Чоми 14. Хусейн Бойкаро ва Навои

Љомї 13. Мухолифат бо Навои.
Тўда бари гулбунањо найза мезананд. Султон, вазирон, Навої меоянд.

Вазирон - Хоља Ханљар ва Хоља Санљар. Навои меояд.

Навої. Салом бар касе, ки ростї ва роњи ростро пайравї мекунад.
Султон. Хайр. Аммо чаро шайх Луќмонро љазо фармудї? Ў 20 сол мутаваллї буд, соле 150 њазор тангаро мунсифона масраф мекард.
Навої. Вале чун садр шуд, ба манфиати худ сарф кард. Ин аст санад.
Султон (табъаш дигар мешавад). Инаш рост. Алишер, Минбаъд њар фармонро, дар он муњри давлатї њам бошад, мебояд нахуст Вазири аввал «аз ин воќифам» гуфта имзо кунад.
Навої. Њукм аз шумост.
Султон. Минбаъд дар њама сафарњо маро њамроњї мекунї.
Навої. Ташаккур, султони љањон.
Ханљарак. Як сухани як шоирак иродаи султонро шикаст... 
Султон. Чаро шањри фазилат таъсир надорад?
Навої. Искандар барои дафъи яъљуљу маъљуљ садди баланде аз оњану санг сохт. Садди мо ирфон аст. Вазиру кабир бояд ба илму њилм гароянд, вале дар базми шароб ѓарќ шаванд, њалќа гусаста шавад.
Султон. Душман зиёд аст. Барои пирўзї вазиру зару силоњ даркор.
Навої. Ба љоњил силоњ кор наояд. Пирўзї аз мењру ихлос шавад. 
Султон. Пирўзиро ман бо шамшер ёфтам! Ба ман вогузор. Вале хабар омад, ки барои мадраса зари зиёд масраф шудааст. Ин тањќиќ металабад. Хостї дар танњої фаќат нависї. То анљоми тањќиќ дар “узлатгоњи хосони” дарбор бош. Њамин ки ба дилат зад, хабарам дењ.
Навої. Яъне, ба мањбас?
Њар дам расад зи олами боло мадад маро,
Бар сар бас аст сояи он сарвќад маро.
Муњтољ нестам, чу Сикандар, ба тољи зар,
Оинаам, бас аст кулоњи намад маро.  (Меравад).
Султон. Дар Хуросон чил вазир аст, ки њар кадом аз Алишер болост. Навоиро хам мо ба осмон бардоштем. Шоирї њам тавонем:
Дањанат гул, чењраат гул, ќадат тубо, хатат сабз,
Худовандо, наояд боди хазон бар њусни ту њаргиз!
Њама. Аз њама бењтар! Олї! Офарин! Тасаддуќ! Салламно!
Вазири 1. Султоно, соњибќироно, аз фазли раббонии шумо њама доно шавад. Њар сухани шумо дурру гавњари суфта аст, султонам.
Султон. Маддоњї накунед. Оњ.., поям...
Вазири 1. Султоно, барои муолиља њавзи шарбат омода. Лутф кунед.
Султон (шароб менўшад). Хуб аст. Бењтараш, латифа гўед.
Вазири 1. Сайёд бо як тир пойи ѓизолро ба гўшаш дўхтааст!
Ханда. Ширин зиёд механдад. Султон назди ў меояд, ў хомўш мешавад.
Султон. Аљиб. Ин чї тавр мешудааст?
Ширин. Пою гўшашро ба як тир зада дўхтааст-да. Ќизиќ - да.
Султон. Чорпо ист.  Вазир, бо як тир пояшро ба гўшаш дўз.
Ширин. Ин номумкин аст, султонам. 
Султон. Худаш гуфт, худаш собит мекунад...
Вазири 1. Барои хуррамии дили соњибќирон њазл кардам...
Султон. Дурўѓ!? Љазои фиребгар чист?
Ширин. Барои дурўѓгў - чил дарра!
Вазири 1 (паст; ба Ширин). Дамата гир, аблањ...
Хоља Ширин. Узр, љалолатпаноњ, инро Навої њикоят карда буд.
Султон. Навої дурўѓ намегўяд. Дарёб ва ба мо бигўй: ин кор чї тавр шудааст? Агар наёфтї худи туро дастатро бо гўшат ба як тир медўзам.
Султоно, шафќат мехоњам. Чор зану дувоздањ фарзанд дорам, онњоро ба кї меонам?
Султон. Ба вазири кабир.
Ширин. Охир ман њоло љавонам. Хељ чиро надидам.
Санљарак ба ў гўшакї мекунад.
Санљарак. Бирав, аз Алишери Навої пурс. Набошад, капаат дуд кард.
Ширин. Валло, ки рост гўї.
Меравад.
Султон. Хўш... Пайдо кунед. Набошад, ќўша -ќўша сари тир мешавед.
Њама дар андеша. 


Рецензии