Бобо лозим. Нужен дед. перевод
филмнома
"Барои писарбача бобо лозим, њаќќи кор шартномавї" ва дар поён раќами телефон навишта шудааст.
- Сарватмандони имрўзаи мо тамоман азхуд рафтаанд, – хашмгин шуд Иван Максимович баъди хондани эълон дар интернет, – Кифоя нест, ки доя, ронанда, ошпаз, хизматч; доранд ва њоло боборо низ ба кор мегиранд.
Иван Максимович кор мечуст, бо нафаќаи ночиз тамоман бепул монда, аз бењбудии худ бештар дар бораи Байкал – дўсти вафодораш фикр мекард. Саги пир, мисли худи Иван Максимович, ба ёрии тиббй эњтиёљ дошт, ѓизои њайвонот низ торафт гаронтар мешуд, Байкал бошад, вобаста ба љуссаи калонаш, аз соњибаш зиёдтар мехўрад.
Гузашта аз ин, Максимович ба сагњои аз ;ониби сокинони бўстонсарой ба кўча рондашуда ѓизо медод, зеро ў дар боѓчасаройи кўњнаи худ зиндаг; мекард, хонаашро ба духтараш Полина дод, ки њаёти шахсии худро њељ танзим карда наметавонист. Вале муйсафед шиква намекард, њатто дар дења зистан барояш маъќул буд. Ташвиши зиёд надорад, атроф љангал, дарё дар наздикї, њаво чунон форам, ки њатто бо кошук хўрда роњат кунї. Аммо захираи ѓизову пулњои пирамард тамом шуд ва тасмим гирифт, ки барояш ягон кори мувофиќ пайдо кунад.
Фикре дошт, ки посбон шавад, аммо хуш орзуе. Агар пештар дар ин вазифахо пиронсолон кор мекарданд, холо њама љавонмардони њузарби пуркувват аз њар гуна ширкатњои таъмини бехатарй кор мекунанд.
– Чиро дар он љо муњофизат мекунанд, ки ин гуна авбошонро посбон мегиранд? – пурсид пирамард аз Байкал. – Ин йигитњоро дар кишту дараву шудгор кор фармудан даркор, вале онњо дар як љо нишаста, бо телефон бозй мекунанд.
Байкал, бо чашмони донояш ба Иван Максимович нигарист, ба пирамард чунин намуд, ки љавоби Байкалро мешунавад:
– Намедонам, Максимович. Вале бе саг ч; гуна амният таъмин мешудааст?
Ягон кори ба муйсафед мувофиќ пайдо нашуд ва Иван Максимович ба эълон баргашт: «Барои писарча бобо даркор».
Ў ќарор дод, ки ба ин корфармои аљиб занг занад.
Мўйсафед гулўяшро хуб афшонд, то овозаш чандон пиронаву хиррї ба гўш нарасад ва раќами дар эълон нишондодашударо гирифт. Корфармо фавран ба занг ;авоб дод. Ин овози зане буд, ки мўйсафед фикр кард, духтаракест.
– Валерия Анатольевна шуморо гуш мекунад.
– Ман эълони шуморо хондам. Дуруст фањмидам, ки шумо боборо ба кор ќабул кардан мехоњед?
– Дуруст. Соати 18–00 барои вохўрию маслињат ба шумо мувофиќ аст? – шунид Иван Максимович.
– Бале.
– Пас суроѓаро гўед, ба наздатон меоям.
Мўйсафед суроѓаро дод ва телефонро хомўш карда, хонаро каме ороста кард. Аслан дар њамеша тартибот буд. Баъд ў риш тарошида, дасту рўй шуста, костюми навашро пўшида, мунтазири Валерия Анатолевна шуд.
Соати 18–00 дар назди хонаи Иван Максимович мошини сиёњ омада истод ва аз он марди тануманд ва зани хурдљуссае баромад. Муйсафед мењмононро ба хона даровард ва чою мураббо пешнињод кард.
– Сари як пиёла чой суњбат бењтар мешавад.
