шрек - 7 ва дустони у
ШРЕК - 7 ва дўстони ў
шоу-барномаи солинавї
бо таќлид ба филми машњури «Шрек» ва дигар афсонањо
Душанбе
2023
Иштироккунандагон:
Шрек
Фиона – духтари бой
Хар
Буз
Кали зирак.
________________________
Аљузкампир
Гурбаи мўзапўш
Буратино бо калиди тиллояш
Малефисента ва
Олаф.
Чебурашка
Бобои Барфї
Барфак.
Ва дигарон, гуруњњои раќсї, навозандагон дар либоси ќахрамонњои афсонавї.
Њадаф: Соли нав – шоми сењрангези иљро шудани орзухост ва њама бояд ба орзуяш расад, вале орзуњо муќобили њамдигаранд. Чї бояд кард? Шрек: бояд чунон амал кунем, ки хељ кас хафа нашавад, хатто бадкирдорон. Фаќат ба онњо зарар нарасонда, зидди натиљаи амали бад амали нек кардан лозим.
Сюжет – Фиона орзу мекунад, ки дар базми солинавї ќарамони афсонањои машњурро бинад. Шрек онњоро даъват мекунад. Кали зирак ба њама дом мегузорад, ки дошта, фурўхта, пул кор кунад, вале аксари онњо, ки зури бозву љоду доранд, капќонро шикаста мепартоянд.
Аљузкампир бо даъвати Кали зирак меояд, вале ўро ба раќс медароранд.
Дигар ќањрамонхои афсонавї (бо салоњдиди театр) ба мењмонї омадан мегиранд. намуд, костюм, раќсу таронаи онњо дар шоу-барномаро зеб медињад.
Кали зирак нињоят, Чебурашкаро дошта, ба Аљузкампир мефурўшад. Шрек Буратиноро даъват мекунад. Ў бо калиди тиллояш Аљузкампирро ба рост гуфтан маљбур мекунад: агар дурўѓ гўяд, биниаш калон мешавад ва хамоно рост мегўяд. Чебурашкаро халос мекунанд. Аљузкампир фирор мекунад.
Маликаи барфї омада њамаро ях мекунонад.
Малефисентаро зидди Маликаи Барф равона мекунанд…
Шрек Гурбаи мўзапўшро даъват мекунанд. Маликаи барфї инро фањмида, Аљузкампирро аз банди ях кушода зидди гурба фмефиристад. Гурба Ачузкампирро ба холаи Ширинак табдил медихад.
Шрек нихоят бо даму нафасаш кўњи яхиро об карда, ба Бобои Барфї ва Барфак роњ мекушояд.
_______________________________________
Љангал, ботлоќ. Мусиќии филми Шрек. Шрек аз об баромада меояд, Фионаро дида пинњон мешавад. Фиона суруд мехонад. Булбулро дар шохи дарахт актёр метавонад чун театри лўхтак ба њаракат дарорад.
Фиона. Гули хушбўйи сањрову чаман ман,
Саропо гулфишону гулбадан ман…Гулбадан ман.
Насими форами субњи муаттар,
Сафобахшандаи дашту даман ман. Гулбадан ман.
Булбул њамнаво мешавад.
Арўси фасли зебои бањорам,
Љањонорову зеби анљуман ман.
Гулбадан ман, гулбадан ман, гулбада-а-а-а-ан…
Ѓулмаѓал. Шрек ва Фиона пинњон мешаванд. Кали зирак Хару Бузро меорад.
Кал (бо химча зада). Буз, ба пеш! Хар, ќафо гард! Аз Бузак ибрат гир!
Хар. Бузи ќоќ ба кї даркор? Дев мана мехўрад.
Кал. Дар сари ту аќл нест, дар ин ботлоќ Дев нест! Агар бошад, ман баста мебарам. (Девро санг гумон карда, болояш мешинад). Бо фармони бойбобо ин ботлоќро хушк карда, чарогоњ мекунам, духтараш Фионаро ба занї мегирам.
Хар. Фиона - як аљина, феълаш бад. Шрек як дев аст, мефањмї, дев!.
Фиона. Эњња… Аљиная њоло нишон медињам.
Кал. Ман бой шудан мехоњам. Ман девбанд њастам.
Фиона Калакро аз пушт як мушт мезанад.
Кал. Воњ, ин кори кадом хар?
