Пришельцы в Новом году. перевод

Н.А. Нижегородцева
С.С. Алферова

Тарљумаи Љумъа Ќуддус

Эйлиён аз сайёраи Ориён
дар Соли нав
мазњакаи солинавї барои бачањо


(Пришельцы в Новом году)



Наќшњо:

Булфинљ – Снегир - парандаи хурди барфдўст, ранги шикамаш сурх
Санљоб
Хирсак
Силовсини хурд
Бобои барфї
Барфак
Аљузкампир
Гурба
Аљина
Ѓўл
Одами барфї
Зани барф;
Кулба (-и Аљузкампир дар се поя)

Сокинони сайёраи дигар:
Якум.
Дуюм.
Сеюм.


________________________


Шеърхоро бо матни насрї ё сурудњо ва раќсњои солинавиро ворид кардан вардан бењтар аст.



Намоиши 1.
Љангал.

Овоз дар сабт: Орион ба ситоди Галактика занг мезанад. Барои аз гипер-фазои кайњон ба Сайёраи Замин баромадан рухсат мепурсем.
Садо: Орион, ситоди Галактика рухсат меди;ад, ки аз гиперфазо хори; шавед. Ну;таи фуруд - минта;аи 003, квадрати 14, майдони 007. Хотимаи алоќа.

Киштии фалакпаймо мефарояд. Аз он се нафар берун мебароянд.

Якум. Сайёраи Замин.
Дуюм. Ин чист?
Якум. Бориш аз атмосфера, дар зимистон меафтад. Номаш барф. 
Дуюм. Пас, ;оло зимистон. Дар ва;таш омадем.
Якум. Ин Арча, намунаи 684. Њуманоидњо онро дарахти солинав; меноманд.
Сеюм. Пас, дар па;луяш бояд намунаи № 718 Бобои Барф; ва намунаи № 304 Барфак бошанд. Зуд њамаашонро дастгир карда бармегардем. Инљо хеле сард.
Якум. Намунаи №718 чї намуд дорад?
Сеюм. ;арораташ 36,6 дараља, риш дорад…
Садо. - Орион. Орион. Аз љараёни кор њисобот њисобот дињед.
Дуюм. ;абул. Намунаи № 684 – арчаро ёфтем. Ба ;усту;;и Бобои барфї ва Барфак шур;ъ мекунем.
Садо. - Барори кор! Хотимаи алоќа.
Сеюм. Хатар! Касе меояд! Аз ин тараф! Пин;он мешавем!   

Суруди ороми «Оила» садо медињад. Модари Санљоб ва Санљоби хурдакак пайдо мешаванд.

Санљоб. Оча, бин, як љалѓўзаи калон ёфтам!
Модар. Хеле зебо!
Санљоб. Дар Соли нав ба Хирсча туњфа мекунам! Шод мешавад. Хеле шуд надидам! Калон шудагист! Айя, ман њам калон шудам?
Модар. Албатта. Охир, Соли нави порсола хурдакак будї.
Санљоб. Мехо;ам зудтар Хирсчаро бинам.
Модар. Майлаш, рав. Љалѓўзаро фаром;ш накун. (Меравад).
Санљоб. Бедор кунам, ё накунам? Чї ќадар мехо;ам, ки худи ;озир Хирсчаро бедор кунам! Соли нав бего; фаро мерасад, аммо ;озир бедор кунам, хоб;ояшро мегўяд ва барои боз; ваќт меёбем. Бего; бедор кунам, ба ягон кор фурсат намеёбем. Хайр, бедор кунам, ё накунам?
Сокинони сайёраи дигар меоянд.
Якум. Салом, њуманоид - одамшакл!
Дуюм. Мо эйлиён аз сайёраи Ориён, бо салому паёми хайр назди ту омадем!
;ар се. Салом!
Санљоб. Вий… (Аз ;уш меравад).
Якум. ;исми одамшакл дар ;олати нодурусти уфу;; ;арор дорад.
Сеюм. Шояд хоб бошад?
Дуюм. Сармо ;у;айра;ои маѓзи сарашро босуръат вайрон мекунад.
Якум. Бояд гармкунаки сунъиро фаъол кунед.
Дастгоњи гармидињиро фаъол карданд, санљоб њушёр мешавад.
Сеюм. Вазифаи ман - пайдо кардани арча, Бобои барф; Барфак ва ба ;арорго;и кайњонї њозир кардани онњо.
Санљоб. Хирсчаро бедор кардан лозим! Њарчї зудтар (Мегурезад).
Якум. Гуманоид - Одамшакл ѓайб зад!
Дуюм. Гурехт!
Сеюм. Ин љалѓўза. Х;рокаш. Бе ;изо, одам аз гуруснаг; мемирад! Ввоњ! Мо ч; кори бад кардем!
Якум. Бояд њуманоидро пайдо кунем, ;изояшро баргардонем.
Дуюм. Вазифаи мо ч; мешавад? Ќонунро вайрон мекунем?
Сеюм. Талаби ;онуни байникайњонї: ;аёти каси дигарро чун њаёти худ му;офизат кунед!
Якум. ;арор ќабул! Ман киштиро ба мадори дастнорас ба майдони 008 мебарам. Аз изи пан;ааш одаммонандро пайгир; мекунем.
Сеюм. Номи гуманоид Санљоб аст.
Дуюм. Биёед, аз паси вай меравем! (Мераванд).


