Иванов Алексей Викторович. Географ съел глобус. Пе
Алексей Викторович Иванов (соли таваллудаш 1969) нависанда. Барандаи ;оизаи «Китоби бузург» (2006), «Ясная Поляна» (2006), ;оизаи ;укумати РФ (2017) ва ѓайра.
Дар шањри Горкий (Нижний Новгород) дар оилаи киштисоз ба дунё омада, мактабро дар Перм хатм кардааст. Дар факултети журналистика ва факултети таърихи санъати Донишго;и давлатии Урал та;сил кардааст. Муаллим, посбон, ро;балад будааст.
Аввалин китобаш – романи таърихии "Ќалби Парма" (2003), муна;;идонро водор сохт, ки Алексей Ивановро чун адиби соњибистеъдод, дорои услуби баён ва мавз;и хос бишносанд. Романњои «Хобгоњи умумии хуношом», «Љуѓрофидон глобусро хўрд», «Тиллои шўриш», «Њавои бад» ва гайра аз тарафи хонандагон хуб пазируфта шуданд. Вай инчунин дар жанри тадќиќоти фарњанг дар бораи Урал як ќатор китобњо навиштааст: «Пули Россия», «Тамаддуни коргоњи кўњї», «Йобург», «Пичхор» ва гайра.
Иванов анъанаи насри классикии русро бо усулњои фарњанги оммавї пайвастааст. Дар осори ў воќеият бо тасаввуф печидаааст, баробари тезутундии вазъият ва суръати воќеањо тасвири зебоихои манзара ва симоњо њусни осори ўро афзудааст.
ЉУЃРОФИДОН ГЛОБУСРО Х;РД
ё Дарс барои наљотбахшњо
(порча аз роман)
Пониш, ки дар тобистон баз;р то бист ;адам па;но дошт, акнун чунон дамида аз об пур шуд, ки то ;ои чашмрас бешаи арча;ои со;или му;обилро фаро гирифта, пахш кард. Бањор дер ва бо љўшу хурўш омад. Оби барф аз нишебии кўњњо, аз дараву тангноњо фуромада, як сели умумї шудан гирифт. Ин сел зуд шоху решањои кандашуда, ях;ои фарсуда, пора;ои мос ва алаф, барг;ои п;сида, порча;ои п;ст, алафи сиё;шударо оварда, ба танаи дарахтон доманњои ;а;варанг печонд. Кафки ифлос ;ад–;ади маљрои тез ;аракат карда, дар болои гирдоб;о печутоб мехўрд. Пониш тира буд, мисли шароби дастии худсохт…
Бордонњои мо холї шуда, чизњои дарунаш дар байни дарахтони кадпаст пањну парешон хобидаанд. Ман ба падарон услуби дурусти корбарирро таълим меди;ам. Падарон куртањои сурхи наљотдињандаро пўшида, дашном дода, дилтангона дар соњил овора мешаванд ва анљоми худро аввал дар як љо, пас дар љойи дигар љамъ карда мемонанд.
Барои иљрои њамаи ин корњо ќариб якуним соат рафт.
– Акнун бояд барои сутунњои чорч;ба дарахт бурем, – мег;ям ман.
Падарон тўда шуда нишаста, бо ;азаб тамоку мекашанд. Ман ;уштак кашида, бо табар бозї мекунам. Ни;оят, дар тўда ѓур–ѓури хашмолуд ба вуљуд омада, сипас ба сарзаниши рўирост табдил меёбад. Падарон хулоса мекунанд, ки барои сутун;о к; меравад. Нињоят, Тютин аз чо бархоста чорпоя омада, табарро аз ман мегирад ва нолакунон хам шуда, худро ба сўи дарахтони тўс мекашад. ;ама нишаста, хом;шона интизоранд, тамоку мекашанд. Ман ;ам. Тютин бо як даста санавбарњои тунук бармегардад.
– Ин;о борику беќувват" – мег;ям ман. – Ба мо ѓафстараш лозим.
– Ту, бачаѓар, Љабрдида , боз аз пайи сутун рав! – нидо мекунад Градусов.
Духтарон р;й гардонда, як с; рафта, дар со;ил менишинанд. Падарон хобанд. Ман хом;шона сигор мекашам. Тютин дар дурї байни буттањо меистад, мисли оњу.
– Хуб, мег;ям ман. – Бигузор чорчўба аз сутунњои тунук сохта шавад. Аммо э;тиёт шавед. Ман ;ушдор додам, ки он;о метавонанд шикананд.
Ман мефа;монам, ки катамаран ч; гуна сохта мешавад. Нишон меди;ам, ки ч; гондол;оро бо њаво пур кардан лозим. ;ама дар;ол фикр мекунанд, ки ин осонтарин кор аст. Градусов, Демон ва Овечкин назди ман шитофтанд. Дар партовгох Градусов насосро азхуд карда, бо он ба сари њар кас мезанад. Хуб, бигзор ; њаво пур кунад.
Ман пайвастани чорчўбаро меомўзонам. ;ама нобоварона бо пешг;ии њузнангез ба ман менигаранд, дар нимдоира гирдамро ињота карда, дастонашонро дар киса задаанд. Хомушанд. Ман чорчўбаро мепайвандам. ;ама тамошо мекунанд. Ман риштањоро мебандам, ;ама тамошобин. Ман мег;ям:
–Инсон дар дунё метавонад беохир ба се чиз нигарад: ба оташи сузон, ба афтидани туф ва ба кори касе.
