Даниил гранин мой лейтенант перевод на таджикском
Даниил Александрович Гранин (1919–2017) – нависанда, сенариянавис, публитсист, ходими ;амъият;. Муаллифи асар;о дар мавзуъњои ;арб;, «ша;р;», насри таърих;, мустанад. Барандаи ;оиза;ои давлатии ИЉШС (1976), Федератсияи Россия (2001, 2016) ва бисёр љоизањои дигар.
Дар ша;ри Волини вилояти Курск таваллуд шудааст. Донишкадаи политехникии Ленинградро хатм кардааст. Энергетик шуда кор мекард. Соли 1941 ихтиёрй ба фронт рафт. Аввалин њикояњои Гранин соли 1937 чоп шуда буданд. Роману ќиссањои солхои 60–ум навиштааш дар бораи мушкилот ва саъю талошњои олимони чавони шўравй – «Љўяндагон», «Баъди тўй», «Алайњи раъду барќ меравам», «Фикри шахсии ман» ва ѓайра ба адиб шуњрати зиёд оварданд. Соли 1979 дар ;амкор; бо Алес Адамович филми мустанади «Китоби муњосира»–ро офарид, ки тад;и;оти ми;ёсан васеи му;осираи Ленинградро дар бар мегирад. Насри таърих; навиштааст. Яке аз пурмуњтавотарин «роман;ои замони бозсоз;» – «Зубр»–и ; дар бораи сарнавишти генетики маъруф Николай Тимофеев–Ресовский буд.
Наср дар мавзўи љанг, очерк, публитсистика навиштааст. Дар кор;ои ;амъият; фаъол, ташаббускори як ;атор лои;а;ои фар;ангию хайрияв; буд.
ЛЕЙТЕНАНТИ МАН
(порча;о аз роман)
БОМБАБОРОНИ АВВАЛ
Тарси ;а;и;;, тарси да;шатнок маро, ки ;ан;з ;авон будам, дар ;анг фаро гирифт. Ин аввалин таркиш буд. Ќатораи мо – ихтиёриёни лашкари халќї, аввали июли соли 1941 ба чабња мерафт. Ќўшунњои немис босуръат ба самти Ленинград мешитофтанд. Баъди ду рўз поезд ба станцияи Батетская омад, ки аз шањр саду панљоњ километр дур аст. Сарбозони мо ба фаровардани бор шуруъ намуданд, ки тайёрањои немисњо ба мо њуљум карданд. Намедонам чанд адад буданд. Дар назарам, њаво аз он;о тира шуд. Осмони софи гарми тобистон садо бароварда, ларзид, садо баландтар шудан гирифт. Сояњои сиёњи парвозкунанда ба сари мо омаданд. Ман аз тепачаи роњи оњан ;елида, зери буттаи наздиктарин шитофтам, р; ба замин хобидам, сарамро даруни растанињо љо кардам. Бомбаи аввалин афтод, замин ларзид, баъд бомбахо тўда–тўда меафтиданд, садои таркишњо ба ѓулѓулаи пайваста табдил ёфт, хама чиз ба ларза омад. Тайёрањо пайињам барои нишон гирифтан поин мешуданд. ;адаф ман будам. Хама мехостанд ба ман тир зананд, ба замин нишеб гашта, ба њадде ба сари ман наздик меомаданд, ки шамоли гарми муњаррикашон муйњоямро тит мекард.
Тайёрањо фиѓон мекашиданд, бомбањо ваќти афтодан баландтар нула мекашиданд. Фиѓони он;о ба майна зада, ба сина, ба меъда медаромад, узвњои дарунро хароб мекард. Фиѓони ва;шиёнаи бомба;ои афтода фазоро пур карда, барои нолаи мо ;ой намемонд. Ин садои пурдањшат, тамоми э;сосотро аз ман берун кард, дар бораи чизе фикр кардан ;айриимкон буд. Да;шат маро пурра фур; бурд.
Боз як фиѓони омадани бомбаи аз тайёра партофта. Ман худро ба замин пахш кардам, ки бомба болотар аз ман ;уштак кашида гузарад. Инро аз тарс омўхтам. Ва;те вай ;уштак мекашад, ягон сония фосила њаст. Барои пок кардани ара;и часпак, ара;и махсуси зишти бадбўйи тарс ва лањзае сар боло кардан. Аммо он ;о, аз умќи кабуди офтобии осмон як ѓиреви нави ;ан;з паст ва ларзиши нав пайдо шуд. Ин дафъа салиби сиёњи тайёра даќиќан ба буттаи ман меафтад. Ман к;шидам худро ѓунча карда љуссаи бузургамро хурдтар созам. Ман ;ис мекардам, ки пайкарам дар болои алафњо намоён аст, пой;ои пайтобапечам метобанд, шинели дар пуштам печонда маълум аст. Бар сарам хок рехт. Њуљуми нав. Садои тайёраи поин фуруд оянда маро ба замин парчам кард. Охирин лањзаи умрам баробари ин ѓирев наздик меомад. Дуо хондам. Ягон дуоро намедонистам. Ман ба Худо бовар надоштам, бо диломи нави маълумоти олии худ, бо тамоми илми астрономия, ;онун;ои а;иби физика медонистам, ки Худо ву;уд надорад, вале ман дуо мехондам.
