Мухтасар оид ба драматургия коротко о драматургии
Омўзгор бо усули интерактивї ба хонандагон саволњо дода, диќќати онњоро ба намуди сеюми адабиёт- драма љалб менамояд, сипас ;исмат;ои онро шарњ медињад:
Дар адабиёт се намуди асари бадеї мав;уд мебошад: эпос, лирика драма.
Эпос – њамоса, давраи васеи таърихї, симои халќро ифода мекунад.
Лирика –њолатњои рўњї, розњои нињонии инсонро дар бар мегирад.
Драма – ба маънои амалиёт, барои сањна иншо гашта, дорои низоъ, амалиёти тезутунд ва жанрњои асосии фољиа, мазњака, драма мебошад. Дар театр матни драма ва амалиёти сањнавї муњимм аст. Драматургия аз лињози њаљм ба асарњои хурди сањнавї - реприза (монолог) стенд-ап шоу, скетч, сањнаи њаљвї иборат аз 1-2 сањифа ё то 5 даќиќа; песаи якпардагї то 10 сањифа, ё то 40 даќиќа, бисёрпарда – беш аз 18 сањифа – зиёда аз 60 даќиќа таќсим мешавад.
Диалог - муколама гуфтугўи байни ду шахс, воситаи ифодаи матлабу мароми персонажњо аст. Услуби диалог ба жанр вобаста аст: дар фољиа ва драма бо диалогњои дароз, тањлили љиддї, дар мазњака кўтоњ, бо танзу киноя сурат мегирад. Бо саволу посух одамон бо њоли њамдигар шинос шуда, њарифро айбдор, худро њаќ нишон дода, мушкилотро баён месозанд ва чархаи амалиётро гардон мекунанд. Диалог дар доираи забони адабї-гуфтугўї сурат мегирад, фањмо, ифодагари касбу кор, хислат, синну соли иштирокчиёни асар мешавад, яъне ќањрамонро ба воситаи рафтор ва гуфтораш шинос мекунанд. Мисол, услуби гуфтор, интихоби калима ба муаллим, хонанда, фарроши мактаб як хел нест. Ба воситаи мушоњида рафтору гуфтори онњоро дар зиндагї омўхтан лозим аст.
Монолог нутќи як кас мебошад: ќањрамон бо эњсоси шодї, ё ѓазаб, норизої, айбдоркунї ё сафедкунї муносибати худро баён мекунад. Вай хулосаи асар, ё як ќисми он аст. Ремарка сухани муаллиф аст, макону замони амалиёт, ивазшавии сањнањо ва симоњо, тарзи гуфтору кирдори одамонро дар сањна шарњ медињад, дар байни диалог ё монолог ояд, дар ќавсайн ва агар људо аз онњо ояд, дар сатри алоњида навишта мешавад.
Композитсияи асари драмавї бо тартиб љой додани љузъиёти њодиса барои шакл гирифтани драма лозим аст. Дар зиндагї як воќеа ё падида пањлуњои зиёд дорад, вале драмнавис муњимтарини онро аз оѓоз то ављу анљоми низоъ тавре интихоб мекунад, ки шиддати низоъ пайваста зиёд шавад. Композитсия аз панљ унсур иборат аст: Муќаддима – маълумот дар бораи одамон, макон, замон, иштирокчиён бо як лавњача, ё чанд муколама; гирењбанд - як амал, ки байни иштирокчиёни воќеа низоъ сар мешавад; вусъати низоъ – њарифон бо амал ва аксуламал, далел ва неруњои нав ба дифоъи худ мекўшанд; ављи олї- зиддияти ќањрамонњо бо пирўзии яке аз онњо анљом меёбад; гирењкушої, хулоса – кушода шудани асрор, ки ба дигар шудани рўњияи тамошобин боис мешавад.
Конфликт – зиддият љавњари драма, амали ќањрамон дар мубориза аст. Бештар конфликти ќањрамон бо ќањрамон истифода мегардад: - яке мусбат, барандаи фикри нек аст, дуюмї манфї, барандаи бадиву зиштї буда, бо њам мубориза мебаранд.
Дар љараёни суњбат барои равшану фањмо шудани масъала муаллим метавонад аз намоишномањои дидаи бачањоро ба воситаи саволу љавоб ёдрас кунад:
- Кадом асарњои сањнавиро аз театр ё телевизион тамошо кардаед? Хусусияти фарќунандаи он аз асарњои лирикї ва эпикї дар чист? Драма дар сањна аз љониби њунарпешагон иљро мегардад, вале шеъру достон, њикояву ќисса дар шакли чопї – китоб, маљалла барои хондан пешнињод мегардад.
