Даъвати Чоми. драма
ДАЪВАТИ ЉОМЇ
ШАЊРИ ФАЗЛ.
(драма)
Душанбе
2018-2023
Иштироккунандагон:
Наќшњои асосї:
1. Мавлоно Абдуррањмони Љомї
2. Султон Њусейн Бойќаро
3. Алишер Навої
4. Санљарак
5. Њанљарак
6. Хоља Ширин
Наќшњои фаръї:
1. Палвонча.
2. Љангї.
3. Рофизї.
4. Љидо.
5. Ризо.
6. Муѓанния.
7. Олим.
8. Дарвеш.
9. Баковул ва дигарон.
Амалиёт бо усули театри рамзї сурат гирифта
дањшати фољиаро равшантар месозад.
Як њунарпеша метавонад чанд наќши фаръиро иљро кунад.
Пролог.
Субњ. Теппањо. Боду бўрон. Амалиёт баробари ќироат идома меёбад.
Овози Љомї. Љон аз он лабњо њикоят мекунад,
Тўтї аз шаккар ривоят мекунад.
Дур аз он лаб љон яке нолон най аст,
«Бишнав аз най чун њикоят мекунад».
З-он лаби њамчун шакар монда људо,
«Аз људоињо шикоят мекунад».
Сукути субњи содиќ бо нидои љангљўён халалдор мегардад.
- Оташ занед! Аз гўраш берун кунед! Сўзед!
- Ин љо гўри муаллимаш…
- Гўри устодашро њам сўзед!
Аз зери Пардаи хок равони Љомї берун меояд.
Љомї. Њама як сў бувад, нодидани он гулбадан як сў,
Фироќи бекасї як сў бувад, доѓи ватан як сў.
Сањар бар љониби гулзор рафтам бањри гул чидан,
Фиѓони булбулон як сў бувад, сайри чаман як сў.
Ки њайфи одамизод аст дар ин умри ду – серўза,
Ба зери хок меафтад, кафан як сўву тан як сў.
Гулшан. Њакимон панд мегўянд, Муѓанния месарояд, Љидо мераќсад.
Муѓанния. Боз њавои чаманам орзуст,
Љилваи сарву суманам орзуст
Тавба зи май кардаму омад бањор,
Соќии тавбашиканам орзуст…
Нидои љангљўй баланд мегардад.
- Оташ занед! Аз гўраш берун кунед! Сўзед!
Парчами чингизї. Мекушанд, ѓулом мекунанд. Занонро синаву шикам бурида љанинро дур мекунанд. Гуруњњои дигар. Парчамњо иваз мешаванд.
Намоиши 1.
Њусайн Бойкаро пеш меояд, шамшер мекашад.
Султон. Як, ду, се, чор, панљ. Панљгонаи аввал, бо ман оед.
Њама якдигарро тела дода «Ман» гуфта пеш меоянд.
Панљгонаи пешмарга. Хазинаро бо љанг ишѓол мекунем!
Норозигї дар сафи панљгона. Чанде фирор мекунанд.
Султон. Куљо меравї, аблањ?
Љангї. Зар дењ, љонам дињам!
Султон. Шањрро се рўз барои ѓорат ба ихтиёри шумо мегузорам.
Њанљарак. Шодиёна дењ! Абўсаид дар љанги Оќќуюнлу кушта шуд!
Њусайн. Хуб. Адлу осоиш мекунем. Шањрро ѓорат накунед.
Ќатлу ѓорат давом меёбад. Муѓанния ва Љидоро каниз мекунанд.
Султон. Истед! Љанг тамом шуд. Накушед, ѓорат накунед! Ба шумо замин медињам, боѓу полезї кунед...
Љангї. Боѓи мо љангљой аст, доси мо – шамшери мо. Зар бидењ.
Њама. Зар бидењ!
Њусайн. Истед! Панљгонаи шоиста пеш оед. Як, ду, се чор...
Њељ кас намехоњад. Навої ва чанде дигар пеш меоянд.
Њусейн. Мукофот аз хазина гиред. Вазифањо гиред. Ту вазир...
Барои вазифа аз нав њама талош мекунанд.
Њусайн. Љангиён њамаро нобуд мекунанд. (Ба Навої). Ба љон расидам. Халќи љадид мехоњам! Чорае дарёб.
Навої. Илољи ин пири тариќат Мавлоно Абдурахмони Љомї донад.
Намоиши 2.
Њусайн ва Навої назди Љомї меояд. Маслињат мекунанд.
Њусайн. Улуси моро “љоњилу љангљўй” меноманд. Дар сари љангї ѓайри ќатлу ѓорат чизи дигар нест. Ин тамѓаи нохуш бояд барандозем.
Љомї. Мењани мо шањри фазл буд, аќлу одоб пирўз буд. Дусад соли охир љанг њамаро сўхт. Шањри фазилатро мебояд эњё кунем, ба дилу дидањо нур бахшем. Ин аст асли даъвати фазлу адл.
Султон. Одами нав мехоњам - инсони шарафманде, ки ѓуломи зар набошад ва аз шарри шайтон эмин бошад. Халќи љадид мехоњам. Љангљўеро ишора карда). Бубин ин љангиро. Бигў, кадом дўсттар дорї: ѓорати имрўзу дўзахи фардо? Ё зањмат ва бињишти фардо?
Љангї. Дар бињишт љанг ва баъди љанг ѓорату торољ њаст?
Султон. Нест.
Љангї. Пас, он бињишт нест, бадтар аз дўзах аст. Имрўз ѓорат кунам, бигирам, фардо бо Фиръавн ба оташи дўзах дароям.
Султон. Шоир Бањлул ба дарбори Њорунаррашид омад. Вазир гуфт: «Башорат бод, ки амиралмуъминин туро сардори маймунњо ва хукњо гардонд»! Бањлул гуфт: «Фармони ман ба љо ор, ки ту аз раъоёи манї».
Љомї. Одамиро нафс бероња созад. Њатто Саломонро дар шиша ба вуљуд оварда, ба воя расонданд, вале нафс дар вуљуди ў боќї монд.
Султон. Пас, чї мебояд кард?
Љомї. Барои тарбияти мардум фазилат ва адолат мебояд.
Султон. Суннатхои Ша;ри Фазилатро ба мардум шарњ дињед.
;ом;. Дар шањри ормонии фазилат – мардум нексиришт, софдиланд, баробар, бародаранд, ањлона ме;нат мекунанд, золиму мазлум нест. мардум озоданд, тамаъкору хушомадгў, чоплусу ѓоратгар зўроварию таљовуз нест. Эъмори ин шањр бо фазлу донишу хирад муяссар шавад.
Султон. Мехоњам чунин кишвар бисозем.
Љомї. Мебояд кулли мардум, ањли дарбор ба ин бикўшанд.
Султон. Њарки раияти ман аст, ба ин даъват њамроњ мешавем.
Њама. Шањри фазл мехоњем. Шањри фазл месозем. Чї бояд кард?
Љомї. Шамшер ба наём гузоред, ба донишу хирад гаравед.
Худой он чи бо мардумон мекунад,
Аз эшон тава;;;ъ ;амон мекунад.
Кунад лутф, то лутфх;й; кунанд,
Кунад нек;й;, то нак;й; кунанд.
Маяфкан ба кори раият гире;,
Худо он чи додат, ба раият биде;...
Њама. Худо он чи додат, ба раият биде;...
Љомї. Шамъ шав, шамъ, ки худро сўзї,
То ба он базми касон афрўзї.
Бо баду нек накўкорї варз,
Шеваи ёрию ѓамхорї варз,
Абр шав, то ки борон резї.
Бар гулу хас њама яксон резї.
Тўда, ѓайри чанд љангї бо њайрат шамшерњо ба наём мегузорад.
Љомї. Хоњї, ки ба сўфигарї аз худ бирањї,
Бояд ки њавову њавас аз сар бинињї
В-он чиз, ки дорї ба каф, аз даст бидињї,
Сад захми бало хўрию аз љо наљањї.
(Њама такрор мекунанд).
Гав;ар чу тавон зи кон гирифтан,
Суст; бувад аз дукон гирифтан.
;ом аз кафи дасти хеш кардан,
Об аз нами ;ўйи хеш хўрдан…
Бењ з-он, ки хурї ба косаи зар
Аз њавзаи соќиёни дигар.
Њама (такрор мекунанд).
Љомї. Дил ба ёру даст ба кор!
Њама (такрор мекунанд). Дил ба ёру даст ба кор!
Љомї. Кўш ба некї! Силоњи мо - китобу аржанг. Майдони разми мо – боѓу полез. Љиходи мо – набард бо нафси аммораи худ!
Тўда сўхтањоро ба гулзор бадал мекунанд, нону сабзавоту мева њама фаровон мешавад. Базми тараб. Тањти ин корњо панди Љомї садо медињад.
