Екимов Борис Петрович Лето перевод на таджикском

Борис Петрович Екимов (соли таваллудаш 1938) носир ва очеркнавис. Барандаи Љоизаи давлатии Федератсияи Россия (1997), мукофоти «Ясная Поляна» (2014) ва дигар љоизањои бонуфуз.
Дар шањри Игаркаи кишвари Красноярск таваллуд шудааст. Дар завод механик, танзимгар, барќчї, дар дењот бинокор, муаллими мењнати мактаб шуда кор кардааст. Навиштањояш бори аввал соли 1965 дар маљаллаи «Гвардияи љавон» ба табъ расидааст. Донишкадаи адабиёти ба номи Горкийро хатм кардааст.
Муаллифи беш аз 200 китоби њикоя, ќисса, романњо. Асарњои машњуртаринаш, ки ўро чун адиб ба мардум муаррифї намудаанд: – маљмўањои «Бозгашт», «Ситораи чўпон», «Торољ», «Тирамоњи соњили Дон», «Рўз бедор мешавад», романи «Пиночет». Солњои 90–ум як ќатор очеркњои бадей – публицистї дар бораи хароб шудани дењоти шимоли соњили Дон ба табъ расонд. Мавзўи асосии Екимов, ба аќидаи мунаќќидон, «њаёти одами одї» аст, ки барояш виљдон ва мењнат арзишњои асосї мебошанд.


Асали ќоќу
 
Ќоќу боз гул кард. Аммо њоло дар байни сабзаю растанињои бисёррангаи хавлї лаъличањои зарди он шармгинона ба ин тарафу он тараф менигаранд. Аллакай дар боѓ њама шукуфон гаштаанд: бобуна, патунии сафед ва арѓувон, норинљии "офтобї", календулаи зард, лўбиё, каду, нахўд. Охир тобистон шуд. Аз ин рў, ќоќу ба чашмњо камтар аён мешавад. Аммо саробонњои асили сахї ба ќадрашон мерасанд, онњо аз болои сабади тиллоии онњо намегузаранд, дурусттараш, парвоз намекунанд. Ва њоло дар он љо занбўру шабпаракњо љунбуљўл доранд. Аммо агар хам шуда бо диќќат назар кунї ва бо пурбин нигарї, аз тааљљуб нафасат ба дарун меафтад: дар он љо, дар даруни бешазори зичи гулбаргњои заррин зиёфат болои зиёфат аст. Пашачањои хурдакак мекўшанд њарчи бештар њаќ ситонанд. Дар њар як сабадча чандин зиёфатхўр њаст! Таќрибан бист мењмончаро њисоб кардам, ки сари њисобам гум шуд. Ќоќуи тиллої шоњвор ќомат рост карда, аз гулаш ба мењмонњо саховатмандона шањду шарбат медињад.
Аммо ин тасвир акси рухдодаи чанде пеш аст. Иди Ќоќу дар бањор аст, ваќте гулњои дигар њанўз хобанд.
Баъзан дар моњи апрел, дар рўзњои офтобї, дар ягон љойи дуртар аз манзили одамон ба сањрои пур аз гулњои ќоќу дучор гашта, ба њаяљон меої, аз рангњои фаровони заррин роњат мекунї: аз дурахши гулњои зард чашмат сиёњї мезанад. Ва дар дења, дар боѓњо, дар заминњои њанўз холии киштнашуда иди ќоќу барпо мегардад. Имрўз он љо бањри дамон буд, мављи гулњо буд.
Абр, ки хест, рўйи гулњо баста мешавад. Дар њавлї дарњол дилгир мешавї. Руз офтобї бошад, дастархони заррин густурда мешавад. Њама чиз дар он њаст: асал, рўњу равони ширин, роњати чашм. Дар болои он садои шодию ѓавѓои ширин. Њама онњое, ки парвоз мекунанд – занбўри асал, пашшачањо ва шабпаракњо – зиёфат мехўранд ва туњфаи саховатмандонаи соњибони маъракаро бо худ мебаранд.
Њоло соли Ќоќу аст. Ва на танњо дар ноњияи мо.
