Шогирди сазовор. Ба Азизмухаммад Холмухаммадзода
Дар таркиби эчодиёти даханакии халки точик маколхои панду хикматомези зиёде мавчуданд, ки аз тачрибаи хаётии мардум бармеоянду дорои мазмуни хеле чукур мебошанд ва дар чараёни зиндагию мехнат ва муносибатхои байнихамдигарии ахли чомеа истифодаи онхо ба хукми анъана даромадааст. Мазмуну мохияти яке аз чунин маколхоро ман аз аёми кудакию наврасиам ба хуби дарк намудаам, ки дар он гуфта мешавад: “Хамсояи нек аз хеши дур наздиктар аст”.
Туфайли муносибат;ои хеле наздику дустонаи хамсояхоямон амаки Холмухаммад Имомову завчаи мехрубонашон холаи Ойимбону бо волидайни ман дар хурдсолиам гумон мекардам, ки онхо аз чумлаи хешони наздиктарини оилаи мо мебошанд. Ва ин бесабаб хам набуд. Амаки Холмухаммади худорахматиам, ки аз киблагохи худорахматии ман 4 сол хурд буданду бо хам солиёни зиёд дар як мактаб машгули касби омузгори буданд, ба падари ман “Ако” гуён мурочиат менамуданд. Онхо чун бародарони хакики якдигарро самимона хурмату эхтиром карда, хаммаслихату хаммаслак буданд ва хамеша, агар мехмоне ба даргохашон ташриф оварад, хатман якдигарро ба назди он мехмон даъват менамуданд.
Муносибати байнихамдигарии модари худорахматиам бо холаи Оимбонуи худорахматиам низ хеле наздик ва д;стонаю махрамона буд. Хеле хуб дар ёд дорам, ки хангоми ба сафархои якчандрузаи гуногун (дар мавсими пахтачини, курсхои такмили ихтисос ва гайра) рафтани амаки Холмухаммад, маро модарам хар бегох ба назди холаи Ойимбону барои хамрохи намудан мефиристоданд, чунки он вакт фарзандонашон Махинбоную Азизмухаммад хеле хурдсол буданд. Он шабхо ман хам дар катори фарзандонашон аз афсонахои ачоибу зебои холаам лаззатбарон хобам мебурд...
Максади чунин даромади нисбатан дуру дароз ба ин маколаи ба дуст, бародар ва шогирдам Азизмухаммад Холмухаммадзода бахшидашуда аз он хотир аст, ки ман бо хаёту фаъолияти у хеле хуб ва аз наздик шинос буданамро тасвир намудан хостам.
Соли 1975 маро пас аз хатм намудани факултаи забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии ба номи Сергей Миронович Кирови шахри Ленинобод (холо факултаи филологияи руси Донишгохи давлатии Хучанд ба номи Академик Бобочон Гафуров) ба мактаби миёнаи ра;ами 13 ба номи Камоли Хучандии зодгохамон дехаи Хиштхонаи нохияи Ашт ба кор фиристоданд. Мохи августи хамон сол вакте, ки ба кор сар кардам, маъмурияти мактаб дар ду синфи дах, яъне синфхои хатмкунандагон аз фаннхои забони руси ва адабиёти рус дарс гуфтанро низ ба зиммаи ман гузошта, ба яке аз он синфхо рохбари синф хам таъин намуданд.
Чун соли хониш огоз ёфт, ба синфи дахуми “А” ба дарси аввал, ки одатан дарси шиносоии муаллим бо шогирдон аст, даромада, дар катори дигар хонандагон Азизмухаммадро низ дидам. Хамин тавр давоми соли хониши 1975-1976 дар чараёни таълими дарёфтам, ки Азизмухаммад як чавони доништалаб, сергайрату хушзавк ва хеле мехнатдусту поквичдон ба воя расидааст. Ба кавле панду насихатхои хам падару модар, хам устодон ва хам ниёгони пуршарафу бузурги гузаштаамонро, ки аз чумла яке аз онхо Низомии Ганчави фармудааст:
“Гофил манишин на вакти бозист,
Вакти хунар асту сарфарозист.