Љомї. Му;то;; бе; аз он, ки аз нокасе ;о;ат бихо;; ва обр;йи худ бирез;; ба ;а;ношиносу носипос инъом, ба сифла зар набояд дод
;азар кун зи ро;е, ки дар ; шар аст,
Ки он ра; с;йи ча; туро ра;бар аст.
Ба ро;и ;а;олат машав тезгом,
Мабар дасти мукнат ба касби ;аром…
Ханљарак. Оњ! Ин чї шўрест?! Ман кистам? Ман нестам, нестам.
Санљарак. Соњибќироно! Ин чї вазирист? - Ин гадоист!
Њанљарак. Мо њама душман куштем, фазилат моро кушт!
Санљарак. Дод аз дасти фазлу фазилат!
Султон. Як муњра људо монад, силсила канда шавад.
Њанљарак. Мо сари халќаем, намонем канда шавад.
Њама бояд ба фазл бикўшем. Ба љойи силоњ ба даст китоб гиред.
Санљарак. Китоб барои авом аст.
Њанљарак. Панди падар чунин буд: “Аспу шамшеру куштан омўз”!
Санљарак. Тахт бо шамшер нигањ доранд, на бо шеър.
Њанљарак. Тахт бо шамшер ба даст омад, вале имрўз Навої фаќат ба шоиронаш мукофот медињад.
Султон. Шањри фазилат барои осоиши кишвар, осудагии мост.
Санљарак. Ин шиори авом аст. Бо шеър хонумонро аз даст медињед.
Султон. Савганд хўрдам, ки шањри фазилат бисозем.
Њанљарак. Созед, аммо зављаю фарзандон, вазиронро ва сарварони сипоњро аз ин маъзул доред. Ба азми онон султон ва тахт эмин бошад.
Султон. Бошад. Вале фармудаи фузалоро аз раият талаб кунед.
Идомаи суњбат бо Пири тариќат.
Нафаре. Шикастарўзгорро чї тадбир мебояд?
Љомї. Сарвати дигар мебояд, ки аз газанди рўзгор шикаст наёбад: Њакиме дар киштї буд, ки дар тўфон шикаст, дороии њама ба коми бањр рафт. Ў бо тахтае рањо шуд, дар кишвари дигар афтод, на нон дошт, на зар, аммо бо илму дониши худ дар як ѓарибї ному нон ёфт, сарваташ бештар аз пештар гашт.
Бикўшед тањсили матлубро,
Бикўбед табъи хирадкўбро.
Ба матлубе оред рўи амал,
Ки аз мављи дарё наёбад халал.
Бувад њосили умр њамроњатон,
Аниси дилу љони огоњатон.
Султон. Њикмате барои салотин бигўй.
Љомї. Гўши подшоње нохост ношунаво гашт. Вазир гуфт: «Шод бош, ки растї аз ранљи овозњои нохуш. Шоњ гуфт: Гўш бањри он даркор, ки арзи озордидаро бишнавам ва њимоят кунам, то адл њукмрон бошад.
Султон. Фањмо. Ба гўшам арзи мардум нарасад, худ наздаш равам. Чун шоњони кухан бо либоси одї... Њамроњ меравем.
Њарду ба мушоњида баромаданд.
Намоиши 3.
Шом. Канори шањр. Суруди Аштар. Худаш пайдо нест. Љидо њайрон, ба суроѓи овоз пеш мебарояд.
Дил бурд зи ман ишвагаре, фитнанамое,
Зарринкамаре, каљкулање, тангќабое.
Дар њусну малоњат чї паричењра нигоре,
Дар саркашию ноз чї шўхе, чї балое!
Ту хандазанон мегузарї бехабар аз ман,
Ман гирякунон мекунам аз дур дуое.
Ризо пинњонї омада, соњибљамол Љидоро дида ишорат мекунад.
Љидо. Оњ, Ризо! Салом. Ин овози дўстат Аштар аст.
Ризо. Бале. Ман фиристодаи Аштарам. Гуфт ба ту расонам, ки бе љамоли рўйи Љидо ба оташ печида месўзам. Илоље дарёб, ки ба дидори ту шарафёб шавад.
Љидо. Бечора, Аштар. Њоли ман аз ў бадтар. Ду љавони аз кори љањон ноогоњ ба њам дил бастем, вале дар љанги охирин, љангие маро бандї карду бурд. Модарам ноилољ монд. Оташи ишќи маро хостанд бо оби сарди никоњ барњам зананд. Аммо дилам бо ў нест... Наќшае ба ёдам омад. Метавонї кумак расонї.
Ризо. Самъан ва тоатан! Њар чї фармойї, бикунам.
Љидо. Тоќати он дорї, ки њар чї гўям, ба љо орад?
Ризо Бале. Барои њамин омадам.
Љидо. Ин пироњани маро бипўш ва љомаи худро ба ман дењ, ба хаймаи ман даро, паси парда бишин.
Ризо. Ё валлоњ, чї шавад?
Љидо. Шавњари ман ќадањи шир оварад ба дасти ту дињад, ё бар замин нињад ва биравад, то бомдод дигар наояд.
Ризо. Самъан ва тоатан.
Љомаашро медињад ва пироњани занро ба бар мекунад. Љидо меравад. Љангї - шавњари Љидо ќадањи шир меорад.
Љангї. Ин аст таъоми шоми ту. Бигир.
Ризо сар ба поён афганда, назаре накард, сухане нагуфт.
Љангї. Бигир аз дасти ман!
Хост ќадањро бар замин нињад. Ризо даст дароз кард, ки гирад. Вале дасташ бар ќадањ заду вай сарнагун шуд ва шир ба замин рехт.
Љангї (дарѓазаб шуда). Ин бо ман ситеза мекунадо?
Тозиёнае аз чарми говро гирифт пушти Ризоро урён намуда, чун табл зад ва њафт пушти Љидоро дашном дод.
Ризо (худ ба худ). Маро на зањраи фарёд, ки овози маро бидонад, на тоќати сабр, ки пўст бар ман бидаронад. Бархезам ба ханљар њанљари ў бибурам ва хунаш бирезам. Вале фитна ба пой хоњад шуд ва боз хуни касон ба ноњаќ рехта шавад. Сабр мебояд.
Мард бо ѓазаб тозиёна зад, хаста шуд ва рафт.
Љидо дар ѓояти хушбахтї омад.
Љидо. Ташаккур, ай дуст. Њоли ту чун аст?
Ризо (пушти захмиашро нишон медињад). Дод аз дасти малак.
Љидо. Дило, гар оядат рўзе ѓаме пеш,
Чу ёре бошадат ѓамхор, ѓам нест.
Барои рўзи мењнат ёр бояд,
Вагарна рўзи роњат ёр кам нест. (Мераванд)
Љомї. Ба симу зар љавонмардї тавон кард,
Хуш он кас, к-у љавонмардй ба љон кард.
Ба љон чун эњтиёљи ёр бишнохт,
Њаёти худ фидои љони ў сохт.
Султон. Аблањ аст Љангї. Бо зўр мењр пайдо нашавад. Бифармоям, ки озодаш кунад ва ба дилхостааш бидињад. Адл мебояд.
Љомї. Њамаро фазл мебояд, то ќалби инсонњоро дарк намоянд.
Султон. Агар Љангиро дар уќёнуси фазилат партої, ќатрае фазл ба вуљуди ў љой нахоњад гашт, абадуддахр љоњил бимонад.
Намоиши 4.
Санљарак ва Ханљарак пеш меоянд. Санљарак зар медињад.
Њанљарак. Кам… Хеле кам…
Санљарак. Эй бузурги худо, ганљу силоњ дорї, аммо ољизї. Ба маслињат гўш дињї, хазинаро ба даст гирї, эњтимол, соњибтахт шавї.
Њанљарак. Кадом аст он маслињат?
Санљарак. Зањрро позањр мебояд. Њама фазл мегўянд, ту аз љањл бигў. Њама ситоиш мекунанд, ту накуњиш бикун. Як шоир пеши ту чист? Бигу, ки њама зари хазина барбод додааст!? Ана руќъаи тасдиќгар.
Њанљарак. Хуб аст, аммо кам аст. Султон ба ў бовар дорад.
Санљарак. Илољи дигар низ њаст. Вале ба онњо зар мебояд дод.
Њанљарак. Бошад. (Зарро бозгашта медињад).
Санљарак њуштак мекашад. Палвонча, Рофизї ва чанд мард меоянд. Бо онњо гўшакї мекунанд, зар медињад ва њама мераванд.
Санљарак (ба Љангї). Ба ту љабр карданд ман подош дињам.
Љангї. Ман љангиям, ѓайри куштан дигар њунар надорам. Шоњон дигар шаванд, вале кори ман дигар намешавад.
