Чоми 8. Камолу заволи ишк
Љомї 4
КАМОЛУ ЗАВОЛИ ИШЌ
(порча аз роман)
Ишќ сиррест, ки гуфтан натавон,
Ба дусад парда нуњуфтан натавон.
Назари Љомї ба кўи ошиќон Аштар ва Ридо афтод.
Аштар Ризо ном, рафиќи шафиќ дошт, Оќибат сирри дили худ ба дўсти ќарин бигуфт ва хоњиш кард:
- Ману духтари ќавми њамсоя Љидо - ду нављавони аз кори љањон ноогоњ аз ду ќавми њамсоя ба камоли љамоли њамдигар дил бастем ва дилшоду маст аз њам бањрањо мебардоштем ва ин њолро аз мардум, њатто аз наздиктарин касон пинњон доранд. Вале рўзе рози нињон ошкор гашт, ба забони мардум афтод, ба анљуман расид.
Миёни ду ќавм љангњо ангехта шуд ва хунњо рехта гашт. Ќавми Љидо хайма аз ин диёр барканд ва бори иќомат дар диёри дигар афганд. Пас аз муддате њама фаромўш гашт. Мо, ошиќон, чун ќатлшудагон љуз хомўшї чора надоштем, аммо ќалби мо озурда ва ошуфта ва аз оташи њиљрон сўзонтар мегашт. Оташи ишќи Љидо хостанд бо оби сарди никоњ бо марде барњам зананд. Вале моро аз ин бок нест ва њар рўз пайи расидан ба матлуб наќшањо мекашам. Донам, ки интизори ман аст. Љонам дар орзуи ў ба лаб расида ва рўзам дар фироќи ў ба шаб бадал гашта.
Дўсташ Ризо дар тааљљуб монд ва пурсид:
- Чї наќша дорї? Ман тавонам кумаке расонам?
– Бале. Тавонї, ки бо ман биёї ва маро дар зиёрати Љидо мададгорї намойї?
– Самъан ва тоатан! Њар чї гўйї, бандаам ва њар чї фармойї, ба он шитобанда.
Роњилањо биёростанд, як рўзу як шаб ва як рўзи дигар то ба шаб роњ буриданд, то ба он диёр расиданд. Дар назди кўње наздик ба он ќавм фуруд омаданду роњилањоро бихобониданд.
Аштар ба дўст гуфт:
–Бархезу бо бањонаи пайдо кардани уштури гумшуда ба он ќабила рав. Канизаки ў Сайлона ном, мањрами розњои вай аст. Ўро бубин, саломи ман ба ў бирасону аз вай хабари Љидо бипурс ва мавзеи фуруд омадани моро нишон дењ!
***
Дўст бархест, ба он ќабила даромад. Он канизакро дид ва саломи Аштар расонду њоли Љидо пурсид.
Канизак гуфт:
– Шавњари Љидо бар вай танг гирифтааст, дар муњофизати вай эњтиёт менамояд. Вале шумо ваќти намози хуфтан зери дарахтон дар аќиби он пушта оед. Шавњараш ба намоз машѓул шавад ва осуда бошад.
***
Фурсате гузашт, дўстон оњиста роњилањоро ба љойи гуфтаи канизак кашиданд. Ногоњ бонги аљибу садои дили ошиќ расид.
Аштар бо хаяљон гуфт:
Будем дар интизор бо гиряву оњ,
Биншаста ба роњи ёр, к-аз рањ
Овози њалию бонги халхол омад,
Яъне хезед, к-омад он чорда (њ) моњ.
Аштар аз љой бархосту истиќбол кард ва салом гуфту даст бўсид. Ризо рўй аз онон бартофт ва ба љониби дигар шитофт. Аштар гуфт:
- Ай дўст, биё, ки њељ ношоисте дар миёни мо нест ва љуз гуфтугўй ба сари забон нест.
Њар ду бинишастанду бо њам суханон аз гузаштаву оянда пайвастанд.
Ѓазал
………
Дар охир Аштар гуфт:
– Имшаб чашми он дорам, ки бо ман бошї ва чењраи умеди маро ба нохуни муфораќат нахарошї.
Љидо гуфт:
– Ло, валлоњ, ин ба њељ гуна муяссар нест ва коре бар ман аз ин душвортар не. Мехоњї, ки боз он воќеањои гузашта такрор шавад ва хуни ошиќон рехта шавад?
