Личутин Владимир Беглец из рая перевод на таджикск
Дар ша;ри Мезени вилояти Архангелск дар оилаи помор;ои ирс; таваллуд шудааст (дар харитаи Арктика ;азираи Личутин мав;уд аст). Падараш дар фронт халок шуд. Хатмкардаи техникуми хо;агии ;ангал, факултаи журналистикаи Донишго;и давлатии Ленинград, Донишкадаи олии адаб;.
Аввалин ќиссааш «Хонаи сафед» соли 1972 нашр шудааст. Личутин бо шохаи шимолии «насри дењотї» фаъолияти адабиро оѓоз карда, њаёти дењќонони Поморро равшан ва њаќиќатнигорона тасвир намуд. Баъд роман;ои муосири психолог;, навишта, ба «насри ша;р;» гузашт. Бозёфти адабии бузурги ў асари сегонаи калонњаљми таърихии «Људошавї» (дар бораи та;симшавии калисои рус дар асри 16) гардид. Ин асар бо романњои «Саргардон», «Любостай», «Хонум Ротман», «Гуреза аз бињишт» «Дар интизории худо», маљмуаи «Рўњи норавшан: Мулоњизањо дар бораи халки рус» аз љониби хонандагон бањои баланд гирифтанд.
Дар маркази осори Личутин тадќиќоти симои мардуми рус ва табиати маънавии Россия меистад. Китоб;ои ;ро «та;рибаи худшиносии милл;» ном додаанд. Муна;;идон "садоњои нотакрор»-и Личутинро зикр намуда, забони ;ро пайванди гуфтори мардум; ва "услуби баёни диндорони кўњнакешї" (старообрядчество) номидаанд.
ГУРЕЗА АЗ БИ;ИШТ
(порча аз ќисса)
Шояд дар нињоди њар яки мо, чун дар як хонаи мустањками чўбї хирсе нишаста, лањзаи мувофиќро барои њуљум интизор бошад; фаќат андаке сустї кофист, ки вай дари мањкамро кушояд, занљирро канад ва он гоњ гулўи шайтони шохдорро њам зери пояш пахш намуда, рўњи ўро берун мекашад.
Аммо, бародарон, кист он ки ин махлуќи бера;мро то дами оташин гаштанаш, нигоњубин мекунад? Кист, ки њар лањза њушьёрона тамошо мекунад, ба найрангаш роњ намедињад, уро озод намекунад, хашмгиниашро бо занљири боэътимоди ноаён мебандад? Он симои пурасрори посбони дилро чї тавр пай бурда, ба ќувваи бемайлони он боварї њосил кардан мумкин аст, то ки дар руњаш мустањкам шуда, оњиста-оњиста ба солњои минбаъда бе тарс оромона рањсипор шавад? Аз куљо њамвории беѓубори зиндагиро ёфтан мумкин, то оби зиндаву пурсамари он болои майда-чуйдањо нарезад, то ятими бадбахт баъ ба худаш рањм карда ашк нарезад.
Ва он го;, ки г;ё дар пайроњањои саргуми зиндагї, ботло;хо масту њушёр гашта, умри ношоди худро афтидаю хеста гузарондан мегирї, аз тарси ба доми тиреза;ои кушодаи домхонањои зањрогин афтодан аз канори тори роњњои тобнок гашта, чун санги вазнин дар к;ли бепоёни нафасаш сарди марговари монанд ба с;рохии ва;шатнок, даромадго;и дара;ои д;зах меафтї, ки аз дидани он ;он дар танат ларзон гашта, фишурда шуда, ба марг розї мешавї.
Ва ин љо хирси абад; бехоби интизори соати амал дар сари синаат «;аракат» карда, сарашро ба поён кашида, чашмонашро аз осмони бар;аво, ба к;;;ои яхбаста бо куло;;ои мисли зуѓолаи сурхгашта дўхта нула мекашад. Хуб, дар ин лахза ч; гуна аз роњи ѓазаб барнагардем аз анд;; гиря накунем ва тавалло накунем: «Худовандо, бубахш ва мадад расон!..» Ва ана њамин р;з ман як одам куштам.
Рости гап, кайњо боз њаминро мехостам, вале роњњои дурусти наљотро пайдо карда натавонистам ва танњо њамин маро нигоњ дошт: чї ќадар аќли чандири ман печидааст, новобаста аз он ки кадом тахфифњо ва роњњои махфиро ихтироъ карда бошам, новобаста аз он ки кадом дар кадом љойњои махфї пинњон мегаштам, вале мутаассифона, њама чиз ба охир расид: гирењи макр канда шуд, риштањои печони найранг кушода шуданд, дар кулбаи ман як корманди маќомоти давлатй бо таппонча пайдо шуд, бо дасмонаи пулодї кишан зада, ба зиндон кашола кард; дар ин њол сарам шах гашт, бо сармо пур шуду аз кор монд.