Намоиши 2.
Дар љангал лонаи Хирсча.

Санљоб. Хирсак! Бархез! Мушкилот омад!
Хирсча. Салом мушкилот. Бубахш, ман хоб кардан мехо;ам.
Санљоб. Бедор шав, хоболуд! Танбалак!
Хирсча. О;! Санљобак! Мушкилот ку;ост?
Санљоб. Ана! Мушкилот дар њо ана он ;о!
Хирсча. Он;о кистанд?
Читу. Намедонам, се нафаранд! Маро як навъи њуманоид гуфтанд! Мехо;анд Бобои барфї, Барфак, арчаи солинавии моро дузданд!
Хирсча. Санљоб, ш;х; мекун;?
Сигур. Э, онњоро дида, аз ;уш рафтам! Ана, ѓуррии сарам. Бо ангуштат дор! Акнун бовар кардї?
Хирсча. ;оло не. Мо бояд ч; кор кунем?
Санљоб. Ч; донам? Фикр кардан лозим! (Андеша мекунад)
Санљоб. Хуб, фикр карда ёфтї?
Хирсча. Не. Ту чї?
Санљоб. Ман њам не! Шояд нодуруст фикр кунем. Биё, рост истода фикр кунем!
Хирсча. Биё.
Санљоб. Хайр, чї хел?
Хирсча. Бе њељ дигаргунї.
Санљоб. Биё, ;ой;оро иваз кунем.
Хирсча. Биё.
Санљоб. Хайр, чї тавр?
Хирсча. Нашуд.
Санљоб. Биё роњравон фикр кунем.
Хирсча. Биё. (Ќадам мезананд).
Санљоб. Ёфтам! Ёфтам!
Хирсча. Ч; ёфтї?
Санљоб. Мо бояд Булфинљ - Булфинчро даъват кунем. Ва аз ; хо;иш кунем, ки фикр кунад! ; албатта, ягон фикр пайдо мекунад!
Хирсча. Ман њам ёфтам. Ба Силовсин  њам занг мезанем. Се сар хуб аст, чор калла бе;тар.
Санљоб. Манти;ан дуруст. (Ба њарду занг мезананд).
Санљоб. Акнун интизор мешавем!