Дониш талабу бузурги омуз,
То бех нигарад рузат аз руз!”
ба гуш гирифта, мавриди амал карор додааст.
Он сол ман боз аз чизи дигаре шод гашта, завк мебурдам. Медидам, ки Азизмухаммад пас аз дарсхо ва дар рузхои истирохат ба чои модараш ба сахро баромада, дар катори колхозчиёни калонсол бо баробари онхо ва хатто бехтару хубтар аз баъзеашон софдилона ме;нат мекунад. Хайратовару хурсандибахш он буд, ки у барои хаматарафа ба дарсхо тайёр шудан низ вакт меёфту аз тамоми фанхо факат бахои аъло мегирифт ва намунаи ибрати хамсинфонаш буд. Баъзе аз он хамсинфон ба монанди Шерматов Шавкат, Имомов Чурабой, Мадазимов Фарход, Эрбоев Ниёзмат ва дигарон дар азхуд намудани фанхои алохида бо Азизмухаммад мусобика менамуданд. Азизмухаммад бошад хатто дар фанни тарбияи чисмони дар сафи аввалинхо буда, яке аз бозингарони бехтарини тими волейболбозони мактаб ба хисоб мерафт.
Худи ман, ки ба Азизмухаммаду хамсинфонаш аз фаннхои забони русию адабиёти рус дарс мегуфтаму машгулиятхои факултативи ва чорабинихои беруназсинфи мегузаронидам, аз кушишу гайрат ва шавку завку масъулиятшиносии аксарияти хонандагони ин синф каноатманд будаму аз чараёни он дарсхову машгулият ва чорабинихо халоват мебурдам.
Он солхо хар тирамох дар маъракаи гунучини пахта, ки бо назардошти ахамияти мухими дар хочагии халк доштааш “тиллои сафед” низ меномиданд, муддати аз як то ду мох иштирок намудани хонандагони синфхои болои хатми буд. Аз тарафи маъмурияти мактаб вобаста ба синну соли хонандагон ба хар як “чинакчи” (пахтачин) “норма” (меъёр) муайян намуда, байни хонандагон ва байни синфхо мусобикаи “сотсиалисти” ташкил карда мешуд. Азизмухаммад бо Фарход Мадазимов барин чинакчихои мохир мусобикакунон аксар вакт ба гирифтани чойхои аввал муяссар мегашт.
Бале, Азизмухаммади чавон аз хамон солхои мактабхониаш мазмуну мохияти ин байти Мавлоно Абдурахмони Чомиро ба хуби дарк намуда буд:
“Дар чавони саъй кун, гар бехалал хохи амал,
Мева бенуксон бувад, гар аз дарахти навбар аст!”
Натичаи чунин чидду чахд ва кушишу гайратхояш буд, ки Азизмухаммад соли 1976 мактаби миёнаро бо бахои “аъло” ва интизоми “намунави” хатм намуд. Азбаски орзуи хукукшинос шуданро дар дил мепарварид, хамон сол хуччатхояшро ба факултаи хукукшиносии Университети давлатии Точикистон ба номи Владимир Илйич Ленин (холо факултаи хукукшиносии Донишгохи миллии Точикистон) супорид ва аз имтихонхои кабулшави бомуваффакият гузашта, ба унвони пуршарафи студенти (донишчуи) ин донишгохи номдор, ки дар тамоми каламрави онвакта Иттиходи Шурави дорои макоми хосае буд, сазовор гашт.
Ман дар ин маколаи нисбатан кучак дар бораи чи тавр дар мактаби оли тахсил намудану бомуваффакият хатм намудани он ва минбаъд дар кучохою дар кадом вазифахо ва чи гуна фаъолият намудани Азизмухаммад, харчанд ки аз чараёни кору зиндагии у хеле хуб вокифам, накл кардани нестам. Ин аз он сабаб аст, ки хар яки ин даврахои хаётии у хеле пурмазмуну ибратомуз ва хамеша ба зиндагонии мардуму вазъи иктисодию сиёсии кишвари азизамон хеле алокаманд буданду Азизмухаммад хамеша ва дар хама чо мехру мухаббат ва садокати беандозаи худро ба халку Ватан исбот намудааст. Ва дар бораи хар як аз он даврахо на танхо маколаю хикояхо, балки хатто китобхои алохида навиштан мумкин аст.
