Мардхо намегирянд. драма

МАРДЊО НАМЕГИРЯНД
Фољиа дар ду ќисм

И Ш Т И Р О К КУ Н А Н Д А Г О Н

Шарифа
 Тобой
Сангин
Вафо
 Насиба
Искандар
 Ўрмон Ќамиш
Њољї
Аскар (Дар интермедияњо)

Воќеаи солњои 1943.

КИСМИ I
НАМОИШИ I
Охири бањори соли 1943. Яке аз дењањои Тољикистон. Кўчаи танг, дар як тараф њавлии Шарифа, дар тарафи дигараш њавлии Тобон. Дар пеш хирманљой. Субњидам. Шарифа дар кўбак ѓалла мекўбад. Аз радиоузел шеър мехонанд.

Аз радио.
Дареѓо, дареѓо, дареѓо, дареѓ.
Сари пур њамеша бимонад зери теѓ
Сари холї аммо бимонад ба тан,
Аз ин њол ба дардам њамвора ман.
Дареѓи чањор аскари пурдилам,
Чї сон ѓунљад андар дилам ин алам?
Дареѓи чањор писари пилтан,
Ки берун шуд аз саф њама саф шикан!?
Зи ќисмат маро теша омад ба бех,
Дареѓо, дареѓо, дареѓо, дареѓ.
(Шеъри Низом Ќосим).

Б а р а н д а и ради о. Аз Бюрои Информатсионии советї: Дар давоми шаби арафаи 13 май дар Кубан, дар шимолу шарќтари Новороссийск ќушунњои мо ба муќобили душман љангро давом доданд. Дар райони Ли¬сичанск душман баъд аз љанги дурудароз ба канори пункти ањолинишне, ки дар ин рўзњо подразделенияњои мо ишѓол карда буданд, зер карда даромад...
Шарифа бо ѓазаб ба карнаи радио санг мепартояд. Тобон ва Њољї меоянд.

Њољї. Ба ин љойњо зиён меояд! Бадбахтї меояд! Тобон. Боз чї гуна бадбахтй!? Бе њамин њам дар ин дења ягон хонаи бедарду ягон дили обод нест. Шояд хато мекунї...
Њољї. Њољї Муњаммад и Миракї ягон бор хато накардааст.
Тобон. Ин нонро бигир. Дигар нонам садќаат. Акнун бирав.
Њољї. Ман гуфтам, дигар ту донї. Ба ин даргоњ, бадбахтї...
То б он. Дафъ шав! Илтиљо мекунам, бирав, муйсафед.
Шарифа наздиктар меояд. Њољї меравад.
Шарифа.(хованкўбиашро давом дода). Вай кї буд?
Т о б о н. Фолбин. Ба ин љойњо бадбахтї меомадааст.
Шарифа. Ња, ќурбонї лозим.
То б он. Аз хонаи ман шавњараму ду писарам ќурбон шуданд...
Шарифа. Ту боз як писардорї.
Т о б о н. Охир вай бедаст. Ўро ба љанг намегиранд.
Шарифа. Сараш дар амон бод.
То бон. Ин љодугар шояд маро дар назар дошт?
Шарифа. Навбат ба занњо њам мерасад.
Т о б о н. Њо, мардњо, ки тамом шуданд... Ман ба њазор љонам розї, вале њозир фурсат надорем? Mo ба мурдан њаќ надорем. Вале ту, Шарифа, то кай гушнашинї мекунї?
Ин кори ту — дар ин рўзњо љавхасакчинї карда гаштани ту — партизанї собиќ њайратовар аст. Ду њафта шуд, ки...
Шарифа. Ту њайрон нашав.
Тобой. Охир ту медонї, ки бо як сари худат нисфи кори колхозро кашола мекардї. Ту медонї, ки...
Шарифа. Ту хам наѓз медонї.
Т о б о н. Чиро?
Шарифа. Њамаашро. Њамаашро!
Т о б о н (суст шуда). Гапро напечон.
Ш а р иф а. Ту барои чї ин ќадар љон мекоњонї?
Тобон. Барои ѓалаба, барои то ѓалаба зинда мондани мардуми ќишлоќамон... ва ќишлоќњои дигар.
Шарифа. Ба ин шањидшудагон чї...
То бон. Њисобу китоб бо мурдањову зиндањо баъди ѓалаба. Танњо баъди ѓалаба.
 (Сангин Вафо меояд).
Санг и н. Салом, апањо.
Тобон. Салом, Сангин Вафо. (Худро озодтар њис карда). Тинљї њаст?
Сангин. Санги бачаи Диловар њамин шаб омадааст.
Тобой. Чї њол дорад?
С а н г ин. Фаќат аз як чашму) ду ангушти дасти чап мањрум.
Тобон. Ба њаминаш њам шукр. Ба кор кай cap мекунад?
Сангин. Аз пагоњ.
Тобон. Не, аз њамин рўз.
Сангин. Хуб мерасонам. Њама ба кор розианд, аз њафтсола то њафтодсола дар сари кор. Маро ду њаф та боз поям азоб медињад вале духтурравиро ќафо ме- партоям, чунки њама маибу маслуќ  њам илоље карда ба кори колхоз ёрї додан мехоњанд. Вале Шарифамоњ...
Шарифа. Фаќат Шарифа розї нест. Розї нест...

Андешамандона меравад.

Тобон. Ба инаш зурам нарасид, Сангин Вафо.
Сангин. Вай корро хеле осон мекард. Охир имрўз як одами солим ба сари худаш як колхоз аст!
Тобон. Тобу тавони бо ў бањс кардан надорам.
Сангин. Ман худам бо ў гап мезанам.
Тобон. Вале дуруштї накун.
Сангин. Хуб. Ман аз кашол ёфтани ин кор хавф дорам. Љавхасаки вай њам имрўз-пагоњ тамом мешавад, Шарифа бошад, њама дунёгиашро дина ба Фонди мудофиа гузаронда буд. Имшаб боз ду метр љавзорро даравидаанд. Метарсам, ки ин кори Шарифа набошад.
Тобон. Не, партизани собиќ ин кари пастро намекунад.
Сангин. Пас, ин кори кї?
Тобон. Имшаб Садаф пешам омада буд. Гуфт, ки Салими дањсолааш бачагї карда љави хомро дуздидааст, додару хоњарчањои гуруснааш ба ин маљбур кардааст. Садаф гирист, ки ин дафъа аз гуноњаш гузарам.
Сангин. Не, Тобон. Ба суд додан даркор!
Тобон. Сангин Вафо...
Сангин. Замон-замони љанг аст! Гапи хушу бахшидани гуноњ њамаро суст мекунад. Сахт гирифтан дар¬кор, то ки ба дигарон сабаќ шавад!
415





давои шаби 14 май дар райони Лисичанск душман бо дастгирии танкњо се маротиба ба мавќеи ќушунњои мо њуљу м кард...

Интермедия 1

Яке аз бомњои ќафо равшан мешавад. Он љо майдони љанг аст. Садои таркиш ѓулулањо шунида мешавад. Аскар бо сари докапеч.

А с к а р. Бародарон, барои аќибнишинї љои дигар нест. Дар паси мо Ватан — Мода р. Ин дењаро бояд ишѓол кунем! Отделенияи якум аз назди калисо, отделенияи дуюм аз бари дарёча, отделенияи сеюм аз ќафои ман, ба пеш!

Пеш меравад. Садои тирпарронињои бошиддату таркиши муттасили
ѓулулањо.
Аскар ба замин меафтад.

О в о з и Шарифа. Оњ, писарам, љону љигарам!
Аскар. Оча! Очаљон! Маро ба њамин рўз зода бу¬дї?
А к с и с а дои Аскар. Барої аќибнишинї ди¬гар љой нест.
Дар паси мо Ватан — Модар! Бародарон, ба пеш! Дар паси мо. Модар... Ба пеш! Модар... Ба пеш...

Шарифаи сарбарањнаву парешон пайдо мешавад, сари Аскарро си¬ла мекунад.
Шарифа. Аскари оча, оташи дили оча...
Аскар. Оча! Маро дуо дењ, оча! Боз андак ќувва бубахш, оча!
Шарифа. Туро очет интизор. Арусат Насиба интизор. Тамоми ќишлок, интизор. Њама интизор. Туро интизор.
А с к а р. Маро бубахш... Маро бубахш, модар! (Бо њаракати фавќулодда тез паи њам граната њаво меди¬њад). Барои ту, барои њамаи шумо ба хунбахои ашкњои ту, модар! Ба пеш! Бародарон, ба пеш!

Аскар њуљумкунон пеш меравад. Шарифа оњиста-оњиста пеш меояд.

Шарифа. Туро очет интизор. Арусат Насиба интизор. Тамоми ќишлоќ интизор. Хама интизор. Туро ин¬тизор. (Садои њованкўби паст-паст ба гўш мерасад).
Туро очет интизор. Насиба интизор? Тамоми ќишлоќ, интизор?  Њама интизор? Туро интизор?
(Садои њаванкўбї каме баландтар мешавад).
Туро очет интизор! Насиба интизор?! Тамоми ќишлоќ интизор?! Њама интизор?! Туро интизор?! Насиба интизор?!!
Тобон интизор?! Сангин Вафо интизор?! Ки инти¬зор?!!

Садои њавонкўбї овозхон дигарро пахш мекунад.

НАМОИШИ II
Сањро. Овози чархидани чархњои ароба.

Овози Искандар. (Аз ќафои сањна). Трр! Ист, лаънатї! Вой, очаљон!
Садои суми аспњои гурезон ва чаппа гардидани ароба шунида ме¬шавад. Ду-се бор тоб хўрда, байни сањна омада, Искандар парў меафтад. Тозон Насиба меояд.

