Чоми -10. Мухаббати канизак

Љомї 10. Муњаббати канизак.
 
Субње Љомї аз кўчањои кўчаки шањри куњанбунёд мегузашт, ки таронаи њазине шунид. Љавонзане ба даргохи Худованд шиква мекард, ки аз дилдодааш људо кардаанд ва ба таронае тавалло мекард, ки ба висоли дўсташ расонад.
Ай талъати ту ба хуб; аз Мо; фузун,
Пеши ма;и талъати ту Хуршед забун.
З-он пеш, ки доя бар лабам шир ни;ад,
Бар ёди лаби лаъли ту мех;рдам хун.
Тарона бар дили Љомї сахт асар кард. Дар бик;фт. Со;иби байт берун омад. Аз вай пурсид:
- Озод; ё банда?
Гуфт:
- Банда. - Яъне ў канизи ин хонадон будааст.
Фармуд:
- Ин байт дар ;авои к; мехонд; ва ин ашк аз барои к; мерезонд;?
Гуфт:
- Ай марди нек, ба њаќќи Худо, аз ман бигузар, ки дарди дерин ба ёдам омада, беихтиёр тарона хондам, вале донам, ки ин дарди маро дармон нест, илло макони сабри охират. 
Фармуд:
- Аз ин андеша маро хам дил ба дард омад, аз ин муаммо даст накашам, то замоне ки ту ба коми дил бирасї. Ту ба даргоњи Худо тавалло мекунї. Одамон њоли туро бад кардаанд. Худованд мењрубон аст, туро мешунавад. Чун хидматгузори мардум, вазифадорам ба додат бирасам ва беканории мењрубонии Худовандро собит созам.   
Канизак о;и сард баровард.
- Замоне озод будам, вале дар кори худ ноилољ мондам. Волидонам мазњаби волидони ўро бад хонданд ва монеи издивољи мо шуданд. Сипас дар љанги байни ду писари султон халќи бисёре аз дењаи мо кушта шуд ва маро каниз карда фурўхтанд. Ва аз дўстдоштаам абадї људо шудам. Дигар њељ чора намебинам.
- Дўстдоштаи ту барњаёт аст?
- Бале.
- Дили ў њам бар ту аст?
Канизак оњи пурдард кашид.
- Бале, бале. Аммо ноилољ мондааст. Дар љанг хонааш сўхта, боѓи падараш хароб гашта, волидонаш фавтиданд. Сарвате надорад, ки бањои маро дињаду соњибї кунад. Ѓамбемор асту њар рўз аз даргоњи худо марг металабад.Боре ба суроѓи ман омада буд, аммо ходимони хољаам ўро латукўб карда ронданд.
Љомї аниќ кард, ки вай яке аз ;авонони боњунар аст. Бо хо;аи канизак маслихат кард, ба;ои вай тамом бидод ва пеши дўстдоштааш бурд. Њарду љавон аз ин бахти ногањонї шод гаштанд ва дар њаќќи халосгарашон њазорон бор тасаддуќ шуданд ва умре шукронаи Худо карданд.
Љомї аз боло љониби њавлии ин љуфти хушбахт назар кард. Љавонро бо айби суннї будан ждар боѓи худаш ба донр кашидаанд. Дар бари ў духтар низ аз насим сабук сабук алвонљ мехўрд. Љомї дарк намуд: духтар дид, ки илољ нест, дар бари шавњараш дар шохи дарахт доре сохта, худро ба он овехтааст.
Ду фарзанди 10-12-солаи онњо ноилољ мондаанд: худро суннї гўянд ё шиа. Фармондоре ба сари онњо ќамчин кашида, ба хайли ѓуломони худ њамроњ кард.
Шуълае, ки љангии сафавї пас аз ќатли соњибхона ба гўшаи боми манзили ошиќон афрўхта буд, ба зудї аланга гирифту хонаи ишќро батамом сўхт, дарахтро, ки то дами вопасин шоњиди муњаббати ду љавон гашта буд, сўхт, тани бегуноњи ду љуфти муносибро сўхт, худи муњаббат сўхт, имрўзу ояндаи шањр ва сокинони онро сўхт…
Афсўс… Афсўс… Сад афсўс… 


Рецензии