Осмон хиёнат кард, ягон диплому дониш ба ман кумак карда натавонист. Бо марг, ки аз њар тараф ба сўи ман парида меомад, тани танњо мондам. Лаб;ои тафсидаам пичиррос заданд: «Худовандо, ра;м кун! Маро наљот дењ, нагузор бимирам, аз ту илтиљо мекунам, ки бомба дуртар афтад, ба ман нарасад. Худовандо, рањм бикун»! Ман нога;он маънии ин ду калимаро, ки кай;о боз маълум аст, кашф кардам – Худовандо... ра;м бикун!.. Ум;и мадори то њол бароям номаълум кушода шуду аз он ;о сухани гарм ба зењнам омад, ки ;е; го; намедонистам ва боре зикр накарда будам. – Худовандо, маро ниго; дор, ба хотири ;ама му;аддасот... Бомба дар наздик; таркиду тани хунолуди касе ба њаво хест ва як пораи баданаш дар наздикии ман афтод. Манораи баланди хиштии насоси обкаш оњиста–оњиста, хомўшона, чун дар хобу хаёл, хам шуд ва дар болои ќатора афтидан гирифт. Дар назди локомотив таркиш ба амал омад ва тепловозро буѓи сафед печонд. Таркиш роњњоро вайрон кард, шпалањо парида, вагонњо чаппа мешуданд, тирезањои вокзал аз дарун ранги арѓувонї гирифтанд, вале њамаи ин дар чои дуртар буд, ман мекўшидам онро набинам, ба он тараф нигоњ накунам, ман ба пояњои сабз нигаристам, ки байни алафњо як м;рчаи сурх љунбуљўл мекард, як гамбўсаки ;афси сафед дар барги алаф овезон буд. Дар алафзор зиндагии муќаррарии тобистона бе саросемагї, о;иста, зебо, о;илона идома дошт. Худо наметавонист дар осмони пур аз нафрати маргбор бошад. Худо ин ;о буд, бо гул;о, кирм;о, ;ашарот ...
Тайёрањо гаштаю баргашта меомаданд, ин карусели дањшатбор интињо надошт. Вай мехост тамоми ;а;онро нест кунад. Наход, ки ман бояд на дар майдони муњориба, балки ;амин тавр њаќир, бе ягон амалиёт, бе ягон тир парондан бимирам? Ман норин;ак доштам, аммо нашавад, ки онро ба сўи тайёраи ба сарам бо фиѓон поиншаванда партоям. Тарс маро пахш кард. Ч; ;адар тарс доштам! Бомбаборон мав;;ои нав ба нави тарсу ;ароси зишти нангини пуриќтидорро ба ву;уд меовард, ман дар назди он ољиз будам.
Даќиќањо мегузашанд, маро накуштанд, маро ба як мањлули иборат аз обу лойи арзони ларзанда табдил доданд, дигар одам набудам, махлуќи ночизе шудам, пур аз вањшат.
... Хомуш; о;иста баргашт. Њама чиз чирс–чирс садо карда, дар оташ месўхт. Ма;р;;он нола мекарданд. Манораи обкаш тамоман чаппа шуд. Њаво тафсон буд, дуд ва чанг фазои бешамолро пур карданд. Фаќат осмони зарар надида буд ва бо њамон зебоии бенуќсонаш медурахшид. Паррандагон ба сурудан даромаданд. Табиат ба кори муќаррарии худ баргашт. Вай тарсро намедонист. Вале ман муддати дароз ба худ омада натавонистам. Дарунам холї буд, ба худ нафрат доштам, ;е; гумон намекардам, ки ман чунин тарсуям.
Бомбаборон кори худро кард, маро якбора ба аскар табдил дод. Воќеан, њамаи дигаронро низ. Да;шати дидаамон чизеро дар вуљуди мо дигар кард. Пас аз ин бомбаборонро ба таври дигар ;абул кардем.
Ман нога;он фа;мидам, ки он;о бесамаранд. Он;о пеш аз ;ама ба р;;у равон зарба мезананд, дар асл, ба аскар расидани бомба кори он ;адар осон нест. Ман ба осебнопазирии худ бовар кардам. Яъне ба аќидае, ки ман метавонам осебнопазир бошам. Ин э;соси махсуси сарбоз аст, ки имкон меди;ад оромона пано; ;;ем, бо садои мина ё бомбаи парвозкунанда ;ои шикастро муайян кунем. Ин интизории марг нест, балки ;анг аст.