– Ман бо завќ чой менўшам, махсусан бо мураббои дар хона пухта, аммо биёед, чойро дар боѓчаи шумо нўшем. Дар он ;о мизу курсињоро дидам.
Чой бомазза, мураббо хушбўй буд ва суњбат гарм шуд.
– Ман махсус назди шумо омадам, ки ба шумо дар хонаатон назар кунам. Дар нигоњи аввал шумо маро ќонеъ мекунед, аз њама љињат мувофиќ њастед. Майзада нестед, чењраатон поку озода, аз зањмати шумо хонаву боѓатон ороставу шукуфон. Пас дар сари шумо њам тартиб барљост. Дар бораи худ каме ба мо наќл кунед.
– Ягон чизи махсуси гуфтанї надорам, – суханашро давом дод Иван Максимович. – Ман одами оддї, мактабро хатм кардам, ба армия рафтам, дар ќўшунњои сарњадї хизмат кардам. Дар он ;о ман ба сагњо ошиќ шудам ва њоло бе онњо зиндаг; карда наметавонам. Аз армия омада, дар комбинат фрезерчї шудам, тамоми умр дар хамин завод кор кардам. Оиладор шуд, соњиби як духтар шудем, зиндагиамон хуб буд. Ду сол пеш Нинаамро ба хок супурдам. Духтарам Полина дар мактаб муаллими рассомї шуда кор мекунад. Нафака кам аст, ба ману Байкал намерасад, бинобар ин ќарор додам, ки ягон кор пайдо кунам.
Зан оромона ўро гўшл карда, дар чењрааш аломати ќаноатмандї њувайдо гашт.
– Ман ба шумо, Валерия Анатолевна як савол дорам. Чаро ба шумо бобо лозим аст? Ман фикр мекунам, ки бо вазъи хуби молиявии худ, шумо метавонед барои писарчаатон дояњо, муаллимон ё дигар мураббиёнро ба кор гиред.
– Петяи ман дигар ба доя ниёз надорад, ў нўњсола шуд. Иван Максимович, гап дар он, ки Петя андак маъюб аст, дар аробача нишаста њаракат мекунад. Писари ман кўдаки муќаррарї таваллуд шуд, ањволи саломатиаш хуб аммо… Гап њамин, ки Петя бе падар таваллуд шудааст. Дили мардњоро ёфтан ба ман муяссар нашуд, касеро пайдо карда натавонистам, ки бо ў издиво; кунам, солњо гузаштанд ва ман тасмим гирифтам, ки фарзанд таваллуд кунам. Падари Петя њатто аз мав;уд доштани писараш хабар надорад. Намехоњам ба ин бањона ба кору зиндагии оддии ману Петя халал расонад.
– Оне, ки бо ту омад, шавњарат нест? – пурсид пирамард.
–Не. Вай ронанда… Њамин тавр, њама чиз хуб буд, ти;орати ман босуръат рушд мекард, модарам ба ман кўмак расонд, ки Петяро тарбия кунам ва Петя доя њам дошт. Петя бо тайёрии хуб ба мактаб рафта, синфи якумро тамом кард ва ман ўро бо модарам ба истироњат фиристодам. Вале… дар таътил мушкилот пеш омад. Дар пеши назари фарзандам модарам вафот кард, аз сактаи дил. Петя дар њолати шок, стресс афтод ва дар ин асос пойњояш аз кор баромаданд. Духтурон ягон роњи табобаташро наёфтанд. Ба бисёр устодони тиб мурољиат кардем, ягон кор карда натавонистанд. Њама ба њолати равонии кўдак ишора мекунанд. Петя боз роњгардон мешавад ё не, маълум нест. Баъзе равоншиносон мегўянд, ки ин имконпазир аст, ягон њолати шадиди равонї метавонад Петяро ба по хезонад, вале метавонад њолашро бадтар њам кунад. Хуб, њамааш њамин. Ба фикри ман, дар пањлуи Петя марди таљрибаи зиндагї дошта лозим. ;авонони имрўза не, балки мисли шумо. Ў ње; гоњ бо марди калонсол муошират надошт ва ин чї ќадар ба ў лозим аст. Хуб, чї тавр, Иван Максимович, шумо розї мешавед?
