Славникова Ольга. Конец Монплезира. перевод на тад

ОЛГА АЛЕКСАНДРОВНА СЛАВНИКОВА

Олга Александровна Славникова (соли таваллудаш 1957) нависанда, очеркнавис, адабиётшинос. Барандаи ;оизаи «Букери Россия» (2006), «Ясная Поляна» (2018).
Дар Свердловск дар оилаи му;андисони мудофиа таваллуд шудааст. Дар факултаи журналистикаи Донишго;и давлатии Урал та;сил кардааст. Дар нашриёт ва ма;аллаи «Урал» кор мекард, ки нвиштањои аввалинаш чоп шудааст. Романи нахустини Славникова «Донишљўйдухтари соли тањсили якум» соли 1988 нашр шуд. Аввалин романи калони ў «Сўзанболи ба андозаи саг калоншуда», ки бо усули реализми сењрнок навишта шудааст, ба мунаќќидон ва хонандагон таассуроти калон бахшид. Роман;ои «Тан;о дар оина», «;овид», «Сабуксар», «;а;иш ба дарозї», «2017», ма;м;а;ои ;икоя;о ба ; ;амчун устоди насри дара;аи олї шу;рат овардаанд.
Дар насри Олга Славникова масъалањои фалсафї ва тезутунди иљтимої бо баёни ма;озї пайвастаанд. Ба гуфтаи муна;;идон, ";ар китоби вай моли дастбоф аст."
 

ФАР;ОМИ МОНПЛЕЗИР

Рассом Иля Капорейкин айёми бе;тарро дида буд.
Вай аз ин хусус њасрат мекард, ваќте бо як дав нафас накашида, сўи тањхонаи назди лонааш – харобаи дуошёнаи то андозае ба баржа монанд мешитофт, ки мисли сокини њавлї дар миёни биноњои хуштарњи ша;рии бо хишти ар;увон; сохта ноумед менишаст. Маќсади Капорейкин дарёфти пивои «Нева», камаш њашт шиша ва ягон чизи хурданї буд. Аз д;сти «айёми бе;тар» Дима Билмесов дир;з барќия гирифт. Ў як ва;т;о рассом буд, ;оло бо корњои тарро;; тавассути Интернет маш;ул аст. Билмес, алъон сокини пойтахт, барои ти;орат ба ватани хурди худ парида меомад ва мехост чанд лањза дар оѓўши ин девор;ои варамида ва љой-љой кафида бимонад, ки сол;ои зиёди э;одкориаш бо суръат гузаштаанд ва дар охир бо таркиши сабзак;ои долларњои наппа-нав хулоса мешуданд, вале на ба ;амаи рассомон чунин оќибати ормонї насиб мегашт. Акнун дар роњ ба маѓоза Капорейкин чорсад рубли дар љайбаш бударо дуру дароз аз назар гузаронду ба як фикр омада натавонист, ки яктаашро захира кунад ё накунад. Оќибат ба ќарор омад, ки њама пулашро ќурбон намояд.
Аз р;и адолат, бояд иќрор шуд, ки пеш аз он айёми бе;тарин рўзњои хеле бад њам буданд. Ду дањсола пеш, ин бинои ч;бї дар со;или ;амвори сабзи дарёи Висейка шу;рати хос дошт ва дар байни мардум Монплезир ном гирифт. Њатто њамон ваќт њам, тибќи њуљљатњои њукуматдорони шањр, Монплезир чун иншооти мављуднабуда зикр шуда буд; раќами бино аз тунукаи сафед мисли соати дорои мурѓаки ваќтро эъломкунанда мављуд буд, вале гўё дар њуљљат набуд. Вале замоне буд, ки бисёр унсурњои хоси шањрак – ќубањои зебо барои гуфтугўи телефонї, нуќтањои байни мардум машњури пивофурўшї, сехњои истењсоли сумкањои пластмассї ва шиппакњо яке пайи дигар ба ќатори объектњои мављуднабуда ворид мегаштанд. Њамин тавр, Монплезир дилпурона ќомат рост мекард; тирезањои хамзадаи чун оина дар девори кулбањои дењотї кашол ба истиќболи одамони рањгузар бо шишаи фарсудаи бунафшрангашон медурахшиданд.
Дар Монплезир, ба ќавли баддањанњо, муфтхўр;о мезистанд. Ин мардуми аљиб дар рўи карбосњо ва картонњои бад обшуй кардаашон рангњо молида, сурудњои эљодкардаи худро, зоњиран бо мундариљаи танќиди давлати шўравї месуруданд. «Муфтхўрњо» назарияи санъати муосир ва худи санъатро э;од мекарданд. Ба фикри онњо, дар асри рушди техника осори њунар мебоист бо технологияи нав исте;сол шавад – мисол, бо дастгоњњои калони њаводињї дар девор;ои калон ранг пошида, хати њаракати тайёрањоро бо тоб хўрдану дар њаво њалќањои танги марговар сохтанашон тасвир мекарданд, инчунин, рангњоро аз ќуттињо, ки андарунашон нимсўхтаи сигорњои кашидаашон шино мекард, бо швабрањои дастатдароз бардошта шип-шипкунон ба рўи коѓазњои калони пањнкардаашон интиќол медоданд. Дастури му;имми амалї ма;алла;ои рангаи "Америка" ва "Англия" буданд; радиои транзистории чиркин, ки «Садои Амрико» ла;аб дошт, мояи ил;ом буд. Як гур;;и э;одкорон хостанд театри нав созанд. Росташ, тан;о як маротиба намоиши рамзї тањия карданд: дар гўшаи бино мусавварањои бо швабраи латтањояш пўсида ранг молидаро, ки мазмуни њаљвї дошт, овезон карданд. Аммо ривояти сохтаашон ањолии шањракро ба шўр овард ва капитани бахши амниятро, ки хеле озода буд, хашмгин намуд.
