Джами 10. Кто кого и как?
Кї киро?
Дар замони темуриён халќ аз чанд љихат талаву торољ мегашт. Расми суюрѓол – бахшидани шањру вилоят ба шахсони писандидаи амир ба расмият даромад. Андозро худи њоким мегирифт. Дуюм намуди туњфаи амир «тархон» буд, ки худи шањру дехотро намебахшид, вале андоз, бољу хирољи он мањал моли Тархон мегашт. Бинобар ин шањрњо, њатто ќалъањои алоњида мустаќилият пайдо мекарданд. Бинобар ин, тохтутози лашкари хокимони шањру навоњї, ќалъањои алоњида як њолати муќаррарї буд, фаќат коњилу танбал ба ин кор даст намезад.
Ба муаррихон маслињати Њиндука ном амирулумаро ба Абулќосим Бобур, њокими Астаробод маълум аст, ки моњияти ин холатро хуб ифода месозад.
Њиндука ба шоњзода Абулќосим Бобур гуфт:
Эй султони олам, бародарон ва амакзодагони ту дар њар шањр мустаќиланд, ганљу сипоњ доранд, маслињати маро гўш кунї, эњтимол, мулк ба дасти ту гузарад.
- Кадом аст он маслињат?
- Аввал он, ки мардуми дун ва бадаслро тарбият кун, чунки бузургзодагон ба ту сар дарнаоваранд. Дуюм он, ки бахшандагї ба ифрот пеш гир, то ба овозаи људи ту мардум ба ту руљуъ кунанд. Сеюм он, ки ясоќ (тартиб) сахт макун ва мардумро изо марасон, то аз ту эмин бошанд, чањорум, он, ки лашкарро аз ѓорат ва дастандозї манъ макун, то љихати тамаъи шуми худ кори уро пеш баранд ва чун кори ту пеш равад ва мулк ба ту мусаллам шавад, зинњор, ки ин корњои манзумро тарк кунї ва хилофи ин ќоидањои нописандида намої, ки инњо њама љињати зарурат аст.
Абулќосим ин маслињатро пазируфта, як ќисми калони мулкро ба даст даровард. Аммо ба сиёсат ва тахту њукмронї шавќ надошт. Берун аз шањр як љойи хушобу њаворо интихоб карда, њама рўзхоро дар суњбати дўстон ва дарвешон мегузаронд.
Дар ањди Шоњрух Мирзо – писари амир Темур, салтанати темуриён ба ду бахш таќсим шуд – то рўди Омў дар итоати Улуѓбек буд, поёни Омў аз Шоњрух.
Соли 1448 Султон Муњаммад - набераи Шоњрух, бе маслихати бобояш Исфањонро забт карда, Шерозро муњосира намуд. Шоњрух лашкар кашида, исёнро фурў нишонд, Султон Муњаммад фирор кард, вале бо маслињати зављаи Гавњаршод бисёр наздикони ўро ба љазо кашид. Вале њангоми бозгашт худаш дар роњ фавтид. Ва талошњо барои тахт дар њама шањрњо ављ гирифта то Самарќанд расид:
Дар Эрони Ѓарбї ва Форс Муњаммад Султон, дар Гургону Астаробод Абулќосим Бобур, Хуросон ва пойтахташ Њирот Алоуддавла, дар вилоятњои Балх, Хутталиён, Ќундуз, Баѓлон, Андхўй, Шибирѓон, Фороб - Абдуллатиф њукмрон шуданд. Эрону Озарбойљонро сарвари туркманхои Ќароќўюнлу Љањоншоњ тањти итоати худ даровард. Улуѓбек ва писараш Абдуллатиф бо 90 њазор лашкар Алоуддавларо маѓлуб карда, Балх, Њирот, Машњадро ба даст оварданд.
Њиротињо бо сардори Њиндука бар зидди Улуѓбек ошўб бардошта, пирўз шуданд. Улуѓбек ба њамлаи ўзбакњои кўчманчї дучор шуда, бо азобе халос шуд. Бањори 1449 боз лашкар кашид, вале писараш бо ў мухолиф шуда, ба ќатли падар амр дод. Пас аз як сол худи Абдулатиф њам аз љониби мухолифонаш кушта шуд. Ба тахти холимондаи Самарќанд аввал муддати кўтоње Мирзо Абдуллоњ, баъд Султон Абўсаид (1451) соњиб шуданд.
Абулќосим Бобур бародараш Султон Муњмаммадро кушта, ба тахти Хуросон соњиб шуд, Афѓонистон, Ироќ, Форсро низ гирифт, соли 1454 ба Самарќанд низ хамла карда, муддати зиёде муњосира кард. Аммо њељ ба давлатдорї раѓбат надошт, дар канори шањри Њирот тарабхонае сохта, бо айшу нўш машѓул буд, дар суњбати дарвешон менишаст, аз њоли мардум ва мулк бехабар буд. Авлоди темуриён рўирост дар кохњо боѓњо, кўчаю бозорњои шањр бо майишат умр ба сар мебурданд. Њар ќалъа њокими худро дошт. Соли 1457 Абулосим Бобур фавтид ва боз талош сар шуд ва охири соли 1457 Хуросон боз ба дасти Абўсаид гузашт.
Пас аз марги Абўсаид Њиротро Њусайн Мирзо Бойќаро гирифт. Писари Абўсаид бо 50 њазор лашкар њуљум кард, вале марги падарро шунида бозмонд. Ба ў бародараш Султон Мањмуд бо боќимондаи лашкари падараш њамроњ шуда, Њиротро ишѓол намуданд. вале ањолии шањр итоат накарда, онњоро ронданд. Бародарон ба Мовароуннањр баргаштанд.
Саркашии саркардагон низ зиёд буд ва мулкро хароб мекард. Соли 1470 амалан кишвари темурињо ду таќсим шуд – дар хуросон Њусайни Бойќаро монд, дар самарќанд фарзандони Султон Абўсаид.
Баъди марги Њусайн Мирзо Бойќаро дар Хуросон якбора ду писараш – Бадеъуззамон ва Музаффар Њусайн султон эълом шуданд. Вале на ќобилияти рохбарї доштанд, на тавони љангидан. Бо авалин набардњо љангро ба Муњаммад Шайбонихон бохтанд. Шайбонихон усули кори темурињоро идома дод, бо ањли дин ва њунар мкехрубон буд. Аммо ин дер давом накард. Дар Эрон ва Озарбойљон Сафавиён сари ќудрат омаданд ва Исмоили Сафавї ба зудї Хуросонро тобеъ кард.
Свидетельство о публикации №223071300053