Насиба. Искандар, тўй? (Сари ўро мебардорад). Зиндаї?
Искандар. Афсус, ки зинда.
Насиба. Гурдакафак кардї. Хайрият.
И с к а н д а р. Кошкї... Эњ!
Насиба. Г иря накун.
И с к а н д а р. Мебахшї, маро, Насиба.
Насиба (бо нўги рўймолаш гарди рўи Искандарро тоза карда). Мардњо намегирянд.
Искандар. Ман њам мардам?
Насиба. На танхо мардї. Ту Искандарї
Искандар. Мардњо дар фронт. Искандарњо дар Љанг.
Насиба. Ту аз ширхорагї ба ин љангњо шарик шудї.
Искандар. Ба чашми мардум нигох карда наметавонам.
Насиба. Ту кањрамонї. Дасти туро босмачињо буридаанд, аз кўдакї ту ба кањрамонон шарик шудаї. Мегўянд, ки босмачињо дасти ту — кудаки масъумро бурида, оташи ѓазабашон андак паст шудаасту модарат њам аз њуш рафтааст ва бо ин љони мардњои дења амон ёфтааст.
Искандар. Намедонам..
Насиба. Барои њамин худатро њаќир нагир.
Искандар. Ба њар њол њамон аспбониам бењтар буд; дар кўх гашта, мардумро намедидаму намесўхтам. Эњ,, зиндагї...
Насиба. Сарат дард мекунад?
Искандар.Њељ гап не.
Насиба (мемолад). Њозир мегузарад.
Искандар. Дастонат бўи шир мекунад.
Насиба. Њозир аз сари ширљўшї хестам. Хостам алаф дињам, тамом шудааст. Гуфтам, ки пуштаи Кољар наздик, як-ду банд алаф биёрам, бад намешавад. Аздусар, муйсафеди Рањматулло бистарї, омадаму туро дидам. Хостам нидо кунам, ки аз бероња равї, фурсат наёфтам, аллакай чаппа шудї. Охир ин љоро об кандааст. Асп њам аз њамин рам ид.
Искандар. Барои ѓамхориат рањмат. Вале аљиб. Ту дар байни кори ферма алаф меѓундориву... хушдоманат... дар он љо. дар хона... бекор.
Насиба. Ба вай душвор.
Искандар. Ба кї њозир осон?
Насиба. Њамагї ду њафта боз вай... дар хона. Ба фикрам, дар дилаш ѓaми зўре њаст. Набошад... вай ба њар хел ѓам њам ањамият намедод; ин љо ягон фољиаи љиддитаре њаст.
Искандар. Фољиаи љиддитарин — љанг аст, ќурбонии умум аст, вале љавхасакчинии Шарифаи хушдоманат худаш боиси фољиа мешавад, дасту дили баъзе беваю бечораи дигар њам аз кору аз зиндагї хунук мешавад. Сад афсўс, ки танам бутун нест, вагарна ягон соат дар ин ќишлоќ намеистодам.
Насиба. Саросема нашав...
Искандар. Љои бањс нест. (Нимхез мешавад, боз дароз мекашад). Вой, сарам чарх мезанад.
Насиба. Њозир мегузарад. Саросема нашав. Аспњо њам дур нарафтаанд. Њо, ана, алаф мехўранд. Куљоят дард мекунад?
Искандар. Ин китфам вазнин шудаст.
Насиба (китфи ўро молиш дода). Ваќти афтиданат зарб хўрдааст. Њеч гап не, мегузарад.
Искандар. Гапњоят аљаб ширин... форам, Наси¬ба.
Насиба. Ширинзабониро аз занњои ќишлоќатон ёд шрифтам.
Искандар. (бо хаёле). Ња-а. Насиба, ин бўи чї аст?
Насиба. Бўй? Ња, ин бўи ќаланфурмўњра.
Искандар. Аљаб бўи хуш.
Насиба. Дарди китфат сабук шуд?
Искандар. Ња. Боз дилам.
Насиба. Б а дилат чї шуд?
Искандар. Ким-чи хел, њаво намерасад.
Насиба. Њм... Ту њам ранги Аскаралї.
Искандар. Вай њам њамин хел мегуфт: як рўз таб дошт, сарашро, ки молидам, гуфт, ки бўи мўњраат аљаб форам. Баъди арз кард, ки дилаш тангу њаво намерасад...
Искандар. Аскар-ака њозир дар чї њол бошанд?
Насиба. Китфу бозуяшро ки мемолидам, дар њол дардаш мемонд... Њамагї чор моњ зиндагї кардем, баъд рафт.
Искандар. Аз акаи Аскар хат мегирї? Тинљ аст?
Насиба. Њамагї чор моњ зиндагї кардем. Акнун чордањ моњ аст, ки аз ў хату хабаре нест.
Искандар. Мактубњояш дар ягон љо дармондагист.
Насиба. Нуздањ мо боз ўро надидаам.
Искандар. Аскар-ака меояд.
Насиба. 14 моњ боз хате нагирифтаам...
И скандар. Худат медонї, ки ин љанг аст...
Насиба. Бале, љанг аст...
Искандар. Ва њар хел воќеањо мешавад, шояд...
Насиба. Бале, њар хел воќеањо мешавад. Чордањ моњ боз аз ў дараке нест.
Искандар. Шояд бо партизанњо њамроњ шуда бошад.
Насиба. Аз партизанњо њам хабар меояд.
Искандар. Гуфтам-ку, мактуб дар ягон љо дар мондагист.
Насиба. Чордањ моњ боз... дармондааст.
Искандар. Мактуб албатта меояд.
Н а с и б а. Искандарљон...
Искандар. Худаш њам меояд.
Насиба. Барої дилдорї рањмат.
Искандар. Ба ту њам, Хайр, ман аз аспњо ха¬бар гирам.
Насиба. Ту акнун барои фермаи мо њар рўз алаф мекашонї?
Искандар. Не, танњо ба ту мегўям: ман ду бор пинњонї ба комиссариати њарбии район рафтам. Гуфтам, ки дар љанг ба кор  наоям њам дар аќибтари фронт ба ягон хизмат машѓул шуданам мумкин аст. Як мўйсафеди рус ваъда дод, ки ёрї мерасонад. Пагоњ боз ме¬равам.
Насиба. Дар ин љо азоби мо камтар аз фронт нест.
И с к а н д а р. Илољи дигар надорам.
Насиба. Ту дар ин љо њам даркор.
Иска нд ар, Ба чашми занон намудан бароям вазнин аст.
Насиба. Туро арусат интизор.
Исканд а р. Аз хама душвораш њамин. Пеш ёрои ба Мањпора нигаристан надоштам. Акнун, ки њама бањодурон дар фронтанд, Мањпора насиби мани шал шуд!
Насиба. Ту аз њељ кас кам нестї.
Искандар. Агар њамин тавр мебуд, ин љо наменишастам. Не, ман меравам. Албатта, меравам.
Меравад, Насиба худро дошта натавониста ба замин менишинад ва мегиряд. Аз дур оњиста-оњиста суруди ў садо медињад.

Њар гањ, ки бо туям, рўњам пур аз сафост,
Њар гањ, ки бо туям, љонам пур аз навост.
Њар гањ, ки бо туям, гардун чї рањмдил,
Ќисмат чї мењрубон, толеъ чї босахост.
Њар гањ,  ки бо туям, дунё чї тозарўст,
Њар љо, ки бингарам, гўёнишони туст.
Њар гањ, ки бе туям, гардун чї сангдил,
Ќисмат чї беилољ, толеъ чї зиштрўст!
(Лоиќ).

Садои њавонкубї баланд мешавад.
Сањна лањзае торик мешавад.
Њамон манзара. Дар даст дости калон хастањолона Тобон меояд.
Ашкњояшро бо остин хушк мекунад.
Тобон. Маро бубахшед! Маро бубахшед, бачањо, ки шуморо тарафгирї накардам, балки «танбалу коњил» гуфта, гапи Сангин Вафоро  ќувват додам. Шумо лоиќи ин талхагўињо нестед; шумо бо тану дастчањои њануз ногирои худ танњо зеби бозї дореду бас, вале илољи дигар њам нест. Боз андак тоќат кунед... суст намонед... боз камтари дигар.
Сангин Вафо меояд.
Сангин. Раис-апа, кори наѓз накардї.
Тобон. (худро ба даст мегирад). Ман?!
Сангин. Бале. Сахт гирифтан даркор буд.
Тобон. Медонї, чињо мегўї?!
Сангин. Вай бачањо як халта љавро ба замнн резонданд! Ба љои сарзаниш нонатро ба онхо таќсим карда додї.
Тобон. Боз чї кор њам мекардам?
Сангин. Мефањмї, охир онњо бача... гуноњи як бачаро, ки бахшидед, дигараш њам бепарво мешавад. Одатї бачањо њамин. Зарур аст, ки андак серталаб бошем.
Тобон. Ту шукр гўй, ки бо њамин ДОС ба сари худи ту нафаровардам, Сангин Вафо!
Сангин. Гуноњи манн чї?
Тобон. Ту мефањмї, кї бо љанговарони 20—25- солаи кордон не, балки бо чўљањои навпар бачањои 10— 15 сола кор мебарї.
Сангин, Илољи дигар нест, раис-апа.
Тобон. Падари онњоро дур дидї? Зулми саѓира убол аст! Њарчанд, ки ин бачањо имрўз кори мардњои бутунро мекунанд, кўдаканд.
Сангин. Барои фондаи худи онњову баъд барои пешравии кор сахт мегирам. Гапи хуш онњоро суст мекунад. Навозиш онњоро баргашта кўдак мекунад.
Тобон. Дилам мехост, ки њар кадомашро ба банди дилам зер карда, ашки дидањояшонро пок карда, аз кор љавоб дињаму, ба дастњояшон хурусканде дода, «рафта рустшаваконбозї кунед» гўям, вале чї ќувваи мудњише мачљбур кард, ки бечорањоро танбалу коњил гуфта, ранљонидам.
Сангин. Хайрият, раис-апа. Набошад ин армияи зўракиро ман дигар ба пой монда наметавонистам!
Тобон. Чї ќадар онњо харобу заиф шудаанд.
Сангин. Илољи дигар нест. Аќаллан масъалаи оњангар њал мешуд... Дар район чї гуфтанд?
Тобон. Ваъда доданд, ки масъалаи оњангар њам њал мешавад.
Сангин. Хайрият.
Тобон. Боз гуфтанд, ки дар колхози «Искра» як ароба гандумро ѓорат кардаанд.
Сангин. Ин кори кї бошад?
Тобон. Њоло маълум нест. Кофтуков давом дорад.
Сангин. Њай аттанг! Ин рўзњо бисьёр калламушњоро шери нар кард.
Тобон. Баъзе гушнапурзўрњо гандуми њанўз нопухтаро њам шабона даравида мераванд. Эхтиёт шудан даркор: њамаро огоњ карда, назоратро мустањкам кар¬дан даркор.
Санг и н. Бо кї назорат мебарї?
Тобон. Бо њамаи онњое, ки њастанд...
Сангин. Хуб, раис. Биё, љавро ќабул бикун.
Тобон. Ту њастї, Сангин Вафо. Худи дирўз пагоњ дар ин пушта Ойшаву Усмону Самандар дарав мекарданд. Акнун доси онњо бесоњиб монд..: Хати фронт рахна шуд. Даравгар лозим. Ман дарав мекунам.
Сангин. Хуб.
Тобон. Бегоњ њисобу китоб мекунем.
Сангин. Њатман бо Шарифа гапзанон мекунам. Шояд розї шавад?
Тобон. Ихтиёрат.