Нисбат ба намоиш падидаи фитнаангезтар нимпайкараи аз гаљ сохтаи Ленин буд, ки чи тавр ба Монплезир роњ ёфтанашро касе намедонист. Вай ба тўтии сафед монанд буд, дар пештахтаи кафидаи тиреза меистод ва андешањои бо сухан ифоданашавандаи диссидентї – зидди замонавиро арз мекард. Воќеан, муносибати «муфтхўрњо» ба мардуми атроф аз лињози њуќуќї дуруст сурат мегирифт. Ба шарофати даводавињои худ Билмесови он ваќт љавон ва гайратманд аз комитети районии комсомол як вараќа коѓаз гирифта буд, ки ба ў ваколатњои ба мардуми оддї нофањмо дода буд. Дар Монплезир њатто студияи бадеии бачагон ба фаъолият оѓоз кард. ;айратовар буд дидани он, ки рассомони ;авон ба намунаи барояшон гузоштаи Белмесов њар лањза бо чашмони љиддї назар карда, бо ;алам шип-шипкунон суратњои ким-чи хел номафњум мекашиданд. Аммо ва;те волидон фа;миданд, ки дар синфхона к;дакон ба ;ои чизњои аљиб расми станкани ќиррадорро мекашанд, ;ан;ол бардоштанд. Аз тарси он, ки бо ин усул навбат ба зудї ба Ленини гаљии танњо дар Монплезир мављуд мерасад, фарзандонашонро аз студия гирифта, баъзеашонро ба мањфили рассомии Ќасри пионерон супориданд. Аммо, бачањои калонтар пас аз ду-се сол зуд-зуд бо халта;ои вазнини аз шиша;о љиринг-љиринг садо бароваранда ба Монплезир меомаданд.
Сокинони сквот - манзили бењуљљат бо даромадњои тасодуф; мезистанд. Он;о барои ягон чиз х;рдан мен;шиданд: тиб;и ;онуни номаълум, араќ бошад, дар бари он худ аз худ хўриш њам пайдо мегашт. Овозае пањн шуд, ки гуё Билмесро њамроњи Капорейкин ва ду нафари дигар барои оро додани ресторани «Зумуррад» даъват карда, ба њамаашон ёздањ њазор рубл њаќќи ќалам додаанд. Аммо ;е; кас ин пулро надидааст. «Зумуррад», ки дар паси мизњои он шомгоњон качал;о ва афсарони ш;рав; менишастанд, пас аз таъмир шуоъи тўбњои калони дар оина;о насбшуда толор тарабхонаро то андозае ба кайњону сайёрањо монанд мекард. Зиндагї њамин тавр идома дошт, то он во;еае, ки р;й дод. Ва хориљиён ба Монплезир зуд-зуд мењмон мешуданд.
Сарулибосашон хуб, сару танашон озода, чунон шуставу пардозкарда буд, ки аз воќеияти Монплезир камрангтар ба назар мерасиданд; њатто зани фаронсавии мўяш дарози кабудранг бо домани сабзу куртаи норинљиаш ба дунёи рангини мусавварањо баробар намегашт. А;набиён дар Монплезир он чиро диданд, ки интизор буданд, њатто нусхаи вараќњояш часпидаи маљаллањои "Америка" ва "Англия" бо доѓњои дар рўяшон гузоштаи тоба;ои тафсон ба назарашон аљоиб менамуд. Ва асъори хориљї мисли борон ба сари танбалњои муфтхўр боридан гирифт. Капорейкин њоло, ки ;ама чиз аз байн рафт, Майк ном миллионерро возењ ба ёд овард, ки башараи даррандавораш шакли досу бол;аро дошт, ;айричашмдошт як тўда ко;ази сабзакро њисоб накарда дод ва Капорейкин аз милитсия њам натарсида, онро гирифт. Ин ;ама њоло мисли хоб буд. Коммунаи рассомон фавран пароканда шуд - бисёри;о аз ќафои асарњои худ ба ;арб рафтанд. Ба Капорейкин њам чунин саё;ат насиб шуд: Италия бо вартаи ;авои каб-кабуд, нахустин дар умраш «Макдоналдс», Амрико бошад, марбут бо пица ва як зани хайрхо;и амрико; - афри;о;, ки бо тану тўш ба лаблабуи азиме шабо;ат дошт, роњравњои хуштарњи асфалтпўш дар ёдаш монд.
Капорейкин аз хоб бедор шуда, худро ќањрамони афсонае эњсос кард, ки љодугар ўро аз як љањон ба дунёи дигар бурдааст. Ногоњ худро дар хонаи худаш дид: охири тирамо;, дар сар каллапўши латтагии бейсболбозон, дар тан либоси ;инсии фарсуда, чанд доллар ва як пулдон – матрёшка дошт, ки бо ч; ваљње ба Горбачёв монанд буд. Хонаи к;;на, ки ;ариб беодам монда буд, мисли обсабзњо дамида, ќамчини борон дар деворњо наќш баста, намак дар намакдон санг гашта буд. Капорейкин шиша;оро, ки бо чї сабабе то њол насупорида буд ва аз он;о андаке б;и ширини Ватан меомад, ;амъ карда, тасмим гирифт, ки њаётро идома ди;ад.
