариста, ба ному насаби муаллифи маќола зењн монд.
-Анора Комилова?
Профессор нусхаи фармони раисии донишгоњро пеши полковгник гузошт.
-Бале. Бо назардошти комёби роњбарияти Донишгоњ Анора Комиловаро дар курсаш барќарор кард. Аз Шумо хоњиш мекунем, ки Анора комиловаро ба илм баргардонед.
-Мўњтарам, профессор, чунин мутахассисони донишманд ва кордон дар милиса њам даркоранд. Вале ваќти ба ин љо ба кор омаданаш табъаш хира буд. Сабабгори он чї буд?
-Дар њаќиќат, зиндагї пур аз муаммост. Мо сангњои ќиматбањоро љуста, гоњо зари холиси дар пешамон буда - донишљўёни асилро намебинем, дили онњоро намефањмем. Баъзан як ишќи нобарор, рашк, њамдигарнофањмї касро аз шоњроњи асосї дур мекунад, вале мо бояд њамдигарро дастгирї кунем ва ба ќадри шахсони боистеъдод расем.
Полковник љамъбаст кард:
-Муаллим, ман саъю кўшиш мекунам, вале дар ин хусус аввал бо худи Анора Комилова сўњбат мекунам.
-Ташаккур.
*****
Кўчањои шањр. Анора гардиш мекунад.
Намедонам, кї њастам ман, чи њастам,
Њазину шодаму њушёру мастам,
Чу чашма софу гилолуда чун рўд,
Баланд аз кўњаму аз хеш пастам.
Дилам афшурдаи дунёи нанг аст,
Замоне бекарону гоњ танг аст,
Гање дар рўи обу гоњ зероб –
Пуле болои рўди сулњу љанг аст.
****
Театр. Анора ва Инъом дар назди даромадгоњи он. Афишаи намоишномаи «Дон Жуан». Чашми Анора ба Бањром меафтад, ки намоишкорона аз оринљи Зулфия дошта, аз наздаш мегузарад. Анора худро базўр нигоњ медорад. Ба театр медароянд. Дар ќаторе пањлўи њам менишинанд.
Намоишномаи «Дон Жуан» сар мешавад.
Толори театр. Чашми Анора боз ба Бањром ва ў ба ин меафтад. Ба ќањр сар меафшонад. Бањром бо Зулфия пичир-пичир карда, љониби Анора нигариста механдад.
Сањнаи «Дон Жуан» меравад. Духтари ошиќро Дон Жуан бешармона фиреб медињад.
Дон Жуан. Воњ, наход, ки ман њамин ќадар сиёњдил бошам, ки чунин духтари шоњи париро фиреб дињам? Наход ман њамин ќадар пастфитрат бошам, ки ба шарафи шумо таљовуз кунам? На, на! Виљдони љавониам инро ќабул намедорад! Ман он ќадар шуморо самимона ва љунунона дўст медорам, Шарлотаи соњибљамол, ки ѓайри шуморо ба занї гирифтан дигар нияте дар сарам пайдо намешавад!
Шарлота. Худоё! Намедонам, ки шумо рост мегўед, ё дурўѓ. Лекин чени дили ман мегўед ва ман ба шумо бовар мекунам.
Дон Жуан. Инак, Шарлотаи азиз, шумо њамсари ман шудан мехоњед?
Шарлота. Ња, ба шарте, ки холаам розї шаванд.
Дон Жуан. Набошад даст дињед. Пас ба нишони ризоият маро як боракак бўсед!
Шарлота. Эњ, љаноб, андак сабр кунед, њамин ки никоњ кардем, њазор бор њам бўса кардан мегирам.
Дон Жуан. Хуб, Шарлотаи соњибљамол, њарчї дили шумо мегўяд, дили ман ќабул медорад. Фаќат дастатонро дињед, ки бо њазор бўса ифода кунам оташи муњаббати сўзандаву созандаи худро!
Толори театр.
Анора дар андешаи ѓализ аст.
-Ин ишора ба сарнавишти ман аст. Кош ба ин мазњака се моњ пеш меомадам, ки аз тинати мардњо огоњ мешудам.
Анора беихтиёр сарашро ба китфи Инъом мегузорад.
-Ба ту чї шуд.
-Худро бад њис мекунам.
-Духтур барам?
-Не, хона баред.
Инъом Анораро аз дасташ гирифта ба берун баровард.
