Чоми 3. Дузах ва бихишти чангчуй

Чумъа Куддус
Љомї – 3.
Дузах ва бихишти чангчуй
Равони Љомї бо тааљљуб ба љанговаре нигарист, ки ба аробакашњои дар талу теппачањои мазор дармонда роњ нишон медод. Шинохт. Сотиволдї буд. Дар бораи ў њангоми  амри воизон бо танз мегуфтанд:
- Љангчу Сотиволдї, кадом дўсттар дорї: ѓорати имрўзу дўзахи фардо? Ё зањмат мењнат ва бињишти фардо?
Љангї Сотиволдї гуфт:
- Бињишт љоест, ки њама он љо рафтан меоханд? Ва дўзах он љост, ки њаргиз рўяш дидан намехоњанд? Инро ман њам медонам. Лекин гўед, ки дар бињишт љанг ва баъди љанг ѓорату торољ аст?
- Не! – ќотеъона гуфт воиз.
Љангї бо ќањр гуфт:
- Агар ѓорату торољ набошад вай бињишт нест, бадтар аз дузах аст.
Воиз пурсид:
- Хуш, интихоби ту чист?
Сотиволдї буни гўшашро хорид ва гуфт:
 - Имрўз даст ба ѓорат кушоям, њар чї биёбам, бигирам ва фардо бо Фиръавн дар оташи дўзах дароям»...

Њамин љангљўй њамин тољири маргу ѓорат њоло ба гуруњи оташсўзони ќабристон роњбалад гашта буд.
Дирўз сарвари неруњои шоњи нав пурсидаш:
- Ту пайрави кадом мазњабї?
Гуфт:
- Валлоњбиллоњ, ки пайрави туям, ба шарте ки хидмат фармої ва њаќќи бештар дињї.
Сипањсолор мушкиле дошт, фармони султонро дошт, ки мазори орифонро оташ занад, вале мусалмонон ба ин розї намешуданд. Бо умед ба Сотиволдї гуфт:
- Ќабри куффорро оташ занї, ањли мазњаби мо шавї.
- Самъан ва тоатан!
Љангї бидуни андеша розї шуд.
Ва њоло ба љамоаи њайрону парешон роњбарї мекард.


Рецензии