Дили яхбаста - намоишномаи солинави

АННА ВА ЭЛЗА

Тарљума ва такмили версияи драмавии Љумъа Ќуддус
дар асоси филми тасвирии

«ДИЛИ ЯХБАСТА»
афсонаи солинави


Душанбе – Хуљанд
2021

Иштироккунадагон:

Муаллиф
Анна
Элза
Олоф
Маликаи Барфї
Шикорчї
Ойина (овозаш аз паси парда)
Санљоби 1.
Санљоби 2.
Малефисента
Зоѓ
Посбон
Роњзани 1
Роњзани 2.
Барфак Лили (духтари Малефисента)

Дар сањнањои умумї – барфакњо, роњзанњо
____________________________________


Муаллиф метавонад аз паси парда њарф занад, ё дар симои Ровї-ќиссагўй ба сањна барояд.

Олоф – одамчаи барфии зиндашуда аст, ки ях шудан ба ў таъсир надорад ва аз ин сабаб гоњо метавонад бењаракат истад, ки ўро барфтўда шуморанд ва аз маврид истифода бурда, дар ин байн амалиёт гузаронад.


Намоиши 1.
Љангал. Муаллиф меояд.

Муаллиф. Буд набуд будгор буд, замин набуд шудгор буд, њоло телевизион набуд, мењр буд, телефон набуд, самимият буд, смартфон набуд, садоќат буд. Дар як замон дар як макон бо номи Эрендел ду хоњари соњибдили зебояк Элза ва Анна зиндагї мекарданд. Чун њама духтарчањо шуѓли дўстдоштаи онњо чї буд? Кї мегўяд? (Бачањои дар толор нишаста њамроњ мешаванд). Саќичхої? Не… Чак-чаќ бо телефон? Не. Он ваќт набуд. Бозии компютерї? Не. Тасаввур мекунед? Ягон намуди техникаи њозиразамон набуд. Њавлирўбї? Наздик омадед… Лўхтак-бозї? Дуруст, вале лўхтак аз барф буд. Чунки хоњари калонї Элза як нерўи фавќуллода дошт: њар ваќте хоњад, хоњ тобистон хоњ зимистон атрофро пур аз барф мекард ва аз барф одамчањо месохтанд. Ба хоњараш Анна ин кор хеле маъќул буд.
Элза ва Анна давида мебароянд.

Анна. Сењр бикун, хоњарам Элза. Барф мехоњам. Барфи бисёр мехоњам.
Элза. Хуб шудааст, хоњарам Анна. Аз тањти дил самимона хоњиш кунї, ба маќсад мерасї. (Сењргарї мекунад). Танњо бо нияти нек! Танњо бо дили соф, хоњиш мекунам… Бибор, бибор барфи сафед. Биё, биёр ба дил умед. «Бибор эй барф»…

Суруди С.Билолов «Бибор эй барф». Барфрезањои калон-калон меборанд.
Раќси барфакчањо дар иљрои гуруњи бачагонаи раќс.
Хоњарон бо шодї барфбозї мекунанд, одами барфї месозанд.

Анна. Тамоман ба одамча монанд шуд.  Агар ба ин одамчаи барфї љон медаровардї, њамроњ бозї мекардем…
Элза. Аз тањти дил хоњиш кунем, мешавад. (Нерўи дасташро равона карда, сењр менамояд). Эй одамчаи барфї. Зинда шав, додараки мо шав, дўсти вафодори мо шав. 

Одамчаи барфї љон медарорад ва зуд пеши духтарњо меояд.

Олоф. Салом. Ман Олоф. Истиќболи гарму љўшонро дўст медорам!
Анна. Ман Анна. Ин Элза.
Олоф. Хуб. Бо ман барфбозї мекунед?
Анна. Албатта. Барои њамин хоњаракам Элза туро бо љоду зинда кард. Ба ў рањмат бигўй.
Олоф. Рањмат, Элза. Њамеша ба ту хизмат мекунам.
Элза. Ин хоњиши хоњарам Анна буд.
Анна. Бале. Мехоњам додараки мо бошї.
Олоф. Бо љону дил. Шумо хоњарак, ман додарак.
Барфбозї мекунанд.

Ровї. Њамааш хуб буд. Элза бо неруи фавќуттабиї ба дилњо шодї меовард. Аммо боз як сењрагар буд, номаш Маликаи Барфї, дилаш торик, бадхоњи мардумон буд, фаќат бадї меовард. Дар ин хусус баъд њикоят мекунем. Њоло бачањо мисли мо ба Соли нав тайёрї мебинанд. (Ба ањли толор мурољиат мекунад). Барои таљлили Соли нав чї даркор?... Чупа-чупс? Шакалод… Мармалод… Тамом? Бобои барфї? Дуруст. Барфак? – Бале. Боз чї?... Ња, ёфтед – арчаи солинавї. 