Буз. Ин кори хар не. Ин харсанг даст баровард.
Хар. Ин харсанг нест, дев аст. Эњтиёт шав.
Кал. Заб воњима кардї! Дев бошад, баста мебараму мефурўшам.
Буз. Наметарсї?
Кал. Дев аз оташ метарсад. (Оташафрўзак - зажигалкаро фурўзон мекунад). Биё, девбача!
Шрек. Ана ман. Зўрат мерасад? (бо ангушт оташро хомўш мекунад). Тамом?
Кал. Э-ње..
Шрек. Дигар њунар надорї? (Пуф мекунад). А-а-а-а!!! (Шамолу тўфон).
Кал. Ёрї диње-е-е-ед! (Фирор мекунад).
Шрек. Бо ин њол маро дастгир мекардааст.
Хар. Зўр будаї! Як дод задї - Кали зирак дума хода кард.
Шрек. Метавонї рањмат нагўї. Бењтараш, пеши љўрањот рав…
Хар. Як љўраам Кали зирак буд, барои аљина Фиона маро фурўхт. Бузак њар рўз мефурўшад. Маро кал барои он ба ин љо овард, ки ту маро хўрї. Лекин ту нахўрдї. Пас, мо љўра.
Фиона. Њиќ-њиќ... Чї бадбахтам...
Шрек. Кист ин љо? (Буттаро кашида мепартояд) . Фиона? Кї туро хафа кард?
Фиона. Кал обро хушк кунад, ман ба сайри гул куљо равам? Иди Соли Навро дар кучо мегузаронам?
Хар. Инаш рост. Ту Кали зирака хўр.
Шрек. Не. Бобоям Њенгилдев ба Рустами Достон савганд хўрдааст, ки мо одам намехўрем.
Буз. Бе-е-е… Дар он љо алаф бисёр. (Зуд меравад).
Хар. Хой, хабаркаш, куљо рафтї? Доред ўро.
Фиона (телефони дар банди дасташ бастаро дида). Интернет мегўяд, ки Буз дар назди Кал аст.
Хар. Гуфтам-ку, вай бузї мекунад.
Фиона. Мехостам дар базми солинавї ќањрамони филмњои дўстдоштааро ин љо даъват кунам…
Шрек. Соли нав як рўзи афсонавї асту њама хоњишхои кўдакон иљро мешавад. (Тугмаи телефони дар гарданаш бастаро пахш мекунад). Хоњиши ту хам иљро мешавад. Эълонро дар гурўњи «Дўстон» партофтам. Зуд меоянд.
Хар. Метарсам, ки вай Кали зирак, ба њамаашон зарар мерасонад.
Фиона. Ња, орзуњои мо ба њамдигар муќобил. Чї бояд кард?
Шрек. Бояд чунон амал кунем, ки хељ кас хафа нашавад, хатто бадкирдорон. Фаќат ба онњо зарар нарасонда, зидди натиљаи амали бад амали нек кардан лозим.
Фиона. Њозир мефањмем, ки онњо чї мегўянд. (Тугмаи телефонашро пахш мекунад). Ана онњо.
Дар канори чаманзор Буз ба Кал њисобот медињад.
Буз. Хабар – хушхабар! Дев ќасам хўрдааст, ки одамро намехўрдааст. Беэээ. Хабар - хатар! Як гала љину аљина барои базми солинавї инљо меоянд.
Кал. Наѓз. Дигар аз дев наметарсам! Њама аљузу маљузи ба базм омадаро баста ба боѓи њайвонот мефурўшем!
Буз. Бойдухтар Фиона аз ту хафа: ин ботлоќ ба вай маъќул будааст.
Кал. Ту худаша дидї?
Буз. Ња, як аљинаи ѓафсак. «Аз афти кал безор» гуфт.
Кал. Њоло ист! Ботлоќа хушк кунам, аз Бой-бобо мукофот гирам. Ана баъд… чанд зани дигар мегирам.
Буз. Мукофоти ман чї мешавад?
Кал. Дар тўйи ману Фиона ош мехўрї. Њозир ќапќон оварда, инљо дом мемонам. (Меравад).
Буз. Бе-эээ… Хоњиши хабар кашидан пайдо шуд… Рафта нагўям, мекафам… (Меравад).
Хар. Дидед? Кори вай хабаркашї. Буза хўр, Шрек.