Булфинч ва Силовсин меоянд.
Санљоб. Хуб, ни;оят! Зуд нишаста фикр кунед!
Булфинч. Аввалан, салом. Ва дуюм, ч; шуд?
Санљоб. Мушкилот! Мушкилот р;й дод!
Булфинч. Кай?
Санљоб. Са;ар;! Ман ба роњ баромадам, ки Хирсчаро бедор кунам. Ва ного; он;о рў ба рўи ман омаданд!
Булфинч. Он;о кистанд?
Санљоб. Намедонам! Се нафар! Ана ин хеланд! (Нишон медињад).
Булфинч. Шояд Сафед-Барфак ва гном;ои некдиланд?
Санљоб. Не, гном;о хурдакак, ин;о калон! Гном;о сокинони љангалро наметарсонанд! Арча, Бобои Барфию Барфакро намедузданд.
Булфинч. Мо бояд фикр кунем!
Санљоб. Шуморо барои чї даъват кардем? - Фикр кунед. (Мебинад, ки хирсча хоб рафтааст). Не, ба ; нигаред! Ба сари мо балои азим омад, вале ; хоб аст! Пан;аатро аз да;онат гиру бедор шав!
Хирсча. Ман хоб нестам, фикр мекунам.
Санљоб. Хайр, ба ч; фикр омадї?
Булфинч. Ёфтам! Мо бояд арча, Бобои Барфию Барфакро му;офизат кунем! Барои ин бояд мусалла; шавем!
 (;айвонот мусалла; мешаванд)
Силовсин. Акнун бояд ч; кор кунем?
Булфинч. Он се нафарро ;усту;; мекунем.
Санљоб. Ана, худашон омаданд!

Кайњониён пайдо мешаванд
Якум. Салом арз мекунем, эй њуманоидњо!
Дуюм. Мо бо хайру салом назди шумо омадем!
Сеюм. Ва бо љалѓўзањо!
Санљоб. Ра;мат, яктояш барои ман басанда аст!
Якум. Њуманоид Санљоб дар бораи ч; гап мезанад?
Санљоб. Шумо киро њуманоид - одамї номидед?
Дуюм. Намедонам. Ин шояд боз як ш;х; бошад.
Сеюм. Ш;х;? Пас, механдем: - ња-ња-ња..
Хирсча. Булфинч, шояд ва;ти ;амла кардан расидааст?
Булфинч. Ист, љанљолро бо роњи осоишта њал мекунем. Шумо кї?
Якум. Савол ;абул. Посух чунин: Мо эйлиён аз сайёраи Орион. Љойи мо њамеша тобистон. Арча, Бобои Барф;, Барфак надорем. Мехо;ем онњоро бурда ба њамсайёрањомон нишон дињем.
Санљоб. Шунидед? Инњо аз сайёраи дигар!
Хирсча. Даќиќан!
Силовсин. Вввох! Имсол мо бе ид мемонем.
Булфинч. Ёфтам! Бояд Бобои Барфиро ого; кунем.
Санљоб. Ин;оро чї кор кунем?
Булфинч. Ба гўшаи дури ;ангал мефиристем.
Силовсин. Дар он ;о гум шаванд-чї?
Хирсча. Барои ;амин ба он ;о мефиристем!
Якум. Њуманоид;о! Хонаи Бобои Барфиро нишон ди;ед.
Булфинч. Хонаааш  дар ин тараф. Бо ин пайроња рост равед.
Силовсин. Ва ба ;е; тараф нагардед.
Якум. Ташаккур. Њама аз паси ман. (Мераванд).
Булфинч. Мо сўи Бобои барфї мешитобем! (Мераванд).

Њама. Як сол мо шудем калонтар
Як сол мо шудем донотар
Арчаву Барфак, Бобои барфї
Рањо кунем мо аз хавфу хатар.

Китф ба китф мо меравем зуд.
Тан ба тан мо мезанем зуд
Душмани аљнабиро
Мекунем мо зуд маѓлуб.

Китф ба китф! Тан ба тан!
Тан ба тан! Китф ба китф!


Намоиши 3.
Бешазори зич. Сокинони кайњон меоянд.

Якум. Тамом. Роњ ба охир расид.
Дуюм. Ин хел бошад, ба манзили Бобои барфї расидем.
Сеюм. Хайр, худи вай куљост?
Якум. Аз компютер ба намунаи № 718 - Бобои Барфї дархост дењ.
Дуюм. Мегўяд, ки дар доираи се километр ягон каси зинда нест.
Одами барфї пайдо мешавад.
Сеюм. Ин кї?
Дуюм. Шояд Бобои барфї. Афташ дањшатнок. Шояд ;ро набарем?
Якум. Вазифа бояд иљро шавад! Салом! Мо бо нияти нек омадем!