Мо тарсро бо он рафъ мекардем, ки муќовимат менамудем, тир мепаррондем ва барои адў хавфнок мешудем. Дар моњњои аввали љанг аскарони немис бо тоскулоњ, шинели сабз, автомат, танк, њокимият дар њаво ба дили мо тарс меоварданд. Онњо дар назари мо шикастнопазир менамуданд. Аќибнишинињоро бо хамин эњсос асоснок кардан мумкин аст. Силоњи онњо пуриќтидор буд, шуњрат доштанд, ки љанговари њирфаиянд, ними Аврупоро гирифтаанд. Мо, ихтиёриёни халќ хеле хаќир менамудем: шими кабуди аспсаворон, ба љойи мўза попўшии паст ва бо латта печонда, шинели аз ќад дароз, дар сар пилотка.
Се моњ гузашт ва њама чиз таѓйир ёфтан гирифт. Мо бо чашми сарамон дидем, ки гулўлањои мо низ дар болои душман таркида онњоро нобуд мекунанд, немисњо низ дод мезананд, мемуранд. Нињоят, дидем, ки немисњо низ аќибнишинї мекарданд. Нахустин набардњои на чандон калони мањаллї рух доданд, ки немисњо фирор мекарданд.
Ин кашфиёт буд. Аз ма;бусон фа;мидем, ки мо – ихтиёрињо бо шими хандаовари лашкари савора низ дар дили онњо тарсро ба ву;уд меовардаем. Матонат, хашму ѓазаби љанговарони мо пешравии босуръати немисњоро дар хатти љабњаи Луга боздошт. Љузъу томњои лашкари немис дар ин љо дармонданд. Рўњияи пасти мо бо зарба;ои аввалини ;айратангез аз байн рафт. Мо дигар наметарсем.
Дар давраи муњосираи Ленинград мањорати њарбй баробар шуд. Љанговарони мо, ки гурусна буданд, тиру аслињаамон камтар буд, дар давоми 900 рўз мавќеи худро аз душмани шикамсер ва саропо мусаллањ бо руњи волои худ нигоњ доштанд.
Ман аз тачрибаи шахсии худ истифода мебарам, ба фикрам, таќрибан њамин холати аз тарс халос шудан дар њама љабњањо ба амал омад. Тарс дар ;анг ;амеша њаст, дар дили аскарони ботаљриба низ њаст, вале онњо медонанд, ки аз чї бояд тарсид, чї тавр рафтор кунанд, медонанд, ки тарс заифкунандаи нерў аст.
Тарси шахсиро аз тарси оммавї фарк кардан зарур аст. дувумї боиси талвосаи умум мешавад. Чунин аст мисол, воњимаи ба муњосира афтодан. Вай худ аз худ ба ву;уд меояд. Тирпарронии пулемётњои немис дар аќибгоњ, як нидои «Ињота карданд!» садо медињад ва метавонад фирор сар шавад. Он;о ро;ро муайян накарда, тан;о барои аз му;осира баромадан ба а;ибгоњ метозанд. Нигоњ доштани мавќеъ ва ниго; доштани фирориён ;айриимкон буд. Тарси оммав; андешаро фала; мекунад. Дар љараёни набард, вакте асабњо таранг мешаванд, як фарьёд, як тарсончак кофист, ки воњимаи умумиро ба вуљуд орад. Тарси му;осира мо;;ои аввали ;анг пайдо шуд. Баъдан мо аз му;осира баромадан, рахна кардани онро ёд гирифтем, дигар аз ињота шудан наметарсидем.
Ба тарс ханда мухолиф аст ва ин а;иб нест. Дар тарс ханда намекунанд. Вале агар ханданд, тарс мегузарад, вай ба ханда тоб намеорад, ханда ;ро мекушад, рад мекунад, вайро ;е; мекунад, ;адди а;ал як ла;за дур месозад. Ба ин муносибат як њикояро мехоњам мисол оварам, ки аз забони њаљвнависи маъруф Михаил Зощенко шунидаам.
Чанде пеш аз маргаш мањфили эљодии ўро дар Хонаи нависандагон ташкил карданд. Зощенко тањти фишор ќарор дошт, асарњояш чоп намешуд, нутќашро манъ карда буданд. Шаби эљодй ба таври пинњонї, зери пардаи њисоботи эљодї гузашт. Р;йхати даъватшудагон ма;дуд. Зощенко хурсанд буд, ў вактњои охир тањти назорат буд, ягон љо намерафт, ўро ба њељ љо даъват намекарданд – метарсиданд.
Мањфил самимї ва идона гузашт. Зощенко наќл кард, ки бо навиштани чињо машѓул аст. Ў силсилаи «Сад ќиссаи аљибтарини њаёти ман»–ро тартиб дод, баъзеи онхоро ба мо хикоят кард. ; аз рўи коѓаз нахонд. Ў дастнавис надошт. Аз афташ, њанўз онњоро сабт накарда буд. Яке аз он њикояхо бевосита ба мавзўи мо дахл дошт. Ман мекўшам онро аз ёдам, мутаассифона, бо суханони худам расонам, на бо он забони аљиб, ки онро танњо Михаил Зощенко навишта метавонист.
