Одамони ислохнашаванда

Одамони ислоњнашаванда.
ё авлоди 7-уми Љукњо ва Калликакњо (аз романи «Дар љустуљўи айќю»)
дар чустучуи Айќю

Ба олими тољик Саминї профессори амрикої Тед Стоддард аз сарнавишти авлоди Љукњо ва Калликакњо чунин њикоят кард:
Авлоди њафтуми Љукњо соли 1877 дар ИМА аз 1200 нафар иборат буд: 300 кас дар тифлї нобуд шуданд, 310 кас гадо шуданд, 440 нафар бо айби худ маъюб гашта, дар маљмуъ 2300 сол дар парастишгоњњои хайриявї бепул зистанд, нисфи занњо бо танфурўшї рўз гузаронданд, 130 кас умри худро дар мањбас гузаронд, танњо 20 нафар касбњои оддиро омўхтанд, аз онњо нисфашон касбро дар мањбас ёд гирифтанд. Давлат ба ин авлод соле 1 миллиону 250 њазор доллар сарф мекард.
Соли 1915 Лотроп Стоддард насли нўњуми ин авлодро тањќиќ карда, фахмид, ки теъдодашон ба 2820 нафар расидааст. Шароити рўзгор дар кишвар хеле бењтар гашт, вале њамоно дарди ин авлод боќї монд. Давлат ба онњо акнун ду баробар пул сарф мекард. Њоли авлоди Калликакњо аз онњо бадтар буд. Пас, чї бояд кард? – Давлат онњоро аз идомаи насл мањрум намуд. Муътаќиданд, ки дар сад сол 90% љиноят, мусибат, камаќлї, аз байн меравад.
Безурётсозиро як ќатор иёлатњо ќонунї карданд. Дар ийолати Индиана барои пешгирии љинояти шањвонї таљовузгарро бо њукми суд ахта менамоянд. Чанде пеш дар Каролинаи Шимолї каси ќашшоќ ва аќлаш – аз 70 IQ камро ахта карда, 200 доллар мукофотпулї медоданд.
Хушзоткунї дар Аврупо дар асри 20 ба ављ расид: Дания соли 1925, Шветсия, Норвегия, Финляндия, Швейтсария солњои 1934–1976 «ноќис-аќлњо»–ро безурёт намуданд. Дар Шветсия духтаронро пас аз ташхис ягон айб ёфта, безурёт мекарданд.
Дар Олмони фашистї яњудиён, лўлињо, коммунистон, касони камаќлу девонаро ахта карданд. Бо дигар барномањо бемори рўњї, каси панљ сол аз ќобилияти мењнатї мањрум, мардони њамљинсбозро ахта мекарданд. Барномаи Лебенсборн занњои солимро бо аъзои созмони фашистии СС љуфт карда, бордор намуда, кўдаки таваллудшударо дар ятимхонаи махсус тарбия карда, насли тозаи олмониро ба вуљуд овардан мехост. Наќшаи Ост ањолии њудудњои нави шарќиро чун нажоди паст «ихтисор» менамуд... 


Рецензии