Фиона. Не. Њоло вай даркор. Ягон роњашро пайдо мекунем.
Ќањрамонхои афсонавї (бо салоњдиди театр) ба мењмонї омадан мегиранд. Намуд, костюм, раќсу таронаи онњо дар шоу-барномаро зеб медињад.
Кали зирак дар гўш сими телефон меояд.
Кал. Љўйро бастам. Мисли Фарњод куњро канда, ботлоќа хушк мекунам.
Хар. Ња, Кали зирак, Шрека дур дидї?
Кал. Не. Дев, ту Ќасами Њенгилдева фаромўш кардї?
Шрек. Лекин ту бояд бадї накунї.
Кал. Чї бадї кардам?
Шрек. Аз хушкондани ботлоќ бисёр љонварон нобуд мешаванд.
Кал. Љойи бузчаронї мешавад. (Буз бо шодї бэээ мегуяд). Деву аљина чї лозим?
Фиона. Мењмонњои моро баста фурўхтан мехоњї…
Кал. Худам даъват мекунам. Ана, Аљуз-кампир савори љорўбаш меояд. (Овози «њишт-њушт»). Гурез, ки мурдї.
Фиона ба њаво санге мепартояд. Нолиши кампир. Љорўбаш меафтад. Фиона онро мешиканад. Аљузкампир лангида меояд…
Аљузкампир. Кї аспи маро зада шикаст?
Фиона. Ман.
Аљузкампир. Баро ба љанги ман.
Фиона. Бо кампир љанг кардан айб аст.
Аљузкампир. Худат кампир. Чунон каратэ карда мезанам, ки сиву ду дандонат меафтад.
Шрек. Исто, бибї. Дар шаби Соли нав якдигарро хафа кардан мумкин не.
Аљузкампир. Шумо маро хафа кардед-ку…
Шрек. Не, мехоњем раќс бикунї. Фиона, суруди љодуятро бихон.
Аљузкампир. Ман бо суруди ин аљина раќс намекунам.
Фиона. Бењтараш, раќс бикун. (Месарояд).
Аљузкампир. Э, не, нахон… (Ноилољ ба раќс медарояд). Намехоњам…
Чанд симои бади афсонавї меоянд. Шрек ва Хар онњоро ба раќс медароранд.
Кал омада љанљол мекунад. Аљўзкампир халос шуда фирор мекунад.
Кал (ба Фиона). Њой, аљина, ту аз куљо пайдо шудї? Ба замини бой-бобо чї кор дорї?
Хар. Њой Кали зирак, ин духтари бой-бобо.
Кал. Њамин аљина?
Буз. Бе-э-э, рост мегўяд.
Кал. Фиона, ин љонкании ман барои туро ба занї гирифтан.
Фиона. Дар хоб мебинї! Њама дунё аз Кал нест.
Калак. И-и-ї. Њой духтар, хоњї- нахоњї, мегирам!
Фиона. Аќаллан кал намебудї.
Кал. Домоди бой-бобо шавам, бой шуда, мўй мекорам. (Меравад).
Буз. Кал ба ман оши явѓонї ваъда кард. Вай чист?
Хар. Мани алаф-хўр оша чї донам? Аз Фиона пурс.
Фиона. Аз равѓани бузи сиёњи шохаш кал мешавад.
Буз. Эњња, калак мана хўрдан мехоњад?
Хар. Заб љўра ёфтї! Боз ту њар хабара ба вай мерасонї.
Буз. Не, бо Кал љўрагї тамом. Бо шумо дўстї мекунам.
Хар. Фаќат бузї накун.
Буз. Хуб, лекин ба шумо як хабара нарасонам, мекафам: Калак ќапќон оварда барои дўстони шумо дом мемонад.
Шрек. Ќапќони вай дар ботлоќ кор намеояд. Ман онњоро аз кор мебарорам.
Буз. Вай бо фармони падари Фиона ботлоќа хушк мекунад, ин љо чарогоњ мешавад.
Шрек. Хайр, ягон њила меёбем...
Фиона. Як фикр омаду, аз Бузак метарсам, ки ба Кали зирак мегўяд.
Буз. Не, бас кардам, дигар бузї намекунам.
Фиона. Шарти падарам - кандани љўй буд. Онро шоњ Хусрав иљро кард, аммо Калак бехабар аст.