Санљарак. Аз ин пас ту элликбошї, ходими шањри фазилат шавї.
Ману шањри фазл – душманем чун обу оташ.
Санљарак. Мардумро аз шањри фазл безор бикун, юзбошї мешавї.
Гўшакї мекунад ва Љангї маншур гирифта, чандеро мепурсад.
Љангї. Ту аз ањли фазлї?
Дехќон. На, як кишоварзи хокпошам.
Љангї. Не? Љарима. Дањ танга… (Бо ќамчин зада пул меситонад).
Дењќон. Худоё, чаро?
Љангї. Бояд њама фузало ва уќало бошанд.
Дењќон. Чист фузуло ва уќало?
Љангї. Оне, ки андоз намесупорад.
Дењќон. Худи ту аз њамон балои охирзамонї?
Љангї. Балои андозситонам. Зар бидењ! (Ќамчин мезанад). Зар!
Дехќон. Дод аз шањри Фазилат! Худоё, аз шарри шайтон наљот дех!
Санљарак бо Шайх маслињат мекунад.
Њанљарак. Њарчї ў гуфт, ту аксашро гўй. Мо љонибдорї мекунем.
Шайх эълом мекунад. Њанљарак ва дигарон ба љонибдории ў «Ё валлоњ!» мегўянд. Сипоњї «Палвонча» норизо мешавад.
Шайх. Битарс аз ѓазаби Худо! Битарс аз ѓазаби шайх! Битарс!
Палвонча. Сипањсолор талаб мекунад: «Натарсу душманро куш»! Ту мегўї битарс. Ба кї бовар кунам? Љанг савоб аст, ё на?
Шайх. Аз ѓанимати љанг садаќаи љория бидењ, савобаш бияфзояд.
Њанљарак ва дигарон. Ё валлоњ!
Палвонча. Нохост шайх аз пешам ояду дар љайбам пул набошад…
Шайх. Надодї, ба дўзах меравї! Эњтиром накардї, ба д;зах мерав;!
Палвонча. Ногоњ чашмам ба пойи урёни раќќоса афтад, чї?
Шайх. Дар дўзах нўги пойи раќќоса ба чашмат зада медарояд!
Палвонча. Забони имомро бо шамшер буррам – чї?
Шайх. Дар дўзах шамшер биниатро њар лањза дањ бор мебурад!
Палвонча (даст ба ханљари худ мебарад). Э, онета…
Муњофизони Ханљарак ўро медоранд.
Ханљарак. Ором шав, Палвонча.
Палвонча назди Љомї меояд.
Палвонча. Њазрат, хостам имонам комил шавад, вале Шайхулислом дар дилам шак андохт: танњо садаќа ба шайх мефармояд.
Љомї. Садаќа аз муњаббати Худо бикун ва аз мукофоту кайфар наяндеш. Магар ба модари худ барои мукофот мењрубонї мекунї?
Палвонча. На. Ба модар ман мукофот дињам, ки маро офаридааст.
Љомї. Пас, ба Ў, ки њамаро офарид, чї гуна муњаббат бояд дошт?
Палвонча. Нохост чашмам ба зане афтад, ба д;зах меравам?
Љомї. Ба он зан мисли модари худ назар бикун ва азизаш дор; чун ба хоњари худ нигар бо мењр ва агар кумаке зарур аст, бирасон.
Палвонча. Агар аз ѓазаб ба касе бе гуноњ ханљар кашам, чї шавад?
Љомї. Ѓазаб васвасаи шайтон аст, эњсоси як лањза аст, на бо даст медорї, на бо чашм мебинї. Пас, он нест.
Палвонча. Пирам, шумо аз касе ба ѓазаб меоед, чї кор мекунед?
Љомї. Сифатњои хуб, корњои неки ўро ёд меорам…
Палвонча. Њазрат, шумо шайхњоро дар шеър дашном додаед-ку?
Љомї. Аз надонистан риоя накардани шариат гуноњ аст ва сад бор гунањгортар аст сарвари динї, ки дониста мардумон гумроњ созад.
Палвонча. Пирам, рухсат дињед, забони имомро буррам.
Љомї. На. Забон барои ислоњи инсон ва зикри Њаќ зарур аст.
Палвонча. Роњи кўтоњи расидан ба Њаќиќати Илоњї кадом аст?
Љомї. Шинохти худ, саркўб кардани нафси аммора.
Палвонча. Дар разм аз душман бок надорам, вале аз иѓвои ноаёни шайтони сахт дар њаросам. Шайтони раљим васваса мекунад.
Љомї. Амали нек туро аз васвасаи Шайтон паноњ дорад.
Палвонча. Гуфтанд, ки мансабро рад кардаї. Ба дарбор бирав, ки дар њимояи султон бошї ва манфиати ту бештар ба мардум расад.
Љомї. Ба девона барои њазл мансабе пешнињод намуданд. Гуфт:
- Фалак чист? Саргаштае њарзагард,
Шабу рўз ба ањли дил дар набард.
Ситонад зи Нўшервон тољу тахт,
Дињад бо чу ту золими дидасахт.
Ман аз вай чї некї таваќќўъ кунам?
Ки чун сифлагонаш тавозуъ кунам?
Палвонча. Дуруст. Аз ин пас пайрави тариќати ту шавам. (Таъзим мекунад). Бо шайхулислом чї кунам, ки маро аз дин дилсард кард?
Љомї. Ўро ба Худо вогузор.
Фиѓон зи аблањии ин харони бедуму гўш,
Ки љумла шайхтарош омаданду шайхфурўш.
Шаванд њар ду рўзе муриди нодоне,
Тињї зи дину хирад, холї аз басирату њуш.
На бар буруни вай аз ламъаи њидоят нур,
На дар даруни вай аз шуълаи муњаббат љўш.
Зи бори сар набувад ѓайри дарди гардану дўш…
Намоиши 5.
Сахни масљид. Рофизї бањс мекунад. Дертар Љомї меояд.
Рофизї. Абдуррањмони Љомї пас аз фавти устодаш Саъдуддини Ќошѓарї дар 42-солагї муршиди тариќати наќшбандия шуд. Вале пас аз муддате таѓйироти рўњї ба амал омад. Хоља Ањрори Валї аз Бухоро омада, хост таълими мантиќ ва илмњои даќиќро дар мадрасањо манъ созад, вале Љомї муќобил шуд. Дар китобаш «Силсилатулзањаб» ба дини паёмбари ислом шак меорад. Бишнавед, муршиди тариќат чї менависад:
Њазар аз сўфиёни шањру диёр,
Њама номардуманду мардумхор.
Туф бар ин сурату сират, ки турост,
Туф бар ин дилу басират, ки турост.
Ин на сўфигарию дарвешист,
Номусулмонию кофиркешист.
Нафсро њалќаи њалќум бурї,
Бењ, ки аз ин зиќќаи заќќум хурї.
Дуздию роњзанї бењтар аз ин,
Кафан аз мурда канї, бењтар аз ин.
Нидоњои норозигї дар байни мардум.
Љомї. На. Љомї шаккоки ислом нест, ба шайхтароњо таъна задааст:
Рофизї. Љомї раќси само манъ кардааст, сўфияро ќабул надорад!
Љомї. Њољати савти муѓаннї набувад Љомиро,
Љовидон бонги само аз дили худ мешунавад.
Рофизї. Ту аз ;ом; и;озат дорї, ки муњофизи осори ў бошї?
Љомї. На…
Рофизї. Пас, ту кист;? Ч; ;а; дор;, ки ба шайх шуб;а кун;?!
Љомї. Ман худи ;ом; ;астам.
Њама ба ў таъзим мекунанд.
Рофизї. Узр, ки нашнохтам… (фирор мекунад).
Љомї. Ту худ рањгумзадаї, мардумро ба куљо роњ намої?
Зи гумкардара; ра;намо; к; ёфт,
Зи дуди сия; р;шно; к; ёфт?!
Нашуста зи худ ;арфи айб аз нахуст,
Зи ту айбш;; наёяд дуруст хондан.
Палвонча пеш меояд.
Палвонча. Њазрати махдумї, бо панди шумо дењќонї кардам, боѓу киштзор њама пур аз њосил гашт.
Љомї. Касе ба фазл содиќ аст ва ба мењнат машѓул, Худованд рўзиашро фаровон кунад.
Палвонча. Дар мавсими сармоњо оњангарї мекунам ва ба љавонон илми њарбро меомўзонам. Њазрат, панде мехоњам барои шогирдони ман.
Љомї. Ба шогирдони, ба шамшеркашони љавон бирасон:
Макун майли дунёву лаззоти он,
Ки наъти хуш; нест дар зоти он.
Ти;идастию зу;ду тоатвар;,
Бе; аз моли бисёру ;урмовар;.
Њама. Ё валлоњ!