Одами барфї ѓуррос мекунад. Мек;шад кайњониёнро кўбад.

Якум. Рафтораш бад. Дар борааш маълумот дархост кунед.
Дуюм. Фа;мидам. О;оз мекунам.
Сеюм. Агар босуръат амал накунед, холи мо чатоќ мешавад.!
Дуюм. Намунаи № 179. – Одами барфї. Вазн - 120, ќад - 220, феълаш - расо хашмгин.
Сеюм. Аз чї метарсад?
Дуюм. Аз муш. Хусусан, аз муши заминков ба да;шат меояд.
Якум. Ба муш;о бонги хатар - SOS фиристед.
Се муш дар тан либоси кимоно пайдо мешавад.
Муши 1. Гур;;и на;отбахш ;озир шуд. Як тараф истед. Амалиёти ;ангиро о;оз мекунем!

Муси;;. Љанг дар сурати ра;с. Мо - калламуши ол;
Бо каллањои холї
Чун сигналро шунидем,
Љони душман гирифтем.

Як – ду – се – Њия!
Як – ду – се – Њия!

Хор:
Биларз, душмани ѓаддор
Барфї - одами ришдор
Зарбаи по хатарнок
Зарби дасти мо чатоќ

Як ду се – Њия!
Як ду се – Њия!

Одами барфї метарсад.

Гурез, эй Барфї одам,
Осуда шавад олам.
Бо мо нестї баробар,
Умрбод ту дар хатар!
Дар хатар! дар хатар!
Як ду се – Њия!
Як ду се – Њия!

Биларз, душмани ѓаддор
Бафрї - одами ришдор
Зарбаи по хатарнок
Зарби дастакам чатоќ
Як ду се – Њия!
Як ду се – Њия!

Одами барфї фирор мекунад.

Якум. Ташаккур, муш;ои  зўр!
Муши 1. Ман роњбари дастаам. Номам Муши заминкан, сиёњ аст камарбандам. Боз шавем даркор – мо ба хизмат тайёр.
Муши 2. Ман мушаки девбандам, сурх аст камарбандам
Муши 3. Ман муши шикориям, зард аст камарбандам.
Сеюм. Ба фикрам, ха-ха-ха-лос шудем. 
Дуюм. Ба фикрам, забони ин гирифт.
Якум. Гарм шуд! (Тугмачаи гармидињиро хом;ш мекунад.
Дуюм. Барои аз ин ;о берун шудан, ба фикрам мо бояд роњбаладии компютерро фаъол кунем.
Якум. Батарея;оро сарфа карда, бо калла кор кунем, бењтар.
Сеюм. Охир гармидихии сунъиро аз ман буридед.
Якум. Пайроња инљо овард, хамин пайроња он тараф барад. Рафтем. (Мераванд).


Намоиши 4.
Љангал. Аљузкампир, Гурба ва Кулбаи Аљузкампир меоянд.

Гурба. Кампир, суфае, ки аз он китоби ;одуро афтондї, ёд дорї?
Аљузкампир. Ња… Аз болои ;ангал парвоз мекардам!
Гурба. Мушаххас гўй! Як моњ љангалро гаштем! Поям обила кард!
Кулба (ѓиљиррос зада тоб мехўрад). Мњ…
Гурба. Як мо; шуд, ки ягон ;одугар; накардї. На хубу на бадаша! Ва моро фаром;ш карданд! Њатто ба базми солинавї даъват накарданд. Ба худам не, ба Кулба рањмам меояд.
Кулба (ѓиљиррос мекунад).
Аљузкампир. Ѓи;ир-ѓиљир накун! Худамон Соли навро ;ашн мегирем! Арчаро оро ди;ем…
Гурба. Кадомаша?
Аљузкампир. Ана, њамина. Ман Барфак мешавам, ту Бобои Барф;.
Гурба. Кулба чї мешавад? - Барфпора?
Кулба. (ѓиљиррос мекунад)
Гурба. Аз шодї ѓиљиррос зад. Вале арчаро ч; тавр оро меди;ї?
Аљузкампир. Бо бозича;о!
Гурба. Бозичаро аз ку;о мегирї? Бо ;оду месозї?
Аљузкампир. Аќаллан љоду мекунам.
Гурба. Бе китоби ;одугар;?
Аљузкампир. Бале!
Гурба. Вале ту ягон ;одуро ёд надор;!
Аљузкампир. Ман дар хотир надорам? Асосаш ;офия аст.
 