Аввали моњи май ба Москва рафта, дар Переделкино зиндагї кардам. Он љо бањри Ќоќу аст. Ба њар љое равед, – ба Лукино, ба Солнцево ва кадом тараф нигаред, гулњои калон, вазнин, мисли порчаи тиллоро мебинед.
Дар он љо асали Ќоќу ба ёдам омад. Дар бораи он дар фермае ба ман як пиразани ќазоќ наќл кард. Чой хўрдем ва ў як кўза ширинии шаффофи заргунае рўи миз гузошт. «Май, май», – гуфта табассум кард.
Асали моњи май дар кишвари мо ихтироъи асалфурўшон барои савдои бењтар аст. Дар бозор мепурсанд: «Чї хел асал?». Чавоб медињанд: «Майї. Муолиљавї». Њарчанд моњи май онро њељ кас аз занбўрхона намекашад. Асали якум аз гули аќоќињо ва санљид мешавад. онњо баробар мешукуфанд ва шираи хуб медињанд.
Пештар лўлињо асали моњи майро савдо мекарданд. Онњо дар сањни њавлињо гаштугузор карда, фарьёд мезананд: «Май! Асали май! Барои саломатї муфид!»
Њамин тавр, пиразане, ки ба ман чой дод, гуфт, ки замоне, дар љавониаш, лўлињо як њафта дар њавлии ў истоданд. Онњо шакар оварданд, гулњои ќоќуро чамъ карда љўшонданд. Ва онро асали майї гуфта, дар хуторњо фурўхтан гирифтанд. Барои савдои «Асали май» ба фермањо низ рафтанд. Ва каме ба кампирак њам додаанд. Ба вай писанд омад ва њар бањор барои худаш «асали ќоќу» мепазад.
Мураббои тиллоранги хушбўй, ё асал ба ман њам маъќул шуд...? Ва бањори оянда, ман худам пухтам. Саракњои тиллоии онхоро буридам, шустам, ќандоб, сипас шарбат омода кардам ва љўшонидам. Бад нашуд. Аз он ваќт инљониб, на њар сол, аммо бисёр ваќт асали Ќоќу мепазам.
Дар фасли зимистон кўзаро мекушоед ва дарњол бўи бањор, моњи апрел ба димоѓ мерасад. Майдони заррини назди совхози «Ќамишињо» ба ёдам меояд. Ваќте ки ў дар замини гарм хобида, садои занбўри асалро гўш мекард. Боз як хотира аз тобистони диёр.


Рўзи дарозтарин
 
Дарозтарин рўз, медонед, ки дар моњи июн аст. Дар Россия аз нуздањум то бисту панљум рўз њабдањ соату сию њафт даќиќа давом мекунад. Ва дар бисту шашум кўтоњтар мешавад. Њамагї як даќиќа, аммо камтар мегардад. Рўзњои дигар боз як даќиќа, баъдтар ду, се даќиќагї. Поён шудан мегирад. Албатта, дар пеш рўзњои зиёди тобистон њастанд, аммо онњо рўз то рўз кўтоњтар мешаванд…
Дар рўзи дарозтарин сањар, соати чор, аз хоб хестам. Аллакай атрофро дидан мумкин. Хатти уфуќи субњ зардї мекунад. Дар њавлињои дења хурўсњо љеѓ мезаданд. Дар пеши чашмам шабнам пайдо шуд: дар болои баргњои пањншудаи карам ќатрањои сабук рехта, вазнин шуданд. Баргњои тирмонанди пиёз аз шабнам тар шудааст. Вале дар боѓ, дар зери дарахтон, хама чиз хушк ва њоло шаб аст.
Хурўси њамсоя болњои худро афшонда, як бор, ду бор ва дарњол севум бор љеѓ зад. Дар хоб мондааст, њоло ќусурашро мебарорад. Дар шарќ осмон гулобї шуда истодааст. Аввал дар як давраи хурд, баъд баландтару васеътар пањн мешавад. Ва њоло субњ аллакай нисфи осмонро фаро гирифтааст. Дар љое, ки ман намебинам, дар паси дарахтон, офтоб тулўъ кардан дорад.