Буз (ба як тараф). Уф… хабаркашї кори баду нагўям, мекафам.
Шрек. Канали кофтаи шоњ Хусрав куљост?
Фиона. Шаб, дар рўшноии моњ об акси шуоъ медињад.
Буз. Хайр, як бораки дигар хабар мекашам, баъд тамоми тамоми тамом. (Оњиста меравад).
Хар. Њой буз, куљо гум шудї.
Фиона. Ман дар гўши вай чип мондам. Њозир мебинем.
Шрек. Маълум: њо ана, дар таги теппа.
Фиона. Наѓз шуд. Кал бовар кунад, ки љўй тайёр. Хошок лозим.
Хар. Ёфтани љойи хошок – тани ман.
Шрек. Баъд чї? Падарат ботлоќро хушк намекунад?
Фиона. Ба падарам пул даркор. Ин љоро ба макони сайёњї табдил дињем, пул меорад. Номаш «Дар мењмонии Шрек ва Фиона». Худат мењмонњоро пешвоз мегирї.
Шрек. Каллаи ту зўр будааст. Хайрият туро нахўрдам.
Хар. Рафтем ба љойи коњ. (Мераванд).
Дапр канори сањна Кал ва Буз. Давоми суњбаташон.
Буз. Ана, љўй: об дар рўшноии моњ акси шуоъ медињад.
Кал. Оооњ... Тамом, љонам аз кўњканї халос шуд. Лекин ман оби љўйро бастам. Дигар дар ин љо њатто алаф намерўяд. (Меравад). Ќапќонњоро хабар гирам, чандташа ки ќапидам, мебарам.
Буз. Пас, ман чї мехўрам?! Бе-е-е… Ман чї кор кунам?
Кал. Э, гум шав… (Ўро бо даст тела дода меравад).
Буз. Бењтараш, пеши хар меравам. Аз хабаркашия гушна мондам…
Чанд ќањрамони дигари афсонавї меоянд.
Кал. Ана инаш ба даст меафтад. Боз ду ќадам мон… боз як…
Буз. Ин Чиполлино, аљаб њайвончаи наѓз…
Ба пояшон ќаќон дармемонад, вале бо сењри Шрек кор намекунад. Онро гирифта мепартоянд.
Кал. И-иии… Домро бо нўги ангушт шикасту партофт… Ин чї гап бошад?
Буз. Бо сехри Шрек, дар ин мавзеъ ягон дому ќафас кор намекунад.
Кал. Ана гап дар куљо… Шрек бар зидди ман кор мекунад!? Тамоми манзили Шрек ба ман душман! Њамаашонро нест мекунам!
Буз. Ана он љо алафи хушк… Бееээ… Вай мељунбад. Ох, ин љонварак чї бошад? Гўшаш лаќќа. Дар дасташ афлесун. Бачањо намедонед, ин кї? - Тоќчапарак? Не? Ња, -Ѓалтончаи гўшчапарак? Яъне… Чебурашка. Гўшњояш ганда калон-е. Мењмони Фиона… Биё, Гўшчапарак, базми Фиона дар он тараф.
Чебурашка. Поям руст шудааст.
Буз. Ин доми Кали зирак. Б-эээ… Ба Кал хабар дињам… Не, вая маро тела дода, хафа кард. (Ба Чебурашка). Гўшлаќќа-љон, ту аз Кали зирак пинњон шав. Ман рафта ба Фиона мегўям… (Меравад).
Кал меояд.
Кал. Уф… аз ќањрама алафњоро оташ мезанам. (Оташафрўзашро мегирад).
Чебурашка. Истед. Маро насўзонед.
Кал. Туф-туф… Ту кї?
Чебурашка. Ман Чебурашка – гўшкалон.
Кал. Наѓз. Омадани туро њељ кас надид?
Чебурашка. Не. Ман дар ќуттии мандарин тасодуфан ба ин љо омадам. Хељ касро намешиносам.
Кал. Бо як бонуи зебо шинос мекунам. Туро наздаш барам, дев аз бўят мефањмад. Хубаш, Аљузкампирро ба наздат меорам.
Кал ба Аљузкампир Чебурашкаро медињад.
Аљузкампир. Њаминак? Барои ин майдача њазор танга? Як бор сер намешавам.