Љомї. ;азар кун зи ро;е, ки дар ; шар аст,
Ки он ра; с;йи ча; туро ра;бар аст.
Ба ро;и ;а;олат машав тезгом,
Мабар дасти мукнат ба касби ;аром.
Бо ишораи Њанљарак Дарвеш нрўи хок нишаста фиѓон мекашад.
Дарвеш. Ё Њаќ! Ё Дўст! Ё Аллоњ! Ё Њаќ! Ё Аллоњ!..
Љомї. Дар чї корї, ай бандаи худо?
Дарвеш. Њузур дорам дар хок ба фароѓат, дар домани офият печида.
Љомї. Њузур ва офият он аст, ки аз авсофи худ фонї шавї, аз ман-манї раста бошї, баќоро ба тамомї ёбї.
Дарвеш. Аз халќ безор ва гурезон шуда ба ин љо омадам.
Љомї. Бояд барои халќ ранљ кашї.
Кардї ба дил эй сўфї, асбоби љањон ширин.
Бо даъвии товусї шуѓли магасї дорї.
Дарвеш. Дармандам, даво намехоњам…
Љомї. Панљ мард ;аргиз шодиро набинад: ;асуд, кинатуз, лаими пайваста дар фикри сарват, мансабталоше, ки сазовори он нест, шайхе, ки тамаъ аз дин ва эътиќоди мардум дорад.
Марде. Илољи муњтољиву нотавонї – љайби мардуми софдил аст.
Љомї. Му;то;; бе; аз он, ки аз нокасе ;о;ат бихо;; ва обр;йи худ бирез;; ба фо;ири густох зар набояд дод; ба ба;р рехтани дурр бе; аз ба сифла зар додан; ба таълими нокасон забон кушодан бе;уда аст.
Дарвеш фавран дур мешавад.
Љомї. Фазл танњо шеъру андарз нест. Мизони фазл – мизони адлу хирад аст. Фазл дар њама корњост, дар кишоварзї, тиљорат, дар муносибат бо наздикон. Дар мусофират шаб дар хонаи дорое мондам. Ба фарзандон «шеру гург» ном монда, ба хидматгорон «гўсфанд». Гуфт: Аз гургу шер бояд битрасанд, ѓулом бояд чу барра содаву тарсу бошад. Ин магар талаби фазл аст? На, айни љањолат аст.
Намоиши 6.
Кўчањои шањр. Љомї њамроњи Султон дар шањр мегарданд.
Султон. Шањр обод, мардум шод. Киштзору боѓот серњосил, канори љўйи Инљил дар мадрасањо, удабову уќало ба љавонон илм меомўзанд. Дар шањр мегардем, ки агар бечорае, муњтољи ёрии мосту ба дарбор роњ наёфтааст, ба имдодаш расем.
Садои нолаи Олим - марди хастаи ќаландармонанд.
Дардмандам, ољизам, бемори танњову ѓариб,
Њоли худ машрўњ гуфтам, ваќти лутф аст, эй табиб.
Љўшиши дарёи фазлат неку бадро шомил аст,
Гарчи аз бад бадтарам, њошо, ки монам бенасиб
Љомї. Ин Олим, ошиќи муѓанния аст, аммо илољ надорад. Чунки дўшиза асира ва канизи Љангї аст.
Дар боѓ савту наво. Гулпарї мехонад.
Гулпарї. Хуш он, ки висоли ту муяссар шуда бошад,
Чашмам ба љамоли ту мунаввар шуда бошад.
Резам зи мижа ашк дамодам, ки бишўям,
Гар ѓайри љамоли ту мусаввар шуда бошад.
Олим. Ораз аст ин, ё ќамар, ё лолаи њумро-ст ин?
Ё шуои шамс, ё оинаи дилњост ин?
Ё Раб, ин хуршеди тобон аст, ё моњи тамом?!
Ё фаришта, ё парї, ё шўхи бепарвост ин?
Љангї меояд. Султон ба ў зар медињад. Ў Гулпариро мебахшад.
Султон. Ай шефтаи њунару зебої, аз васли аруси ормониат шод бош ва ба камоли илм машѓул бош.
Олим. Обам зи карам ба рўйи кор овардї,
В-аз мављи фироќам ба канор овардї,
Сабрам ба дил аз ѓами фигор овардї,
Хобам ба ду чашми ашкбор овардї. (Мераванд).
Султон. Шодам, ки мардум ѓайри ѓами ишќ ташвише надоранд.
Пиразане меояд.
Пиразан. Эй шохи олам, арзам шунав.
Як-ду бедодгар зи лашкари ту –
Дар ра;и ;а;ру зулм ёвари ту,
Ба мани хаста ѓорат оварданд,
Сабадам з-орзу ти;; карданд.
Ин ч; шо;ию мамлакатдорист,
Дар дили хал; тухми гамкорист?
Даст аз адлу дод доштаи,
Золимон бар ;а;он гумоштаи!
Чашм бикшо чу о;ибатбинон,
Бинигар ;оли зори мискинон.
Султон. Аз чї шиква дорї?
Пиразан. Бишунав, ки њар љой шањру дењ аст,
Яке сифла бар халќ фармондењ аст.
Ќаноат намудан ба нокому ком,
Бад ин ногувор обу нохуштаъом
Кисаи мазлумро холї макун,
Пайи золим ба он олї макун.
Оќибат, ин шева гардад шеванат,
Хам шавад аз бори њар ду гарданат.
Султон. Љангиён мудофеи ману ту, фарзандони моянд.
Пиразан. Он ки бошад бадсиголу бадсиришт,
Дар сараст ўро њазорон хўи зишт.
Фарзанд мебояд, к-охир дар дуо
Марги ў љустан набояд аз худо.
Султон. Чї бояд кард?
Љомї. Мебояд, ки фазл бар њама хосу ом яксон пирўз гардад. Људо мондани як гурўњ боиси гусаста шудани халќа гардад.
Султон. Ба эмори шањри фазилат бикўшед. Ай модар, биё бо ман ба дарбор, уќубатдињандаи туро уќубати алим кунам. (Мераванд).
Намоиши 7.
Њанљарак. Эй вой, сарват чун реги биёбон ба пойи худ меояду аз байни ангуштон шорида меравад. Ба ин њама шањри Љомї гунањгор. Он чї барои лашкар фармудем, тањти назорати Навої аз даст рафт.
Санљарак. Зањрро позањр бояд. Ду маслињат дорам, њар кадом баробари як киса зар. (Њанљарак зар медињад). Ба писари султон Љомию Навоиро бад кун, бигў ки Султонро ба писар бад мекунанд. Маслињати дигар акси ин аст: Салотини Турк, Рум, Ироќ, Њинд ба Љомї сидќу ихлос доранд. Озими Оќќуюнлу њастї. Китоби Љомиро ба њокими он Султон Яъќуб њадя бар,Љомї – сабабгори бадбахтии моро, ситоиш бикун. Бигў, ки доим машѓули шеър аст, дар суњбат латиф аст ва њаркї андуњгин бошад, њузнаш бартараф шавад. Аз китоби ў ѓазале бихон.
Њанљарак. Ман шеър хонда наметавонам.
Санљарак. Хайр, аз шиорњояш бигў: «Дил ба ёру даст ба кор»…
Њанљарак. Баъд чї мешавад?
Санљарак. Султон Яъќуб шод шавад, туро инъом дињад ва боз шоњи мо ба ту вазифаи наве бахшояд.
Њанљарак. Бошад. Њадя бигир. (Зар медињад. Мераванд).
Намоиши 8.
Султон ва Навої меояд.
Султон. Чаро шайх Луќмонро љазо фармудї? Ў 20 сол мутаваллї буд, соле 150 њазор тангаро мунсифона масраф мекард.
Навої. Вале чун садр шуд, ба манфиати худ сарф кард. Ин аст санад.
Султон. Минбаъд њар фармонро, дар он муњри давлатї њам бошад, мебояд нахуст Вазири аввал «аз ин воќифам» гуфта имзо кунад. Минбаъд дар њама сафарњо маро њамроњї мекунї.
Навої. Сипосгузорам.
Султон. Чаро табъи латифат шикаста аст?
Навої. На, шодам. Њоло дидам, ки камтарин ходими султон чунон њашамат дорад, ки шоњ Кайковус ё Хисрави Парвез надоштанд: ясавулон мардумро аз роњ ронданд ва дар тахти равони бо дурдонањо мурассаъ Пири Баковул омад. Шукуњаш аз шоњи Чин болост.
Пантомима: Мансабдор дар тахти равон дар китфи љавонон савор, мегузарад, ќамчин мезанад, дашном медињад, тўдаро тела медињад.
Султон. Пирхари Баковулро луч карда, ба хар савор карда, дар бозор гардонеду гўед, «њаркї аз њад гузашт, чунин љазо гирад»! Лаънати худо бар ту бод! (Ба Навої). Чаро шањри фазилат таъсир надорад?
