Джами 19. Мавляна Абдуррахман Джами

Љомї 19.
Бо пешнињоди Њукумати Тољикистон ЮНЕСКО ќарор намуд, ки соли 2024 љашни 610-солагии аллома Абдурањмони Љомї дар саросари љањон таљлил мегардад.
Мавлоно Абдурахмони Љомї дар таърихи адабиёти классикии тољику форс бо асарњои панду ахлоќї, ѓазалиёти зебо ва достонхои жпикии худ маъруфтият дорад. Барои њикояти нодири ў, ки масъалањои сиёсат, давлатдорї, љангу сулњ, ахлоќ масоили њаёти иљтимоиро дар бар мегирад, ўро муаллими абадии инсоният унвон додаанд.
Љомї чун шахси инсонпарвару ватандўст дар осораш ѓояи адолати иљтимоиро тафсилу такмил дода, бебаќо будани зулму ситамро мањкум, баробарии инсонњоро тараннум месозад.
Ба фикри Љомї, инсонњо ду гурўњанд: золим ва мазлум. Дар муносибат ба њамдигар давлатмандонро саховат, бечорагонро ќаноат, њардуро сидќу сафо, ањду вафо, хайру некї мебояд.
Дар як идда њикоёт рафтори золимонаи намояндагони табаќаи боло, амалњои бади инсонї разолатњои замон, хислатњои нохуб ва сиришти манфури афроди алоњида, нодониву камхирадии баъзе шахсиятњоро бо мазњакаи њаљвї зери тозиёнаи танќид мегирад.

Љомї аз ишќ магў нукта ба зоњид, ки бувад
Њар мањалро сухане, њар суханро мањале.

Замони Љомї солњои ављи бемоанди илму адабиёт ва њунар гардид ва барои рушди он хидмати Љомї низ хамчун Пири тариќати динии Накшбандия бузург буд. Ваде љангхои амирзодагон барои ба даст овардани ќудрат, шањру вилоятхо зиёд буданд. Бо мадади сухани Љомї ва гуфтушунидњои шоир, вазири кишвар Алишер Навої бисёр ошўби калонзодањо хомўш гашта, мардум ба зањмати бунёдкорона, илму хунар бармегашт.
Вале на њама мансабдорон фозилу доно буданд. Дар бораи бисёре аз онњо Љомї ва Навої бо афсўс ва њаљв навиштаанд, ки то њол ќимати бадеї ва таълимоти бадеии худро гум накардаанд. Чанде аз онро ќаблан таќдими шумо кардаем.
Ин њикояти њаљвомез аз шуњрати Љомї дар замони зиндагиаш ва маънавиёти як мансабдори асри 15 дарак медињад.

Донандагони рўзгори шоир навиштаанд:
Султон Яъќуби Оќќуюнлу – шоњи Ироќу Озарбойљон мухлиси Љомї будааст ва китоби ўро мепурсад. Мансабдоре аз китобхонаи Њирот девони Љомиро гирифта њадя мебарад. Султон мепурсад:
- Оё дар ин сафари дурудароз хаста ва малул нашудед?
- Моро дар роњ мусоњибе уд, ки маломат дар пиромуни хотир намегузашт, - посух дод мансабдор.
- Кї буд он мусоњиб?
- Девони марѓуби Мавлавї Љомї, ки муќарраби султонї амир Алишери Навої барои љанобашон фиристодаанд. – Бо виќор китобро медињад. – Дар роњ њаргоњ андак малолате даст медод, бар ин китоб рўй меовардем ва он тамоми ѓубори хотирро мезудуд.
Султон Яъќуб унвони китобро кушода дар њайрат меафтад:
- Шояд шумо на девони Љомї балки «Футуњоти Маккї»-ро хонда бошед?
Китобро баргардонд.
Маълум шуд, ки китобдори Навої ба љойи девони љомї нусхаи китоби Ибн ал Арабї «Футуњоти Макки»-ро додааст. Аљиб, ки боре онро накушода бардуруѓ онро анис гуфта обрў гирифтан хостааст.

Биё, ай ашк, то бар њоли зори хештан гирям,
Чу шамъ аз мењнати шабњои тори хештан гирям.
Набошад дар бањорон дур аз абри чаман гиря,
Ман он абрам, ки дур аз навбањори хештан гирям.


Рецензии