Пагоњї каме сард аст. Њароратсанљ дањ дараљаро нишон медињад. Чуќур нафас кашед, аз њаври дањонатон буѓ мебарояд. Хурўсњо оњиста–оњиста хомўш мешаванд. Дар паси дењаи назди ќабристон зоѓи шабона дар сафедорњои кўњна нишаста аз хоб бедор шуд. Ќар–ќар кард. Ва дар боѓ аввал парандаи кабудак сиёњї кард. Гунљишки хоболуд аз таги девор парида, болои дарахти гелос нишаст, чириќќос зад ва буттамеваи гулобї хўрд. Ваќти он расидааст, ки ман њам нўл занам. Ќот = смородина кам–кам пухта мерасад. Дар зери буттамеваи пањнгаштаи тютина замин сиёњ метобад. Гелоси барваќтї нав ранги сурх гирифтааст, аммо ба худ љалб мекунад. Ба њама басанда аст – њам ба гунљишкњо ва њам ба мо, гунањкорон.
Уфуќи субњ месўзад. Гулхани осмонї пастттар мефурояд, гулобї, арѓувонї мешавад, хеле паст омада, ранги малинаро мегирад, оташи лахчањояш хомўш мегардад. Дар ким–куљо, дар паси дарахтон, офтоби калони арѓувонї аз паси як кунљи замин пайдо гашта, зуд боло мешавад.
Хурўсњо хомўш шуданд. Сукут шикаст. Дар боѓ хатњои зарди нури офтоб аз байни шохњои дарахтон намоён шуданд. Субњи содиќ дамид.
Ва баъди сабоњ, ваќте офтоб аз болои дарахтон боло шуда, шабнам хушк мегардад ва рўи миз гармии офтоб намезанад, субњона хўрдан хуб аст.
Таом дар тобистон одї аст: твороги резаи аз нури офтоб тиллоранг; ба ќаймоќи нави њанўз яхнабаста шалѓамчаи болазату шањдбори гулобиро тар карда, бо дандон хоидан; барги сабзи навруста бо пиёзи сафеди ширин; бо шибити хушбўй; барги талхи хрен; бодиринги бамазза. Дар рўи миз, тањти нури хуршед чун дар кафи дасти пурсаховат, њама чиз заррин мешавад, сабзинаранг мегардад, сурхї мекунад ва ба чашм роњат мебахшад. Хўру боз хўр.
Гармо нест. Гунљишкњо дар хомўшии сањар чир–чир мекунанд. Дар баландии осмон – бо як нигоњ ба онњо расида наметавонї – бо суръати баланд досакњо парвоз мекунанд. Дар назди пои ман бобуна то охир мешукуфад, дуртар карнайгули ёс ва патунї љилва мекунанд. Ба занбурњои асал на дар он љо на дар ин љо ѓизо нест. Хуб аст, ки дар зери дарахти гелос баргњояшро тела дода, гули хайрии гулобї баланд ќад кашида шукуфтааст. Занбурњо дутоию сетої ба як гули пањн нишаста, луќмањо мебардоранд. Субњ. Гармии нарми офтоб асар мекунад. Ман њис мекунам: ангуштони гарм пуштамро бодиќќат палмосида, муолиља мекунанд, ки дар зимистон, дар љойи шамолгузар сард гашта ва баъзан дард мекунад. Гармии офтоб ба рагњои бемор чун доруи хуб ворид мешавад. Ман аз њаловат карахт мешавам. Шамол баргу алафњоро хишир–хишир карда мељунбонад. Ба љойи гармкардаи баданам сардї мерасад. Ва боз ангуштони роњатбахши офтоб ба тани ман њаловат мебахшанд, устухонњои маро, ки дигар љавон нестанд, гарм мекунанд. 
Ду шабпарак сабук парвоз карда, атрофи њавлї давр заданд. Сўзанаки кабуд боз њам кабудтар љило дода, болњояшро хишир–хиширкунон садо дода парвоз кард. Дар рўи замин сояи мурѓи дар парвоз пайдо мегардад. Њуштаки болњояш ба гўш мерасад.