Бигзор ;ама ;айвончањо
Дар намуд бозича;о
Зуд ба халта дароянд,
Арчаро биороянд.

Халта пайдо мешавад.
Гурба. Дар ку;о бозича;о?
Аљузкампир. Дар халтањо.
Гурба. Кулба, хез. Арчаи солинавиро оро ди;ем.

Аљузкампир халтаро мекушояд. Дар он ;айвонча;о.

Гурба. А;аб њайвончањо. Бо шумо арчаи солинавиро оро меди;ем.
Булфинч. Барои ч;? Барои чї?
Гурба. Инро пурсед аз бибї.
Хирсча. Бибї, чаро арчаи солинаро бо мо оро додан мехо;ед?
Аљузкампир. Ман ба ту бибї не! Ман Аљузкампир!
;айвонот. Аљуз-кампир?! (Метарсад).
Гурба. Натарс. Китоби ;одуро гум кард. Дигар зарар надорад.
Аљузкампир. Хап шав, лаќќї! Шумо арчаи худро оро додед?
Булфинч. Кадом арча!? Он љо фалокат шуд, инњо арча мегўянд!
Силовсин. Ба ;ангали мо аљнабиён омаданд!
Хирсча. Он;о мехо;анд Бобои барфии моро дузданд!
Булфинч. Ва Барфакро!
Силовсин. Ва арчаи солинавиро.
Гурба. О;! Та;йири ;идд;! Ч; кор мекунем, кампир?
Аљузкампир. Чї-чї!? Бобои барфї бояд на;от дода шавад! Ягон хел љодуро сар мекунам.
Гурба. Лозим не! Ману Кулба њоло љавон, зистан мехоњем. Шумо, хурдакњо, аз роњатон намонед. Во;еан, ку;о равон будед?
Санљоб. Мехостем Бобои барфиро огоњ кунем.
Гурба. Шояд кайњониён ўро ёфта бурданд? Баъд ч; мешавад?
Булфинч. Баъд мо ;ама мо бе ид мемонем. (;ама мегирянд).
Гурба. Заминро бо ашк тар накунед. То омадани Бобои барфї онњоро боздоштан лозим. Роњи хуб – фиреб додан.
Аљузкампир. Ани;тар гап зан!
Гурба. Кампир, ту кї шудан мехостї?
Аљузкампир. Барфак, хайр, чї?
Гурба. Барои набера каме пир шудї. Дусад солат тарњ мешуд…
Аљузкампир. Як хо;ар дорам – Аљина, аз ман дусад сол ;авон.
Гурба. Мешавад. Киро чун Бобои барфї либос п;шонем?
Аљузкампир. Њамсояаш Ѓўлро.
Гурба. Хуб. Ману ту ба онњо либос меп;шонем. Шумо кайњонињоро пайдо карда, он;оро ба манзили Аљина оред. .
Хирсча. Бобои барфиро кї огоњ мекунад?
Гурба. Инашро фикр накардам.
Булфинч. Як зани барфї созем, ба Бобои Барфї паём мебарад.
Гурба. Шумо аз барф одамча созед, мо ба ботлоќ меравем.

Гурба, Аљузкампир, Кулба мераванд.
;айвончањо аз барф зани барф; месозанд

Зани барфї. (суруд мехонад).
Барфбозї кунед бо ман
Дар зимистони сербарф
Пин;он кардану ;устан
;атто дар зераки барф…

Бинї - сабзї, ангишт - чашм
Мисли парї зебоям
Аз гўш то г;ш механдам,
Аз хурсандї меболам.
 
