Чоми 9. Чавонмарди ба чон кард
Як падидаро Љомї њељ тањаммул карда наметавонист: чї тавр метавонанд барои замини худой, барои сарвату каниз бародар ќасди љони бародар кунад, писар ќотили падар шавад, ва бар зидди њамдигар лашкар кашанд.
Ва шод гашт, дар радифи ин бедодї аз ќиссаи љавонмардии як љавони бечора:
Шабе дар масчиди љомеъи Миср оташ афтоду бисўхт. Ба фикре омаданд, ки онро ањли насоро кардаанд. Барои љазо хонањои эшонро оташ заданд. Султони Миср сокинони он хонањои сўхтаро бигрифту дар як љой љамъ кард, фармуд, ки мувофиќ ба шумораи онхо руќъањо – вараќаи љазо омода кунанд. Дар дар њар кадом руќъа аз се намуди љазо - «куштан», «даст буридан», «тозиёна задан» якеро навишт, бар сари мањбусон партофтанд. Ба касе кадом рукъа расид, ба мазмуни он муомила карданд.
Як рукъа, ба мазмуни «куштан» ба љавоне афтод ва ў навмед шуду гуфт:
- Аз кушта шудан боке надорам, вале модари пирам љуз ман саробоне надорад. Бе ман хору зор шавад…
Дар пањлуи вай љавони дигаре буд, ки љазои дар руќъаи вай сабтшуда «тозиёна задан» буд. Дилаш ба њамшафаташ сўхт ва гуфт:
- Ман модар надорам. Руќъаи ман бигир.
Руќъаи худро ба он кас доду рукъаи ўро гирифт. Инро ба љойи вай куштанд ва онро ба љойи ин тозиёна заданд…
Замоне Мавлоно Љомї ба ањли љомеа ин њикоятро мегуфту њама аз љавонмардї ва худфидоии инсон ангушти њайрат мегазиданд, онро нињояти адл ва рафтори воло њисобида, байтњои бадоњатан гуфтаи Пири рўњониро чун шоњбайт такрор ба такрор мехонданд:
Ба симу зар љавонмардї тавон кард,
Хуш он кас, к-у љавонмардй ба љон кард.
Ба љон чун эутиёљи ёр бишнохт,
Њаёти худ фидои љони ў сохт.
Аммо њоло чї шуд, ки барои осоиши љони худ њамсоягонро ба мазњаби бад гунањгор карданд ва бо як амри саркардаи аљнабї љониби маќбара омаданд, ки гўри пири хирад, муаллими чандин насли мардум, омўзгори инсониятро, ки шуњраи офоќ гашта буд, хароб кунанду аз мурдаи њаждањ сол дар гўр хобида ќасос гиранд.
Свидетельство о публикации №223070900075