Чой тайёр шуд. Дар рўи дастархон асали тару тоза гузошта шудааст. Худи дирўз онро аз лонаи занбўр бароварданд. Шаффофи сабзранг. Аз аќоиќњои сафед ва санљиди гулобї. Гуё дар дашт бошем: мављи шамоли гарми июн тунд ба рўй мезанад. Аќоиќњо ва санљид якбора мешукуфанд: гулњои сафед ва ситорањои тиллої дар шакли хўшањои хушбўй ва ширин. 
Ана, дар сањни њавлї шамол хиширрос зад. Ва боз сукут. Офтоби июн рўњу тани маро гарм мекунад. Тобистони гарм. Рўзи дарозтарини вай. Чї ќадар интизор будем... Баъд онро тирамоњу зимистон ба ёд меорему боз интизор мешавем.
Занбурњо дар шукуфањои норинљии гули хайрї шах мешаванд. Пас ширин аст. Дар ин љо ман, махлуќи худо њам, гуё дар гули пањне, ки барои ман шукуфтааст шах мешавам. Атроф сабзу кабуд ва гармии заррини офтоб. Як рўзи тобистон.
Вай њоло дароз аст. Ва њама чиз дар пеш: нисфирўзии тафсон ва шоми гарм. Ва тамоми рўзи дароз на деворњои танг маро муњофизат мекунанд, на шифти сафедкарда, балки сабзањои замин ва осмони барњаво аз њар канор.
Осмони ситоразори шаб мутантан ва пурасрор аст. Аммо ба он дуру дароз нигарї, беихтиёр рўњат вазнин мешавад, гуё ба абадият даст мезанї. Осмони рўзонаи тобистон – бо кабудию ранги нилгунаш, бо фазои беандоза ва барои чашм дастнорасаш, бо абрњои баландаш њамеша ва дар њар маврид ба дил хуш меояд. Новобаста ба он ки чї ќадар менигарї, бо нигоњ чашмонатро ба умќи кабуди вай ѓарќ месозї, абрро паси абри дигар пайгирї мекунї, аз тамошо сер намешавї. 
Ва борони тобистон чї? ... Раъду барќњои рўзона. Ва борони "кўр"–и чашмхиракунанда, ки дар офтоб медурахшад.
Дар рўзи тобистон чизњои хуб бисёр аст. Ва дуру дароз чун туњфаи беандоза саховатмандона давом мекунад.
Нимаи рўз гарм шуд. Дар соя 32 дараља гарм. Аммо зери дарахти себ, дар сояи тољи пањншудаи он, дар курсии катонї шинед, гармиро њис намекунед. Насим баргњоро ба љунбиш оварда, сарро хунук мекунад. Дар боѓ чатрњои бодиён меларзанд. Шамол бозмонд. Ва њама садоњо хомўш шуданд. Факат як малахи яккаи хоболуд дар байни алаф чир–чир мекунад. Абрњои камчин дар умќи кабуди осмон ях бастаанд. Дар болои онњо – пањннўлњои шахшуда. Ду чўљабарак давр зада истодаанд. Аввал паст парвоз мекунанд, ман онњоро мебинам. Сипас тоб хўрда, баландтар, боз баландтар мераванд. Ана, дигар нестанд. Ба ќаъри осмони кабуд рафтанд. Он љо сард аст. Ёд дорам, чї тавр дар уќёнуси Њинд, ки обаш мисли ваннаи гарм аст, ман кўшиш мекардам ба оби кабуди шаффоф чуќуртар ва амиќтар даромада, аз сардї роњат барам. Аммо он љо то дер истода наметавонед ... Аммо калхот як парвоз карду тамом, дигар ў нест.
Шамол гоњо сахт мевазад. Як шавќун мекунаду боз хомўш мемонад. Мављ аз паси мављ омада, дар гармои рўз сарро њушёр мекунад.