Ман бошам, онро аз хама мухимтар мехисобам, ки Азизмухаммад дорои хислатхои хамидаи инсони – аз кабили накукорию хайрхохи, садокату хоксори, росткорию растагори, чавонмардию яккавли ва гайра мебошад. Байтхои зерини шоир Тошхучаи Асириро, ки гуфтааст:
“Одамият чист? – худро дур аз шар доштан,
Некхохи халк будан, нафъи безар доштан,
Аз сафо оина бастан хонаи дилро мудом,
В-аз чароги сидк хотирро мунаввар доштан”
ба ёд оварем, бешубха ва бо боварии комил гуфта метавонем, ки Азизмухаммади мо хамчун инсони аз одаму одамгари хеле хуб огох сазовори ин унвони пуршарафу бузург мебошад.
Дар сухбате сухан аз боби мехру вафои шогирд нисбат ба устодонаш рафту нафаре изхори акида намуд, ки бархе аз шогирдоне, ки сохиби макому вазифаи баланд мегарданд, ба зуди устодонашонро аз ёд мебароранд. Дар он сухбат яке аз дустони Азизмухаммад дар мисоли у исбот намуд, ки иззату хурмати устодонро дар хама мавридхо ба чо овардану хотираашонро гироми доштан хоси дусташ Азизмухаммад барин ашхоси бузург аст. У чи гуна ба яке аз устодонаш - шахиди рохи озоди Нурулло Хувайдуллоев то охир садокат доштани Азизмухаммадро мисол оварда, аз чумла таъкид намуд:
“Аз дурандешию кордони ва аз хама мухимаш нотарсии Азизмухаммад худи хамон факт, ки дар шароити хеле хассосу хавфноктарини аввали солхои навадуми асри гузашта дар тамоми Чумхурии Точикистон ва махсусан дар пойтахти он шахри Душанбе гурухи тафтишотии Прокуратураи Генералиро оид ба тафтиши парвандаи чинояти дар бораи куштор - акти террористи нисбати устодаш, нахустин Прокурори Генералии Чумхурии Точикистон Нурулло Хувайдуллоев рохбари намудану ба чавобгарии чинои кашидани хамаи гунахкорони ин ходисаи мудхиш равшан гувохи медихад”.
Ин суханон ба ман маъкул шуданду ба ахли сухбат чи гуна устоду шогирд, яъне Прокурори Генералии Чумхурии Точикистон Нурулло Хувайдуллоеву муовини сардори Раёсати тафтишоти - Сардори шуъбаи назорат аз болои тафтишоти пешаки ва тахкики дар макомотхои Вазорати корхои дохилии Прокуратураи Чумхурии Точикистон Азизмухаммад Имомов хамеша ба якдигар боварии комил доштанашону хамфикру хаммаслак буданашонро дар мисоли вокеае, ки худ гувохи он будам, накл намудам.
Ду се хафта пеш аз амали зишттарини террористии мухолифин – вахшиёна ба катл расонида шудани Прокурори генералии Чумхурии Точикистон Нурулло Хувайдуллоев бо чанд сабаб ба шахри Душанбе ба сафари хизмати рафтам. Яке аз он сабабхо ин буд, ки мухолифин бо истифода аз имкониятхои тарафдорони сершумору бонуфузашон дар аппарати марказии ВКД мехостанд барои бадном намудани Прокурори генерали игвое ангезанд. Мувофики яке аз накшахои махфиашон онхо мехостанд , ки хангоми амалиёти аз Изолятори тафтишотии раками 2-и дар шахри Ленинобод вокеъбуда гурезонидани собик мэри (раиси) шахри Душанбе Максуд Икромов, ки он чо дар махбас буд, ба катл расонидани у ва минбаъд ба ин амал муттахам намудани шахсан Прокурори генерали буд. Дар ин бора чонишини ин муассиса майор Аббосчонов Иброхимчон бо гузориши махфи ва гайрирасми арз намуд. Вазъияти дар ВКД хукмронбударо ба назар гирифта, гайр аз ба маълумоти худи Н.Хувайдуллоев расонидани ин накша илочи дигаре набуд. Ва ин кор ба зиммаи ман гузошта шуда буд.