Аштар гуфт:
– Валлоњ, ки даст аз доманат намедорам.
Љидо гуфт:
– Ин дўсти ту тоќати он дорад, ки њар чї ман гўям, ба љо орад?
Ризо бархосту гуфт:
– Њар чї ту гўйї, чунон кунам ва њазор миннат ба љони худ нињам ва агарчї љони ман дар сари он равад.
Љидо гуфт:
- Нек бошад. - Ва љомањои худро берун карду гуфт: – Инро бипўшу љомањои худро ба ман дењ. - Пас гуфт: – Бархезу ба хаймаи ман дарою дар паси парда бинишин.
Њарду љавон гуфтанд:
Ё валлоњ, чї шавад?
Љидо гуфт:
- Шавњари ман ояд ва ќадањи шир оварад ва гўяд: «Ин шоми туст, биситон». Ту дар гирифтани он таъљил макун ва андак ноз бикун. Онро ба дасти ту дињад, ё бар замин хоњад нињаду биравад ва то бомдод дигар нахоњад омад.
***
Ризо хар чї Љидо гуфт, чунон кард. Дар хаймаи Љидо, дар тан љомаи ў, сар дар чодари ў нишаст. Шавњари Љидо ќадањи шир овард ва гуфт:
- Ин аст таъоми шоми ту. Бигир.
Ризо нози дароз пеш гирифт, сар ба поён афганда, ба рўи шавњари Љидо назаре накард ва сухане нагуфт.
- Бигир аз дасти ман! – Нидо кард мард бесаброна. Вай хост ќадањро бар замин нињад. Ин ваќт Ризо даст дароз кард, ки онро аз дасти мард бигирад. Чун дар њаяљон буд аз бими ошкор нагаштани сираш, дасташ бар ќадањ омаду сарнагун шуд ва шир ба замин рехт.
Мард дар ѓазаб шуду гуфт:
– Ин бо ман ситеза мекунадо?
Тозиёнае аз чарми гови гавазн буд, ба даст мањкам гирифт ва пушти Ризоро урён намуда, чун табл зад.
Дўстро тоќат кард ва ба худ гуфт:
- Маро на зањраи фарёд, ки тарсам овози маро бидонад, на тоќати сабр, ки пўст бар ман бидаронад. Бархезам ба ханљар њанљари ў бибурам ва хунаш бирезам. Вале фитна ба пой хоњад шуд, ки нишондани он аз дасти њељ кас наёяд. Боз хуни касон ба ноњаќ рехта шавад. Сабр мебояд кард.
Мард бо ѓазаб тозиёна мезад ва њафт пушти Љидоро дашном медод.
Оќибат модару хоњари Љидо огоњ шуда омаданду Ризоро аз дасти ў кашида људо карданд.
- Ай мард, аз Худо битарс, даст аз духтари бечора бардор…
- Ин духтар муддати мадидест, ки маро ошуфта месозад. Кам мондааст, ки ханљар ба ханљараш бизанам, то ман аз ў халосї ****у ў аз ман…
- Ба хушзабонї дилаш нарм соз. Аз тундиву ѓазаб чизе њосил нашавад љуз кину душманї.
Модар дасти марди ѓазабнокро дошт ва ў ноилољ монд ва тозиёнаро партофт. Мдар насињаткунон ўро берун бурд.
Сипас модари Љидо даромад бар гумони он, ки Ризо духтараш Љидо аст. Љавон ба гиря даромаду нола бардошт, љома дар сар кашиду пушт бар вай кард.
Модари дилсўз гуфт:
– Ай духтар, аз Худо битарс, коре, ки хилофи табъи шавњар аст, пеш магир. Як мўй шавњари ту хуштар аз њазор Аштар аст! Аштар худ кист, ки ту аз барои вай мењнат кашию ин шарбат чашї?
Ризо љуз нолаи хазин чизе намметавонист бигўяд. Модар бархосту гуфт:
– Хоњаратро хоњам фиристод, ки имшаб дамсозу њамрози ту бошад.
Баъд аз соате хоњари Љидо омаду гиря баргирифт ва шавњари ўро дуъои бад кард.
- Шикаста бод дасте, ки хоњари нозанини маро кўфт! Шикаста бод ќалби касе, ки алами худ аз паририваше ба чунин зиштї биситонд…
Ризо бо вай низ сухан нагуфт. Хохари Љидо дар пањлуи љаон бихуфт. Чун ќарор гирифт, Ризо даст дароз карду дањони вайро сахт баст ва гуфт:
– Хомўш бош, ки ин љо сиррест нуњуфта. Хоњари ту бо Аштар аст ва ман ба љойи вай ин њама захмат кашидам. Ин роз пўшида дор, вагарна њам шумо шарманда мешавед, њам ман.