Борман, вазнинона ѓур–ѓур карда, ба зону мешинад ва инчунин ресмон;оро мегирад. Бо дили нохохам ва оњи гарон Чебикин ба у њамроњ мешавад. Пас аз он Овечкини ќавоќин. Демон ва Тютин њанўз дар кундаи дарахтони берёза хобидаанд.
Катамаран суст бошад њам, сохта мешавад. Ба чорчўбаи сустаки аз сутунњои тунук сохтаам чор гондоларо љуфт–љуфт мепайвандем. Сипас тўри симї мекашем, борњоро љой мекунем ва аллакай якдилона киштиамонро ба об мефурорем. Њама ба он андешамандона менигаранд.
– Эротик; шуд, – мег;яд Чебикин.
– Дар дењаи мо як писар буд, дар ќаиќи њавопуркарда шино кард – шино кард, оќибат ;ар; шуд, – пастакак мег;яд Тютин.
Хама дуру дароз хомўш монданд.
– Бивен – мегўяд нињоят Градусов.
– Хуб, ;ой;оро та;сим кунед, – мегўям ман. – Па;л;и рост љойи ман.
Дар тарафи рости ;афо нишастго;и командир ;ойгир аст. Аз чй сабаб ба фикри падарон љойњои байн барои бечорањосту љойи ашрофњо дар нўги ќаиќ аст. Градусов болои гондолаи рост рў ба поён меафтад, дастонашро печонда, тањдид мекунад, ки њамаро чизро мешиканад, вале љояшро намедињад. Чебикин ва Овечкин ўро кашола карда дур мебаранд. Тютин дар атрофи онњо паропар мекунад, то даме ки м;заи Градусов тасодуфан ба зери шикамаш мерасад. Тютин рў ба замин хобида, хомўш монд. Ваќте Чебикин ва Овечкин пойњои Градусовро ба ду тараф мекашанд, Борман зуд болои гондолаи чапро соњибї мекунад. Иблиси Раљим анљомњои худро дар паси Борман мегузорад. Баъд чор нафар шуда Градусови саркашро дур мекунанд. Чебикин зуд дар нўги рости ќаиќ мешинад, Овечкин дар паси Чебикин. Градусов аз дасти Борман ва Иблис халос шуда, сумкаи Чебикинро, ки ба чорчўбаи катамаран мањкам баста буд, канда мегирад. Њама боз Градусовро кашола карда, ба у мефањмонанд, ки майзадагон дар кафо нишаста, дам намезананд, мисли Љуѓрофидон. Градусов бо хашму газаб ба бордони Чебикин туф карда, ба аќиб мегузарад.
Ман ба духтарон ёрї мерасонам, ки љойгир шаванд – Люся дар назди Градусов, Маша дар бари ман. Дарди Тютин паст шуда, ба худ омада, бархоста мебинад, ки ба у танњо дар байни катамаран љой мондааст. Фаќат бояд интихоб кунад, ки дар тарафи рост нишинад ё дар чап.
Тютин белро мегирад, аз чї сабаб болои теппача мебарояд ва муддате дар њаво машќ мекунад. Муайян кардан мехоњад, ки бо кадом даст бел задан барояш мувофиќ аст. Маълум мешавад, ки аз тарафи чап созтар. ; борхалтаашро дар гондолаи чап мегузорад. Градусов тањдид мекунад, ки агар дар пешаш анљоми ўро бинад, фавран онро пора–пора мекунад. Тютин оњ кашида, итоаткорона ба суи гондолаи рост менишинад. Муњориба ќатъ мешавад.
– Акнун, – мег;ям ман, – мо бояд барои х;роки шом ;езум љамъ кунем.
Падарон дар кундаи дарахтони тус бе ;унбиш хомушу хашмї нишастаанд. Тамоку мекашанд.
–Бачањо... – бо таассуф мегўяд Люска. – Чаро шумо ин хелед? Борман ...
– Ман ч; хелам?! – Забон мехояд Борман. – Њамеша: Борман! Борман!.. Чї, аз хама ман љавонтарам? Ана, Иблиси раљим равад.
– Наметавонам. Ман дастамро буридам. Ана, бинед.
–Чаро ту хоркашакатро ба р;и ман мекашї?! – дод мезанад Градусов. – Худата љунбон! Пойи ман ;ам дардманд.
– Хайр ч;? Пой даст не, ;езумро бо пой намебуранд.
Набарди падарон бо оташи нав аланга мезанад. Дере нагузашта њама доду фарёд мезананд, њама ба сари сина мушт мезананд, табар ба сўи њамдигар мепартоянд, аз маъюбиашон шиква мекунанд. Тютин хапу хомўш љониби буттазор меравад.
– Виктор Сергеевич, – хастањолона мегўяд Маша. – Мебинед, он;о ;е; гуна гулхан карданї нестанд. Шояд њамту як нањории сабукак кунем?
– Аввалан, – ;авоб меди;ам, – он;о аллакай ;ама чизеро, ки аз хона оварда буданд, х;рданд ...
–Ман њоло нах;рдаам, – гуфт Люся зуд.
– Дуюм, – давом медињам ман, – босабр бошед, духтарон. Ин зарур аст. Ва саввум, биёед ба беша рафта, пирожнињои Люсяро секаса мехўрем.
– Сенафара хуб нест, – гуфт бо ;атъият Маша. – Таќсим кардан лозим бошад, бењтараш, ба њама њисса кунем.