Навої. Искандар барои дафъи яъљуљу маъљуљ садди баланде аз оњану санг сохт. Садди мустањками мо ирфон аст. Вазиру кабир ба љойи илму њилм дар базми шароб ѓарќ гаштанд ва њалќа гусаста шуд.
Султон. Душман зиёд аст. Барои пирўзї вазиру зару силоњ даркор.
Навої. Ба љоњил силоњ кор наояд. Пирўзї аз мењру ихлос шавад.
Султон. Пирўзиро ман бо шамшер ёфтам! Инро ба ман вогузор. Вале хабар омад, ки барои эъмори мадраса зари зиёд масраф кардаї. Ин тањќиќ фурсат металабад. Мехостї фориѓ аз дарбор, дар танњої фаќат бо навиштан машѓул бошї. Барои амнияти худат, то анљоми тањќиќ дар “узлатгоњи хосони” дарбор бош. Агар ба дилат зад, хабарам дењ.
Навої. Яъне, ба мањбаси хос дар тањхонаи дарбор?
Њар дам расад зи олами боло мадад маро,
Бар сар бас аст сояи он сарвќад маро.
Муњтољ нестам, чу Сикандар, ба тољи зар,
Оинаам, бас аст кулоњи намад маро. (Меравад).
Намоиши 9.
Њанљарак ва Санљарак меоянд.
Санљарак. Хўш, њазрати њумоюнї, сафар ба Оќќуюнлу чї тавр гузашт? Султон Яъќуб ба девони Љомї чї бањо дод?
Ханљарак. Эњ, сафар хуб буд, вале китоб... Султон Яъќуб пурсид: «Дар ин сафари дурудароз хаста ва малул нашудед»? Љомиро ситоиш карда гуфтам: «Моро дар роњ мусоњибе буд, ки маломат дар пиромуни хотир намегузашт». Шоњ пурсид: «Кї буд он мусоњиб»? Гуфтам: «Девони марѓуби Мавлавї Љомї, ки мир Алишери Навої барои љанобашон фиристоданд. Дар роњ њаргоњ андак малолате даст медод, бар ин китоб рўй меовардем ва он тамоми ѓубори хотирро мезудуд».
Санљарак. Хўш баъд чї шуд?
Ханљарак. Бало шуд: Султон Яъќуб китобро кушода, унвонашро хонда бо њайрат гуфт: «Шояд шумо на «Девони Љомї», балки «Футуњоти Маккї»-ро хонда бошед? - Маълум гашт, ман ба љойи девони Љомї китоби Ибн ал Арабї «Футуњоти Макки»-ро бурдаам.
Санљарак. И-ењ, ња-ња-ња. Шумо хам хонда наметавонед?
Ханљарак. Кам-кам мехонам, вале чашмам зхира шудааст.
Санљарак. И-е ња-ња-ња. Ягон боре китобро накушодед. И-е ња...
Њанљарак. Бас.
Санљарак. Аќаллан сарвати худро њисоб карда метавонед?
Ханљарак. Ваќте аз як лак гузашт, дигар њисоб накардам. Љомиро чї тавр мот кунам?
Санљарак. Њар кор карда тавонї, илло мот кардани Љомї. Ў бартар аз офтоб аст. Бењ он, ки бо ў ќарин бошї ва бо дилёбї дуояшро бигирї, то ба Султон наздиктар шавї. Як фикр ба сарам омад… (Њанљарак зар медихад). Кам… Шаљараи худро ба Љомї бар ва тасдиќи онро бихоњ.
Њанљарак. Туро ба љои Алишер пешбарї мекунам. (Мераванд).
Намоиши 10.
Њанчарак ва Санљарак меоянд, дасти султонро мебўсанд.
Њанљарак. Каромот кардед, соњибќирон. Дар Хуросон чил вазир аст, њар кадом аз Алишер болост.
Санљарак. Навоиро шумо ба осмон бардоштед. Шеъри шумо олист.
Дањанат гул, чењраат гул, ќадат тубо, хатат сабз,
Худовандо, наояд боди хазон бар њусни ту њаргиз!
Њанљарак. Олї! Офарин! Тасаддуќ! Султони соњибќирон, њар сухани шумо дурру гавњари суфта аст. Барои муолиља њавзи шарбат омода.
Султон (менўшад; ба Ширинї). Бирав аз њоли Навої хабар биёр.
Ширинї. Ба чашм. (Меравад).
Базм. Раќќосагон мехироманд. Муѓанния месарояд.
Биноз, эй чашми ш;хат фитнаи хубони Туркистон,
На чашм аст он, ки динѓораткуни то;ику турк аст он.
Ба лутфи р;и гулгунат нар;яд лола бар са;ро,
Ба шакли ;адди дил;;яд нахезад сарв дар б;стон...
Ходими хос меояд. Ба султон санаде медињад.
Султон. Хуб... (Ба вазирон). Собит гашт, ки ба Навої туњмат кардед. Тафтиш оѓоз шуд, гунањгорон љазои сангин мегиранд.
Ширинї меояд. Номаро медињад.
Ходим. Султонам, Навої мегўяд, ки ба ў мањбас маъќул аст.
Султон (мехонад). Гар дар дили ту гул гузарад, гул бошї,
В-ар булбули беќарор – булбул бошї.
Хирадманд агар љо ба зиндон кунад,
Зи табъи хуш онро гулистон кунад.
Ширин. Зару мансаб ваъда дињед, давида меояд.
Султон. На. Сиришти ў дигар. Барои густохї, дањ сол дар як њуљра бо Навої бинишин.
Ширин. Рањм кунед, зани љавонам чї мешавад? (Ўро мебаранд).
Султон. Ку бинем, шоир чанд муддат ба љањл тоќат мекунад?
Намоиши 11
Мањбас. Торикї. Хомўшї. Навої шамъ меафрўзад. Шеърхонии Љомї пеши назари Навої меояд..
Љомї. Хирадманд агар љо ба зиндон кунад,
Зи табъи хуш онро гулистон кунад.
Навої. Аз шеъри устод Љомї дилам равшан гашт.
Сафои ањли покфарљомї – Покфарљом, покфар Љомї.
Њамеша пушту паноњи ман аст; Ќиблаву устоду пири ман аст.
Ё валлоњ, бо ёди шумо, њамаро мебинам. Ширину Фарњодро...
Ќалам, к-ў рањнаварде њаст чолок,
Бувад манзил мар ўро фавќулафлок.
Хоља Ширин меояд. Навої ба ў ањамият надода, менависад.
Ширин. Барои ба хидмат нарафтанат маро назди ту партофтанд!
Навої. Малак гуфта зи сўзи дард огоњ.
Миёни ањли ишќ афтода бас љўш…
Ширин. Оњ, мемурам. Ба додам бирас.
Симоњо дар торикї ѓайб мезанад.
Навої. Бо омадани ту њама рафтанд. Ману туву санги сард мондем.
Эй шаби ѓам, чанд дур аз рўи ёрам мекушї?
Зинда медорам туро, бањри чї корам мекушї?
Ширин. Алишер, хастаљонам, нотавонам, афгорам.
Навої (бо ишора ба хомўшї даъват мекунад).
Бифармуданд дар ин нотавонњо,
Ба кўњи дарду мењнат хастаљонњо...
Ширин. Бо деву љин гап мезанї? Бечора, девона шудааст.
Навої. Ба Хусрав њамчу абри навбањорон,
Зи тири оњ карда тирборон…
Ширин. Оооњ, ммаро тирборон мекунад!?
Навої (дилашро дошта навиштанро давом медињад).
Занед оташ зи афѓон кишварашро!
Бисўзонед тољу асфарашро!..
Ширин. Маро оташ мезананд!?
Навої (бо ишораи). Хомўш…
Басе хун хўрдаї дар њамдамињо,
Басо ѓам дидаї дар мањрамињо.
Ширин. Ооњ, хўрдан мехоњам. Гуруснаам.
Навої. Ммм… (хомўшона пешаш нон мегузорад).
Ширин. Оњ, кош инро бо мусаллас мехўрдам!
Навої. Ором нишин, илтиљо мекунам. Охири ќисса марг аст...
Ширин. Охири ќиссаи ман – марг дар зиндон…
Навої (бо душворї менависад).
Бидењ соќї, ба ман як љоми ќотил.
Намуда лаб ба лаб зањри њалоњил,
Ширин. Ба ман њам љом дењ. Шароб дењ..
Навої. Навої, шав фано, хоњї агар ком,
Ки гаштанд инчунин Фарњоду Бањром.
Агар созад маро ин љом пайваст,
Чу онњо низ бар хоки фано паст…
Ширин. Ба ман њам шароб дењ... (Навої).
