Хикояро чи тавр нависем?
Барои навиштани ќиссаи худ як зани љабрдида мурољиат кардааст. Ба ў фарќ надорад, ки вай дар шакли муфассали нимбадеї нашр мешавад, ё чун маќолаи тањлилии журналистї. Зани љабрдида на танњо аз ќоидањои журналистика безабар аст, балки чандон наќлкунандаи моњир нест ва танњо як маќсад дорад: кирдори њарифашро – шавњарашро бо ранги сиёњ нишон додан. Ва ин чизи табиист: «Ба хонаи мо се-чор сол пеш як зану шавњар шабмонда шуда омада буданд. Падарам ба онњо рухсат дод, ки то буд шудани корашон шабњоро дар хонаи мо гузаронанд. онхо њар сари чанд ваќт барои аз бозор мол гирифтан ба хона момаданд ва бо ањли оилаи мо унс гирифтанд. Ваќте ки ман ба њаждањ даромадам, онњо маро ба писарашон хостгорї карданд. Ман розї набудам. Вале онњо дили падарамро ёфтанду маро келин карда бурданд. Баъди якуним-ду моњ шавњарам маро латукўб мекардагї шуд. Њар сари чанд ваќт сараш вайрон мешуд ва маро берањмона мезад. Бисёр ваќт, агар дар хона бошанд, хусур ё хушдоманам маро халос мекарданд. якуним сол тоќат кардам. Ба наздикї шавњарам боз маро зада латукўб кард. Падари шавњарам маро базўр халос карда, гурезонд. Ман ба хонаи падарам баргашта, тарки шавњар кардам. Њоло мехоњам барои људо шудан ариза нависам ва љойи латукўбкардаи шавњарамро аз тањќиќи судї-тиббї гузаронам.»
Журналисти љавони камтаљриба инро навишта, аз њоли зани љабрдида мутаассир шуда, шеъре њам навиштааст «Чаро ин ќадар месўзонї маро? - Чаро љигархун мекунї маро? Магар дўстдориат њамин аст? Магар ѓамхориат њамин аст». Вале бисёр чизњои муњими дигарро напурсидааст. Бинобар ин, ба мо мурољиат мекунад, ки давоми кор бояд чи гуна сурат гирад? Агар маќсад навиштани як гузориши оддї бошад, ин навишта бояд боз њам мухтасар шуда, услуби парвандаи љиної (криминалиро) ги рифта, бо муќаддима ва хулосаи кўтоњ ба экспертизаи тиббї монанд шавад:
«Ба экспертизаи тиббї- судии шањри Душанбе рўзи 26 декабр шањрванд А. мурољиат кард. мувофиќи њикояти ў ду сол пеш шањар кардааст. Дар бораи шавњараш зиёд намедонистааст. Баъди якуним-ду моњ шавњараш ўро латукўб мекардагї шудааст. Њар сари чанд ваќт сараш вайрон шуда, ўро маро берањмона мезад. Бисёр ваќт, агар дар хона бошанд, хусур ё хушдоманаш халос мекарданд. ин њол якуним сол боз жавом дорад. Ду рўз пеш шавњараш боз ўро зада латукўб кард. Падари шавњарам ўро халос карда, гурезонда, ба хонаи падараш овардааст. Њоло ў мехоњам барои људо шудан ариза нависад ва љойи латукўбкардаи шавњарашро аз тањќиќи судї-тиббї гузаронад.
Экспертизаи тиббї- судї тасдиќ намуд, ки аз зарбањои маљбурї дар таги чашм, пањлуи рости сар, китф, шикам, пойи чапи шањрванд А захми дарунї мављуд аст. Дар дигар ќисматњои бадан низ аломати захмњои зиёдде њаст, ки пештар ба вай расонда шудааст.
Дар таърихи як оила ин танњо зоњири кор аст. Барои навиштани як чизи хонданбоб даруни онро «кофтан», тањќиќи иљтимої кардан лозим. Ба ин маќсад бояд пеш аз њама ба саволњои зерин аз ќањрамон љавоб љустан лозим. агар имкон набошад, аз љониби худи муаллиф бо назардошти таљрибаи њаётї ва мушоњидањо - омўхтани љамъият, бо дидаву шунидањояш бояд аниќ кунад:
«Диагноз» - масъаларо аниќ кардан лозим ва њама воќеаро ба асри он овардан лозим. Дар ин ќисса «Диагноз» - гунањгори ин хонавайронї метавонад чанд чиз бошад: писар, ё волидонаш, ё падари духтар, ё худи духтар.