Тобон досро ба даст мегирад.
Санг и н ба ў бо мењру андўњ менигарад.

Сангин. Ба њазор дарої, раис-апа. (Меравад). Ўрмон Ќамиш дар даст ќамчин пайдо мешавад.
Ўрмон Тобон. Офарин, ки худат њам досро ба даст гирифтаї. Гўш кун, љонам, барои ѓалаба боз ба фронт ёрї даркор. Гўй, ки мардум барои ёрї ба фронт боз каме маблаѓ љамъ кунанд. Барои  Колоннаи танкии «Колхозчии Тољикистон», барои эскадрильяи авиационии «Тољикистони советї» боз андак пул лозим. Ба рафиќњо гўй, боз як ѓайрат кунанд.
Тобон. Хуб, Ўрмон Ќамиш...
Ўрмон. Ба фронт имрўз њарчи бисьёртар ѓалла даркор. Чашми њама имрўз ба љавзори шумо дўхта шудааст.
Тобон. Кўшиш мекунем, вале Ўрмон...
Ўрмон. (Имконияти гапзанї надода). Тобон, ме¬ханизатор намерасад, мо аз њисоби занњо тракторчї тайёр мекунем. Фахмидї, Тобон, худи њамин рўз Насибаву Мањпариву Ситораву Мањтобро ба идораи МТС фирист. Махсус барои онњо курси семоња кушодем.
Тобон. Хуб, вале...
Ўрмон. Ваќтам танг, Тобон. Боз ба колхози «Ис¬кра» њам хабар додан даркор. Суст намон, Тобон! Баъд гап мезанем. Барон корњои  нав барор мехоњам. Хайр, Тобон, монда набош. Мард бош...
Меравад.
Садои алафро буридани дос баланд мегардад. Тобон суст мешавад.
Тобон. Не, не! Не, Тобон! Суст нашав. Худатро дор... Ба ту чй шуд? Эњ, дастњои нотавон... Пойњои бењиммат... Тани фарсудаам... Чашмњои номард, пушида нашавед! Шумо ба ин њаќ надоред. Охир њама умед ба мо аст... Сўхторро хомўш кунед!

Тобон оњиста ба зону мешинад ва меафатад. Садои њавонкўбї овози ўро пахш мекунад. Сањна торик меша вад.

НАМОИШИ III
Њавлии Шарифа. Шарифа њован мекўбад. Сангин Вафо ба ў сухан мегўяд.

Сангин. (Давоми суханаш). Хулоса, симурѓ розї мешаваду дар њафт меш гўшту об љой мекунад ва њамаро ба пушташ шинонда ба љавон мегуяд: «Ман туро аз њафт дараи оташ мегузаронам... Чаро гуш намекунї? Ман ба ту мегуям, охир...
Шарифа. Ин афсонаро ту ба мани кампир мегўи? Ба ман? Хайр, њангоми гузаштани дараи охирин гўшт тамом мешаваду љавон маљбуран як рони пояшро бурида ба дањони симурѓ мегузорад ва њарду љон ба саломат мебаранд. Хайр, чї?
Сангин. Хамаи гап дар њамин: љавон як рони пояшро бурида дод!
Шарифа. Ин афсонаро чаро ту ба ман мегўї?
Сангин. Ањволи мамлакат њозир ба њамон њолат монанд. Њозир симурѓи савории мо «ќаѓѓ» — гўём ба ќаъри оташ равон аст. Ба вай ќурбонї лазим!
Шарифа. Ман чор писарамро додам.
Сангин. Медонем, Шарифа.
Шарифа. Боз чї ќурбони мехоњї?
Санг и н. Ќурбонињоро кам кардан лозим, ќурбонї акнун бас. То ки ќурбонињо бас шаванд, њарчи бештар нону пахта зарур.
Шарифа. Ту Сангин Вафо, барои чї ин ќадар љон меканї? Барои кї ин ќадар обу адо мешавї?
Сангин. Колхози мо њам ба ташаббуси мар думи тамоми республика њамpoњ шуд. Бояд Тољикистонро ба республикаи ѓалладињанда табдил дода, ќарзи инсониамонро дар назди республикањои бародар иљро кунем. Охир сањроњои гандуми Украинаву Россия, Белоруссия дар дасти немис...
Шарифа. Медонам, вале...
Сангин (сухани ўро бурида). Медонї, вале шарм надошта бо љавхасакхўрї овораї. Дар ин соати имтињон, ки аз 170 колхозчии ќишлоќ њамагї 41 зану мўйсаед ва аскарњои бедасту по боќи мондаасту, ќариб 30 каси он њам аз «алњамд» - гўи мондааст, дар хона нпшаста, љавхасакхўрдаї ту, партизани собиќ хуб пест. На танњо хуб нест, ин хиёнат аст!
Шарифа. Хиёнат?
Сангин. Бале.
Шарифа. Дувоздањ сол пеш љони туро ки харид?
Сангин. Ту бо ин маро данг наге.
Шарифа. Агар њамон шаб хуни Искандари тифл дасту дили босмачиро суст намегардонду, ман дарвозаї њавлиро кушода. Ба командир хабар намедонам, пагоњаш туро њамроњи дигарон босмачињо бузкашї мекарданд.
Сангин. Дар хотир дорам ва як умр ќарздорам.
Шарифа. Акнун имрўз ту маро хиёнаткор мегўй?!
Сангин. Ту бо ин маро данг нате. Рањматии Рањим партизан зинда мебуд, ин гуноњатро намебахшид. Фаромўш кардї, ў чї мегуфт: «Мо большевикњо то ѓалабаи куллї на ба истироњат њаќ дорему на ба мурдан!»
Шарифа. Хизмати ман тамом шуд.
Сангин. Чї кунам, ки имрўз боз хизмати мову ту зарур шуд. Чашми бино надорї? Ин кўњи ѓамро намебинї?
Шарифа. Чї кунам, ки њоло ѓами худи ман бекарон на дар замин меѓунљад, на дар осмон…
Сангин. Ин ѓам дар дили њар яки мо њаст. Мо њам писар гум кардаем,худи ман аз як поям људо шудаам.
Шарифа. Дар дилњои шумо як-як шўълаи умед њам њаст: ту боз писару духтар дорї; Тобон њам боз як писар дорад. Њарчанд шал аст, одам аст, аз бачањои вай бўи умед њаст. Ман дигар кї дорам? Барои чї мезиям Барои кй мезиям?
Сангин. Ана гап дар куљо. Њайфи Исфандиёр, Рустаму Эраљи ќањрамон. Њайфи Аскар, ки дар он љо...
Шарифа. Оињо... дигар...
Сангин. Аз худо тарс, Шарифа.
Шарифа. Хати сиёњ... дар дасти раис.
Сангин. Гапи бењуда.
Шарифа. Ман модарам, маро фиреб дода наметавонед.
Сангин. Сафсаттаро мон, шайтон  ноумед.
Шарифа. Тарсидед, кї ман ѓамзада мешавам, аз даравгарї дасту дилам хунук мешаваду кори колхози шумо ќафо мезанад.
Сангин. Њами ин бањона!
Шарифа. Маро, бачањои шањиди маро фикр накардед...
Сангин. Њамааш бањона! Ман туро ором намемонам! Ё худи њозир ба сањро баро, ё байнн мардум шармандаву радди маърака мешавї.
Сангин. Муѓамбирї бас! Номусу нанг даркор! Хез, назди халќ меравем! Дар он љо арзу додатро мегўї.
Насиба меояд.
Нас иба. Истед! Амаки Сангин Вафо!
Сангин. Ана, ту худат гап зан, келин; дар њамим рўзу соат љавхасакхўрї карда гаштани хушдомани ту дуруст аст? Худат гўй, ки ањволи фермаю сањро...
Насиба. Амак!.. Равед.
Сангин. Чї-ї?!
Насиба. Кампири бечораро озор надињед.
Сангин. Ту њам ўро пушт мегирї?
Насиба. Њар хизмате бошад, ба ман фармоед.
Сангин. Гўри њар кас људо људо.
Насиба. Илтимос, равед.
Сангин. Ањ! (дастафшон меравад).
Насиба. (ба Шарифа). Ором шавед, оча.
Шарифа. (дурудароз нигариста). Духтаракам,,,
Насиба. Май њозир атола мепазам. Шумо ором шавед.

Насиба ба хона мадарояд. Аз дур суруди Насиба баланд мешавад.

Њар гањ, ки бо туям, рўњам пур аз сафост,
Њар гањ, ки бо туям, љонам пур аз навост.
Њар гањ, ки бо туям, гардун чї рањмдил,
Ќисмат чї мењрубон, толеъ чї босахост…
Шарифа низ ба сўи хона чанд ќадам мегузорад. Вале бењолона дар љояш меистад. Садои хушњолонаи кўдакон баланд мешавад.
Шарифа. Аз ин дарича Рустам њамеша ба дарё ча мешитофт, моњии тилло шудан мехост. Исфандиёр рўи ин суфа баромада бо кўњи Ќаровултеппа ситеза мекард, орзу дошт, ки тезтар мисли кўњ бузург шаваду пуштибони мо гардад. Эраљ, љони оча, гулњои ту боз шукуфтанд. Ту гулњоро дуст медоштї, ман туро -    гули садбарги оча. Аскарљон, туро доимо оташ сењру љоду мекард. Чун фањмидї, ки гармии оташ дилњоро ба зиндагї гарм мекунад, ќавл додї, ки онро њељ гоњ хомўш шудан намемонї.