Як сол шуд, ки надидам
Ман туро пазмон шудам
Шодам аз ин вох;рї
Бо д;стони рањдурї!

Зани Барф;. Салом азизонам. Аз дидани шумо шодам!
Булфинч. Мо ;ам хурсандем!
Хирсча. Мо шуморо хеле пазмон шудем!
Силовсин. Салом!
Зани барф;. Имрўз ч; боз; мекунем?
Булфинч. Бубахшед, Бибии Барф;, имр;з барои бозї ва;т надорем.
Зани барф;. Ч; шуд? Дар арафаи Соли нав боз мушкил; омад?
Булфинч. Он;о мехо;анд Бобои Барфиро дузданд!
Хирсча. Ва Барфакро!
Силовсин. Ва арчаи солинавиро!
Булфинч. Он;о аз сайёраи дигар омадаанд!
Зани барф;. Ба ин роњ намедињем. Онњо ку;оянд? Љазо медињам!
Хирсча. Наметавонед, он;о се нафар.
Булфинч. Он;о да;шатнок?! (Тасвир мекунанд).
Зани барф;. О;! Пас, ч; кор кунем?
Булфинч. Мо онњоро ба хонаи Аљина бурда ниго; медорем. Шумо Бобои Барфиро ого; кунед, ки зудтар ояду худаш саришта кунад.
Зани барф;. Шумо аз онњо наметарсед?
Булфинч. Не. Аљузкампир ба мо к;мак мекунад.
Силовсин. Ва гурба.
Хирсча. Ва Кулбаи Аљузкампир.
Булфинч. Боз Аљина ва Ѓўл. Муњимаш, шитоб кардан лозим.
Зани барф;. Ман бошитоб меравам! (Меравам).
Булфинч. Мебахшеду… онњоро дар ку;о пайдо кунем?
Санљоб. Он;оро ба ;ангал ѓуллї фиристодем! Он ;о меравем!
Силовсин. Вай љойи дањшатнок.
Хирсча. Натарс, ман њамроњат њастам. Шояд аз он ;о рафтанд.
Булфинч. Бояд шитоб кунем. Ба пеш, дўстон! (Мераванд).


Намоиши 5.
Гўшаи дигари чангал. Сокинони кайњон меоянд.

Якум. Ни;оят, мо берун баромадем!
Дуюм. Хомўш! Идораи марказии Кайњон ба мо занг мезанад.
- Орион. Ситоди Кайњон занг мезанад. Супориш  иљро шуд?
Якум. Љустуљўро давом медињем.
- Орион. Чаро то ;ол вазифа ан;ом наёфтааст?
Якум. Ба мо намунаи раќами 179 - Одами барфї њамла кард.
- Ситод аз шумо норозї. Ба амалиёти ќатъй гузаред. Алоќа тамом.
Сеюм. Амалиёти ќатъї гуфта, чиро дар назар дошт?
Якум. ;озир мефањмонам.
;айвончањо пайдо мешаванд
Хирсча. Салом!
Булфинч. Ин мо - њуманоидњо.
Булфинч. Мо бо дили нек назди шумо омадем!
Силовсин. Сул; кардан мехоњем!
Булфинч. Барои пайдо кардани Бобои барфї ёрї мерасонем.
Дуюм. Як бор «наѓз» кўмак кардед, њуманоидњо!
Сеюм. Санљоб њуманоид нест. Булфинљ њуманоид нест. Хирсча њуманоид нест. Силовсин њуманоид нест.
Якум. Да;онатро п;ш!
Дуюм. Боз батареяаш гарм шуд. Бояд гармкунии сунъиро хомўш кунем. (Хомўш мекунад.)
Булфинч. Ч; ;адар бера;м ;астанд!
Силовсин. Ман метарсам!
Хирсча. Натарс, Хирс дар па;л;ят!
Сеюм. Вазифаи ман – ёфтани намунаи раками 178 ва раќами 304!
Булфинч. Нав љояшонро фањмидем. Биёед, он љо барем.
Якум. Ин пешнињодро муфид мешуморем.
Дуюм. Хуб. Вале шумо пеш-пеш меравед. Њамчун гаравгон.
Њама. Мо розї.
Сеюм. Ба пеш! (Мераванд).