Аммо акнун соат ба соат шом наздиктар мешавад. Офтоб њоло баланд аст, вале оча–мурѓи ѓамхор чўљањоро ба мурѓхона мебарад. Гулњои арѓувонии «офтоб»–и хазанда ба њам печида мањкам шуданд, аз паси онхо календулаи зард рухи бози гулбаргњои худро пўшид. Њол он, ки офтоб њанўз бевосита ба рўйи онњо нур мепошад.
Ба њар њол, шом расид. Шабчароѓи боѓ суруди дарози худро оѓоз кард. Фотимачумчуќи кабуд дар шохањои сафедори баланд нола мекунад. Заргулдор мегиряд. Офтоби сардшуда ранги зард мегирад.
Нури хуршед дар шом. Дар гелос сурхии мева медурахшад. Сояи хона сиёњ аст, он љо сард аст. Дар байни дарахтони сабз рахњои зарди нури шом хобидаанд. Тортанакњои њавлї шабона барои бофтани тўр мешитобанд.
Дар осмон – кабудии рўзона ва роњи дуру дарози абрњои баланд бо ќуллањои дурахшон. Аз як канор то канори дигар. То шом онњо бештар мешаванд. Њангоми ѓуруби хуршед дар тарафи ѓарб онњо гўё саф кашида ях мекунанд ва аз баландихо рў ба поён равшанї медињанд. Ва он гоњ нисфи осмон дар дуди арѓувонї ва аланга месўзад. Ва баъди сўхтан барои муддати дароз сабзу тоза боќї мемонад.
Дар замин субњ медамад. Рўз сар мешавад. Аммо субхи тобистон дуру дароз медурахшад. Ва он љо, дар љараёни он, њилоли нуќрагини моњи нав ва дар пањлўи он ситораи љавони нуќрагин равшан мегардад.
Фардо вараќаи таќвимї мегўяд: ваќти рўз кам шуд, кўтоњ шуд, на он ќадар зиёд. Ќатра – ќатра, аммо кам мешавад, мисли умр. Биёед, гарм шавем, ваќте чунин имкон њаст. Пас аз дамидани субњ тањти офтобе, ки њоло сўзон нест. Баъд, дар зимистони тўлонї бисёр ваќт ёдаш мекунем.

ТАОМЊОИ ТОБИСТОНА

Дар як кунљи сабзи њавлї ошхонаи кўњнаи тобистонаи мо фаъолияти худро идома медињад. Муддати дароз сафед нашуда, то гили сурхаш намоён гашта, дар баъзе љойњо чоркунљаи чўбинаш аллакай мисли ќабурѓаи аспи пир берун дамидааст. Хайрият, нињоли гелоси болояш пањншуда ва луху сабзаи баланд пирї ва заъфи бадани ўро мепўшонанд. Аз байни сабзањо фаќат боми шалаќшудааш менамояд.
Замоне, чандин сол пеш, ошхонаи тобистонаи мо мисли лўхтак ороставу пероста буд: ќисми чўбинаш бо рангњои равѓании равшан, бахши гилинаш бо оњак сафедшуда, тирезањои хурдакакаш аз тозагї медурахшиданд. Онро бародари калониам Слава сохтааст.
Пештар, баъд аз љанг, аз эњтиёљмандї ва ќашшоќї ва аз рўи урфу одатњои куњна дар њама њавлињо, каме дуртар аз кулба хамеша печи тобистона – комелёк буд, ки мо онро дар Дон горнушка, ё горн меномидем.
Вай одї буд: чуќурї дар замин, дар болои он – девори пасте аз санги дурушт бо гил, аз болояш печи чўянї ва ќубуре, ки дудро берун мекашад – њамааш њамин, одї. Аммо бе вай намешавад. Дар тобистон гарм кардани бухорї дар дохили хона мувофиќ нест. Аввалан, кулба бењад гарм мешавад. Нафас кашида наметавонед. Баъд, њезум намерасад, яъне онро барои зимистон захира кардан лозим. Атрофи мо дашти камдарахт. Вале печи тобистонаро бо њар гуна хас, буттаи газнаи хушкида, лозим шавад, бо таппак, яъне поруи хушк гарм кардан мумкин.