Ин воќеа дар љанг, дар љабњаи Ленинград рўй дод. Як гурўњи разведкачиёни мо бо роњи даруни љангал мерафтанд. Охири тирамоњ буд. Барг дар зери по хиширрос зада, шунидани садоњоро душвор мегардонд. Онњо автоматњоро дар њолати омода нигоњ дошта, кадам мезаданд. Зиёд роњ рафта, осуда шуданд. Ва нохост дар як гардишгоњи роњ бо немисњо рўбарў шуданд. Онњо низ гурўњи хурди разведкачиён будаанд. ;арду гурўњ гаранг шуд. Бе фармон немисњо дар як тарафи роњ ба чуйбор љањиданд, сарбозони мо дар тарафи дигар. Ва як аскари немис бо хотири парешон ;амро;и сарбозони ш;рав; ба як ;;йбор ;елид. Ў хатояшро дарњол нафањмид. Аммо ваќте дар пањлўяш аскари пилоткапўшро дид, питиррос заду аз тарс доду фарёд баровард, љањида, баргњои рехтаро тит карда, шитобон ба суи аскарони худ давида рафт. Да;шат ба ; нерў бахшид, аз э;тимол дур нест, ки ; дар ;а;иш рекорд гузошт.
Инро дида, аскарони мо хандиданд, немисњо низ. Онњо дар љуйњои сари роњ рўбарўи њам, автоматњо омода менишастанд ва ба он аскари љавони бечора хуб хандиданд.
Баъди ин тирпарон; бемаъно шуд. Ханда њамаро ба эњсоси умумибашарй пайваст. Немисњо хиљолатмандона ќад–ќади хандаќ ба як тараф рафтанд, аскарони мо ба тарафи дигар. Бе ягон тирпаронї пароканда шуданд.
БОЃИ ТОБИСТОНА
Пеш аз ;удо шудан ба љабњањои гуногун мо се дўст дар паси Кохи Петр, дар пушти як оли;аи Рими ;адим дар ќафои мармариаш вох;рдем. Ин ;ои д;стдоштаи мо буд. Муло;отњоямонро бо духтарон дар ин љо мегузарондем. Ин чо сояву салќин буд, нурњои доѓмонанди хуршед дар рўи алафзори даравшудаи Боѓи тобистона танбалона харакат мекаранд.
Бен ба ќисми артиллерияи зиддињавої – зенитї љой шуд, Вадим ба артиллерияи њифзи соњил. Онњо аз тупњои худ фахр мекарданд, њарду рутбаи лейтенантиро замони дар донишгоњ хонданашон гирифта буданд, ќуббањои сурх дар бари гимнастёркањои навашон медурахшиданд. Либоси афсарї онњоро дигар кард. Махсусан Вадим зебо шуд: фуражкаи нўгаш ба осмон, чунон ки худаш мегуфт фуранка, камари борикаш бо тасмаи нўгаш ситорадор баста. ;амааш ;илонок ва дурахшон. Дар тани Бен либоси њарбї мисли халта ба назар мерасад, њоло ба тани ба либоси шањрвандї одаткардааш «нанишастааст», андўњаш низ шањрвандона, андўњи људоии ќарибулвуќуъи моро бартараф карда наметавонист.
Ман ба он;о баробар набудам: гимнастёркаам – б\у, х\б – ќаблан истифодашуда, пахтагину когазї, дар поям – м;за;ои аллакай дар пойи касе фарсудагашта, попўшии аз болояш латта печонда ва болои њамаи он, шими кабуди аспсаворон. Ба мо, ихтиёриёни лашкари халќї ана њамин тавр либос мепўшонданд. Баъди чанд сол ман як сурати тирашудаи он рўзњоро ёфтам. Рассом–аксбардори олиљаноб Валера Плотников бо компютер ва љоду карданњо муваффаќ шуд, ки мо ;ар сеи моро аз торикии вох;рии охиринамон ба олами равшан барорад ва ман худро дар он намуд дидам. Бо чунин афту башара, бо чунин либос, маълум мешавад, ки ман ба љанг рафтам. Ёд надорам, ки он;о ба ;олам хандида бошанд, аниќтараш, хашмгин шуданд: во;еан, оё наметавонистанд ба мани ба ќавли Вадим ихтиёрї сафарбаршуда либоси дурусттар пўшонанд!?
Онњо бо хашму ѓазаб аз даъватномаи умумї иќтибос оварданд, ки дар њама гуна њамоишњо изњор мекарданд: «Синаро сипар карда, ба муњофизати Ленинград бархезед!». Бо сина. Маълум мешавад, мо дигар чизе надорем? Бо сина бар зидди пулемётњо, танкњо мељангем? Ифодаи абла;она, аммо, аз р;и пойтобањо, мо пеш аз ;ама – бо сина бархестем алайњи душмани саропо мусаллањ!
Ман гуфтам:
– Ташаккур барои њамин пойтоба;о. Ман баз;р амонати (брон) худро бекор кунондам, ки ба гурўњи ихтиёриёни лашкари халќї дохил шавам.