– Маша, – мег;ям ман. – Саъй накун, ки маро бифањмї, тан;о ба ман бовар бикун. Баъд мебинї, ки ман ;аќ;ам.
Фикри Маша парешон шуду ў хомўш монд.
– Бовар дорад ба шумо, фаќат андак худнамої мекунад, – мег;яд Люска.
– А;ма;, – сурх шуда ;авоб меди;ад Маша.
Мо ;арсе ба ;ангал меравем ва дар он ;о бутерброд, вафли ва чипсињои Люскаро мех;рем. Ва;те мо баъд аз ним соат бармегардем, падаронро мебинем, ки дар ;олатњои аљиб бо ќавоќи дањманї дар сохил хобидаанд.
– Ана њезум … - Градусов ба ман ;азаб карда, бо нўги пошнаи м;зааш як т;даи хурди шохњои буридаро нишон медињад.
Як пораи берёзаро гирифта, дар шакли наъл ќат мекунам.
–Ин њезум не, ресмони тар аст, – мегўям ман. – Ва хеле кам. Душоха барои даргирондани оташ куљост? Харак куљост? Дег;ои об дар ку;о? Оташ дар ку;ост?
Падарон ;авоб намеди;анд.
– Хулласи гап, барои дарёфт кардани чои шабгузаронї худи њозир ба дарё мебароем. Суб;она ва х;роки пешинро бо шом якљоя мех;рем.
Ва инак, мо шино мекунем. Ман хеле дер интизор будам, ки муњтавои ин суханони одиро дар амал ифода созам: мо шино мекунем. Дар банди даст;о, чаккаи сар ва н;ги г;ш;оям таровати ;авои сернамро э;сос мекунам. Аз ;ар як зарбаи бел дар р;и оби зард ду чуќурча ба вуљуд меояд ки расми он ба суратњои дохили калисо шабо;ат дорад. Чанги њасрат, ки як сол боз ба љонам задааст, оњиста–оњиста кушода мешавад. Ба назарам, пас аз муддати т;лон; бори аввал бо ро;е ;аракат мекунам, ки маро ба шод; мерасонад.
Падарон нога;он фаром;ш карданд, ки гурусна ва хаста буданд. Онњо дар њайрат монданд, ки дар њаќиќат дар тайга – љангалистони њаќиќй дар байни дарё шино мекунанд. Он;о абла;она дар самт;ои гуногун бел мезананд ва ;оњ–ќоњ зада механданд.
–Эротик;! – мег;яд Чебикин.
Пониш–дарё дар байни љангали арчазор – роњи тобноку ќањраборанг, ки аз ѓуруби офтоб дар байни ду девори сиёњ ва баланд медарояд, зуд чарх мезанад. Дар болои дарё садое ба гўш мерасад – буттањо овоз мебароранд, акси садояшон ба фазо мепечад. Чанд моњї аз бари мо хеле наздик гузаштанд – онњоро њатто бо бел доштан мумкин, милт–милт мекунанд. Бегоњї тамоми рангњоро ѓафс кард, думњо ва сутунњои абрњоро ба ранги моњињои тропикї сурх намуд. Домани осмони оташгуни вањшї бо гирдоби беохири офтоб ба мо кўрона ва дудолуда менигарад. Як зарфи њавопуркарда ва чанд тан одамча болои он – дар мобайни у;ёнуси азими љангалистон. Мисли корд дар гул;, мисли иш;и аввал, чун шеъри охирин.
– Љуѓрофидон, дар пеш чист? – мепурсад Борман. – Хона?
– Шояд Перм? – бо умед тахмин мекунад Тютин.
– Шино карда расем, мебинем, – мег;ям ман.
– Бало занад, ин кўњи сангї! – нидо мекунад Чебикин.
Дар нимдоираи дароз пеш мешитобем. Ва инак, баъди гардиш девор;ои сангини рост боло ќадафрохта моро истиќбол мегиранд. Арчазор мисли парда ба як тараф кашида мешавад. Шахи калони сангї не, кўњи бени;оят бузург, мисли динозаври пушташ шонадор дар алаф, дар со;или чап миёни арчазор хобидааст. Чебикин аз да;шат ё шод; дуру дароз ;уштак мекашад. Бомба бо чунин њуштак меафтад. Падарон аз ;аи;рон; даст кашида, ба к;;;ои сангин ниго; мекарданд.
Дар тањкурсии умумии сангї, ки Пониш ќад–ќади он парвоз мекунад, ду шахи бузург хам задаанд. Шахи чап аз боло ба се дандона та;сим шудааст, дар болои шахи рост чор дандона. Ва дар байни шах;о, гўё бо пармаи афсонав;, манораи борике бо номи Ангушти Иблис ба боло печида, дар охир каллааш варам мекунад. ;афт ;улла – ;афт Бародар, санги ;афт Мард. Найза;ои арча ба зери ;абур;аи Бародарон даромадаанд.
Пониш моро назди шах мебарад. Мо якљоя сар ме;унбонем. Хиштчинии да;алона. Давраманорњои к;;на. Ќабат;ои нимдоира аз фишори ;озибаи бени;оят гўё мекафанд. Тар;иш;о ва до;;о бо обовардањои ба;ор; ва лишайники ;а;варанг пўшонида шудаанд. Аз рахнањо, монанди тўпи амбразура, танаи шикастаи дарахтон берун мебароянд, ки аз боло афтодаанд, Ва боз забон;ои сангин ва тўдаи сангњо, девори мустањками яклухт дар паси шох;ои арча;ои хушкшуда. Ва дар шонаи ;аторк;; дар баландии да;шатнок – тўдаи то;;ои санавбари ар;увон аз ;уруби офтоб.