Оташдони њавлї њама гуна оташдонро иваз мекунад. Дар он чойник мељўшад, пончик – кулчаи ширини дар равѓан љўшонда ё чалпакчањо мепазанд, шўлаи арзан бо шир тайёр мекунанд, ки бо ќаймоќи зард ё шўлаи лањистонї мепазанд, ки вай њам аз арзан, вале бо равѓани карт ва пиёз, дар як деги калон тунук шир мепазанд, шири шом љўшида, ё субњ љўшида – муддати тўлонї мељўшонанд, то даме, ки ѓафс, ќањваранг гашта, болояш бо кафкњои гулобї пўшида мешавад. Дар мавсимаш дар оташдон нардек – ширинии тарбуз мепазанд.
Дар њавлии худамон низ чунин оташдони аз хиштњои кўњна сохта доштем.
Баъдтар горнњо аз байн рафтанд, онњоро ошхонаи тобистона бо оташдонњо иваз карданд: хонањои хурдакаки тахтагї ё бофта, бо гил андовакарда, муњимаш оташдон ѓунљад, мизи ошхона мизи ошхўрї њам мешавад, дигар асбобу анљоми одї дорад. Дар ин ошхонањо ва дар атрофи онњо, дар зери айвон ё дар сояи дарахти пањнгашта, гўё дар озодї умри дарози тобистона сипарї мегашт. Дар ин љо хўрок мепухтанд, хўрок мехўрданд, њамсояњо ва мењмонњоро ќабул мекарданд, либос мешустанд, шомгоњон суњбатњо мекарданд ...
Дар аввали бањор, баъзан аз моњи март ба ошхонањои тобистона гузашта, то расидани сармо дар он љо мемонданд. Дар њавлї аллакай сард аст, дар кулба њоло хунук аст, аммо дар ошхонаи тобистона гармї, роњат њаст ва бўи таоми љўшидаистода ё бирён ба машом мерасад.
Њоло њам, ки ошхона ќариб як аср инљониб хизмат мекунад, ба остонааш пой мемонию чашматро мепўшї ва фавран њам набошад, вале зуд бўйи ширини таъоми хонагиро њис мекунї … Њатто имрўз баъди сад сол…
Солњои куњан, дар айёми кўдакии ман, чунин мешуд, ки субњи тобистон њоло дар айвон ё сарой бароњат хобї, аммо бўи таъом ба машомат мезанад: картошкаи дар равгани чарбу бирёншуда, рўзњои муќаррарї - шамими лўндачањои гирдаи бирён, рўзи якшанбе - накњати идонаи самбўсањо, њатто таркибашро метавонед якбора тахмин кунед: бо картошка ва пиёз, ё бо себи тару тоза, ё бо карами дўстдоштаи ман.
Њар таъоме, ки дар танўри њавлї ё оташдони тобистона љўшонида ё бирён карда мепазанд, бо рўњи таъми ширину тундак эњсос мешавад, ки дар њавлї ва гирду атроф пањн мегардад. Аммо пирожнињоро дар рўзњои ид мепазанд, чалапакчањои ширин низ њар рўз нест ва ѓизои асосї, албатта, карамшўрбо аст, муќаррарии русї не, мањз шурбои карами Дон. Тафовути онњо калон аст, чунон ки мардуми мо мегўянд: онњоро дар пањлўи якдигар дар як ќатор гузоштан мумкин не.
Бўй, њатто чунин гуфтан љоиз бошад, рўњи карамшўрбои воќеии навпухтаи Дон якбора пайдо намешавад. Онро муддати тўлонї мепазанд ва мисли мусиќии хуб дар оркестр якбора ба машом намедарояд, аввал овозњо гўё кам–кам аз њар асбоб берун мешавад.