– Розї.
– Сањар Петя аз рўи барномаи таълимии мактаб дарс мехонад ва соати 14–00 шуморо интизор мешавад. Ронанда соати 20:00 шуморо гирифта ба хонаатон меорад. Чунин ваќти корї ба шумо мувофиќ аст?
– Бале, мешавад.
– Ња, пулаш чї? Шумо ч; ќадар маош мехоњед?
– Росташ, намедонам...
– Се њазор рубл дар як рўз, ба шумо мувофиќ аст?"
– Албатта… Вале ин зиёд нест? –ба шубња афтод Иван Максимович.
– Не, дуруст аст.
Валерия Анатолевна хайрухуш карда рафт.
Иван Максимович чунон ба ташвиш афтод, ки аз суњбат бо Валерия хаста шуд, бовар намекард, ки барои вазифаи бобо ин ќадар пул мегирад.
– Хайр, Байкал, зиндагї мекунем, вале чї тавр мешавад, пагоњ мефахмем.
Иван Максимович манзили сарватмандонро фаќат дар фильмњо дидааст. Вай хатто тарсид, ки болои фарши аз паркети тобнок ќадам монад.
Хизматгорзан ўро истиќбол намуд.
– Салом, номи ман Тоня, ман хонакор њастам. Ба фикрам, шумо Иван Максимович?
– Бале, – оромона гуфт пирамард.
– Шарм надоред. Сохибаи мо њарчанд зани сарватманд аст, муносибаташ оддї, одамвор аст. – Љониби хона нигариста писаракро даъват кард: - Петя, Иван Максимович омад.
Петя дар аробачаи маълулї нишаста ба пешвози пирамард баромад ва табассумкунон дасташро дароз кард. Муйсафед дасти хурди кўдакро фишурд ва гуфт:
– Маро бобои Ваня ё бобои Иван, ё Иван Максимович гуфта метавонї.
– Ёд мегирем, –мисли калонњо посух дод Петя, – ман Петя, Петр. Фаќат маро Петруша нагўед, ба ман маъќул нест.
– Ќабул, – гуфт муйсафед.
Иван Максимович ва Петя гўё якдигарро кайхо боз мешинохта бошанд, суњбат мекарданд. Писарбача ба њама чиз шавќ дошт, њам ч; гуна аскари ;авон Ваня дар артиш хизмат мекард ва вайронкунандагони сарњадро дастгир мекард њам њикояњо дар бораи сагњои хидмат; ва ѓайрихизмат; барояш аљиб буданд.
Мўйсафед гуфт, пас аз адои хидмат бо дўсти вафодораш саги чўпонии немисї Карат баргашт, ки бо ў сарњадро посбон; мекард. Он замон миуњлати хидмати Карат њам анљом ёфт, ва Иван уро бо худ бурд. Аз хамон вакт инчониб Иван Максимович хамеша сагњоро парвариш мекард.
– Њоло њам шумо саг доред? – пурсид Петя.
– Бале, дусти вафодори ман – Байкал.
– Иван Максимович, маро бо у шинос мекунед?
– Хуб, албатта, агар модар и;озат дињад.
– Модар ба ин чї гуфта метавонад? Валерия табассумкунон вориди њу;ра шуд.
– Оча, Иван Максимович Байкал ном саг дорад, ман бо вай шинос шудан мехостам.
–Шумо њатман бо њам шинос мешавед.
Ваќти Иван Максимович бо Петя бехабар гузашт. Писарча ба њама чиз шавку хавас дошт, пирамард њам ба Петя мењр баст чунки набера надошт. Дар ин синну сол пиронсолон бояд бо кўдакон муошират кунанд. Кўдакон ва пиронсолон дар як мадор њастанд ва њамдигарро хуб мефањманд.
– Валерия Анатолевна, хотираам парешон аст, напурсидам, ки вазифаи ман аз чї иборат аст? – пурсид Иван Максимович.
