Чоми - 2. Чанговар ва гунох. порча аз роман
Низоми дин; барои дифои шариат аксари ваќт ќотеона талаб мекунад: Битарс аз ѓазаби Худо! Ана њамин чиз ба сипоњї Бердиќул – полвон бо лаќаби «Палвонча» писанд нашуд. Ќадаш андак кўтоњ бошад њам бозувони ќавиаш дар буридани гардану шикастани сари раќибон диранг намекард буд. Ба ў сипахсолор ва муаллими шамшерзаниаш як чиз талаб мекарданд: Тарсро аз дили худ дур соз ва ту аллакай пирўз мешавї. Тарсро аз дили худ барандоз ва гардани душман бибур. Мулло чизи дигар талаб кард: «Битарс аз ѓазаби илоњї». Ба ў ќонеъ нашуд, дар намози љумъа шайх низ тарсро талаб намуд. Андешаманд шуд.
Бисёр ваќт дар тобистони гарм Палвонча рўзона хоб мерафт. Он рўз њам таги буттае дароз кашид. Ва хоб дид, ки ба дари бихишт наздик шуд, аммо њарчанд зўр зад, онро кушода натавонист. Садои хандаи зављаашро шунид, ки мегуфт:
- Ту чанд бор ба гулўям поятро монда будї. Акнун ба зери поят нигар.
Бердиќул – палвон фурсат наёфт ба поён нигарад, вале њис кард, ки аз зер оташи баланде дамида, пояшро то камараш сўзонд. Ваќте оташ ба узвњои поинтар аз камараш расид, ба дањшат омада, «не, не» гуфта, бедор гашт. Дид, ки офтоб ба ќиём расида, сояи нињол кам шуда пойи урёнаш дар реги тафсон ба сўзиш омадааст.
Ваќти намози пешин расида буд. «Астаѓфируллоњ» гуфту љониби масљид рафт. Чанд дўсти љангии худро дида, назди онњо ба нияти намоз истод. Ваќте имом амри маъруфашро ба анљом расонд, чанде савол доданд. Палвонча њам хобашро арз кард.
Имом бо газаб гуфт:
- Ох! Мебинед, мардум, мукофоти амали Аллоњ дар охират сангин аст. Хоби рањмонї дидаї! Шариати исломро вайрон накун! Намоз намехон; – ба д;зах мерав;! Р;за намедор; - ба д;зах мерав;! Ѓорат мекунї - ба д;зах мерав;! Зино мекунї – ба дўзах меравї! Њаќќи касеро хўрдї - ба д;зах мерав;. Садаќаи љория надодї – ба дўзах меравї! Ба зани бегона назар кардї – ба дўзах меравї! Садаќаи љория надодї – ба д;зах мерав;. Эњтироми пиру имомро накардї – ба д;зах мерав;.
- Агар пас аз љанг хаста гашта, хобам бурда, намозро ќазо кунам-чї?
- Ба д;зах мерав;.
- Аспсавор аз сањро гузараму нохост чашмам ба зане афтад-чї?
- Ба д;зах мерав;.
- Нохост шайх аз пешам барояду дар љайбам пул набошад…
- Ба д;зах мерав;.
- Ба талбандае садаќа додан нахоњам…
- Ба д;зах мерав;.
- Дар мањфиле чашмам ба пойи раќќоса афтад,-чї?
- Нагунсор ба дўзах меравї ва нўги пойи хамон раќќоса рост ба чашмат зада медарояд!
Сипоњї бо ќањр эътироз кард:
- Агар насихати имом маъќул нашаваду бо нўги шамшер бинии ўро буррам – чї?
- Рост ба дўзах рафта, њамон шамшер биниву дасту дидатро пора-пора мекунад. Њар рўз, њар соату њар лањза!
Сипоњї бештар ба ѓазаб омада, даст ба ханљари дар ѓилоф мондааш даст бурд.
- Э, онета…
Њамроњони ќавипанљаи сипоњии ѓазабнокшуда дасти ўро доштанд.
- Э, бас кун. Ѓазаби худоро набиёр.
Воиз шод гашта давом дод:
- Њар кї ѓазаби худро нигањ дошт, роњаш ба бињишт оѓоз мегардад ва касе ки ѓазаби дигареро дошту пешгирї карда, барояш дари бињишт боз мегардад. Ва њар кї ѓазаб кард, ба ѓазаби худо гирифтор шавад ва њар рўз дар оташи дўзах бисўзад…
Сипоњї навмед гашт. Ба фикри худаш, рисолати азиме иљро мекард.
Њамроњонаш маслињат доданд, ки назди пири тариќат Абдурахмони Љомї ояд.
Омад, ањволашро гуфт ва аз имом-хатиб шиква кард:
- Хостам имонам комил шавад, вале имом-хатиб дар дилам шак андохт.
Љомї бо табассум оромаш намуд:
- Ай мавло, шариатро вайрон кардан дуруст нест. Бояд фањмї, ки «чаро ин корро кардан лозим нест». Ва беш аз он бояд фа;мї, ки чаро ин корро мекунї. Кори некро бо ихтиёри дил, бо му;аббат ба Худо ан;ом дењ.
Палвонча лањзае гаранг шуда:
- Шайх гуфт: «Агар ин корро накун;, њоли ту бад мешавад». Шумо…
- Некї барои Худо бикун ва аз муњаббат ба Худо. Аз мукофоту кайфар гумон мабар, танњо аз муњаббати фарзандии худ ба офарандаат бияндеш. Ба модари худ барои чї мењрубонї мекунї? – Барои мукофот?