Маълум шуд, ки тамоми сарзамини пањновар, бо чакалакзори касногузари худ ва љангалистони анбўњ бо дарањои кўњї ва шикоргоњњо, садњо киштзор, манзили одамон – њељ чиз маро паноњ кардан намехост; нињоят, «Њакикати ќонун» мамлакатро бо назорати хушьёрона сахт печонда, мардумро аз ирода ва хатто орзуњои кўчаки пинњон шудан аз њокимият мањрум кард. Ман норавшан тахмин мекардам, ки дар баробари ногузирии љазо, ки бадќасдон ва тавоноёни ин дунё, ки давлатро дуздидаанд, он ;адар банд ;астанд, ки ман беихтиёр чизи аз ;ама му;имро аз даст додам, ки ;адди а;;ал бо андеша;ои соддалав;онааш одами русро, ки њамеша пинњонї мехост исён кунад, аз зердаст будан рањо шавад ва аз шиддати ѓазаб лаззат барад, ором менамуд.
Чунки ;ар исён ;асос аст ва гарчанде ки бе хун намешавад, вай маънои муайяне дорад, ки аз ;ониби рўњониён му;аддас дониста шудааст. Њељ фахмида наметавонистам, вакте кас дар фикри куштани каси дигар, аз дасташ гирифтани љони ба ў додаи худо мешавад, аз њељ додситонї - на заминї ва на осмонї, наметарсад, яъне дар бораи наљот фикр намекунад. Ин њолат дар як дам, як нафас, ногањон, чун њар бадбахтї рўй медињад, гўё дар мастї, хоби ѓафлат, бо тафси аз ин пеш маълум набудаи дил, беаќлона сар мезанад, гўё тамоми њиссиёти аламоварро ногањон боди самум ронда, мастонавор ба маѓзи сар мезанад.
...Бо ман њамин тавр шуд.
Дар дењаи Петрово р;зи ёдбуди фавтидагон баргузор гардид. Дари мазор дар паси кулбаи ман аст, майитњо гўё ният кардаанд, ки њама якбора ин љо кўчида, ба хоби абадї раванд. Љараёни тунуки кампиракњо, дасторчаву зарфњо дар даст, аз дарвозаи хокистарранги ќабристон даромада муддати дуру дароз љунбуљўл карданд ва касе аз ќабрњо ба хона барнагашт. Аз тирезаи ман канори де;а намоён аст: пур аз алафи бадгуњар; аз байни гандуми бовиќор ва арзанњои пастак тирезањои чанд кулбачаи дорои се тиреза баз;р медурахшиданд ва онњо низ гўё бо ;авас ба замин фурў мерафтанд. ;ама чизи мављуда мунтазири садои карнайи малак Љабраил буда, бо худ лавозимоти хоксоронаи маросими дафнро гирифта, бо омодаг; ба сафари охирини худ омаданд.
Ин мазор барои ман бегона буд: ;ама гузаштагонам манзили охирати худро дар замин;ои дигар баргузидаанд, ки ;оло ќариб фаромўш шудаанд, аммо як њисси ноаён ;айричашмдошт маро маљбур кард, ки ба ин љараён ;амро; шавам, г;ё метарсам, ки дар рўи модар - замин ятими яккаву танхо намонаму чизеро бубинам, ки одами одд; ќодири идроки он нест. Ман саросема чанд тухми обпазро ба љайбам гузоштам, то мар;умонро бо ид муборакбод кунам, бо он;о ѓизо х;рам ва аз канори полез гузашта, якбора ба тали номаш Красние горки - Теппаи сурх баромадам, ки он љо дарахтони санавбар зич ќад кашидаанд ва аз байни онњо дарьёи Проняи обаш шир барин сафед ба назар мерасад.
Дар зери ин дарахтони солх;рда, ки дар тан зан;ири мисини калон доштанд, пиразан;о махсусан зору њаќир менамуданд, гўё то зону ва ;атто то синаашон ба замин фурў рафта бошанд; дар байни хомањои реги зард аз баъзењо танњо тори сарашон метофт. Бевазанхо дар гирди ;абр хазида, бахшиш мепурсиданд, алафњои аљириќ, карами харг;ш ва нах;ди сахти мушингро хишова мекарданд, бо ангуштони ларзони ;а;варанг, дар болои ;абр;о булка ќанд, мегузоштанд, ба стакан;ои кайњо аз борону баргњои пўсида ифлос араќ мерехтанд, баъзењо паррандагону чарандагони ;ангалро, ки ба ;абристон ташриф овардаанд, ба зиёфат даъват менамуданд.
Кампир Груня бо лаќаби Королишка, рўяшро сари ќабр гузошта, мисли мурѓи бадовоз садо бароварда, канда - канда мегуфт:
-О;, Ваняљон, маро бо ;ами фаровон ба кї гузоштї? Азизам, чаро ба ман занг намезан;, аз худ дараке намедихї? Оё дилгир нашудї? Охир, дар он љо касе нест, ки ба ту сухан гўяд.