– Яъне чун аскари ќаторї дар сафи аскарони пиёдагард? Пурсиданд, ки ба ман лашкари халќї барои чї лозим? Онњо як тўдаи љангро наомўхта, гўшт барои тўпи душмананд. ;анг кори соњибкасбон аст, – гуфт Бен.
Дилсўзии онњо маро ба њаяљон овард. Онњоро хушбахти замон мењисобидам. Дар донишгоњ аз Вадим умеди калон доштанд. Худи академик Фок, яке аз аркони физикаи назариявй, умед бар ў дошт. Њама бовар доштанд, ки Вадим Пушкарев барои кашфиёти бузург ба дунё омадааст. Бен ;ам чун риёзиётдон маъруфият дошт, ;ро шахсияти маъруфи дигар Лурйе сарпараст; мекард. Доктори илм буд, ё аъзо–мухбири академияи илмњо.
Ман аз дўстии онњо фахр мекардам, ки маро ќабул карданд. Аз ман, муањандиси ќаторї, ягон кас ягон умед надошт... Дар байни онњо ман як одами одї будам. Нисбат ба ман онњо ашрофзода ба назар мерасиданд. Њарчанд дар вуљуди ман ѓурур ва озодї мањв намегардад. Он;о ;ам маро барои кадом як сифатам д;ст медоштанд.
Вадим аз кисааш обдони пури араќро баровард, аз они падараш будааст, аз замони љанги якуми империалистї будааст, – фањмонд ў. Мо бо навбат нўшидем ва сурат гирифтем. Бен як суратгираки хурд дошт. Аз як ро;гузар хоњиш кардем. Чашмаки дурахшони объектив ба мо менигарист, аз он љо нога;он нафаси сард омад, як лањзае пардаи туман бардошта шуд, ба ояндаи номаълуме ишора кард, ки ;амаро интизор буд. Вадим ;идд; шуд, Бен моро ба о;;ш кашид ва итминон дод, ки мо бояд душманро ба осон; ма;луб кунем, ;амин ки "омили зарбаи ногањонї" гузашт, мо он;оро бо зарбаи сахт пахш мекунем, чунки
...аз љангалистон то бањрњои Британия
Лашкари Сурх
аз ;ама
;авитар аст!
Мо ;удо шудем, бовар доштем, ки ба муддати кўтоњ. Ба њар восита мо душманро торумор мекунем.
Ба зуд; дилсард гаштем, сардї ба ноумед;, ноумед; – ба хашм нисбат ба немис;о ва ;ам ба сарварони мо мубаддал шуд, вале ба њар њол, бовар бо;; монд, бовари ѓазаболудаи девонавор.
Мо аз хиёбони асос; баромадем, худоёни Рими ;адим ба мо ниго; карданд, барои онон ин аллакай як бор рух дода буд – ;анг, су;ути империя, вабо, тахриб;о.
Мо;и ноябр ман аз Бен, аз љабњаи Карелия нома гирифтам, вай ба батареяи зидди;аво; фармон медод, тан;о дар сатр;ои охирин, аз афташ, ;уръат намекард, дар бораи марги Вадим дар наздикии Ораниенбаум сухане навиштааст, ;узъиёташ маълум нест, хабарро њамсабаќњо ба воситаи њамдигар расондаанд. "Аммо ман ба ин бовар намекунам" – бо ин номаро анљом дод Бен. Он ва;т ман аллакай ба марг одат карда будам, аммо ба ин хабар ман ;ам бовар накардам. Ман умуман ба љанг бовар намекардам ва њоло њам бовар надорам.
Ин ;ам а;иб, ки ман ;е; го; дар бораи ин а;оибот фикр накардаам, ман онро як тасодуфи хандаовар медонистам, на чизи бештар аз он.
Ишќи ман дар моњи июни соли 1941 аланга зад, аниќтараш, то њамон субњи якшанбе, 22 июнь, ваќте пагоњї ба Дудерхоф рафта, дар гулзор сайру гашт мекардем ва барои худ макони хилват мељустем. Нияти ман, чунон ки баъдтар эътироф кардам, хеле бад буд. Дар он сол;ои ;авонии шадид ман ;е; имкони аз зан гирифтани чизеро, ки мебоист бахшад, аз даст намедодам. Худи он;о чунин калима;оро истифода мебаранд – "мехо;ам", "медињам", "ман намеди;ам", "ба касе хо;ам, меди;ам". То ;ол ман бо занњо сару кор доштам. Кай, кї аз бакорат мањрум кардааст, ман намедонистам, ба дасти ман занњои «таљрибадор» меафтиданд.
Вале инљо кори дигар буд. Комилан дигар. Ман ;ис мекардам, ки вай духтар аст. Дарво;еъ, ин маро бештар аз шодї меарсонд. Он р;з;о муќаррароти ахло;; таассуб мањсуб намешуданд. Тавре баъд фањмидам, тарс ўро бештар аз ман фаро гирифта буд.
