Олег павлов. тайна. перевод на таджикский язык

 

ОЛЕГ ОЛЕГОВИЧ ПАВЛОВ

Олег Олегович Павлов (1970–2018) - носир, публитсист, муна;;ид. Барандаи ;оизаи «Букери Русия» (2002), ;оизаи Александр Солженитсин (2012) ва ;айра.
Дар Маскав таваллуд шудааст. Оѓози кори адабии ў силсила;икояи «Марсия;ои посбон» (1990) дар бораи зиндагии мањбусон дар муаассисањои ислоњотї аз ну;таи назари посбон шуд. Донишкадаи адабии ба номи Горкийро хатм кардааст, баъдан он љо дар бахши наср машѓулиятњо мегузаронд.
Аввалин романи О. Павлов «Афсонаи давлатї» дар бораи хизмат дар ќўшунњои назорати мањбас ба нависандаи љавон шуњрат овард. Романњои «Парвандаи Матюшин», «Асистолия», «Рузномаи посбони бемористон» О.Павловро дар сафи аввали нависандагони воќеиятнигори муосир гузоштанд.
Ў ;амчун адабиётшинос њам фаъолият намудааст: «Адабиёт ва масъалаи де;;онї», «Метафизикаи насри рус». Павловро устоди «насри дин;»-и дурушт меноманд, ки ба ин тарзи нигориш нерўи нигоњи шоирона ва ;амдардии масењї хос аст. ;а;рамони ў мардест дар њолати шадиди равонї, дар ;усту;ўи маънои њаёт ва на;от.


АСРОР


Ваќте ко;ин барои ан;ом додани маросим ба назди зан даромад, шав;ари он бемор духтарчаашро, ки мисли маймун бетоќатї мекард, нигоњ медошт. Духтарак дар долони беморхона дар;ол дилгир шуд, бинобар ин њељ чизро фа;мидан нахоста, ба палата даромадан хост. Ба вай маъќул буд найрангњое кунад, ки ди;;ати ;амаро ;алб намояд. Танњо ба ;ила;ои кўчак, вале ба њар њол, макри хоси занон аќлаш мерасид. Гоњо махсус мехост коре кунад, ки падараш ўро сарзаниш намояд – вале вонамуд кунад, ки аз ў наметарсад. Пас аз он мулоим шуда, худро итоаткор нишон медод ва нога;он ба сўи дари мамнўъ метохт, бехабар аз он, ки падар дасти ўро сахт доштааст. Э;тимол барои расидан ба ;адафи худ ;ама найранг;оро ба кор бурда, духтар фарёд зад, ки падараш одами бад аст, бегона аст - ва бо гиря фиѓон кашид: «Оча;он! Очаљон!" – Барои ин рафтораш падар нохост ва берањмона ба лабонаш зад. Акнун духтарча во;еан гирист, гўё якбора ;изои гарм хўрда бошад, ;аворо бо гиря фурў бурда, да;онашро пур кард. ;ама чиз якбора дар чашмонаш хира шуд. Ба да;шат омад... Ашк ;ор; шуд ва гўё чашмонаш кўр шуд. Духтар оби дидаашро пок кард, беранг ва бо як башараи каси љабрдида ба кафи дастонаш нигарист, гўё аз ифлос шудан тарсид, мехост дард ва хуни дили худро боз ба ягон каси дигар нишон ди;ад. Ва тамоми вуљудаш ларзида, нафас дар гулўяш дармонда, гўё мемурда бошад, ;и;о ба ;и;о, канда-канда, базўр гуфт: "Ма-н ди-лам-ро фу-рў бур-дам ..."
Падар ба ин хама бетафовут монда, ба девори беморхона менигарист.
Модар агар њоли ўро медонист, хафа шуда, духтарашро маљбур менамуд хомўш шавад.
Он;о соњиби фарзанди нав шуданд ва ;е; кас ба духтарак шафќат намекунад.
Ва он чї аз ў гирифтанд, ба додараш доданд.
Кўдаки навзод мисли лўхтак, фаќат зинда, ба ў маъќул набуд. Агар ў зоча мебуд, бозичаи дасти вай мешуд, бе ;е; пушаймонї мешикаст, пойњо, даст;о ва каллаашро меканд. Чунки пайваста чизе мехост: чир-чир мекард, мегирист, нола мекашид. Тагашро ифлос мекард ва умуман ба назари ў як маъюб менамуд. Аммо кўдак аз они волидонаш буд ва ў ;атто ;уръат надошт, ки бе рухсати он;о ба ў даст расонад.
Ба духтарак гуфтанд, ки ў калон шудааст ва бояд тифлро дўст дорад.
Ва ин махлуќча додараки њамхуни ўст.
Духтарча бошад, то;ат мекарду мунтазири марги ў мешуд: охир заиф аст, зишт, зиёдат;…
Вай дар ин бора беихтиёр сабукфикрона андеша мекард, аз чї сабаб бошад, гумон дошт, ки танњо орзу карданаш кифоя аст, ки хоњиши ў иљро шавад.
Ва пинњон дошт ин сирро.