Анна. Хоњаракам Элза, як арча биёрем, ки ана ин ќадар калооон бошад 
Элза. Не-не-не-не. Дарахтони љангалро буридан мумкин не.
Анна. Хайр, хурдтарашро, ана ин ќадар бошад.
Элза. Ни-ни-ни-ни.
Анна. Хайр, ин ќадарак бошад чї?
Элза. Не-не-не-…
Анна. Уф… Хай, ана ин ќадарак чї? Элза, хоњиш мекунам.
Элза. Хоњаракам Анна, њоло рафта бо Олоф ороишоту бозичањои арчаро биёред, ман як арчаи зебояки мувофиќро аз љангал ёфта меорам.
Анна. Олиљаноб.
Олоф. Элза, ту чї, танњо меравї?
Элза. Ман зуд меоям: як поям дар ин љо, як поям дар љангал.
Олоф. Не-не, бењтараш њарду поятро бар. Дар барфтудањои љангал дармемонї.
Анна. Э, содда…
Элза. Майлаш, Олоф. Барои ором шудани ту њарду поямро бо худ мебарам.
Олоф. Офарин. Ба гапи калонњо гўш кунед. Зуд баргард, хоњарам Элза.

Ровї. Чї хеле ки мебинем, зиндагии дўстони мо хуб аст, афсонавї пур аз таассуроти хушбахтона аст. Аммо… њоло Анна ва Олоф намедонад, ки як балои азим дар баробарашон истодааст. Ана, худатон тамошо кунед.   

Намоиши 2.

Ќалъаи Маликаи Барфї.

Маликаи Барфї. Дар ин чордевори танг зиќ шудам, дилам мекафад. Хайр, боз камтари дигар монд. Бигзор одамчањо аз фаро расидани зимистон шодї кунанд. Пас аз чанде зимистон барояшон абадї мешавад (захрханда мекунад). Барфакњо, куљоед? Биёед, дили маро шод кунед. Ман бењуда шуморо љоду карда овардам?

Раќси барфакњо. Гуруњи студияи хурдсолон иљро мекунанд.

Маликаи Барфї. Не… Уќдаи дилам кушода нашуд. Аз ин раќси шумо одамњо шод мегарданд, вале на ман! Равед. Ойина, худат биё, гапе гўй, ки форад ба дили ман. Амр мекунам, њаќиќатро бигў, танњо барои ман.   

Ойина меояд.
Ойина. Ман ба фармони шумоям, Малика. Дили яхбастаи шумо чї мехохад?
Маликаи Барфї. Дар мулки ман ягон кас њаст, ки тавонад ба ман халал эљод кунад?
Ойина. Не, не, не, Маликаи барфї. Киро њаддест, ки пеши роњи шумо барояд? Шумо зўред, тавоноед, яктоед, Маликаи Барфї.
Маликаи Барфї. Наѓз. Гапат мееефорад.
Ойина (ойинаро тоб додаву пасту баланд карда).  Боду бўрон зери фармон, барфу борон зери фармонат бувад!
Маликаи Барфї. Оњ, мефорааад.
Ойина. Ними љањон тањти фармонат…
Маликаи Барфї. Уњу-њу! Мееефорааад.
Ойина. Мани нимаљон њам тањти фармонат.
Маликаи Барфї. Мефорад. Меефорад.
Ойина (нохост суст шуда, дар ойина ба як нуќта назар месозад). Вале боз як кас соњиби чунин нерў будааст.
Маликаи Барфї (бо ѓазаб). Оњ! Наафорид. Кї будааст вай?
Ойина. Номаш Элза. Аз шоњигарии хурдакаки Эрендел.
Дар ойина симои Элза пайдо мешавад.
Маликаи Барфї. Эњња… Њаминак? Элза аз Эрендел!? Мебинем! Шикорчї! Шикорчїїї, куљо гум шудї?!
Шикорчї давон меояд.
Шикорчї. Лаббай, малика. Самъан ва тоатан! Чї хизмат, Улёњазрат?
Маликаи Барфї. Шикорчии муњтарам, ѓуломи абадии ман.
Шикорчї. Самъан ва тоатан!
Маликаи Барфї. Ба ту амр мекунам: фавран Элза ном духтаракро аз шањри Эрендело ёфта ба назди ман биёр.
Шикорчї. Самъан ва тоатан, улёњазрат. (Меравад)
Маликаи Барфї. Мебинем, кї зўртар!
Ба тахт нишаста, онро ронда меравад.

Ровї. Ња, Маликаи Барфї љавњари бадист. Аммо Элза њатто аз вуљуди ў хабар надорад, њоло бе хавотирї дар љангал гашта, интихоби арчаи солинавї интихоб мекунад. 

Намоиши 3.

Гўшаи дигари љангал. Элза суруд хонда меояд.

Элза. Ин арча хурдакак. Инаш анча калон. Инаш каљ. Инаш… умуман ба арча монанд не. Уфф… Чустуљўро давом медињем. Арчае лозим, ки ба кўдакон шодї орад. 

Суруд дар бораи арчаи солинавиро мехонад.
Дарахтчањо ва барфакњо мераќсанд.

Элза. Ана, ёфтам… Инаш бењтар, табъи дили бачањо…

Шикорчї меояд. Аз дур Элзаро дида шод мешавад. Пинњонї назора мекунад.

Шикорчї. Ана, сайд бо пойи худаш омад.