Ва нога;он Борман фарёд зада, завра;ро ;унбонд. Ниго;амро аз ;улла;о ба дарё меандозам. М;й дар сарам гўё калавида роњ меравад. Дарё дар зери об гуё ба тахтасанги дарозе пешпо х;рда, дар канал ба парвоз медарояд.
Ќаиќи дар болои тахтасанг ѓелида љањида, мисли корд ба шўлаи љўшони кафк медарояд ва аз он фаввораи оби пошхўрда ба амал меояд. Катамарани мо бо пањлў ба маљро медарояд. Пас аз ла;зае шояд киштї чаппа шавад.
– Тарафи чап, бел зан! – фарёд мезанам.
– Табан! – дод мезанад Борман.
– Чеба, дањаняла, туро мекушам! – дод мезанад Градусов.
– Ба ќафо! – Чебикин нолиш мекунад.
– Ба чап гардон! – дод мезанад Овечкин.
– А–й–и!.. – фиѓон мезанад Тютин.
Ман бо тамоми вуљудам ба пушт хам шуда, сутуни чорчўбаро бо нўги м;за медорам. Дастаки бел садо мебарорад, аз таги бел кафк мехезад. Катамаран ба ларза медарояд, фуки бањмутро ба суи монеа мегардонад. Ба назарам, ресмон;о аз фишор дар пушти ман канда шуданд. Мо дар оинаи ;ангоми ;уруби офтоб чашмро хиракунандаи љараёни об даромада поин меафтем.
Мављи сафеди об Борману Чебикин, баъд Иблис ва Овечкинро фурў мебарад. Катамаран дар мобайн хам мешавад ва њатто аз байни ѓурриши об садои кафидани чорчўба ба гўшам мерасад. Падарон шино карда, сар аз об боло мекунанд, забонаи кафк бар сари Тютин чарх мезанад ва дар зону;ои Маша ва Люся тит мешавад. Катамарани тар гуё лагад хўрда бошад, аз остона парида мебарояд, андак ба пойафзоли ману Градусов мерасад.
Ва ногоњ мебинам, ки Тютин о;иста ба ча;орч;ба фурў рафтан мегирад. Тютин хомўш аст. Дар р;и ; тан;о чашмони калон да;шатангез ва лабони сахт фишурдашуда бо;; мемонад. Чорчўба рост аз мобайн шикаст, аз љое, ки дар он љо ду љуфт гондола дар зери Тютин пайванд гашта буданд. Ва ;оло катамаран о;иста–о;иста ба ду ;исм људо мешавад.
– Ќурбониро ниго; доред!.. – Градусов аввалин шуда дод мезанад.
Маша, Люся ва Овечкин ањлона ба Тютин часпиданд, ки аз чорчуба аллакай то камар поён рафта буд, мисли Иван Писари Гов дар замини тар. Њоло Тютин ягона њалќаи байни ду нимаи катамарани мост. Вай дар байни онњо чун кулфи анбор дар байни њалќањои дарвоза овезон аст.
– Ба соњил! - фармон медињам ман.
<...>
;уллаи ;афт Инсон як теппа аст, ки дар саросари он санавбар;о рўидаанд. Вай ба дандон;ои болои дара кашоли Бародарон такя мекунад. Дар байни ;ангал;о лабиринти зинамонанде аз роѓ;ои ка; мав;уд аст, ки бо сангњо ињота шудааст.
Мо ба лаби љар мерасем. Дар поён як холигии да;шатбор аст. Дар пеш, то уфуќ љангалистон пањн мешавад. Љангалистони кабуди туманолуда бо мав;;ои нарм ва суст боло мебарояд. Ва дигар на шахњо менамоянд, на дарёњо, на роњу на дењот, хама мисли пўсти дудранг.
«Эротика!» – бо шавќу завќ ба атроф нигариста, ѓур–ѓур мекунад Чебикин.
Дар пеши назари мо бути да;шатангези Ангушти Иблис хом;шона баланд мешавад. Чунин ба назар мерасад, ки он бевосита аз ќаъри канданињои зери замин аз ќабати устухон;ои њайвон– калтакалосњо мер;яд, ки дар ќадим ин љо дафн шудаанд. Вай мисли мори афъии сарбардошта љоду мекунад. Ман нигоњи сарду хомўши ;айриинсонии ўро аз пилк;ои сангини чашмони кўраш э;сос мекунам.
– Фу, ч; хел нигоњ мекунад ... – Люся меларзад.
Падарон аз назди сутуни сангин зуд мегузаранд.
– Љуѓрофидон, ба ин дарањо даромадан мумкин? – мепурсад Чеба.
– Дароед, – мег;ям ман. – Фа;ат гум нашавед ...
Чебикин дар яке аз дарањо нопадид мешавад. Боќимондањо бо чї сабабе таъхир мекунанд. Нога;он Чебикин дар яке аз дандон;ои Бародарон пайдо мешавад.
–Њой, бинед, дандон;о...!» – дод зада дастонашро ;унбонд ў.
– Зуд фуро! – бо як овоз, бо дањшат фарёд заданд Маша ва Люска.
