Дрожащие пальцы покупателя. Рассказ на таджикском

Джума Куддус

Дастонаш меларзид

Офтоби аввали моњи май нохост њаворо тафсонд ва зери он истодан душвор гашт. Аммо хубињояш бисёр буд, меваю сабзавот пухта расида, дар ду тарафи дар хиёбони назди маркази савдои «Садбарг» гелосу ќулфиной, помидору бодиринг саф баста, гўё маро бихўр гуфта, бе реклом њаваси мардумро меоварданд. Дар баробарони савдогарони доимии дўкону дўконбача, соњибони боѓу полезњои дохилу атрофи шањр низ сатил-сатил мева оварда, нисбатан арзонтар дода, савоби мардумро мегирифтанд. Диќќати моро њам гелосњои як зани солхўрда ба худ љалб намуд, боз ду-се нафар дар атрофи ў љамъ шуданд. Вале навбат, ба гуфти мардак, њељ аз љояш намељунбид. Аниќтараш, њисобї кардани як марди миёнсол хеле дароз кашид. Дар тан костюми кўњна, дар китфаш борхалтаи на чандон пури сабук дошт, ки ба кисаковии ў халал мерасонд. Бори чандум буд, ки даст ба љайбаш бурда аввал чизеро мепалмосид, баъд як њавуч танга бароварда, бо китфу оринљаш борхалтаашро дошта, бо нўги ангуштони як дасташ ларзон-ларзон тангањои даркориашро људо карда, як ќисмашро дубора ба киса партофта, љониби сохиби гелос дароз кард.
- Холо њам кам, - бо нармї гуфт фурўшанда.
- Ба дигараш дуо медињам, - бо ѓурур вале сарашро паст карда гуфт мард
- Э, нав панљ сомонї додї, ними дигараш монд, - эътироз намуд зан ва дилтанг шуда гуфт. – О, хамон тангањои сафедата парто, буд мешавад.
Мард чизи муњимеро ба ёд овард, ки табассуми сарде њам карду даст ба љайби дигараш бурд, боз њамон амалиётро такрор намуд ва гўё кори бузурге анљом дода бошад, чанд тангаи 20-дирамаро људо карда, ќаноатмандона ба кампирак дароз кард.
- Уф… Боз се сомонии дигар…
- Барои дигараш дуо медињам. – такрор кард мард.
- Идонаи маро те…
- Ин љо бозор. Ту хона биё, бепул медињам. Лекин то инља омаданаш бачањо захмат кашида гелос чинданд. Идипулї мешавад…
Дастони мард зиёдтар ларзиданд. Аз нигоњњои таънаомези одамон шарм дошт магар, ки ба кисаи дигари шимаш даст андохта, як ќабза тангаи зардак баровард. Бештарашон 10-дирама, се-чор 20-дирама, њатто чанд тангаи сафеди 1-сомона њам буданд. Бо њавсала бо нўги ангуштони ларзони як дасташ 10-дирамањоро мисли донањои тасбењ гардонда, људо карда дод.
- Њоло њам буд нашудааст. Боз ду сомонии дигар…
-Э хайр, барои ваяш дуо медињам, - бо исрор тавалло кард мард.
- Уф… - зан ба чењраи харидорон, ки зери офтоб нигарон буданд, назар афканда, умедашро канд. – Ба худат дуо дењу аз Худо илтиљо бикун, ки аз сарсонї барорад, - оромона гуфт зан. Ва ба тангахои зард нигариста, њайрон монд, ки чї кор кунад.
- Ин ќадар худата ларзондї? – њайрон шуд кампираке.
- Ин ќадар тангањоят бисёр? – тоќаташ тоќ шуда пурсид зани дигаре.
Мард табассуми хунуке карду халтаи селофании дигарашро аз замин бардошт ва бошитоб равон шуд. Дастњояш дигар намеларзиданд.
- Нав шинохтам, ин талбанда аст. – гуфт нафаре.
– Тануманд аст, сихат аст, камаш понздањ кило бор ба дўшаш… - ба хайрат омад кампирак.
- Ин одат аст. Ваќте мардум ба ин садаќа медихад, дасташон намеларзад, аммо ин барои шиками худ пул додан намехоњад,
- Боз одат кардааст, ки бояд њама ба ў њама чиро бепул дињанд - нон, мева, либос.  Агар як бори дигар аз кисааш танга мебаровард, на танњо даст, дилаш њам меларзид, љонаш аз танаш мебаромад…
- Э, афташ хушк шавад, - бо пушаймонї гуфт гелосфурўш. – Куљо дафъ шуд, тангањоша гирад, аз сараш сабил монад…
Аммо гелосхар, шояд барои он, ки худашро зудтар аз назди фурўшанда дур кунад, бардам-бардам ќадам зада, кайњо дар байни анбўњи одамон нопадид гашта буд.
- Тавба, талбандахои дигар халкхо низ чунин бошанд? - нафахмидам инашро ки гуфт.


Рецензии