Шикорчї аз љайбаш рўймолчаашро гирифта ба он мањлули дору мерезад ва онро дубора ба љайбаш мегузорад. Элза арчаеро интихоб мекунад.

Элза. Ана инаш мувофиќ. Эњ, акнун инро чї хел ба ќаср мебарам. Фаромўш кардам, ки ёрдамчї биёрам.   
Шикорчї назди духтар меояд.

Шикорчї. Шояд ба шумо ягон кўмак даркор аст?
Элза аз нохост пайдо шуда гап задани Шикорчї тарсида, ба гиребонаш туф мекунад.
Элза. Туф-туф. Тарсондед. Шумо кї?
Шикорчї. Натарсед, шоњдухтар. Ман як шикорчї. Сурудро шунидаму хостам фањмам, ки хонандаи ин таронаи аљоибу ѓароиб кист. Аљаб зебо, аљаб хушоњанг. Шумо будаед, шоњдухтар.
Элза. Ташаккур.
Шикорчї. Шоњдухтар, чаро танњо, бе муњофизон омадаед?
Элза. Пас аз чанд рўз соли нав мерасад. Базми солинавї ташкил мекунем. Барои њамин арчаи зебо лозим. Арчаи мувофиќро ёфтам, вале чї хел ба дарбор барам, намедонам.
Шикорчї. Пас, њатман ёрии ман лозим. Ана ман дар хизмат. Бифармоед, шоњдухтар. Кадомаша барам?
Элза. Сипосгузорам, амаки шикорчї. Ёрї дињед.
Шикорчї. Хуб.
Элза. Ана инашро гиред.

Мусиќии хавфнок. Элза ќафо мегардад, ки арчаро нишон дињад. Шикорчї зуд латтаи дорукардаашро ба дањони ў медорад.  Элза аз њуш меравад, борониаш (плащ) аз китфаш рўи барф меафтад. Шикорчї духтаракро озод сари китф бардошта меравад.

Анна ва Олоф меоянд.

Анна. Аллакай шаб мерасаду аз Элза дарак нест.
Олоф. Гуфтам-а, њарду поята ба дастат гирифта рав, як поята дар хона напарто. Гўш накард,
Анна. Ким-кай бояд бармегашт. Куљо шуд-а?
Олоф. Бо як по дер мекунад-да.
Анна боронии (плащ) Элзаро мебинад. Онро бардошта, ба атроф менигарад.
Анна. Ана ин боронии Элза. Чї хел борониашро мепартофтааст?
Олоф. Шояд гарм шудааст. Мисли ман…
Анна. Не, ин љо ягон гап њаст. Дар ин љо пайи пойи ду кас. Ана ин љо барфи зиёд пачаќ шудааст. Маълум мешавад, ки Элза афтодааст… Куљо шудї, Элза? Ба дасти хирс афтодї?
Олоф. Не, изи пойи хирс нест. Пайи пои одам.
Анна. Элза! Ээээл-зааа! Куљої? Дарак дењ… (Мегиряд).
Олоф. Гиря накун, хоњарам. Мо Элзаро пайдо мекунем.
Анна. Бояд пайдо кунем. Аммо чї хел?
Олоф. Изи пойњо нишон медињад, ки ба тарафи шимол рафтаанд.
Анна. Вале ба куљо? Ин тараф фаќат љангал. Шањр дар ин тараф.

Ду санљоб пайдо шуда байни худ суњбат мекунанд.