Савти суруди «Љанги муќаддас. Таркиш, Мављи дарё.

Овози Рустам. Барои роњи њаёт пул шуда, якумрї дар оѓўши Днепр бимондам.
Шарифа. Не!
Овози Рустам. Алвидоъ, модар.
Шарифа. Оњ, љону љигарам! Моњии тиллои ман!

Садои ѓурриши танк.
Овози Исфандиёр. Ман кўњ шудам, оча, кўњ шудаму пеши роњи танкро бубастам.
Шарифа. Оњ. кўњам, саробонам.

Садои тирпарронии автомат.

Овози Эраљ. Оча! Очаљон!
Шарифа. Не.
Овози Эраљ. Дар ин љо гулњоро месўзанд!
Шарифа. Не. Не!
Овози Эраљ. Ман аз хуни дилам гулњоро шодоб кардам.
Шарифа. Не-е-е!!!

Садои самолёти оташгирифта.

Овози Аскар. Оташи љанг дилњоро хокистари сард мекунад.
Шарифа. Э, вой!
Овози Аскар. Айроплани сухтаистодаамро ба анбори аслињаи Гитлер задам, то ки оташи тўпњои вай њам гармии созанда дињад! (Садои таркиш).
Шарифа. О-о-оњ!!!
Модар (Бењушона меафтад. Аскар меояду сари ўро навозишкунон мебардорад. Суруди ў садо медињад.

 Аскар.

Модаро, гиря макун, гиря макун!
Ханљари ёди гарон бар дили афсурда мазан!
Оњ аз синаи садчок макаш!
Оташак бар гули рухсораи пажмурда мазан!
Ки дар ин хоки азизи падарон
Нест гумном љигаргўшаи ту.
Бо њама гўшаи сарсабзи Ватан
Љовидон сабз бувад хўшаи ту...
Шарт навбад, ки бигиранд дигар номи маро,
Ки Ватан акс кунад номи азизони диёр.
Зиндаю мурдаи мо аз Ватан аст.
Зиндаю мурдаи мардони диёр.
Мам њам он сон ба Ватам як шудаам,
Ки дар овози вай овози май аст,
Боли мурѓони диёр
боли парвози ман аст
Шеваи барги дарахтони диёр
лањни ман, рози ман аст. (М. Ѓоиб)

Садои њавонкўбї њама овозњоро пахш мекунад. Сањна торик мешавад.

НАМОИШИ IV

Њавлии Тобон. Рўи суфа кўрпачае партофта, Тобон хобидааст. Дар наздаш дастурхони хурди печопидашуда. Пайваста њазён мегўяд.

Тобон. Мардум! Замин месўзад! Доси ман куљост! Бесоњиб монд? Об биёред, гандумро наљот дињед! Љави пешпазакро аз оташ халос кунед...
Мард пайдо мешавад.
Мард. Ба ин љойгоњ зиён меояд.
Тобон. Мўйсафеди љодугар... њоло њам дар ин љої?
Мард. Ба ин хонадон зиён меояд.
Тобон. Илтиљо мекунем, бирав, мўйсафед.
Мард. Зиён меояд.
Тобон. Бе њамин њам дар ин дења ягон дили обод нест!
Мард. Зиён меояд.
Тобон. Аз ман дигар чї мехоњї?—Ду писарам ќурбон шуд.
Мард. Зиён меояд.
Тобон. Нони ман лозим? Майлаш, бигир.
Мард. Зиён меояд.
Тобон. Майлаш, ман розї... Маро гўронед, њарчанд, ки доси ман бесоњиб монд... Вале чаро ин гўр ин ќадар гарм?! Чаро њама љо оташ?.. Насибаљон, чаро шир ин ќадар сурх? Чаро шир сурх аст?!
Мард. Ба ин хонадон зиён меояд.
Тобон. Оњ, љодугар... Боз чї мехоњї? Марги ман кифоя нест?
Мард. Зиён меояд.
Тобон. Не. Не! Не-е!!! Ба Искандар даст нарасон! Не-е!

Аз гўшаи дигари сањна Искандар оњиста-оњиста ба сўи Мард ќадам мезанад. Мард БА истиќболи ў рафта, гулўяшро буѓи мекунад.

Мард. Зиён меояд.
Тобон. Писарам, он тараф нарав! Он љо оташ аст!
Мард. Гуфтам-ку, зиён меояд! Ња-ња-ња!
Тобон. Не-е-е! (Нимхез мешавад). Дигарон ѓайб мезананд. Boњ сарам! Хайрият, ки њамааш њазён аст. Уф, тобу тавонам намонд. (Дастурхонро кушода, буридаи ягонаи нонро мегирад. Ба дањон наздик бурда,  якбора меистад). Њамагї як бурида нон. Искандарљон њоло гурусна меояд. Дигар нон нест. (Нонро ба дастурхон печонида. боз дароз мекашад.) Он фоли љўгии љо¬дугар чї маънї дошта бошад? Ў кадом бадбахтиро дар назар дошт?.. Доси ман дар сањро монд, ки ин њам хосият надорад. Нон њам тамом шуд, як гарди дигар орд мондааст, вале... Чй?! Боз чй шуд? Сангин Вафо, чаро њама хомўшанд?
Сангин Вафо дар гўшае пайдо мешавад.
Сангин. Рањматуллои човандоз бандагї кард.
Тобон. Оњ сари сахтам!
Сангин. Худатро ба дастгир, раис-апа. Хољархону Ойшаву Усмон њам рахматї шуданд.
Тобон. Не, Не! Онњо набояд бимиранд!
Сангин. Самандар Полвон њам ќазо кард.
Тобон. Охир колхоз чї мешавад? Љанг чї меша¬вад?!  Ѓалаба чї мешавад?!!
Сангин. Худат медонї, раис-апа.
Тобой. Эй вой бар њоли ман!
Сангин. Худатро ба даст гир. Мардњо намегирянд.
Тобон. Охир ман њам занам, як мушти парам!
Сангин. Не, ту кайњо боз мард гаштаї. Тобон, Бубин, халќ ба ту менигарад.
Тобон. Мардум! Њамсояњо! Нагиред! Ашкњоро ба рўзи дигар монед. Мо бояд Тољикистонро ба республикаи ѓалладињанда мубаддал гардонем! Мо бояд ба ди¬гар халќњои бародарамон ѓалла дињем! Мо бояд сарзамини забтшудаи Ватанамонро — вилоятњои Украина. Белоруссия, Россияи Советиро озод кунем! Мо бояд мардуми мањкумшудаи Европаро аз фашизм наљот дињем! Мо бояд фашизмро то худи лонааш бурда саркўб намоему аз ин оташи хонумонсўз, аз ин мотам, оњу нола, аз ин мусибати умум кулли одамизодро наљот ди¬њем! Мо бояд ѓалаба кунем! Ин имтињони номусу нанг, имтињони имону виљдон аст! Дар сафи мо барои танбалу коњил ва дузду муттањам имрўз љой нест! Акнун мо бояд љои шавњарону писарњои ба фронт рафтаамонро холї намонем, акнун бояд аз тани њамаи љанговарон дарав кунем, акнун бояд аз Хољархону Ойишаву Усмону Самандар Полвон њам дарав кунем!
Бубахшед, ки досамро дар сањро мондам. Не. не, ман худам... Ман доси ман...

Мард пайдо мешавад.

Мард, Ба ин љойгоњ зиён меояд.
Тобон. Маро бубахшед, мардум! Дар хона... њамагї як бурда нон аст. Искандари ман аз кор гурусна меояд.
Мард. Бадбахтї меояд!
Тобон. Охир ин оташро хомўш кунед, мардум! Љави пешпазак охир батамом сўхт!
Мард. Бадбахтї меояд! Бадахтї меояд!
Тобон. Ин рўзи мањшар кай ба охир мерасад?! Ин оташи сўзон кай хомўш мешавад? Дањони ин љодугарро бандед, мардум!