Манзили Аљина. Ѓўл ва Аљина таѓйири либос кардаанд. Гурба, Аљузкампир, Кулба он љо.

Гурба. Эњња, монанд нестанд! Кайњониён бовар намекунанд!
Аљузкампир. Ба назари ман, бад не.
Гурба. Барфакро бо либоси сабз дар ку;о дидед? Инаш чї?
Аљузкампир. Риш.
Гурба. Куљои ин риш? Як латтакуњна! Њамааш айби ту!
Аљузкампир. Ман ч; гуноњ кор дорам?
Гурба. Китоби ;одуро гум намекардї, он;о ;ам намедоданд! Ва ;оло ин кори хомро намекардед!
Ѓўл. Аљузкампир, агар ин хап нашавад, либосњоямро гирифта меравам! Худаш Бобои барфї шавад!
Гурба. Оббо! Ч; ;адар зудранљ! Хайр, маш;ро о;оз мекунем!
Аљина ва Ѓўл. Мо бояд ч; кор кунем?
Гурба. Сар кардем. Ба њам салом гуед.
Ѓўл. А;оиб!
Аљина. Салом!
Гурба. Бобои барфию Барфак њамин хел салом мекунанд?
Аљина. Ѓўл. Хайр, чї хел салом дињем?
Гурба. Аљузкампир, биё таќсим шавем. Ман бо Ѓўл машќ мекунам, ту бо Аљина. Мисли дарахт карахт наистад. А;аллан табассум кунад!
Аљузкампир. Хуб.
Гурба (месарояд):
Мисли Бобои Барф;
Бояд дуруст роњ гардї,
Ш;х; карда бо шавќ,
Асоро дуруст гирї,
Баста ба гарданат тавќ
Бо табассум биг;ї:
Ассалом, эй бачањо
Писарњо, духтарчањо
Соли нават муборак,
Соли нават муборак. 
(Чор сатри охирро Ѓўл такрор мекунад)
 
Аљузкампир (месарояд):
То ин ки Барфак шавї -
Бояд дуруст роњ гардї
Кокулатро рост дорї.
Ба к;дакон биг;ї:
;ама маро шиносанд,
Маро Барфак меноманд.
Бо ман боз; мекунанд
Бо ман суруд мехонанд.
Соли нав муборак бод!
Соли нав муборак бод!»
(Чор сатри охирро Аљина такрор мекунад)