Барои зудтар ба зењни хонанда ворид шудан, чун муќоиса аз асарњои бадеї низ мисолњо овардан мумкин аст. Мисол: – Достони «Рустам ва Суњроб» ба кадом жанри љинси драма мувофиќ меояд? – Ба драма, мазњака, ё фољиа? Албатта, фољиа. Дар љанге, ки шоњон сар карда буданд, падар писарро нобуд месозад. Пас аз ин шарњи муаллимро дар бораи фољиа хонанда бењтар ќабул месозад:
Фољиа–нахустин жанри театри Юнони ќадим буда, мавзуи асосиаш худфидої барои хушбахтии инсон ва адлу инсоф аст. Ќањрамон кори худро њаќ њисобида, љазои пуразобро интихоб мекунад. Мисол, Прометей медонист, ки оташро аз Олимп ба инсон дињад, эзадон ба ў љазои сангин медињанд, бо вуљуди ин, аз дилсўзї ба инсон чунин рафтор кард. Ўро дар кўњи сангї занљирбанд карданд ва њар субњ уќоб омада, љигари ўро канда мехўрд. Тамошобин ба њоли ў мегиряд, вале саъй мекунад, ки мисли ў шавад, ба манфиати љомеа хидмат кунад. Хабарњои наљиби имрўза – касеро аз ѓарќшавї наљот додан; дар ињотаи лашкари душман љониби худ даъват кардани тири тўп; барои љомеа аз манфиати худ даст кашидан – ин њама таъсири тарбиявии фољиањои олидараља мебошад.
Мазњака – нуќсони одами пастфитрат, њолатњои зишти мардум, тасодуфњои ѓалатї, нияти аз меъёри ахлоќию маънавї баромадани одамро њаљву масхара мекунад. Мазњакаи њолат – њолати тасодуфии хандаовар аст, ки боиси ифшои мушкилоти муайян мегардад. Мазњакаи характер – номувофиќатии вазъи инсон ва хоњиши одамест, ки мехоњад кори ба имкониятњои ў номувофиќро иљро намояд ва охир шарманда мешавад. Вазифаи њарду навъи мазњака њаљви нуќсони одамон аст.
Драма њамчун жанри драматургия нисбатан нав буда, дар асри 18 аз намоишномаи «Фигаро»-и Бомарше - драмнависи Фаронса оѓоз шудааст. Дар ин жанр њам низоъњои иљтимої, њам сањнањои хандаовар њастанд, вале бе куштор анљом меёбад, њарчанд иштирокчиён дилшикаста мешаванд. Њолати драмавї – монеае, ки њариф ба вуљуд овардааст. Њаракат аз хушбахтї ба мусибат ва аз мусибат ба бахту барор, гардонкунандаи муњаррики драма аст.
Дар драма ќањрамон, ирода, маќсади вай муњим буда, вай барандаи амалиёт ва њадафи асосии муаллиф аст. Ќањрамон драма ё фољеаро ба вуљуд меорад. Ќањрамон ифодагари ормонњои мардуми замони худ аст, тиннату њадафи вай дар амалиёти мушаххас муайян мешавад, амалиёт, барор ё бохти ў ба њамзамонон панде мешавад.
Воќеа ва падида. Дар зиндагї байни одамон воќеае ба амал меояд, ки хандаовар ё хеле љиддї аст, инсон дар њоли шадиди равонї монда, дар нињоди ў таѓйироти муњиме ба амал меояд, макону замон, рўзгори мардумро акс мекунад. Муаллиф мавзуъ ва њадафи онро равшан намуда, ба манфиати љомеа равон мекунад.
Дар асари драмавї ду шахс, ба њам зид меистанд – ду неруи ба њам душман ду маќсади ба њам зид, ду тарзи муносибатро ба зиндагї ифода мекунад. Њарду симо бояд неруманд ва мухолифаташон сабабњои љиддї дошта бошад. Ва он мухолифат барои тамошобини замона њам муњим бошад. Ќањрамони асари драмавї – каси некхоњ, пешбари неки њодиса фаъолона ба манфиати љомеа, барои рушди инсоният хизмат мекунад. Падидаи љамъиятї – як њолати нигаронкунандаи љомеа буда, ба њазорон нафар таъсир мерасонад: некиву бадї, нашъамандї, љањолат, танбалї, ришвагирї ва ѓайра. Драмнавис пас аз омўзиши мушкилот онро дар њолати драмавї бо амалиёти густурдаи одамон сохта, њадафу пањлуњои масъаларо ошкор месозад.