Шарифа меояд. Мард ва Сангин ѓайб мезананд. Шарифа карбоспораеро ба об тар карда, ба пешоннн Тобон мегузорад.
Шарифа. Ана, тамом.
Тобон. Очаи Аскар? Садќаи дастњоят шавам.
Шарифа. Таб кардаї. Хайр, мегузарад.
Тобон. Дар таќдирам њамин будааст, аз вай гурез нест.
Шарифа. Њоло таќдиратро мон.
Тобон. Дар ёдат њаст, мўйсафеди фолбин чї туфт? — Ба ин хонадон бадбахтї меояд.
Шарифа. Ња, гуфт, гуфту рафт.
Тобон. Ба фикрам, њамон бадбахтї беморин ман аст. Бигузор њамон бадбахтї ба сари ман ояду гузарад.
Шарифа. Ба гапи вай ањамият надењ.
Тобон. Факат аз як чиз ѓам меѓўрам: мехостам рўи Искандару Мањпораро бинам.
Шарифа. Мебинї, чї љои ѓам? Дар љанг нест, ки хавф барї.
Тобон. Дар забонат садќа, очаи Аскар.
Шариф а. Бало туро намегирад, очаи Искандар. Хотиратро љамъ дор.
Тобон. Кошки бадбахтии туфтаи фолбин марг набошад. Кошки бо њамин тамоми балоњо тамом шавад.
Шарифа. Ана инро гарм-гарм дам каш,  њама ба¬лоњо дур мешавад.
Тобон. Атола овардй?
Шарифа. Њозир пухтам.
Тобон. Атолаї љавхасак?
Шарифа. Талхмазза бошад њам, њаким аст.
Тобон. Љавхасак...
Шарифа. Гир, аз худи таги кўњ чидам, расо сершира аст.
Тобон. Не, на шуд.
Шарфиа. Аз моли табиат њазар мекунї?
Тобон. Хайрият њамин алаф  њам будааст, ки имрўз ба дарди чанд ятиму бечора дармон шуд.
Шарифа. Пас, аз ман њазар мекунї?
Тобон. Имшаб боз ду кас гузашт — Ойишаву Ус мон.
Шарифа. Одамњои хуб буданд.
Тобон. Даравгарони хуб буданд, њар каф гандуми ба даст овардаи онњо нашъи  љону давоми умри аскарњо мешуд, ба як каф тир мубаддал мегашт ва њоли немисњоро хароб мекард,
Шарифа. Ња, гапи њамаат якта.
Тобон. Туро таъна заданї нестам.
Шарифа. Ман одат кардаам.
Тобон. Ба ту чї шуд, очаи Аскар? Охир њамаги ду њафта пеш ту одами тамоман дигар будї.
Шарифа. Ба беваи яккаву тан хо дигар ягон чиз лозим нест.
Тобой. Ин тавр нагўй, очаи Аскар.
Шарифа. Маро фиреб дода наметавонї.
Тобон. Шарифа...
Шарифа. Ту њам модарї, Тобон. Ту бояд маро фањмї.
Тобон. Ба ту чї шуд? Туро намефањмам.
Шарифа. Ана, боз овозат ларзид!
Тобон. Таб дорам, охир.
Шарифа. Хатро ба ман дењ.
Т о 5 о н. Чї хел хат?
Шарифа. Ба чашмонам нигар. Нест? Нест? На¬метавонї?
Тобон. Маро ба њолам гузор.
Ш а р и ф а. Ба келинам намегўям.
Т об он. Ба мани бемор инсоф бикун.
Шарифа. Ќасам мехўрам, ки Насиба намефањ мад.
Тобон. Шарифа, пеш аз соатам маро накуш.
Шарифа. Ба марги се писарам тоб овардам, ба инаш њам тоќат мекунам.
Тобон. Намедињам!!!
Шарифа. A-а?! Пас рост гуфтааст. Пас, Ўрмон Ќамиш рост гуфтааст!
Тобон. Ўрмон Ќамиш?! О-о-оњ...
Шарифа. Њо, иќрор њам шудї. Дар кўљо руст кардаї? Дар куљо?!
Тобон. Не! Намемонам! Нарас!
Шарифа. (беихтиёр бо дастњои ларзон сандуќчаи назди сари Тобон бударо мекушояд. Сандуќча кушода шуда, меафтад ва мактубњои зиёде пош мехўранд), Мактубњо... Њамаи инро ту руст кардаї? Чаро?
Тобон. Дигар илољ надоштам. Бубахшед, маро...
Шарифа (мактуберо гирифта). Писарам, Хати... Сиёњї Аскарљони ман... Хати сиёњаш... сиёњ...
Тобон. (Косаро гирифта, атола мехўрад). Маро бубахшед, њамсояњо. Ўрмон Ќамиши номард корашро кард. Ўрмон Ќамиш! Ана, гап дар куљо! — Ана, барои чї ду њафта боз ту аз ќатор баромадаї! Охир ду њафта пеш ту бо хоњиши ман ба назди Ўрмон рафта будї... Боз чињо гуфт Ўрмон Ќамиш?

Сањна торик мешавад.