Бегохи худи хамон руз ба Душанбе омадаму аз мехмонхона ба Нурулло Хувайдуллоевич занг зада, имконият ва чои вохуриро пурсидам. Он кас дархол аз кучо занг заданамро фахмиданду маслихат доданд, ки дар мехмонхона нею дар чои бовариноки дигаре таваккуф намояму ба хеч касе занг назада, пагохии рузи дигар пеш аз огози рузи кори ба назди бинои Прокуратураи генерали хозир шавам.
Рузи дигар чанд дакика пеш аз огози кори Прокуратура ба он чо хозир ва омадани Н.Хувайдуллоевро мунтазир шудам. Дере нагузашта он кас бо мошини хизматиашон омаданд ва аввалин чизе, ки диккати маро чалб намуд, ду-се дакика дертар омадани мошини мухофизонашон буд.
Бо Нурулло Хувайдуллоевич холпурси намудему хамрох ба утоки кориашон баромадем. Дар кабулгох якчанд нафар кормандони Прокуратура ва шахсони дигар интизор буданд. Дархол ду се нафар шахсони ришу фашрасидаи сару либоси беэътиноёнапушидае худро бо нописандие нисбат ба хозирон намояндагони «садою симои мардуми» муаррифи намуда, бе ягон рухсатпурсие хамрохи Прокурори генерали вориди кабинети кориашон шуданд. Чанде аз кормандони интизорбуда, ки дар даст ё зери багалашон папкахои гуногун доштанд, норозиёна гур-гуркунон кабулгохро тарк намуданд.
Нурулло Хувайдуллоевич хангоми даромадан ба кабинет аз ман хохиш карданд, ки каме дар кабулгох интизор шавам. Хамрохи якчанд нафари дигар навбати худро интизор шуда, дар дивану курсихои кабулгох чой гирифтем ва ба тамошои сериали мексикагии «Сарватмандон низ мегирянд» («Богатые тоже плачут») машгул шудем. Вакт мегузашту намояндагони «садою симои мардуми» кафшхои хонагии худро кашолакунон бе хеч мамониат озодона ба кабинети кории Прокурори генерали даробуро мекарданду парвое аз дигарон ва аз кучактарин меъёрхои этикет надоштанд. Касе аз шахсони дар кабулгохбуда, хатто яке аз чонишинхои Прокурори генерали то танаффуси нисфирузи имкон наёфтанд, ки вориди кабинет шаванд. Танхо сардори Идораи тафтишотии Прокуратураи генерали Имомов Азизмухаммад Холмухаммадович се ё чор маротиба бо хар гуна хуччатхо назди Н.Хувайдуллоев медаромаду чанд дакика он чо меистод ва пас аз баромаданаш ба ман мегуфт, ки камтари дигар интизор шавам. Гуё аз ман узр мепурсида бошад, бо мулоимат; мегуфт: “Ако, зик нашудедми? Камтари дигар дам гирифта истед, холи ки шуданд, дархол Шуморо кабул мекунанд”.
Сухбат намудан бо Нурулло Хувайдуллоевич танхо пас аз расидани мухлати танаффуси нисфирузи дар рохраву вестибюли Прокуратура бароям муяссар гашт...