Олоф. Хоњаракам Анна, мешунавї, санљобакњо чињо мегўянд?
Анна. Не. Ту забони онњоро медонї?
Олоф. Ња, ман забони њама љонварону дарахтњоро медонам.
Анна. Хайр, санљобчањои хушрўяк чї мегўянд?
Олоф. Онњо мегўянд, ки… Э… Онњо мегўянд, ки…
Анна. Хўш, чї мегўянд?
Олоф. Як ба «шпаргалка»-ам нигоњ кунам. Як  калимаша нафањмидам.
Анна. Ту анча бодича. Њељ чиза намедонию…
Олоф. Не. Инњо маро ким-чи хел њакорат мекунанд. Њайвончаи барфї меноманд. Њол он, ки ман одами хубам.
Анна.Ту дар њаќиќат аз барфї њастї. Мо туро аз барф сохтем. Аммо хеле бо мењр сохтем…
Олоф. А-а, ин хел бошад, фањмо шуд. Ана гўш кун…
Санљоби 1. Бин, шоњдухтар Анна меояд.
Санљоби 2. Инаш одами барфї.
Олоф. Њой, санљобчањои хушрўяку хушмўяк! Ман барфї-ю лекин одам, бачаи наѓзам. Номам Олоф.
Санљоби 1. Салом, Олоф.
Санљоби 2. Шумо ягон чї гум кардед?
Олоф. Не… Э, ња, хоњарам Элза нопадид шудааст. Чї буд?
Санљоби 1. Вай барои арча омада буд?
Олоф. Ња-а. Чї буд?
Санљоби 2. Ин боронии вай аст?
Олоф. Ња. Чї буд?
Санљоби 1. Охир, вай шоњдухтар Элза буд!?
Олоф. Ња-а. Чи буд?
Анна. Ин  љо чї гап шуд?
Санљоби 2. Ўро дуздиданд.
Олоф. Э, не-е. Кї дуздид? Куљо бурд?
Санљоби 1 ва Санљоби 2 (баробар). Мо медонем, ўро кї дуздид.
Анна. Гўед, ин кори кї?
Санљоби 1. Ин кори шикорчї.
Санљоби 2. Ња, шикорчї. Вай доим дар љангали мо сайд мекунад.
Анна. Шикорчї одами хуб буд-ку…
Санљоби 1. Вай бо фармони Маликаи Барфї кор мекунад.
Санљоби 2. Ња, Маликаи Барфї вая љоду кардагї. Ѓуломи вай шудааст.   
Анна. Элзаро барои чї дуздид? Аз вай чї мехоњад?
Санљоби 1. Санљоби 2. Инашро наме-наме-донем.
Анна. Манзили вай дар куљост?
Санљоби 1. Дар тарафи шимол, дар кишвари сармо аст.   
Санљоби 2. Рафтан гирї, аз пеши рањат ботлоќи одамногузар, уќёнуси яхбаста мебарояд. Кохи вай он љост.
Санљоби 1. Бо љодуи вай як њудуди хеле калон бо одамону њайвоноташ ях бастааст.
Санљоби 2. Њар кас, ки он љо расад, бо як нафаси Маликаи Барфї ба ях мубаддал мешавад.
Анна. Эњ, акнун чї кор мекунам? Хоњаракамро чї хел наљот дињам?
Олоф. Њайрон нашав, сарсон нашав, Анна, хоњарам. Ман ба ту ёрї медињам.
Анна. Ту? Аз дасти ту чї кор меояд, додараки барфиям?
Олоф. Охир ман одами барфиям? Аз барф сохта шудаам?
Анна. Ња-а.
Олоф. Пас љодуи Маликаи барфї ба ман таъсир намекунад. Ях шудан? - Марњамат, ман худам аз барф.
Санљоби 1. Дуруст мегўї. Ту худат аз барф.
Олоф. Метавонам бењаракат истам, ки маро барфтўда шуморанд. Ва аз маврид истифода бурда, дар ин байн амалиёт гузаронад.
Санљоби 1. Рост мегўї.
Анна. Хуб додараки љасуру бамењрам. Агар ба ях мубаддал шавам њам, барои наљот додани хоњаракам Элза меравам!
Олоф. Бале, хоњаракам. Ба пеш!
Санљоби 1. Роњи сафед!
Санљоби 2. Зафар ёратон!


Намоиши 4.
Кохи сиёњи Малефисента. Олоф ва Анна меоянд.

Олоф. Чї кохи сиёњ. Дили одам сиёњ мешавад.
Анна. Ња, ин манзили Малефисента – маликаи зулмот.
Олоф. Биё, ба вай фањмонем, ки хона бояд тиреза дошта бошад, равшан кунад ва дилњо равшан шавад.
Анна. Биё, бењтараш бо Малефисента рўбарў нашавем.
Олоф. Барои чї?
Анна. Малефисента дилсиёњ аст, торикиро дўст медорад.
Олоф. Хайр, чї?
Анна. Боз мегўянд, ки Малефисента метавонад ба аждањо мубаддал шавад.
Олоф. Хайр чї? Як мефањмонему меравем.
Анна. Биё, зудтар аз ин љо равем.
Ѓуломи Малефисента Зоѓи сиёњ меояд.
Зоѓ. Ќаррр-ќаррр.
Анна. Оњ, ба фикрам, аллакай дер кардем. Ѓуломаш зоѓ омад. Њозир мебарояд.
Олоф. Ана вай албастї?
Анна. Хомўш!

Бо ќарр-ќарри вай Малесифента аз дохили ѓори зери ќасраш мебарояд.

Зоѓ. Ќарр-ќарр! Хонум-бонум. Ќарр-ќарр! 
Малефисента. Э, бо ќарр-ќаррат ба дилам задї! Сад бор ба ту фањмондам, ки Хонум-бонум нагў, Маликахон-бону гўй.
Зоѓ. Забонам њамин ќадар мегардад. Бароям бењтар аст њазор бор ќаррр гўям.
Малефисента. Ќарр-ќарр накарда, маѓзи гапа гўй, дар дунё чї гапњои нав?
Олоф. Ин ќадар феъли ин хонум бад! Сараш кал, рўяш хунук. Чаро мўяш нест?
Анна. Э, хап. Овозата нашунавад.
Олоф. Хуб, ана, дамам гирифтагї.

Дањонашро бо ду даст мебандаду пас меравад, ки бо пояш чизеро зада меафтонад. Садо мебарояд. Малефисента безобита мешавад.