Чї кадар оромона, эњтиёткорона байни салибхо ќадам задам, ки Груня омаданамро фањмида нороњат нашавад, вале бо кадом њисси худ ў шарфаи пойи маро шунид, китф дарњам кашид, гуё аз шахси сеюм шарм дошта бошад, саросемавор аз теппача барљасту худро чунбонда, гардњои регро аз зонуњояш афшонд. Чашмони Груня махсусан дар чењраи варамидааш, бо сони кањрабо барќ пошида, мисли гунбази калисо медурахшиданд. Г;ё њамин њоло на њасрат мекард, на нолаву фиѓон.
— Шўята ёд кардї? — аввалин чизе, ки ба ёдам омад, пурсидам аз ў ва гирди г;ри фаром;шшудаи касе давр задам, ки бештар ба дўнгии бо пашми ну;раранг п;шида монанд буд.
— Чаро не... Ман Ваня гуфта фарёд мекунам, аммо вай хомуш аст. Ана, барояш араќ рехтам. Ман мег;ям, бин;ш. Вале ; хом;ш аст. Ва ;оло њам хељ чиз нагуфт. А;аллан ягон чи мегуфт… Ба фикрам, мегўяд, ба ман кампири фартут ч; лозим? Дар руи замин танњо, талхтар аз шал;ам мондаам, боз ўро ба назди худам даъват мекунам... Хом;ш аст мўйсафед. — Груня оњи вазнин кашид. Ва бо њамин як навъ видоъ кард бо арвоњ ва гўё бори андўњи худро сабкуктар карду тухмро пўст карда бо зардиаш якљоя пош дод.
- Наход аз ;абр њам садо барояд? – бо табассуми аблањона пурсидам ман. — Ё он љо телефон гузошта шудааст? Дар сари синаи мар;ум, то дар дунёи уќбо садоњои љањони фониро ќабул намояд.
- Ња, телефон гузошта шудааст, Пашаљон, ту танбалї накун, ба зону афтода, заминро г;ш кун. Ў туро бародар њисоб мекард. Шояд ба ту садо медињад, шайтони кар.
Пои лангамро хам карда, сари пургуноњамро ба замин монда, хостам он шахсеро, ки панљ сол боз он љо хоб асту бароям чандон бегона набуд, — Иван Горбачёвро, бо ла;аби Горбач шунавам. Њамин лањза нафаре маро љеѓ зад, г;ё садо аз ;абр баромад. Ман ба атроф нигаристам, дар канори ќабри кўњнае салиби бетонии хокистаррангро дидам (чунин салибњо пештар дар даштњои сералаф буданд), ки ба ман тааљљубовар шинос менамуд. Фёдор Зулус, писари Груня дар даст шишаи кушодаро дошта, хам шуда, аз чї сабаб бошад, ба нишони даъват ба ман, стаккани садграммаро ба «булўр»-и сабз чараќќос зада садо баровард. Чунин араќи фачи бесифатро машруботкашон;ои ѓайриќонунї як шишааш дувозда; рубл ба камба;алони де;отї мефурўшанд.
- Ин салиб аз ку;о пайдо шуд? Ман пештар чизе надидам. Ё ки њамин зимистон аз рус;ои нав касе мурдааст?
- Дар ку;о? Кадом салиб? — пурсид Груня ва даст ба чашмони нимкўраш гузошта, аз байни дарахтон теппачаи наверо дид. — Ба назарат намуд, Паша. Ана ин телефон барои ту - бо бобоят тавассути осмон мепайвандад. Бароят ра;ам њам мечинам.
Кампир бепарво ангушти худро ба тугма;ои садафгуни дастгоњи пластмассї расонд ва телефон ќурбоќќавор ваќ-ваќ садо бароварду онро аз масофаи дури осмон; дар он дунё Иван Горбачёв шунид, ;арчанд ; дар ин чо, дар зери пои ў, дар замин хобидааст ва решањои буттањо ба њам печида, нињолаки ѓубайро сар кашидааст. Ман дасти Грунинро тела додам: њатто нигоњ кардан ба пўсти рихинакдори ў нафратовар буд.
- Худат занг зан, ќафо нагард, - ба зан масли;ат додам ман ва љонибе, ки муси;ии шишаг; даъват кард, баромадам. Салиби бетонй ба осмон такья карда, сари худро ба нўги љингиласони дарахтони санавбар баланд мекард, аз онњо болои ќабрњо хазон мерехт; дар болояшон зо;е пур;уссае дар бањри хавої оббоз; карда, бо маром парњои худро тоза мекард.