Калак. Охир ин деликатес. Ин хел бамазаро аз куљо меёбї?
Аљузкампир. Хайр майлаш. Рўята гардон, тиллоњома аз љайбам барорам. Ту бояд онро набинї. Эњ, вай чї? Дев аст?
Калак. Канї?
Аљузкампир. Њо ана … Бо чашми ман бин… Ана, ана, ана.
Лаби љар бурда бо пояш Калро тела медињад. Кал ба љар меафтад.
Аљузкампир шляпаи Шапоклякро пўшида, худро каси дигар вонамуд мекунад.
Аљузкампир. Њањ… Гумон кардї, ки фаќат ту балої? Њељ кас дар балогї ба ман баробар намешавад. Ман акнун бону Шапокляк!
Аљузкампир мегурезад.
Буз хабар медињад.
Буз. Бэээ. Бэээ… Нашунидам нагўед, надидам нагўед. Гўшчапарак Чебурашкаро фурўхтанд. Аввал Ачузкампир гирифт баъд Хонум Шапокляк онро бурд, бирён карда мехўрад.
Шрек. Ана ин корашон наѓз не…
Фиона. Вий! Айби ман шуд, ки ўро аз хонааш берун карда, овардам…
Шрек. Ягон фикр мекунем.
Хар. Зўри ту ба Аљузкампир намерасад?
Шрек. Ман бо зан сар ба сар намешавам.
Фиона. Э, њељ кора намедонї. Ман дев не-ю худам илољашро меёбам.
Шрек. Исто, Фиона. Ту метавонї, аммо дар шаби соли нав ягон кас бояд хафа нашавад.
Фиона. Вай њамаро хафа кунад, майлаш? Пешгирї накунем?
Шрек. Пешгирї мекунем, вале бе љангу љанљол. Њила ба муќобили бадї. Бо даъвати мо Писараки чўбин Буратино меояд. (Бо телефон мефањмонад). Буратино! Хатар дар хонаи Шрек: Бояд Аљузкампирро нигањ дорем. Вай дар либоси Шапокляк.
Сими телефони мобилї дар гўш Буратино меояд.
Буратино. Дидам: Бону Шапокляк. Вале пояш мегўяд, ки Аљуз-кампир аст. Амалиётро сар мекунем.
Шрек. Барори кор. Вале дар соли нав ягон кас бояд хафа нашавад.
Аљузкампир - Шапокляк меояд.
Буратино. Салом, бибљон. Шумо ба бону Шаплокляк монанду…
Аљузкампир. Худди худаш - Бону Шапокляк!
Буратино. Шумо Аљузкампирро надидед?
Аљузкампир. Ба Аљузкампири бечора чї шудааст?
Буратино. Фаќат кораш бадї. Чебурашкаи бечораро дуздидааст.
Аљузкампир. Њамон ѓелрнаки афтонаки зардинаи гўшчапаракро?
Буратино. Бале, бале. Шумо ўро надидед?
Аљузкампир. Не. Аммо хуб кардааст: вазифаи ман њам бадї кардан. Бо кори нек номдор шудан мумкин нест. Бо бадї зуд машњур мешавам.
Буратино. Вале бадї њамеша мањкум мешавад. Бадї – љиноят аст. Барои ин љазо медињанд.
Аљузкампир. Э, њамту гуфтам. Аз дасти мани кампир чї бадї меояд?
Буратино. Ин тавр бошад, дўст мешавем.
Аљузкампир. Албатта. Ба ман бачањои бинидароз хеле маъќул. (Ба як тараф). Аз бинияш дошта, ба дег мепартоям.
Буратино. (Калидчаашро ба китфи кампир мерасонад). Вий, биниатон чї шуд?
Аљузкампир. Ба биниам чї шудааст? Бинї мисли бинї: ба албастї маъќул.
Буратино. Њаркї дурўѓ гўяд, биниаш калон мешавад, мисли шумо. Ана бинед.
Аљузкампир. Вий. Акнун чї мешавад?
Буратино. Агар росташро нагўед, вай калон мешавад, безеб мешавед.
Аљузкампир. Не, безеб шудан намехоњам. Чї кор кунам?
Буратино. Росташро гўед.
Аљузкампир. Хуб. Чебурашка дар дасти Аљузкампир аст. Вай њо ана он љо, дар кўњ. Чебурашкаро ба Маликаи Барфї мефурўшад. Зудтар рав, ки дер нашавад.