ЌИСМИ II

НАМОИШИ V

Љои хоссаи Ўрмон Ќамиш. Ў якпањлў зада хобидааст. Њољї дузону нишаста чилим медињад. Дастурхони рўи миз пур аз анвои хўрданї.
Ўрмон. Боз як ѓайрат, Њољї.
Њољї. Дигар кор душвор шуд. Баракати пешинаи анборњо намонд.
Ўрмон. Муњимаш, анборњои мо бобарака шавад.
Њољї. Оќибати кор ба хайр шавад, ки...
Ўрмон. Ту натарсида гуфтаи маро кардан гир.
Њољї. Ањвол вазнин.
Ўрмон. «Барои фонди ёрй» гуфта, кашида гирифтан гир.
Њољї. Кашида гирифтем, њамаашро гирифтем. Ўрањо холї.
Ўрмон. Ба колхози Тобон гузар, он љо њама зан. Њамон њилаатро кор фармудан гир, «бадбахтї меояд» гуфта, чунон воњима андоз, ки мардум аз тарс  њатто барои аз хона баромадан љуръат накунанд.
Њољї. Вале дар он љо ѓаллаи тайёр њам кам.
Ўрмон. Ту доної, илољашро меёбї.
Њољї. Ба гуфтан осон...
Ўрмон. Э, ту киву чї буданатро фаромўш кардї?
(Шарифа дар сару либоси хоксорона, вале  шинам меояд. Чї кор карданашро надониста, ба њозирон менигарад).
Њољї. Не, хўчаин, фаромўш накардаам.
Ўрмон. Дизертир! — Ин гапро мефањмї? Барои ман баргашта туро ба таги дор фиристодан ягон душворї надорад. Араќа рез.
Њољї. Ба чашм, хўљаин.
Ўрмон. Э, Шарифаї? Хуш омадї. Чї хел даромадї?
Шарифа. Дар идораи МТС туро наёфтам, гуфтанд, ки ба райисполком рафтаї, дар он љо гуфтанд, ки дањ рўз боз туро надидаанд. Оќибат як каси савобљўй гуфт, ки туро дар ин тараф љўям. Њељ гумон намекардам, ки дар ин боѓчаи назарногир чунин як бињиште њаст.
Ўрмон, Э, тоза муњобот кардї, Шарифаљон, куљои ин бињишт? Охир, истироњати дуруст накунед, аз пой афтидан мумкин. Марњамат.
Њољї (зуд ба сари дастурхон матоеро партофта, хўрљини назди Ўрмонро мегирад). Дињад, инро барам.
Ўрмон. Чаро Њољї? (Њољї ба Шарифа ишора ме¬кунад.) Не, њељ гап не. Дастурхони нав кушо. Охир мењ мон дорем, мењмони мо, Шарифамоњ, бењтарин зани район, депутати совета район. Ња, имрўз — не пагоњ раиси райисполком њам шуда мемонад.
Њољї. Ба чашм. (Меравад).
Шарифа. Ин савлат аз кадом њисоб?
Ўрмон. Аз шарофати Инќилоби Октябр.
Шарифа. Инќилоб?!
Ўрмон. Ња. Охир, Инќилоб кардем, ки серу пур зиндагї кунем, ана ба њамон ниятњо расидем. Рањмат ба њукуматамон, ки орзуњои њафт пушту авлодамонро амалї кард.
Шарифа. Ин кўзаи наќшин ба назарам шинос менамояд.
Ўрмон. Ња, ин моли тоза...
Шарифа. Ин кўзаи Њољархон аст.
Ўрмон. Бањояш — на камтар аз ним миллион.
Шарифа. Инро Њољархон ду њафта пеш ба фонди ёрї ба њукумат супорида буд.
Ўрмон. Бале. •'
Шарифа. Ана ин офтобаи нуќрагини ман.
Ўрмон. Аз они ту? Аз они ту бошад, бигир.
Шарифа. Охир мо инро ба давлат супорида бу¬дем, ки ба фронт фиристад, то ки барои ѓалаба ёрї ра¬сонад.
Ўрмон. Барои галаба!? Њм... Њамин кўза? Чї ёрї дода метавонад? Охир ин бомба набошад...  Ёбо ин оф¬тобаи нуќрагин ягон аскарбача об хўрад, ѓалаба тезтар мешавад? Охир ин зару зевар таги по монда нобуд мешавад-е! Бењтараш инњо ба худи мо монад. Баъд ин, ки њамааш аз фондн ёрии шумо не, моли шахсии худат њам њаст. Ана, инашро аз бозор харидам, бар ивази 3 кило љав. Инашро бар ивази дута нон. Чї илољ, мол нархи рўз аст. Ту, Шарифа, офтобаатро бигир, ин пиёлаи чиниро њам бигир, инњо бањо надоранд.
Шарифа. Не, Ўрмон Ќамиш...
Ўрмон (имкони гапзанї надода). Хайр, баъд мебарї. Акнун ба сари миз! Бењтараш, дар ин тараф як- пањлў зада кайф карда шинем: рўзгори аврупої ба ман маъќул, вале њамин кўрпачаву лўлаболишти бобоии худамонро бо ягон чизи дунё иваз намекунам. Ба ту коньяк резам, ё араќ?
Шарифа. Дањ рўз пеш ваъда дода будї, ки устои оњангарро мефиристї. Дањ рўз интизор шудем, усто наомад. Ноилољ досу каландњои кундшудаю шикастаро ба МТС фиристодаем, то ки таъмир кунед, вале њамон як усторо њам ба фронт фиристодї. Охир усто бронь дошт, чи хел ба аскарї г8ирифтанд?
Ўрмон. Ба ту араќ, резам, ё коньяк?
Шарифа. Бояд илољашро ёбї.
Ўрмон. Ман—директори МТС — Ўрмон Ќамиш! Њамон Ўрмон Ќамишеам, ки дар корњои калон хизмат кардаам! Аз ана њамин Ўрмон Ќамиш... Не... Аз рафиќ Ўрмон Ќамиши хизматнишондода чї мехоњї?
Шарифа. Ту ваъда дода будї, ки...
Ўрмон. Дар кисаам ѓайри ваъда њељ чиз набошад, чї кор кунам?
Шарифа. Ту директори МТС...
Ўрмон. Ман фаќат директори МТС не, Ўрмон мудири шўъбан таъминоти давлати ва мадад ба оилаи аскарону инвалидњо. Ѓаму ташвише, ки ман дорам, илоњи ба сари ягон кас наафтад. Замину замонро беваю маїюбњои љанг зер кардааст, њамаи вайро хўрон, пўшон, аз зиндаю мурдааш бохабар шав; рўзам аз рўзи саг њам бадтар, на шаб ором дорам, на рўз, њатто дар хобам ѓарами мактубу аризањоро мебинам, овози беваю бечорањоро мешунавам.
Шарифа. Пас, чаро нидои беваи Анбар, Салими маибу Мирзо Пулоди бепойро намешунавї? Охир маибони ќишлоќи мо нафаќаи фонди мудофиаву ёриро намегиранд.
Ўрмон. Барои онњо кї туро кафил кардааст?
Шарифа. Њељ кас.
Ўрмон. Набошад, ба њар ош ќатиќ нашав.
Шарифа Не, мањз барои њамин пеши ту омадам.
Ўрмон. Ту бригадири колхоз, пеши ман дос гуф¬та биё, каланд гуфта биё—вале инаш зиёдатї.
Шарифа. Тобу тавони дидани азоби онњоро надорам.
Ўрмон. Э, вай фондат њам як гапе! Бо ду пуд љават куљоро мегирї?
Шарифа. Ду пуд љав не. Фаќат дар як моњ мармуми район ба давлат ба фонди ёрї 508 њазор сум пул, 245 центнер љав, 680 кило биринљ, 19 центнер картош¬ка, 569 cap мол супориданд. Куљо шуд њамаи он?
Ўрмон. Беваю бечора њам лак-лак, Куљое нигарї инвалиди љангю Ба кадом яки ту мерасад?
Шарифа. Пули људокардаи давлат чї? — То им¬рўз њукумати умумииттифоќ, ба республикаи мо 96 мил¬лион сум људо кардааст, вале кани он маблаѓ? Чаро дар ќишлоќњо одамон аз гуруснагї мемиранд? Куљо шуд он ёрї?
Ўрмон. Гирифтанд!
Шарифа. Кињо?
Ўрмон. Онњое, ки бояд мегирифтанд. Мо њисобот додем, комиссияи махсус омада дид, маъќул кард, ху¬ди маро ба мукофот пешбарї намуданд.
Шарифа. Туро? Ба мукофот? — Охир ин љиноят аст!_
Ўрмон. Бахил, Ўрмон якта орден гирад, дунё чаппа мешавад?
Шарифа. Бењуда ба назди ту омадам. Ба идорањои болотар меравам.
Ўрмон. Бењуда љон накан. Дар идорањои боло фаќат гапи ман мегузарад. Солњоро фаќат барои навбати ќабул сарф мекунї. Сардорњо ќабул кунанд њам, ба ин тўњмати хушку холиат ягон ањамият намедињанд.
Шарифа. Мо њуљљат њам дорем.
Ўрмон. Љї њуљљат?
Шарифа (аз баѓали камзул коѓазеро бароварда). Мешиносї?
Ўрмон. Коѓаз? Дар ин дунё ѓайри коѓаз боз ягон чизи боэътимод њаст?
Шарифа. Эътимодро аз ту мепурсам, Ўрмон Ќа¬миш! — Ба ин коѓаз ту мўњру имзо гузошта, шањодат додаї, ки соњиби он Мирзо Пулоди бепой асту ба вай аз фонди ёрї ѓалла дињанд. Аз рўи ин њуљљат гандум њам гирифтаанду пахтаву карасин њам, вале Мирзои бечора се моњ интизори як бурда нон аст! Чунин коѓазњо бењисобанд!
Ўрмон. Бўњтон.
Шарифа. Инашро дар љои дигар аниќ мекунем.
Ўрмон. Ист, ист. Ин љо шин, азизам. Ту дар њаќиќат зани оќила, доно, ба ростї, зебо њам њастї, бал¬ки наљотдињандаи ман њам мебошї, љонамро харидаї. Ин чизњоро одами одам бояд дар хотир дорад, ња њамон шаби боронии соли 1931 туву шавњарат ба доди мо намерасидед, пагохаш босмачињо моро бузкашї мекарданд. Акнун имрўз барои як коѓазча шуда, боз ту худат маро ба вартаи марг мекашї? Мо њам ба ќадри некї мерасем. Шарифаљон. Чї камбудие дошта бошї, оњиста ба худам гўй, ба љон иљро мекунам. Охир ѓамхорї дар њаќќи якдигар ќарзи инсонии мо. Ба ту чї лозим? — ѓалла? — мешавад, латта? — мешавад, ќанд њам мешавад, њама чизро бароят пайдо мекунам.
Шарифа. Кай ту имкон ёфта ин ќадар дигаргун шудї? Пеш, њарчанд корнамоии кироие накардї, њамеша поку беолоиш будї. Дар ин љо чї љодугарист ки аќли ман онро намегирад?
Ўрмон. Чї љои љодугарї, ваќте ки њам аз болои сару њам аз зери пой тухми аљал меборад?! Вакте, ки азоби дунё канора надораду дили бечора аз дидани як каф гандум ба парвоз медарояд, ваќте ки зиндагї маънои зистан, нўши љон карданро дораду дар миёни ин хараљу мараљи њаёту мамот имкони айш фаќат гоњ-гоњ даст медињад?! Ман њам охир подшоњи олам нашудаам! Ќариб сї сол боз, аз он рўзе, ки худамро мешиносам, мењнат мекунам: оќибат бар зидди бойњо инќилоб кардем, босмачињоро њам нест кардем, барои сохтани кол¬хозу пешравии он љон коњондем. Ба ман дар тамоми ин давра на мансаби дурусте расид, на моли кофї. Акнун камтар тинљ шудам, ки ин љанги сабилмонда cap шуд. Боз мањрумият, боз љонфидої. То кай ин давом мекунад? Синни ман њам ба як љой расид. Кай ман одамвор зиндагї мекунам?!
Шарифа. Дар фронт писари ман ба умед аст, ки мо пушту паноњаш њастему нон мефиристем...
Ўрмон. (Аз нав р ўњ гирифта). Бечора Шарифа, ба писари бечораи ту дигар њељ чиз лозим нест.
Ш а р и ф а. Чй гуфтй?!
Ўрмон. Магар намедонї? Хати сиёњашро нагирифтї?
Шарифа. Чй?!
Ўрмон. Маълум, ки Тобонбї руст кардааст.
Шарифа. Не! (Ба замин мишаста мемонад. Зоњиран ба гўшаш садои дигаре намедарояд). Не! Не!
Ўрмон. Њай аттанг! Мебинї, Шарифамоњ раиси Тобон хатро ба ту надодааст, то ки ба љои мотам ги¬рифтан ба сањро баромада каланд занї. Як рўз љанг њам тамом мешаваду мардњо солиммонда пеши зану бачањошон меоянд, вале ту њазор сол интизорї каши њам, ягон кас ба суроѓат намеояд: дар ин њангома ту хаси ночиз барин фарўмуш мешавї, касе ёде њам намекунад, ки замоне беваи Шарифа бо як каф гандумаш банди а љалро аз сари мар дум кашида дур карданї мешуд. Шарифа. Не.
Ўрмон. Чашмонатро калонтар кушо, Шарифаљон! Бар зидди ман њам ин ќадар худатро нашўрон! Охир ман њам нисбат ба дигарон њоло фариштаам, аз ин имкониятњо њар каси дигар њам истифода мебарад, фаќат сад баробар зиёдтар аз ман. Кадом одам аз доми нафс озод аст? — Тобони раисат? Тобон худаш кї? Як зани сусти касалманд, вале, бин, чї хел ба мансаби раисї часпида гирифтааст. Чаро? Чунки аз колхозчаи шумо њам андак фоида руёндан мумкин аст. Мањз барои кам наш удани ана њамин фоидача хати сиёњи писаратро ба ту надодааст.
Шарифа. Не.
Ўрмон. Сангин Вафоро ту одами њалол мешуморї? Бин, охир ин мардаки ним тана њам ба фоида умед дорад. Мањз барои ба фоидаи колхоз шарик шудан духтари зебояшро ба писари маслуќи раис доданї. Агар худо накарда Сангин Вафоро ба љои ман мешинонданд, аз бедодгариаш замину замон ба ларза меомад.
Шарифа. Не.
Ўрмон. Оќил бишав, Шарифамоњ. Дигарон барои фоидаи худ љон медоданд, ту чаро худатро мекоњонї?! Ба ту њайкал мемонанд? Њоло, ки коми дил гирифта метавонї, ком рон! Даврон бикун! Аз келинат ибрат гир.— Бин, аз њоло дар чамани булбулњои дигар ѓамза кардан мехоњад. Азбаски дар ќишлоќ марди дуруст намондааст, бо шали Искандар нозу ниёз дорад!
Шарифа. Не.
Ўрмон. Ња, Шарифамоњ оќил бишав. Ту куљову бардоштани ин дунёи бўќаламун куљо? Њатто ягон писарат зинда намонд, ки ба хотири вай азобу мањрумият кашї.
Шарифа. Не.
Ўрмон. Тамом! Њама хоку туроб шуд!
Шарифа. Не.
Ўрмон. Њамааш тамом шуд! Тамом шуд! Тамом...
(Нохост Шарифа афтида аз њуш меравад. Боишораи Ўрмон Њољї аз љайби Шарифа њуљљатро мегирад).
Њољї. Ана, хуљаин.
Ўрмон. Даррон.
Њољї. Ба чашм.

Њуљљатњоро медарронад.
Ўрмон. Патефон.
Њољї. Ба чашм.

Њољї ба патефон картаи навро мегузорад. Суруд баланд садо медињад. Ўрмон ва Њољї механданд.
Шарифа аранге ба худ омада бо азобе баромада меравад.

Ўрмон. Рез!
Њољї. Ба чашм, хўљаин,

Њољї ба ќадањњо араќ мерезад.
Сањна торик мешавад.

НАМОИШИ VI

Њавлии Тобон. Манзараи намоиши 4. Шарифа ва Тобон. Давоми сўњбат.
Тобон. Эњ. Ўрмон, Ўрмон! Даравгарро гуруснагї намекушад, гармову сармо намекушад,— номардї мекушад, ноумедї мекушад. Сирри Ўрмонро фош кардан лозим. Хайр, аз ман ранљидї, вале ба назди рохбарони район чаро нарафтї?
Шарифа. Рафтам. Баъзењо ќабул накарданд. Баъзеашон ќабул карданд, як-ду кас бодиќќат шуниданд, дилбардорї карданд, њатто якеаш ашк њам рехт, оќибат аризаамро гирифта монданд. Баъдтар фањмидам, ки онро барои чораљўї ба худи Ўрмон Ќамиш фиристодаанд. Пас аз ин дасту дилам аз њамааш хунук шуд.
Тобон. Ана, савдои сари ту чї будааст. Дар њаќиќат ѓами гарон. Вале ту суст нашав. Шарифа, Ўр¬мон албатта љазошро мебинад. Кори дузду њаромхўр дер намепояд, дуои ятимњову маибњо албатта мегирад.
Шарифа. Кай?!
Тобон. Худи њамин рўз ба район рафта, аз болои Ўрмон арз мекунам. Худи њамин рўз.
Шарифа. Ман барои дидани гўри писарњоям ба Лисичанск меравам.
Тобон. Наметавонї. Лисичанск њануз дар дасти немисњо.
Шарифа. Як каф хоки зодгоњашонро ба рўи манзилашон мепошам.
Тобон. Аскарњои мо њозир дар мудофиа. Барои њуљуми ќатъї нону тир зарур, барои коргароне, ки тир мебароранд, нон зарур. Љави пешпазак арус барин расидааст, вале даравгар нест. Гумонам, њозир таќдири љангу ќисмати њама одамон ба њамин љавзори мо вобаста аст, аз дарави ману ту вобаста аст, Шарифа.

