Ду чиноят - кадом сангинтар?
хикоя
Нилуфар њар ваќт ки наврасони овораю дарбадарро мебинад, дилаш месўзад. Худи ў зани дар зиндагї чандон хушбахт нест, барваќт аз падар ятим мондааст, вале рањму шафќат дар дилаш зиёд аст. Боре ќариб буд, аз рањмдилияш захме ба дил бардорад. Ва дар андеша задааст, ки дар ин њодиса киро гунањгор њисобад.
Ў чунин њикоят кард.
Дењаи мо аз пойтахт дур бошад њам, дар сари роњи калон љой гирифтааст. Баъзан, мошинњои мусофирон дар наздикињо аз кор барояд, барои таъмири он усто кофта меоянд ва азбаски мењмонхона нест, баъзан шабро дар хонаи ягон каси дилкушод рўз мекунанд. Тартиби кори љањон ва расми тољикон чунин будааст.
Як рўз наздики шом як навраси таќрибан понздањсоларо дидам, ки дар даст як селофан сўзану риштаву ќайчи дошта, барои фурўш пешнињод мекард. Вай мўйи дароз дошту шимми љинсу курткаи кўњна. Гумон кардам, ки духтарчаест, вале дар сўњбат маълум шуд, ки писарак будааст. Гуфт, ки аз рањи дур омадаасту дар ин дења касеро намешиносад, ягон каси савобгир бошад, ки як-ду рўз, то чизњоро фурўхта, рањпулї ёфтан дар хонааш бихобам. Дилам сўхту ба хонаамон овардам. Модарам нобоварона гуфт, ки аз ин дилсўзиат рўзе ба ягон бало гирифтор мешавї. Мењмон Аз ин њол дили модарам њам сўхт. Зеро ки ду бародари ман њам чанд сол боз дар Россия мусофиранд. Онњо ба ёди модарам расиданду, писаракро ба хушї ќабул кард, барояш оби гарму собуну сачоќ дод, ба мо фармуд, ки либосњояшро шўем.
Писарак ќариб як њафта дар хонаи мо монд, сањар ќайчиву сўзанашро гирифта кўча ба кўча мегашт, аммо харидоре намеёфт ва шом хаста шуда бармегшашт, њамроњи мо нон мехўрду мехуфт. Номаш Дилшод будааст, гуфт, ки падару модар надорад. Як рўз ба ман коре баромаду ба хонаи апаам ба ноњияи дигар рафтам. Омадам, ки писарак бе хайрухуш аз хона баромада рафтааст. Хавотир шуда, ба ашёи хона назар кардам. Ду-се чиз дар љояш набуд. Аз он љумла, суратгираки нави бародарам ва гўшвораи тиллои модарамро наёфтам. Дилам аз саѓирапарварию бечоранавозї сард гашт.
Ваќте ки дубора ба хонаи апаам рафтам, сурати ў дар дастам буд. Онро дида, њамсояи апаам шинохт ва гуфт, ки дар кўчаи дигар зиндагї мекард. Ба суроѓаи нишондодааш рафтам, ки устои ќайчиву корд будааст. Ваќте ки Дилшодро суроѓ карда сураташро нишон додам, шинохта гуфт, ки ин писарак чанд ваќт дар хонаи ў зистааст, устогиву чарчинфурўширо зуд аз ў ёд гирифтааст, вале номаш дигар аст. Дар хусуси аз куљо будану фарзанди кї буданаш чизе намегуфт, вале аз рўи баъзе гуфтањояш шояд аз ноњияи Вањдат бошад. Ба аќидаи ў писарак чи сирре дорад, ё нимдевона аст, ё аз чизе сахт тарс хўрда…
Рўзе нохост ўро дар маркази ноњия дидам. Худро ба нодонї зада, бо хотири шод њолпурсї карда ба хона даъват намудам. Рад накард. Ба гумонам, он шом њам љойи рафтан надошт. Дар хона бо мулоиматї хоњиш кардам, ки агар суратгираку гўшворањои тиллоии модарамро баргардонад, ба милиса арз намекунам. Ба дуздиаш ќоим шуда гуфт, ки онњоро ким-кай фурўхтам, дар хонаатон чи коре фармої, мекунам, то пули онро барорам. Ќањрам омад, охир мо ўро чун як додараки худ бо дили кушод ќабул кардем, вале ў… «Додарак»-ро ќариб як њафта кор фармудам. Ба хурдљуссагиаш нигоњ накарда, бачаи зањматдўсту боњунар будааст, тамоми замини њавлиро побел кард, дарахтњои хушкшударо бурида, њезум кард, як порча девори афтодаро похса зада бардошт. Њайрон шудам, ки дар ин љавонї бо ин ќадар њунар чаро бекор мегардаду осоиш надорад.