Ва гўё сирри каси дигар буд, на аз они худаш, зеро намедонист, ки ин ч; гуна ва кай рух меди;ад. Аммо вай бовар мекард чун каси гўё огоњ аз ин.
Ин асрор ўро њељ азият намедод. 
Тан;о мехост бародарашро ;арчи зудтар фаромўш кунад: хоб раваду бедор шуда бинад, ки ў дигар нест - ва боз ў дўстдори ягонаи ањли оила шавад.
Бовар дошт, ки волидонаш писарчаро фаромўш хо;анд кард, чунон ки тифлро барои худ ба дунё оварда, ўро фаромўш карданд, то писарчаро аз духтарашон бештар дўст доранд.
Фаромўш мекунанд - ва аз мурдани ў дигар пушаймон намешаванд.
Вай дар маъбад њам хомўш буд. Ба он љо ўро барои он бурданд, ки ба ко;ин дар бораи рафтори бади худ на;л кунад ва пас мукофот бигирад.
Духтар бовар дошт, дар осмон Худое ;аст, ки заминро офаридааст, одамонро сохтааст ва ;ама бояд ба ў итоат кунанд ва онеро, ки итоат намекунад, ;азо меди;ад, бемор мекунад ё тамоман мекушад.
Модараш ма;бур кард, ки падар ;амро;и он;о ба калисо равад. Њоли мард хандаовар буд, зеро ба Худо бовар надошт, худро хеле о;ил медонист. Модар гуфт, ки бибиаш Вера ўро бад тарбия кардааст. Вай гуфт, ки Вера - бибї беа;л аст. Духтарча гўш мекард ва ба њоли ў механдид, зеро ба модараш чун ба худаш бовар мекард. Дид, ки вай ба Худољон дил бастааст, ў ;ам дар ;а;и;ат мехост, ки оши;аш шавад. Онро афсона пиндошта, хо;иш кард, ки пеш аз хоб дар бораи Ў китоб хонад, ваќти хобаш бурдан, фикр мекард, ки барои муло;от ба назди ў парвоз мекунад, рост ба осмон меравад. Ва модараш ўро бо навозиш «фариштаи ман» мегуфт.
Ба назари вай калисо љое менамуд, ки он;о ба мењмонї мерафтанд.
Духтар тавре ба ў ёд дода буданд, дуо хонд ва салиб кашид, то ба худо ва модарљон писанд ояд, дар дохили он худро чунон э;сос менамуд, ки гўё ба ид даъват шудааст, ќариб иди кўдакон. Оњ, агар боз рухсат медоданд, ки давутоз кунад, овоз барорад, хандад.
Аммо шамъ даргирондан мумкин, мисли шамъи рўи торт дар зодрўз.
Ва бо оташи он маъбадро оростан мукин.
Ба ў ;ама чизи зебо маъќул буд ва калисо зебо буд.
Аммо аз ;ама бештар духтарак бўсидани тасвиру нишонањои Исои Масењро дўст медошт, дар он;о Худоро медид, нафас ба дарун кашида, ба Ў менигарист ва баъзан ба назараш чунин мерасид, ки на духтарак, балки Ў боди;;ат ба вай менигарад. Бидуни ягон њадафу маън;, бо сипоси ќариб омехта бо саодат ба Ў чун шахси хозир табассуми шодиомез мефиристод. Ва ;амеша мукофоти худро мегирифт. Модар бошад, ифтихор мекард, ки духтараш хеле хуб аст, боимон аст. Ва вай низ фахр мекард, худро дўст медошт. Ко;ин ме;рубон буд. Вай аз ў наметарсид, зеро бояд и;рор шавад, ки медонад, он чї модараш медонад ва барои он, ў худро комилан гуна;кор ;ис мекард. Баъд ўро дар зери пешдомани зарринаш пинњон карда, дар болои сараш чизе гуфт ва бахшид. Баъд модарашро пин;он кард - ва ўро низ бахшид. Аммо ў дар бораи гуно;;ои худ њељ чиз нагуфт ва ;арчанд кўшиш кард, ягон чизеро шунида натавонист. Тан;о дид, ки модараш гирист, талх, гуё ўро сахт хафа кардаанд. Худи духтар чунин гириста наметавонист, ;атто мехост бардурўѓ бисгиряд, вале хосил намешуд. Њарчанд во;еан ;ам мехост мисли ў бошад, ;ама чизро мисли ў кунад. Модар аз чизе њарос дошт. Аммо духтар, агар аз чизе метарсид, танхо аз ашки модар буд.
Вай аз Худо бахшиш ва саломат; хост - ба худаш, ба волидонаш. Вай аз модару падар илтиљо кард, ки хо;иш;ояшро и;ро кунанд, гарчанд ин боиси ханда шуд: аз Худо он чиро хост, ки падар ва модар аз бозор харида метавонанд.
Аммо ва;те ки додарак пайдо шуд, вай ба Худо хашм гирифт.
Вай бародар талаб накард - аммо ў пайдо шуд.
Аз падару модар хафа шуда, пеш аз хоб дуо хонданро бас кард: барќасди њама.
Ва ;атто дар дилаш тарс пайдо нашуд: аз марг наметарсид.