*****
Бањрому ёронаш низ аз толор баромаданд.
*****
Шаб. Кўча. Мошини Инъом равон аст. Анора дар андеша.
-Чист,
Ё раб,
Зиндагї –
Роњ аст?
Ё рањорањ њасрату оњ аст?
*****
Мошини Бањром низ равон аст. Далер суруди фачу бемаъние месарояд.
-Бачањи кинадоран, тарс надоран, мераван ќафо.
Душманошона мехобонан дар Ќара-боло.
*****
Мошини Инъом ба назди дарвозаи њавлиаш расида истод. Анора хастањолона ба хона даромад. Инъом дарвозаро калон кушод. Ба назди мошинаш баргашт. Ин лањза як мошини бераќам омада истод. Ду-се љавони њузарб баромада бе гап ба Инъом дарафтода, ўро кўфтанд. Њамин тавр, бегап ба мошин савор шуда рафтанд.
****
Остонаи њуљраи Анора.
Инъом ба остона такя карда бо азоб даромад. Лайло ўро дида, хавотир шуд.
-Ба шумо чї шуд, амак? Афтидед?
-Ња…
Апаљон!
Анора аз хонаи дарун баромад.
-Амак, ёрї дињам…
-Не. Ман худам… Спирт дар пеши тиреза…
Анора ва Лайло хуни рўи Инъомро тоза карданд.
Анора ба лайло гуфт:
-Лайло. Ту рав, хоб кун.
-Хуб.
Лайло рафт. Анора пурсон шуд:
-Амак, гўед, чї шуд?
-Ба фикрам, як иштибоњ аст. Ба ягон кас монанд кардаанд. Ту њам рав, хоб бикун. Ташаккур ба ту.
Хомушї. Инъом дигар тоби сухан надошт.
*****
Шаб. Анора танњо ашк мерезад.
Суруди овозхоне аз дили ў дарак медињад.
-«Ту ба як ќатраи ашкам дигар арзанда наї…»
Лавњаи ёдроварї
Се нафар ба сайри кўњистон омадаанд. Бањром, Анора, Гулнора.
Манзарањои зебои кўњсор. Гулнора дар лаби љўй дастурхон ороста, мурѓбирёну меваљоту нўшокиву мегузорад.
Бањром ба теѓаи кўњ ишорат карда гуфт:
-Њамааш наѓзу… Гулро фаромўш кардем, ки ба зодрўзат њадя кунем. Вале атроф њама гул.
-Куљост?
-Њо ана, дар теѓаи кўњ.
-Биёед, ман мебароям, пешнињод кард Гулнора.
-Не, ман худам, рад кард Анора.
-Хайр, њамроњ меравем, пешнињод кард Бањром.
Бањрому Анора гулчинї болои кўњи баланд мебароянд.
Санге аз зери пойи духтар љар шуд. Бањром аз оринљи ў дошт, ки наафтад. Духтар бори аввал муќобилият накард.
-Ташаккур.
Бањром илтиљо намуд:
-Анора, ман туро дўст медорам. Ба ман бовар кун…
-Чаро ман?
-Ту духтари доної, зебої, кайњо боз дили ман бо ту аст. Рафторат намунаи дигарон.
-Мехоњам ба ту бовар кунам…
-Танњо ту, танњо туро азизам, лўст медорам…
Бањром хост боз бўсае гирад, аммо духтар осон аз ў људо шуду љониби гулњо рафт.
-Њо ана гулњо.
Вале Бањром ин дафъа бо ќатъият аз ќафояш тохт. Духтар аз њаяљон худро гум кард, сараш чарх зада, ба санге пешпо хўрда, афтод. Бањром худро болои ў партофт.
-Ин хиёнат аст. Хиёнат ба ишќ!
-Дўст медорам, Анора…
-Ман туро бад дидам!
-Ту љони манї…
-Не, не, не…
Бањром худро болои Анора партофт. Гулњои зебо дар дасти Анора ѓиљим шудаанд, аз дасти ў афтоданд.
Анора зери шаршара истода бе њаракат сару рўи худро мешўяд. Нола мекунад.
*****
Давоми андешањои ѓализи Анора.
-Дар пеши волидонам шармандаи рўсиёњ кардї. Аз хона, аз хешону дўстон дур кардї. Зиндагиамро шаби тор намудї. Дигар чї кор кунам?
