Чоми 7. Огоз ва лакнат дар бунёди шахри фазилат

Чумъа Куддус
Љоми7.
Оѓоз ва лакнат дар шањри фазилат.

Онон, ки умре интизори мавриди ќулай буданд, ба умеди дастрасї ба сарвату неъмати муфт шамшер кашидаву пораи зар дода буданд, аз худу аз Худо норизо худро хор диданд ва атрофи кохи шох халќа заданд. Ба зар дар кушоданд ва арзи ољизии худро ба малика расонданд.

- Ин чї шўрест?! Ин чї амалест?!
- Ин вазирї нест, ин гадоист!
- Ин амри султон нест, талаби шоир аст.
- Талаби Љоми - меъмори шањри фазилат аст!
- Аз талаби фазилат ба дод омадем.
- Дод аз дасти фозилу фазилат?
Чун њарфи шиква шунид, малика ханда кард:
- Фазилат? – Канизаи ман? Чї талаб доштааст:
Махсусан ду нафар, ки нав ба мансаб расида, хешони малика буда, барои расидан ба вазирї ба малика хидматхои хос карда буданд, хама њолати гуворо бар дигарон, вале ногувор барои худро шарњ доданд, ки талаби шањри фазилат чист...
Малика инро њељ ќабул надошт, вале аз авзои султон пурсид:
- Чаро ба соњибќирон Њусайн Мирзо писанд аст?
Ва аз хабари касони боваринокаш тааљљуб кард:
- Бо талаби фазилат ба љаллодони султон дигар кор намонд - мардум ором шуд, љиноят ба гуноњи кабира баробар шудааст. 
- Барои пахш кардани ошўби мардуми Балх мебоист њазор касро аз дами шамшер мегузарондем, аммо вазир Алишер Навої бо панд мардумро хомўш карду чор раисро љазо фармуд ва обрўи фазилатро дар назди султон зиёд намуд.
Пас, фазилат хуб аст? – на ба оњанги тасдиќ на бо эътироз пурсид ў.
Вазири 1 шарњ дод:
- Ду раиси љазодида дастнишондаи ман буд. Њоло касе нест, ки дилаш бо мо бошад. Муњимаш, мо беризќу рўзї мондем.
Вазири 2 чунин бештар фањмонд:
- Ин шиор барои мардуми авом дуруст аст, вале на барои баргузидагон ва бузургон. Умре шиори мо чунин буд: “Бикўш ба тољу тахт! Бикўш ба зару мол! Бикуш душман! Китоби мо - камину камону каманд”! Илму ахлоќи њамидаи мо камину камону каманд”!
Малика бо ишора њарзаи ўро бурид:
- Ба њар хол, давлат ба шамшер нигањ доранд, на бо шеъру фалосифа. Ни гањбонии тољу тахт кори шоиру авом нест.
 Вазири 1 илова кард:
- Мавлоно Чомї мегўяд, ки мебояд њама пайрави шањри тарќиќат шаванд; агар як гурўњи кўчак хам аз ин тариќат дур монад, њама кор барбод равад - як њалќа људо шавад, силсила канда шавад.
Малика сухани ўро низ кўтоњ намуд:
- Мо, ањли дарбор, сари халќаем, намонем канда шавад. Ман ба Султон машварат мекунам...
Малика ба доми вазирони ошўбгар афтод. Чун зављањои дигари шањони темурї сухани ў низ ба шавњар таъсиргузор буд.