Марг ба назари вай чизи хандаовар менамуд.
Вай ба худ ќоим буд, ки танњо абла;он бемор мешаванд ва мемиранд.
Нопадид мешаванд, тамом, вассалом. Њаво мешаванд – ва аз ин рў дигар намоён нестанд.
Худро о;ила медонист, зеро волидонаш табиб буданд. Ва агар аз ў пурсанд: "Калон шав;, к; шудан мехо;;?" – посух медод: –Духтур мешавам. Ва боз боиси хандаи њамагон мегашт: "Мехо;ам мардро дўст дорам ва чанд забон донам!"
Падар ўро са;ар бо мошини худ ба гимназия мебурд - он ;о вай забони англисиро меомўхт ва дар як миз бо як писари сарватманди зебо менишаст.
Вале модар ба гапи худ истода, ўро ба дарси ра;с бурд.
Ў музокира намуданро дўст медошт, худро калонсол вонамуд кардан мехост.
Калонсол буданро тасаввур кардан осон буд.
Ин сабук; имкон медод ;е; чизро ;ис накунад.
Аммо ќањру ;азаб – мањз њамин эњсос маљбур менамуд худро парешону хаставу нотавон кунад.
Рафтори аз ;ама то;атфарсояш он буд, ки аз дигарон нисбат ба худаш шафќат мехост.
Худро пири зишт, ранљур, ќурбонї вонамуд мекард.
Ва;те додарашро ѓусли таъмид намуданд, барояш а;иб ва да;шатноктарин рўз шуд. Онњо дар мошин мерафтанд – вай дар як гўшаи курсии ;афо пой;ояшро ба ;ам љафс карда менишасту хомўш меистод, аммо ба ў а;амият намедоданд. Кўдак дар он ;о, дар аробачаи худаш хобида буд: модараш ба ќафо гашта, онро бо як даст ба ;унбонд. Баъд падараш ўро ба баѓал гирифта, бо э;сосе, ки чењраи одатан ороми ўро тамоман дигар кард, тифлро ба калисо бурд. Нога;он ягон чиз барои фикр кардан намонд. Он чї дид, ба назари духтар хоб менамуд. Ва дигар чизе ба ёдаш намонд - тан;о он ки дасти ўро бибии беа;лаш Вера медошт. Э;тимол, мехост худаш бимирад ва ;амаро тарк кунад: модар, падар, бародар ва ;атто Худоро. Бихобаду дигар бедор нашавад. Танњо як лањза, ваќте кўдакро бо сар ба об андохтанд, ў аз об баромадан хоста дод мезад, ба назараш расид, ки додараш ѓарќ шуда мемирад: вале ўро дарњол аз об бароварданд.
Вай аллакай дар хона иконаи дўстдоштаашро ба рўи фарш партофт, ки модараш як ва;т;о дар калисо ба ў харида буд, аммо баъд дар як уто;и хол; ба атроф бо табассуми ногувор нигариста, онро бардошт ва боди;;ат дар дохили он гузошт, то касе чизеро пай набарад.
Ва чизеро интизор набуд, азбаски дигар ба касе бовар намекард, духтар ба он, ки бародараш зиндаг; мекунад ва ўро дўст медоранд, розї шуд.
Аммо нога;он бо ин махлу; не, балки бо модараш мусибат рух дод.
Модар ;амеша рўи бистар мехобид, ;ариб ;е; го; аз ;ояш намехест.
Вай гуфт, ки хеле хаста шудааст.
Ва он го; модар рафт ва он;о тан;о монданд.
Модар пайваста сафар мекард - ба дигар кишвар;о, ша;р;о ва аз ин духтар хафа намешуд, вай бо падараш монданро дўст медошт. Акнун модараш дар беморхона мехобид – дар љойи на он ;адар дур. Чунон ки ба назари духтар менамуд, одамон ;е; коре намекарданд, тан;о хўрок мехўрданд, мехобиданд ва ба гуфтаи духтурон итоат мекарданд. Падараш ба кор рафтанро бас кард. ;ама кор;оро як;оя ан;ом медоданд: сайр мекарданд, ба худашон хўрок мепухтанд, зарф;оро мешустанд, телевизор тамошо мекарданд. Вай ;ис кард, ки ў ба вай рўњан пайваст шуд, гўё модарашро фаромўш кард - ва он;о ;ама кореро, ки мехостанд, и;ро менамуданд, ки э;тимол онњоро модар манъ мекард. Ва ў дар нигоњубини додарчааш кўмак мерасонд, ифтихор дошт, ки мадади ў лозим аст. Танњо монда, пинњонї ба назди кати ў рафта, орзу дошт њангоми хобаш вайро аз хона бароварда ба ягон љо партояд. Аммо додар бедор мешуд ва духтар боз вонамуд мекард, ки ў модараш аст ва кўдак бовар мекард.
Ўро фиреб додан хеле осон буд.
Шояд писарча ;анўз намедонист, ки модараш кист: дар хотир надошт, намедонист ва дўст намедошт, ягон зарра шафќат намекард, аз ин рў вай њам ўро дўст намедошт.
Ў то ;ол фикр намекард, ки сабаби бемории модараш худи ўст...
