Чоми 17. Навои ва чохил
Дар сахнаи ќаблї гуфта шуд, ки Навої пас аз туњмат, то маълум шудани тафтиш ба њуљраи хоси кохи султон, ки вазифаи махбасро барои аъён иљро мекард фиристода шуд. Чун бегуноњии Навої собит гашт, султон ўро ба махфили хосон бихонд. Аммо Навої рафтан нахост ва аз навиштањои Мавлоно Љомї ин навиштаро фиристод:
Гар дар дили ту гул гузарад, гул бошї,
В-ар булбули беќарор – булбул бошї.
Хирадманд агар љо ба зиндон кунад,
Зи табъи хуш онро гулистон кунад.
Султон барои аз зиндон безор шудани шоир, ба вазир Ширин љазо дод, ки дањ сол дар як њуљра бо Навої бишинад.
- Ку бинем, шоир чанд муддат тоќат мекунад? – андешид Султон.
Бубинем, ки аз њила чї њосил шуд.
Мањбас. Торикї. Хомўшї. Навої шамъ меафрўзад.
Навої.
Зи узлат дар барои рўи халќ бастам, то чї пеш ояд,
Ба хилват аз њама фориѓ нишастам, то чї пеш ояд.
Шеърхонии Љомї пеши назари Навої меояд..
Љомї.
Хирадманд агар љо ба зиндон кунад,
Зи табъи хуш онро гулистон кунад.
Навої. О, вањ! Аз шеъри њазрати махдумї дилам равшан гашт.
Сафои ањли покфарљомї – Покфарљом, покфар Љомї.
Њамеша пушту паноњи ман аст, Ќиблаву устоду пири ман аст.
Љомї.
Маљў афсонаи дард аз диле, к-аз ѓам нашуд рахна,
Нафири чуѓд кай аз хонаи обод мехезад?!
Ѓазалро аз ѓами ишќи бутон дењ чошнї, Љомї,
Суруди дарднок аз синаи ношод мехезад…
Навої. Ё валлоњ, бо ёди шумо, кулли достон пеши назар омад.
Љомї. Дар кунљи зиндон бо давот давои љањон биљў. Рисолати шоир њамин аст. Ширину Фарњод интизорат.
Навої. Ташаккур, устод. Њамаро мебинам – љањонро, дирўзу имрўз, фардоро, Ширину Фарњодро, Хусрави айёрро...
Ќалам, к-ў рањнаварде њаст чолок,
Бувад манзил мар ўро фавќулафлок.
Зи сели ашк дар чашмаш асарњо,
Зи дуди оњ дар дамњо хабарњо.
Вале ин чї оњу нола аст? Магар фиѓони Фарњоди ноком аст? Не… Овози шиноси дилкуши хиракунандаи аќл мерасад.
Хоља Ширин меояд.
Ширин. Чї бадбахтї! Чї бадбахтам! Чї сарсахтам! Куљо шуд дову дастгоњам, куљо монд маъшуќаам?
Навої. Худоё, торикии зиндон ториктар шуд. Касеро намебинам. Садои дилро намешунавам...
Ба Ширин ахамият надода, саросемавор менависад. Ширин назди ў меояд.
Ширин. Ана, барои ту, Мир Алишер, барои ба хидмати султон нарафтанат маро назди ту партофтанд!
Навої.
Малак гуфта зи сўзи дард огоњ.
Миёни ањли ишќ афтода бас љўш,
Ширин. Оњ, мемурам. Ба додам бирас.
Навої. Ох, маро кушти...
Аз ў дур шуда, назди симоњо меояд, вале онњо дар торикї як-к ѓайб ѓайб мезанад.
Навої. Њама рафтанд. Ману санги сарди мањбаси торик мондем.
Эй шаби ѓам, чанд дур аз рўи ёрам мекушї?
Зинда медорам туро, бањри чї корам мекушї?
Ширин. Алишер, хастаљонам, нотавонам, афгорам.
Навої. Ммм…(бо ишора ба хомўшї ишорат мекунад).
Бифармуданд дар ин нотавонњо,
Ба кўњи дарду мењнат хастаљонњо...
Ширин. Бечора, девона шудааст. Бо деву љин гап мезанад?
Навої.
Ба Хусрав њамчу абри навбањорон,
Зи тири оњ карда тирборон…
Ширин. Метарсам. Мммаро тирборон мекунад!
Навої (дилашро дошта навиштанро давом медињад).
Занед оташ зи афѓон кишварашро!
Бисўзонед тољу асфарашро!..
Ширин. Маро оташ мезананд!?
Навої (бо ишораи хомўш истодан) . Хомўш…
Басе хун хўрдаї дар њамдамињо,
Басо ѓам дидаї дар мањрамињо.
Ширин. Ооњ, хўрдан мехоњам. Гуруснаам.
Навої. Ммм… (хомўшона пешаш нон мегузорад).
Ширин. Оњ, кош инро бо мусаллас мехўрдам!
Навої. Ором нишин, илтиљо мекунам. Охири ќисса аст...
Ширин. Охири ќиссаи ман – марг дар зиндон…
Навої (бо душворї менависад)
Бидењ соќї, ба ман як љоми ќотил.
Намуда лаб ба лаб зањри њалоњил,
Ширин. Ба ман њам љом дењ. Шароб дењ..
Навої.
Навої, шав фано, хоњї агар ком,
Ки гаштанд инчунин Фарњоду Бањром.
Агар созад маро ин љом пайваст,
Чу онњо низ бар хоки фано паст…
Ширин. Ба ман њам шароб дењ... (Навої).
Навої (об медињад). Дарвоќеъ, суњбати љоњил сахт душвор аст. Меравам аз љоњиле ки бо ман нишаст ва мањбасро бадтар аз љањаннам сохт.
Коѓазњояшро љамъ карда, мебарояд.
Свидетельство о публикации №223073000097