Буратино. Хуб. Ташаккур. (Меравад).
Аљузкампир. Ње-ње-ње… Зўри ту ба вай намерасад. Маро тарсондан кори њар бинидароз нест. Ана, Чебурашка дар куљо.
Хилъаташро мебардорад. Зери он Чебурашка.
Калак меояд.
Калак. Офарин. Бобаш кардї. Пули ваъдагиро бидењ.
Аљузкампир. Кадом пул? Э, ња-а. Рост меравї, як беди калон њаст. Ба чап гард, тути бедонак, Боз ба чап мегардї…
Кал. Э, ин афсонаатро ба ягон аблањ гўй. Ман кали зираки пухта. Пула барор.
Аљузкампир. Оњ, омад! (ба замин гўш медињад). Бо барфрезањояш омад.
Кал. Кї? Бобои барфї?
Аљузкампир. Не, Маликаи барфї! Гурез, вай њамаро ба ях мубаддал мекунад.
Њарду фирор мекунанд.
Хар. Ња, Маликаи Барфї љавњари бадист. Ўро маѓлуб карда метавонї?
Шрек. Албатта, лекин… Мо, зўрњо, ба њамдигар зарар намерасонем.
Фиона. Ту бодї. Ягон кор аз дастат намеояду, фаќат таъриф мекунї!
Шрек. Бадї кардани онхо сабаб дорад. Ана гўш дењ. (Телефонашро фаъол мекунад). Аљузкампир, салом. Ту бонуии хушрўйиву, чаро ба мардум бадї мекунї?
Аљузкампир пайдо мешавад. зери хилъаташ Чебурашкаро пинњон кардааст.
Аљузкампир. Ман њозир њам бонуи наѓзам, вале маро мисли Бобои Барфї ба базматон даъват намекунед – куу?
Шрек. Ман бо Ватсап даъватнома равон карда будам.
Аљузкампир. И-иии, бехабар мондам.
Шрек. Бе шумо ид намешавад. Хайр, биёед, оштї шавем.
Аљузкампир. Ман барваќт оштї будам.
Фиона. Барои оштї шудан, аввал Чебурашкаро озод бикун.
Аљузкампир. Ман чї донам, ки вай дар куљо. Ба њашт пушташ кор надорам.
Хар (ба Фиона). Ман њозир маљбур мекунам, ки иќрор шавад.
Нохост наздик шуда шатта мепартояд. Аљузкампир зарбаро бармегардонад.
Фиона оинаро ба рўи вай медорад. Аљузкампир бо шаст ба оина наздик шуда пуф мекунад. Намешавад, акси худро мекўбад. Гаранг мешавад. Буз аз дасти Чебурашка гирифта дигар тараф мекашад.
Аљузкампир ба рўи фарш афтода гўш мекунад.
Аљузкампир. Бало зад. Малефисента меояд – душмани ман дар љангали сард.
Омадани Малефисента ва Олаф бо суруд ва раќси хос.
Малефисента. Хайр, омадем. Њамаро ба зиндон баред. Баъд фикр мекунам, ки бо шумо чї мебояд кард.
Олаф. Малефисента. Ту яктої, ту зўрї. Ба ин диёр Маликаи Барфї хукмрон шудааст. Духтари туро ў асир гирифтааст. Биё, духтаратро озоб бикун ва хамаро наљот бахш.
Малефисента. Ба љанги зидди Маликаи барфї бароям? Мо чањонро баробар таќсим кардем.
Олаф. Барои наљоти духтарат ман меравам.
Малефисента. Эњња! Бо кадом лашкар? Ё бовар дорї, ки Маликаи Барфиро тани танњо худат маѓлуб мекунї?
Олоф. Халќ хамроњи ман меравад.
Хар. Ман њамроњаш меравам.
Буз. Ман њам…
Малефисента. Ту бо њамин њайвончаат Маликаи Барфиро маѓлуб карданї!?
Олоф. Ман њайвонча не. Одам, њарчанд барфї…
Элза. Њамроњи мо биё. Охир соли нав мерасад. Њамроњ лашкари бадиро бартараф мекунем, њоло њамроњ шодї мекунем! Чї мегўед?
Малефисента. Ман њам розї. Торикию зулмот ба дилам зад! Ман њам шодї мехоњам! Рўшної мехоњам!