Бемории модар танњо ба кун;ковии худхоњонаи ў осеб расонд.
Духтар ба асрори ањли оила тоќат надошт. Њатто бибиаш Вера баъзе сирњоро  медонист ва чун барои ёрї расондан омад, худро соњибхона вонамуд мекард ва ба  назараш чунон мерасид, ки мехоњад духтарча ба ў њам чун ба модараш итоат кунад. Ана, имрўз ;ам падараш ўро бо худ бурдан нахост. Духтарча фањмид: он;о аз ў сирри хеле му;имро пин;он мекунанд.
Аммо ин мард - ко;ин бо ;омаи фарсудааш ба назари ў як абла; менамуд. Бинобар ин бехуд гашта, дар куљо буданшро фаромўш карда, ќиќир-ќиќиркунон хандид ва аз ин ;е; хи;олат накашид, ќасдан ба ў менигарист ва худро калонсол вонамуд мекард. Ба назараш чунон мерасид, ки ўро аз кўча гирифтаанд. ;атто хафа шуд, ки аз тамоми асрори модар огоњ мегардад. Духтар тахмин кард: чунон мешавад, ки дар маъбад рух медод – ба Худои ме;рубонаш дуо мехонанд: бовар дошт, ки Вай ашки ўро мебинад ва аллакай интизори кушодани асрор шуд ва дид, ки модар бо асабоният ба худ омад, чењрааш  зишт гашта, ба чизе омодаг; мебинад. Хомуш; ;укмфармо шуд, ки дар он як илти;о бо исрор садо медод: "Равед… Хуб, меистед? ... Мумкин нест!" ана њамин ваќт духтарак ба назди модараш шитофт, дасташро гўё навакак зада бошанд, гирифту бўсид ва сабук ба о;анги илти;о гузашта, тавалло намуд: -«Оча;он! Очаљони азизам! Ман духтари бад ;астам! Ва ман мехо;ам бо ту бошам!”
Дар ин ва;т аёдати беморон манъ буд. Шав;араш ба ;ама чиз роз; шуд, ко;инро низ ў ёфт. Хеле кофт... Ба шиносњояш,албатта, насронињои ихлосманд занг зада пурсид. Масли;ат додан ба ў душвор буд, чунки умуман ба чунин вазъият дучор нашуда буданд. Ва боз метарсиданд: «Чї, вай мемирад? Ва ў мушаххасан посух дод: «Не, не. Зистан мехо;ад."
;арро; ва сад;о ;арро;;...
Ў ба худ бовар мекард, зеро ба њељ чиз ихлос надошт.
Рўдањои дигаронро кофтуков мекард?
Дар ин фаъолият ягон чизи ;олиб буд?
Ё да;шатнок буд?
Худро омода мекард. Духтурон ба беморони худ шафќат надоранд. Вагарна, пушаймон мешуданд, нафрат ва ;ам тарсро э;сос мекарданд.
Апендитсидњо, чуррањо, захмњо... Эњсосаш кунд гашт: одамонро мебуриду медўхт, ба истиснои амалиёти нисбатан башардўстона - иваз кардани узвњои бемор бо порањои тани каси дигар. Кори якранг коњил намуда, онро ба як одат табдил меди;ад. Њатто ба маош – ё чунон ки бо њазл мегуфт, «чирки даст» ;ам одат кардааст. Фа;ат мехост аз хоб сер шавад. ;аёт сурати од; дошт: оила, кор. Ба гумон, ки ў дар бораи чизе фикр мекард ... Барои ч; зиндаг; мекунад? Ин савол дарднок мегашт ваќте дар бораи кўдаконаш фикр мекард, ки ба он;о ;аёт бахшидааст. Онњоро мисли њар падар дўст медошт, охир аз хуни худаш. Идомаи насл... Чизе ки баќо мемонад... Аммо бо ин афкор ягон динро ташвиќ карда наметавонист... Медонист, ки ў аз устухон, раг;о, мушак;о, торњои асаб иборат аст. Ва аз марг наметарсид. Барои он;ое мезист, ки ба ў ниёз доштанд. ;аёт ва ;ам марг хати ростест, ки ба охирати бепарво мебарад. Дар он љо касе ё чизе нест, ки биљўї. Дар ин ;о чї?
Лабњои зан ѓафс, синааш калон, танаш нарми сафед, пўсташ гўё нам гирифта. Ягон љолибият надорад. Гуфтан мумкин, ки байнашон фаќат њирси да;али шањвонї буд. Дар донишкадаи тиббї як шаб шинос шуданду њамхоба гаштанд ва дўст шуданд. Физиология - љисми одам як фанни таълим; аст мисли фан дар бораи љасади инсон патолого-анатомия. ;ама ихтисос;о як;инсаанд. Баробарии гендер; бошад, дўст; аст. Доира метавонад васеъ бошад. Ва давра занад. Дониш;ўён бо њазл мегуфтанд: «;ама пизишкон бародаранд ва кулли ;амшира;ои шаф;ат фо;иша!» Духтурон аз ;ама бештар њазар мекунанд. Шояд дўст; аз иш; безарартар аст? Чунин љуфт;о бунёд мешуданд: духтури дасту пой ва чашм, дилшинос ва гурдашинос, дандонпизишк ва пизишки рўдаи рост… ё ;арро; ва духтури пўст. Баъд оила барпо мегашт... Он замон аз чї бошад, бе якдигар зиста наметавонистанд. Баъдтар бо бисёрињое, ки њамроњ тахсил мекарданд, дўстони оилавї шуданд... Рафиќон, њамкорон, эскулапњо - њама як савганд ёд мекарданд: «Ќасам ба Аполлон, Асклепий, Гигей ва Панакей, њама худоён ва олињањо - онњоро ба шоњидї гирифта, софдилона, аз рўи нерў ва фа;миши худ и;ро мекунам ин савгандро...».