Чанд муддат зиндагї бо њамон шаст давом ёфт. Намоиши асарњо ташкил карда, илова ба мусавварањо чизњои дигар низ мегузоштанд, мисол, маљмўи ќошуќу чангакњои алюминии ошхона, шохањои рангкарда, њатто вараќи коѓази зардшудае, ки бо даст шеър навиштаанду њоло ба коѓази ширеши часпакдор ва пашшањои ба он часпидаю аллакай мурда монанд шудаанд. Дар он вара;;о ;асрати бемањал нињон буд. Ва акнун асарњои санъати муосирро бештар на хориљиён, балки миллионерњои ватанї мехариданд, ки бо бинии пучуќи ба дил азиз, бо куртањои арѓувонї ва курткањои чармин, ки љайбњояшон ба њамёнњои калон монанд аз дигарон фарќ мекарданд. ;атто ти;орати ма;аллии асарњои санъати таъсис ёфт, аммо кораш бесамар буд.
Сабаби чунин пастравї амиќтар ва муњимтар аз ко;иши пардохти сармоягузор; ба санъат буд. Муњити атрофи Капорейкин ва муштариёни ; дигар шуд. Акнун онњо сайъ мекарданд бошуур ва барои худ масъулиятшинос бошанд: ашё дигар худ аз худ ба нест; афтода наметавонистанд, ;ама чиз со;иб пайдо кард. Худи Монплезир ба шарофати бозињои њукуматдорони шањр бо та;симкунандагони замин боќї монда буд. Во;еан, бинои як замон дар шањр маш;ур њоло ном надошт; соатњои тунукагиаш аз гардиш бозмонданд. Сокинони собиќи он ба њар тараф пароканда шуда, мисли заррањои барф дар замону фазо об мешуданд: гоњ-гоњ касе тамоман ѓайб мезад – ё аз олам мегузашт, ё дигар аз худ дарак намедод. Ногоњ маълум шуд, ки дар бинои расман мављуднабуда танњо Капорейкин номнавис шудааст. ; худро дар ;оли марде дид, ки дар атрофаш оина;о шикастаанд ва ;, тан;о ў, со;иби ;а;и;; ва ягонаи соби; Монплезир мондааст.
Ин њиссиёт як андоза талх, вале боиси ифтихор њам буд. Дарво;еъ, Капорейкин то ;ол худро ягона рассоми ;а;и;ии бошандагони собиќу имрўзаи ин хона ме;исобид. Он њол, ки дигарон низ мутлаќо дар бораи худ чунин фикр доштанд, моњияти масъаларо та;йир намедод. Нахуст дар мусаввараи хурд одам-мо;; ва мур;они д;стдоштаи худро мекашид, ки аз дур мисли салиб ба назар мерасиданд. Пас аз итмоми ;ар сурат хаёлан ба худ чорсад (;адди а;ал) доллар медод. Вале баъдан аз ин андешаронињо даст кашид. Он ваќт кори Капорейкин пеш рафт. ; хулоса кард, ки му;ити дар он махлу;;ои бо пари сабз парвозкунанда кашидааш бояд ќаър дошта бошад. Вай ташкили ин фазоро ёд гирифт, ба шаффофияти ранг;о ноил шуд. Акнун мусаввараи манзараи сўзанбарг;ои шакарпечи арча ё санавбар;ои асалинро вобаста ба мавсим ба савдо мемонд, бисёр ваќт барои худ зањмат мекашиду намедонист чї мехўрад. Муддате вермишели аз пешин боќимондаро мехўрд, ки мисли нохуни бурида сахт шудаанд. Дар нати;а, Капорейкин ло;ар шуда, ќоматаш хам гашт; ришаш дар зери микроскоп мисли доѓи шустанашаванда менамуд.
Билмес дер карда омад, ваќте пайдо шуд, ки шишањои пивои дар яхдони вайрон хунукнашуда дар рўи мизи андак тозашуда љой гирифта, ба араќи рўйи коргарони дастгоњи тафсони оњанобкунанда табдил меёфт. Баръакси Капорейкин, Билмес кам та;йир ёфтааст, тан;о дар чаккаи сараш як панља мўи сафед њусни иловагї мебахшид, пой;ои аз шорт берун баромадааш, дар ша;р касе шими калта намеп;шид, ба пойи Билмес нею ба линги буз монанд буд. Бо як даст аз бари бонуи нимбарањна Яна В. дошта омад. Капорейкин намефа;мид, ки ч; гуна метавон нимбара;на зери даст ояд. Яна В., замоне яке аз бе;тарин занони ша;р ва со;иби муваффа;и галерея – намоишгоњи осори рассомї буд. Акнун лунљњои хоказадаи ў каме кашол гашта, ќадаммониаш вазнинтар шуда, пошнаашро сахт ба фарш мекўфт. Бо ву;уди ин, зоњиран ў бе;тарин чизе буд, ки ин ша;р дар давоми чанд р;зи охир метавонист ба Билмес бахшад.
– Ана инњо, донишгоњњои ман! – бо дабдаба хитоб кард Билмес ва дар тан шими сафед, ќафояшро болои дивани дорои доѓи равѓанолуд партофт.