Р;зи каб–кабуди пур аз шукуфтањои сирен, бо гармии нав фарорасида, муаттар њангоми баробаршавии шабу р;з, шаб;ои сафед, хунро ба љўш оваранда буд. Муносибатњои мо хеле наздик шуда, ба њадди нињої расиданд. Аз ин садд гузарем, ё рад кунем? На ман ќафо гаштан мехостам, на вай. Ў нияташро тахминан медонист ва ман инро мефањмидам. Ва аз ин ба њоли худ бисёр механдидем. Вай хандида, сарашро ба а;иб партофта, м;и сиё;и худро алвонљ дода, хитоб кард: "О;, об!". Дандон;ои сафеди ў дурахшида ба амал даъват мекарданд. Лаззати хандаи ў маро ба њазлу њозирљавобї илњом мебахшид. Мехостам дубораву себора дили ўро ба даст орам. Даври оши;ии мо се мо; давом кард, барои ман њоло басанда набуд. Дар байни хушдорњояш амак–љанобони калон низ буданд. Як мансабдор ўро ба тарабхона мебурд, бо заѓораи фишурдаи моњї зиёфат медод, ки аз ин ; фахр намуда, ба иззати нафси ман мерасид. Боз як ходими калони лабораторияи марказй, албатта, як марди боистеъдоди зебо буд. Бањонае ёфта, ба лаборатория сар халондам, ки ба њариф назаре кунам. Дарвоќеъ, маълум шуд одами хушахлок аст, аз ман баландтар, мўйљингила, бо табассуми пурмењр. Римма муболиѓа намекард, ў њељ дурўѓ гуфта намедонист, бо рост;авлии худ ба худаш зулм мекард.
Дар китобхонаи фабрика ма;аллаи амрикоиро оид ба электротехника гирифта, ба кисаи пиджакам гузоштам, то ки му;ова ва сарлав;аи рангааш аз берун ба чашм намояд. Бинад, ки ман хам аної не. Дар Дюдерхоф њам худамро нишон додам – аз хандаки васеъ љањида рекорд гузоштам. Аз ку;ое ма;орату тавоно; пайдо мешавад, ;аризаи аз ќадим бо хун омада нохост ба кор меояд, нерўи зебои табиї ба одам бармегардад, бе мондашавї суруд мехонанд, парандањо сари худро даре; намедоранд, даъвати ошиќонаашонро, на тан;о ба хотири љинси модина пахш мекунанд, бањор аст, ки ба онњо нерўи хаётй мебахшад ва љинси нарина инро тасдик мекунад, худро месозад, худро боло мегирад.
Ягонагии хушбахтона бо табиат. Мо њамхунем, мо њам омодаем суруд хонем, дар алафзор даводавї кунем, кашокаш кунем.
Пеши назари мо сабзазори атрофаш баста пайдо шуд, онро меъмори чангал махсус офаридааст. Мо дароз кашидем ва оѓоз гашт бозии ламс кардан, бўсидан, баъд боз ламс кардан. Дандон;ои сафед, нафаси тозааш ба назари ман шарбати омодакардаи табиат менамуд, г;ё ин р;зро, барг;ои шаффофи ;авонро меб;сам.
Пас аз он ман зуд–зуд аз худ мепурсидам: чаро лабони дигар, бадан;ои дигар, њамчунон зебою ;авон, барои ман чунин лаззати ;исмонї надоштанд?
Дарахти булути болои сари мо офтобро бо т;ри сабзи худ дошта гирифт, р;з ба мо гармии роњатбахш ва хушбахтї навид медод. Нога;он овози одамон ба гўш расиданд. Овозњои баланду да;ал. Дигарон ба он;о посух доданд, аз чап, аз рост. Зуд ба мо наздик шуданд.
Бархеста, сарбозони дар cap пилоткадорро дидам. Он;о зан;ирвор саф кашида, пеш рафтанд, тава;;уф карданд, баъзе аломат;о гузоштанд. Лейтенанти хурде, ки дар сурохии тугмачааш як аломати кубик дошт, ба назди мо омада гуфт:
– Равед, ;оло дар ин ;о мумкин не.
– Худаш чї гап? – пурсидам ман.
– Љанг, – кутоњакак гуфт ў ва ба тарафе давид.
Сабаби абла;онатаре барои рондани мо ба сари њељ кас намеомад. Рўз њам ба ин бовар накарда, бо навои њазордастон сурудшро идома дод. Мо зуд рафтем, даст ба дасти њам дода, медавидему механдидем ва Римма боз њам дилработар мегашт.
Бего; баргаштем. Поезд пур буд. Мо дар тамбур – дањлези вагон ба њамдигар љафс шуда меистодем ва аз ин шод будем. Дар гирду атроф дар бораи љанг, бомбаборонкунињо гап мезаданд. ;анг бо к; – бо немис;о? Ман ;айрон будам, бовар намекардам, аммо аллакай фа;мидам, ки ин ;а;и;ат аст. Ин ;а;и;ат чї гуна аст, ;е; тасаввуроте надоштам, аммо изтироби умум; ни;оят моро њам фаро гирифт.