Навої (об медињад). Дарвоќеъ, суњбати љоњил сахт душвор аст.
Коѓазњояшро љамъ карда, мебарояд.
Намоиши 12.
Њанљарак назди Љомї меояд.
Њанљарак. Мавлоно, ман насаби худро омўхтам, ба шараљаи асњоби пайѓамбар, ба амуи ў Абдулаббос пайваст. Ба дурустии шаљара вазирон, ќозию муфтї имзо гузоштаанд. Шумо њам тасдиќ кунед.
Љомї. Ибо мекунам ба номаи чунин шахси мутабаррак даст барам.
Санљарак. Бок нест. Бо имзои худ тасдиќ намоед, кофист.
Љомї (ба зери он менависад). Бифармой.
Њанљарак. «Онро, ки бувад нури набї дар башара,
Њољат набувад ба тўлу арзи шаљара,
В-онро ки зи рух натобад ин нури сара.
Шаљра надињад ба ѓайри лаънат самара»... Э, хўш-е.
Љомї. Шарафу эътибори одам на ба аљлод, на сарвату мансаби ўст. Некихо бикун, то ворисонат аз ту ифтихор кунанд.
Њанљарак. Шумо њам кори нодуруст кардед: ба љамъ кардани андози давлат халал эљод намудед. Ана, он мўзадўз, аз се мўза ба яктоаш андоз надод. Ба љойи насињат, андози ўро шумо додед?
Љомї. Ў аёлманд аст.
Санљарак. Ў шиа аст. Чаро шиамазњаб ба мањфили шумо меояд?
Љомї. Ба мањфили адабии мо яњудиву насоро њам меоянд.
Санљарак. Ин хато! Замину бино додем, аз андоз озод кардем…
Љомї. Замин ба мадраса ваќф шудааст. Биноро бо дасти худ сохтем. Вале андози ушронаро пардохт кардем.
Санги озор мазан бар дили арбоби сафо,
К-омад осон шикани шишаву мушкил пайванд!
Санљарак. Шумо султонро тањќир мекунед: «Ба ;асри ишрату айвони айши шоњон бин; Ки зоѓ наѓмасаро гашту чуѓз ќофиясанљ». Бояд васфи дарбор кунед, вале бо афсонаи Искандар овора ва бо таънаи шоњ:
Зи хони наволаш замон дар замон
Гадоро ;амон асту ша;ро ;амон.
Басо ша;, ки дар заъфу суст; бувад.
Насиби гадо тандуруст; бувад...
Љомї. Ба афсона фурсати умр кофї нест. Ин панди Афлотун аст.
Машав ;арраи ;усни гуфтори хеш,
Нак; кун чу гуфтор кирдори хеш.
Чу кирдори носе; бувад нописанд,
Наси;ат кай афтад зи вай судманд.
;алоки ту дар х;йи зишт аст, лек
На;оти ту бахшад аз он х;йи нек.
Санљарак (гаранг шуда). Ана ин сахењ аст…
Љомї. Ин аз панди Арасту буд. Инаш аз Файсоѓурас (Пифагор):
Агар лаб гушой;, ба ;икмат гушой,
Машав ;амчу бе;икматон жожхой.
В-агар не, зи гуфтор хом;ш бош,
Пайи фа;ми ;икмат ;ама г;ш бош.
Санљарак. Наѓз…
Љомї. Чу му;рим шавад аз гуна; узрхо;,
Гуна; дон та;офул зи узри гуно;.
Санљарак. Ин аз худатон…
Љомї. На. Панди Искандари Маќдунист, дархўри шањри фазл аст:
Санљарак. Хайр, бошад. Вале љињати њаљљи акбар ба шумо фулусе намедињам. Бигузор Афлотуну Арастуву Искандар пул дињанд.
Љомї. Харољоти њаљ барои њамроњонам низ аз њисоби ман аст.
Санљарак. Шумо аз њимояти Навої даст кашед ва шаљараи маро тасдиќ кунед, билоивазаш аз хазина маблаѓи њаљро медињам.
Љомї. Њаргиз! (мехонад, халќ њар сатрро такрор мекунад).
Ба дандон рахна дар фўлод кандан,
Ба нохун роњ дар хоро буридан,
Фурў рафтан ба оташдон нагунсор,
Ба пилки дида оташпора чидан,
Ба фарќи сар нињодан сад шутур бор,
Зи Маѓриб љониби Машриќ давидан.
Басе бар Љомї осонтар намояд
Зи бори миннати дунон кашидан. (Меравад).
Дарбор. Њанљарак хомўш, ба зону менишинад. Санљарак меояд.
Ханљарак. Гўё бонг аз осмон омад, барќ маро сўхт.
Санљарак. Султон ба ў эњтиром дорад. Туро љазо дињад.
Њанљарак љомаашро ба Санљарак медињад. Бигир. (Меравад).
Санљарак. Ба султон шиква мекунам. Боз андаки дигар сабр мебояд.
Султон меояд, Санљарак гирди ў мечархад.
Санљарак. Соњибќироно, шод бошед, ки њама раият ходими шахри фазилат шуданд, њама кишвар дар ѓояти фазлу адл аст. Чанд љоњили ёѓї, ки аз фазл дур шавад, понсадбошї Љангибек љазояш дињад.
Љангибек (таъзим карда). Шамшери ман дар хидмати ањли фазл аст.
Санљарак. Њарду љањон пешкаши шумо. Як нома. (Нома медињад).
Султон. Вазири кабир! (Њанљарак омада таъзим мекунад). Тинљист?
Ханљарак. Соњибќироно, аз хираду заковати шумо, гургу барра аз як чашма об менўшанд. Овозаи шукуњи шумо ба кулли мамолики љањон расидааст. Чандин сол шуд, ки дар Њирот ѓам намонд, бахт дар Хуросон хона кардааст. Дар љавоби хидмат барои шумо њавзи шароб сохтам. Лутф кунед. (Љоми шароб медињад).
Султон. Њама кишвар осуда, чаро тараб накунем?
Лаби ёр кони шаккар, чаро талаб накунем?
Њанљарак. Ањсан.
Султон. Касе ба гарди фазилат нарасад, њарду љањон бой дињад. шумо дар кадом паскўчаи шањри фазилат дармондед?
Ширин. Дар оѓўшаш: Фазилатро кофта-кофта, аз як дења ёфтаму ба никоњам даровардам. Ана, соњибќирон…
Ширин раќќосае меорад. Хандаи умум. Мусиќї. Ў мераќсад.
Султон. Аз љойи љонаш ёфтї. (Ханда). Аммо халоиќ љустуљўро идома дињад, то бадномии мо «љангиёни љоњил» нопайдо шавад. Ин «нома»-ро бин. (Номаро ба Њанљарак дода, меравад).
Санљарак хавотир гашта гирди Њанљарак мечархад.
Санљарак. Бузургвор, номаро дињед… сањве шудааст…
Њанљарак. Гир. Не, ист. Чї сањве? (Мехонад). Кї хато кардааст?
Санљарак. Ман хато кардам. Љойи ман оташи дўзах бод…
Ханљарак. Шикоят аз болои ман?! Хоин... Љазо чист?
Санљарак. Ин љомаи зарин, бадраи зар, тасаддуќи шумо.
Њанљарак. «Кўш ба зару мансаб»! Вале на бо хиёнат ба ман.
Санљарак. Ман њам аз шумо (чорпо меистад, ќамчин медињад).
Њанљарак (савор шуда). Их, љонвар! Ба њавзи Кавсар! (Мераванд).
Намоиши 13.
Баѓдод. Бозгашт аз сафари њаљ. Мањфили удабову уламо.
Рофизї Фатњї пеш мебарояд.
Рофизї. Ман дар сафар њамроњи ин љамоат будам, китоби «Силсилат ул зањаб»-ро, ки Љомї ба расми ёдгор ба китобхонаи Мадина мебурд, гирифта хондам. Љомї дар њаќќи Њазрати Алї носазо гуфтааст.
Љомї
Рофизї китобро кушода ба хондан шуруъ кард
Љомї (бо њайрат). Аз инњо, ки мегўї, мо хабар надорем. (Китобро аз дасти рофизї гирифта назаре кард). Ёрон, паноњ мебарам аз аз шарри шайтон ва туњмати ногањон. Худо њозиру нозир, ки нуњ байти мобайн аз ман нест, бофтаи кадом рўсиёњест. Бинеду ин вараќи китоб хати каси дигар ва коѓазаш баѓдодист, коѓази авроќи дигар њиротї.
Вараќњоро ба ањли маљлис нишон дод. Онњо дида тасдиќ карданд.
Љомї. Ваќте дар ин достон амиралмуъминин Алиро тавсиф кардем, аз сунниёни Хуросон њарос доштем, ки моро рофизї нахонанд. Њоло дар хиттаи Баѓдод ба хушунати ин тоифа гирифтор шудем. Аз ин ѓавѓою низои шеию суннї ба љон расидем. Ин фитна оламро хароб мекунад.