Малефисента. Эњња, дар ин љо касе њаст? Ман зиндаву дар боѓи ман шаѓол мегардад? Кї ту? Канї, зудтар баро! Набошад як луќмаи хомат мекунам.
Анна ва Олоф пеш мебароянд.
Анна. Мебахшед, малика-хон-бону Малефисента.
Олоф. Мо шуморо хабаргирї омадем, Хонум-бонум.
Малефисента. Эњња, кал - додари кўр-ку. Ту њам бонум-бонум мегўї? Забоната мебуррам. Дуруст гап зан.
Олоф. Хуб, Хонум-бонум.
Анна. Э, ту кї? Њайвончаи расо ќизиќ…
Олоф. Чї хел њайвонча? Ман њатто дум надорам. Одамам.
Анна. Ором шав, Олоф. Дод назан.
Малефисента. Оббо. Лаќќигї бас! Дер боз мењмон надоштем. Хайр, бо ман бимонед њамеша. Ба зиндон баред. Баъд фикр мекунам, ки бо шумо чї мебояд кард.
Анна. Ист. Чаро даѓалї мекунї? Ту њам дил дорї? Мефањмї, хоњари ман Элза ба дасти Маликаи Барфї афтодааст. Ман барои наљоти вай меравам.
Малефисента. Эњња! Бо кадом лашкар? Ё бовар дорї, ки Маликаи Барфиро тани танњо худат маѓлуб мекунї?
Олоф. Ман њамроњаш меравам.
Малефисента. Бо њамин њайвончаат Маликаи Барфиро маѓлуб карданї?!?
Олоф. Ман њайвонча не. Одам, њарчанд барфї…
Анна. Агар ман ќуввамро насанљам, аз куљо донам, ки метавонам, ё не?
Малефисента. Сафсатта. Агар ин кор имкон медошт, худи ман мекардам.
Анна. Маликаи Барфї духтари туро асир карда бурд, вале ту бо њама неруи сењрат ба умеди ким-кадом як муъљиза мешинї. Як бор нерўи худро насанљидї. Ту њам сењргар! Барои халосии духтарат як бор њаракат накардї.
Малефисента. Чї кор кунам?
Анна. Талош бикун, зўри зан. Шояд духтаратро халос кунї…
Малефисента. Зўри бењуда. Ту маро таъна назан.
Анна. Хайр, бишин дар ѓори торикат! Мо меравем…
Малефисента. Не, намеравї. Муњофизон, баред инњоро, ба зиндон партоед, 
Ходимон ба онњо дарафтода, ињота мекунанд.
Олоф (ба муњофиз). Њой-њой! Ба шиками ман даст нарасон. Људо шуданаш мумкин. Вой, аз бинам сахт наќап. Ин сабзї не, бинї!
Ходимон онњоро мебаранд.

Малефисента. Оњ, боз ба ёдам оварданд, ки духтарам асири Маликаи Барфї аст. Ба ёдаш месўзам…

Бо ишораи Малефисента дар проектор тасвири духтараш пайдо мешавад. 

Зоѓ. Малика- хонум-бонум? Боз ёд кардед?
Малефисента. Ту бача надорї, аз куљо дарди маро мефањмї?
Зоѓ. Бачаи ман њам асир аст. Медонед, љое, ки духтари шумо бандї шудааст, хоњари ин духтарак њам он љост.
Малефисента. Хайр, чї?
Зоѓ. Вай барои наљот додани хоњараш рафт. Агар хоњарашро халос кунад, пас, духтари туро њам халос кардан мумкин...
Малефисента. Кори бењуда.
Зоѓ. Ба ёд оред, вай чї гуфт? – «Маликаи Барфї духтари туро асир карда бурду ба умеди ягон муъљиза мешинї. Як бор насанљидї. Ту њам сењргар! Як бор барои халосиаш њаракат накардї. Талош бикун, зўри зан. Шояд духтаратро халос кунї…
Малефисента. Насанљидам. Чунки бењуда.
Муњофиз давида меояд.
Муњофиз. Малика, ду-ду-духтарак гггурехт! 
Малефисента. Чї хел гурехт? Њушат дар куљо буд!?
Муњофиз. Вай бало будааст. Бо усули карате чунон ба сарам зад, ки чаппа шуда афтодам. То хестам, ки ѓайб зад. 
Малефисента. Аќлат хушк шавад! Рафта ёфта, несту нобуд кунед!
Зоѓ. Малика-бонум-хонум, шитоб накунед. Такрор мекунам: шояд бо ёрии онњо духтари шумо њам халос шавад?! Агар онњо Маликаи Барфиро маѓлуб кунанд, љодуи вай барњам мехўрад ва духтаратон озод мешавад ва ўро мебинед.
Малефисента. Э, сафсатта… (Фикр карда). Хайр, бигузор гуфти ту шавад. Њарчанд ягон умед надорам. (Ба муњофиз). Мон равад.
Муњофиз. Ба чашм. (Меравад).
Малефисента. Медонї, Зоѓ, духтарак рост мегўяд: интизори муъљиза шуда нишастан бас. Мо њам аз пайи онњо меравем. Шояд ёрии мо њам лозим мешвавад! Шояд њамроњ он албастиро маѓлуб мекунем.
Зоѓ. Ана ин фикри оќилона…
Малефисента. Меравем.
Мераванд.

Ровї. Дар ин байн Анна ва Олоф аз муњофизони Малефисента халос шуда, љониби Шимол роњ паймуданд. Вале дар ин сафари пурмољаро ин хатар охирин набуд. Онњо боз ба чандин мушкилот дучор шуданд. Марњамат, тамошо кунед.