Хар. Шодї бо дўстони донову наљотбахш хуш аст!
Олоф. Факат дар ваќти раќс ба биниам даст нарасонед.
Элза. Бигузор дар соли нав фаќат шодиву хурсандї бошад!
Буз. Бэээ…. Эхтиёт шавед! Омад. Маликаи Барфї омад! Бэээ…
Маликаи барфї бо барфрезачањояш меояд.
Раќси барфрезањо дар иљрои студияи хурдсолон.
Маликаи Барфї. Не, нашуд. Аз раќси шумо одамњо шод мегарданд, вале на ман! Равед. Дилам хавотир. Ягон касе њаст, ки тавонад ба ман халал эљод кунад?
Ойина. Не, Маликаи Барфї, не. Шумо зўред, тавоноед, яктоед,.
Маликаи Барфї. Наѓз. Гапат мееефорад.
Ойина. Боду бўрон зери фармон! Ними љањон тањти фармонат. Мани нимаљон њам тањти фармонат.
Маликаи Барфї. Мефорад. Меефорад.
Ойина (нохост суст шуда). Вале як зўр пайдо шуд. Номаш Шрек, дигараш шоњдухтар Фиона.
Маликаи Барфї. Эњња… Њаминак? Мебинем!
Њамаро ба ях мубаддал месозам. Хама шах мешаванд.
Олаф омада, ба њама батарея медињад.
Аљузкампир ва Маликаи барфї маслињат мекунанд.
Маликаи Барфї. Мехоњам, ки ѓайри ман ягон каси зебо набошад.
Аљузкампир. Ман њам…
Маликаи Барфї. Зебої ба ту дахл надорад. Ту бадафт, корат бад, ќилиќат хунук. Лекин ту ба ман даркор. Як хизмат мекунї.
Аљузкампир. Ман хизматгор не.
Маликаи Барфї. Вавле ин хизмат барои худат: Ман њамаро ба ях мубаддал кардам. Ту ба таги деги калонат оташ мон, то омадани Бобои Барфї њамаи инњоро бирён карда мон. Баъд њамроњ майишат карда мехўрем.
Аљузкампир. Хайр, ин гапи дигар… Хуб шудааст.
Маликаи Барфї. Ман рафта пеши роњи Бобои Барфиро мебандам. (Меравад).
Аљузкампир. Рафтан гир. То омадани ту њамаашро худам мехўрам.
Фиона. Ягон тадбир андешидан лозим.
Шрек. Ором шав. Ман як мењмони дигарро даъват кардам…
Гурбаи мўзапўш меояд.
Гурба. Дуруд ба зеботарин кампири љањон.
Аљузкампир. Ња, Гурбаи дайду, инља чї гум кардї? Худам мушњоро якта намонда хўрдам. Ба ту њољат нест.
Гурба. Ташаккур мегўям. Дар дег чї мепазед?
Аљузкампир. Њама иштирокчињои базми солинавиро. Ин туњфаи солнавии ман.
Гурба (ба як тараф). Оббо. Ман њам туњфаи солинавї мехоњам.
Аљузкампир. Чї хел туњфа?
Гурба. Шикор меравам. Гуфтанд, ки шумо худро ба љонвари дигар табдил дода метавонед. Хостам донам, ки љонвари њаќиќї чї хелу сохтааш чї хел.
Аљузкампир. Ин кори душвор не.
Гурба. Мисол, шер, ё рўбоњ шуда метавонед?
Аљузкампир. Яку дую сею чор, манам рўбоњи айёр!
(Њалќаро аз дањон гирифта каллаи рўбоњро ба сар мемонад)
Гурба (ќарсак зада). Офарин! Маъќул шуд!
Аљузкампир. Буд набуд будгор буд, як шери калон буд.
Њалќаро аз дањон гирифта мемонаду ба сари худ каллаи шерро мегузорад.
Гурба. Оњ, метарсам. (Каф мекўбад).
Аљузкампир њалќаро ба дањон мегираду боз ѓалте зада Аљузкампир мешавад.
Гурба (ба як тараф). Њамин њалќа чизи муњим будааст.
Аљузкампир. Хўш, фањмо?
Гурба. Чи хел наѓз. Маро ба шогирдї гиред.