Гурба. Акнун ;ама як;оя! Даст;оро њам љунбонед. Мераќсем!
Бо оњанги суруди «В лесу родилась ёлочка» (ё дигар суруд) њама ра;с мекунанд ва месароянд, вале њамоњанг шуда наметавонанд.
Аљузкампир. Наѓз.
Гурба. Куљояш наѓз? Ягон тартиб нест.
Аљузкампир. Э, мешавад.
Гурба. Намешавад.
;айвонот ва сокинони сайёраи дигар меоянд.
Санљоб. Мо омадем.
Гурба. О;! Ољаљон, бало зад!
Аљузкампир (Гурбаро тела дода) - Салом, йигитњои хуб! Лутфан аз боло гузаред! ;оло ман ;аммомро гарм мекунам, дастархон мекушоям, х;рок меди;ам, нўшокї медињам, љойи хоб меди;ам!
Гурба. Э, ту чињо мегўї, кампир?! Ин аз афсонаи дигар! Бигў: ба назди мењмонњо дароед: инаш Бобои Барф;, ана Барфак, ана Бибї.
Сеюм. Бобо? Набера? Бибї - Зани Бобои Барф;?
Гурба. Не, не! Ин њамту кампираки њамсоя. Барои намак омад, (Ба Аљинаву Ѓўл). Сутун барин шах нашавед. Сар кунед!
Ѓўл (матнро ѓалат карда).
Салом, шайтончањо
Шикамдам, сарвайрончањо
Гурба. Ъэй… (паст) Девона шудї!? Ѓалат нахон.
Ѓўл. Асп барин калон шудед,
Маро њељ нашинохтед!
Аљина.
К;даконро дўст дорам,
Аз ман онњо метарсанд.
Номам Барфаку сабзам,
Дар ботлоќ месабзам
Гурба (Ишора мекунад). Бас. Шарманда кардї!
Аљина. Се мурѓи дари хона
Барфак-парї бањона.
Яктата ќафас кунам,
Дуюма нафас кунам.
Сеюма шашлик кунам…
Гурба. Бас! Бас! (Сарашро дошта, аз њуш рафта меафтад).
Якум. Арчаи солинав;, Бобои барф;, Барфак.
Дуюм. Ни;оят, шуморо ёфтем!
Сеюм. Ба ан;ом додани вазифаи худ шур;ъ кунед.
Ѓўл. Кадом вазифа?
Аљина. Чї вазифа?
Якум. Мо сокинони сайёраи Орион, омадем, ки шуморо барем. Арча, Бобои Барфї, Барфак ба киштии фалакпаймои мо савор шавед.
Ѓўл. Чї-ї?! Соз-соз гап зан! Ман ;е; ку;о намеравам!
Аљина. Ман аз киштии кайњонї ќимоб, сардард мешавам.
Якум. Нафа;мидед. Ин вазифаи мо. Мехо;ед ё не, мо шуморо мебарем. Бо мо оед. Ин фармон!
Ѓўл. Ту ба кї фармон медињї, кундаи п;сида? Ба ман?
Гурба. Асаб; нашавед! Биёед, бо роњи осоишта њал кунем.
Ѓўл. Дур шав, думдор! Худам њал мекунам. Бо услуби худам!
Мубориза. Талошњои хандаовар мекунанд. Ба сокинони кайњон амалњо таъсир надоранд.
Бобои барфї ва Барфак пайдо мешаванд.
Бобои барфї. Эњња, ин чї гап? Канї, бас кунед!
Гурба. Бобои барфї, ман њам гуфтам, ки асаб; нашавед.
Бобои барфї. Хомўш. Њамаатон шарм доред. Дар Соли нав…
Якум. Мо ба назди шумо бо нек; ва осоиштаг; омадем.
Бобои барфї. Љангро кй сар кард?
Дуюм. Бобои барфї.
Бобои барфї. Кадом Бобои барфї?
Сеюм (Ѓўлро нишон медињад). Њо, ана ин кас.
Бобои барфї. Ч; тавр? Ѓўл, ту бародари ман мешав;?
Ѓўл. Ч; донам? Њамаашро Гурба фикр карда баровард.
Гурба. Оббо, як чї шавад, даррав кї гунањгор? – Гурба.  ;амааш аз ин махлуќчањо сар шуд.
Санљоб. Не, инњо хостанд шуморо дузданд. Мо ба ин роњ надодем.
Якум. Бобои барфї-и ;а;и;; худат ва ту Барфак ;аст;.
Бобои барфї ва Барфак. — Бале.
Сеюм. Ана, шумо чї хел будаед.
Якум. Мо шумо – Арча, Бобои барфї, Барфакро ба сайёраи Орион, мебарем. Лутфан ба киштии фалакпаймои мо савор шавед.
Бобои барфї. Ман бо ту рафта наметавонам. Соли нав наздик. Бо ту равам, тамоми сокинони ;ангал бе ид ва бе т;;фа мемонанд.
Сеюм. Мо ;ам ид ва т;;фа мехо;ем.
Якум. Иљрои вазифа имконнопазир аст. Сокинони сайёраи Орион харгиз Бобои барфї ва Барфакро намебинанд.
Барфак. Бобо, ба ин;о дилам месўзад. Ягон чї фикр кунед?
Бобои барфї. Ёфтам. Имрўз њамроњи мо монед. Ин љо Соли навро љашн мегирем, фардо ба сайёраи шумо меравем. Розї њастед?
Якум. Мо роз;. Даст дињед.
Барфак. Њама роз; шудем. Вакти сар кардани иду љашни Соли нав расид. Бобо, оѓоз кунед.

Орзуњои солинавї. Суруду раќси солинавї.
Хотима.


Рецензии