- На… Мукофот ман бидињам, ки маро ў офаридааст.
- Бале. Пас, ба он, ки турову модари турову ин замину осмонро низ офарид, чї гуна мебояд муњаббат дошт?
- Худо маро мебахшад?
- Худованд бахшоянда ва мехрубон аст, рањи тавбаро њамеша боз медорад.
- Чаро то њол инро нафањмидам?
Муаллими рўњонї ба ањли љамоа нигариста суханашро давом дод:
- Танњо ба инсони комил дарки Худо муяссар шавад. Ва бо ин эњсоси мусбат шахс комилтар шавад рушд ёбад, маќоми худро дарк мекунад.
Гулўи Палвончаро ѓусса баст. Ў пеши пойи Мавлоно афтид.
- Гунањгорам, Мавлоно… Гунахгор... Гунањгор.
- Аз сидќ бикун, тавба рањи гуноњро дар дили худ барбанд.
- Тавба… Тавба…
Мавлоно аз мављудияти ду мав;еи асос; - ";ал" ва "ма;ом" гуфт.
- Маќом истгоњи доимй мебошад. Дар ро; шумо ин тава;;уфго;;оро аз як ба дигар мегузаред. Ва ма;ом як истго;и доимист, ки дар он худро мукаммал месозед. Шумо он сифат;ои мусбат, сифат;ои маънав;, дониш, ахло;, малака;ои рафтор; - ;ама чизи мусбатеро, ки шумо метавонед дар раванди такмили худ ба худ ди;ед, ;амъ кунед. Ва ;ангоме ки шумо ба як ну;таи муайян меоед, мебинед, ки роњи ;ал ву;уд дорад. Ин як ;олати мува;;атии фа;миш аст, ки дар давоми он шумо ба мар;илаи навбатии рушди худ мегузаред.
Палвонча саволхои ќаблан ба имом додаашро такрор кард:
- Агар пас аз љанг хаста гашта, хобам бурда, намозро ќазо кунам-чї?
- Намози ќазої мехонї. Тавба мекунї ва ин ба худованд писанд ояд.
- Ё валлоњ! Чї хубе. Агар Аспсавор аз сањро гузараму нохост чашмам ба зане афтад- ба д;зах меравам?
- Ба он зан мисли модари худ назар бикун ва азизаш дор; чун ба хоњари худ нигар бо мењр ва агар кумаке зарур аст, бирасон.
- Агар ѓазаби худро дошта натавонаму ба касе бе гуноњ ханљар кашам-чї?
- Ѓазаб кардан дуруст нест. Аммо худи ѓазаб чизе нест. Ку бингар, ѓазаб дар куљои ту њаст? - Дар китфат, дастат, поят? Вай эњсоси як лањза аст, на бо даст медорї, на бо чашм мебинї . Ѓазаб моддї нест, васвасаи шайтон аст, ки ба рагњои мо ворид мекунад ва иѓво мекунад, ки бо дасти барои кори нек офаридаи худоро ба кори ноњаќ равона кунем, шамшери ноњаќ баркашем, забони барои шукр ва зикр каломи оллоњ додаро бо калимахои ношоиста пур созем.
- Пирам, шумо ваќте ба ѓазаб меоед, чї тавр онро бартараф мекунед?
- Касе боиси ѓазабам гаштааст, сифатњои бењтарин, корњои неки ўро ба ёд меорам, фарзандони маъсуми ўро пеши назар меорам…
- Пирам, дар шеъратон дашном медињед-ку?
(намунањо мехонад)
Љомї бо табассуми азали худ шарњ дод:
- Касе ки худ шариатро вайрон мекунанд, гунањгор аст, аммо ваќте инсон дигаронро гумроњ месозад, љурми гарон аст. Ман аз сифати эшон ёдовар шудаам. Ба умеди он, ки таъсир кунад ва онхо ислоњ шаванд.
- Пирам, рухсат дихед, забони имомро буррам.
- На. Њаргиз ин корро накунед. Маслињат он, ки имом забонро барои зикри асли њаќиќати илоњї истифода кунад…
Муриде, ки аз кишвари дур омада буд, пурсид:
- Роњи расидан ба Њаќиќати Илоњї кадом аст?
- Роњи кўтоњтарин - расидан ба худ ва сари нафсро кашидан аст…
Палвонча албатта аз маъвиза чизе нафањмид вале шод гашт, ки роњи наљот њаст.
- Хамин шайтони раљим васваса мекуна-а-ад, - њасрат кард Палвонча. – Дар майдони набард панљ њарифро бе тарсу њарос маѓлуб мекунам, вале ба иѓвогарихои шайтон як лањза њам истодагарї карда наметавонам. Аз он чї хел халос шавам?
Мавлоно Љомї аз муњаббати худо ёдовар шуд:
- Ба Дўст хиёнат кардан салоњ нест. Ту имрўз ба як зинаи камолот расидї. Бењ он, ки дар ин марњилаи таваќќуф зиёд наистї. Бо амалњои нек ба зинаи дигар бирав ва Дўст туро аз васвасаи Шайтонї нигах дорад.
Мегўянд, ки Палвонча яке аз пайравони эътиќодманди тариќат шуд.
Свидетельство о публикации №223061200470