Ў пас аз як шабонарўзи кор дар бемористон ба хона баргашта, мошинро дар ;авл; гузошта, ба чизе ањамият намедод. Зан тахмин мекард, вале хомўш буд - ў аз њад намегузашт, ваќте дурў; гуфтан бемаъниг; буд. Чизи умум; бояд таќсим шавад. Ва а;ибтарин чиз кўдаки умумї буд. Зан соњиби пул, пули худаш шуд. Нога;он ќарор дод, ки сафар мекунад, бо як дўсти номаълумаш. Ва;те рафт, ба ;афо ниго; накард. Ин кўшиши фирор буд. Зан метвонист барнагардад, мард ;ис мекард. Зан гуфт, ки ба Испания парвоз мекунад... Баъд ба Таиланд... Хаставу ранљур, гўё њамаро бохта бармегашт: ба хона, ба назди шавњар, ба назди духтарчааш. Ба ;ар ;ол, савѓотї - ту;фача;ои беањамияте меовард, аммо чизе намегуфт. Мард њам чизе намепурсид, дар шоми навбатдорї дигаронро иваз мекард ва рўз;о, њатто шабњое, ки дар хона мегузаронд, торафт кам мешуданд.
;ама чиз бояд замоне хотима ёбад. Якчанд маротиба, агар ўро мезад, шояд метавонист ;ама чиз ан;ом ёбад... Аммо ў то;ат кард. Зеро мард тавоно буд ва ба касе намегузошт, ки ўро бишканад. Зан инро талаб мекард, барои ў бера;мона, дурушт сухан гуфтан мушкилї надошт. Аз наздикї бо худ ма;рум кард ва агар байни он;о ќаробати ;исмон; рух медод, хушњолие намебахшид. Талаб мекард, талаб, талаб... Ё вонамуд мекард, ки шўяш ву;уд надорад, ;атто мав;удияти ўро дар па;лўяш чун одам ќабул надошт ва сипас дар ;узури ў дарѓазаб мегашт, фиѓон мекашид, нола мекард... Тан;о барои он ки ў худро ;е; шуморад. Ва зан ;ар рўз худро бадбахттар мекард. Мегирист: дар хоб бо фиѓон њасрат мекард мисли духтарча дунёро бо нола ба сар мебардошт. Аз зиндагї тањќирдида, бечора, захми дарунї бардошта мењисобид. Зоњиран, ки ин як бемор; буд... Ва ;ама чиро ки худ содир менамуданд, оид ба бемор; њам пин;он мекарданд. Аз хешу табор, аз наздикон. Ва ин тавтиаи хомўш; тамдид менамуд зиндагии тан;о; ва гунгонаро…
Мард гумон дошт, ки дар бораи занаш ;ама чиро медонад... Духтари ноздонаи падар, аз модар дида бо падар бештар њамроњ буд. Падар пас аз марги модар оиларо тарк намуд, бо духтари ;авони ;ариб ;амсоли ў издиво; кард ва пас аз ду сол аз саратони љарроњинапазиранадаи рўдаи росташ фавтиду ўро бева монд. Бепарво мурд, гуё ба њама хиёнат кардаву њама ўро фурўхта бошанд. Инро, ки ў ба касе даркор набуд, духтараш ва;те фа;мид, ки он мављудоти замоне падар номдошта ба кўраи љасадсўзї – крематория рафт. Ва ў мисли аксари одамоне, ки волидонашон рењлат кардаанд, вонамуд месохт, ки ;ама чизро мефа;мад. Э;тимол, ;аноатманд шуд, ки э;соси худро баён накарда, ўро бахшидааст. Духтар мехост ;ама ўро дўст доранд, тан;о ва тан;о ўро. Ин як навъ девонагї буд. Аз ин рў, ба модараш рашк менамуд, намехост, ки бо ин муросо кунад.
Мард бе падар калон шуд. Хуб ё бад, ;ама ўро доштанд. Вале дар шањодатномаи таваллуди ў љойи падар холї буд. Модараш гузаштаро пинњон мекард, писар чуръат накард аз падараш пурсад ва дар бораи ў фикр кунад. Ќонунњои зиёде буданд, ки тибќи онњо ба балоѓат расид ва онро вайрон карда, хоин шуд. Ва ў агар њанўз њам худро  модар њисоб мекард, аз он буд, ки хотираи падари писарашро аз байн бардошт. Ба ў сирри як каси бегона шуд: аз кист, фарќ надорад. Падар метавонист зиндаг; кунад, метавонист аллакай бимирад, аммо ў вуљуд надошт.  Ба њар оин, ў њељ гоњ мисли падар намешавад; ч; хел бояд бошад – зиндаг;, мисли писари ўгай, ўро омўхт.