Аммо Чебикин бо каноатмандї хандида, болотар мебарояд, паси шахњо нопадид мешавад, ба роѓњо мефурояд, боз пайдо мешавад, мисли пашша дар харсангњо мехазад. ;аракат;ои ;ро бо як т;да ях дар шикам пайгир; мекунам. Метарсам, ки ;атто биларзам, г;ё бо ин метавонам ;ро тела дињам. Падарон дандон хоида, беихтиёр мушт;ои худро мефишоранд ва мушак;оро таранг мекунанд. Люся р;и худро бо дастонаш меп;шонад. Бо дастони ларзон сигори филтрдорро ба да;онам гузошта мекашам ва инро пай намебарам. Чебикин ба дандонаи охирин, баландтарин, тезнўг ва дастнорастарин мебарояд. Чизе гуфта фарёд мезанад, куло;ашро алвонљ дода, ба мо ќафояшро мегардонад ва ба он мезанад.
– Хайр, Чеба тамом шуд, –дандон хоид Градусов.
– Дар ин љо ѓоор!.. – ба гўш мерасад овози Чебикин.
Сипас ; зуд ва мо;ирона а;иб меравад, дар ними ро; чарх мехўрад, ки бо роњи наздиктар ба ;ор расад.
«Биёед, мо ;ам ;орро тамошо кунем», – мег;ям ба падарон. – Њо ана, дар он тараф...
Мо ба дараи намноки сарду тира мефуроем. Вай ноњамвор асту ба поён нишеб мешавад. Падарон бо даст ба санг;ои тар мечаспанд, дар љўби с;занбарг;ои п;сида ва кундаи дарахтони тар мела;жанд. Дар баъзе љойњо лозим меояд, ки аз обкандаи на чандон баланд љањида фароем. Падарон аз поён духтаронро муњофизат мекунанд. Маша имр;з маро гўё намебинад.
Ман аз њама охир меравам ва дар бораи ин фикр мекунам.
Ман дигар аз дирўз шарм намедорам, беэътиноии Маша ва шояд њатто душмании ошкоро бароям дарднок нест. Ба назарам, дар дилам Машаро бо девори хиштї ма;кам кардам, мисли тиреза дар девор. Фаќат гоњо аз с;рохии наве андак насим мевазад, – дар ;ое, ки хиштеро андак шикастаам.
Дар пеш ва дар поён башараи Чебикин менамояд.
– Ин;о биё, буз! – бо ѓазаб дод мезанад Градусов.
– Худата гум кун! – маслињат медињад Чебыкин ва бо ханда паси шах мегурезад.
Ни;оят, ба як майдончаи ;амвори урён меоем. Дар болои он дар девор с;рохи секун;аи ;ор. Падарон баромада, ба даруни он менигаранд.
Овечкин мег;яд: "Дар он ;о к;;е ;аст."
– Аммо Чебикин чй тавр фуромад? - Люся ;айрон мешавад.
– Бу–бу–бу–бу! – шарњи хушњолона меояд аз ѓор.
– Бале, – Борман бо шуб;а роз; мешавад. – На ;ама чунин маймун мешаванд.
–Дар де;аи мо як писарбача буд, болои харсанг;о баромада, хазиду хазид, баъд афтоду мурд, – мегуяд Тютин.
– Дар де;аатон ягон писар зинда мондааст? – бо киноя таваљљуњ мекунад Маша.
– Оё медонед, ки Чеба ку;о баромад? – мепурсам ман. – Дар замон;ои ;адим ин ;ор чї буд...
– ... Њо;атхона! – тахмин мекунад Градусов ва ќањњос мезанад.
– ... Маъбади бузург ва дар ин љо бутњо, рамзњои муќаддасот буданд.
– Кадом му;аддасот? - Люся ;айрон мешавад. – Дар ин љо касе зиндагї мекард?
– Дар ин љо халќњои бузурге зиндагї мекарданд, ки инсоният онњоро кайњо фаромўш кардааст. Дар ин ;о ќалъа;о, канал;о, маъбад;о буданд, шо;зода;о, ко;инон, ситорашиносон, шоирон буданд. ;анг;о буданд, ша;р;оро истило мекарданд, ;абила;ои тавоно дар байни шах;о то мурданашон ме;ангиданд. ;амаи ин буд. Ва гузашта рафт.
Падарон ;айри одат боди;;ат г;ш мекунанд. Ман ин таављљуњро њангоми дарс;оям дар мактаб надидаам. Дар чашми он;о мебинам, ки чиро тасаввур мекунанд. Он;о низ, албатта, мисли ман, ниго;и ноаён ва нофа;мои Ангушти Иблисро э;сос намуданд. Акнун гуё замин дар зери пои онњо гап мезад. Дар ум;и худ, то устухон;ои дафншудаи сусмор;ои хунхор вай нога;он пур аз маънї, пур аз воќеањои таърихї шуд. Ин маъноњо бо нафаси таърих боло шуда, мисли нурњои радиоактивии Чернобил ба љисмњо, ба маѓзи сарњо медарояд. Мавзеи аз тамаддун дурафтода будани љангалистон ва ин сангњои гумном фаромўш шуда, аз дењоти мусибатзада ва лагери мањбусон пур гашт. Љангалистон ва харсангњо якбора чизи њаётан муњим, аз бисьёр чизњои дигар гаронбортар ва заруртар шуданд.
– Љуѓрофидон, баландтар гап зан! – нидои Чебикин шунида мешавад.
– Бењтараш, аз ѓор баро! – дар посух дод мезанад Борман.
– Э, не, шумо маро мекўбед... Љуѓрофидон, баландтар!..