Маълум набуд, ки достони ишќи мо ч; гуна љараён мегирифт, шояд зуд тамом мешуд, чунон ки бо дигарон буд, ;авон; ошиќињои нав ба нав металабад.
Аз вокзал ба завод рафтам. Чизеро, ки дар борааш сухан меронданд, дарк намудан, ба он бовар кардан лозим буд.
Дар завод аллакай номи худро ба сафи ихтиёриён навиштан оѓоз гашта буд. Дар назди дари комитети њизбї ва комитети комсомолї навбатњо пайдо шуданд. Ман њам тасмим гирифтам, ки сабти ном кунам: ч; гуна ;анг бе ман мешудааст?
Фа;мидани он душвор аст, ки дар ин амал ч; бештар буд – њисси шуњратхоњї, ватанд;ст;, мољарољўї. Ман ;ангро ;идд; ;абул намекардам. Имконияте ба миён омад, ки дар Германия сайру гашт кунам, ба фашистон сабаќ дињам. Мољарољўии ман дар сурати а;ибе ;айричашмдошт зо;ир шуд. Боре ба Ленинград омадани Юрий Олешаро фањмида, наздаш ба мехмонхонаи «Европа» рафтам. Чаро, барои чї? – навакак романи ў «Њасад»–ро хонда, мафтун шудам ва ќарор додам, ки фикри худро ба ў баён кунам. Дўстам Костя розї шуд ва ду студент дари хонаи Юрий Карловичро кўфтем. На гул, на торт барои тўњфа, њатто ягон бањонаи боаќлона ба сар наомад. Олеша нишаста њамроњи занаш чой менушид, ё шояд шароб, ман нафа;мидам. Аз остона омадани хонанда ба шавќ эълом шуд. Ман дар зинапоя каме сухан гуфтам. Юрий Олеша хомўшона моро гўш мекарду мунтазири он буд, ки баъд чй мешавад, шояд фикр мекард, ки мо хомўшии ба миёномадаро чї тавр бартараф мекунем. Ин корро занаш кард, ба ў фармуд, ки «бачањо»–ро ба хона даъват кунад.
Дар ёд надорам, ки баъд ч; шуд: со;ибхона дар бораи сенарияаш чизе гуфт, ки бояд ба навор гирифта шавад. Бе тава;;у; пурсид, ки мо дар ку;о та;сил мекунем. ; чизи арзишманде нагуфт, ки ман баъдтар и;тибос оварам. Ин сафарро бењуда шуморидан мумкин. Вале, ба ;ар ;ол, Юрий Олеша хеле зиндадил шуд ва ман китоб;ои ;ро бо ме;ру муњаббат боз хондам – ин одами к;то;ќади дар рафтор дурушт ч; ма;орате дар идора кардани вожа дошт ва ч; гуна хондани китоб;ои дигаронро медонист.
Маро аввал ба сафи ихтиёриёни лашкари халќї нагирифтанд, ман дар СКБ – бюрои созандагони дар назди сарбундгари танкњо Ж. Я. Котин чун муњандис номнавис гашта будам. Вай ба комитети партиявй, ба саридора, ба комитети комсомол шикоят кард. Чунин шикоятњо зиёд буданд. Пас аз як ;афта ба ман муяссар шуд, ки бронамро бекор кунам. Ба дивизияи якуми лашкари халќї «1 ДНО» дохил шудам. Ман шод будам. Аз чї?.. Ишќ бояд маро аз ин иќдом нигоњ медошт, оѓози достон бад, ихтирои танки нав њама эњсоси ватандўстиро ќонеъ мекард.
Моњи сеюми чанг ман дигар моњияти ин ќарор, якравии худ, ташвишњоро нафамидам.
Рост, бодиќќат назар андозем, мебинем, ки ќариб њамаи бачањои мо – Вадим, Бен, Илья, Леня ба артиш рафтанд. Бо сафарбаркунии комиссариати њарбї. Костя мисли ман дар пажуњишгоњи радио брон дошт ва онро бо ду дасташ дошт.
– Ман намехо;ам кишварро бо синаи худ дифоъ кунам – гуфт ;.
– Ин ифодаи ма;оз; аст, на ба маънои асл;.
– Оё ба ту милти; доданд? Не? Ана њамту. Ту бо ч; ме;ангї?
;е; чиз маро боздошта наметавонист, ман пеши Римма дар тан гимнастёркаи б/у – то ман касе пўшида, галифеи кабуди аспсаворон, пойпўшњои вазнини болояш латтапеч пайдо шудам, хандаовар менамудам, аммо худро шоњзода, савораи чобук эњсос мекардам. Оњ, агар таппонча дар камар медоштам, вале ба ман танњо противогаз ва пеш аз фиристодан ба муњориба шишае бензин медоданд.