Он;о пиво н;шиданд, дар бораи санъат су;бат карданд ва њамвор ба масъалањои рўзгор гузаштанд. Савѓотии Билмеси сарватманд – чормаѓчањои намакзада ва пўстлохи иштињоовар умеди Капорейкинро дар бораи зиёфати муфт шикам пур кардан барбод дод. Яна В. дар Монплезир гоњ нишаста ва гоњо хеста ќадам мезаду мекўшид шими гулобиашро чиркин накунад. Шими таранг ба бадан часпидааш ўро ба парии обї – духтар-моњии фарбењак монанд карда буд. Билмес бошад, ба њама љо, ба тарќишњои љевонњои харобгашта чашм дўхта, аз тирезањои гуногун ба рўди Висейкаи њамвор менигарист ва гоњ-гоњ чун моњие, ки дар рўи тахтаи поракунанда хобида мељунбид. ; аз шунидани садоњо аз радиои к;;наву хирагашта, ки њоло тан;о «Садои Америка» ва «Би-би-си»-ро ;абул мекард, лаззат мебурд. Онњо мављњои бе;таринро харида буданд ва радио бо душвор; аз мављи тарафдорони ;окимони ма;алл; порчањоро мисли ќаланфури сиё; ќабул карда, пахш менамуд. Љолиби диќќат он буд, ки њама чизи дар Монплезир буда ба Билмес писанд омад. Вай аз дидани расмњои ба фурўш тайёркардаи Капорейкин маънидорона хандид. Аммо дар паси расмњои гулобии ў ки гўё бо шарбат кашида шудаанд, мусавварањои санъати асили Капорейкин хоксорона меистоданд. Нохост Билмес худро норо;ат ;ис намуд ва ;атто дар дилаш нафрат пайдо шуд.
– Ба чанд пул меравад? – пурсид ў бо шавќи ѓайритабиї ба расми охирини Капорейкин ишора карда. Дар болои сарпўши шоњкосаи калони чинї одам-паррандаи сабзе кашида буданд, ки то андозае тољи империяи Россияро ба ёд меовард.
– Хуб... – дудила шуд Капорейкин. Таълифи ин расм таърихи на чандон хубе дошт. Ба рассом, шук;;и шоњкоса писанд омаду онро аз хонаи як дўсти хубаш муваќќатан и;ора гирифт. Ба бахти бади худ, шабе дар байни арвоњњо ва торикии устохонаи бесарусомонаш об н;шидан хосту зарфро аз дасташ афтонд. Аз кураи зебои шоњона пора;ои дандонадоре боќї монда, шањомати шо;ии худро тамоман гум карда, бештар ба барг;ои карам монанд шуд. К;шиш кард, ки зарари ба оилаи дўсташ расондаашро бо мусаввараи он пардохт кунад. Вале ин наќшааш барор наёфт. Со;ибони коса, ки якбора дўстиашон бо ў ;атъ гашт, тасвири ашёро бо ивази он ба таври ;атъ; рад карда, боз айб њам монданд, ки дар сурати рўи карбос шоњкоса ка; омадааст, яъне дар асар ну;сон њам пайдо карданд. Ин мухолифат ба Капорейкин бори дигар тасдиќ намуд, ки муњит дигар гашта, бо фарќ аз замонњои пеш, одамон дар сурати њама чиз бо исрор асли молро дидан мехоњанд. Зоњиран, бо ќонуни нав сахт гирифтанд: соњибони коса њис карданд, ки рассом на мол ва на пулро баргардонда наметавонад, бо вуљуди ин, аз рўи принсип сахт гирифтанд. Њоло Капорейкин дар бањои сурат, на барои соњибони зарф, балки барои тасаллои худ ва пиво – якуним њазор рубл мехост.
– Дусадта сабзак! – ногоњ ин нархро гуфту ба суи Яна В. чашм давонд.
- Капор, ту медон;, ки ноби;а ;аст;? – гуфт ѓайричашмдошт Билмес бо табассуми хунук. Вай дар болои диван па;л; зада, аз пружинањои дардманди он садоњо бароварда, дароз кашид ва пой;ояшро бо Adidas-и сафед дар болои курсии фатаротгашта гузошт. – Дусад доллар – хандаовар! Барои ин дусадта аз «чўбин»-аш  њам намедињанд. Мањз барои њамин, Капор, имрўз гўшатро бурї њам  ба ќадри ту намерасанд. Ин доѓњои эъљозкорона дар латта гузоштаат, – ў ба расми дар канор шармгинона истода бо стакани дасташ ишора кард, – рўзе баробари дањњо тонна сабзак бањо пайдо мекунад. Шояд сад;о тонна. Аммо вай насиби шумо нахо;ад шуд, Капор. Ин нодуруст мебуд. Зеро ноби;а;о нањсу касофат меоранд.
Капорейкин бо душворй оби дањонашро фурў бурда, дастонашро ба шимаш пок кард. Баъд аз нав тоза кард. Ногањон чашмаш ба сўзиш даромада, лањзае ба назараш чунин намуд, ки дар сурат чизе таѓйир ёфт. Г;ё он ;о, ба рангњои барояш хеле азиз боз каме ранг партофтанд ва сурат ба ларза даромад.
- Чаро? Чї хел? – чун хурўси шабкўр ин њарфњоро аз дањон фишурда берун кард ва якбора ;ама чизро пурсидан гирифт.
- Ба ноби;а;о ч; гуфтан мумкин? – коњилона, вале бо кинаи торафт шадидшаванда сухан ронд Билмесов. – Ту мефа;м;, Шагал чї хел аст? Ё Пикассо? Ё, импрессионист;оро гирем. Он ширинакњо чистанд? Ман намефа;мам! Ман бар хилофи ту, граппа  нахўрдааму аз гондола ба обњои муќаддас ќай накардаам. Ман он љо рафта њамаро дидам. Ман софдилона к;шидам, ки онњоро бифа;мам.