Дар театр мазњака-фољиа, драмаи таърихї, драмаи маишї, драмаи мусиќї ва ѓайра зикр мешавад. Вале онњо намудњои њамон се жанри асосї буда, ќонунияти махсус надоранд. Драмаи таърихї дар асоси санадњои илмї, њуљљатњо, сарнавишти ашхоси маъруф, воќеањои таърихї њадди имкон наздик ба воќеият, вале мутобиќи ќонуниятњои драма иншо мешавад. Намунаи хуби фољиаи таърихї аз њаёти ќањрамонњои халќ – Спитамен, Темурмалик, Восеъ ва дигарон мебошанд.
Дар бахши кори амалї омўзгор вобаста ба мавсим ва рўйдодњои љомеа як порчаи асари тайёри драмавиро ба хонандагон пешнињод карда, наќшњоро таќсим мекунад ва онро ба хонандагон чун радиопйеса, ё хониш дар сари миз овоз медињанд. Ин имкон медињад, ки ќобилияти нутќ ва фикрронии хонандагон такмил ёбад, ба ихтисосњои эљодї шавќ пайдо кунанд.
Омўзгор дар бораи ороиши шартии сањна чунин маълумот медињад:
- Ороиши шартии сањна мушкил нест: дар тасаввури бинанда як мизу ду курсї гузоштан дар майдончаи назди тахта онро ба дафтари корї ё гўшаи хона табдил медињад, ду буттача дар гулдони паст синфхонаро ба як гўшаи љангал табдил медињад. Навиштаљоти «Истгоњи троллейбус» илова шавад, синфхона ба як кўчаи шањр, лавњаи «Идораи хољагии дењќонї» онро ба як гўшаи ноњияи кишоварзї мубаддал месозад. Дар гўшаи сањна љома, дутор, чархаи дўѓкашї бошад, хонаи кї мешавад? Агар дар як гўша пианино бошад чї? Ё дар либосовезак либоси њарбї бошад, ба хонаи кї ишорат мекунад?
Ба сар гузоштани кулоњ бачаи 12-соларо аллакай ба муаллим ё корманди идорае мубаддал месозад, духтарча рўймолро аз гардан гузаронда бандад, ба модар табдил мешавад, бо пластилин биниашро дароз карда љоруби калон гирад, аљузкампир мешавад. Бача бо саллаи сабук дар сар шеър хонад, шоири классик мешавад, ба сар тољ монад, ба шоњ табдил меёбад, ба сар тоскулоњ монаду ба даст шамшер гирад, пањлавони ватандўстро ифода месозад. – Давомашро тамошобин ба тахайюли худ пурра мекунад. Минбаъд сухан асоси намоишнома шуда, ба воситаи диалогу монолог талошњо, ѓаму шодии инсонњо сањнаро пурра мекунад.
Вобаста ба он, ки дар њар синф хонандагони камфаъолияту бехуш њастанд, барои сарфаи ваќт, онњоро ба саволу љавоб банд накарда, њангоми таќсими наќшњо дар сањнањои кўтоњ ба наќшњои гапаш кам, вале характерноки шахси танбал, коњил, тарсу, симоњои дев, гург ва ѓайра истифода шаванд, натиљаи кор хуб мешавад.
Барои иљрои наќш дар мазњака ва фољиа ба хонанда андак санъати суханварї зарур аст. Дар ин робита омўзгор назокати иншои асари мазњакавиро шарњ медињад:
- нешханд, маљоз, киноя, танз – воситањои забонии ифодаи њаљв буда, зоњиран як чиз мегўянд, вале зери он маънии дигар њаст.
- ситоишњои акси мазњакавї: шахсе зоњиран таъриф мекунад: «Шумо бародар якта... Агар боз якта мисли шумо бошад, дунё чаппа мешавад». – охираш танќид аст.
- дурўягї - касе мардумро ба некї даъват мекунад, вале худ бадї мекунад.
- худфошсозї - ба вазъияти нобоб афтода, ба њама гуноњи худ иќрор мешавад.
- муболиѓа аз њад зиёд нишон додан, ё аз њад кам нишон додан аст: гоњо филро аз мўрча хурд мењисобанд, гоњо баръакс аз пашша фил месозанд.
Муњимтарин унсури мазњака хандаовар будани њолати ќањрамон аст.
Дар ќисми охири дарс барои навиштани сањнањои хурди рўзгори худи хонанда супоришњо медињад:
1. Навиштани гуфтугўи љиддии хонанда бо падар ё модар дар бораи як рафтори ў бо пурсиш, фањмондани асли њоли муаммо ва хулоса;
2. Гуфтугўи телефонї бо дўст, ё амак, хола.
3. Муњокимаи як рафтори нољои хонанда аз љониби омўзгор ва ѓайра.
4. Як лањзаи хабаре расондани дўст ва як каси ношинос.
Свидетельство о публикации №223110400074