Эй муѓбачаи дањр, бидењ љоми маям,
К-омад аз низои сунниву шеї ќаям.
Гўянд, ки Љомї, чї мазњаб дорї?
Сад шукр ки сагсунниву харшеї наям.
Биёбон. Љомї ќадам мезанад.
Љомї. Машав фирефтаи њусни сурат, эй дарвеш,
Ба рўи шоњиди маънї кушой дидаи хеш.
Тариќи аќл рањо кун, ки ње; кас нанишаст,
Ба садри ќурб ба тадбири аќли дурандеш.
Ку;ост шањна, ки то шањрро бипардозад,
Зи сифлагони мусулмоннамои кофаркеш.
Шубон ба хок в-аз он бехабар, ки афтодаст,
Њазор гург фузун дар рама ба сурати меш.
Намоиши 14.
Манзили Љомї. Гурўњи шоирон бо Навої меоянд.
Навої. Ид муборак, устоди азиз!
Ахтари ў ќутби тариќат шумор,
Кошифи асрори њаќиќат шумор.
Мадрасаи Ќудс бувад масканаш,
Хонаќањи Ќудс бувад маъманаш…
Љомї. Ид шуд, ;ар кас зи ёре идие дорад ;авас,
Иди мову идии мо - дидани р;и ту бас.
Иди мардум дидани ма;, иди мо - дидори ту,
;амчу иди мо муборак нест иди ;ељ кас.
Навої. Чї хуш гуфтед, устод. Идии маро бипазиред:
Лалову гул аз таљаллии ту ба хубї
Ќумрию булбул зи шавќи ту ба алоло
Дар рухи рўз аз рухи ту борикаи мењр,
Дар дили шаб аз ѓами ту мояи савдо.
Биної. Бинњод њафт ахтар аз чарх рўй бар хок,
То тофт њафт ахтар аз осмони Љомї.
Пайѓоми ёр орад, сад гул ба бор орад
Бўйи бањор орад килку банони Љомї.
Ширин меояд.
Ширин. Маншури султонро расонам… Э, аввал шикам ќўр гирад…
Љомї. Њарчанд чу бањр талхкомї,
Ин ком туро бас аст, Љомї.
К-аз мављи маоният зи сина
Афтод ба соњил ин сафина.
Фархундатар аз сафинаи Нўњ,
Ороми дилу сакинаи рўњ.
Љомї. Мекашад доме пайи сайди магас чун анкабут,
Шо;бозе ку, ки аз ;ам барканад ин домро?
;ом;, ба мулку молу ба ;ар сифла дил мабанд,
Кун;и фароѓу ган;и ;аноат туро бас аст.
Љомї. Њиљогўи машњур Ќозизодаи Сиистонї. Тавфиќ рафиќат бод.
Навої. Хуб аст, ки адибони њама шањру вилоят гирд омадаанд. Муњаммади Бадахширо низ мебинем. Њамаро аз њисоби ман дар хобгоњи мадрасаи Ќудс љо кунед. Шумо воизони шањри фазилат мешавед.
Њама шогирдон. Ташаккур.
Навої. Устод, ният кардам “Хамса”- ро ба туркї нависам, ки туркон аз хиради љањон огоњ шаванд.
Љомї. Тавфиќ рафиќат бод!
Ширин. Вале мегўянд, ки туркї шеваи шеър нест.
Љомї. Шоир - биёбоннаварди сухан аст, бо забон заргарї мекунад, дурр суфта, ганљи маънї меёбад.
Ширин. Вале дар туркї серсадотарин вожањо - “тир, камон, љанг, хун, ѓазаб, теѓу ханљар” авлост. Бо ин вожањо шеър мешавад?
Сиистонї. Бале, Мавлоно Абдурањмони Љомї гуфтаанд:
Осудадило, њоли дили зор чї донї?
Хунхории ушшоќи љигархор чї донї?
Њаргиз нахалида ба кафи пои ту хоре,
Озурдагии синаи афгор чї донї?
Њама. Ё валлоњ!
Ширин. Мир Алишер, хабари хуш дорам.
Навої. Валлоњ, ки аз ту ягон хабари хуш интизор нестам. Бигў.
Ширин. Султони љањон шуморо мехонад. Кори љањон дар аљала.
Навої. Гуфтам: фалакам ба њар тараф рондааст,
Саргаштагї орандаву гирёндааст.
Њазрати махдумї, базмро давом дињед. (Пасттар). Маро ба Балх мефиристанд. Шањзода ошўб кардааст. Бояд ба сулњ моилаш кунам.
Љомї. Ин ;ама хуноба, к-андар чашми гирёни ман аст,
Гашта пайдо аз ;аро;ат;ои пин;они ман аст.
Парда аз рози дилам чун ;унча бархо;ад гирифт,
Чок;о, к-аз шав;и он гул дар гиребони ман аст.
Навої мањзун меравад. Њама ўро гусел мекунанд.
Љомї. Њарчи барои шањри фазл кардем, нек аст, ходимонаш – шумо адибу олим, барзгару шањриёронаш шуњраи офоќ шуданд; овозаи неки корњои нек, шеъру њунари шумо ба кишварњои дигар расида, асрњо бимонад. Вале канда шудани мухрањои ин силсила оќибати нохуб оварад: чанд тане, ки дар банди љањл монд, чун зањри њалоњил шањри ормониро ба халокат расонад.
Биё, ай ашк, то бар њоли зори хештан гирям,
Чу шамъ аз мењнати шабњои тори хештан гирям.
Надорам мењрбоне, то ба њоли ман кунад гиря,
Њамон бењтар, ки худ бар њоли зори хештан гирям.
Пайроњае, ки Мавлоно меравад, пурнур, дигар љойхо торик мешавад. Љомї чун дастаи нур сўи осмон меравад. Сурудњо аз Шашмаќом аз ашъори Љомї ба нишони мотами ў.
Намоиши 15.
Султон ва Навої пеш меоянд.
Султон. Сутуни ќалби орифон, ќутби дин афтод. Халќ туро чун шогирди Љомї эњтиром дорад. Рисолати устодро давом дењ.
Навої (бо андўњ). Њарчї тавонам, барои осоиши мардум бикунам.
Султон. Вазирон пешнињод карданд, ки ошўби писарамро дар Балх бо љанг фурў нишонам. Њарчанд хун рехтан намехоњам. Аммо барои лашкар силоху озуќаи бештар зарур аст. Ва бояд аз мардуми шахр андози нав ситонем. Ин кор ба ухдаи шумост.
Санљараку Ханљарак. Ба чашм.
Навої. Соњибќирон, аз мардум се мох пеш хирољ ситонидем, хилофи адл аст, ки барои султон муим аст. Боиси озурдагии мардум шавад.
Санљарак. Шањрро ошўбгарон ба иаѓаллуб гиранд, адл шавад?
Навої. Чун сухан мушкилотро њал кунад, чаро хун рехта шавад?
Њанљарак. Лашкари тавоно забони ошўбгарро бубандад.
Санљарак. Бе зар касе њомии давлат нашавад.
Навої. Байни лашкариён нищ бояд фазлро тарѓиб мекардем.
Њанљарак. Мир Алишер, шеър назди шамшер њељ аст. Соњибќирон, мо худ хирољи зарурї љамъ мекунем.
Навої. Истед. Ман дигар ба чизе эњтиёљ надорам. Хазинаи худамро мебащхшам. Истифода баред.
Султон. Њама аз ман барои хидмат зар талаб мекунанд, ту њам хидмат мекунї, њам зар медињї. Ин талаби шахри фазл, салтанати хирад аст? Эй кош, њамаро ба шањри адлу фазл мекашидам.
Навої. Њоло њам сари ваќт аст.
Султон. Алишер, хиинари лашкарро тањти назорати худ бигир. Ба каси дигар бовар надорам. Бирав ба шањри Балх, фарзанди маро моили сулњ гардон, бе љанг созиш кунем. Ин кор танњо аз дасти ту ояд.
Навої. Ба чашм. (Њарду мераванд).
Санљарак ва Њанљарак афсўс мехўранд.
Њанљарак. Боз луќмаи моро аз дањони мо кашида гирифт.
Санљарак. Як роњи халосї аз Алишер њаст: Ўро ба султон ситоиш кунед ва маслињат д ињед, ки ходими хос бошад ва дар сафарњои љангї хамроњї кунад. Ваќти бозгашти султон берун аз шањр ба истиќболаш равад ва сад ќадам аз асп пиёда шавад, то дар дили Султон шод гардад.
Њанљарак. Аз ин ба мо чї фоида?
