Чоми 6. Талошхо барои тахт. Хусайн Мирзо Бойкаро

Чумъа Куддус
Љомї – 6.
Талошхо барои тахт. (порча аз роман)

Аз замоне, ки инсон зуњур кард, љанг оѓоз гашт ва то имрўз ба њар шева давом дорад. Пас аз сари амир Темур талошњо байни авлоди ў барои таќсими тахт, њар шањру вилоят ављ гирифт. Ба он касе, ки сарони авлод эътимод доштанд, сарнавишт чизи дигар навишт.
Њусайн Мирзо Бойќаро набераи Амир Темур њам ба ин мољаро гирифтор гашт. Чаро не? Авлод аст, ѓаюр аст,  њуќуќ дошт парчаме барафрозад ва гирдаш зўрмандонро гирд оварад. Ба љангиён самари мењнат зарур буд, на ягон барои ќавм, нажоду аљдод, ќатори дигар силоњдорон, гањ ба ину гањ ба он фармондор хидмат кардан мегирифтанд.
Ана, ин субњ Њусайн Мирзо Бойќаро боз ба Њирот њуљум кардан мехоњад. Ў ќиссањои бобои машњурашро азёд медонист ва бисёр ваќт худро ба љойи ў тасаввур мекард. Амакњояшро њам ба ёд меовард ва ба он ќарор буд, ки бахту тахт аз бозуи зур ва шамшер вобаста аст.
Амир Темур бо парчаме ба юриш мебаромад, ки сурати се доира дошт. Ваќте ба љанги ќатъї бо раќибаш Тухтамиш-хон ба набард пардохт, ў бо истењзо гуфт: тамоми дунё бояд аз ман шавад. Тољ ва рамзи шоњиро соли 1370 ба ў вориси Муњаммад пайѓамбар Мир Саид Барака супоридааст. Пеш аз љанг бо Тўхтамишхон њам ў дуо додааст.
Њокими њозираи Њирот Абў Саид низ авлоди Темур буд, аз пири руњонии худ Хоља Ањрори валї дуо гирифта буд.
Њусайн Бойќаро низ дуо гирифт. Муњимтар аз хама, ба лашкари гирдовардааш ваъдаи зиёд дод: дари хазинаи мулкро мекушояд ва ба њар нўкар мувофиќи хизматаш њаќ медињад. Њусайн ба фављи лашкар нигарист: њама ба умед – умед ба зар, умед ба сарват, умед ба як луќмаи лазиз, ки танњо бо зўри бозуву шамшер, бо гарав мондани љону тани худ ба даст меояд. Агар насиб карда бошад. Пирўз шуданд, ѓоним шуданд, агар на, мераванд пайи камондори фармондори дигар.
Бо чї бањона метавон одами зиндаро алайњи одами зинда бархезонї, то бо як пора оњан гардани якдигарро бурранд? Як не, сад не, њазор њам не, дањњо њазор нафарро.  Инак, лашкари ѓаддор интизори фармон. Њама тадбирњо андешида шуданд. Шояд ин дафъа кораш омад мекунад. Бояд омад кунад…
- Маро њамроњї кунед. Манам вориси ягона, манам шањзодаи арзанда. Агар пирўз шавам, њамаро мукофот дињам...
Вале ё ки худ чандон бовар надорад, ё гуруњи дигари тахтталаб дар забону ваъда ширинтар аст. Бархе ба сўи њариф меравад, Мирзо Њусайн фирор мекунад, вале аз љойи дигар меояд ва боз мехонад.
-  Маро њамроњї кунед. Агар пирўз шавам, кишвари фазилат, кишвари бахт месозам! Аз адли ман гургу барра аз як чашма об хўранд.
Тўда бозистод, бо тааљљуб ба ў нигарист. Мирзо мефањмад. Дилаш равшан аст. Оњанги пирўзї пештар аз ваќт мерасад.
Аммо хабаре омад, ки ба ањли љабњаи Њусайн Мирзо писанд омаду ба ањли дарбори Њирот нохуш ва барои таќдири кишвари темуриён номуайян.