- Гир н;ш, - Зулус стакани пурро дароз кард, ки дар он до;;ои зарди пўшиши хазон, дона;ои ;уми зардгунаи ба консентрати тилло монанд шино мекарданд. Чашмони сурхи Фёдор мисли дидагони модараш гайричашмдошт интиќомогиианда ба назар мерасид, ки гуё ман аз вай пули зиёд ќарз гирифта, дар ваќташ напардохта бошам ва њоло Зулус «њисобро баробар мекунад». Мўйи ѓафси сиёњи болои лабаш љунбид, дандон;ои зичи зардаш гиз шуданд, милки дандонаш чун до;;ои сафеди риштаи аз ифлосї сафедгаштаи резинї намоён гашт. Чунин њолати ;азаб одатан дар саг рух меди;ад, ва;те ; нияти газидану хоидани устухони ;андманди худ мекунад.
- Ту медонй, Зулус, ки ман май наменўшам. Ба ман духтурон манъ кардаанд.
— Ба чо; туф накун – бо ман бањс накун, Паша.
— Кй мурдааст? - Ман хостам, ки Зулусро давр зада, аксро бинам, вале мард дасташро бо шаст дар пеши бинии ман гузошта, пеши назарамро баст. Стакани ќиррадор дар кафи ;афси дасташ чун пораи бул;ри санг; мељунбид.
- Кофир нашав, бидъат накун, май бин;ш», - такрор кард Зулус ва дар шакли нимдоира бо дасти дарозаш г;ё сари маро ба ;ал;а гирифт, лангар кард, ба дом андохт. Ман ба па;л; нигаристам: дар пеши чашмонам бозуи п;сташ сиё;гашта мисли санги 16-килогї бардошта шуд, љ;й;ои кабуди мушак;о зуд варам карда, омодаи кўфтан шуданд. Неруи чун барзагов ќавї ба зарфи пури;тидор ;амро; шуд ва мехост маро бу;ї кунад. "Имр;з тан;о Исои Масе; намен;шад, чунки даст;ои ; мехк;б шудаанд", - масхараомезона ба таги гўшам дод зад Зулус. - Ва махсусан, ваќте муфт аст, чаро нан;шї? Фаќат аблањ бепулаша наменўшад, вале ту хеле доної. Мешунавї? Нўш, њайвон. Набошад, маљбурї ба гулўят мерезам. Ту њоло нўшида кайф мекунию боз мепурсї. Вале ман намеди;ам. Ман ба ту мег;ям: ба ;а;аннам рав, эй муфтхўри палид.
Ва ман дар ин њолат бояд ч; кор мекардам, бародарон? Нури равшан дар сарам зуд хомўш гашт ва торикии девонагї ба маѓзи сарам зад. Чї ;адар ;уввате, ки ёфтам, худро аз о;ўши ў берун кашида, бе ягон зўроварї аз поён ба боло як мушт задам, ки ба љоѓи Зулус расид: мардак оњ кашид, як ;адам ;афо рафт, бо таа;;уб бепарво ба магасак ниго; кард, аммо дар он лањза пояш, ба с;рохии хурдакаке (љойи чўкидаи гўр) фурў рафт, э;тимолан зарб хўрда, ба ягон унсури ќадима часпид. Зулус худро дошта натавониста, ба пушт афтид.
Ва дар наздикии ў як чизи ба љузъи аробача монанде буд, ки аз ;ониби соњибони манзил барои овардани салиби вазнини бетонї истифода шуда, баъд барои дигар лозим нашуданаш, њамон љо монда фаром;ш кардаанд, ки аксар ва;т дар Русия чунин мешавад. Вай мебоист як аср ин љо таги алафњои навруста пинњон шуда, аз тамошои гули лолахасакњо лаззат мебурд, оњиста-оњиста пўсида, мисли тахтаи тобут хок мегашт, аммо њоло барои охирин амал бо маитњо лозим шуд.
А;иб аст, ки ч; гуна дар ла;за;ои ;алкунанда ниго;и инсон нозук мешавад, мисли табларза зудамал аст, ;ама воќеаро пешак; тахмин мекунад ва э;тимол, аз тапиши сахти дил, аз тарси ботин; ба њар як чизи майда-чуйда кун;ковии пин;он; мушоњида мешавад, зуд ояндаро пешгўї карданї мешавад ва худи оянда сарњадњои ноаёнро убур карда, замонро танг намуда, ба ќафо бармегардад.
Зулус тан;о бемадорона ба а;иб љаст ва ин ла;за ман изи дандонашакли тракторро дидам, пора;ои гили аз зери чархи трактор чаппашударо ва реша;ои сафеди нињолњоро, ки раг;ои кандашудаи чорворо ба ёд меовард ва ч;б;ои кашоли зард ва мехи калони аз тахта берун баромадаи ба н;ги найзаи мо;идор; монандро, ки аз пўсидан каме зардгуна шудааст. Зулус бо тамоми вазни љуссаи калонаш болои мањз њамон найза афтод ва нуги шох ба тани бечорааш даромада, нуги вай мисли н;ли парранда аз байни устухони синааш баромад. Чашмони Фёдор хира шуд, г;ё чаро;и сараш хомўш гашта бошад, чашмонаш бо тунуктарин пардаи оина п;шида шуда, лабонаш аз дард ларзида, аз кун;и чапи да;они ка;шудааш оби тунуки ар;увонии чун шарбати меваи брусника ;ор; гашт.