–Бостоншиносон дар ин ;о ;африёт ан;ом доданд. Ман он чї дар бораи ;афт Одам хондаву шунидаам, на;л мекунам. Он;о устухон;ои зиёди ;айвон;ои ;урбон; шуда ва саракњои тирро пайдо карданд ...
– Ту чї, буљулњоятро гум кардї, Курбон? – Градусов Тютинро бо пањлуяш тела медињад.
– Ёфтам! Ёфтам! – Чебикин бо њаяљон аз ѓор дод мезанад. – Пайкони тирро ёфтам!
Падарон бо ;ая;он ба ;ор шитофтанд.
– Баро, маслуќ! – нидо мекунад Градусов. – Намекўбем! Ќавли мард!
Пас аз чанде Чебикин аз ѓор берун шуда, ба ман як санги дарозрўя медињад. Падарон бо эњтиром ба он менигаранд, бо ангуштони худ ламс мекунанд. Вай як пора санги му;аррар;.
– Ин чист? Тир? Найза? – шукуфон гашта мепурсад Чебикин.
– Саргини сангшудаи мамонт, – мег;ям ман.
Падарон механданд. Чебикин хиљолатмандона сангро дар кисааш пинњон мекунад.
–Барои шумо, дандон;о, шояд саргин аст... – мег;яд ; новобаста ба хулосаи мо.
Мо ба болои дара бармегардем. Ман пас аз њама меравам. Бачањо пеш рафта, духтаронро фаром;ш карданд. Вакте ба Маша ёрї додан мехоњам, ў ќафотар меравад ва бо нигоњаш маро тела медињад.
– Даркор не! – мег;яд ў бо ;азаб ва пас аз каме тава;;уф илова мекунад: – Ман намехо;ам, ки шумо ба ман даст расонед!
Пас аз х;роки нисфир;з; мо чиз;ои худро ;амъ мекунем, то ба кишт; равем. Борман пастакак њарф зада, аз ман маслињат мепурсад. Вале Маша ба ман бетаваљљуњ аст. Вай ин корро бе намоишкорї анљом медињад, ки худ як навъ тава;;у; аст. Вай маро гўё намебинад, чунон ки одам банди кушодаи пойафзолашро пай намебарад. Вале ман оромам. Медонам, ки Маша аз они ман аст. Фаќат намедонам бо вай ч; кор кунам. Дар сарнавишти худ ;ойе барои ; намебинам. Ин бароям аламнок. Ман ;ро д;ст медорам. Дарднок њам бошад, шодам, ки ;оло њамсафар ;астем. Саёњат мисли мамнунгоњи та;дир аст. Дар назди хайма бордонамро чамъ мекунаму нохост суњбати Машаро бо Овечкин мешунавам. Ду кас дар хайма гумон мекунанд, ки девори чодарї он;оро аз ;а;он пинњон мекунад.
– Туро имр;з намефањмам, – мег;яд Овечкин бо э;тиёт.
– Ман чун њарваќатаам, – бо ;атъият ;авоб меди;ад Маша. – Дастатро гир.
– Сабабгораш Љуѓрофидон?
– Кори ту набошад.
–Ман чї? – нињоят баъди хомушї мепурсад Овечкин.
– Худат медонї...
Ба Овечкин рањмам меояд. Феъли Маша вазнин. Лањни Люся дигар. Ва;те аз ;афт Одам мефаромадем, духтар дар нишебие чаппа шуда афтид ва бо гиря хо;иш кард, ки ;ро ба даст гирем.
– Хуб, биё туро мебарам, – гуфт Борман.
Вай Люсяро ба пушташ шинонда, ѓур–ѓуркунон то иќоматгоњамон бурд. Хушбахтона, бошишгоњ наздик буд, таќрибан дар масофаи 200 метр.
–Градусов, ту имрўз навбатдор, – хотиррасон намуд Борман њангоми пешин хўрдан.
–Рав, дегро шўй, – розї мешавад Люся дар атрофи Борман давр зада.
–Ба як кас душвор! – гила мекунад Градусов. – Бигзор Љуѓрофидон њамроњ шавад!
– Вай ба љойи ту њангоми на;ор; навбатдор шуд, чунки ту хоб будї.
– Фарќаш чї?! Бедор кардан лозим буд. Умуман, Борман ба ман хўљаин не! Ман ба сардор шудани ў зид будам!
– Вале аксарият ўро интихоб карданд, пас, ў командир аст!
– Пас, бигзор «аксарият» дегро шўяд!.. Исто ки чаро ту фармон медињї, агар командир ў бошад? Бисёр бетоќат бошї, ба Бормани худат фармон де;, на ба ман, фа;мидї, Митрофанова?
– Чаро Борман аз ман будааст? – Люся дар ;айрат монд.
– Вай охир туро пуштора карда овард, мисли халтаи ахлот...
– Бигузор чунин бошад. Ман ба ; оши; шудам! – Люся ба ѓазаб омад. – Ту њасад мебарї. Чунки заб–зардї, биниат ана ин ќадар! – Люся дастони худро ба ду тараф па;н мекунад.
– Кош кирои ;асад мебуд! – Градусов бо хашм фарёд зада, дегњоро ба даст мегирад. – Дўст доштан гирад, садќаи сарам. Барои тўдаи ахлот афсўс намехўранд!
