Чоми 16. Дарёфтхо дар чустучуи шахри фазилат

Чомї 16. Дарёфти фазилат

Ханљарак.  Ришвадињї ба дилам зад. Ба султон шикоят мекунам.
Султон меояд, Ханљарак гирди ў мечархад.
Султон. Тинљи?
Ханљарак.  Њарду љањон пешкаши шумо. Як шикоят. (Нома медињад).
Султон. Вазири аввал! (Санљарак. меояд, таъзим мекунад). Тинљист? 
Санљарак.  Соњибќироно, аз хираду заковати шумо, то оламу одам буд, љањон мисли имрўз осудаву обод набуд: гургу барра аз як чашма об менўшанд. Овозаи шукуњу шавкати шумо ба кулли мулки арабу аљам, турку муѓул, Чину Мочин расидааст.  Чандин сол шуд, ки дар Њирот ѓам намонд, кулфат - сари фарзанд рафт, бахт дар Хуросон хона кардааст. 
Султон. Хуб аст. Хеле хуб аст.
Санљарак.  Ин њама аз мењрубонии шумост. Дар љавоби хидмат барои шумо њавзи шароб сохтам. Лутф кунед. (Љоми калони шароб медињад).
Султон. Њама тинљу осуда бошад, пас чаро тараб накунем? 
Санљарак.  Соњибќироно, ањли дарбор њамеша дар хидмати шумо. Ва месазад, ки шиори ањли дарбор дигар шавад.
Султон. Њм… Мисол, чї хел?
Санљарак.  Кўш барои мансаб, зару сарват, рўзгори ширину бењтар! Шиори шоирон бигузор ба шоиру олим, кишоварзу косиб монаду онњо бо ахлоќи њамида ба мо хидмат кунанд.
Султон. Касе ањли шањри фазилат набошад, њарду љањон бой дињад. Барои дарёфти фазилат чї сайъ кардед?
Ширин. Мо њама дар фикри фазилатем.
Султон. Дар кадом паскўчаи шањри фазилат дармондед?
Ширин. Дар оѓўшаш: Фазилатро кофта-кофта, аз як дења ёфтаму зуд ба никоњам даровардам, ки дигарон кашида нагиранд. Ана, соњибќирон…
Хандаи умум. Ширин раќќосае меорад. Мусиќї. Ў  мераќсад.
Султон. Мир Алишер њафт сол шањри фазилатро кофту наёфт, вале ту дар њафт рўз аз љойи љонаш ёфтї. (Хандаи умум).  Аммо шиори халоиќро дигар накунед. Бояд бадномии мо «љангиёни љоњил» нопайдо шавад.
Њама. Ба чашм.
Султон. Њоло айш кунед. Ња, ин «шикоятча»-ро бин.  (Номаро ба Санљарак. дода, меравад).
Санљарак.  Ба чашм.
Ханљарак хавотир гашта гирди Санљарак. мечархад.
Ханљарак.  Бузургвор, номаро дињед… сањве шудааст…
Санљарак. Гир. Не, ист. (Онро мехонад). Кї хато кардааст?
Ханљарак.  Ман хато кардам. Љойи ман оташи дўзах бод…
Санљарак.  Шикоят аз болои ман?! Хоин... Љазо чист?
Ханљарак.  Ин љомаи зарин ва ин бадраи зар, тасаддуќ. .
Санљарак.  Кам…
Ханљарак.  Лутф кунед. Ин њам аз шумо. Инаш њам…
Ханљарак.  Албатта, шиори мо хуб аст: «Кўш барои мансаб, зару сарват, рўзгори ширину бењтар»! Вале на аз њисоби хиёнат ба ман.
Ханљарак.  Ман њам аз шумо (чорпо меистад, ба дасташ ќамчин медињад, худро бо камчин мезанад).
Санљарак (болояш савор мешавад). Их, љонвар… Зудтар ба љўйи зару сим расон!  (Мераванд).


Рецензии