Намоиши 5.

Як гўшаи укёнуси яхбастаи шимолї. Як тарафи киштии яхбаста менамояд. Анна ва Олоф меоянд.

Анна. Дидї, Олоф, ман чї хел посбона каратэ кардам!
Олоф. Ња, офарин! Вай аблањ, ќариб шиками маро пачаќ мекард.
Анна. Агар расида намеомадам, биниатро меканд…
Олоф. Ња, ќариб аз биничаи хушручаи майдањакам људо мешудам.
Анна. Ва мо ўро фиреб дода, ба чапу рост, ба росту чап гурехтем!
Аз дасти њам гирифта чарх мезананд.

Олоф (ба бањр нигариста). Эњње, ин чї? Њама оби бањр ях бастааст!
Анна. Ин уќёнуси яхбастаи шимолї. Њамон, ки санљобњо гуфта буданд. Пас, мо ба роњи дуруст равонаем. Олоф, эњтиёт шав, ки зери ях фурў наравї.

Садои шамоли сарди шимолї. Њамсафарон вонамуд мекунанд, ки ба шамол муќовимат намуда, базўр њаракат мекунанд.

Олоф. Њељ чиро намебинам. Бо ин њол Маликаи Барфиро чї хел пайдо мекунем?
Анна. Ман чизеро мебинам, Олоф.
Олоф. Ња, ман њам дидам. Ин чї?
Ба киштї наздик мешаванд.
Анна. Ин киштї. Вале њаракат намекунад. Ях бастааст.

Ногоњ аз киштї роњзанњои бањрї бо раќсу њуштаккашї парида мефароянд.

Роњзани 1. Оњњо оњњо! Эњње эњње! Бинед, назди мо кї омадааст? Бандед онњоро!
Анна. Шумо чї кор мекунед? Истед.
Роњзани 1. Хап! Ин љо ман фармон медињам!
Олоф.Шумо бо шоњдухтар њамин хел гап мезанед!?
Роњзани 2. И-е гап мезанад, одамчаи барфї гап мезанад. Пас, инњо ёварони Маликаи Барфї. Куштан даркор!
Анна. Хато мекунед. Мо ёварони Маликаи Барфї не.
Роњзани 1. Чї хел не!? Одамчаи барфї гап мезанад – ин аз сењру љоду аст. Ягона љодугар дар ин тарафњо Маликаи Барфї. Зуд инњоро нест кунед!
Анна. Истед, гўш кунед…
Олоф. Гуфтеду мондед: «гап мезанад! гап мезанад» - Ман раќс њам карда метавонам.
Анна. Олоф, нагузарон…
Олоф. Ана бинед!
Мераќсад.
Роњзани 2. Аниќ љодукардаи Маликаи Барфї. Нест карда шавад!
Анна.  Истед. Камтарак љоду дорад. Лекин ба мо на Маликаи Барфї, балки шоњдухтар Элза нерў додааст. Вай хоњари ман. 
Роњзани 1. Элза?! Њамоне, ки дар ривоят омадааст?
Анна. Кадом ривоят?
Роњзани 2. Ривоят мегўяд, ки танњо Элза метавонад Маликаи Барфиро маѓлуб кунад ва намегузорад, ки вай тамоми оламро ба зимистони абадї табдил дињад.
Роњзани 1. Ва мо шоњдухтар Элзаро интизор њастем. Агар вай ёрї надињад, дигар мо бањрро намебинем. Бо љодуи Маликаи арфї тамоми бањр ях бастааст.
Анна. Пас шумо бояд ёрї дињед, ки мо Маликаи Барфиро пайдо кунем ва хоњараки азизам Элзаро халос кунем.
Роњзанњо фикр карда хомўш мемонанд.
Олоф. Чаро хап шудед?
Роњзани 2. Халал нарасон. Мо фикр мекунем.
Олоф. Маѓзи сар доред ку. Чаро ин ќадар дурудароз фикр мекунед? Ана ман майна надорам, лекин зуд фањмидам, ки шумо бояд ба мо ёрї дињед.
Роњзани 1. Ин биникалон њаќ. Дар ин сармо чї ќадар сабр кардан мумкин? Биёед, зуд пеши ин љодугари бадќасди дилаш яхбастаро гирем!
Њама ризо мешаванд ва шамшеру ханљарњои худро боло мекунанд.
Роњзани 1. Як кас барои њама, њама барои як кас!
Роњзани 2. Ба пеш!
Мераванд. Олоф истода бини худро месанљад.
Анна. Рафтем, Олоф. Чаро истодаї?
Олоф. Биниамро месанљам. Наѓзакак-у, чаро вай биникалон гуфта таъна зад?
Анна. Э рафтем-е. Ту шудию бинї!
Олоф. Ана, рафтем!
Мераванд.

Ровї. Ана дидед, бачањо, нияти нек аз њама мушкилот халос мекунад. Нияти дўстони мо, ки халос кардани хоњарашон Элза ва наљот додани инсоният буд, душманро њам дўст карданд ва роњзанњои бањрї ба ёрї шитофтанд. Вале… ой бар Маликаи Барфї метавонанд фирўз шаванд? Њозир мебинем…


Намоиши 6.

