Джами 12. Казизаде Сиистани

Љоми 12. Козизодаи  Сиистони

Манзили Љомї. Ќозизодаи Сиистонї меояд. Ба истиќболи ў Љомї мебарояд.

Сиистонї. Дар ин бињишт ман њам мисли Љомию Навої шоири номї мешудам. Ин пир боѓбон аст. (Ба Љомї). Њазрати махдумї њастанд?
Љомї. Њоло њамин љо буданд.
Сиистонї. Бигў, нодиртарини даврон, булбули шўридаи ирфон Ќозизодаи Сиистонї ќадам ранља кардааст.   
Љомї (бо табассум). Хуб…
Сиистонї. Субњоналлоњ, дар мулозимати азизон чї мардуманд? Эй мањбут, чї шавад, ки равї ба махдумї арза дорї, ки шоир омадааст!?
Љомї. Шумо њамонед, ки ба Мавлоно Навњї посух навиштаед?
Сиистонї. Бале, ана њамон шоири оташсухан, ки бо даму нафаси шуълабораш душманро аз беху бунёдаш сўхта хокистар мекунад, манам!
Љомї. Шеъри шумо бењтар, ё аз Мавлоно Нањвї?
Сиистонї. Аз ман. Зеро гуфтаи Нањвї рост:
«Афтодаам ба хиттаи вайронае, ки њаст;
Бодаш самуми оташию хоки он намак».
Гуфтаи ман билкулл дурўѓ:
«Гар айби хоки поки Сиистон кунад касе;
Дарё палид менашавад аз дањони саг».
Вале донандагон гўянд, ки «дурўѓтарини шеър бењтарини он аст».
Љомї (бо табассум). Хуш гуфтї.

Гурўње бо Навої меоянд. Ширин низ меоянд.
Навої. Ид муборак, устоди азиз!
Ахтари ў ќутби тариќат шумор,
Кошифи асрори њаќиќат шумор.
Мадрасаи Ќудс бувад масканаш,
Хонаќањи Ќудс бувад маъманаш…
Љомї.
Ид шуд, ;ар кас зи ёре идие дорад ;авас,
Иди мову идии мо - дидани р;и ту бас.
Иди мардум дидани ма;, иди мо - дидори ту,
;амчу иди мо муборак нест иди ;ељ кас.
Навої. Чї хуш гуфтед, устод.  Идии маро бипазиред:
Лалову гул аз таљаллии ту ба хубї
Ќумрию булбул зи шавќи ту ба алоло
Дар рухи рўз аз рухи ту борикаи мењр,
Дар дили шаб аз ѓами ту мояи савдо.
Љомї. Асли ин дубайтиро ба туркї гуфтаї.  . 
Навої.
Ул лалою гуллар бари њуснинг ила куркам,
Њам ќумрию булбулга етиб шавќи алоло.
Тонг чењрасининг равшани офтоби юзингдан,
Тун кўксида ул дарду ѓаминг — мояи савдо.
Љомї. Хеле зебо, хушоњанг аст.
Ширин. Маншури султонро расонам… Э, аввал шикам ќўр гирад…
Сиистонї. Њазрати махдумиро касе хабар накардааст?
Ширин. Њазрат он, ки дар кафшгоњ нишаста…
Сиистонї. Вањ, рўям сияњ! (Хеста фирор мекунад).
Љомї. Истед. Дар умрам аз њељ кас ин ќадар хушдил набудам.
Сиистонї. Њазрати махдумї, ал ѓарибу к-ал-аъмо. Мусофир дар шањри бегона мисли кўр. Аз гуноњам даргузаред.
Љомї. Њиљогўи машњур Ќозизодаи Сиистонї. Тавфиќ рафиќат бод.
Навої. Хуб аст, ки адибони њама шањру вилоят гирд омадаанд. Муњаммади Бадахширо низ мебинем. Њамаро аз њисоби ман дар хобгоњи мадрасаи Ќудс љо кунед. Шумо воизони шањри фазилат мешавед.
Њама. Тасаддуќ, ташаккур.   
Навої. Устод, ният кардам “Хамса”- ро ба туркї нависам, ки туркон  аз хиради љањон огоњ шаванд.
Ширин. Вале мегўянд, ки туркї шеваи шеър нест.
Љомї. Шоир - биёбоннаварди сухан аст, бо забон заргарї мекунад, дурр суфта, ганљи маънї меёбад.
Ширин. Вале дар туркї серсадотарин вожањо - “тир, камон, љанг, хун, ѓазаб, теѓу ханљар” авлост. Бо ин вожањо шеър мешавад?
Сиистонї. Бале, Мавлоно Абдурањмони Љомї гуфтаанд:
Осудадило, њоли дили зор чї донї?
Хунхории ушшоќи љигархор чї донї?
Њаргиз нахалида ба кафи пои ту хоре,
Озурдагии синаи афгор чї донї?
Њама. Ё валлоњ!
Навої. Бињамдуллоњ, дилпур шудам.
Љомї.  Тавфиќ рафиќат бод!
Ширин. Бўи кўфта аљаб хуш аст, вале суњбати удабо дер кашид. Агар шикам чаронам, аз вазифа мањрум шавам… Мир Алишер, хабари хуш дорам.
Навої. Валлоњ, аз ту ягон хабари хуш интизор нестам. Бигў.
Ширин. Султони љањон шуморо ба суњбат мехонанд.
Навої. Ин ќадар ољил?
Ширин. Кори љањон дар аљала.
Навої. Дар охирин суњбати соњибќирон кињо буданд?
Ширин. Вазирон… Ва малика…
Навої. Њазрати махдумї, шумо мањфилро давом дињед, имрўз ман барнамегардам.
Гуфтам: фалакам ба њар тараф рондааст,
Саргаштагї орандаву гирёндааст.

Мањзун меравад. Њама ўро гусел карда мераванд.


Рецензии