Султон дар толори хос истироњат дошт. Малика бо малоњату назокати махсус назди ў рафт. Султон аз дур накхати хоси ўро шамида бо лутф дилашро шод кардан хост:
- О-оњ, садои дафу ной, мањфили мењр, садои пои ёр мерасад.
Иш;ни манъ этсалар шав;им ўти айлар ситез,
Шуъла янгли;ким, нафас таъсири айлар они тез.
Эй фиро;ингдин кўзумнинг ёшу ;он тўкмак фани,
Ким, эрур ;ам лаълнинг кони, ;ам инжу махзани.
Малика бо ноз худро ранљида вонамуд кард
- Ох, замонњое ба ёд меояд, ки танњо хаймаи сањро паноњам буд ва дар биёбонњо чанг мехўрдам, ки љанги шўям барор орад. 
Имрўз ба Султон Њусайн он ќиссањо чун афсона менамуд. бинобар ин лутфу хушгўиро давом дод:
- Ман њам аз он рўзхо муштоќи дидори ту будам. Ва њар соату хар лањза туро ёд мекунам.
;ажринг ўти жисми зорим ;илди кул, эй ёр, бил,
Гар бино ;илсанг мазорим, тар;ин ул кул бирла ;ил,
О; ким, ;ижрон ўтидин куйди жоним ўзга навъ,
Ўртади офо;ни ўтлу; фи;оним ўзга навъ»,
- Мехостам бовар кунам. Вале афсўс…
Чун ду руљуъи шоиронаи Султон ба зављааш асар накард, фањмид, ки масъала љиддист.
- Тоќат надорам, ки ранљурат бинам, малика. Ин дидагони ороми љону љони љањон бањри ѓам нест, бояд аз шодї нур бахшад! Ман борњо љон дар кафи даст фирор мекардам, вале умеди наљоти ман ту будї. Ва ту маро ба пирўзї расонд. Ханда кун, эй бахти ман! Барои як табассумат тамоми љањонро бароят нисор мекунам.   
Наргис олмас ердин ул фаттон кўзунг олида кўз,
О;зинг олида тутулмиш ;унчанинг о;зида сўз».
Малика ба њуљум гузашт:
- Ин тахтро шумо бо шамшер гирифтед. Ман хазинаи падарро додам. Вале чаро Навої онро ба шоиронаш медињад? Чаро ба номи шањри фазилат одамони моро азият медињед?
- Шањри фазилат барои осоиши кишвар аст.
- Хабар дорам. Вале ману фарзандонамро аз ин шиор маъзул доред. Ба Навої гўед, ки мероси падари худро ба бод дињад!
- Азизам, Хуросонро ман ба дастаи 25- нафара на бо шамшер, балки бо ваъдаи он гирифтам, тамѓаи улуси љангљўёни љоњилро тоза карда, кишвари маърифат, шањри фазилат месозам.
- Ин шиори хуб, вале барои авом аст. Бигузор мардум ба зањмат дил бандад, боаќлу одилу накукор бошад. Аммо шању шањзода бо шеъру чакома тахтро зуд барбод медињад. Ба ањли дарбор гурзу шамшер зарур. Аз ќадим шиори мо ин аст: «Кўш ба тахт, куш мухолифро! Эминии тахту бахти мо, китоби мо, ирфони мо – камину камону каманди мо! Навої бо бањонаи сохтмон њама зари хазинаро бурд! Вале аз чор тараф душман бо лашкари гарон маврид мепояд, ки аз шиори шумо њамаро хоби ѓафлат барад. Бо хазинаи холї, бо лашкари гуруснаи бе маош, бо шамшери зангзадаву аспхои хароб  на  танњо тахт, балки хонумонатонро аз даст медињед. 
- Ором шав, азизам. Ту нури фазлї, гарави тахту бахти мої!
Султон дар посух дармонд. Аслан ў њаргиз намехост бо зан бахс кунад, гумон дошт, ки њама талаби ў оддист ва табиї.
- Дар сухани ту њамеша лол мемонам, - гуфт ў. – Худи њозир Навоиро даъват кунед.
Малика аз фурсати мусоид истифода бурда, хоњиш кард:
- Писарам Бадеъуззамон ва набераамро ёд кардам. Аз шањри дури Астаробод оварда њокими Балх таъин кунед, ки зуд-зуд бинамаш.
Султон зуд розї шуд, вале фањмонд, ки Астаробод шањри муњими сарњадист. Малика талаб кард, ки писари хурдиашро ба он љо фиристад. Аммо Султон Њусайн гуфт, ки ба ин шањр танхо каси донишманд ва пуртаљриба тавонад рохбарї кунад. Малика гўё мањз хамин чиз барояш даркор буд, ки гуфтаи ўро тасдиќ карда пешнињод намуд:
- Ох, рост мегўед. Ба ин шањри муњим аз Навої арзандатар касе нест. Ўро фиристед.
- Хуб, љонакам, хама кор чени дили ту мешавад.
Султон пешнињодро пазируфт ва боз ба хушгўї гузашт. Ў бовар дошт, ки марди љањондор бояд зани мушти пар - мављуди заифро нигањбон бошад.
Эй танат симу бару соиду бозу њама сим,
Чун зар аз муфлисї аз сими туам, дил ба ду ним.               
;они султон ба лабат майли табиї дорад,
Ба шакарханда даро, то кунад онро таслим…

Малика хост бо таъинот Навоиро ба Астаробод бадарѓа карда, Њиротро аз «балои фазилат» боздорад, мансабдорони љонибдори худро эмин ни гоњ дорад.


Рецензии