Ба Абў Саид муяссар шуд, ки ба сад њилаву тадбир чанд муддат љанги байни авлодро ќатъ намуда, диќќати њамаро ба љанги ќавмњои дигари турк ба Озарбодагон љалб намояд, ќариб њар сол бо намояндагони ќавму ќабилањои дигар љангњо мекард. Њоло бори дуюм аст, ки ба Озарбойљон рафт, то ќабилаи Ќараќоюнлуро маѓлуб созад. Аммо хабар омад, ки аввалин набардро бохт ва ўро бо кини дерина њамќавми худаш сар бурид.
 Љони Њусайн Мирзо дамид. Њарчанд аз мухолифати чандсола ба љон расида, ба хуни хусураш ташна буд, корро то ќатли ў расондан намехост. Наберањои шоњ ягон ваќт норизо шаванд. Њам лаъл ба даст омад, хам ёр наранљид.
Ва инак, нафаре љуръат карда бо як сухан навгониро ба ў гуфт:
- Худо оњи туро шунид: њокими Њирот њалок шудааст.
Мирзо шод гашт, аммо ба дилаш шубња љо шуд.
- Мебоист чунин мегашт буд. Њарчанд, ки ман бо ў набард накардам.
- Каси дигар кушт. Вале хутбаро ба номи ту мехонанд.   
- Пас, љанг хотима ёфт. Меравем ба шањри Њарї.
Тўда њайрон, таъзим мекунанд, Љавонбахт шамшер аз наём кашида боло мекунад. Дирафшњо барафрохта мешаванд. Њама љониби Њирот мераванд.
Бо вуљуди ин, ба Њусайни Бойќаро пирўзї осон ба даст наомад. Ёдгор Муњаммад - писари Абў Саид Узун Њасанро ба ёрї хонд ва бо лашкари фиристодаи вай ба љанг бархест. Аљиб, ки ваъдањои сипањсолор такрор мешуданд ва алъон бовар ба онњо кам буд, ки чанд амирлашкари Њусайн Мирзо Бойќаро ба љиноњи Ёдгор Муњаммад пайвастанд. Сабабаш маълум. Писари султони фаќид ба воситаи одамонаш ба онњо гуфтааст, ки њадя аз хазинаи шоњ бењтар бошад ва ин хазина дар дасти ман аст. Ба лашкарї фарќ дорад, ки зар аз куљо ситонад? Бењтар ки соњиби хазина дињад. Муњим, бе љанг, бе хунрезї. Ана ин ба лашкарї мувофиќ. Охир кї кафил аст, ки то пирўзї ў зинда мемонад, ё на?
Аммо, лекин, вале… ё њадя чени дили онњо нашуд, ё ваъдаи Ёдгор Муњаммад ба насия монд, ки муддате ѓайри таому сухани хуш чизе надиданд. Аќлро кор фармуда, теша бар решаи андеша заданд, ки дарвоќеъ, чанд рўз пеш Абў Саид хазинаро бардошта, ба љанги Озарбойљон бурд. Пас, хазина дар он сўи бањри Хазар аст. Мо чаро ба умеди мукофот нишастаем? Бинобар ин, аз тањти дил шамшер накашиданд. Зарбу суръати дасти шамшерзан, ки суст шуд, њуљуми лашкари Њусайн тез гашт ва дар як шаб 21 августи соли 1470 тахти Њирот ба дасти Бойќаро гузашту сари соњиби тахти меросї Ёдгор аз тан људо шуд.
Ба њар њол, чандон љанги сахте, ки чашмдор буданд, барпо нагашт. Ва њоло аз хазинаи холї дарвоќеъ, пардохти мукофоти бисёр ба Њусайн Мирзо душвор гашт. Ба ифоќа омаданд, хиёнаткоронро бахшиданд, вале њадяро гуфтанд баъд мешавад. Аммо дере нагузашта, љанг байни дастањои худї оѓоз гашт, чашми миршабро хато карда гурўњ гурўњ мардуми шањрро истило мекарданд.
Њусайн Мирзо љанговар буд ва дар сар боди ѓурур тахт мехост, вале табъи нозук дошт, фазлу фарњанг мехост ва аз мунофиќии љангиён, талоши пайвасстаи онњо барои луќмаи ба ѓорат рабуда хафаю дилгир мегашт. Љангињо рўирост иброз мекарданд, ки њадаф танњо ѓорат ва пур кардани дастурхон аст. Ва дер набуд рўзе, ки ба нафари дигар бар ивази ќонеъ кардани нафси худ хидмат намояянд ва хољаи ќаблии худро фаромўш созанд. Ё раббї! Алњазар аз сипоњи тамаъљўй, сарбоз – бандаи зари муфт!
Чї мебояд кард?


Рецензии