Шарифа љавобе намедињад. Тобон каландашро ба китф гирифта
меравад.
Сањни  яке аз бомњои ќафо равшан мешавад.

Интермедияи 4

Зоњиран Аскар дар гардани симурѓ савор аст.
Аскар. Бале, симурѓи ман, ба пеш!
О в о з. Ќаѓѓ!
Аскар. Боз як кўшиш!
О в о з. Ќаѓѓ!
Аскар. Гўшт тамом шуд.
О в о з. Ќаѓѓ!
Аскар. Дар њафт меши ту љаве њам намонд!
О в о з. Ќаѓѓ!
Аскар. Шаш дарёи оташро гузаштем! Боз яктои дигар монд!
О в о з. Ќаѓѓ!
Аскар. Боз як кўшиш! Ба пеш! Боз як ѓайрат!
О в о з. Ќаѓѓ!
Аскар. Илољи дигар нест. Њозир ман рони поямро бурида ба дањони ту мегузорам, симурѓи ман,..
Шарифа. Аљаб дунёе!


Манзараи 1
Овози баранда. Аз Бюрои информационнии  советї. Дар Фронти шимолу ѓарбї гитлерчиён ба пункти такягоњие, ки љанговарони як подразделенияи мо му- дофиа мекарданд, њуљум карданд...

Садои тиру тўп. Дар як гўша Тобон пайдо мешавад.
Тобон. Барои њуљуми ќатъии аскарони мо њозир нону тир зарур! Њозир таќдири љанг ба љавзори мо, ба дарави ману ту вобаста аст. Њозир нону тир зарур... Нон зарур... Нон...
Ўрмон. Ња-ња-ња! Одам ба дунё як бор меояд ва бояд аз айш бенасиб намонад. Њатто дар айни чунин љанг њам! Ња-ња-ња!!!

Манзараи 2

Насиба дар даст доси калон меояд.

Насиба. Барои Ватан. Барои ѓалаба. Барои Ас¬карам.
Ўрмон. Охир одам ба дуньё як бор меояд. Бояд аз айш бенасиб намонад, Дар айни чунин љанг њам.

Манзараи 3

Тобон хобидаасту алої мегўяд.

Тобон. Не, не! Охир колхоз чї мешавад?! Мо бо¬яд Тољикистонро аз республикаи ѓаллагиранда ба рес¬публикаи ѓалладињанда мубаддал гардонем! Мо бояд ѓалаба кунем! Мо ба мурдан њаќ надорем! Ин оташро хомўш кунед!
Ўрмон. Охир одам як бор ба дунё меояд! Бояд аз айш бенасиб намонад! Њатто дар айни љанг њам!

Манзараи 4

Сангин Вафо меояд.

Сангин. Њоло ту бояд моро фањмї, Шарифамоњ. Њозир симурѓи савории мо «ќаѓѓ» — гуён ба ќаъри оташ равона аст. Рањматии Рањимбек зинда мебуд, ин гуноњатро намебахшид. Фаромўш кардї, ки у чї мегуфт? - То ѓалабаи ќатъї мо на ба истироњат њаќ дорем, на ба мурдан!
Ўрмон. Охир одам як бор ба дунё меояд!! Бояд аз айш бенасиб намонад! Њатто дар айни љанг њам!!!
Манзараи 5
Њамонњо ва аскари савори симурѓ
Аскар. Бале, симурѓи манн, ба пеш!
Овоз. Ќаѓѓ!
Аскар Боз як кўшиш!
Овоз. Ќаѓѓ!
Аскар. Гўшт тамом шуд.
Овоз. Ќаѓѓ!
Аскар. Дар њафт меши ту љаве њам намонд!
Овоз. Ќаѓѓ!
Аскар. Боз як кўшиш! Бапеш! Боз як ѓайрат!
Овоз. Ќаѓѓ!
Аскар. Илољи дигар нест. Њозир рони поямро бурида ба дањони ту мегузорам, симурѓи ман!

Шарифа аз љои худ љаста мехезад.

Шарифа. Не-е-е-е!! Ист!!! Поятро набур, писа¬рам! Ман њоло зиндаам!

Шарифа доси худро ёфта мегирад. Садои алафро буридани дос, садои таркиши ѓулўлањо.

НАМОИШИ VII

Сањро. Дар сањнаи нимторики арѓувон Шарифа дар даст доси калон дарав мекунад.

Шарифа. Барои ѓалаба! Барои офияти љони аскарњо! Барои ќирони лашкари Гирмон! Барои дидани гўри писарњоям!
Овози баранда (аз радио). Аз бюрои информационии советї. Дар давоми шаби 14 июн подразделенияњои мо бо зарбаи ногањонї душманро аз чор пунк¬ти ањолинишин зада бароварданд. Дар натиљаи ин љангњо 9 батареяи артиллерї ва миномёта нобуд карда шуда, 8 танки душман зада сўзонида шуд ва ќариб 300 солдату офицери немис нест карда шуд...

Сањна торик мешавад. Шарифа канортар меравад. НАсиба пеш меояд, досашро ќайроќ мекунад.
Искандар меояд.
И сканда р. Монда набошї, Насиба.
Насиба. Саломат бошї.
Искандар. Хушдоманат ба кор баромадааст. Муборак шавад.
Насиба. Ташаккур.
Искандар. Ња. Боз маро ба аскарї нагирифтанд.
Насиба. Ии пешакї маълум буд.
Искандар. Илољи ягона њамин, ки ба Сталинобод меравам. Ба он љо якчанд заводи калонро аз љойњои немис ишѓолкарда кўчонида овардаанд. Вай заво¬ди калон, барои фронт мањсулот мебарорад, Ба завод коргари бисёр даркор, ба њисобе он љо њам фронт, ба ман њам ягон кор ёфт мешудагист.
Насиба. Мањпора чї мешавад?
Исакандар. Ту..., нафањмиди? Аздусар, њоло ваќти тўй нест. Насиба, аз ањвол и модарам бохабар шав. Ба шањр рафтани маро ба њељ кас нагўй. Боз мехоњам, ки... боз мехоњам гўям, ки...

Сангин Вафо меояд.

Сангин. Искандар, аробаатро гардон. Тамоми љави даравшударо ба хирман кашондан даркор. Гандуми тайёрро њам дар хирман нигоњ медорем.
Искандар. Барои чї?
Сангин. Муттањами Мудири анбори ѓалла ба даст афтидааст. Кораш дар тафтиш. Маљбурем, ки ѓалларо дар њамин љой нигоњ дошта њардуямон посбонї меку¬нем. Биё, љави даравшударо ба араба бор кунем.
Искандар.Хуб.

Њарду мераванд.
Насиба. Офарин ба шумо очаљон. Баракати да¬рав имрўз дигар.
Шарифа. Ташаккур, духтарам, чаро ту дар фер¬ма нестї?
Нас иба. Барваќт говњоро љўшидаму, гуфтам ягон соат дарав кунам. Шуморо дидаму ба ин тараф омадам.
Шарифа. Наѓз кардї, духтарам. Биё, як маслињат кунем.
Насиба, Чї маслињат, оча?
Шарифа. Насибаљон, мо њарду зан њастем, вазни бори занро медонем. Дар айёми нотинљї ба зани љавони танњо душвор аст, мефањмам.
Насиба. Ман шуморо намефањмам. Маќсадатон чї?
Шарифа. Агар... рафту... Чанд ваќд боз...
Насиба. Ман боварї дарам, ки писари шумо як рўзи саид сињату саламат меояд.
Шариф а. Кошки гуфтаат шавад.
Насиба. Умед мекунем, оча, интизор мешавем.
Шарифа. То кай?
Насиба. То даме, ки њастем.
Шарифа. Маро бубахш, духтарам...
Насиба. Дар ин хусус гап тамом, оча. Агар, ки дарав омадаед, биёед, дарав кунем.

Шарифа. Рост мегуї, духтарам. (Насиба досашро гирифта дуртар меравад). Лозим шавад, чунин занњо сад сол њам роњи шавњарро мепоянд.
Тобон меояд. Хастањол аст.

Тобон. Офарин, азизонам, офарин, дигар чй гўям?
Сангин Вафо ва Искандар меоянд.
Сангин (бо њазл). Ба Шарифа гўй, раис, љилави досашро кашад, аспњо аз љаври љавкашї бепой мемонанд. Дар як рўз ду араба! Ин осон аст?
Искандар. Ароба њам дер намепояд, дар ду рўз тамоман шалаќ мешавад.
Тобон. Барои ба аспу аробаи колхоз љабр карданаш ба Шарифа танњо рањмат мегўем.
Насиба. Очаи ман њоло њам ба аспу аробањои абгори шумо рањм мекунад, набошад, чор ароба дарав кардан њам барои ў њељ гап нест.
Сангин. Ќанд занед. Гумон доштам, ки имсол љави ин пушта дарав ношуда мемонаду дар пуштаи Кољар суруди даравгар садо намедињад.
Тобон. Офарин ба њамаатон.
Сангин. Насиба, духтарам, барои шукронаи ин пушта, барои очаи Аскар, барои рекорди имрўза як суруд хон. Ман мераќсам.
Насиба. Ба љонам.

Насиба месарояд.
Сангин Вафо мераќсад.
Искандар ќарсак мезанад.
Шарифа ва Тобон бо андешањои вазнини худ банд.
Тобон (худ ба худ). Инак, якљоя тилисми фолбинро шикастем: Шарифа љавхасакхўриагро бас кард, бемории ман њам гузашт, дарав  ављ мегирад, пахта њам неш зада баромадааст. Њама бадбахтињо аз сари мо дур шуданд.
Суруду раќс ављ мегирад. Њољї меояд.
Њољї (бо оњанги махсус). Б а он љойгоњ зиён мео¬яд! Ба ин пушта зиён меояд! Ба ин киштзор зиён мео¬яд! (Меравад).
Тобон. Њазёни бењуда.
Сањна торик мешавад.

