Джами. Город просвещения - 1. Ученый и любовь
(порчањо аз роман)
Олим ва ишќ
Субњи сокити мазор бо садои садњо нафар мољарољўй халалдор гашт. Тўдаи калон љониби маќбарае рафт, ки то он руз љойи поку муќаддас махсуб меёфт ва ихлосмандон аз кишварњои гуногун ба зиёрати он мерафтанд. «Мавлоно Абдурањмони Љомї» - навишта буданд шогирдон. Аммо нияти тўда дигар буд.
- Чил ароба њезум оваред! – фармон дод бо овози баланд як љангї.
- Ин љо гўри устодаш… - бо овози ларзон гуфт нафари лоѓарандоме.
- Болои гўри устодаш њам њезум биёред! – фармуд фармондор.
Садоњои маѓшуши њаракати чигина, ѓалоѓўлаи мардум, ки ќисме худро фотењ ва Рустами замон муешуморид, ќисми тарсхўрда фармонро њељ ќабул карда наметавонист, ќисме бетараф, гўё худої бошад, бемалол бо калтак хасу хошок ва гоњо одамони аза гарангї бечоравор мондаро зада, ба аробањо роњ кушоданд.
Равони Абдурањмони Љомї аз ин ѓавѓо ба ташвиш афтод. Бархест вазнинона боло рафт ва ба арзу тўли олам нигарист. Њоло дар баландие буд ва назараш ба хар пастиву хавмї мерасид. Љое ќарор гирифт, ки замоне боѓи бииштосое буд ва кўли оби мусаффо. Њоло њам гулу буттаву дарахтон буданд, гарчанде он чомеа набуд. Аммо равони рузњои гузаштаро дид, ки олиму шоир, шоирон ѓазал мегуфтанд, фаќењон бањсњо меоростанд, њунармандон расмњо мекашиданд, мутрибон менавохтанд, муѓанниён тарона мехонданд,
Хуш он ки висоли ту муяссар шуда бошад,
Чашмам ба љамоли ту мунаввар шуда бошад.
Резам зи мижа ашк дамодам, ки бишўям,
Гар ѓайри љамоли ту мусаввар шуда бошад.
Дар ин хангом олиме дар љамеи улуми динї комил биёмад ва хулосаи худро бигуфт, ки њама тобеъи манофеъи дин аст ва дигар хама хавасхоро ботил хонд. Хамагон фикри ўро писандиданд.
Чун фориѓ шуд аз бањси илм, ба гўшаш садои канизаке расид, ки аз сўзи дил мехонд, вале овози дўшиза ба назари олим чун суруш аз осмонњо расид, ба њусну љамолаш њам аз фариштагони бихишт кам надонист. Канизаке дид муѓанния, ки ба њусни савт ѓайрати Ноњид буд ва ба љамоли сурат њайрати Хуршед. Порае гўш дод
Муѓанния хонд:
Ораз аст ин, ё ќамар, ё лолаи њумро-ст ин?
Ё шуои шамс, ё оинаи дилњост ин?
Ќомат аст ин, ё алиф, ё сарв, ё нахли мурод,?
Ё магар гулдастаи боѓи љањонорост ин?
Ё Раб, ин хуршеди тобон аст, ё моњи тамом?!
Ё фаришта, ё парї, ё шўхи бепарвост ин?
Зулфи ту занљир, ё ќуллоб, ё мушки Хутан?
Сунбули тар, ё суман, ё анбари сорост ин?
Чашми ту оњуст, ё љодуст, ё сайёди халќ,
Ё ду бодоми сияњ, ё наргиси шањлост ин?
Кўйи ту Каъба-ст, ё фирдавс, ё хулди барин,
Ё гулистони Ирам, ё љаннатулмаъво-ст ин?
Њуќќаи лаъли лабат, ё чашмаи оби њаёт,
Ё дањан, ё мим, ё тўтии шаккархост ин?
Ќумрии боѓи љинон, ё тўтии шаккарфишон,
Булбули бехонумон, ё Љомии шайдост ин?
Чун сухан аз шањди ишќ рафт, њолате рух дод, ки худро дар камоли њушмандї, бари хурони бињишт ангошт ва тамоми дониши худро дар нисбати ў хоре дид ва худро дар баробари фасоњати калом ва мусиќии уди ў як зарраи мурдареги биёбон. Ба назараш расид, ки осмону замин ба њам омаданд. Нохост фиѓоне кашид ва бењуш афтод.
Њарчанд хамроњон ва њарифон барои ором кардани ў талош карданд, суде надод. Шефтаи љамолу фирефтаи зулфу холи ў шуд. Аз самоъи ѓанояш рахти њастї ба сањрои нестї бурд. Њамбањсњояш писандидаи ўро писандиданд ва аммо аз кори ў ноилољ монданд. Канизаки сохибљамолу дар њунар баркамол соњибе дошт, дар давлату сарват бемисол.