Кохи аз ях сохтаи Маликаи Барфї. Ў дар тахт нишастааст. Аз дари пањлў ба кох Анна, Олоф ва роњзанњо меоянд.
 
Анна. Шумо њаминљо истед. Аввал ман худам бо вай маслињат мекунам.
Олоф. Танњо нарав, Анна. Вай холаи ганда. Аз онњо ягон некї умед накун.
Анна. Кўшиш кардан лозим!
Олоф. Ман њамроњи ту меравам. Ман туро њимоят мекунам!
Анна. Хуб. (њамроњ мераванд).
Олоф. Ту аввал дара кўб. Таќ-таќ бикун. Наметавонї? Ана туќ-туќ!
Анна. Салом, малика.
Олоф. Салом, љодугари бадќасд, ки Элзаи моро дуздидї!
Анна. Олоф! Зуд аз љанљол сар накун.
Маликаи Барфї. Хўш, хўш. Яќин аст, ки шумо наљотбахшон? Хўш, хўш, шумо чї тавр Элзаро наљот медињед? 
Анна. Омадем, ки маслињат кунему аз ту хоњиш намоем, ки Элзаро сар дињї. 
Маликаи Барфї (зањрханда карда). Маслињат!? Хоњиш!? Ганда хандондед! Шикорчї, асирро биёр. Ту чї ном дорї, духтарам?
Анна. Ман Анна, хоњари Элза.
Шикорчї Элзаи дастбастаро меорад.
Анна. Элза!
Элза. Анна!
Маликаи Барфї. Хўш, хўш, хўш... Ана бин, чї тавр ман хоњаратро нест мекунам ва љањон ба яхи абадї мубаддал мегардад! Шикорчї! Элзаро дор.
Шикорчї Элзаро сахт медорад. Малика бо чўби сењрнокаш љоду мекунад.
Анна. Неееееее!
Бо тани худ пеши Элзаро мегирад.
Бо љодуи Маликаи Барфї Анна ях баста шах мешавад.

Элза. Аннаљон! Нееее! Анна!
Олоф. Анна! (Худаш њам ях мебандад. Вале ин барояш ањамият надорад).
Элза. Бечора, Анна… Олоф ту њам…
Олоф (ба ў чашмак зада). Ња-ю, ман худам аз барф-ку. Навмед нашав. Ягон илољ мекунем.
Элза. Наѓз. Ман туро паноњ мекунам. Ту фаќат дастони маро кушо, ки нерўямро истифода бурда тавонам.
Олоф. Дуруст.
Элза (пеши Олофро гирифта ба Маликаи Барфї рўбарў меистад). Шуд?
Олоф. Бало занад. Ин љоду аст. То ваќте ки нерўи дасти Малика бо чизе банд нест, ин чигил ќулф аст. Њозир…
Элза. Ман њуши ўро бо гап банд мекунам. Таќдири мо дар дасти ту.   
Маликаи Барфї (механдад). Хуш, хўш, хўш. Ин хелаш бењтар.
Элза. Ту, љодугари бадќасд, хоњари маро нобуд кардї?!
Маликаи Барфї. Акнун навбати ту њам расид.
Элза. Исто. Бадї чї даркор! Бењтар нест, ки бо ин нерў корњои нек кунем?
Маликаи Барфї. Барои ту бад, барои ман нек! Бигзор тамоми љањон ях бандад!
Элза. Ту ба њар амали бадат љавоб медињї!
Маликаи Барфї. Хомўш! Шикорчї!
Шикорчї. Лаббай, Малика.
Маликаи Барфї. Элзаро сахт дор. Инак, ту нобуд мешавї! Як…
Олоф. Ања, нисфаш кушода шуд.
Элза (ба Олоф). Зудтар.
Маликаи барфї. Ду…

Роњзанњо давида меоянд, аз таппончањо ба чор тараф тир мепарронанд.

Роњзани 1. Ист љодугари баддил!
Маликаи Барфї. Хўш, хўш, хўш. Кињо омаданд! Эњње, худи сардори роњзанњои бањрї! Хўш, хўш… Њуљумро давом дињед. Аз дастатон чї меояд? Бо таппонча маро нест мекунед, ё бо шамшерчањои каљу зангзада? Марњамат!
Роњзани 1. Бо тамоми ќувва ба дили бадкинаи ту зарба мезанем!
Роњзани 2. Нест бод бадї!
Роњзани 1. Љангњои пањлавонї андар ин майдон кунем!
Роњзани 2. Даст агар аз тан биафтад, љанг бо дандон кунем!
Маликаи Барфї ња-ња-ња!!!

Роњзанњо ба ў наздик шуда њучум мекунанд. Малика нерўи дастонашро љониби онњо равона мекунад. Рохзанњо як-як шах шуда, ях мебанданд.
Дар ин муддат Олоф нињоят, дастони Элзаро мекушояд.