Ин чї девонагист, бародарон! Як марди њузарб буд, акнун нест. Ч; к;шиши ночизе барои гирифтани ;они каси дигар. Њазён аст, ба худо. Ва ман барои чї маќсади номаълуме ин мардро куштам?
Новобаста аз он, ки он;о ч; мег;янд, ки Зулус пешпо х;рд, пои ; нољо фурў рафта корашро кард, вазъият он ;адар ба тартиб тарњрезї шудааст, ки ;е; гуна з;ровар; аз ;ониби ман набуд ва ин њукми такдир буд, ки ч; тавр хотима ёфтани р;з;ои ўро муаяйян созад, вале ба њар њол, ман сањм доштам дар ин кор. Ва чаро бояд маро сафед кунанд, чаро? Ман кадом як хо;иши ни;онии дилро и;ро карда, бо дастони худам одам куштам.
Ман мебоист ба он бадбахт ёрй мерасондам, ба дења шитофта, мардумро ба кўмак даъват мекардам, ўро ба пой мемондам, вале ман аз тарсу вањми ногањонй гуё аз хоби мудхиш гурехта бошам, аз Красная Горка дур шуда, љўйи баргу шохчањои п;сидаро гузашта, аз байни ќамиш;о роњ кушода, то зону дар болтлоќи обаш гандидаи ;а;варанг дармонда, базўр поямро кашида, аз шохчањои дарахтони пур аз ѓурм дошта, байни буттањои ;уллии пурнашъунамои папоротникхо даромада, дили шитобзадаамро ором карда, ни;оят с;рохи на;отбахши деворро ёфта, нога;он ором шуда, ба хом;шии атроф г;ш додам. Дар беша хомушии пурмаънои кайњонї њукмфармо буд ва танњо набзи худам ба гўш мерасид, ки бо хун ба сарам мезад ва дилро ба ларза меовард, аз байни љангали арчазор дар паси маъбад ѓурриши мошинхои пурборе, ки сари теппача баланд мешуданд, базўр ба гўш мерасид.
- Он љо рафтан даркор, ба он тараф, — андешае беќаророна водор месохт маро, — ба Москва роњ љўй, ба ягон мошини њамсафар бишину рав, дар Москва чун сўзан дар хирман мешавї...» Ва ногоњ аз боло овози оромтаре баланд шуд: «Ку;о мерав;, куљо худата метиќќонї? Туро дар ;ама ;о пайдо мекунанд».
Шохчањо ќисир-ќисиркунон шикастанд, касе аз байни беша дастонашро ба шохи буттањои малинаи ќадпаст гузошта, роњ мерафт. Нафаси гарм ногањон рухсораамро сўхт. Ман бо да;шат мушакњоямро тоб дода, ;оматамро рост карда… Ва аз хоб бедор шудам.
Њазорон шукри Худо! Ин хоб будааст, хоб. Дил сахт метапид, ба ;ое саросема буд, ;он мехост аз тан бадар шавад. Модарам дар гирди кулба гаштугузор карда, зери лаб ѓур-ѓур мекард: «Пир шудаам: чиро дар куљо мондаам, намеёбам». Сагча дар назди диван истода, нафаси тафсонаш рост ба димоѓам мезад, забони дарозаш аз гарм; берун баромад; чашмонаш сиёњ, бе фосила, мисли ду ангишти сўхтаи беранг буданд, ки дар ќаъри худ њануз гармии шуълаи пештараро нигоњ медоштанд. Худоро шукр, нафаси сабук кашида, фикр кардам, ки хайрият, хоби нимр;зї будааст.
Бадани карахту варамкардаамро ќату рост карда, ба айвон баромадам. Дар берун гармои моњи июл њукмфармо буд, ихлосмандони охирин хаста шуда, аз дарвозаи ;абристон кашола шуда мебаромаданд. Љониби ман бо як навъ њисси кун;ков;, мисли ;айвони а;ибе нигариста, г;ё аз башараам тарсида бошанд, дар;ол р; гардонданд.