Дар пеши назари он;о дар осорхона;о мисли абла; часпидам. Он;о дар худи худ бастаанд. Тан;о як лањза нога;он ба назарат аён мешавад, баъд гум мешавад, боз як бори дигару тамом, дигар њељ чизро намебинї. Не! Тасаввури ман дар бораи расм берун аз худи расм ву;уд дорад. Аз ку;о пайдо шуд, маълум нест. Аммо ин дар вуљуди ман аст, аз они ман аст, на аз як ноби;а! Genius  як шартнома аст. Муоњидаи хатарнок аст. Ним дарсади инсоният - аблањњои бузурги сарватманданд, ки барои латтаи ба рўяш ранг партофта пул мепартоянд, санъатро камтар аз ман мефа;манд. Дурусттараш санъатро не, нархи асарро дар хариду фурўш мефањманд. Нубуѓ як ба;она аст, барои партофтани ;убобчаи калон. Он мисли дастони Венераи Милосї аст. Он;о бо зан хаёлан тамоми чизњоро месозанд, кандакорї мекунанд. - Њоло онњо ;астанд ё не? Биг;!
- Билмесики мо файласуф аст, – гуфт Яна В. бо нигаронї ва хост муйњои даѓали Билмесро сила кунад, вале ў сарашро хам карда, аз дасти ў дур намуд.
– Ту, Капор, беа;л;, ман доно. Бинобар ин, ба гапам гуш кун, – бо зурї суханашро давом дод ва Капорейкин ба њавои гапи ў сар љунбонд. Билмес илова кард: - Ту ;амчун як ноби;а дар ин зиндаг; ба ;е; чиз ;а; надорї, чунки ба он фаќат ранг мекашї. Он чи, ки ту ранг мезанї, то он даме, ки ранг кардан мегирї, а;амияти олидараља дорад. Баъд худашро гум карда, нохост арзиш пайдо мекунад. Ту, Капор, дар тобут мехобї, асарат дар музей љой мегирад. Аммо вай мўљиби ;овидонии ту намегардад. Шарафи он аз гул;ое, ки дар хоки турбати ту рўида мешукуфанд, гаронтар нахо;ад шуд. Тасвирро дубора мефур;шанд, медузданд, ба музояда мегузоранд, бо як даста тасвирњои ;албак; пул кор мекунанд. ;е; кас, аз ;умла нусхабардорон, намефа;манд, ки ту ч; кашидї ва он дар эљоди ту аз ку;о пайдо шудааст. ;е; кас расмро ба ;аёти во;еии худаш барнамегардонад. Ва он го; дар осорхона як бемор пайдо шуда, мусаввараатро бо корд мебуррад. Касе дар љараёни ин ќисса ;атман кушта мешавад. Ба ман љавоб дењ, Капор, – ин лањза дар чашмони сарди Билмесов нуќтањои манфї ба раќс омаданд, – агар пешакї медонистї, ки аз асари ту чандин кас халок мешавад, њоло чї кор мекардї?
- Ман худам мусаввараро бурида чок-чок мекардам, - самимона посух дод Кристиан Капорейкин ва аз ч; сабаб ба тарафи Яна В. ниго; карду ба њоли аљибе гирифтор шуд: дар дилаш э;сосе пайдо шуд, ки тасодуфан бо ; ;амхоба шудааст. Яна В. ;ан;з бадак не: дар гардани ќаймоќирангаш холи шоколадранг сиёњї мекард, дар нўги лаби болояш аз кафки пивои пастсифат хатте чун муйлабчаи аз шир сафедгашта буд. Айни замон аз паси д;стон хастагии худро афшонда дур мекард ва бо эњсоси чунон баланд ба мусаввараи Капорейкин назар менамуд, ки оќибат ба gesheft - фанду фиреб мебурд.
Дар асл, Яна В. ба суханњои иѓвогаронаи Билмес таслим нашуд. Мусавввараи дар чањорчўба истода ба ранги руйкаши зардевори хонаи як шиносаш аљаб мос омада буд. Дар байни ќобилиятњои бешумори аљибаш Яна В. њунарњои дигар њам дошт - э;од кардани байт;ои озод, наќшкорї бо ќалами ;айриму;аррар; дар либоси крепдешини сафеди "бибї", ки аз он д;ст ва ра;иби ;, замоне яке аз бе;тарин занони ша;р, дар ателйеи дўзандагиаш як чизи аљиб офарида буд. Яна В., метавонист раќами хона ва телефон;ои мобилии бисёр одамони калону муњимро пайдо кунад, ки ;атто р;зноманигорони кордон бо роњи махф; низ ба он;о наздик шуда наметавонистанд. Истифодаи ра;ам;ои бадастомада хатарнок њам буд: ба Яна В. метавонистанд бидуни огоњї зарари ;исмон; расонанд. Боре чунин њам шуд ва пас аз он воќеа ба рўй хока молида, лунљњояшро мисли самбўсањои варамида ё пирожни карда ба кўча мебаромад. Аммо, дар аксари маврид муштарии сахтгир овози ўро аз телефон шунида, бо таассуф фикр мекард, ки агар рассомон девона бошанд, санъатшиносони он;о низ каме аз ин сарват доранд. Бархе ба фикре омаданд, ки агар Яна В. аз байни дастаи посбонњо ва котиба;о гузашта, ба ќабули чунин ашхос даст ёфта бошад, пас аз р;и адолат, бояд аз ; чизе бихаранд.