*****
Кўча. Лайло аз мактаб баромад. Мошине дар пешаш истод. Бањром амр кард:
-Рафтем…
-Ба куљо?
-Дар бораи апаљонат бисёр чизњоро мефањмї. Рафтем.
-Чиро масъалан?
-Мењрубонињои апаљонат бењуда набудааст. Њамин, ки вазифаро гирифт, туро бароварда пеш мекунад.
Лайло дудила шуд. Ў ин љавони хушсурату хушлибос Бањромро, ки дар чашм айнак дорад ва мошинашро њам дигр кардааст, нашинохт.
-Аз ростї?
Бовар намекунї?
-Намедонам.
-Ман инро аз сардораш фањмидам.
-Наход?
-Исто, ки Анора ба ту чанд пул медињад?
-Њељ чиз.
-Ана дидї, дар њаминљо њам туро фиреб медињад.
Рафтем. Шин. Худат њамаашро мефањмї.
Лайло ба мошин нишаст. Мошин равон шуд.
*****
Анора аз милисахона баромад. Мошини дартозро дида, як тараф истод. Пештар омада, портфели ба кунљи роњ афтодаи Лайлоро дид. Бошитоб ба њавлї расида, дарвозаро кушод. Дид, ки Инъом бо хотири осуда ба гулњо об медињад. Ќафо баргашт ва шитобон љониби роњи калон рафт.
*****
Мошини Бањром љониби кўњ равон аст.
Бањром телефони дасташро гирифта раќам мечинад.
-Анора, ту Лайлоро наков. Вай дар дасти ман. Агар вай ягон зарра ба ту ќимат бошад, рост ба шаршара биё.
-Ту аз ман чї мехоњї?
-Маслињат њаст. Милисабозї накун. Агар наої, вай ба љойи ту «кор» мекунад. Чао.
*****
Анора њайрону саргаранг ба таксї нишаст.
Мошин љониби кўњистон равон шуд. Анора гўшворањоро аз гўшаш гирифт. Маълум, ки ба набарди љиддї омодагї мегирад.
*****
Кўњсор. Лаби дарё. Лайло хомўш аст. Намедонад чї гўяд. Гиря гулўгираш кардааст.
Бањром аз баландї ба поён менигарад.
Анора омад. Касеро надид.
-Бањром, ту дар куљої? Бањром…
-Ин тараф биё.
Анора пештар омад. Бањром худро нишон надода, тањдидомез амр кард:
-Таппончаатро парто.
Анора таппончаашро партофт.
-Чї мехої?!
Бањром аз паноњгоњаш баромад. Корд дар дасти Бањром ялаќќос мезанад. Аз китфони лайло мањкам доштааст.
-Инља биё.
Анора назди онњо омад.
-Хўш, чї мехоњї?
-Анора, ту наѓз медонї, ки ман туро дўст медорам. Њозир ту ба ман тбеъ мешаваї . баъд ба никоњи ман даромада, зани дуюми ман мешавї.
-Хестї, ки хобї. Лайлоро сар дењ! Ба ту ман лозим?!
-Мебахшї, Лайло њам як бањона аст, роњи ягонаи мулоќот кардани туро дар њамин дидам. Корд њам лозим нест.
Бањром кордро партофт.Анора бо усули карате зарбае зад, ки аз дасти Бањром корд парида рафт. Аз зарбаи дигар худи Бањром вазнашро дошта натавониста ба поини дара афтод. Анора аз дасти Лайло гирифт.
-Апаљон…
-Њељ гап не. Меравем, Лайло.
То ёварони Бањром – Анвару Зулфия расида омаданд, ки Анора мошинро ба њаракат даровард ва аз дара дур шуд.
*****
Беморхона. Шўъбаи љарроњї. Дар долонг бемореро дар кати равон мебаранд. Дар утоќи пас аз љарроњї Бањром хобидааст. Лейтенант Шоќулов бо ў сўњбат мекунад.
-Хўш, ту тасдиќ мекунї, ки духтарака надидї?
-Не.
-Лайло! Даро.
Лайло даромад.
-Хуб. Ассалом…
-Ўро намешиносї?
-Не.
-Баро, Лайло.
-Хуб.
Лайло баромад.
-Анора - корманди моро чї? Њамон рўз дида будї?
-Не.
Духтур Њайдар ба гўши капитан чизе гуфт.