НАМОИШИ VIII

Сањни хирман. Нимторик. Фонусе хира месўзад. Искандар ва Сангин Вафо халтањои пурборро бардошта, оварда болои халтахои дигар мегузоранд.
Сангин. Њамаашро овардем. Шуд. (Халтаи нимаеро ба китф гирифта). Искандарљон, њоло аввали шаб, дунё тинљї. Ман як хонаро хабар тирам. Очаи Мањпора касал буд, ду рўз боз надидаам.
Искандар. (Ба халтаи нима ишора карда). Ин чї, амаки Сангин Вафо?
Сангин. А-а, ин... аз они ман.
И скандар. (Халтаро палмосида). Гандум?
Сангин. Ња, ин... гандуми тоза нест, сарак аст. Давригули духтарам чиндааст.
Искандар. Ња... Бубахшед. Баъди ќиссаи Ўрмон Ќамишу мудири анбор ба њама шубња мекунам.
Сангин. Ња. Ин хел њаромхўрњо обрўи одамоии роњбарро мерезонанд.
Искандар. Истед, ки духтаратон ду рўз боз касал...
Сангин. Дина вай таб баровард.
И скандар. Дар ин љо ќариб як пуд гандум њаст.
Сангин. Вай як њафта сарлучу пойлуч саракчинї карду нотоб шуд.
Искандар. Вале вазифаи шумо эњтиёт кардани ѓалла.
Сангин. Панљ кўдаки гурусна дар як хона ѓунча шуда нишастаанд, очаашон нотоб. Дар сањрои кушод андак њаво хўраду занги дилашро равонад, гуфта, ба саракчинї розї шудам. Набошад, њезуми тарошаву шикори боша чї медињад?
Исканда. Ман як бор бинам, наход, ки инќадар сарак љамъ шавад. Мо барои њар як донааш љон мекоњонему вай инљо бењуда нобуд мешавад.
Сангин. Холо њаќќи паррандаю чарранда њам њаст. Баракату фоидаи кори дењќон дар њамин, Искан¬дарљон.
И скандар. (Халтаро кушода мебинад). Охир ин гандум аст!
Сангин. Шарм дор, Искандар.
Искандар. Не, аниќ, ин гандуми тоза аст. Ин¬ро... дуздидед?

Сангин (гўё аз зарба такон мехў рад). Не-е, ин дуздї не.
Искандар. Набошад чист?
Сангин. Искаидарљон... Дар ин љанг ман се бор тир хўрдам! Як поямро дар фронт монда омадаам! Ба фонди мудофиа динаякак 60 њазор сўм гузаронидам. 60 њазори бутун шавад гуфта, њама орду љави хонаро фурўхта додам...
Сангин. Бале, имрўз корвони ѓаллаи ман ба роњ даромад.
Искандар. Ин корвони ѓалла дастранљи рањматии Хољархону Ойиша, Усмону Самандар њм њаст, шу¬мо њам љон коњондед, аммо инро чї хел фањмам?
Сангин. Ин гандуми тоза нест.
Искандар. (дурусттар нигариста). Ња, сарак, вале гандуми тоза њам дорад.
Сангин. Ин кори рањматии Самандар: Давригули духтарам чанд рўз сарлучу пойлуч сарак чинда нотоб шуду, як панља саракро ба хона бурда натавонист. Духтари бечора ба чашми гирён ба хона рафту гандумаш дар сањро монд. Њамаи инро рањматии Самандар диду зиќ шуд ва барои хурсанд кардани дили кўдак як каф гандум њам рехт. Ман рад кардам, вале рањматї хоњиш кард, ки монеъ нашавам. Гуфт, ки аз корвони кол¬хоз як каф гандум ба халки кўдаки тифл равад, осмон омада ба замин намечаспад. Охир ин як навъ ќарз аст,— Пагоњ, ки Давригули ту калон шуд, ин як каф гандумро њазорњо баробар зиёд карда, ба колхоз бармегардонад. Искандарљон, ту њоло зиндагиро намедонї. Намедони, ки Ўрмон Ќамиш барин зотњо дунёро бо як дам фурў мебаранду як мўяшон хам намехўрад, лекин ба ѓанаки ман як дона хаси дуздї дарояд, ба хонаам шикаст меорад. Дина ваќти кофтукоб аз хонаи мудири анбори ѓалла 1 миллион сум, 15 тонна (гандум, 8 миллион сўмина зару зевар ёфтанд. Бо ана онњо сарбасар шудан даркор. Ана, очаи туву Шарифа чанд ваќт боз Ўрмон Ќамишро афшондан мехоњанд, вале ягон чизро исбот карда наметавонанд. Њамаи инро монда, ту як каф ган¬думи маро дидї?
Искандар. Ба фикрам, њама дунёсўзињои Ўр¬мон баринњо аз њамин як каф гандумдуздї cap шудааст.
Сангин. Дуздиро аз дуздї фарќ кардан лозим. Ана онњо...
Искандар. Шумо зидди фашисти мусаллањ љангидед, вале ба юрмону калламушњои бесилоњи ин љо амон додед. Охир шумо њар рўз бо онњо рўбарў мешудед, охир медонистед, ки як ќисми ѓаллаи бо сад азоб ѓундоштаамон ба љиѓилдони бетаги мудири амбор медарояд. Медонистед, дуздиашро медидед, вале чизе намегуфтаед.
Сангин. Инаш рост, медидам, вале ба умеди ким- кињо мешудам, охир вазифаи ман дигар—ѓундоштани ѓалла.
Искандар. Не, амаки Сангин Вафо, ба фикрам, фашист танњо дар фронт нест,—њар касе, ки имрўз танњхо барои фоидаи худаш кор мекунад, фашист аст; њар касе, ки бо Ўрмонњо муросо мекунад, ба дуздиашон имкон медињад, нобакортарин фашист аст!
Сангин. Њукмат дуруст, вале илтимос... Биё, як кори дигар кунем: моли дуздї ба ман њељ ваќт ош намешавад, албатта шикаст меорад, дар пеши ту муттањам шуданам худаш як шикасти калон. Биё, гандумашро људо карда гиру, саракњояшро дењ.
Искандар. Не, Сангин Вафо. Инро пагоњї ба халк нишон медињам. Мардум чизе њукм кунад, њамон мешавад.
Сангин. Маро бекорд накуш, Искандар. Медонї, ин чї маънї дорад?!
Искандар. Колхоз аз як њаромхўр пок мешавад.
Сангин. Не, ин тавр нест; рањматии Самандар аз он дунё омада, шањодат дода наметавонад, ман дигар шоњид надорам. Дуздї оќипадаре дуздї кунад, чандон дањшатнок нест, вале агар роњбар дасти ќалб дошта бошад, вой бар њоли мулку мардум, кору кордорї! Охир ман њам ба њукми роњбарам, њисобчии колхозам, ќудошавандаи раисам. Боз дили чанд кас аз кор хунук ме¬шавад, боварї гум мешанад. Эътиќод мешиканад. Ту маро бубахш, вале барои ѓалаба, барои оянда хомўш истоданат хубтар.
Искандар. Не.
Сангин. Мм... (Худро базур нигоњ медорад).
Искандар. Имрўз, ки њар як дон бањисоб аст, як пуд гандум гирифтї. Пагоњ чї? — Баьди ѓалаба, баъди серию пурї шудан чї ќадар моли халќро тала мекунед?
Сангин. Мм...

Искандар. Ин як пуд гандум имрўз нашъи љони чанд аскар мешуду...
Сангин. Дар хонаи ман њам 5 хўранда, панљ одам, панљ аскари аќибгоњ, онњо њам барои ѓалаба љон мекоњонанд, њатто Бањодури њафтсолаи ман имрўзњо дарав мекунад, 20 cap гови фермаро Махпарї мељўшад, ман аз дасти кор то 4—5 шабонарўз дар дашт мегардаму ба хона рафта наметавонам. Бовар кун, Искандар, ту бо ин рафторат боиси њалокати як колхоз мешавї, ту зиндагиро намедонї.

Искандар (корди Сангин Вафоро аз ѓилофаш ги¬рифта ба замин мехалад). Бигир. Агар зиндагї ин аст, аввал маро бикуш, баъд чизе, ки хоњї бикун.
Сангин. Эњ, фалак!
Искандар. Кошки тезтар сањар мешуду аз ќишлоќ мерафтам...
Сангин. Кошки имшаб поён намедошт... (Дар атроф шарфаи пой).
Искандар. Ин мењмони нохонда кї бошад?
Сангин. Шояд модарат...
Искандар. Не, не. Ту аз љоят наљунб, ман худам мебинам.
Меравад, садои кўтоњи «оњ» гуфта шунида мешавад. Сангин Вафо бо андешањои худ банд халтаро кашола карда дар љои аввалааш мегузорад. Њољї омада ўро бо корд мекушад.
Њочй. Ўрмон Ќамиш ана њамин тавр ќасос мегирад! (Меравад.) Субњ медамад.

Овози баранда аз радио. Аз Бюрои информатсионии советї. Дар давоми шаби гузашта дар шимолу шарќтари Лисичанск ќушунњои мо пурра ба њуљум гузаштанд! Дар майдони љанг 200 љасади душман боќи монд, чор миномёт, анбори лавозимоти харбї ва панљ радиостансия ѓанимат гирифта шуд.
Шарифа бедор шуда пеш омада, сутуни радиоро огўш мекунад. Насиба сатил дар даст аз пеши хирман гузашта бо мењр ба Искандар менигарад ва якбора дод мезанад.
Насиба. А-а-а!!!
Тобон. Ња-а-а!? (Њарсе назди љасадњо меоянд). О-о-ох!
Шарифа. Худро ба даст гиред, мардњо намегирянд...
Дар чашмњо ѓазаб дар даст достњоро чун ярок бардошта Насиба, Тобон ва Шарифа пеш меоянд. Садои алафро буридани дос бо сурудњои «Ман доѓ» ва савти суруди «Љанги муќаддас» омехта садо медињад.
Парда.


Рецензии