Ба хоњар аввал вањшати тамом роњ ёфт ва охир он вањшат ба шодї бадал шуд ва то субњ он ќиссаро мегуфт ва механдид.
Хоњари Љидо бас латифу хушгуфтор буд. Ризо ба сад дил ошиќи ў гашт ќариб буд коми дил биситонад. Вале аз як њарфи ў дилсард гашт. Аз ў пурсид:
- Бо ин њама муњаббати ќавї чаро волидайнат онњоро ба њам набахшиданд?
Хоњар аввал дар посух дармонд ва андак-андак сабабро ошкор кард:
- Ризои волидонро напурсиданд… Чунки ќабул надоштанд… Чунки онњо ањли шиа буданд…
Ризо худ аз ахли шиа буд ва ин гуфтор ба дилаш сахт расид. Њарфе нагуфт ва мехр аз духтар барканд. Хохар дигар шудани авзои наљотбахши хоњарашро фањмид, аз кеши ў пурсон шуд. Ризо мавзуи суњбатро дигар кард ва гуфт:
- Шоиста нест, ки як духтари хушгуфтору хушрафтор сари азизи худ бо ин гуфтор ба дард оварад. Њама фарзанди Одаму Њаввоем ва њама бандаи муъмин.
Дар ин љо расиданд, ки даричаи субњ боз гашт ва Љидо дар ѓояти хушбахтї ба хайма даромад. Чун Ризоро бо духтаре бо њам бидид, битарсиду гуфт:
– Ин кист дар пањлуи ту?
Ризо гуфташ:
– Хоњари ту. Аљаб хоњари нек аст туро.
– Вай ин љо чун афтод?
– Инро аз вай пурс, ки фурсат танг аст.
Љомаи худро гирифту баромад, назди Аштар омад. Њарду ба шутурњо савор шуданду ба роњ даромаданд.
Дар аснон роњ Ризо ин ќиссаро бо дўсташ гуфт. Пушти ўро кушоду љароњатњои тозиёнаро дид ва узрхоњии бисёр карду гуфт:
– Њукамо гуфтаанд: Ёр аз барои рўзи мењнат бояд, вагарна дар рўзи роњат ёр кам наёяд.
Дило, гар оядат рўзе ѓаме пеш,
Чу ёре бошадат ѓамхор, ѓам нест.
Барои рўзи мењнат ёр бояд,
Вагарна рўзи роњат ёр кам нест.
Ровиёни ахбор гўянд, ки модару хоњараш оќибат дили Љидоро ба он сард карданд, ки Аштар ањли шиа буд ва дўстагш низ ахли суннатро ќабул надошт. Аз љониби дигар, висоли ногањонї бо дилдодаи худ пас аз муддати мадиди фироќи иљборї баѓоят ширин буд аммо он латофат, он шарар, он оташи сўзандаву созанда, ширинии эњсоси муњаббатњои аввал аён набуд.
Аз љониби дигар пас аз маслињатхои модар шавхари Љидо он шом ба оњанги дигар ќасди зављаи худ кард, ба шеваи мењрубонї дили ў ба даст овард. Љидо љасурињои Аштарро дар ком ситонидан ва ба осонї тан додани худ, сабру тоќати шавњараш ва сангдилии худро нисбат ба ў муќоиса кард, аз ин кор шармаш омад, нисбат ба шавњараш мењре падид омад. Ва муонисате байни онон барпо шуд. Пас аз ин воќеа Љидо Аштарро аз дил баровард ва гоњо чун афсонаи ширине ба ёдаш мерасид, аммо боди сарди ташаййюъ ёди ўро чун хори маѓелон ба дурињо мебурд.
Аштар пас аз ин корнома ором шуд, бо маслињати дўсти љавонмардаш Ризо духтари ашрофзодае аз ќавми худ баргузид бо љуфти нав хушбахт гашт ва ба ёди ширини ёри дерин Љидо, ки дар дилаш мањкам љой гашта буд, чанд дўшиза баргузид ва ком ронд.
Бале, оташи чунин муњаббати пурсўз њам сарду хомўш гардад.
Свидетельство о публикации №223070600116