Боре занаш ўро бо бўса бедор кард: рухсораашро сабук ва гарм ламс кард. Вай аз ин мењрубонї бедор гашту гуё аз нав таваллуд шуд. Зан дигар шуд, ;амчун як шабањи афсонавї боназокат ва ;амхор, босабр ва ме;рубон. Аммо ;амин тавр, дар як шаб, бо хо;иши ў, бо амри ў, ;ама чиз дар ;аёти он;о та;йир ёфт.
Пас аз ин зан ба калисо рафт ва духтари хурдсолашро хамроњаш бурд... Дар ;ама ;ои хона иконањои  муњофизатгар пайдо шуданд. Ихлосманд. Буд… Шуд... Аммо ваќте бармегашт, дар чењрааш нури халосшавї медурахшид, дар интизории сахти чизе шах мегашт. Бо изтироб ба худ омада, бо ;ар фикри нав дар бораи оянда ба љўшу хурўш меомад, дар;ол талаб мекард, ки чизи интихобкардаашро харида биёранд, њар хоњишашро и;ро кунанд. Шавњараш итоат мекард ба дараљае кўр гашта буд, ки дар вуљуди ў та;йироти ;иддиро пай намебурд. Зан ;омиладории худро пин;он кард. Аз ин фиреб доданаш шояд фахр њам мекард. Тоб меовард. Пин;он мекард. Ва ин њама ба хотири он, ки як зиёфати хандаовар ташкил карда, тањти шамъњои фурўзон бо табассуми пурасрор бигўяд, ки вай кўдаки ўро дар шикам дорад ва, ў аллакай инро медонист, писар аст. Саховатманд буд, оли;аноб менамуд. Ва гаронтарин тў;фаро ба шав;араш кард.
Писарак номи падари ўро мегирад, вай аллакай чунин тасмим гирифтааст.
;ама чиз гуфтан осон буд.
Ў ба осон; роз; шуд.
Баъд ;ар да;и;а гуворо шуд. Вай ид мехост ва он;оро ихтироъ кард: сайру гашт дар бо;;о, сафар;ои берун аз шањр, шоми зиёфат барои дўстон. Кўдак дар шиками модар гўё хобидаву ба ў мушкилї намеовард. Ва;ти барои озодї људошуда зуд мегузашт. Ба охир расиданаш торафт ба таври то;атфарсо кашол ёфт. Сипас хомўш шуд, ;ар рўз барои ибодат ба калисо мерафт, тан;о будан мехо;ам гуфт ва дигар духтарашро бо худ набурд. Ва як рўз рафту нопадид шуд ва ба хона барнагашт. Ва тайи чанд рўз касе дар бораи ў хабар надошт... Ва мард дар ;ар ;ое, ки метавонист, ўро ;усту;ў кард - танњо ба мурдахона;о занг назад.
Имон – интизорист. Асли њаќиќат аст. Агар имон дорї, мунтазир мешавї.
Мард бояд интизор шавад.
Зан хељ чизро намефањмид... ба мард њама муаммо якбора равшан шуд. Ва;те зан баргашт, ба ягон савол ;авоб дода натавонист. Фаќат нигоњи нарму гарми навозишомези чашмони калон кушода дошт, ки дар он тарси номаълум шах шудааст. Як табассуми пурмењр… Бо шиками дамида... Дар охирин давраи њомиладорї... Ба касе чизе нагуфта... Вале девона набуд охир… Махлуќи бењис њам не... Табассум мекарду хомушї ихтиёр мекард, охири пурсишро мунтазир шуд. Ба зан нигариста, мард аз худаш тарсид... Ўро аз озодї мањрум кунад? Маљбур кунад азият кашад? Аммо дар зери дилаш фарзанди ўст. ;ама чизро бояд фаромўш кард. Ва;те таваллуд кард, тамоман фаромўш кард. Ўро бахшид. Писар таваллуд шуд! Ва акнун шодии ором дилашро гарм месозад... Аввалин садои нозуки ў... Аввалин ниго;и маънодор... Табассуми аввал... Ва ;ангоме ки пас аз ѓусли таъмид ўро ба даст гирифт, худро нисбат ба ин одамчаи хурд нодону фарсуда эњсос намуд ва майли ѓуломонаи барои ў зистан, ба ў хизмат кардан пайдо шуд... Шодї чунон зиёд гашт, ки гоњо ба дањшат меомад: Барои чї? Ва;те писарро дар ваннаи пластик; шуст, ба ёдаш расид: шодии он;о дар таѓораи оббозї буд...