Муаммои асос; бароям он буд, ки чаро вай ба ман бартар; додааст. Инженери навкор, аз оилаи камбаѓал, падар дар Сибир, зо;ириан – ;амтуяк, суруд намехонад, ягон асбоби мусиќї наменавозад, варзишгар хам не. Мепурсам, ки сир дар чист? Саъйи абад; барои шар; додани асрори иш;.
Бакорати ў далели муњаббати ў буд, маънои зиёде дошт. Ба мардњо низ пок будан э;соси наљиб аст. Ба ;ар ;ол, он шаб наѓз дар ёдам мондааст. Мо аз кати ѓиж–ѓиж садо бароваранда ба фарш фуромадем, модару хоњарам дар хонаи шафат хобиданд; азбаски садоњои моро мешуниданд, ба шодии бењад, фарьёд задан, гиря, худдорї накардан, чун њайвонот худро пурра ба ишќ додан халал мерасонд. Аммо ба ;ар ;ол, ин худдории гуворо буд бо осмони шабона, бо гурриши изтирории прожектор;о ва шамолак аз тирезаи кушода. О;ози иш;, шохаи нав сабзида ба с;и ситорагон, дурињои беохир мерафт, ба назар менамуд, ки ;амеша чунин хо;ад монд.
Њафтањои охирини дар шањр буданам, пеш аз рафтан ба љабња, ташкил кардани дивизия, машќ дар боѓи Шереметьево, картањои озуќа, бомбаборонкунй – хама чиз аз бари мо бе мамониат гузашта мерафт, ба муносибатњои мо халал намерасонд.
Дар њама чиз – дар чанг, дар ишќ, корти ѓизогирї камтаљриба будем. ;е; кас ;изо захира намекард, касе дар бораи эвакуатсия – љондани мардум фикр намекард. Бо ву;уди ин, мо рўи абр;о парвоз намекардем, заминї будем, рост ба идораи ЗАГС рафтем. Ман пешнињод кардам. Дасту дилро не, пешнињод кардам, ки аќди никоњ бандем. Пешни;оди сирф ти;орат;. Моњи сеюми љанг, сентябри соли 1941 буд, немисњо ба муљассамаи Пушкин наздик омаданд. Ман медонистам, ки ин издиво; оянда надорад, ман њам оянда надоштам, зеро то он ва;т ман бовар њосил кардам, ки Олмонро ма;луб кардан осон нест ва махсусан барои аскари пиёдагард зинда мондан дар ин ;анг хеле душвор аст. Дар он соли аввал дар хатти пеши фронт як аскар ба њисоби миёна чор рўз зиндагї мекард. Римма аќаллан метавонад аз ишќи аввалинаш ба аскари чавон ёд кунад, гоње оњ кашида, лањзањои ширинро ба ёд орад.
Аттестатамро нишон додан бароям маъќул буд, чизи дупула бошад њам, ба њар хол хати барот…
Дафтари ЗАГС дар кўчаи Чайковский баста буд, он;о аз хавфи бомбаборони душман ба пано;го;е рафтанд. Ба бинои ЗАГС–и Владимир снаряд афтодааст. То майдони Стачка рафтем. Тайёр будем, аз ЗАГС ба ЗАГС рафтан гирем, ду бор, се бор сабти ном кунем, дар зинапояњо интизор шавем... Ни;оят, ба њадаф расидем, Римма дар шиносномааш м;;ри оиладор шуданро гирифт, ба њуљљати сарбозии ман барои м;;р љой набуд.
Шањр бе гул буд. Дар Невский дар ;а;вахонаи «Норд» ба мо кулчаќанд бо мураббо, ;а;ва, як љуръа шароб пешкаш карданд. Пешхизмат чун фа;мид, ки т;й дорем, ба мо эклер – пирожнии идона овард. Римма, хушбахтии ў, чашмонаш, хандањояш љойњои холимондаи мизро пур карданд. Ба ман танњо нигаристан ба ў кофї буд. Барои зан ќаќди никоњ, тўйи ар;с; маънои бештаре дорад. Ман тан;о ба ; бо њавас менигаристам, њазлу ш;х; мекардам, талаб менамудам, ки ч; гуна блин – чалпаку кулебяка – пирожкии дарозрўя бо гўшту моњї пухтанро ом;зад.
Мо барои зиндагии муштарак ягон на;ша надоштем, ман ба љабха баргаштам, вай ба завод. Рўзи гарм, куртаи кабуди тобистонаи пеши бараш чуќур бурида, нишони хурди тиллої дар сари синаи аз офтоб сурхшуда. Инчунин – як р;ймоли абрешими кабуд, ё гарданбанд. Нога;он дарк намудам, ки ѓайри падару модарам тан;о ; касест, ки хотираи маро пос медорад, ба воситаи ; ман боз як муддат дар ин дунё мемонам. Вай интизор мешавад, ман ;ро дар сафи пеши љабња бо њасрат ёд мекунам…
Тарљумаи Љумъа Ќуддус
Свидетельство о публикации №223040800440