Иблис чунин њангомаро дар атрофи Люска дида, метарсад. ; мек;шад ба ин љараён ворид шавад, аммо касе ;ро пайхас намекунад. Он го; Иблиси ландањур дар ноумед; як ќањрамонї кард. Пас аз х;роки шом ба Люся хабар дод, ки ;узвдони ;ро ба катамаран бурда, дар сутун бастааст.
– Э, рањмат... – шод мешавад Люска ва дарњол дод мезанад: – Борман, чаро Градусов ба рўи њама бордонњо лой мепошад?!
Градусов бо ѓазаб ќадам зада, ба њар чї айб мељўяд, ба анљоми њама лагад мезанад. Дар охир, пеш аз рафтан маълум мегардад, ки тан;о ; њоло омода нашудааст. Вай марѓзорро давр зада фарёд мекунад:
– Борман, борхалтаи ман куљост? Ман аввалин шуда, онро љамъ карда будам!
– Њо, ана, бордонат. – Борман оромона ба љониби бутта;о ишора мекунад:
Градусов борхалтаро аз болои шох кашола карда мегирад, вале бо нафрат ба замин мепартояд.
– Ин аз они ким–каси дигар, на аз ман!
– Вий, ин аз они ман аст ... – пастакак фишшос мезанад Люся.
Иблис беихтиёр табассум мекунад ва китф ба њам мекашад. Бо андак эњсоси гуноњ шино мекунем.
Боз моро оби зарду масти Пониш ба пеш мебарад. Аз бари мо арчањои зери об монда мегузаранд. Абрњо дар болои љангалистон паст фуромада, бетартибона њаракат мекунанд. Дарањои дарози осмони кабуди сурхранг дар дурињо мехазанд. Дар пуштањои дури баланд, ки нури офтоб ба он љо меафтад, љангал аз нури дурахшони пуриќтидор равшан аст. Дар нишебињои доманаи кўњњои дур сахрањои дар љангал ѓарќгашта сафед метобанд. Гоњо харсангњо мисли њайвоноти бузурге пайдо мегарданд, ки барои обхўрї омадаанд. Об моро мебарад, аз бари мо соњилњо ва хати људокунандаи замину осмон мегузаранд, гоњо нўги дарахтони арчаи ѓарќшударо бо асабоният меларзонад, гоњо ба сурати мављњои нарми кўњњо мадду љазр мекунад, мисли нафаси ороми замин боло медамаду поин мешавад.
Бего;; дар со;илњо дарахтони афтондаи киштии яхшиканро мебинем. Ман хавотир мешавам. Чунин «шона»–њои даруни дарьё гондолањои моро харошида, ба осонй сўрох мекунанд. Дар пеш санавбари дарозеро мебинам, ки болои дарё хам шуда, шакли секун;аро ифода мекунад. Як шамол кофист, ки дарахти санавбар афтида, чун садди азим пеши роњро бандад. Дар катамаран ќоматамро рост карда, ба пеш менигарам. Як, ду, се, боз чанд арчаеро мебинам, ки ба об афтодаанд.
Вазъият чатоќ. Мо аз таги санавбар чун аз зери болочўби дарвоза шино мекунем. Ин дарвоза;о моро ба салтанати марг мебаранд.
Катамаран аз бари як «шона» давр зада мегузарад, баъд бо як кунљи танаш дигарашро зада меравад. Борман оќилона, бе асабоният фармон медихад. Вале ба шонаи сеюм думи ќаиќи мо мечаспад. Градусов бо панчањои арча задухурд карда, аз байни онњо суп–сурх, бо мўйи парешон ва танаи пур аз харошњо мебарояд.
– Бивен! – љониби Борман дод мезанад ў. – Аввал бин ба ку;о меравї!
Ва дар;ол ќаиќ моро ба с;и арчаи дигар мебарад.
– Р; ба поён афтед ва ба пеш! – фарьёд мекунам.
Њайат мисли мусулмонон дар намоз р;й ба замин меафтад. Мо аз зери дарахт парвоз мекунем. Шохњо пушту сари моро шона мезананд, чодаре, ки борњои моро мепўшонад, мекананд. Сўзанбарги хушк, чанги чўб аз гиребони мо мегиранд. Пониш вањшиёна моро љониби дарахти дигар кашола мекунад.
– Ата–ас! – Ногањон бехудона дод мезанад Чебыкин.
Киштии мо акнун ба шонаи т;с парвоз мекунад.
– Бо белњо онро тела дињед! – фарёд мезанам ман.
Нерўи ;араён чунон сахт аст, ки белњоро ;ариб аз дасти мо меканад. Киштии мо навда;оро шикаста, ба танаи дарахт мечаспад. Ман ба чорч;ба часпида, зарбаи дарахтро бо поям бармегардонам. Онро бо тамоми ќувва тела медињам, ки об моро зери шона накашад. Вай хеле паст хобида моро мисли корди булдозер реза–реза мекунад. Зоњиран, Пониш аз му;овимати мо девона мешавад. Як чо;и азим дар канори чапи ќаиќ ;;ш мезанад. Гондолаи чап болои он меравад. Мо ба тарафи рост хам мешавем, вале чо; моро зери дарахти тўс мебарад.
– Тютин, Маша, зуд ба тарафи чап! – фармон медињам ман. – ;ама либоси на;отбахшро ба бар кунед! Овечкин, шохчањои поёнро буред!
Овечкин мисли сояи хокистарранг дар даст табар аз наздам мегузарад. Ба дарахт мисли аспак мешинад ва њар шохи пешашро хашмгинона буридан мегирад.
«Овечкин, баргард!» – фарьёд мекунам.