-Ањволи бемор вазнин шуда истодааст.
Ў бо ишораи сар ризоият дод.
-Боз як саволи дигар.
-Хуб.
Капитан боз ба бемор рўй овард.
-Пас, гўй, ки чи тавр худата ба ин ањвол расондї?
-Маст будам, нохост афтодам. Аз баландї… Дигар њељ чиз дар ёдам нест...
-дигар њељ чиз гуфтан намехоњї?
-Не.
-Гуш кун, агар суханат дигар шавад, худам барои ту парвандаи љиноятї мекушоям. Ње, садќаи номи њамин хел падар шавї.
-Ташаккур…
-Ња-а! Канї, имзо гузор. Ана ба ин љо. «Фарњоди кўњкан!».
Лейтенант дафтарашро мањкам карда баромад.
Дар долон Лайло ўро мунтазир аст. Њамаашро гўш мекунад.
-Ња, Лайло, рафтем.
-Рањмат ба шумо, камандир. Шумо ўро боб кардед.
-Ман не, апаљонат боб кардааст. Ба апаљонат Анора ташаккур гўй.
*****
Љарроњ Њайдар назди Бањром даромад. Бањром хастањолона арзи сипос мекунад:
-Ташаккур, ки маро наљот додед. Гўед, таќдири ман чї мешавад?
-Мо бисёр кўшиш кардем, вале афсўс…
-Ња… Ба њаминаш њам шукр…
-Барои чї ба муфаттиш дурўѓ гуфтї?
-Росташро гўям, ин кори собиќ маъшуќаам.
-Барои чї ўро ба суд намедињї?
-Ў бо гуноњи ман аз хонаи падару модараш рафт, аз зиндагї дилхунук шуд. Ман ба ў ваъдаи издивољ додаму, каси дигарро ба занї гирифтам. Ўро бадбахт кардам, маро дуои бади ў гирифт. Маро Худо зад. Эњ, Анора, Анора…
-Анора? Њамон сержанти милиса?
-Ња…
-Рози нињони ўро акнун фањмидам. Анора бадбахт нест. Вай, насиб бошад, бонуи хонадони ман мешавад.
*****
Дар хонаи падари Анора тўй оѓоз мешавад. Арўсро оро медињанд. Аввал Анора љиддист, вале сипас дар лабонаш табассум гул мекунад. Дар остона давуѓељ зиёд аст, суратгиру наворбардор њаст. Суруди тўёна.
*****
Зулфия ва Бањром дар њавлии бемористон.
-Бањром, вай тўй дорад.
-Эњ, Зулфия. Ўро дар телевизор мебинаму месўзам, њар як духтари зеборо мебинаму месўзам, гилањои туро мешунаваму дар мегирам, њар рўз сад бор мемурам, вале худо љонамро намегирад.
-Ту њам ноумед нашав, бар ќасди вай зан гир.
-Дуои бади ў маро гирифт. …
- Ман ба ту арўсе ёфта медињам, ки аз вай њазор карат зеботар бошад.
- Намешавад…
- Худам арўсат мешавам.
-Рањмат, Зулфия. Ман дигар… домод шуда наметавонам.
-Чи хел…
-Тамоман… Наметавонам…
Чашмони Зулфия калон кушода шуда мемонад. Аробаро тела дода мебарад.
*****
Савту суруди хушбахтї. Арўсу домод мебароянд. Падару модари Анора, сардори милиса, Шоќулов, муаллимон, њамсабаќњо шоданд. Ѓайри Ањмад.
Падар бо ќаноатмандї ба модар гуфт:
-Дидї, гуфтаи ман шуд.
-Ња, дадеш. Илоњо, њамеша хушбахт бошад…
Подполковник ба арўсу домод гул таќдим кард.
-Хушбахт шавед. Анораро эњтиёт кунед.
Муаллим низ гудлдаста тўњфа карда таъкид намуд:
-Бахт ёрат бод. Ва умед мекунем, ки дар илм низ ќадамњои устувор мегузорї ва Гули санги ту зеби љањон мегардад.
Лайло њам шукуфтааст. Ба Инъом гўшакї кард:
-Апаљонам зебо шудааст-а?
-Ин гулдастаро ба Анора дењ.
Лола ба навбахтон гулдаста бахшид.
Титрњо.
Чумъа Куддус, Махмадрахим Каримов
Свидетельство о публикации №223040300911