Санљарак. Ох, деви љањл, каме фазл набошад, туњфа дињед: мо ба њар бањона Алишерро чанд муддат пеш ба истиќболи султон фиристем. Пир асту бемор, дар гармову сармо зуд бошад, ки озими малакут шавад.
Њанљарак. Шогирди кадом мактабї, ки чунин доної?
Санљарак. Мактаби шумо, пирам.
Њанљарак. Њмм… Нињояти кори мактаби ман чї шавад?
Санљарак. Яккатози майдон мешавед.
Њанљарак (зар медињад). Хамроњ майдондорї мекунем. (Мераванд).
Намоиши 16.
Султон њамрохи Хоља Ширин меояд.
Султон. Њама рафтанд. Алишер њам маро тарк кард. Танњоям. Аз Балх чї хабар?
Ширин. Писар боз ошўб кард.
Султон. Онњоро аз сабаќи фазл дур кардам, натиља ин шуд. Навої нест, ки ўро ба ифоќа оварад.
Санљарак ва Њанљарак меоянд. Љоми шарбат медињанд
Санљарак. Соњибќирон, ваќти нўшидани даво расид.
Султон. Хайрият, ту њастї. (Менўшад. Мекалавад).
Њанљарак. Ваќт аст истироњат кунед. Лашкар омода аст.
Санљарак. Бале, султони љањон.
Ханљарак. Вале… Хокам ба дањан, соњибќирон… хазина холї.
Султон (ба Санљарак). Туро вазири аввал таъин мекунам.
Њарду. Лаббай?! Тасаддуќ….
Султон. Маблаѓро пайдо кунед. (Меравад).
Санљарак (ба Њанљарак). Сад њазор танга биёред.
Њанљарак. Ба чашм. Либосу мўзаашро медињад, чорпо мешавад.
Санљарак болояш савор шуда, халачўб зада меронад.
Њанљарак (ба худ). Не, ин кам. Ту вазифаи маро гирифтї, ман љон ситонам. Шунидї? - Писари султон ќароргоњро ињота кардааст!
Санљарак. Ўро чї њаддест? Султон бо як зарба пора-порааш кунад.
Ханљарак. Писар ѓолиб гашт. Акнун ќасос аз ту гирад. Гаронтар ин чизат - аёлу фарзандон бигиру пинњон шав.
Санљарак. Гаронтарин чизам - як ароба зару сим, ду ароба алмос. Биё, дар анбори нињонии ту пинњон кунем.
Ханљарак. На, ман њам эмин нестам. Аёлу фарзандонат бо пирањани куњна аз шањр берун бар, хизматгорро бигў, зару симро дар халтањои куњна ба боѓи ман барад, боѓбон дар љое гўр кунад, ки њељ кас наёбад.
Санљарак. Ташаккур. Умре ѓуломат мешавам.
Ханљарак. «Гав;ар бењ бувад аз вазир гирифтан». Мераванд.
Халтањои пурро мебаранд. Ќатор охир надорад.
Овози Љомї. ;авме ба ;авои ;а; дар ;атъи биёбон;о,
;амъе зи нишоти май дар тарфи гулистон;о.
В-ин тоифаи дигар бо доѓи ѓамат фориѓ
;ам аз тараби ин;о, ;ам аз талаби он;о.
Њанљарак (пеш меояд). Базми тараб омода.
Мусиќї. Султон шароб нўшида мехуспад. Ходими хос меояд. Вазир барои суњбат бо султон монеъ мешавад.
Санљарак. Сохибќирон беморанд. Хабаро ба мо гўед.
Ходим. Бигўед, ки субњ наберашон ба хидмат меояд. (Меравад).
Њанљарак. Хуб... Навої ба сари мо бало овард.
Санљарак. Бало зад… Як фикр ба сарам омад.
Њанљарак. Аз сари шумо як фикри солим барояд, поятонро бўсам.
Санљарак. Ба миршаб аз номи султон гўй, ки дарвозаи баста, ўро ба шањр роњ надињад. Писари султон ба ќањр ояд, ошўбро давом дињад ва боз буљули мо – амирони љанг «хар хезад». Нашуд?
Њанљарак. Шуд. (Нома менависад). Зуд ба миршаб фиристед.
Санљарак. Ба чашм. (Номаро мебарад).
Ширин меояд. Аз паси ў Санљарак.
Ширин. Ошўбгар бо нияти сулњ ба суњбати падар рухсат мехоњад.
Њанљарак (ба Санљарак). Њилаи шумо кор надод.
Санљарак. Нома њоло нарасидааст. Вале боз бадтар шавад. Миршаб аз номаи ту ба султон гўяд, ў туро ба дор кашад.
Санљарак. Пас, чї бояд кард?
Њанљарак. Сари мор кўфта бењ.
Санљарак. Ё валлоњ…
Султон бедор мешавад. Аз мастї базўр њаракат мекунад.
Њанљарак. Шароби ноби марвї мард мехоњад.
Султон. Хуб аст. (Менўшад. Ба Ширин). Аз Балх чї хабари нав?
Ширин. Он љо њам њамин: Нўш лаби Нўшин! Кўш ба ишќи нозанин!
Дар берун ѓавѓо.
Султон. Ин чї савдост?
Њанљарак. Набераи шумо ошўб карда, ба зўрї даромадан мехоњад.
Султон. Чил сол шањри фазилат сохтам, вале хонаам оташ гирифт.
Њанљарак. Бо ошўбгар Навої гуфтугў кард. Вале бе фоида.
Султон. Чї бояд кард? (Шароб менўшад).
Њанљарак ба Санљарак менигарад. Ў ишораи ќатл медињад.
Њанљарак. Машоих гуфтаанд: сари мор кўфта бењ.
Султон (маст). Саркўб кунед каждуми таги бўрёро!
Санљарак. Ба чашм. (Ба санад имзои Султонро гирифта меравад).
Пантомима: Куштори набераи султон. Нолаи малика.
Малика. Беинсоф! Ќотил! Теша бар решаи худ задї!
Султон. Ин шўру маѓал барои чист?
Малика. Бо амри ту набераи маро ќатл карданд! Теша бар решаи худ задї! (Аз њуш меравад).
Султон. Ооооњ!
Хок бар сарам! Дар мастї гуфтам. Кї тавсия дод?
Санљарак. Вазири кабир…Њанљарак.
Султон. Захми тир андар танам бин, хўша – хўша
Хўшањо бишмор аз шумори захми тир..
Вазиру писаронашро зинда ба зинда пўст канед! Дар пўсташон коњ андозед ва дар майдони шањр овезед!
Ўро мебаранд. Шўру фиѓон. Пўст кандани Њанљарак ва писаронаш.
Намоиши 17.
Љангњо чун дар Пролог аз нав шуруъ мешаванд.
Љангї меояд. Палвонча муќобилаш меистад.
Палвонча. Эй Љангибек, ту чї кор мекунї?! Ба хоки поки Пири тариќат, пири хирад даст мезанї? Он ки падари маънавии мосву фарзандони мо буд? Оне, ки пандхояш чун нури хирад рохи рўзгори наслњову аслњоро равшан мекунад.
Љангї. Сари роњи маро нагир. Ту ањли суннатї, муљиби ќатлї.
Палвонча. Маро бикуш, аммо ба хоки поки Љомї даст назан.
Љангї. Ман ба њукми шоњам. Дирўз њоким Султон Њусайн буд, сипас Шайбонихон. (Нохост бо ханљар ба дили Палвонча мезанад). Њоло даври Сафавиён аст.
Палвонча. Номард... Туро Худо намебахшад.
Љангї. Њезумро ба сари гўрї Љомї ва устодаш Саъдуддин гузоред.
Бо ишораи Љангї љонибдорони ў њезум мекашонанд.
Њанљарак чун саркарда пеш меояд.
Њанљарак. Кишварро Шайбониён иш;ол кард. Султон Њусайн бо лашкар ба муќобили ў равон шуд, вале аз пириу бемадорї дар роњ фавтид. Ду писари ўро ба тахт нишондем. Вале Шайбонихон пирўз гашт. Аммо пас аз панљ сол љангљўйи дигар Исмоили Сафавї ба Шайбонихон пирўз гашт. Соли 1510 Њирот ба дасти ў гузашт. Фармуд, ки ;абри шоир кушода ва ;асади ; берун карда шавад. Писари ;ом; Зиёаддин Юсуф инро пешг;; карда, ;асади падарро пешак; ба ;ои дигар бурд…
Љангї. Оташ занед!
Тамоми сањнаро оташ фаро мегирад.
Овози Љомї. Ману хирману яъсу ран;, мењнат чун бувад гирдат
Њисор аз сангу сур аз рўю дар з-оњан, калид аз зар.
Ба фикру нутќу шеъру хутту боли худ шудї ;омї,
Тињї кун дил, фурў хур дам, шикан хома, фиган дафтар…
Свидетельство о публикации №223120801473