Ного; дастонаш ларзиданд. Аз чй сабаб бошад, чун хобу хаёл тасаввур кард: занги телефон ва овози касеро шунид, ки бо тамкин мегуяд: «Зани шумо мурд»... Худаш чанд бор ин суханро ба забон овардааст, бе ягон андеша, ки  чаро ин тавр бошад: тамом вассалом ва дигар њељ чиз нест?! Ў ;е; го; худро ин ;адар нотавон ;ис накарда буд, ки ;обилияти солим гардонидани одамро надорад. ;ар як духтур дар чунин ;олат;о медонад, ки дар Амрико ин намуди бемориро хеле содаву осон табобат мекунанд - аммо дар Русия одат доранд, ки коре мекунанд, харчанд худашон намедонанд ч; кор мекунанд: санљишњо мегузаронанд, дору;ои будаю набударо медињанд, муолиља мефармоянд, ;изоро дар беморхона таъйин мекунанд... Аммо то ин ва;т гемоглобин меафтад. Гипоксия  инкишоф меёбад. Вай медонист. Бинобар ин, аз њамкорон хоњиш намуд, ки на дар клиникаи худ, дар љойи дигар ўро хобонанд. Медонист, ки занаш аз муолиља сахт метарсад... Кўдаке, ки гумон мекард, ки ;аёт абад; нест ... Охири ;аёт марг аст. Танњо ваќте ки пас аз ѓайричашмдошт хомўш шудани дарди љонкоњ, сарашро ба болин партофта, узв ба узв, хуљайра ба њуљайра бо њар тори асаб оромии одиро њис мекард, табассум чењраи камхун ва ниммадњуши ўро нарм месохт.
Дар назди беморхона, шояд ба хотири рафъи тарс, ў маросими видоъ ташкил кард... Онро, ки фардо субњ ногузир ўро ба муддати номаълум ба бемористон мебаранд, зо;иран, ором, бо тантана дарк мекард, гўё як на;ш мебозад ва зан онро иљро мекард, аммо хеле ;идд;. Барва;т, баробари дамидани суб; бо аробача ба ;авлии назди хонаашон баромада, маслињат карданд, ки духтарашонро бедор накунанд. Кўдак, ки дар тобистон аз тафси гармои шањр нафастанг мегашт, њоло хобаш бурда, сўрохи бинии худро ;ассосона кор фармуда, аз ;авои салќини тоза аз тафту гард тозаро дам мекашид. Он;о дар курсие, ки ба таври хандаовар ороста, бо ;ама ранг;ои рангинкамон ранг карда буданд, дар байни майдончаи бозии кўдакон нишастаанд. Вай ба як ша;ри холии бозича монанд буд. Ва шароби сафедро бо оби маъдан омехта, бо ќултњои хурд ва,  албатта, дар љомњои булўр; нўшиданд ва чун дар Соли нав орзуву ормони худро фол диданд. Фаќат на як бор, балки дубораву себора, ќатра - ќатра нўшиданд, то холї шудани шиша. Зан мехост, ки орзуњояш зиёд бошанд ва он;о аз њамдигар фарќ кунанд, вале ба якдигар ошкоро чизе нагўянд... Мард ўро дастгирї мекард, сахт мекўшид. Ва шароб ;ама чизро осону гуворо кард, ;атто дардро њам.
Ваќте тамоман аз иштињо монда буду таъом хўрда наметавонист ва танњо оби сарди чун яхро фурў мебурд, нўшидан нофорам буд. 
Дар бораи кўдакон гуфтанд... Дар бораи он ки вай танњо бо он;о ч; гуна хо;ад буд... Аммо, аз хона, оила, фарзандон ;удо шуд, худ надонист чаро аз шодии охирин ва табиї – дидани кўдак даст кашид... Зан метарсид, бовар кунонда илти;о менмамуд, ки њељ гоњ ин корро накунад, гўё сухан аз боби ;аёту мамот аст. Чизи а;иб гуфт: «Бигзор писаракам чизе надонад. Ман ба хона бармегардам ва ўро мебинам».
Мард шарм дошт, ки занаш ўро солиму озод мебинад.
Беморї занро нозуку осебпазир гардонд... Дар паси дари палатааш, ки дар паси он корњои барояш нохуш рўй медоданд, њоло њам дар бораи ў њамчун зан фикр мекард, дарди ширини баданашро эњсос мекард. Барои ба вай нигаристан меомад...
Зан медонист, ч; тавр ба худаш мафтун кунад, ин барояш осон буд... Ба касе табассум кардан дар навбати умум; барои муолиља, ё дар сари мизи таъоми бемористон. Ба ;амшираи шаф;ат ё фаррош ширинї, мевае медод. Рухсат медод аз души ў истифода баранд, харчанд худаш њазар карда, танашро фаќат бо сачоќи тари гарм пок мекард. Баъзењо баъдтар барои шунидани гуфтори ў дар бораи муъљизањои муолиљаи њозиразамони рўй, солим нигоњ доштани пўсти бадан меомаданд. Ва шом;о занњои ихлосманд аз палата;ои умум; ба њуљраи ало;идаи ў омада, намоз мехонданд. Вай он;оро водор намуд, ки ин амалро њамроњ и;ро кунанд: бо навбат хонанд ва дуоњоро гўш кунанд. Вале аз ;ама як хоњиш мекард: "Барои ман дуо хонед". Чунон ифода мекард, ки хоњишаш њайратангез ва му;аддас менамуд, дилњоро тасхир мекард.