Олим либоси доної бияфганду палоси ошиќї пўшид ва дар кўю бозори шањр суруди он капнизакро такрор ба такрор мехонд.
Дардмандам, ољизам, бемори танњову ѓариб,
Њоли худ машрўњ гуфтам, ваќти лутф аст, эй табиб.
Њар шифо дар њуќќаи лаъл асту он дар дасти туст,
Њуќќа бикшову каромат кун шифое анќариб.
Љўшиши дарёи фазлат неку бадро шомил аст,
Гарчи аз бад бадтарам, њошо, ки монам бенасиб
Дўстон ба маломати ў бархостанд, суд надошт.
Ин ќиссаро ба шоњ гуфтанд. Соњиби канизакро талабиду ба чињил њазор динор муѓаннияро бихарид. Баъд аз он олимро бихонду гуфт: – Мехоњї, ки он савтро, ки шефтаи он шудї, аз устоди он канизак бишунавї?
Гуфт: – Бале.
Пурсид: – Агар вайро бибинї, бишиносї?
Бигиристу гуфт:
Гуфтї, ки шиносї, ки кї бурд аз ту дилу дин?
Валлоњ, ки дар офоќ љуз ўро нашиносам!
Он муѓаннияро фармуд, то ба он таѓаннї кард. Олим бехуд бияфтод, чунон ки тасаввур карданд, магар ки бимурд. Бифармуд, то канизакро берун оварданд ва таслими вай карданд. Он олим дар дасту пойи Абдуллоњи Љаъфар афтоду гуфт:
Обам зи карам ба рўйи кор овардї,
В-аз мављи фироќам ба канор овардї,
Сабрам ба дил аз ѓами фигор овардї,
Хобам ба ду чашми ашкбор овардї.
Пас дасти канизакро бигрифту ба хонаи худ равон шуд. Олим чанд муддат ба таътил нишаст. Пас аз таматтуъ барчидан аз муѓаннї гуфт, ки њама илми ман зери ќадами муѓаннї фиганда бод. Аммо аз он рўзи висоли олим дар кулбаи ў савту каломи муѓанния хомўш гашт, садоњои шодии олим баланд. Аммо пас аз чанде олим низ хомўш гашт ва гоњо каломи норизої ба атроф пањн мегашт. Рўз то рўз бештар шуд, аввал муѓанния эътироз Нихояти кор њама садоњои хуш хомўш гашт, аввал ѓур-ѓури олим ба дили хамсоягон зад, баъдан нолаву хурўшњои муѓанния ба дилњо навои навмедї мебахшид, гохо, фаќат шабњо, ваќте олим ба масљид мерафт, нолањои муѓанния монанд ба таронаи дилрешкунандае ба фалак мепечид:
Шоњ ба ходими нињонї дошт дар махалли зисти олим ва фармуд, ки аз њоли ошиќи бедил ўро огоњ намояд. Гумошта гоњо ба њар бахона вориди њавлї гашта, асли њолро тањќиќ менамуд. Дид, ки байни зану шавњар њељ муњаббате намонда, ранги муѓанния заъфарон гашта, шикамаш дамида, китфонаш хамида, ба љойи таронахои ошиќона лаънатномањо мехонд ва аз сарнавишти шуми худ сухан оѓоз мекард.
Гум бод рўзе, ки ту маро дидї ва мўљиби офатњои пайвастаи ман гаштї. Гум бод ин рўзгорон!
Олим, гўё ки њама илми худро фаромўш карда, њарфи ќабењ мегуфт, арўсашро ба сад гуноњ муттањам менамуд, худро бадбахттарин мард мањсуб мекард, таъна мезад:
- Ту њељ наметавонї хољаи ќаблии худ ва муѓаннии омўзгори худро аз дилаш бурун созї. Дар њавлии ман ту хаёлан бо се мард зиндагї мекунї. Ин аз хиёнат бадтар аст.
Муѓанния ашк рехт ва худро њаќ бароварда шарњ дод:
- Ту на маро, балки њунари маро пазируфтї, аммо рўдбори оби мусаффоро ки боиси равнаќи он буд, бастї, решањои ѓизобахшро буридї, баракати дуои самовиро барњам задї.
- Ба ту чї намерасад? – норзо шуд олим. – Нону кабоб, гулу булбул, чаманистону њавои бўстон?
- Он чї пеш фаровон буд: чаманистони њунар, бўстони ёрони њамдилу њампеша?
- Кабку бедонаву булбул дар њама љо як хел бихонад.
- Вале ман мурѓ наям, инсонам ва барои инсон месароям, инсонро ситоиш мекунам.
- Хуб, нахон, модом, ки ман инсон наям. Барои ту инсон њамон хољаи собиќат аст, ки зари бисёр дошт?
- Ту њаргиз ба ў баробар нашавї. Ў аз дили ман огоњ буд, барои камоли љамоли ману њунари ман ѓамхор буд, ба устодам туњфахо медод, ки дар камоли њунари ман саъй кунад. Онхо маро аз падар беш ѓамхор буданд.
