Чоми. Арзишхои асли
Дар Самарќанд дар мазори Ќусам ибни Аббос чиллахонањо дар зери замин љой карда буданд. Мутаассибтарин шайхшавандањо дар он љо чилла менишастанд. Касе касеро ном намегирифт, фаќат «эй бандаи худо» гуфта хитобу мурољиат мекарданд.
Марди њузарбе намоишкорона рўи хок нишаста зикр менамуд, бар дўш пўсти паланг, дар сар кулоњи баланди намадї дошт.
Љомї аз ў пурсид:
- Дар чї корї, ай бандаи худо?
- Њузуре дорам ва дар домани офият печидаам ва дар ин кунљи ба фароѓат нишаста.
Њузур ва офият на он аст, ки пой дар карбос печї ва дар зери деворе бишинї. Офият он аст, ки аз авсофи худ фонї шавї ва аз моиву манї раста бошї, фарќ надорад баќоро ба тамомї ёбї.
Дарвешнаамо гуфт:
- Аз халќ безор ва гурезон шуда ба ин љо омадам.
Љомї ўро сарзаниш кард.
- Дарвеш бояд туфайли халќ кор кунад ва барои он роњату ранљ барад, на ин, ки гирифтори нафси худ чашм бар кисаву косаи мардумон дошта бошад. Маро аз тоифаи бадхулќу беадаби солус ва худписанд, ки худро дарвешу ќаландар мешумурданд, бад меояд.
Љавонмард гуфт:
Ба роњат рав, эй сањрої, ту ќадри гўшанишиниро чї медонї?
Љомї гуфт:
Дуруст гуфтаанд, ки њаркї дорад мепўшад ва мекўшад ва њаркї надорад, мефурўшад ва мехурўшад.
Дарвеш бонг заду худро аз сањни мазор берун андохт.
Свидетельство о публикации №223081001298