Аз эхтимол дур нест, ки чунин таасуротхои хеле вазнину гамангез сабаб шуда бошад, ки Азизмухаммад хеле гайрат намудааст ва кушиш ба харч дода, дар як катор корхои илми ва рисолаи номзадиаш сабабхои арзи вучуд намудани терроризм ва мохияти онро кушода додааст ва исбот намудааст, ки терроризм ватан, миллат, халк, чой, чинс, синну сол надорад. Бехуда нест, ки дар яке аз баромадхояшон Президенти кишварамон кайд намуда буданд, ки “Мубориза бо терроризм набояд чун мубориза бо дини Ислом фахмида шавад”.
Хоксории беандозаю самимии Азизмухаммад, ки боз яке аз хислатхои неку зебанда ва доимиаш мебошад, боиси иззату хурмати зиёд доштанаш хам дар байни хамдехагону хешу акрабо ва ёру дустонаш, хам дар байни хамсабаку хамкоронаш, хам дар байни корафтодагонаш гашта, обрую эътибори уро афзудааст.
Бо якчанд нафар дустони Азизмухаммад аз байни хамсабакону хамкоронаш, ки на танхо шахрвандони нохияи Ашт, балки сокинони чандин шахру навохии дигари кишварамон мебошанд, шиносои дорам. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки хар яки онхо соатхои дароз дар бораи садокату вафодори ва дар лахзахои зарури гамхорию мададгории бегаразонаи Азизмухаммад дар асоси мисолхои конкрети бо ифтихору каноатманди аз чунин дуст доштанашон харф зада метавонанд.
Хангоме, ки бо маслихати Азизмухаммад навиштани китоберо дар бораи таърихи мактаби дехаамон ба ухда гирифта, он китобро “Боргохи маърифати Хиштхона” номидаму дар назди худ хар як маколачаашро бо як ё ду байти бузургон огоз намуданро максад гузоштам, то ки он сатрхо барои ифодаи мавзуи навиштачотхо мусоидат намоянд, маколаеро, ки ба худи Азизмухаммад бахшида шуда буд, бо ин ду байти Мавлоно Абдурахмони Чоми сар карданро мувофики максад донистам:
Эй ки пурси, ки бехтарин халк кист?
Гуям аз кавли бехтарини касон:
Бехтарин кас касе бувад, ки зи халк
Беш бошад ба халк нафърасон.
Дар пешгуфтори китоби “Боргохи маърифати Хиштхона” чи гуна номзад ба вакилии Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз хавзаи якмандатаи интихоботии Ашт №17 Холмухаммадзода Азизмухаммад Холмухаммад дар барномаи пешазинтихоботии худ мусоидат намудан ба сохтмони бинои нави мактаби миёнаи ба номи Камоли Хучандии дехаи Хиштхонаро, ки худаш низ аз чумлаи хатмкардагони ин мактаб мебошад, ба ухда гирифта буд ва ба ваъдаи ба интихобкунандагон додааш вафо намуданашро муфассал накл намуда будам.
06 марти соли 2012 дар дархости худ хамчун вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ба Вазири молияи Чумхурии Точикистон Начмуддинов Сафарали Махсуддинович зарурати сохтмони бинои нави мактаби номбурдаро чунин асоснок намуда буд:
«Мухтарам Сафарали Махсуддинович,
Бинохои мактаби тахсилоти миёнаи умумии № 13, ба номи Камоли Хучандии дехаи Хиштхонаи чамоати Понгоз, нохияи Ашт, вилояти Сугд солхои 60-70-уми асри гузашта асосан тарики хашар бунёд карда шудаанд.
Хамзамон, бинобар набудани маблаги зарури синфхонахои мактаби мазкур саривакт мавриди таъмир, азнавсози карор нагирифтаанд. Айни хол бинохои мактаб дар холати садамави карор гирифта, махсусан дар фаслхои тирамоху зимистон ба бехатарии хонандагон хавфи зиёд доранд. Аз ин ру, Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Ашт тибки «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабхо барои солхои 2008-2013» сохтмони бинои нави мактаби зикргардидаро бо 18 синфхона барои 345 нафар хонанда бо толори варзиш; тархрези намудааст. Вале бинобар набудани имконияти молияви, аз хисоби маблагхои Бучаи махаллии нохияи Ашт анчом додани сохтмони бинои нави мактаби номбурда гайриимкон мебошад.