Фёдор Зулус пайдо шуд, бале, зинда, дарвозаро бо лагад к;фта кушоду баъд ѓалаќаи чўбиашро гузаронд, то чорво надарояд ва нога;он, напурсида, якбора дари хонаро кушод. Дар чењраи Зулус нишони марг њувайдо буд, таги чашмонаш сиёњ, таѓояки биниаш барљаста, гуё бо корди кунд бурида бошанд, ба ду њисса људо шуда, мисли н;ли уќоб каљ шудааст... Аљаб шодї, азизон, аљаб хурсандии бепоён. Худоё! Њамсоя зинда аст! Зулус зинда! Синааш мисли чарх мустањкам, дар либосаш як катра њам хун нест, танњо дар гарданаш чуќуракњои аљоиб, гуё онро тўќумшуллукњо хоидаанд. Ин аст сазои касе, ки болини дўстдоштаашро новаќт истифода мебарад. Вой бар ман! Вой бар ман…
Дар кулба садое ба гуш расид, пан;араи тиреза кушода шуд, пардаи чит бо сурати нах;ди кабуд ба парвоз омад ва б;и таъоми пухтаи нав аз тан;р бароварда ба машом мерасид. Модарам, ба гумонам, ;оло ба рўи самбўсањо рав;ани боли кабкро молида, ба вара;и нонпазии тоба мегузорад. Ман ;атто ;ис кардам, ки ч; тавр дар да;они гурусна дар н;ги забон иштињо дар сурати оби дањон пайдо шуд ва дар;ол хушк шуда, дар ;ал; бухор гашт. Ва ин руъё њам тунук шуда аз назар нопадид гашт. Ман бо карахтї нигоњамро љониби Зулус гардондам, мисли арво; менамуд, вале дар ;ая;он, ;ар як ;узъиёти ;исмаш аљиб: мардак м;за;ои сурхи соќаш чаппакарда дошт, ва пора;ои хоки ;а;варанг ба он часпида буд, г;ё навакак ;абри худро кофта, аз чуќурї хазида баромадааст, ки бо худ барад. Ман то ;ол аз хоб њушёр шуда наметавонистам, гўё во;еият ва њазён ба таври а;иб ба њам печиданд. Шодии худро пинњон накарда, бо забони каме тутила пурсидам:
- Федор, иди Масе;о муборак! Ба ту ч; шуд? Ранги рўят кандагї, гўё дар тобут хобида бошї. Ман навакак туро дар хоб дидам...
- Г;ш кун, эй шал, ту духтари маро ба зино накаш, - да;алона гуфт Зулус.
- Чї сафсатта мегўї?
- Охирин бор ба ту мефањмонам, чўлоќи њаромї: аз ќафои духтари ман надав, барои ту калонаш накардаам.
Зулус калавида-калавида г;ё аз вазнинї то буљулаки пой ба замин ѓўтида, дастонашро ба кисаи шими камуфляжиаш андохта, г;ё бо мушт;ояш дар ;ар киса гранатаро фишурда, пеш меомад. Хафа шудам, ки маро «шал» гуфт ва шодии ногањонии ман якбора аз байн рафт. Чаро ба ;ами дигарон механданд? Ту њам имр;з тўй дор; - фардо ба ;утт; меафтї.
Зулус наздик шуда, тамоми фазои хонаро иш;ол кард; бо абрувони ѓафс, дањони воз, бо риши ѓуллї дар рўйи устухонњояш барљаста, бо чашмони шилпуќаш гўё маро сўњон карда, мисли кўњ љониби ман омада, маро аз њаво низ мањрум кард; буи майити пўсида, нами замин, маѓори ботлоќ, сўзан-баргњои пўсида, ки дар зери онњо замбўруѓи нав ќад кашидаанд, њама љоро фаро гирифт. Аз ме;мон б;и нархуки та;рибадори ва;шии хашмгин омад, ки тасодуфан аз љойхоби пур аз саргинаш бархестааст. Бо умед ба кунљи дури њавлї нигаристам, ки шояд Артемон Баринов дар дўкони худ нишаста, махорка мечокаду моро мебинад. Артемон шикорчй аст, њамеша камонаш дар таги даст.
Зулус бо шикамаш маро пахш кард ва ман беихтиёр каф;оямро ба г;шти ў зер карда, хостам бо дастони хурди ло;арам худро дифоъ кунам. Вале ман ку;ову ин девори сангин куљо? Фикре бархост: шояд аз љойи љонаш ќапам? Аммо ин аз рўи одоб нест, охир мо намељангем-ку, Зулус барои куштани ман наомадааст ва он чизе, ки маро, як шањрвандро ба Фёдор Горбачёв бад кардааст, дифои шарафи љонпайвандаш мебошад ва ў омода аст барои духтари ягонааш каллаи њар касро канад.
Зулус, як одами серфарзанд, бо шиками худ бо як озори сахт маро фишурда, бо чунин беадабї, бе ран;и ви;дон мани бечораро ба хок яксон кардан мехост; ва дастони ман суст шуда, беихтиёр ба па;л;, ба дона;ои аз шарбат рехта ла;жид.
- Дард кард, дард сахтам додї! – нолиш кардам ман.