Олоф. Ана, шуд!
Элза. Ташаккур, Олоф.
Маликаи Барфї. Хўш, хўш, хўш… Акнун кї ба ту ёрї медињад?
Элза. Ту акнун ба њамаи бадињоят љавоб медињї!
Маликаи Барфї. Ту тани танњо, нерўи ту дар дастат, вале дастонат баста.
Элза. Ана дастони ман кушода!
Маликаи Барфї. Оооњ, кї дастатро кушод? Оооњ, њамин њайвонча!? Чї хел фаромўш кардам, ки вай барфї асту ях намекунад. Њозир ба ту љазои дигар медињам!
Нерўи нури дасташро љониби Олоф равон мекунад.
Элза нерўи дастонашро ба љониби Маликаи Барфї равона мекунад.
Элза. Ист!
Маликаи Барфї. Бењуда љон накан.  Зўрат ба ман намерасад.
Малефисента меояд.
Малефисента. Зўри њардуи мо ба ту мерасад! (ба Элза). Њамин тавр не, Элза!?
Элза. Албатта, апаљон!
Маликаи Барфї. Боз ин аљина кї? Оњњо, Малефисента!? Ту њоло њам зиндаї?!
Малефисента. Ту маро интизор набудї? Гумон кардї, ки аз ѓами духтарам обу адо шудам?! Не ѓамро бо шодї, ба амали нек буридан даркор. Хоњараки ў Анна ба ман дарс дода, њушёр кард. Њоло баро ба љанги мо!
Маликаи барфї. Ман туро бо як нафас нобуд мекунам! Як… Ду…
Малефисента. Мо њамроњ амал мекунем.
Элза. Њамроњ амал мекунем!

Њарду дастони худро љониби Маликати барфї равон мекунанд. Набард чанд муддат давом мекунд. Маълум нест, ки ѓолиб кї мешавад.
Олоф ёрї додан мехоњад, вале аз дасташ њељ кор намеояд, фаќат халал мерасонад. Вале нохост Маликаи Барфї ба ў бархўрда, чаппа шуда меафтад.

Маликаи Барфї. Э, ба љонам задї, одамчаи барфї. Туро об мекунам!

Нерўи дасташро ба Олоф равона мекунад. Ў шах шуда ях мебандад.
Аз фурсат истифода бурда, Элза ва Малефисента бо нерўи дасташон Маликаи Барфиро маѓлуб месозанд. Вай суст шуда меафтад. Нури дасташ хомўш мешавад.
Мусиќии кушода шудани љоду. Њама атрофиёни шахшуда - Анна, Олоф, роњзанњо, барфакњо зинда мешаванд.
Барфак давида назди Малефисента меояд.

Барфак. Очаљон! Оча-а!
Малефисента. Лили, духтаракам!
Барфак. Ман зинда шудам!
Ба канор гирифта мењрубонї мекунад. Хама шод гашта каф мекўбанд.
Элза. Анна, наљотбахши ман!
Анна. Элза, хоњаракам! Ту маро халос кардї!
Кафкўбї.
Роњзанњои бањрї меоянд.

Роњзани 1. Салом ба шоњдухтари некдил!
Элза. Салют ба капитани роњзанњои бањрї! Бо љасорати шумо шикасти љоду наздик шуд!
Роњзани 1. Фањмидем, ки некї аз бадї авлотар аст! Савганд мехўрем, ки минбаъд роњзанї намекунем, киштињои шуморо посбонї карда, сињат саломат ба манзил мерасонем!
Шикорчї њам ба худ меояд.
Шикорчї. Ввоњ, ман дар куљоям? Ба ман чї шуд?   
Малефисента. Туро маликаи Барфї љоду карда буд ва ту ѓуломи вай шуда, бисёр бадињо кардї!
Шикорчї. Ввоњ! Ба худо, ки аз њељ чиз хабар надорам.
Олоф. Ту ќариб бинии маро мекандї!
Шикорчї. Маро бубахшед. Ман аз њељ чиз хабар надорам. 
Элза. Мебахшем. Вале минбаъд аз сењри чашму абрўи љодугарон њушёр шав.
Шикорчї. Хуб, ман меравам, ки ба шумо халал нарасонам.
Элза. Не, њамроњи мо бимон. Охир соли нав мерасад. Мо њамроњ бадиро нобуд кардем, њоло њамроњ шодї мекунем! Чї мегўед?
Шикорчї. Њамроњи шумо ид кардани соли нав бароям шараф аст!
Малефисента. Мо њам ризо. Торикию зулмот ба дилам зад! Ман њам шодї мехоњам! Рўшної мехоњам!
Барфак - Лили. Шодї бо дўстони донову наљотбахш хуш аст!
Олоф. Факат дар ваќти раќс ба биниам даст нарасонед.
Роњзанњо (баробар). Мо њама њамроњ! Њамеша њамроњ! 
Элза. Бигузор дар соли нав фаќат шодиву хурсандї бошад!
Анна. Дўстиву мењрубонї бошад!
Малефисента. Сафову вафо бошад!
Роњзанњо. Шиори мо доимї бошад: Як кас барои њама! …
Њама. Њама барои як кас!
Њама. Соли нав муборак!

Мусиќї. Суруди солинавї. Раќс.


Рецензии