Бо назардошти холатхои зикргардида ва мурочиатхои пай дар пайи омузгорон ва хонандагони мактаби номбурда, аз Шумо Сафарали Махсудиновичи гиромикадр эхтиромона хохиш менамоем, ки маблаггузории сохтмони бинои нави мактаби тахсилоти умумии № 13, нохияи Аштро ба маблаги 4085, 65 хазор сомони дар Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2013 пешбини намоед.
Замима: дар 14 сахифа.
Бо эхтиром,
Вакил:
А.Х.Имомов»
Дархости вакилии Холмухаммадзода Азизмухаммад Холмухаммад ба назар гирифта шуда, мохи марти соли 2016 ин иншооти бохашамат ба истифода дода шуд. Дар маросими кушодашавии он Асосгузори сулху вахдати милли - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, Мухтарам Эмомали Рахмон шахсан иштирок карда, ба ин боргохи маърифат тухфахои зиёди арзандае низ пешкаш намуданд.
Дар урфият мегуянд, ки “Мероси падар хохи, касби падар омуз!” кахрамони мо Азизмухаммад харгиз ин нуктаро аз ёд набаровардааст. Вай бо баробари дар вазифахои хеле масъули макомотхои давлатию хифзи хукук солиёни зиёд пурмахсул фаъолият намуданаш хеч гох фаромуш нанамудааст, ки падари бузургвораш у ва бародару хохаронашро бо нони халоли аз касби омузгори бадастовардаашон тарбия намуда, ба камол расонидаанд. Азбаски тамоми фаъолияти омузгор ба таълиму тарбияи насли наврас равона карда шудаасту амаки Холмухаммад беш аз чил соли хаёташонро ба ин касб бахшидаанд, Азизмухаммад низ кори падарро давом дода, бо навиштани чандин китобу рисола ва маколахои илмию таълими дар тарбияи мутахассисони сохаи хукуки кишвари азизамон хиссагузор гаштааст. Ин захматхои олими хукукшинос, номзади илми хукукшиноси Азизмухаммад Холмухаммадзода имрузхо, ки соли 2024 дар Чумхурии Точикистон Соли маърифати хукуки эълон гардидааст, хеле бамаврид ва муфид аст.
Хоксорию фурутани ва ба каму беши рузгор бо сабру токат ва каноатмандона назар кардану хамеша ба додаи Худованд шукргузор будан низ хоси Азизмухаммад аст. Вакте, ки мохи октябри соли 1981 пас аз хатми факултаи хукукшиноси ба прокуратураи нохияи Хучанд (холо нохияи Бобочон Гафуров) ба кор фиристода шуду он чо то мохи июни соли 1982 фаъолият намуда, минбаъд ба вазифаи муфаттиши калони прокуратураи шахри Ленинобод (холо шахри Хучанд) гузаронида шуд ва дар ин вазифа то мохи июни соли 1983 хизмат намуд, у аввал дар шахраки Сирдарё дар хонаи шахсии шиносаш, сипас дар махаллаи 27 шахри Ленинобод дар хобгохи трести КПДС ичоранишини намуд ва боре хам аз ин холат изхори норизои нанамуд, харчанд, ки хамчун мутахассиси чавон мувофики конунгузории хамонвакта хукуки аз тарафи давлат бо истикоматгох таъмин карда шуданро дошт.
Мохи августи соли 1988 замоне, ки Азизмухаммадро аз прокуратураи шахри Исфара ба кор ба прокуратураи вилояти Ленинобод (холо вилояти Сугд) гузарониданд, ба у аз махаллаи 12-и шахри Ленинобод (холо шахри Хучанд) аз бинои раками 3 хонаи сехучрагие доданд ва мо бо хам хамсоя шудем, чунки хонаи мо дар бинои 3 “а”-и хамон махалла вокеъ буд. Рузе се-чор нафар хамсояхо, ки дар байнамон Азизмухаммад низ хузур дошт, бо хам маслихат намуда, ба карор омадем, ки нишасти оилавие ташкил кунему дар хар ду хафта бегохи рузи истирохатро бо хам дар хонаи якеамон сухбати дустонае ороста, гузаронем. хамин тавр хам кардем.