Олим мегуфт:
- Ба аќл мефањмам, аммо ба дил ќабулат надорам. Аз он рўзе ки гирифтори ту шудам, илми љањон дар назарам хор шуд, роњи бўстони илм бароям баста шуд.
Дигар сабаби људої аз рўзи аввал шуруъ гашта буд. Чун духтар фањмид, ки олим ањли суннат вал љамоа мебошад, ба дил афсўс хўрд ва хост тибќи кеши шиа кор гирад. Он замон барои олим фарќе набуд ва мутеи ў гашт. Аммо ин њолат дер давом накард ва шавњар талаб кард, ки дар оила талаботи кеши суннї риоя гардад ва зан ба кеши ў гаравад. Муѓанния дар дар талаби рўзи бењтар аввал ба њама хоњиши олим ризо мегашт, вале аз кеши худ рў нагардонд ва њоло хар талаби муќаррарии шавхарро ба тундї истиќбол мекард. Кор ба љое расид, ки арўс шаккокї мекард ва шавхар ба рўяш шаппотї мезад ва дари њуљраашро мебаст. Садои муѓаннї хомўш гашт. Ва танњо шабонгањ, ваќте шавњараш мехуфт, худ аз худ ѓамномањо аз дили ў ба фалак мепечид:
Дилам бас хилвати торик танг омад, биё љонам,
Даруни манзари чашмам нишин як дам, чу биної.
Рав, эй њамдам, ту дар базми тараб бо дўстон, хуш зї,
Рањо кун, то бимирад Љомї андар кунљи танњої.
Аммо олим хоб набуд, инро мешунид, дилаш об гашта, бо ашк аз чашмонаш мешорид. Аз салобати ў нишоне намонда, чун пирамардон ќоматхамидаву бемор гашт.
Гумошта ба ањволи олими ошиќро ба шоњ бигуфт. Ў дар њайрат шуд, аз пири тариќат Мавлоно Абдурањмони Љомї маслињат пурсид. Ў ба њарду назар кард ва гуфт:
Ќавме, ки коми дил талабанд аз шакарлабон,
Шак нест ошиќанд, вале ошиќи худанд.
Муњиббон дар рањи худоянд, вале бехабар аз диди худ, танњо барои нафси худ кўшанд… Бењ он, ки муѓанния озод бошад ва машѓул бо њунар, олим аз илм дур нашавад.
Пас аз тањќиќи њол, пешниход кард, ки барои наљоти љони худ муѓаннияро озод кунад назди устодаш фиристад. Бар ивази ў як канизаки соњибљамолро ба ў бахшид.
Муѓанния бо амри шоњ ба ихтиёри устоди пираш дода шуд. пас аз муддате овози ў дуруст ва њунари ў барќарор гашт, аммо дигар таронаи ишќ намехонд, хасрат аз љањону инсон мехонд ва такрор менамуд, ки ўро, дили ўро куштанд.
Ин њама хуноба, к-андар чашми гирёни ман аст,
Гашта пайдо аз љароњатњои пинњони ман аст.
Ќосиди љонон, ки ояд бањри ќатли дигаре,
Ќосиди љонон магў, к-ў ќосиди љони ман аст…
Суханњои тунд гуфтаи аробакашњо андешањои равони шоирро ё шоирро, ки њоло равоне гаштааст, парешон карданд.
Љомї аз гумбади афлок назар кард ва дид, ки муѓанния кайњо оламро падруд гуфта, олим муѓаннияро фаромўш карда, аз зављаи дигар соњиби фарзандон шуда, дар илм ба пояе расидааст, аммо дар дили ў боди навмедї вазида, гоњ гохе савти њазордастон ба гўшаш мерасад ва дар хаёлаш он моњрўи хурнажод бо таронањои диловезаш падид меояд:
Карашмањои ѓизолони маст мебахшад
Фароѓат аз ду љањон ошиќони шайдоро.
Шарори синаи Маљнун зи оташи Лайлї
Кабоб сохт њама оњувони сањроро.
Ба дида сўйи ту оям, ки аз сари покон
Ба рањгузори ту љо нест бар замин моро.
Чї суд панди касон, чун намебарад зи дилам
Њавои кадди дилорову рўйи зеборо?!
Њалоки Љомии дилхаста хост он, к-орост
Ба шаклу шева саворони сарвболоро.
Вале зиндагонро парвое аз ин андешахо набуд, нафаре меъмрор гашта, бар он мекўшид ки чубњо болои њам ќарор гиранд. Вале аз ў бештар боз њамон саволњои бепосухи мардум нороњаташ карданд.
- Шиа …
- Суннї…
- Шиа…
- Суннї…
Боди самуми умури замон ба дилњо дањшат меафканд чунки дар байни садои маѓшуши бод њам ин њарф садо дода, дањшати онро бештар менамуд:
Шиа…
Суннї…
Ш…
С…
Свидетельство о публикации №223061000215