Инро дида, модарам боз дилаш ба њоли ў сўхт ва маро коњиш кард, ки дар њаќи бачаи бечора љабр накунам. Зеро ки «зулм бар саѓира убол аст, уболаш мегирад». Барои ман аљиб буд, ки ин бачаи серњунар чаро танњову бемакон мегардад ва падару модар доштани худро пинњон мекунад. Њар ваќт, ки аз волидайнаш мепурсидам, такрор ба такрор мегуфт, ки саѓира аст, модару падарашро ёд надорад. Оќибат, бо талаби модарам љавобаш додам. Вале ваќте ки ба хонаи апаам ба ноњияи Вањдат ба мењмонї рафтам, тасодуфан сураташ дар дастам буд. Як њамсояи апаам ўро дида шинохт. Падару модараш зиндаву барњаёт буданд. Зуд ба дидани ман омада аз њоли ў пурсон шуданд. Модараш ашк рехт, падараш њам дилшикаста буд. Њикоят карданд, ки Дилшод бачаи хуби боњунар буд, аммо тахминан дар дувоздањсолагияш аз хонаи њамсоя чизеро дуздид. Барои ин кораш ба њисоби бачањои душвортарбия дароварданд. Аз љониби дигар, њамсояњо «Дузд омад, эњтиёт шавед», гуфта, ба асабњояш мерасиданд. Дар натиља, чанд муддат аз њама гурезон шуд, мактабро партофт. Барои осоиш ва аз тањќир халос шудан њар сари чанд ваќт ду- серўза ба хонаи бародараш ба дењаи дигар мерафтагї шуд. Мо њам одат кардем. Гумон доштем, ки аз назари њамсояњо дуртар гардад, он гуноњ, ки аслан як хатои бачагї буд, аз ёди дигарон мераваду худаш њам одами дигар мешавад. Аммо як њамсояамон барои коре ба он дења рафта, њамсояњои акаашро њушдор дода гуфтааст: «Аз Дилшод эњтиёт шавед. Мо ин дуздро аз ќишлоќ зада пеш кардаем, навбати шумо аст».
Ба ин гапи ў кам касон бовар кардаанд, вале Дилшод озурда шуда, аз хонаи бародараш њам баромада рафтааст. Гумон доштем, ки дар хонаи бародараш аст, ў гумон мекард, ки Дилшод дар пеши мост. Њамин тавр, бачаро бой додем. Инро хеле дер фањмидем. Моњњои аввал гоњ-гоњ ба хона меомад, мегуфт, ки дар шањр њунар омўхта истодааст. Дар њаќиќат, пеши устои оњангаре шогирд истод, гоњ-гоњ ягон асбоби оњании дастсохтро барои фурўш њам меовард. Вале чанд ваќт шуд, ки ўро надидем. Ба воситаи милиса наљустем. Зеро ки бе ин њам дар ќайди милиса аст ва метарсем, ки азоб мекашад. Дигар ин, ки агар бо зўрї ба хона баргардонем, боз ягон њамсояи баддањан таъна мезанаду боз ќањр карда баромада меравад. Метарсем, ки худкушї накунад. Бародараш чанд моњ боз бемор аст. Намедонем чи кор кунем…
Волидони бечораро тасалло додам, ки Дилшод бачаи дилсофу сода аст, дузд нест, вагарна рўзњое ки аз ќањр кораш мефармудем, касе ўро посбонї намекард ва ў метавонист бемалол чизњои ќиматро аз хонаи мо дуздида, сари роњ барояд ва ба аввалин мошини рањгузар савор шуда ѓайб занад. Дигар ўро кї ёфта метавонист? Не, ў мехост ба мо, ки дар њаќаш ягон бадї накарда будем, арзи сипос кунад. Таъмири девор њам фикри худи ў буд. Ў хатояшро мефањмид, афсўс мехўрд, ки дасташ ќалб шудааст, як одати бад шудааст. Вай мехост, ки ислоњ шавад. Ва ба гумони мо, мањз њамсояњои баддањан ўро дубора ба дунёи касифи љиноятњо тела додаанд.
Ба Дилшоди аз хатои бачагї, аз захми забони њамсояњо абадї ношоду дилшикаста, ба волидайни дар њаводиси рўзгор даступохўрда чи тавр ёрї расондан мумкин? Волидайн пир шуда дар нафаќаанд, сарват надоранд. Маълум, ки дар ин њол фарзандон кам ба гапи онњо гўш мекунанд. Бача бовариро ба њамсояњо, ба худ ба инсонњо гум кардааст, дили озурдааш ягон гапро намебардорад. Ва чунин њол дер давом кунад, дере нахоњад гузашт, ки ба љинояти калонтар даст занад, ё њатто худкушї њам кунад. Аќли ба њадди булуѓ нарасидаи бача чунин чизњои дар назар соддаро тањмил карда наметавонад.
Роњи ягони њалли ин масъала - аз бадгўї бастани дањони њамсояњост. Касе нест ба њамсояњо фањмонад, ки мувофиќи ќонунњои љумњурї бача мањз барои њоло пурраву пухта андеша ронда натавонистанаш, то синни балоѓат аз љавобгарии љиної озод карда мешавад. Вале маломат кардани бача ва шикастани таќдиру њаёти минбаъдаи ў низ гуноњ аст, љиноят аст. Танњо муносибати нек ва муњити некхоњона метавонад бачаро ба роњи дуруст андозад ва инчунин њамсояњоро орому ба осоиш дилпур кунад. Баддањонї, таънаву маломати бељо, ѓайбати ошкоро низ љиноят аст. кї онњоро ба љавобгарї мекашад?
Свидетельство о публикации №223060700464