Сараввал панч оила ва дере нагузашта 14 хамсояоилахо ин нишасти оилавиро якчанд сол давом додем. Ба ин нишаст оилахои зерин шомил буданд, ки то имруз ахли ин оилахо бо хамдигар муносибатхои дустонаи самими доранд:
Абдурахимов Садриддин бо хамсарашон Нарзинисо, Абдуназаров Султонназар (Худо рахмат кунад) бо хамсарашон Манзурахон, Алиматов Хакимбой бо хамсарашон Лолахон (Худо рахмат кунад), Вохидов Мухаммадчон (Худо рахмат кунад) бо хамсарашон Санавбар, Имомов Азизмухаммад бо хамсарашон Тухфахон, Камолиддинов Сахобиддин бо хамсарашон Назокатбиби , Кодиров Меликузи бо хамсарашон Латофат , Мамадчонов Абдукаюм бо хамсарашон Рисолатмо, Мамадчонов Абдуллочон (Худо рахмат кунад) бо хамсарашон Бибисоро, Мухадиёров Мухадиёр ва хамсарашон Зебо (Худо хар дуяшонро рахмат кунад), Неъматчонов Мукимчон бо хамсарашон Гулбахор, Рахимчонов Эсочон бо хамсарашон Угулой, Саидкулов Каримчон (Худо рахмат кунад) бо хамсарашон Малохат, Чамолиддинов Зиёмиддин бо хамсарашон Хуршедмох.
Дар аввали ин макола дар бораи хамсояи нек чунин маколе оварда будам: “Хамсояи нек аз хеши дур наздиктар аст” ва бояд зикр намоям, ки Азизмухаммад ва хамсари азизаш Тухфахону оилаи онхоро бемухобот ва ягон шакку шубхае хамсояхои нек хисобидан дуруст аст, ки инро мо хамсояхо дар амал дидаему санчидаем. Хамаи ёру дустон, хешу акрабо ва хамсояхои Азизмухаммад аз он хурсанданд, ки Худованди Бузург имсол уро ба синни 65- солаги насиб гардонидаасту ду гулписар ва 7 нафар наберахои дуструяк ато намудааст. Азизмууаммаду Тухфахон доимо шукрона ба Худо намуда, аз он фахр мекунанд, ки писаронашон Хуршедчону Чамшедчон мисли падару бобояшон инсонхои хакикии баору номус, халолкор, ба халку Ватанашон содик, ба ёру дустон вафодор, мехнатдуст ба воя расидаанду оила ва фарзандони онхо бобою очаашонро бо хулку атвори накуяшон хушбахт намудаанд.
Барои моён соли 2024 ин соли мубораки 65- солагии дуст ва бародари азизамон Азизмухаммад мебошад.
БА 65 - СОЛАГИИ
АЗИЗМУХАММАДИ ХОЛМУХАММАД
Зи хурди буди ту марди сохибтамиз
Ба чашми хама мехрубону азиз,
Накупиндору хушгуфтору хушрафтор,
Зи адлу дод садхо кардаи анбор.
Хама дар зодрузат, эй Азизмухаммад,
Хамегуем кунун сад тахсину рахмат.
Муборак шасту панчат, эй бародар,
Худо хохад, ки бини шасту панчи дигар!
Азизмухаммад 6 китоби дарси, монография, воситахои таълими ва зиёда аз 70 маколахои илмиро вобаста ба масъалахои терроризм, экстремизм, савдои одамон, ришвахури, чиноятхои муташаккили трансмилли, гардиши гайриконунии маводи мухаддир ва дигар намудхои чиноятхои муташаккил эчод намуда, ба нашр расонидааст, ки дастур таълими барои донишчуён, мутахассисони макомоти хифзи хукук ва сохторхои кудрати мебошанд.
Свидетельство о публикации №225060100068