А). Писар шояд бемори рўњї– нашъаманд, ё бемори рухї, ноќисаќл бошад. Дар ин маврид гуноњи волидони ўст, ки дидаву дониста духтари дўсти беѓарази намакхўрдаашонро фиреб карда духтарро оварда ба дасти писари бемор доданд бадбахт карданд ва дар ин маврид се - чор сањнаи љанљол ва латукўби писарро вобаста бо табиати бемории ў навиштан лозим. Яъне аз чї ва чи хел сараш вайрон мешуд, чи тавр мезад баъди задан чи кор мекард – шояд хобаш наѓз мебурд? ё аз њама кор дасту дилаш хунук шуда, дору мехўрд? а араќхўрї мерафт? бо ячи кор машѓул мегашт? Умуман, бо кадом принсип ё бо маслињати кї доим занашро мезад? ду се талаби ўро навиштан лозим.
Агар писар аќлану рўњан солим, вале авбошхислат, бо фанатизми динї бошад, ана њамин тарафи масъаларо омўхтан лозим аст. Ин масъала дар байни Рашту Вањдат доѓи рўз аст. Дар ин маврид тамоми талабњо, фикру аќидањои фанатиконаи ўро пеш аз љангу љанљол ё дар давраи љанљол нишон додан лозим, ки вай чї мехост?
Б) Агар падари духтар гунањгор бошад, ки надидаву насанљида ба шиносњои тасодуфияш духтарашро «фурўхтааст», масъала бештар сари падар ва характеру хислати ў ќарор мегирад. Дар ин маврид тамоми сањнањои савдоњои пешинаи падару дўстони ѓармии шабмондаро навиштан лозим: Шояд квартирапулї мегирифт, шояд ба онњо ягон хиёнате мекард, ва хост ки фиреб дињад. Чунин касон одатан аз таќдири духтари худ ягон ташвиш намекашанд.
В). Худи духтар метавонад гунањгор бошад? –
-ягон кори хонаву рўзгордорї ба завќи шўй ва хушдоманаш мувофиќ нест;
-ба зиндагии оилавї омода нест, хислату характери шавњарашро намедонад, муомила карда наметавонад, њатто дар љогањ ќонеъ карда наметавонад;
-якрав аст, фаќат акси гуфтаи шўяшро мекунад, бадгашт аст, андеша намекунад, ки рафтору кирдори вай метавонад боиси рашки шавњараш шавад.
Дар ин маврид њам тамоми сањнањои љанљоли зану шавњарро аз љанљоли аввал, љанљоли сахттарин ва љанљоли охиринро навиштан лозим. Ќисса метавонад њамаи ин се вариантро дар бар гирад, калон шуда, њамаи масъалањои оиладориро тањќиќ мекунад. Дар ин сурат низ сањнањои савдоњои пешинаи падару дўстони ѓармии шабмонда, талабњо, фикру аќидањои фанатиконаи ўро дар давраи љанљол, худи сањнаи љангу љанљоли зану шавњарро аз љанљоли аввал, љанљоли сахттарин, љанљоли охирин, чи хел гурезондани ўро пурра навиштан лозим. Дар бисёр маврид хоњиш карда мешавад, ки шавњар низ њама камбудињои занро бояд зикр кунад.
Талаботи умумї ба њама ќиссањо:
-гузориши кўтоњи масъала чун муќаддима ва хулосаи кўтоњи муаллиф бояд диагноз – маќсадро кушояд.
-тасвири пурраи љанљолњо бо муколама – диалогњои ќањрамонњо. Диалогњо бояд ќариб айнан, ё чи тавре ки дар њаёт мешавад, монанд навишта шаванд.
-муаллиф бояд то андоае холисона нависад - камбудњои њарду љониб – њам зану њам шавњар, ё ки њам падару њам мењмонони ѓармиро пурра нависад. Зеро ки ягон инсон бе камбудї нест. Вале пас аз тањќиќи њамаи њолатњои дар боло гуфта ќурбонии асосї (жертва)-ро муайян кард, ќањрамонро њамон тавре тасвир кунад, ки дили хонанда ба вай сўзад, хоњиши ягон маслињат додан ба вай пайдо шавад ва ба гунањгорони њодиса нафрат хонад.
- порчаи шеърии дар оѓози маќола овардаро бояд чун гилагузории зан, фикру андешањои ў васеътар карда, ба наср мубаддал гардондд: Чаро ин ќадар месўзонї маро? Чаро љигархун мекунї маро? Магар дўстдориат њамин аст? Магар ѓамхориат њамин аст?
Свидетельство о публикации №223111100230