Ин Зулус нога;он маро бо дастњояш печонда, гўё бо чанголи чангакмонандаш аз ду рухсорам кашида п;сташро људо карда, маро ба осмон њаво дод. Муддати дуру дароз дар байни абр;ои пасти сафедранги пармонанд, коњрезакунакњои аз ;ониби кормандони осмон гузошта ва паррандагони а;ибе, ки ба ;у;ои би;ишт монанд буда, пушташон зард ва зери шикамашон мисли пўсти бадани кўдаки навзод гулобї аст, парвоз кардам ва кўшидам худамро байни болњои сустњаракати мурѓи илоњи љой кунам.
Вале њамааш бе;уда буд, Худованд маро тамоман тарк карда, ман мисли санг ба замин афтода, рост ба салиби бетонии к;;на бархўрдам, ки ;ан;з аз со;иби пештарааш монда, бекор дар назди сарой мехобид ва ;оло онро аз њама пахлуњояш алафу гулхор пахш намудааст. Вале аз чй сабабе љонам дарњол набаромад; шояд бо вазни афтиши ман буд, ки замин г;ё ларзиду нога;он кафид, дар зери ман чо;и бепоён будааст, вале ман ба он фур; нарафтам, балки дар болои салиб, чун дар болои гилеми парвозкунанда шино карда, доира ба доира давр зада поён фуромадам: варта шаффоф буд, мисли осмони шаби пурситораи тирамоњ, ки њар зарра чангаш ба чашми оддй намоён аст ва дар ѓояти њайрат, аллакай Зулусро фаромуш карда, хитоб кардам: «Худоё, чй гуна чуќур аст ин ;о!» Ва нола кардам аз дарди номаълуме, ки дилашро фишор медод, аз анд;;е, ки ман дигар ба р;и замин барнамегардам...
— Писарам, бедор шав. Чаро ин ќадар дод мезанї, гўё туро корд зада куштанд!
Модарам бо изтироб аз китфонам дошта такон дод. Ман то ;ол бењушу бе ёд бо душвории зиёд чашмони аз гиряву ашк варам кардаамро кушодам ва баз;р фа;мидам, ки ;амаи ин њазён будааст. Аз байни ашки чашмонам ба таври норавшан, рўйи офтобхурдаи пурчини модари азизамро дидам. Ў бо панљањои чун боли мурѓон сабукаш сарамро сила карда, гўё ба тани ман равѓани боли дуррољро молида, чун сипар мустахкам месохт ва дилсўзона сарзаниш кард: «Писарам, охир новаќташ хоб рафтї. Хоби пеш аз шом касро вазнин мекунад. Иродааатро ба даст гир, Пашаљон. Набошад, ана, њамин тавр, дар рўи диван пўсида, гузаштани умратро намефањмї. Ана, ман то њафтод соламро њис намекардам, як аср чунин фикр мекардам, ки медаваму мечањам. Ман сабадро гирифта, барои меваи буттањо ба ;ангал мерафтам, бо пайроња не, рост аз байни дарахту алафњо мерафтам, шоха;ои хушкида аз зери по, мисли гун;ишк;о парвоз мекарданд ...
Ман ба диван нишаста, пой;оямро болои фарши рангкарда гузошта хунук намудам, дилам сахт метапид, омода буд аз ќафаси сина љаста берун ояд; ва ба ;е; ва;; фа;мида наметавонистам: ё касеро кушта будам, ё имр;з маро куштанд. Хоби дидаам чун абр хира гашт, њассосияташ кунд шуд, вале дар сина чун пешг;ии воќеаи ногузире таъсири бад бо;; гузошт.
Модарам саросемавор гирди кулбаро давр зада, аксар ва;т, г;ё тасодуфан аз чорч;баи дар медошт, гоњ аз канори миз, ё н;ги дастмолчаи рўи вафлиро бардошта аз чизњои пухтааш розї мегашт, пирожки;оро рўгардон мекард, ки насўзанд. Мария Степановна чил сол дар нонвойхона назди хамиру тобаву оташдон меистод, бо дастонаш тонна-тонна ордро хамир мекард, монда нашуда ба сокинони дења нон мепухт ва ман борњо дар он љо дар зери миз, дар руи фарш хобида будам, ки бо барфи тунуки орд пўшида буд ва атрофам буи нон дошт.
Модарам ба болои пирожкињо хам шуда, гуфт:
-Имрўз ид аст, барои њамин кулчаќанд пухта лозим. Ва;ти ид мардум кулчаќанд мех;ранд. Мо дар Нюхча хамин тавр мекардем. Аз ёдат рафт, Паша? Вале дар ин ;о, дар Жабка, г;ё одамон зиндаг; намекунанд. ;ама чизро харида меоранд, тан;о нон мехўранд, чунон сахт, ки дандон намегузарад. Маро ба ;ои нохуб овардї, Паша... Ва чаро мисли ;омадони бе даста маро аз паси худ кашола карда мегардї? Мани кампир ба ту чї даркор? Ба синни ман расї, мефа;мї ки пиронсолон бояд дар як ;о нишинанд, сарсафед набояд ба касе халал расонад.