Даќиќан, Яна В.-ро ба таври худ д;ст медоштанд – њаќќи VIP-ашхосро бо ме;ри хос мепардохт, ки ба на;шаи норавшани омехта бо издиво; ишора мекард, аммо албатта аз он суиистифода менамуд, ки онњо санъатро комилан дарк намекарданд. Аз та;рибааш Яна В., маълум намуд, ки агар шарики муомилот коршиноси њирфаї бошаду бо чашмони сарди игуан , ё коллексиякунандаи бомаърифати чанд китобро хонда бошад, ба пули зиёд умед бастан лозим нест. Пули бисёр ва;те ба даст меояд, ки њангоми муарриф; як бонуи соњибљамол ба гардани сањом кашол шуда, бо ноз хоњиш намояд: «Ваася, ана ун зардакаша мехо;ам". Он гоњ Васяи сахї чинњои хиради худро дар пешонии пањнаш ѓунча карда, аз баѓалаш пулдони яккилограмма мебарорад. Яна В. ба фалсафаи Билмесови аз ;ад доно шарик набуд, вале тарафдори итти;оди ;а;олат ва санъат буд. Дар ва;таш бо миллионери аљнабї Майк ба њељ чиз соњиб нашуд, ба ;обилияти мањдуди мардиаш зам мегашт иллати дасти нофорамаш, ки г;ё барои бехатарии бештар ба он дастп;шак;ои ;арро;; кашида буд ва хасисї; бо ду ;аноби серпули исте;соли ватан; њам кораш барор нагирифт, чунки дар вуљудашон нишонае аз мањбас њувайдо буд: ;арду ба булкаи нон монанд буданд, ки дар сих пухтаанд. Бо ву;уди ин, Яна В. ба бонуњои чаќќон, ки метавонистанд бо пули мардњо чизи дилхоњашонро харидорї кунанд, њусни таваљљуњ дошт. Аз зиндагї шиква надошт ва мекўшид њама чиро, ки њаёт ба ; дода метавонист, бигирад.
Фур;ши асар;ои санъат торафт мушкилтар мегашт: ша;р чунон танг буд, ки муштариёни э;тимол; аз занг;ои такрор; малол мешуданд, зеро он;о аллакай аз Яна В. чанд расм харида буданд ва аќида доштанд, ки вазифаи хайриявии худро дар назди њунар пурра иљро кардаанд. Аммо, як ;афта пеш вай бо як муштарии ;аблан дастнорас шинос шуд. Сарвари гурўњи калони молиявию саноатї, ки буљаи чанд шањрчаи хурд ба он вобаста буд, худи љаноби Селиванов, на ин ки бо осонї, балки бо як бепарвоии нофањмо ба мулоќот розї шуд. Ў Яна В.-и ба ;ая;он омадаро дар уто;и истиро;атии оростаю перостаи паси дафтари кориаш ;абул кард. Њарду њуљра нисбат ба идора;ои ќаблан дидааш чун намунаи бењтар ва дастнорас хидмат мекарданд; вале онњо як холигии аљиби шаффоф доштанд. Гўё кондитсионер нохост ќобилияти баровардани чанги одиро гум кардааст. Љаноби Селиванов марди ќадпаст, костюми комилан ба танаш мувофиќ, тавќи калон дар гардан дошт; пилки чашмаш илти;об шуда, дар сари гулобирангаш чанд тор м;йи хуб шоназада ба пар;ои тари ч;;аи навзод шабо;ат доштанд. Олигарх бемор ба назар мерасид ва дар њуљраи перостааш чунон бо эњтиёт меистод, ки гўё дар долони назди духтур барои ќабули пинњонї омада бошад; ба назар чунин менамуд, ки ў намедонист бо ваќти бенињоят гаронбањояш чї кунад, онро барои фаќат чанд нафари баргузида мебахшид ва њоло тайёр буд, ки на танњо ба Яна В., њатто ба шайтони шохдор низ тоќат кунад, аммо дар њоле буд, ки тамаркузи диќќаташро ба онњо љалб карда наметавонист, фикраш куљое парвоз дошт.
Аз тамошои одам-чўља, ки ќањваи хунукро ба лабаш бурда, гуё навакак ба косааш санг партофта бошанд, ба раќс даромад, Яна В. фањмид, ки бо пули хеле калон муоњида хоњанд кард. Селиванови бузург гуё буду аслан гўё набуд, вале айни замон ба осонї таслим гашта, ба њама шартњо розї шуд. Дар болои сари ў Яна В. як навъ нурро дид ва онро ба таври худаш маънидод намуд: оинаи хушљавњари паси олигарх як мусаввараи мувофиќ талаб менамуд ва як лањза Яна В. љўшу хурўши илњомро эњсос карда, ногањ дарк намуд, ки санъат њамеша кадом холигоњро пур мекунад. Аммо ба зудї нур ўро тарк карду љояшро њамон ороиши муќаррарї гирифт. Яна В. зани рост;авл, ба таври худ хулоса кард, ки Селиванов омода аст бо ми;дори калони пулаш хайрухуш кунад, вале ;аноатманд хо;ад шуд. Акнун тан;о интихоби асаре бо;; монд, ки ин девор;ои пурифодаро боз њам ифоданоктар созад.
Ва њоло, ки Билмеси девона ба љойи тарабхона бурдан, ўро кашола карда ба саройи дуошёнаи ифлос овард, вай њамон чизи даркориро дид. Аз ин р;, тоб овардан лозим буд ба дудаи рўи курсї, ба пивои гарм ва умуман ба ин сафсаттањо, ки ме;мони зиё; аз хастагии майнаи сараш мелаќќиду мелаќќид.
– Масли;ати ман ба ту њамин, Капор, – тамасхуромез идома дод Билмес ва Капорейкини эњсосиро тамоман тањти гипноз гирифт. – Ње; го; асари асил нанавис. Халтура кашидан гир, бо услуби худ каш, вале ќалбакї. Нусхаашро зиёд бикун. Ин ;адди а;ал одилона хо;ад буд. Он го; мебинї, ки аз сарвати рўзгор ба ту њам чизе меафтад.