Аљузкампир. Чї ќадар хоњї љоду мекунам, вале шогирд намегирам.
Гурба. Афсўс. Шумо метавонед одами доно шавед?
Аљузкампир. Чї хел – доно?
Гурба. Мисол, имсол - Соли Аждањо. Касе њама фанњоро хуб медонад, кораш бобарор мешавад.
Аљузкампир. Не. Барои ин дар мактаб хондан лозим. Дар мактаб њама бањои ман 2 буд.
Гурба. Хайр, њамту зани беозори накўкор шуда метавонед?
Аљузкампир. Беозору гапгир шавам, нома Аљузкампир намешавад.
Гурба. Ба њайвон мубаддал шудан як чашмбандї аст. вале дигаргуншавии њаќиќї аз дастатон намеояд.
Аљузкампир. Меояд!
Гурба. Зани хуб шуда наметавонед!
Аљузкампир. Метавонам!
Гурба. Ку, бинем.
Аљузкампир. Ана, њозир!
Њалќаро аз дањонаш ба миз гузошта дар рўи фарш ѓел мезанад, Кампираки боадаб шуда мехезад. Гурба зуд њалќаи рўи миз партофтаи Балоийиазимро ба дањони худ мепартояд.
Гурба. Офарин. Ту кистї?
Аљузкампир. Олуфтасанам.
Гурба. Ман кї?
Аљузкампир. Хўљаини ман.
Гурба. Офарин. Фиреб намедињї?
Аљузкампир. Фиреб чист? Аз куљо биёрам?
Гурба. Бо Кали зирак дигар дўстї намекунї.
Аљузкампир. Ман на кали зиракро медонам, на кали нодонро.
Гурба. Офарин. Дар базми солинавї њамроњи њама бачањо раќс мекунї. Хуб.
Аљузкампир. Хуб. Ман раќса наѓз мебинам. Ана њамин хел мешавад.
Шрек ва Фиона меоянд.
Шрек. Офарин, Гурба. Як бадкирдорро ба каси хуб мубаддал кардї.
Фиона. Аммо Маликаи Барфї њамаро ба ях мубадлдал гардондааст.
Шрек. Давои онњо Бобои Барфї ва Барфак. Бобои Барфї бо асои сењрнокаш њамаро зинда мекунад. Биёед, њама якљоя даъват кунем.
Њама. Бобои Барфї!
Маликаи Барфї меояд.
Маликаи барфї. Чаро то њол оби дегат хунук?
Аљузкампир. Ин чї мегўяд?
Гурба. Гўй, ки Бобои Барфиро мунтазирем.
Аљузкампир. Бобои Барфиро бетоќатона интизорем.
Маликаи Барфї. Эњња… Аз Бобои Барфї ба ту чї фоида?
Аљузкампир. Вай чунон одами наѓз, ки… Ба њама тўњфа медињад.
Маликаи Барфї. Баумед нашав. Ман дар пеши рањаш аз ях кўњи баланд сохтам. Вай аз он гузашта наметавонад.
Фиона. Шрек, агар бобои барфї наояд, ин њо њама то соли дигар ях мебанданд. Агар аз сењри Маликаи Барфї Кали зирак ях намешуд, кўњро канда роњ мекушод. Афсўс…
Шрек. Зиќ нашавед. Ман њастам. Бо оташи дилам кўњи яхро об мекунам.
Чуќур нафас кашида оташу бод сар медињад.
Њаво равшан мешавад.
Фиона. Биёед, Бобои Барфиро даъват кунем.
Њама. Бобои Барфї! Биё ба назди мо!
Фиона. Барфакро даъват мекунем.
Хама. Барфак, назди мо биё!
Бобои Барфї меояд. Ѓайри Шреку Фиона њама шах шудаанд.
Бобои Барфї. Салом, бачањо! Салом, ќањрамонњои дўстдоштаи бачањо! Эњња, чаро њама хомўш?
Фиона.Салом, Бобои Барфї. Њамаи мо шуморо интизорем, ки биёеду яхи дилоро об кунед ва шодию хурсандї хукмфармо шавад.
Бобои барфї. Хуб шудааст.
Тахти суруди «Бобои Барфї омад» бо асои сењрнокаш њама яхкардањоро эњё мекунад.
Базми умум.
Њама раќсу шодї мекунанд.
Свидетельство о публикации №223112800147