Бо як гўшам суруди њарваќтаи модарро гўш мекардаму ба маънии он сарфањм намерафтам. Вай таронаи ;амангез буд, бо ишора ба хотима дар ин наздикињо, ки марг дар беруни дар аст, дигар азият надењ ва назди гўри азизон, ба зодго;ам бар. Ба ;ар ;ои ;а;он, ки давї, оќибат бояд дар замин худ бихобї.
-Маро ба хона мебурд;, Паша. Кулба њанўз мустањкам, замин бењуда њайф мешавад, охир фоидаи зиёд медод, чй ќадар мењнат сарф карда будем. Њезумро бо сўхтан дар ду сол њам тамом карда наметавонї. Пўстини гусфандї, се палто ва як сандуки калон пур аз курта. Эњ, писарам, ман дар хонаи ту зиста, шиква надорам, вале худро мисли муше эњсос мекунам, ки дар ;евони каси дигар аст, аз љунбидан њам метарсам, ки яке нодуруст пой мемонам... Дар зодгоњам ба кўча ки баромадам, њама даст пеши сина гузошта, истиќбол мекарданд: «Салом, Маря Степановна. Биг;, азизам, ањволат ч; хел? Дар ин ;о њама мисли гунг, ;асам ба Худо, њангоми дар кўча дучор шудан, њатто чашмашонро мегурезонанд, ки набинанд, лаб намекушоянд, ки аќаллан як сухани ме;рубонона гўянд ...
Чй гуям: дар њакикат, Ватан одами масењиро ба худ мекашад, намегузорад, ки ором хобї, туро мудом ба наздаш мехонад, дар нимашаб ба пањлуят зада, ба наздаш мехонад, њама чиз туро даъват мекунад, ки ба вокзал рафта, чипта гирї, дер накунї.
Хайр чї гўям? Гап занам, ;айрон мешавед: ба ку;о меравед, бародарон, агар ;ама чиз пўсидаву рехта бошад? Мамлакати бузург гуфтан мумкин, бењуда аз байн меравад; танњо ба љумаки нефт такья мекунанд. Худо як ризќ додааст, вале крани охиринро бурида партоед - њама аз ташнаг; хо;анд мурд.
- Ман дар Нюхчаи мо будам, очаљон. Бароям афсонањои шумо маълум. Имр;з ;ар яхпораи к;чаки зодгоњ бароят мисли лўндаи ;анд ширин аст, на яхи сард.
Пан; сол пеш, ман ба як мошини роњгузар савор шуда, баз;р ба он љо расидам. Ва;те аз к;ли Кен дар болои мошини боркаш мерафтам, ;ариб буд, ки ба конки;оям савор шавам. Дења дар зери барф, дуди ятим дар чанд љояки дења боло мешавад, пайроња базўр ба назар менамояд, хафтањо нон намеоранд, чунки роњ нест. Барфтўда то тиреза мерасад, гуё њама мурдаанд, базур ба остонаи хонаи таваллудшудаам роњ ёфтам. Ба хона даромадам, модарам дидам, ки маро интизор набуд. Вай мисли зани гадо, дар тан чодари кўњнае партофта миёнашро бо ресмон баста, болои печка хам шудаст, дар чењрааш гарди хокистар, дар зонуяш косаи њалилоб, дастонаш дар дастп;шак, кампир ;ошу;ро баз;р мегирад, чашмони аз дуд хира гаштааш дуруст намебинад, ба дарди трахома гирифтор. Эњ, њаёти бевазан чист? шал;амча бошаду квас: шикамро пур мекунад, њатто зардаљўш мешавад, вале г;ё ки њељ чиз нах;рдааст.
Маро диду ;айрон шуд, аммо аз ;ой хеста натавонист. Ў гиря кард, дастп;шак;ояшро кашид, п;сти кафњояш г;ё дар оби ;;шон сўхта бошад, кафидааст. Ў гиря кард, илти;о намуд:
-Худо туро фиристод, писарам, дуои маро шунид. Паша, ман дигар дар ин ;о зиста наметавонам. Хаста шудам. Дигар наметавонам...
Ана, се сол боз дар ин тараф аст ва њоло њар як рўзаш гўё азоби сахт аст, гуё дењаи зодгоњаш саросар асал аст. Вале ку;о барам? Мањкуми маргшударо аз саллоњхона барнамегардонанд; шояд кулбаи хурдакаки мо дар давоми ин солњо тамоман рехтааст; пештар њам аз роѓи тиреза мушти кас медаромад - онро мушњо хоида буданд, муш;о тахта;ои фаршро њам х;рдаанд, шифти хонаро кирм хўрда гард-гард кардааст: бо китфи худ тела ди;ед - кулба пош хўрда мерезад. Њамааш њезум шудааст, њезум, факат касе нест, ки онро барои сўзондан истифода барад...
Свидетельство о публикации №223040700544