Валерия дид, ки писараш рўњияи болида дорад, хулоса кард, ки дар интихоби бобо хато накардааст ва хост муносибати «сардор ва тобеъ»-ро содда намояд:
– Иван Максимович, маро Лера гўед. Ва шумо ягон вазифа надоред. Ба назди мо на њамчун ба кор, балки њамчун ба хонаи наздикони худ биёед, агар имконпазир бошад. Бо Петя њамон тавре ки бо набераатон муошират мекардед, суњбат кунед. Ман хеле шодам, ки шумо ва Петя забони њамдигарро ёфтед.
–Ин мушкил не. Петя писари бисёр кун;ков аст ва ман ба ў чизи гуфтан; дорам…
Аз он рўзе, ки Иван Максимович дар вазифаи бобо корро сар кард, се моњ гузашт. Максимич ба Петя бештар дил басту Петя њам ба пирамард мењри бештар пайдо мекард. Тоняи хизматчї шўхиомез онњоро «дўстони чун гўшту нохун ;удонашаванда» номид. Онњо зид набуданд, ба суханњои Тоня танњо табассум мекарданд.
Иван Максимович Петяро дар њама ;о њамроњ; мекард: ба њавз, ки дар он ;о бача дарсњои инфирод; дошт, дар машќхои барќарорсозии њаракати бадан, дар сайру гашт. Онњо ба дили хамдигар задан намехостанд, вале як рўз, ки Иван Максимович рузи истироњат дошт, Петя ба ў занг зада хоњиш кард:
– Иван Максимович, бе шумо зиќ шудам. Шумо метавонед биёед?
– Петя, ту бачаи хубї, бояд фањмї, ки Байкал маро пазмон шудааст, баъзе корњои хона чамъ шудаанд.
– Агар ба назди шумо омада метавонистам, ёрї мерасондам ва бо Байкал бозй мекардам ва ў њам дилгир намешуд. Иван Максимович, ман метавонам назди шумо биёям?
– Албатта. Биё, агар модарат и;озат дињад.
Ва модараш ба ў и;озат дод. Вай худаш Петяро овард, Тоня њам омад. Тоня ба тоза кардани хона шуруъ намуд, мўйсафед хост рад кунад, вале зан бо табассум гуфт:
– Ба ин хона дер боз дасти зан нарасидааст. Бинобар ин, иљозат дихед, Иван Максимович, ба тартиб оварам. Шумо мењмононро шод карда, як пиёла чой нўшед ва Петяро бо Байкал шинос кунед.
Тоня шусту рўфту озода кард.
Байкал саги куњансол бошад њам, бо бача бозї карданро дўст медошт, имкониятњои Петя мањдуд буданд, аз ин рў, онњо ба њамдигар мувофиќ омаданд.
– Рўзи истироњат хуб гузашт, – гуфт Валерия. Ташаккур ба шумо барои мењмоннавоз;, Иван Максимович. Вале мењмон њам бояд ќадри худро донад. Ваќти рафтан шуд. Ана, Тоня њам корашро тамом кард.
– Оча, ин чо хеле салкин аст, ман метавонам бо Иван Максимович шаб монам? Ман ки рафтам, Байкал дилгир мешавад.
Чашмони писарбача дурахшида, рухсорањояш аз шодї сурх гашта буд. Модараш дид, ки кўдак њамроњи пирамард ва Байкал ч; гуна хушбахт аст.
Иван Максимович писарро дастгир; кард:
– Лера, бигзор Петя инљо монад. Фардо якшанбе аст, ронанда метавонад ба наздаш биёяд. Агар шумо ба мани пир бовар накунед, бигзор Тоня њам монад, барои њама ;ой мерасад.
Петя ба модараш илти;оомез нигарист, Тоня њам сухани худро гуфт:
– Валерия Анатолевна, агар лозим шавад, мемонам. Бигзор кўдак дар њавои тоза боз; кунад, вагарна њамеша дар шањр аст, пагоњ бегоњ барои мо мошин мефиристед.
– Хайр, бо ту ч; кор кунам? Бимонед.
– Ура! – Петя дар сари пайраха чарх зад, Байкал бошад, мечањиду чарх мезад, фаромўш намуд, ки вай аллакай саги пир аст.