Дар равѓани љўшони офтобпараст, ё равѓани чарбу аввал бўи тунд ва нозуки пиёзу сабзии бирёншуда ба машом мерасад; баъд бўйи хуши сабзї ва њамон пиёз, вале аллакай пухта пайдо мешавад. Помидор дар манќал ѓулѓула меандозад, баъд ошўбаш паст, аммо бўи ширини гармаш аз оташдон баланд мегардад. Њоло навбати ќаланфури булѓории ширин мерасад, сипас ќаланфури тунд. Сабзавоти хушбўй низ хомўш намеистанд: петрушка, бодиён, пиёзи кабуд ва њатто сирпиёзи хурдакаки реза. Ва њамаи ин дар пасманзари як рўњи серѓизои ѓафси картошка ва карам, беш аз он аз гўшти бирён – барраи серравѓан, гўшти гов ё гўшти хук: якљоя онњо (чаро симфония гуфтан мумкин набошад?) ба рўњи ягонаи бўйи карамшўрбои навпухтаи Донро ташкил медињанд. Онро минбаъд дар оташи баланд намељўшонанд, вале то пухта расиданаш, сањни њавлї ва гирду атрофи онро пур аз боди хушбуй месозад.
– Тоќат кунед, тайёр, ки шуд, худам меорам, – хоњишмандони бесабрро сарзаниш мекунад ошпаз:  - Ё аз кишвари гуруснагї омадед?
Солњои пеш, махсусан дар дехот, фермањо, махсусан дар мавсими гуруснагї ё сармо шўрбои карам, чунон ки мегўянд, «ба њама њолатњо мувофиќ буд, ё ба њама дард даво буд». Барои нањорї њам, пеш аз кор рафтан њам шўрбои гарми карам муфид аст, ваќти пешин – албатта – шумо бе таъоми моеъ кор карда наметавонед, дар шом метавонед њиссаи дар давоми рўзи тўлонї боќимондаро нўши љон кунед.
Карамшўрбое, ки дар Русия мепазанд, он оби раббаноро, ман бо писханд, карамшўрбо барои ятимон ё зиндониён меномам. Онњо зоњиран њам ба ятим монанданд. Дар Дони мо, хоњ дар табаќ оранд, хоњ дар коса, гуё дар рўи он оташи арѓувонии сурх аланга мезанад. Ва рўњи аљибашро намегўед...
Як њамдиёрам, ки пас аз хатми донишкада зиндагии худро дур аз зодгоњаш оѓоз карда буд, тобистони аввал зани љавонашро ба хонаи волидони худ оварда гуфт: «Чї тавр пухтани карамшўрбои хоси Дони моро аз модару бибиам ёд гир. Дар хона бароям мепазї. Ба ман дигар шўр–оба лозим нест. Ба ту осон мешавад, барои ман айни ављи роњат».
Пухтани шўрбои карами Дон чандон осон нест, фаќат хоњиш бошад, мешавад... Ва як талаб њамин, ки дар тобистон боѓу полези худро дошта бошед, дар фасли зимистон – тањхонаи хуби пур аз сабзавот бошад. Албатта, боз ба шумо мањорат, сабру тоќат ва, албатта, муњаббат лозим аст. Ба њунари ошпазї њам набошад, ба одамоне, ки барояшон карамшўрбо мепазед, њатмист. Чунки зуд, саросемавор танњо шурбои бемаза, ягон об–папа мепазанд, ки аз он њатто саги њавлї рўй мегардонад.
Боре дар ќатора, дар як роњи дур бо њамсафарон, ки дар байни онњо як зани љавон низ буд, суњбат мекардам. Мо дар бораи хўрокњои хонагї бањс намудем. "Барои борш ё карамшўрбо пухтан чї ќадар ваќт меравад?" – пурсидам ман ва дар љавоб шунидам: «Як соати таълимй: чилу панљ дакика». Ман дар посух фаќат хандидам. Ана, китоби ошпазї њам ба ман мегўяд, ки "мањбубияти карамшўрбо ба содагии омода кардани он вобаста аст".
Не, карамшўрбои хоси Донро дар як "соати академї" пухтан мумкин нест. Ва ин кори чандон «сода» њам нест.