- Хуб, бача;о, сафсатта бас, - гуфт да;алона Яна В. ва реза;ои чипсиро аз куртаи дар танаш таранг нишаста афшонд. - Аз осмон ба замин фуроед. Расми хунуки туро ман мефур;шам, Капор. Дусад доллар ваъда намеди;ам, вале сад доллар мегирї. Паго; дар хона мисли д;хтамондагї бишин, са;арї медароям.
Шомгоњ Билмес ва Яна В., андак пешпо х;рда, пойи ;амдигарро зер карда, дар ;усту;;и мољаро;ои нав ба кўча баромаданд. Он;о Капорейкинро бо худ набурданд, вале ба ў ма;з ;амин танњої лозим буд: г;ё ; дар т;ли сол;ои охири пурташвиш лањзае тан;о набуд, бесаброна орзу мекард, ки бо худ ва расм;ои худ тан;о бимонад ва дар фикри он буд, ки бо кадом ро; намоиши онњоро ташкил кунад. Аввал онњоро дар мебели фарсуда ќатор карда монд. Сипас... Капорейкин аслан беа;л набуд ва фа;мид, ки Билмес бењуда ба ; аз Шагал ва Пикассо њарф назад.  Аммо ба њар оин... Сухан;ои дилфиреби Билмес ба хамиртуруши к;;на афтод. Нога;он ;амаи он мабла;и ма;оз;, ки Капорейкин барои корњои бепул иљрокардааш хаёлан ба худ њисоб мекард, ба ;ам пайваста, вартаеро ташкил дод. Шаби тобистон шаффоф гардид; аз ќабат - ќабат абрњои ѓафси осмон холо абрњои пармонанди нуќрагун боќї монда, дар фазои равшан шино мекарданд ва дар байни Монплезир ва ситорањои хурд чизе набуд ѓайри радифи сунъии америкої, ки аз байни онњо мулоим њаракат карда пеш мерафт. Акси фонуси ба Висейкаи хоболуд афтода чун гурбаи дар болои кўрпа хобида менамуд; дуртар одаммоњї обро пош дода, чархвор тоб мехўрд, одамчўљањои тира дар байни баргњои бунафшранг ларзида, гоњ-гоњ фуки чиркини худро берун карда, бо дањончаи хурдашон хамёза мекашиданд.
Мурѓодамњо аз тирезаи бепарда мурѓмарди азими ришдорро дида метавонистанд, ки дар утоќ бо корд сайру гашт мекунад, мисли муаллим бо ишорачўб гоњ-гоњ ба чизњои ќатор гузоштааш чун асбоби аёнї мезанад. Дар асл Капорейкин ба як ќарор омада натавонист. Баъзан ба назараш чунин менамуд, ки ў бо мадади корд оянда ва сарнавишти одамонро идора мекунад. Эњсосоти мухталифи ноошно дар ;они ; саргардон гашта бо њам омезиш ёфтанд. Њамаи ин бо васвасаи њаваси давомдор ба зани фарбењак Яна В., ки он шаб љуръат накард, ба ў ба тарзи одї, чун марди безан мурољиат кунад, торафт нерўи бештар пайдо мекард. Ва;те ѓалаёни эњсоси ў ба як ну;таи аљиб расид, ба хулоса омад, ки ба Яна В. оши; шудааст ва аз фардо ;аёти ; бакуллї дигар мешавад.
Пагоњии рўзи дигар бо сару рўи варамида ва аз хуни хомўшакњои пачаќардааш сурхшуда мехобид, ки ўро садои ба зинањо бархўрдани пошнаи пойњо бедор кард. Яна В., зани корчаллон ва њушёр, дар тан костюми нимњарбие, ки бўи утї дошт, ба устохона зада даромад ва мусаввараи дирўзаро ба даст гирифт. Капорейкин њатто фурсат наёфт, ки тамоман бедор шавад. Ду соат лозим буд, ки аз љойхоби араќкардааш хазида барояд, аз сатил оби бемаззаро фурў бурд. Баъд хост ба тоза кардани хона шурўъ кунад ва њатто латтаи картони хушкшударо дар оби сатил тар кард. ;ая;он Капорейкинро тарк накард, аммо ботинии ўро афгор ва хол; кард. Нињоят, шунид ва дарњол аз тиреза дид, ки мошини хориљии сафеди сабзгун, ба сўи айвони каљшудаи ў гашта, аз болои чангу шагал эњтиёткорона наздик омад.
– Худи Селиванов харид, фахр бикун! – аз остона эълон кард Яна В.-и пирўз, ки њељ монанд набуд ба симои марворидмонаде, ки тамоми шаб дар хаёли Капорейкин дар байни ин деворњои пургуноњ сайр мекард.  Дар рўи Яна В., до;и калоне хокаи хушбўйро с;зонда, худро намоён мекард, нафаси бо атр тароват бахшидааш њоло њам бадбўй буд. Сумкаашро кофта, нохост як даста сабзакњои саддоллараро баровард ва аз он яктаашро људо карда, пеши Капорейкини њайратзада партофт. Рассом хост, ки со;ибаи галереяро мисли кострюл аз ду дастакаш сахтакак бифишорад, аммо Яна В. чолокона чарх зада, худро аз зери дасти ў дур кард ва бо пошна;ояш бозикунон аз айвонча баромад.