Чунин шуд, ки Петя ќариб њар рўзи истироњатро бо Иван Максимович мегузаронд. Тоня хеле кам он љо мемонд, зеро кори асосиаш дар шањр зиёд буд.
Муносибати мардонаи пирамарду бача чунон сахт буд, ки њардуи онњо дилгир намешуданд, Байкал њам онњоро зиќ шудан намемонд.
Боре дар шоми рўзи истироњат Иван Максимович бемор шуд, охир, вай љавон нест. Гоњ–гоњ баданаш ба дард медарояд ва бо зангњои ногувор аз пирї огоњ мекунад.
– Петя, ба ман чизе шуд, шояд фишорам баланд шуд. Ман рафта дору хўрда, камтар дароз мекашам. Ту ба Байкал ѓизо дењ. Баъдтар њамроњ хўроки шом мехўрем.
Петя Байкалро сер карда, ба хонаи пирамард даромад, дид, ки Иван Максимович хобидааст, чашмонаш пўшида, як дасташ ба фарш овезон аст ва ба назараш чунин менамуд, ки пирамард нафас намекашад.
– Бобои Ваня! Намиред! – фарьёд зад Петя ва ногањон аз аробачаи маълулї љањида фаромад, сўи Иван Максимович чанд кадам гузошт ва дар назди кат ба зону афтод.
Иван Максимович гўё ба танаш обљўш рехта бошанд, парида аз љо хест.
– Худоё! Ба ту чї шуд, Петя? – муйсафед тарсид.
Петя њам гиря карду њам хандид:
– Бобо, ман тарсидам… Гумон кардам, ки шумо… вафот кардед.
–Шояд дору чунин таъсири сахт кардааст, ки пинак кардаам. Лекин, Петя, ту, чї, худат њаракат карда, ба наздам омадї?
– Намедонам. Шояд. Дар хотир надорам… Ман сахт тарсидам.
– Биё, ман туро бардорам ва мо кФўшиш мекунем, ки чанд ќадам гузорем. Натарс, Петя, ман туро медорам.
Муйсафед бачаро бардошт ва бо эњтиёт пеш бурд.
Петя чанд кадам гузошта, бо табассум ба Максимович нигарист:
– Бобои Ваня, ман ќадам мезанам. Худам роњ меравам.
– Офарин, Петя.
– Ман каме хаста шудам…
– Андак нишаста дам гир.
– Майлаш, камтар мешинам, аммо дар ин аробача не. Баъд боз каме роњ меравем. Бисёр ќадам мезанем.
–Албатта. Бо аробача хайрухуш мекунем.
– Чи хел гуворо… ќадам мезанам… Дилам шод…
Бегоњии рўзи якшанбе Валерия назди писараш омад. Ваќте дарвозаро кушод, дид, ки аробачаи маъюб; хол; дар канор меистад, Петя бодиќќат бо пайрањае, ки ба сўи хона мебарад, њамроњи Иван Максимович ва Байкал ќадам мезанад.
Ва сухбатњои онњо бепоён мебошанд.
Иван Максимович бачаро рўњбаланд мекард:
Бобо, чаро шумо Байкали Байкалро хондед?
– Зеро ин саг чун оби кули Байкал руњи пок дорад.
– Ња, чашмонаш њам кабуд мисли оби Байкал.
– Петка, ту ба зудї мисли њамаи бачањо давутоз мекунї. Ману Байкал пир шудем, вале мекўшем аз ту ќафо намонем.
– Ман оњиста–оњиста меравам. Бобољон, шумову Байкал, дустони бењтарини ман њастед. Чаро ман бояд аз шумо гурезам. Ман аз шумо дур шудан намехоњам.
– Њамроњ меравем.
– Њамеша њамроњ…
Валерия аз паси ин сегона нигоњ мекард ва метарсид, ки бо нидои хушдилонаи худ ба шодию нишоти онњо халалдор нарасонад.
Аз гурўњи Таѓйироти хушбахтона
© Вера Майдоровская
© Тарљумаи Љумъа Ќуддус
Свидетельство о публикации №223090400157