Чоми 4. Айёрии зан ва меъмор

Љомї 4. Айёрии зан.

Барои Палвонча њама гапњои аз пири тариќат Љомї шунидааш нав буданд ва баъзан барои намоиши дониши худ, ба занаш Дуррхотун ба таври худ амри маъруф карда, дар сари суфра як линги бузи сайдро калон газида, маъниро чапаву роста карда фањмонд:
- Мефањмї, ки моњияти эътиќод чист? Мисол, ана, гўшти њама љонвар як хел аст, вале маззаи буз аз гўсфанд фарќ дорад, бузи сайд хеле бамаззатар аст.
- Нав фањмидї? Њасанот бар шўяки ман. Њазор рањмати њаќ ба гузаштагони пири тариќат Мавлоно Абдурањмони Љомї, ки нињоят шўи бероњаи маро ба роњи мусулмонї даровард. Вале инро њафтод сол пеш рањматї Бибихоним гуфта буданд.
- Њамон зани бобомон, Амир Темур? - риштаи сухани хирадмандонаашро гум кард пањлавон.
- Он кас хеле доно буданд, - ѓурур кард зављааш – Бо аќлу дониш дар идора кардани давлат ёрї мерасонданд…
- Хайр, чї гуфта буд? –
Зан майда-майда ба ёд оварда хикоят кард, ки дар бораи наќши бонувони султонњои авлоди амир Темур ривоятњои зиёде мављуданд. Сарой мулк ё Биби-хоним, зани калонии амир Темур тасмим гирифт, ки ба шав;араш туњфае омода кунад. Ваќте амир ба яке аз љангњои сершумори навбатї рафт, ў меъморону бинокоронро даъват намуд, ки масљиди бузурге бунёд сонзанд.
Кор фавран о;оз ёфт. Девор;о зуд баланд шуданд. Дар ин миён хабари бозгашти Темур расид. Биби-хоним хоњиш кард, ки ба сохтмон суръат бахшанд. Меъмор, ки маликаи љавону зебо дилашро бурда буд, шарт мегузорад:
- Масљид дар ваќташ ќомат рост мекунад, ба як шарт. малика, ту маро бояд бўса кунй.
Рафтори Сарой мулк хоним аз дигар занони Шар; фар; мекард, то андозае озодона рафтор мекард, дар зиёфат;о дар назди амир менишаст, сафиронро ;абул мекард, метавонист ;атл кунад, ё афв кунад ва ;ама мек;шиданд, ки ;ро хушнуд кунанд, зеро медонистанд, ки муносибати Темур ;ам аз он вобаста аст.
Сарой-мулк ба илму њунар сарпарастї карда, гўё ба амир таъсири нек расонда, хоњиш кардааст, ки барои љуброн кардани њар чизи дар љанг хароб кардааш иморатњои нав созад ва бењтарин истеъдодњои даврони худро љалб кардааст.
Манбаъ: https://kulturologia.ru/blogs/300518/39140/
Малика ба ;азаб омад, вале барои ќатъ нашудани сохтмон худро дошта, гуфт:
- Мани кампир ба ту чї лозим? Бењтарин канизонамро бо хости худат ба ту мебахшам.
Меъмор рад намуд:
- Ин дигару он дигар.
Малика фањмонд:
- Ба ин тухм;ои рангкарда нигар, зоњиран гуногун, аммо он;оро шикастед, он;о ягон фар; намекунанд? Мо, зан;о њама як хел ;астем, канизаки љавон бехтар…
Меъмор мисоли дигар овард:
- Бубин, ду љом якхела ;астанд. Якеро бо оби шаффоф, дигарашро бо майи сафед пур мекунам. Ба њам монанданд, вале њангоми нўшидан май маро чун оташи гудохта месузонад, дуюми танњо намї аст, на мазза дорад, на бўй, њатто њис намекунам. Чунин аст фарќияти занњо.
Бихоним фикр кард, ки чї гўяд.
Ў ба чї хулоса омад ва натиљааш чї шуд?

(Идома дорад)


Рецензии