Чоми 18. Тухмат ба Чоми
Рофизиёни Баѓдод дар маљлисе ки пешвоёни динї ва њакими Баѓдод барои Љомї оростанд, онро хонда, ба Љомї туњмат мекунанд, ки дар њаќќи Шери Худо Алї носазо гуфтааст. Љомї сухани ўро бурида гуфт: аз инњо, ки мегўї, мо хабар надорем.
Рофизї китобро кушода ба хондан шуруъ кард
Љомї тирвор бархест, китобро аз дасти ў гирифт ва назаре карду гуфт:
Ёрон, паноњ мебарам аз аз шарри шайтонї ва туњмати ногањон. Худо њозиру нозир, ки нуњ байти мобайн моли ман нест. Ин абёти дигар бофтаи кадом рўсиёњест. Бинеду огоњ шавед, ин вараќи китоб хати каси дигар ва коѓазаш баѓдодист, коѓази авроќи дигар њиротї.
Вараќњоро ба ањли маљлис нишон дод. Садрнишастагон бо навбат гирифта инро тасдиќ карданд.
Љомї гуфт:
Чун мо ба тартиб ва танзими ин китоб пардохтем ва амиралмуъминин Алиро таъриф ва тасиф кардем, аз сунниёни Хуросон пайваста њаросон мебудем, ки моро рофизї нахонанд. Надонистем, ки дар хиттаи Баѓдод ба балои хушунати ин тоифа гирифтор хоњем шуд. Аслан аз ин ѓавѓою низои пурнакбати шеию суннї ба љон расидем, ин фитна оламро хароб мекунад ва дар ин хусус љавоби мо ин аст:
Эй муѓбачаи дањр, бидењ љоми маям,
К-омад аз низои сунниву шеї ќаям.
Гўянд, ки Љомї, чї мазњаб дорї?
Сад шукр ки сагсунниву харшеї наям.
Свидетельство о публикации №223080300061