Суханњояш чун сењру љоду садо медоданд: "Бисёр зан;о барои ман дуо мегўянд."
«Бо ин кайњо мурдаро зинда кардан мумкин буд», – њазл менамуд шавњараш ва гўё ба шунидааш бовар намекард.
Ного; зан дар бораи Дивеево ;арф зад, аз он, ки шавњараш бояд ўро бо мошин ба Дивеево, ба дайри занњо барад ва он го; ў шифо меёбад. Аммо ин имконнопазир буд. Ва ;ангоме хо;иш кард, ки ко;инро даъват кунад, мард осуда шуд, ки ;адди а;;ал як хоњишашро и;ро карда метавонад. Бо духтури муолиљакунандааш су;бат кард, вай  њам мисли ў фикр дошт, ки дар ;олати ў чунин чизеро бояд манъ мекард. Вай ишора њам кард, ки њоло барои занаш машварати равонпизишк муфидтар аст - аммо ;уръат накард, ки исрор намояд... Мард бо ;азаб андеша ронд: «Албатта, касе дар беморхонаат љон меканад, аммо ин барои ту як њолати му;аррарист... Худат ;одир нестї ба ў ёрї расонї, вале доруи оромкунандаи асаб намехўрї... Аќлат комилан барљост... Солим ;астї... Барои хамин ту ;ама чизро медонї, њукм меронї... Ва ;аёти беморонро идора мекунї... "
Чанд муддат тоб овард, вале маълум нест, ки боз чанд... рўз, њафта, моњ лозим мешавад.
Дард ва ара;и часпаки сард, ;айкунї ва хунравї…
Талош мекард, муќовимат менамуд бе он ки на шуљоат дошт, на ќувват.
Зан њељ чизро намефа;мид.
Духтарчаи ашколудашро ба наздаш хонда, падар ба чашми ў нигарист... Тинаташ ба модараш чунон монанд буд, ки духтарак бо хашм руй гардонд, чашмонашро пинњон кард... Хурўшид: – Чй? Мехо;ї му;аббати худро ба ман эътироф кунї?» Ваќте падар хомўшона ўро оѓўш кард, ;анўз ;ам ўро бахшидан намехост, вале оромтар шуда, пичирос зад: "Хайр, боз як кас ба ман оши; шуд..."
Дар долони беморхона занњои танњо бо хилъат равуо мекарданд... Нињоят аз палата коњини вуљудашро араќпахшкарда баромад. Зуд сар ;унбонд ё таъзим кард ва шитобон рафт.
Зан рўяшро ба болин гузошта, дар кат мехобид. Духтараш дарњол худро ба назди ў расонда, ба оѓўш кашид ва бо тарс гуфт: – Очаљон, дард мекунад? Ту дард намекашї?
Пас аз хурўљи дард бемор чашм кушода, гўё дар хоб бошад, че;ра;ои зиёдро дид...
Духтур, ки аз муомила бо ин бемор хаста гашта буд, бо назокат он чї рух дод, му;окима накард.
;амшираи шаф;ат ба раги вай сўзандору гузаронд, гўё њиљом карда, хуни зиёдатиашро гирифт. Њоли зан сабуктар гашт ва њамаро фаромўш намуд, дар зераш чизи нарми ;авоиро э;сос кард.
– Дада, модар;он мурд? - Овози ларзони пастакакро шунид зан…
Он;о дар ин ;у;раи кўчаки пур аз бўи доруњои гуногун бо девор;ои урён тан;о монданд. Яхдон, телевизор, миз ва боз як кати дигар, гуё аниќ хонаи кас буд.
"Хобаш бурд. Бедор намекунем, меравем».
Ва ў пеш аз баромадан ба фазои холї маљнунвор гуфт: «Хуб, њоло Худои ту ку;ост?»
Дар хона, ки бо њузури модараш бо кадом сабабе худро бегона њис мекард, ба саволњои ў берабт, ё даѓалона посух медод ва ишора мекард, ки дар ин хусус бо ў ошкоро њарф намезанад. Ва модар, ки пеш аз ин њам борњо хафа шуда буд, аз ѓалаёни эњсос баромада рафт. Вале ў бетавфоут монд.
Духтар дар ;у;раи хурди худ пин;он буд, вале аз тан;ої метарсид. Аз чї бошад, додараш ба ёдаш омад ва ўро хомўшии тазъиќовар ба утоќи волидонаш тела дод ки катчаи равонаш он љо буд. Додараш дар ум;и мулоими катчаи хурдакак хобида буд ва ба назараш чунин намуд, ки ў нафас намекашад. Духтарак садо дод... Оромона.
Ва ного; ў зинда шуд, бо таа;;уб чашмонашро кушод.
Духтарак гирист, гўё ўро бори охирин медид. 
Кўдак ба ў нигариста, дастонашро ба сўи ў дароз кард ва табассум намуд.
Чашмонаш медурахшиданд – дар онњо чї ќадар шодї буд, нур буд, њаёт буд…

Тарљумаи Љумъа Ќуддус


Рецензии