Фасод. скетч

Чумъа Куддус
Пирўзї бар фасод
(сањнаи њаљвии рамзї)

Аждањо и сесара омада, мехобад, дар сарњо «Фасод» навишта шудааст.  Бањодури асримиёнагї дар сар тоскулоњ, дар тан зирењ, омада ба гардани аждањо шамшер мезанад. Садои ба оњан задани оњан. Бефоида.
Фасод. Мањси хуб. Офарин. Ин тарафашро њам масњ бикун.
Бањодур.  Масњ карданї нестам! Туро нест кардан мехоњам!
Фасод. Чаро?
Бањодур. Ту, фасод як бадї њастї, ки ба чанд одамони беви;дон фоида меорї, вале ба бисёри;о зарар мерасонї. Аз ту кишвархо хароб мешаванд, инсонњои нек дилшикаста мешаванд.  Гардани туро бурида исбот мекунам, ки туро - фасодро нест кардан мумкин аст!
Фасод. Хайр, ихтиёрат. Соли 1997 бисёр кишварњо Конвенсияи зидди ришваро имзо карда, ба ман љанг эълом карданд. Аммо чї хеле ки мебинї, ман зиндаам. Масњро давом дењ. 
Баходур (боз чанде шамшер зада) . Гарданат аз санг аст?
Фасод. Не, гардани муќаррарї. Фаќат шамшерат кунд… Бо ин забазанї маро аллакай да; бор маро мекушт;".
Табарзан мекунам!
Фасод. Наѓз.  Кайкњоямро мегурезонї. Чун шартнома бо шарикони хори;;. Барои дар хама чо решакан кардани фасод. Лекин ман торафт бештар реша медавонам.
Бањодур (нафасгир шуда). Бо граната метарконам!
Фасод. Њай-њай… Охир ман оташам, Пуфам аз оташ аст. Дилам ба ту месўзад.
Бањодур.  Ту дил дорї?
Фасод. Албатта. Дили ман - дили шумост. Бе шумо ман нестам! Ту худро мекушї. Ман он ваќт мемирам, ки дили одам дигар шавад, ба фасод нафрат карданро ёд гирад. То замоне, ки дар дили як кас  њаваси ришва њаст, ман зиндаам, нерў мегирам, кулли инсони оламро фаро мегирам!
Бањодур. Вале як дил оѓоз кунад, дигарон њавмовоз мешаванд ва бар ту ќирон меояд!
Фасод (механдад). Чунин дил нест. (Ба як тараф). Аз ин халос шудан лозим. Љўра, биё, як хизмат кунам. Сарамро худам бурида медињам. Ту ѓолиб мешавї! Ќањрамон мешавї. Бар ивазаш, аспатро бидењ ва бо ман дўст шав.
Баходур. Не!!! Ана ба ту! (Шамшер мезанад)
Аждањо як сари худро гирифта мепартояд ва меафтад. Тантана. Њама табрик мекунанд.
Додварз. Офарин, Бањодур! Як сари аждањо кам шуд!
Аждањо сари худро ба љояш монда механдад.
Аждањо. Њой мардум, аз чї шодї мекунед? Сари ман дар љояш!
Додварз. Аааай, сари аждањо дар љояш.
Хама њайрон.
Аждањо. Бањодур албатта, зўр аст, вале вай изофанависї кард. Бо маслињат ман худам сарамро копия карда додам, ки инро ќањрамон эълон кунед. Сохтакорї – изофанависї њам як навъи фасод аст. 
Додварз. Бале, ин њам фасод аст, коррупсия аст!
Баходур. Нодуруст. Ман ба иѓвои ту дода нашудам.
Аждањо. Њељ касе нест, ки ба васвасаи фасод гирифтор нашавад. Њама наѓз медонед, ки ба љойи сари бурида боз сар мебарорам. Љони ман дар дили ман аст…
Хама. Эњ, Баходур…
Додварз. Барои изофанависї ба Бањодур љазои сахттарин дода шавад.
Њама. Љазо! Љазо!
Додварз. Њукм чунин аст: Бањодур бояд худро ба љарии фано партофта нобуд созад.  То дањ њисоб мекунам.
Бањодур. Агар ман гунањгор бошам, розї њастам.
Як… ду…
Бањодур. Сари љар меояд.
Аждањо. Исто. Љони ширината ќурбон накун. Ман туро халос мекунам. Ба додварз дањ барра дењ, њукми худро дигар мекунад.
Бањодур. Дањ барра ва љони ман халос мешавад. Эњсоси ширину гуворо…
Фасод. Бале, гуворо. Мебинї, додварз њисобро кашол дода истодааст. Дилаш ба ришваи ту кашол…
Не. Ман ба фасод имкон намедињам, ки тантана кунад. Дили худро канда њавасхояшро маљаќ мекунам.
Фасод. Эх, содда. Бењуда нобуд меашвї!
Бањодур (дили худро меканад; ба мардум). Халоиќ! Мебинед? Дили пур аз озу ниёз, пур аз кибру ѓурур, тамаъњои беохир. Дар ин аст љони пайкари фўлодини фасод. Агар њар кадоми мо њавасњои нопоки дили худро нобуд созем, хама бадї, фасоди хазорсар њам нобуд мешавад.
Фасод. Не, не… Ин корро накун.
Бањодур. Ман нафсро дар дили худ нобуд мекунам ва як љони фасолд кам мешавад.
Садои набзи дил.
Фасод. Не…
Бањодур дилро мефишорад ва худро ба љар њаво медињад.
Фасод. Ооооњ.
Фасод низ ба ларза меляд, як сар аз танаш меафтад. Ва худаш бемадорона ба зону мезанад.
Додварз. Офарин, Баходур. Рохи пирўзиро пайдо кардї. Агар хар кадоми мо дили худро пок созем, ин балои азим дарвхти макри фасод нобуд мешавад.

Шеъри Низом Ќосим «Пора» аз љониби њама ќироат мешавад.


Рецензии