Капорейкин аввал сахт дилгир шуд, баъд ба њолати муќаррарї баргашт. Ба њар њол як ќисми фарши холимондаро шуст ва устохона ба њаммоми сиёњи сард монанд шуд. Дид, ки л;лаи алюминї аз шуоъи офтоб дурахшида, мисли тиллои фарсуда ва харошхўрда ба назар мерасад, бо шав; дар бораи ранг;о фикр кард. Пас хаёлаш ба дигар тараф рафт: азбаски нога;он соњиби пул шуд, мебоист Билмесро бо њамќадањони собиќаш ёфта, чанд р;з бояд байни мардум бошад. Капорейкини аз хонатозакун; тар шуда ба ягон хулоса наомада, ба р;и кат афтод ва аз хуши коре надоштан «Овози Америка»-ро беэътиборона болои шиками урёнаш гузошта, гўшакашро тоб додан гирифт. Эфир ;уштак кашид, ;уррос зад, баъзан мусиќии аљиб медод ва Капорейкин кўшид он мављњоро дорад, аммо њарчанд даступо зад, онро дошта натавонист. Нога;он аз партов;ои эфир шунид, ки як зан, бо лањни одї хабарњои охиринро хондан гирифт:
- ... дар кунљи кўчаи Шевченко ва Первомайская аз автомат тир парронда шуд. Як му;офизи Селиванов дар ;ои ;одиса њалок шуд, худи Селиванов дар ро; то бемористон нарасида, дар мошини э;ёгар; ;он додааст. Тавре намояндаи маркази матбуоти Раёсати кор;ои дохилии вилоят ба хабарнигорон иттилоъ дод, дуртар аз ;ойи ;одиса мошини рангаш гелосии «Жигули» -и партофта ёфт шуд, ки аз он тир паррондаанд. Мошин аз мо;и майи соли ;ор; ;амчун амволи дуздида мањсуб мегардад. Тахмин меравад, ки фаъолияти Селиванов ва гур;;и молиявию саноатии "Хирси заррин" ба манфиат;ои»...
Бо њамин мављ дигар ва овози баранда гум шуд. Чанд ваќт Капорейкин гуё дар хона набуд. Баъд Капорейкин баргашт ва дид, ки чор соат гузаштааст, офтоб паст фуромада, дар холигии байни баргњои тирашуда, гуё ситорањои гулобї ба вуљуд меовард. Акнун дар болои кат даст ба зону зада, одами тамоман дигар менишаст.
Ранги чашмонаш мисли тухми бедона буд, гўё чизеро намедид, шиками ло;аргаштаашро ду ожанги калон ифода менамуд, м;йи сараш чун мўи хохол рост хеста буд.
Пас аз ин дар давоми чанд р;з Капорейкин бо фосилањо ба фаъолияти а;иби хољагидорї машѓул гашт. Акнун касе ўро бинад, муаллими ишорачўб дар даст не, балки дењќони зањматдўсте мепиндошт, ки бо кори хољагї машѓул аст. Капорейкини чаќќоншуда бо чењраи офтобхўрда тахтаи девори нимпўсидаро бо табарча хароб кард, бо канистра;ои пур давутоз намуд, њама чизро ба тартиб оварда, кафтар;ои фарбењи болохонаро нороњат мекард. ;ар кас, ки аз њоли бино каме ого;; дошт, мегуфт, ки Монплезир ба ин кор намеарзад. Умри Монплезир дар ;ама ;о ба охир мерасид: расм;ои кашидаи сокинонаш дар коллексия;ои хусус; ва осорхона;ои хурд парешон ва пажмурда мешуданд, шеър;о бо соядастњо гум шуданд, композитсия;ои бо мўди нав кашида, ки аз ашёи партовго; сохта буданд, п;сида занг мезаданд, шохи рангкардаи дарахтонро кирмњо хўрда тунук мекарданд. Санъате, ки на барои абадият, балки барои олами фонї аз партовњои ин дунёї моддї офарида шуд, худро њимоя карда натавонист ва баргашт ба љое, ки аз он пайдо шуда буд.
Капорейкин дарк намуд, ки бояд бо ягон тарзи ѓайриодї бо одамони дар ќитъањои гуногуни љањон ва ќишрњои љомеа парешонгашта њамтаќдир шавад. ; яќин кард, ки ма;з ;, охирин кас, рисолат дорад мав;удияти Монплезирро тасди; намояд. Чунки агар имкони ба ;ое рафтан бошад, пас ин падида ба маънои мабнои абадї дар кадом шакле ву;уд дорад. Тарзи амалї кардани ин фикр равшан набуд, вале онро Капорейкин љуста пайдо кард.
Дар ин миён баъди ба ќабристони пуршукўњи Хомутовский рафтани Селиванов масъалаи људо кардани замин хеле зуд ба таври ќаноатбахш њаллу фасл шуд. Натичаи њамин буд, ки пагоњии як рўзи одии корї булдозери бадњайбати шабењи мошини азими дарздўзї аз роњи асфалтпўш баромада ба чап гашт ва буттањои сари роњро пачаќ карда, ба объект наздик шудан гирифт. Аммо ба сўи булдозер ба љои насими аз нам пўсидаи Висейка тафси пурдуд омад. Монплезир месўхт. Тиреза;ои шикастаи ошёнаи дуюмро чунон ки парда;ои абрешимиро шамол навозиш мекунад, ш;ълаи рангаш афлесунї мелесид, бом аз оташи шаффоф равшан буд ва дере нагузашта тамоми Монплезир дар рентгени оташ муддате монанди скелети динозаври замони ќадим намоён гашт. Дар хусуси рассом Илья Капорейкин бошад, вай ба осонї халос хўрд. Фаќат як мусаввараи ў дар дафтари кории марњум Селиванов мањфуз монд, ки он љойро шербачањои РУБОП  тањќиќ карда коѓазњоро ларзонда пош медоданд, барои ў дастнорас шуд.
Тарљумаи Љумъа Ќуддус


Рецензии