Чоми 15. Хасрати Чоми

Чоми 15. Хасрати ЧОМИ

Вазир Ханљарак бо Љомї танњо монда, бањс мекунад.
Ханљарак.  Мавлоно, шумо кори нодуруст кардед: ба љамъ кардани андози давлат халал эљод намудед. Ана, он алдар-кўсаи мўзадўз, аз се мўза ба яктоаш андоз надод. Ба љойи насињат, андози ўро шумо додед?
Љомї. Ў як бечора аст, аёлманд аст.
Ханљарак.  Ў шиа аст. Чаро ба мањфили шумо шиамазњабон меояд?
Љомї. Худой як аст. Ба мањфили адабї яњудиву насоро њам меоянд.
Ханљарак.  Ин хато! Султон замин дод, бино дод, аз андоз озод кард. . 
Љомї. Замин - мероси падар, биноро бо дасти худ сохтем. Замин ба мадраса ваќф шудааст, вале андози ушронаро медињем.
Санги озор мазан бар дили арбоби сафо,
К-омад осон шикани шишаву мушкил пайванд!
Ханљарак.  Шеъри шумо низ бояд васфи шањомати дарбор бошад.
Љомї. Афсўс,
Ба ;асри ишрату айвони айши шоњон бин,
Ки зоѓ наѓмасаро гашту чуѓз ќофиясанљ.
Ханљарак.  Шумо дарборро, султонро тањќир мекунед?! Пас, барои њаљљи акбар ба шумо фулусе нест.
Љомї. Харољоти њаљ барои њамроњонам низ аз њисоби ман аст.
Ханљарак. Метавонам аз султон хоњиш кунам, ки маблаѓе дињад. .
Љомї. Њаргиз! (мехонад, халќ њар сатрро такрор мекунад).
Ба дандон рахна дар фўлод кандан,
Ба нохун роњ дар хоро буридан,

Фурў рафтан ба оташдон нагунсор,
Ба пилки дида оташпора чидан,

Ба фарќи сар нињодан сад шутур бор,
Зи Маѓриб љониби Машриќ давидан.

Басе бар Љомї осонтар намояд
Зи бори миннати дунон кашидан.
Меравад.

Ханљаракхомўш, ба зону менишинад. Санљарак. меояд.
Санљарак.  Ту медонї бо кї сарбасар шудї?
Ханљарак.  Дар назар як марди оддист, вале пиндоштам, ки бонг аз осмон омад, раъду барќ маро сўхт. Њама халќ паноњи ўст.
Санљарак.  Ў худ паноњи халќ аст. Султон аз он эњтиром дорад, ки халќро ором кард. Султон аз ин огоњ шавад, љазо мегирї. 
Ханљарак.  Аз инаш андеша накардам. .
Санљарак.  Андешаи пур кардани кисањо мебояд. .
Ханљарак љомаашро кашида ба Санљарак медињад.
Ханљарак. Розї шавед.
Санљарак. Аз хирс мўй. (Меравад).


Рецензии