Овечкин хап. Ранги рўяш сафед шуд. Раг;о дар пешониаш хат кашиданд. Табар ба болову поён задан мегирад. Парахањо ба рўи ман мезананд. Тараќќоси гўшхарош, лаппиш – ин танаи буридаи дарахт аст, ки катамаранро бо ;ама шоха;о ба о;;ш гирифта, ба об меафтад. Фаввора ба рўи ману Градусов об мепошад. Катамаран озод шуда, ногањон ба пеш харакат мекунад. Лахзае Овечкинро мебинам, ки савор дар танаи буридашудаи дарахт, торафт ќафо мемонад. Пас аз ла;зае Овечкин мисли к;ршапарак ба катамаран мељањад ва бо ;афаси сина ба ;афои он меафтад. Ману Градусов ўро аз об кашида мебарорем. Пониш мои озод ва девонаро поинтар мебарад.
– Ту чї, девона;?! –ба Овечкин дод мезанад Градусов. – Ё ту Буратинои ;ар;нашавандаї?!
Маша бо чашмони тира ва чиддй ба Овечкин менигарад.
– ; моро на;от дод! – мег;яд Люся бо эњсос.
– Боз як шона! – баъд аз дањ дакика фарьёд мезанад Борман.
;оло дар маљро як санавбари ;афси серпанља дарёро баста, па;н шудааст. Об дар шоха;ои он тоб мехўрад, мав;и кафк аз болои он ме;а;ад, назди он пур аз партови гуногуни дар об шинокунанда. Мо танњо бо роњи ба соњил кашола кардани катамаран бар ин шона ѓалаба карда метавонем.
– Тарафи чап, бел зан! – фармон медињам ман.
Мо дар бутта;о сахт дармондем. Мо бо тамоми кувва шохањоро мекашем, аммо катамаран дигар намељунбад. Ман чу;уриро бо бел чен мекунам.
–Ба ч; ниго; мекунед? – Ман бо ѓазаб ба падарон фарёд мезанам. – Шимро кашед, тела меди;ем!
Борман бе сухан ба кашидани м;за о;оз мекунад.
– Мо ;ам? – Маша ба аќиб рў оварда мепурсад.
– Ту ба ку;о! – дод мезанад Градусов. – Шинеду даматонро гиред!
Дар тан свитер, шорт;о ва м;за;о мо ба об ла;жем ва ча;орч;баро медорем. Сардї, мисли вампир, ба тани мо дандон мезанад. Чу;урии ин ;о каме болотар аз зону.
– Ту ба ку;о? – Градусов ба Тютин дод мезанад. – Ба ном Ёрдамчї, балот занад, панљ кило якљоя бо катча.
– Ййак!.. – Фармон медињам. – Ддууу !.. Э;!..
Хафт нафари мо якбора катамаранро аз байни рустањои назди дарахти санавбари афтода кашола мекунем. Катамаран мисли фили мурда вазнин аст. Чуби тези дарахте поямро харошид. Мо аз рўи реша;о лаѓжида ќадам мезанем. Чебикин ва Борман як;оя меафтанд, аммо мехезанд ва кашола мекунанд.
«Сарбозони Ермак каи;;ои худро ;амин тавр мекашиданд...» хиррос мезанам ман.
Ни;оят, метавонем боло равем. Падарон худро алвонљ дода, шимро аз болои шорти тарашон мепўшанд. Градусови каб–кабудшуда фарёд мезанад:
– Митрофанова! Ба ман як шиша ва шими хушк биёр!
– Дар ку;о? – Люся метарсад.
– Њозир ба ту нишон медињам дар ку;о!.. Ту дар борхалтаи ман нишаста;!
Люся саросемавор борхалтаи Градусовро мекушояд. Вай чанд ресмон, ѓалтакхои сим, банка, шамъ, љузъиёти хурди таъйиноти номафњумро мебарорад ва њамаи инро бо дањшат ба Маша медињад. Нињоят, трусињои калони хонапўшаку як шиша араќ ба дуньё меоянд. Онро ман бо дандон мекушоям, аз гарданаш мен;шам ва ба давра медињам. Ба тани сармохўрдаи ман оби гарм медавад.
– Дар пеш садди ях, – мегуяд бо алам Борман.
Мо гардан мекашем. Дар лаби дарё арчае њаст ва ба он як кўњи ях такя задааст. Тану бари он дар офтоб медурахшад. – Маълум мешавад, ки абр;о аллакай пароканда шудаанд. Њам дар тарафи рост ва хам дар тарафи чап зери об арчањои касногузар. На рафтан мумкин, на аз болояш гузаштан. Њама љо мањкам.
– Чї бояд кард? – Бо парешонї мепурсад Борман.
– Тамом, – мегуяд Градусов. – Кино тамом шуд.
Барои дар шом љой ёфтан љониби роњи зериобмонда меравем. Дар ин ;о хом;шии торик ва оромї. Ѓурриши Пониш паст мешавад. Мо байни ду девори арча оњиста–оњиста шино мекунем. Дар таги мо рах;ои шустагашта менамоянд. Дар оби шаффоф љалѓўзањо бе ;аракат овезон шудаанд. Љангал худро намоён мекунад. Њисси замини сахт гум мешавад. Аз дур, дар паси нўги тезу пан;а;ои арча, суб;и фарох ва гулобии дурахшон шах мешавад.
Тарљумаи Љумъа Ќуддус
Свидетельство о публикации №223041300811