Ошпази асосии мо, холаи Нюра, дар солњои охири умраш, ки њанўз нерўманд буд, таваљљуњи маро дида, дар назди оташдон ва мизи ошхона сењргарињо карда, ба ман фањмонд. Баъдтар, ин кайдњоро ба назар гирифта, ман бо Александра Павловна Суркова, бо марњум Мария Тимофеевна Короткова, бо ошпазњои пуртаљриба: Фрося – хола ва Клавдия Ефимовна, бо одамони калонсол ва пуртаљриба суњбатњо кардам, ки њатман бояд мењмонашон мешудам ва ё њамту таъоми таёркардаашонро нўши љон мекардам. Њељ наметавонам аз васваса халос шавам, ки баробари ворид шудан ба њавлї, даруни хона аз бўйи ширини дилфиреб сар чарх мезанад ва онњо чун њамеша самимона, аз тањти дил даъват мекунанд: «Шин, карамшўрбои гарм хўр, навакак пухтам».
– Гоњо дурушт аст, гоњо нарм. Як рўз ба як кас маъќул мешавад, як рўз каси дигарро шод хоњам кард. Ман барои як оила ду деги чўянї намегузорам–ку.
Дар карамшўрбо бо карами намаккарда картошкаро дар аввал ба дег мегузоранд, вагарна мисли санг сахт шуда, намепазад.
Ваќте ки картошкаю карам мепазад, соњибхоназани бетаљриба дараљаи пухта расиданашро «бо дандон» ё бо ќошуќ месанљад, ошпази таљрибадор бошад, њама чизро бе «чашидан» аз бўяш бо бўйидан мефањмад. Акнун ба шумо лозим аст, ки мањлули ѓафси тайёрро аз манќал ба дег гузоред ва сипас бидуни таъхир гиёњњои тару тоза, сирпиёз ва чанд дона ќаланфури хурди тундро партоед. Охиринаш танњо барои њавасмандон аст. На њама тундиро дўст медоранд. Барои њамин, аксар ваќт дар рўи мизи хўрокхўрї ќаланфури тунд мегузоранд. Онро аз думаш гирифта, дар табаќи карамшўрбо мечархонанд. Ба калонсолон нигариста, бачањо гоње ѓайрат мекунанд, вале аксаран аз меъёр берун мебароянд. Ба дараљае тунд мекунанд, ки њатто ашк аз чашмонашон мебарояд. – Туро огоњ карда буданд, – мегўяд модар. – Акнун ошобаи тезатро то охир хўрда тамом мекунї."
Сирпиёзи резаро на њамеша ба дег мегузоранд. Нони навпухта бо сирпиёз бомазза мешавад. Аммо агар карамшўрборо барои зиёда аз як рўз тайёр кунед, бењтар аст сирпиёз нагузоред, чунки шўрбо тунд мешавад.
Барги лавр – халиљ низ барои њаводорон аст, аммо дар охири пухтупаз љой медињанд. Ва боз барои њаводорон, ду - се ќошуќ равѓани хардал мегузоранд.
Карамшўрбои аллакай тайёрро аз оташи баланд гирифтан лозим, вале камаш аз дањ то понздањ даќиќа бояд дар оташи паст истода андак–андак сард шавад.
Танњо он ваќт сарпўши дег бардошта мешавад ва карамшўрбои хоси Дон ба ањли оила ва љањон падид меояд.
Бо бўйи хуш, бо оташи раќсон, ки њатто ба чашм аён мегардад. Охир вай на танњо тафси оташдон, њарорати кўраи оташ, балки тамоми гармии хуршеди тобистони тўлониро дар худ нигоњ медорад, њамчунон тамоми њолатњои табиатро – сабзавоте, ки аз тухмии хурдакак сабзида ба воя мерасад, аз афшурањои замин бањра мебаранд, сипас пухта расида, помидори арѓувонї шудаанд, пиёзи тезу ширини хурду калон шуданд, ќаланфурњои хушсурат, сабзињои шахшўли сурх шуданд. Онњо дар муддати тўлонї аз нерўи хуршеду замин сабзу сурху зард шудаанд, ки дар ин соат, имрўз яку якбора тамоми шириниву тобиш, бўю ранг ва, албатта, ќуввати худро ба мардум дињанд, одамонро сер кунанд. Барои њамин, дар муддати тўлонї омода шудаанд.
Ана ин хел аст карамшўрбои хоси Дон: таъоми асосии мо, лаззати мудоми мо.


Рецензии