Чоми 20 Окибати макр

Љоми 18. Охири макр.
Дарбор. Навої ва Султон.
Султон. Ятим шудем. Сутуни ќалби орифон, ќутби дин афтод. Халќ Шуморо чун шогирди Љомї дўст дорад. Ин рисолати устодро давом дињед.
Навої (бо андўњ). Њарчї тавонам, барои осоиши мардум бикунам.
Султон. Хобе дидам, ки аз он дар тарсам: ошўб дидам, сурхии хун дар дохили дарбор, дар ягон гўшаи кишвар парчами мо ва ситораи мо натофт, дар мазори ниёгон кўњи оташ дидам. Таъбир бигў, ки тадбир кунам.
Навої (андеша карда). Ин башорати осмон аст. Лаљоми корњо дар дасти банда нест. кўњи оташ дар мазор, хор шудани наљобатњо; сурхии дарбор – нишони оташи ошўб аст.
Султон. Чанд вазирро маъзул кардам. Ханљараку Санљарак ба љон расонданд. Вале тарсам, ки ин азирон њам масти хуни муъмин шаванд. Ягон кас наметавонад оташи ќиёми балвогаронро хомўш созад. Баракс, касе онњоро ба шўр меорад. Далел – ошўби писару набераам дар Балх аст. Бо лашкар балворо фурў нишондам, хуни фарзанд рехтан намехоњам. 
Тухми зулми шоњ нофармонии мардум аст,
Љав чу корї, њосили он кишта кай гандум бувад?
Навої. Чун сухан мушкилотро њал кунад, чаро хун рехта шавад?
Султон. Бирав, бифармо, созиш кунем. Ин кор танњо аз дасти ту ояд.
Навої. Ба чашм. (Меравад).

Мусиќї. Раќс. Хоби Султон. Њама ба деву љин мубаддал мешаванд.
Ходими хос меояд. Вазир бо ишора монеъи суњбат мешавад.

Ходим. Ба соњибќирон расонед, ки субњ набераашон ба хидмат меояд. (Меравад).
Вазири 1. Хуб. (Ба вазири 2). Навої ба сари мо бало овард.
Вазири 2. Бало зад… Як фикр ба сарам омад.
Вазири 1. Аз сари шумо як фикри солим барояд, поятонро бўсам.
Вазири 2. Њоло онњо берун аз шањр гуфтугў доранд. Ба миршаб аз номи султон мегўем, ки дарвозаи Балхро баста, њокимро ба шањр роњ надињад. Писар ба ќањр ояд ва зидди падар ошўбро давом дињад. Ва боз буљули мо - амирони љанг «хар хезад». Нашуд?
Вазири 1. Ман пойбўси шумо! Зуд ба миршаб намоянда фиристед.
Вазири 2. Ба чашм. (Нома навишта, бо сарбоз мефиристад).
Ширин меояд.
Ширин. Ошўбгар бо нияти сулњ ба суњбати падар рухсат мехоњад.
Вазири 2. Чї хубе.
Вазири 1. На. Њилаи шумо кор надод.
Вазири 2. Шояд нома нарасидааст.
 Вазири 1. Расидааст, вале салоњи корро миршаб чунин дидаст. Акнун бало аз тораки сарат зад. Сирри номаат гўяд ва туро султон ба дор кашад.
Вазири 2. Пас, чї бояд кард?
Вазири 1. Сари мор кўфта бењ.
Вазири 2. Ё валлоњ…
Султон бедор мешавад. Аз мастї базўр њаракат мекунад.
Вазири 1. Шароби ноби Марви зебо марди асил мехоњад.
Султон. Хуб аст. (Менўшад. Ба Ширин). Чї гапњои нав дорї?
Ширин. Шиори нави мо: Нўш лаби Нўшин! Кўш ба ишќи нозанин! 
Ханда. Дар берун ѓавѓо.
Султон. Ин чї савдост? 
Вазири 1. Хокам ба дањан… писари писари шумо ошўб кард.
Султон. Ўро кї аз роњ зад?
Вазири 2. Султонам, ман доим дар хидмати шумоям.
Султон. Чил сол шањри фазилат сохтам, вале хонаам оташ гирифт. 
Захми тир андар танам бин, хўша – хўша 
Хўшањо бишмор аз шумори захми тир. (Менўшад).
Вазири1. Бо ошўбгарон Навої гуфтугў кард. Вале корагар нашуд. Ў дар назди ќароргоњ аст, шуморо дидан мехоњад.
Султон.  Чї бояд кард? (Шароб менўшад).
Вазири 2 ба Вазири 1 менигарад. Ў ишораи ќатл медињад.
Вазири 2. Машоих гуфтаанд: сари мор кўфта бењ.
Султон (маст). Саркўб кунед! 
Вазири 2. Ба чашм. (Ба санад имзои Султонро гирифта меравад).
Пантомима: Садоњо. Куштори набераи султон. Нолаи малика.
Малика. Беинсоф! Ќотил! Теша бар решаи худ задї!
Султон. Ин шўру маѓал барои чист?
Малика. Бо амри шумо набераи шуморо ќатл карданд!
Султон. Ооооњ! Хок бар сарам! Ин кори кист?
Малика. Ин амри шумост! Теша бар решаи худ задед!
Султон. Дар мастї гуфтам! Кї тавсия дод?
Вазири 1 (бо ишора). Вазири кабир…
Вазири 2. Султоно…
Султон. Оњ, Навої рост гуфта буд. Барои фоидаи андаки худ ба њама хиёнат мекунед! Вале чаро чунин захми гарон ба ќалби+ ман задї?
Захми тир андар танам бин, хўша – хўша 
Хўшањо бишмор аз шумори захми тир.
Вазири 2. … Соњибќироно…
Султон. Хомўш! Вазиру писаронашро зинда ба зинда пўст канед! Дар пўсташон коњ андозед ва дар майдони шањр овезед!
Шўру фиѓон. Пўст кандани Вазири 2 ва писаронаш. Онњоро дар майдон овезон мекунанд.


Рецензии